January 2017

04 January 2017

Cоли 2016 – соли бурдбориву хушбахтиҳо

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зани фаъолу номдори ноҳияи Деваштич Норбибӣ Дўстмуродова, ки бо маблағи ҳаҷи худ роҳро обод кардааст, аёдат карда шуд. Аз номи Раиси вилоят ба ин зани фаъолу бунёдкор тўҳфаҳо тақдим гардид.

* * *

Бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мактабиёни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва водии Рашт, ки аз заминларза осеб дида буданд, дар “Истироҳатгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо меҳрубониву ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

* * *

29 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарони калонтарин корхонаҳои саноатӣ бобати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дастурҳои мушаххас дод.

* * *

Санаи 5 феврали соли 2016 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳраки навбунёди Сайҳун ташриф оварда, ба сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва дигар шаҳру навоҳии вилоят барои бунёди боғҳои интенсивӣ замин ҷудо намуд.

* * *

Моҳи феврали соли 2016-ум Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳрҳои Исфара ва Конибодом сафар намуда, бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот шинос шуд.

* * *

15 марти соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мавзеи назди Ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании маркази вилоят ба фаъолияти фаввораҳои шаҳри Хуҷанд оғози расмӣ бахшид.

* * *

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт чун анъанаи накўи наврўзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судманд намуданд.

* * *

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти саноатчиёну кишоварзон ва омодагиҳо ба мавсими нави киштукор Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Fафуров сафарӣ корӣ анҷом дод.

* * *

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд ярмарка-фурўши гулҳо баргузор гардид.

* * *

Корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Fаюр-Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров бунёд гардид.

* * *

Дар ноҳияи Ашт ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар шаҳраки Шайдони ноҳия ифтитоҳи чойхона бо 200 ҷойи нишаст бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

* * *

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара - Конибодом-Ҷаббор Расулов ба корҳои таҷдиду азнавсозии ин роҳ оғоз бахшид.

* * *

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди нафти «Нафтрасон» дар Ҷамоати деҳоти Пўлодон ва фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом ифтитоҳ гардид.

* * *

Маҷмааи корхонаҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

* * *

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт.

* * *

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву гулпўшнамоӣ ва фаъолияти “Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» шинос гардид.

* * *

Аз 27 то 30 апрел чорабинии ҷумҳуриявии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардид, ки дар он беш аз 260 нафар аҳли фарҳангу санъат ва илму адаби вилоят низ ширкат варзиданд.

* * *

Тўи хайриявии 33 нафар кўдаки маъюб ва тифлон аз оилаҳои камбизоат дар тўйхонаи «Хистеварз»-и Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров баргузор гардид.

* * *

23 июни соли 2016 Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи гузаронидани озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» ба имзо расид.

* * *

Барои ширкат дар лагери эко-туристии «Артуч» 65 нафар ҷавон аз тамоми гўшаву канори кишвар номнавис ва 50 нафари онҳо тариқи озмун ба лагер ҷалб карда шуданд.

* * *

30-юми июл маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ дар машқгоҳҳои низомии Чоруқдаррон бомуваффақият ба анҷом расид.

* * *

5-уми августи соли 2016 дар Кохи ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии маркази вилоят ҷамъбасти озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» доир гардида, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ғолибонро бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонд. Ҳамчунин, ба 30 нафар зану духтарони ҳунарманд Грантҳо дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

* * *

Чорабиниҳои вилоятии «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид.

* * *

20-уми август ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент калиди хонаҳои нав супурда шуд.

* * *

Шоҳҷоиза дар фестивал-озмуни «Андалеб-2016» насиби ҳунармандони шаҳри Панҷакент гардид.

* * *

Дар шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ кашидани хатти интиқоли барқ ва оби нўшокӣ ифтитоҳ ёфт.

* * *

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омада, баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона бо гузашти низомӣ ва роҳпаймоии беш аз 15 ҳазор нафар сокинони вилоят иштирок карданд.

* * *

Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳангии «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд.

* * *

Президенти мамлакат ба бунёди бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар маркази шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта, дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаро ба истифода доданд.

* * *

Дар ноҳияи Зафаробод муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон-шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, коргоҳи ҳунаромўзии «Азиза» ба фаъолият шурўъ кард.

* * *

Дар ноҳияи Спитамен корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл», ҳамчунин муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ ёфт.

* * *

Филми кўтоҳмуддати «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов», ки коргардон Муҳиддини Музаффар ба навор гирифтааст, дар Қазон се роҳхат ба фестивалҳои байналмилалӣ ба даст овард.

* * *

Боғи истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» гардид.

* * *

3-юми октябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати намояндагони санъати Ҷумҳурии Афғонистон, ки барои иштирок дар чорабинии «Шоми дўстӣ» ба вилояти Суғд ташриф оварданд, мулоқот орост.

* * *

Дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилоят бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рўзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ Фестивали «Оши палав» баргузор гардид.

* * *

11 декабри соли 2016 ҳунармандони Ансамбли давлатии халқии русии «Россия» ба номи Людмила Зикинаи Федератсияи Русия бо сафари ҳунарӣ ба маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд омаданд.

* * *

Бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гурўҳи корӣ аз шаҳри Душанбе ба Суғд омад.

Читать далее

Макони сайру тамошо

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз ҷойҳои сертамошобинтарини вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Боғи Камоли Хуҷандӣ яке аз қисмати ин маҷмаа маҳcуб ёфта, ки дар вилоят ва ҷумҳурӣ ҳамто надорад. Боғи Хоҷа Камол барои сокинон ва меҳмонони вилоят макони сайру тамошо аст. Ҳамарўза садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ аз осорхона ва Боғи Камол дидан намуда, бо таърихи ғании кишвари тоҷикон огоҳ мегарданд.

Давоми соли 2016 зиёда аз 600 000 нафар тамошобинон аз ин макони биҳиштосо дидан намуданд. Ҳангоми тамошо ва сайругашт бо меҳмонон сокинони вилоят дўстӣ пайдо намуда, аз таърих ва мавзеъҳои хушманзараи диёри худ васфи ифтихормандӣ мекунанд.

Умуман, соли 2016 барои аҳли кормандони Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» соли фаромўшнашаванда ва таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро давоми сол якчанд ҷашнвораҳо ва конфронсҳои илмиву адабӣ, ба монанди таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории рўзҳои фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят, рўзҳои дарҳои кушод ва сайри илмӣ доир гардид. Ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ қабули меҳмонон бо Бобои барфию Барфак сурат мегирад.

Бино ба иттилои Омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, Боғи Камоли Хуҷандӣ аз боғҳои зеботарин ва тозатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Аҳли кормандони ин боргоҳ соли 2017 - ро бо хушиву хурсандӣ ва дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Соли 2017 низ барои аҳли кормандони ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифгари осори баргузидаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин сол ҷашни шахсияти барҷастаи таърихӣ, бостоншинос ва таърихшинос, академик Нўъмон Неъматов таҷлил карда мешавад. Ҷашнгирии санаҳои таърихӣ ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар меҳвари фаъолияти ин муассиса қарор гирифтааст.

Дар охири сўҳбат Иброҳим Иброҳимов чунин изҳор намуд: - Ҳамаи ҳамватанонро бо Соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта, аз саҳифаи рўзномаи дўстдоштаи мардум - «Ҳақиқати Суғд» барои ҳар сокини вилоят тани сиҳат, дастархони пурнозу неъмат ва барору комёбиҳо орзу менамоям. Соли нав барои Ватани азизамон – Тоҷикистон соли пурфайзу бобарор бошад. Ҳамеша кабўтари сулҳу амонӣ дар осмони софи Тоҷикистони соҳибистиқлол парвоз намояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд" 

Читать далее

Ҳунар марз надорад...

Соли 2016 ҳунармандони ҷавони вилоят дар чорабиниҳои фарҳангии берун аз марзи кишвар фаъолона ширкат доштанд.

Тибқи иттилои Раёсати фарҳанги вилоят, ки ҳунармандони ҷавони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2016 берун аз марзи кишвар низ дар чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ, аз қабили Фестивал, барномаҳои консертӣ, озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, санъату ҳунари миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Моҳи марти соли равон донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз Дилноза Бойматова дар сози рубоб, Хуршед Бойматов дар сози ғиҷҷак, Оиша Дадобоева дар сози дутор дар Фестивали байналмилалии «Дўстӣ», ки дар шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Моҳи май ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар ҳайати 8 нафар донишҷўён дар озмуни байналмилалии «Садои Наврўз» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Моҳи август омўзгори ҷавони ин боргоҳи ҳунар Таҳмина Исматӣ бо дастгирии Раиси вилоят дар шаҳри Толяттии Федератсияи Россия дар Фестивали байналмилалии санъат бо сози скрипка баромад намуда, бо Ифтихорнома ва тўҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Сарвари Филармонияи шаҳри Толятти Л.В.Семёнова ба унвони Раиси вилоят мактуби миннатдорӣ ирсол намуд.

Моҳи сентябри соли равон бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойтахти фарҳангии исломӣ эълон шудани давлати Қувайт ансамбли рақсии «Зебо», гурўҳи дойранавозон бо роҳбарии Хайрулло Дадобоев, ҳунарманди ансамбли фолклорӣ – этнографии «Фалак» Давлатманд Қутбиддинов, ҷамъ 35 нафар дар чорабинии фарҳангии давлати Қувайт ширкат варзида, бо суруду рақсҳои ҷаззоби миллии тоҷикӣ баромад намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гаштанд.

Моҳи ноябри соли равон Гулноза Ғаффорова ва Абдуқаҳҳор Ғаффоров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивали байналмилалии «Муғаннихонӣ» дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзида, ба ҷойҳои ифтихорӣ ва Диплом сарфароз шуданд.

 Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

03 January 2017

Соли барору комёбиҳои назаррас буд

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар партави сиёсати фарҳангофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои илмпарваронаву дастгириҳои Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ ва тарғиби илму адабиёти тоҷик фаъолият мебарад. Муассиса дар соли 2016 дар чанд самт кўшиш ба харҷ дод ва дар ташаккули илму адаби миллӣ саҳмгузорӣ намуд.

Дар соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии муассиса қисмати бештари китобҳои «Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ» (бо шарҳ), «Тазкират-ул-хавотин» (Тазкираи занони шоира), «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Нигористон», «Баҳори хубон», «Осор-ул-билод» ва чанд китобу рисолаҳои дигари адибони тоҷик анҷом пазируфт.

18 дастхат ва китобҳои нодири «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» таҳия ва чопи инфиродӣ ёфтанд, ки «Шавоҳид-ун-нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рашаҳот»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Тўтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Девон»-и Аҳмади Ҷомӣ, «Армуғони Хислат», "Рисолаҳо дар андарзу ҳикмат", «Хористон»-и Маҷди Хофӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд.

Баргузории конфронсҳои «Таҳқиқ ва нашри осори илмӣ-адабӣ: аҳамият, зарурат ва натиҷаҳо», “Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ”, «Китоб – сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ», конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” намоёнтарини онҳо ба шумор мераванд, ки бо иштироки муҳаққиқони вилояти Суғд, пойтахти кишвар ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва донишмандони номвари хориҷӣ аз кишварҳои Олмон, Туркия, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Ўзбекистон доир гардиданд.

Муассиса дар соли 2016 бо чандин марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ намуд, ки ҳосили он бештар дар ташкили "Китобхонаи Камоли Хуҷандӣ" ва табодули илмӣ инъикос меёбад. Дар ин самт, илова бо марказҳои илмии кишвар, бо ниҳодҳои илмии Ҳиндустон, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Миср робитаи хуби илмӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, зиёда аз чаҳор ҳазор нусха китобу дастоварди илмии Муассиса ба таври ройгон ба марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ тақдим гардид ва муҳаққиқони марказ бо иштирок дар даҳҳо конфронсу семинарҳои баландсатҳи илмӣ робитаи илмиро таҳкими бештар бахшиданд.

Дар соли 2017 нақшаи муассиса ҳамчунин пурбор аст. Мувофиқи нақша, дар соли пешистода бештар болои "Донишномаи Камоли Хуҷандӣ" кор анҷом хоҳад гирифт. «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» китоби ҷомеъ хоҳад буд. Дар он чопи бештар аз 3000 мақола дар назар аст. Китоб дар давоми солҳои 2019-2020 ба нашр хоҳад расид. Ҳамчунин, корҳои муҳими Камолшиносӣ, ки дар дурнамои панҷсолаи муассиса қарор доранд, ба мисли "Китобшиносии комили Камоли Хуҷандӣ", "Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (бо шарҳ), тасҳеҳи илмӣ-интиқодии тоза аз "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ, "Фарҳанги мавзўии ашъори Камоли Хуҷандӣ", "Шарҳи муарработи "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ кўшиш сурат хоҳад гирифт. Нашри муттасили фаслномаи "Камоли Хуҷандӣ", чопи китобҳои "Меҳру моҳ"-и Ҷамоли Деҳлавӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Нигористон»-и Муинии Ҷувайнӣ, "Тазкират-ул-хавотин" (Тазкираи занони шоира) ва баргузории чанд маҳфилу конфронсҳо низ дар нақша аст.

Итминон дорем, ки муассиса дар соли 2017 бо таваҷҷўҳ бар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон шодбош гуфта, орзу мекунем, зиндагии саодатёр насибашон бошад. Хонаободу сиҳатманд бошед, азизон!

Фахриддин Насриддинов,
директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»

Читать далее

Замира Рустамова «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016»

Бо мақсади дарёфт ва интихоби омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа,  тарғиби таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ,  қадрдонии меҳнати омўзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа аз 27 то 29 декабри соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва Литсейи №55 даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» доир  гардид.

Озмун аз рўи шартҳои пешниҳоди дурусту амиқи мавзўъ, маҳорати дода тавонистани донишҳои нав ба хонандагон,  таҳлил карда тавонистани дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути воситаҳои муосири техникии  таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видеопроектор баргузор шуда, дар он довталабони ғолиб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ширкат варзиданд.

Муаллимаи  мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Замира Рустамова ба унвони «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» мушарраф гардид.

Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони «Аълочии маориф ва илм» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

МЕҲРИ ВАТАНДӮСТ

Дар арафаи Соли нави мелодии 2017 раёсати Донишгоҳи Федералии Урал ба номи Б.Н. Елцсини шаҳри Екетаринбург ба иқдоми шоиста рӯй овард. Аз ҷониби донишгоҳи мазкур ба хонандагону омӯзгорони мактабҳои вилояти Суғд армуғони арзанда - бештар аз 2,5 ҳазор адад адабиёти бадеӣ, техникӣ- таълимӣ, методӣ ҳамчун тӯҳфа ройгон дастрас гардид.

Дар роҳандозии ин ибтикорот саҳми ҳамватани мо, муҳассили соли чоруми донишгоҳ Баҳромҷон Шарифов, ки дастпарвари мактаби Президентии шаҳри Бӯстон мебошад, саҳми арзанда дорад. Лозим ба ёдоварист, ки Баҳромҷон Шарифов соли равон дар озмуни донишгоҳӣ дастболо шуда, ба дарёфти унвони «Беҳтарини донишҷӯи хориҷа» мушарраф гардид.

Раёсати маорифи вилоят барои чунин амали неку савоб ба раёсати донишгоҳи мазкур ва ба Баҳромҷон Шарифов самимона изҳори сипос менамояд. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Варзиш - василаи муаррифии давлату миллат

Дирўз дар Кохи фарҳанги ба номи Рўдакии маркази вилоят муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ бо варзишгарони вилоят мулоқот орост.

Назира Ғаффорӣ нахуст кулли варзишгарон ва мураббиёнро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фарорасии Соли нави мелодии 2017 табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки соли 2016 соли таърихӣ – таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд ва он бо дастовардҳои хеле назаррас ҷамъбаст шуд. Дар ин айём Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, Барнома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин радиф дар ҷаласаи фаъолони вилоят Барномаи давлатии вилоятии Соли 2017 - “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” қабул шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми хеш бори дигар таъкид сохтанд, ки ҷавонон ояндаи давлат мебошанд. Зикр доштанд, ки «ман аз ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунам». Дар ин замина соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, таъкид доштанд, ки ҷавонони имрўза аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. ҷавонони вилоят ҷавобан ба ин ғамхорӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят роҳпаймоӣ, аксия ва дигар чорабиниҳоро доир намуданд.

Боиси сарбаландист, ки Президенти кишвар ба варзишгарон ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Мулоқоти Пешвои миллат санаи 20-уми декабри соли 2010 бо варзишгарон ва 27 майи соли 2016 бо Шўрои илмии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боис шуданд, ки қасрҳо ва толорҳои варзишӣ бунёд, варзиши миллӣ аз нав эҳё гарданд ва барои қадршиносии варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Н. Ғаффорӣ доир ба дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли равон қайд кард, ки тибқи нақшаи тақвими ягона варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба монанди баскетбол, дастхобонӣ, тэквандо, қаиқронӣ, бокс, вазнбардорӣ, намудҳои гўштини миллӣ, самбо, камонварӣ, варзиши сабук, шоҳмот ва ғайра 2929 нафар, аз ҷумла 390 нафар духтарон дар 75 мусобиқаи вилоятӣ ва 44 мусобиқаи байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дастгирии сарпарастон иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд.

Дар соли равон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ 1536 нафар варзишгарон иштирок карда, аз онҳо 470 нафар ғолиб, 505 нафар барандаи мақоми дуюм ва 561 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як силсила қарорҳо ва барномаҳоро барои мунтазам рушд ёфтани соҳаи варзиш қабул кард. Ҳанўз 18 ноябри соли 2011 нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани барномаҳои маҷмааи рушди тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2011-2015 қабул шуда, бо ин мақсад беш аз 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои 49 нафар варзишгарон, иштироки ду дастаи футболи вилоят дар лигаи олӣ, гузарондани беш аз 500 мусобиқаи вилоятӣ ва маҳаллӣ, иштироки онон дар чемпионатҳои байналмилалӣ шаҳодати он аст.

Дар ду соли охир беш аз 350 иншооти варзишӣ дар сатҳи вилоят қомат афрохта, бо ин мақсад 23 миллиону 425 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети вилоят ва сарпарастон масраф гардид. Дар натиҷа дар ин муддат 4 нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 30 нафар устоди варзиши Тоҷикистон, 187 устоди варзиши дараҷаи якум ва 279 нафар номзад ба устоди варзиш шуданд.

Назира Ғаффорӣ дар баробари рушди соҳаи варзиш оид ба камбудиҳо низ нуқтаи назари хешро баён кард. Устодони соҳаи варзиш Усто Устопиров ва Акмал Қодиров таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷамъбаст устоди варзиш Мирзомуҳиддин Қутбиддинов ба муносибати 70 - солагии мавлудаш ва гурўҳи калони варзишгарон, мураббиён ва сарварони мактабҳои варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее