January 2017

26 January 2017

БА ТАВАҶҶӮҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

55S/5-36

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Масолеҳи сохтмонӣ

номгӯй

37

8.02.2017

соати 10-30

56S/5-37

Муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Гулистон

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

40

9.02.2017

соати 10-00

57S/5-38

Муассисаи давлатии таълимии томактабии №2-и шаҳри Гулистон

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

40

9.02.2017

соати 10-30

58S/5-39

Раёсати маорифи вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Роҳхат барои омӯзгорон

адад

100

8.02.2017

соати 11-00

59S/5-40

Раёсати маорифи вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Роҳхат барои хонандагон

адад

300

8.02.2017

соати 11-30

60S/5-41

Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Корҳои хизматрасонӣ

Тибқи фармоиши техникӣ

7.02.2017

соати 11-30

61S/5-42

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Спитамен

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ

Тибқи санади нуқсонӣ

8.02.2017

соати 09-30

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.
Читать далее

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон

Дар толори гимназияи 2-и шаҳри Бӯстон бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба “Таэквандо ВТФ” байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба “Соли 2017-соли ҷавонон” бо иштироки зиёда аз 80 нафар варзишгари дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар вазнҳои гуногун баргузор гардид.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов баргузории мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзиширо ҳамчун василаи тарғиби тарзи ҳаёти солим унвон дода, зикр намуд, ки бояд варзишгарони шаҳр дар “Соли 2017-соли ҷавонон” барои ширкати фаъолона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ дар мусобиқаҳои гуногунсатҳ ҷаҳду талош намоянд.

Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов варзишгарони шаҳри Бӯстон соли 2016 дар мусобиқаҳои кушоди шаҳрӣ, 54 медали тилло, 51 медали нуқра ва 67 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаи вилоятӣ бошад ширкат варзида 36 медали тилло, 38 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 39 медали тилло, 14 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ, дар мусобиқаи байналмиллалӣ 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ 367 медал аз он ҷумла 129 тилло, 105 нуқра ва 133 биринҷӣ мебошад.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Солимии кӯдакон ояндаи ҷомеа

Дар заминаи коҳиш додани вазъи ташвишовари садаманокӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, тарзи гаштугузори онҳо дар кӯчаву  роҳҳо ва  баланд бардоштани савияи дониши онҳо оид ба омӯзиши қоидаи ҳаракат дар роҳ, дар муассисаи давлатии Кӯдакистони Призидентӣ- и вилоят чорабинии Дарси кушоди намунавӣ бо иштироки масъулини Шӯъбаи БДА ва раёсати маорифи вилоят гузаронида шуд. Кӯдакони  гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фаъолона иштирок намуда, дар бораи  чароғаки раҳнамо, аломатҳои роҳ ва тарзи гузаштани чорроҳаҳо  маълумот доданд.  

Инчунин, баҳри ба этидол овардани ваъзи садаманоки бо иштироки  кӯдакону наврасон дар миқёси вилоят махсусан дар ноҳияи Б.Ғафуров дар кӯдакистони рақами № 4 ноҳияи мазкур Дарси кушоди намунавӣ бо иштироки масъулини Шӯъбаи БДА ва Шӯъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд.

Дар муассисаи номбурда низ кӯдакон фаъолона иштирок намуда ба саволҳои  мурабиён дар мавриди  аломатҳои  роҳ, чароғаки раҳнамо ва  тарзи гузаштани  роҳҳои нақлиётгард ҷавобҳои мушахас доданд.  

Баргузории чунин машғулиятҳои намунавӣ дар дигар кӯдакистонҳои вилоят, низ дар пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон  басо муфиду саривақтӣ  мебуд. 

Карим Ҷумаев,
нозири калони ГТТ ШБДА  РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
 дар вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти вакилони мардумӣ бо аҳолӣ

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, Ҷаббор А[мадов, аъзои гурeҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии шаҳри Бӯстон доир гардид.

Мулоқоти нахуст дар толори меҳмонхонаи «Сипеҳр» бо иштироки намояндагони касбу кори гуногуни шаҳр ва мулоқоти навбатӣ дар толори мактаби Президентӣ бо иштироки омӯзгорон, табибон ва дигар қишри ҷомеа баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳр Рухсора Давлатзода меҳмононро ба шаҳри Бӯстон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшид.

Раиси кумита оид ба иrтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода  перомуни вазъи иқтисодии кишвар ва таъмини шароити арзанда барои зиндагии шоистаи мардум ибрози назар намуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамeҳлат ва дарозмуддат қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро яке аз беҳтарин иқдом дар ин самт унвон намуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев 15 Ҷаббор А[мадов Ҷалолович оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, саноатикунонии ҷомеа ва рушди босуботи Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Дигар иштирокчиён низ перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, аз ҳозирин барои татбиқи нуктаҳои меҳварии Паём даъват ба амал оварданд.

Дар интиҳо, муовини аввали раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Николай Мороз, устоди мактаби Президентӣ МЭЛС Нуров ва шогирди ин муассиса Шаҳзод Ғафуров бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили ҷомеа ва рушди босуботи кишвар андешаҳои хешро баён намуданд.

Читать далее

Семинар. Беҳдошти сифати хизматрасонӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд санаи 23-уми январи соли 2017 дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба самтҳои фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки мутахассисони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Истиқлол, Исфара, Спитамен, Конибодом, Бўстон, Гулистон ва Ашт ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории семинари дастурдиҳӣ дар амал татбиқ намудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд.

Дар рафти он ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бақайдгирии шаҳрвандони бекор ва созишномаву шартномаҳои коллективӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, корҳои ҷамъиятӣ, кортаъминкунӣ, касбомўзонӣ, кўмакпулӣ барои бекорон, ҷамъоварии вакансияҳо ва тартиби дурусти китобдорӣ тибқи санаҳои меъёрию ҳуқуқӣ дуруст ба роҳ монда ва мўҳлатҳои муроҷиатҳои шаҳрвадон ба инобат гирифта шавад.

Сипас аз ҷониби иштирокдорон ба намояндагон саволу ҷавоб доир гардида, ҷиҳати масъалаҳои дар боло зикргардида ба худ ҷавобҳои мушххас гирифтанд.

Наимҷон ДАДОБОЕВ,
сармутахассисиРаёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Читать далее

Раҳнамои саодатёр

Дар толори қисми ҳарбии 051056, гвардияи миллӣ бо иштироки аъзои гурeҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи мeҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ байни сарбозону афсарон  мулоқот доир гардид.

Нахуст раиси шаҳр Рухсора Давлатзода оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буд, ибрози назар намуда, зикр дошт, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидани кишвари мо дар замони буҳрони шадиди молиявӣ нишонаи возеҳу равшани татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Сипас, меҳмонон оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар зарфи 25  соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб сухан ронда, зикр доштанд, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва то чор баробар афзун гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дар 15 соли охир афзоиши даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар, нисбат ба соли 2015-ум ба андозаи 8,1 фоиз зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ, дар 20 соли охир афзоиши музди миёнаи меҳнат то 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа то 85 баробар самараи татбиқи муваффақонаи барномаву стратегияҳои қабулнамудаи Ҳукумати кишвар ва азму иродаи устувори мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар маҷмeъ боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Ҳамзамон дар мулоқот оид ба ироа гардидани муроҷиатномаи Пешвои миллат, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ҷиҳати шурeъ аз 14-уми январ пурра бардошта шудани нерӯи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он ибрози назар карда шуда, иштирокчиён вобаста ба он бо шукргузорӣ ҳамовозии худро баён доштанд.

Дар интиҳо лейтинанти Гвардия Аҳлиддин Қурбонов ва сарбоз Меҳроҷиддин Қосимов қаноатмандии хешро ҷиҳати эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон изҳор намуда, зикр доштанд, ки софдилонаву садоқатмандона ба Ватан  модар хизмат мекунанд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Садамаи марговар

Новобаста аз баргузории сӯҳбату вохӯриҳо ва рейду амалиётҳои мақсаднок, оид ба пешгирии садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар миқёси вилоят 15-адад садамаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 3 нафар ҳалок ва 14 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.  

Санаи 11-уми январи соли равон соати 04.30 дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи ДЕУ-СИЭЛО рақами қайди давлатиаш 2847 АН/02, Абидов Нурулло  Нуриддинович, соли таваллудаш 1979, сокини маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар роҳи маҳаллаи 31-уми шаҳр ба самти кӯчаи  Гагарин ҳаракат намуда, дар  рӯ ба рӯи нуқтаи сӯзишвории ГАЗОЙЛ аз сабаби наандешидани ҷораҳои эҳтиётӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Юлдошев Толиб Ҷумабоевич соли таваллудаш 1971, сокини Ҷамоати Дадобоев Холматови ноҳияи Бобоҷон Fафуровро  пахш намудааст, ки  пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар Беморхонаи №1 шаҳри Хуҷанд, ҳалок гашт.

Оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбачаи тавтишотии ШВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маводҳои лозимӣ тартиб  дода, тафтишот идома дорад.

Бинобар ин Шӯъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз ҳамаи ронандагони воситаи нақлиёт хоҳиш ва талаб менамояд, ки аз мисоли  дар боло  овардашуда  хулосаи даркорӣ бароварда, ҳангоми  ҳаракат дар сари чамбараки воситаи нақлиёт бодиққату эҳтиёткор  бошанд, ҳаёти худ  ва  дигаронро  зери хатар нагузоранд.

Гузашта аз ин пиёдагардонро низ зарур аст, ки ҳангоми ҳаракат дар қучаю роҳҳо бисёр эҳтиёткор буда, сабабгори сар задани садамаи  нақлиётӣ  нагарданд. 

Карим ҶУМЪАЕВ,
нозири калони гурӯҳи тарғибот ва ташвиқот
ШБДА РКД ҶТ дар вилоят майори милитсия

Читать далее

Осорхона макони муқаддас ва муаррифгари осори ниёгон

Муаррифии ин осори бебаҳо ба дўши кормандони осорхонаҳо буда, тарбияи насли худогоҳу ватандўст ба дониш ва малакаи эшон вобаста аст. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар назди маъмурияти Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент меистад, баланд бардоштани савия ва малакаву дониши кормандони осорхона маҳсуб меёбад.

Бо ин мақсад, тибқи муқаррароти тахассуси фаъолияти оммавӣ, таълимӣ, тарбиявии осорхона як гурўҳ кормандон ҷиҳати шиносоӣ ва таҷрибаомўзӣ аз Осорхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

 «Моро дар Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров профессор ҳабибулло ҳолҷўраев пазироӣ намуда, сайри илмӣ гузарониданд, ки барои мо кормандони ҷавони осорхона хеле муфид буд.

Лоиҳаи аввалини бунёди Осорхона соли 1986 бо ташаббуси Комитети ҳизби коммунисти ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Баъди ҷамъоварӣ ва таҳияи намоишҳо таҳти сарварии А.Азимов, Г.Мўсобеков ва ҳ. Холҷўраев осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров соли 1989 ба фаъолият оғоз намуд.

Бо дасгирии Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, осорхона соли 1996 аз нав таъмиру тармим гардид. Таъсиси ин осорхонаи бонуфуз барои омўзиши шахсияти бузурги таърихӣ академик Бобоҷон Ғафуров аҳамияти хосса дорад.

Боиси ифтихор аст, ки гўшаву намоишҳо оид ба хизматҳои илмии донишманди бузург, фарзанди барўманди халқ, қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров хеле хуб таҳия шудааст.

Чи хеле ки шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 баъди зиёрати қабри Бобоҷон Ғафуров гуфта буд; «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ўро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар шарқ, хуб мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухорро»-и Абўбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк барои наслҳои оянда хизмат мерасонад.

Тамошои осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд низ як дарси бузурги таҷриба омўзӣ буд. Корманди ҷавони осорхона Таҳмина Бойматова бо маҳорати баланди роҳбаладӣ сайри илмӣ гузаронид. Ин осорхона низ муаррифгари таърихи кўҳан буда, соли 1986 ба фаъолият оғоз намудааст.

Байни кормандони осорхонаҳо мубодилаи афкори корӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба тарзи гузаронидани сайри илмӣ, таҳлили намоиши осорхонавӣ, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти шўрои илмӣ дар осорхона мавриди баҳси илмӣ қарор гирифтанд.

«Ҳамкории мо бо кормандони осорхонаҳо хеле шавқовару хотирмон буд ва маҳз он барои мо, кормандони ҷавон баҳри ташаккули таҷриба, малака ва дониши осорхонавӣ кўмак расонид. Ман аз тамошои осорхонаҳои Бобоҷон Ғафуров   ва шаҳри Хуҷанд як ҷаҳон таасурот ва таҷриба бардоштам»,- мегўяд корманди ҷавони осорхонаи ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Шодона Турсунова.

Ҳамин тавр, сайри илмӣ дар осорхонаҳои вилояти Суғд ва осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров барои кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент хеле хотирмону муфид буд.

Гулрухсор ХОЛБОЕВА,
Фарангиси АЛИШЕР,
кормандони осорхонаи ба номи
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

Читать далее

25 January 2017

Абдураҳмон Қодирӣ: Рушди соҳаи саноат таҳкимбахши иқтисодиёти миллист...

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷаласа доир гардид, дар он натиҷаҳои соҳаи саноати вилоят дар соли 2016 таҳлилу баррасӣ ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти кормандони соҳа дар соли 2017 тарҳрезӣ гардид.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сароғоз аз дастовардҳои кормандони соҳаи саноати вилоят дар соли 2016 ҳарф зада, саҳми саноатчиёни вилоятро дар рушди иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ шоиста арзёбӣ намуд.

Читать далее

Донишҷӯи ДДҲБСТ ба Чехия меравад

Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Чемпиони Тоҷикистон оид ба брекданс Саидакмал Саидзода ба Чемпионати ҷаҳон оид ба брекданс ба шаҳри Прагаи Чехия равон гашт.

Сафари ӯ бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифт, ки Саидакмал Саидзода пеш аз сафар ба мухбири мо миннатдории худро ба Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт. Қаблан Саидакмал Саидзода дар мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба брекданс дар шаҳрҳои Варшаваи Лаҳистон, Мински Белоруссия, Остонаи Қазоқистон ширкат варзидааст ва соли 2016 Чемпиони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш гардид.

Читать далее