January 2017

25 January 2017

Мулоқоти вакил бо шаҳрвандон

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом гурӯҳи кории ҳукумати кишвар бо сарварии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Равшан Раҷабов бо фаъолони шаҳр мулоқоти судманд оростанд.

Равшан Раҷабов аз сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумат, Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то соли 2030, проблемаи терроризму экстримизм, фаъолияти бонкҳо, дар самти сиёсати берунаи давлат ва ғайраҳо мухтасар сухан кард. Сардори Раёсати кор бо ҷавонони кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, сардори шаҳрии Кумитаи давлатии амният ҳасан Азизов, муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Исмоилҷон Юсуфов, корманди масъули раёсати маорифи шаҳр Зарнигор Баротова низ баромад намуда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карданд.

Раиси шаҳр Fайбулло Боҳирӣ мулоқотро ҷамбаст намуда, зикр кард, ки чунин чорабинҳои гурӯҳи кории ҳукумати кишвар дар чанд ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот низ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гашт. 

Алиҷон Маҳмудов,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ҷалби ҷомеа ва пешгирии омилҳои номатлуб

Дар толори Театри драмма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон перомуни тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо дар самти пешгирии ҳамагуна ҷинояткориҳо дар соли 2017 мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Дадобойзода ҳотамҷон Пӯлодӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳр Рухсора Давлатзода перомуни Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар он арзёбӣ гардидани масоили аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муборизаи дастаҷамъона бо неруҳои бадхоҳ аз ҷумла терроризм ва экстремизм, густариш ва инкишофи минбаъдаи бонизоми рукнҳои давлатдории навини миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини зиндагии шоиста, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таваҷҷуҳ ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон, софдилонаву садоқатмандона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба ин монанд масоили марбут ба рушди ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Номбурда дар самти ҷонибдории созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз иқдомоти наҷиби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, бо пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»»-ро яке аз беҳтарин иқдомҳо дар самти таъмини дастрасии аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ унвон дод.

Инчунин мавсуф оид ба бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 қабул гардидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди шаҳр сухан ронд

Сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Дадобойзода ҳотамҷон Пӯлодӣ оид ба фаъолияти шуъба дар соли 2016 ҳисобот дода, оид ба таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дорои таъсири васеъи ҷамъиятӣ ва раванди экстримистӣ-террористӣ ва дар ин самт гузаронидани амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» дар қаламрави шаҳр ибрози назар кард. Номбурда оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» ёдовар шуда, дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстримистӣ, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ба танзим даровардани фаъолияти бозорҳо ва нуқтаҳои савдо, тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии амалҳои зӯроварӣ дар оила ибрози назар кард.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ҷиҳати пешгирии ҳамагуна ҷиноятҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, таваҷҷуҳ ба масоили ҷавонон дар “Соли 2017-соли ҷавонон”, омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнвораҳои бузурги миллӣ ибрози назар намуд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Таъсиси марказҳои зообайторӣ – омили рушди соҳа

Мақсад аз ташкили Маркази хизматрасонии байторӣ хушзоткунии чорво ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти ширию гўштӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мебошад.

Рушди чорводорӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти соҳа яке аз самтҳои асосии сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин ҷода назди мутахассисону масъулини Маркази мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот ва идораи кишоварзии ноҳияи Деваштич вазифаҳои хеле муҳиму масъулиятнок қарор дорад, зеро сол то сол талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба шир, гўшт, тухм ва пашму пўсти чорво афзуда истодааст.

Дар ин раванд бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гўшту шири хушсифати чорвои маҳаллӣ ва зиёд намудани саршумори он, тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо Марказҳои хизматрасонии байторӣ ташкил ва фаъол шуда истодааст.

Ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич хостем, бифаҳмем, ки рафти иҷрои ин қарор дар кадом вазъ қарор дорад. Огоҳӣ пайдо кардем, ки баъди қарори Раиси вилоят дар ноҳия аз 25 аризаи пешниҳодшуда ҳамагӣ 9 нафар бо сертификат таъмин шуда, 10 қарори раиси ноҳия ба имзо расидааст ва ба 14 нафар қитъаи замин ҷудо шудааст. Инчунин, 6 нафар ихтиёран аз ташкил намудани маркази хизматрасонии зообайторӣ даст кашидаанд.

Бобоҳасан Зарифов наздик 25 сол вазифаи сардории Идораи байтории ноҳияи Деваштичро бар дўш дошту баъди ба нафақа баромадан дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят тавонист, дар ташкили Маркази байторӣ ва рушди ин соҳаи хеле зарурӣ заминаи воқеӣ гузорад. Ў дар масоҳати 0,6 гектар дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Маркази хизматрасонии зообайторӣ, клиника, дорухонаи байторӣ ва нуқтаи бордоркунии сунъӣ ташкил намуд.

- Имрўз мардум аз ин иқдом хеле хурсанданд ва дар як рўз 8-10 нафар ба мо муроҷиат карда истодаанд. Дар давоми 25 соли таҷрибаи кориям як вақтҳо бунгоҳҳои байторӣ аз байн рафта буданд, ки мардум барои муроҷиаташон танқисӣ мекашиданд.

Имрўз Маркази хизматрасонии Ҷамоати деҳоти Ғазантарак яке аз беҳтарин марказ ба ҳисоб рафта, бо сатҳу сифати замонавӣ хизматрасониро ба роҳ монда, дорои шароитҳои зарурӣ мебошад. Тавре мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои соҳаи байторӣ нишон медиҳанд, аз байн рафтани намудҳои чорвои хушзот, афзоиши бемориҳои гуногун байни онҳо, коҳишёбии наслгирӣ аз чорвои маҳаллӣ бештар гардидааст. Акнун пас аз фаъол гардидан аҳолӣ, бахусус чорводорон метавонанд, аз маслиҳатҳои мутахассисони марказ истифода баранд ва саршумори чорвояшонро зиёд намоянд.

Маркази хизматрасонии мазкур аз 4 ҳуҷра иборат мебошад, ки дар он мутахассисони соҳибтаҷриба барои пешгирии ҳар гуна бемориҳое, ки ба чорвои маҳаллӣ зарар мерасонад, маслиҳат медиҳанд.

Ҳамчунин, дар ин ҷо фаъолияти нуқтаи бордоркунии сунъӣ ба роҳ монда шудааст, ки то имрўза наздики 65 моли наслдеҳи аҳолӣ бо бордоркунии сунъӣ фаро гирифта шудааст. Бордоркунии сунъӣ яке аз усулҳои самараноки зотпарварӣ ва воситаи зиёд кардани саршумори чорвои хушзот ба шумор меравад. Дар натиҷаи истифодаи ин усул иқтидори такрористеҳсолкунӣ пурра таъмин мегардад ва масъулияти дучандро талаб мекунад. Илова бар ин бордоркунии сунъӣ аз усулҳои пешгирии касалиҳои сирояткунандаи чорво, ба монанди вибриоз, трихомоноз ва брутселлёз мебошад. Аз ин рў, аз истифодаи ин усул ду фоида ба даст меояд, яъне ҳам шумораи чорвои хушзот афзун, ҳам сиҳатии он нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҷамоат имрўз 6 ҳазору 200 хоҷагӣ вуҷуд дорад, ки аз он 2 ҳазору 778 хоҷагӣ дорои чорво аст. Сокинон 6 ҳазору 350 сар моли калони шохдор, 15 ҳазор сар бузу гўсфанд, 85 сар асп ва наздики 5 ҳазор сар парранда парвариш менамоянд.

Дар сўҳбат Бобоҳасан Зарифов зикр намуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ нақшаи махсуси корӣ бо ҳамоҳангии идораи бойтории вилоятиву ноҳиявӣ ташкил намуда, якҷоя амалӣ карда истодаанд.

Ҳар моҳ як маротиба семинари машваратӣ баргузор менамоянд, ки мақсади асосии он маълумот додан ба мутахассисон ва коркунони соҳаи чорводорӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар асоси аризаи Баҳриддин Нарзуллоев барои ташкили Маркази хизматрасонии байторӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 4 сотих замин ҷудо шуда, он бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардидааст. Сохтмони бино бошад бо сифати баланд ба анҷом расонида, он ба фаъолият шурўъ кардааст. Ҳангоми боздид дар сўҳбат байтор Шербек Нарзуллоев гуфт, ки дар марказ дорухонаи бойторӣ фаъолият карда истодааст. То ин дам 20 сар чорвои калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда шудааст. Табобати чорвои ба беморӣ гирифторшуда аз тарафи мутахассис дар хонаи соҳиби чорво гузаронида мешавад.

Мақсад аз ташкили Маркази хизматрасонии байторӣ хушзоткунии чорво ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти ширию гўштӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Садоқат ба Пешвои миллат

Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷўҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик шурўъ аз соли 1992 то ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ чӣ гуна ҳодисаю воқеотро аз сар гузаронид. Ба ин нигоҳ накарда, Сарвари тозаинтихоб 2 феврали соли 1993 бо ҷавонони кишвар аввалин маротиба мулоқот доир намуда, баромади пурмазмуни барномавиашонро бо чунин суханҳо оғоз намуда буданд: «Имрўз дар ин толор ман аз чеҳраҳои кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам, қаблан бо падарону пирони барнодили рўзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард ва маро водор сохт, ки аввал бо шумоён мулоқот намоям. Мехоҳам, ки дар ин сўҳбати рўёрўй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо саъю талош варзида, маслиҳату пешниҳодоти муфид медиҳанд».

Бояд зикр намуд, ки нахустин иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами тоҷикон дар самти дастгирии фаъолияти ҷавонон аз ҳамон мулоқот оғоз гардида, пас аз ду соли ба даст овардани соҳибихтиёрӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Минбаъд барои рушд ва ба танзим даровардани фаъолияти ҷавонони кишвар пайваста қонунҳо, стратегияҳо, консепсия, барномаҳои гуногун ва санадҳои меъёрӣ қабул гардиданд.

Бояд қайд кард, ки барои рушди иҷтимоии ҷавонон ҳамасола маблағҳо ҷудо мегардад. Гузашта аз ин, грантҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», стипендияи Президентӣ, стипендияҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ маҳз бо мақсади ҳамаҷиҳата дастгирии ҷавонон равона карда шудааст.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгўи ғамхориҳои ҷавонпарваронаи Ҳукумати кишвар, хоса Сарвари давлат буд. Зеро соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат мо - ҷавононро рўҳбаланд менамояд ва ҳар як ҷавони дорои нангу номуси ватандорӣ бояд дарк намояд, ки имрўз давлат ба ҷавонон боварии қавӣ дорад. Ин боварӣ моро ба роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ равона намуда, водор месозад, ки дар тамоми самти фаъолиятамон чи дар хониш, чи дар одобу ахлоқ ва аз ҳама муҳим, масъулияти баландро нисбати имрўзу фардои Ватан, ки дар дасти мо - ҷавонон аст, ҳис намоем.

Исматҷон Ҷумъаев,
 донишҷўи факултети
 ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
 давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Самараи истиқлол

Шурўъ аз санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар тамоми манотиқи мамлакат таъминот бо нерўи барқ ба пуррагӣ ба роҳ монда шуд.

Дар Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони кишвар таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир, мушкилоти мардуми кишвар - норасогии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон буд, ки маҳдудияти интиқоли нерўи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то март идома мекард. Вале соли ҷорӣ ин мушкилот ба пуррагӣ бартараф гардида, орзуи деринаи сокинони кишвар дар самти таъмин будан бо нерўи барқи доимӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Имрўз сокинони кишвар 24 соат бо нерўи барқ таъмин буда, чунин пешравиро самараи Истиқлолияти давлатӣ унвон мекунанд.

Бояд гуфт, ки барои расидан ба чунин ҳадафи стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин нерўгоҳҳои хурду бузурги барқию обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ бунёд гардиданд. Дар ин раванд дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар тадриҷан ду нерўгоҳҳои бузурги обӣ ва даҳҳо нерўгоҳи хурд сохта, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Аз ин лиҳоз, миннатдории худ ва тамоми мардуми ноҳияи Айниро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки мушкилоти мардуми кишварро осон намуданд ва орзуи чандинсола ҷомаи амал пўшид.

Ибодулло Неъматов,
сокини Ҷамоати деҳоти
Фондарёи ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикӣ баргузор гардид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ҷаласаи комиссияи фавқулоддаи зиддиэпидемикии шаҳр ҷаласа баргузор гардид.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти комиссия дар соли 2016 ва вазифагузориҳо барои соли 2017, тасдиқи ҳайат ва нақшаи кории комиссия барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои комиссия, сарвари муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии шаҳр Гулбаҳор Эмомова дар мавзӯи «Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемории зардпарвин, аз ҷумла зардпарвини вируси А» суханронӣ намуда, аз раванди пайдоиш, пешгирӣ ва дигар роҳҳо дар ин самт ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд: Зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ). ҳамзамон оид ба омилҳои пешгирикунандаи аз ҷумла риоя кардани қоидаҳои маъмули гигиена:  шустани дастон пеш аз истеъмоли хӯрок, истеъмол накардани сабзавот ва меваҳои ношуста, нанӯшидани оби ноҷӯшида аз сарчашмаҳои номаълум ибрози назар намуда, ҳамагонро барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ даъват кард.

Мунирхон Каримов – сардори идораи байтории шаҳр, номзади илмҳои ветеринарӣ, дар мавзӯи “Хатарҳои бемории ҳорӣ ва роҳҳои пешгирии  он” ибрози назар намуда, баён дошт, ки ҳорӣ – ин бемории сироятии гармхунҳо (ҳайвонот, одам ва паррандаҳо) буда, асосан баъди газидан ё ҷароҳат расонидани ҳайвони касал пайдо мешавад.

Дар охир аз ҷониби раиси комиссия ба ҳозирин ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ дастур дода шуд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

24 January 2017

Талош баҳри беҳбудиҳо

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг баргузор гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2016 маърӯза кард ва аз бурду бохти соҳа сухан гуфт.

3 нафар фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушду нумӯи фарҳанги вилоят бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд.

Директори Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанг О.ЮсуФов дар бораи баргузории Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сухан намуда, қайд кард, ки бахшида ба Соли ҷавонон як зумра озмунҳои вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушду инкишофи санъат ва дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонону наврасон, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, рушду инкишофи санъати рақси миллӣ,  озмунҳои вилоятии «Ансамблҳои рақсии кӯдакона» ва «Шашмақомхонони наврасу ҷавон» дар ду давр баргузор мегардад. Озмунҳо дар арафаи иди Наврӯзи байналмилал ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мешаванд.

Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ Баҳром Мирсаидов оид ба Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва сиёсати дурбинонаи дохиливу хориҷӣ сухан гуфт.

Доир ба нишондиҳандаҳои асосии муассисаҳои фарҳангӣ мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанг М.Қурбонова мушаххас баромад кард.

Мудири бахши фарҳанги шаҳри Гулистон Фатҳулло Абдуллоев оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳри Гулистон, аз ҷумла, сохтмони мактаби санъат дар шаҳр маълумот дод.

 Сипас, якчанд нафар ба музокира баромада, фикру андеша баён намуданд.

Гулбаҳор Зокирова, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба сухан баромада, аз ҷумла, кайд кард, ки дар ноҳия бинои 3 масҷиде, ки аз фаъолият бозмонда буданд, ба китобхона табдил дода шуданд, ки ин ташаббус аҳли фарҳанги ноҳияро руҳбаланд намуд. Зеро зиёдшавии миқдори китобхонаҳо ба муҳити фарҳангии ноҳия таъсири мусбат мерасонад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанг бо масъалагузориҳо оид ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои навбунёди шаҳру ноҳияҳо, манъ намудани истифодаи фонограмма, омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯз-2017, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва корбарӣ оид ба сохтмон ва ифтитоҳи бинои мактаби санъати шаҳри Гулистон, корбарӣ оид ба ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳристон анҷом пазируфт.   

Читать далее

БА ТАВАҶҶӮҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

42S/5-31

Муассисаи таҳсилоти томактабии кӯдакистони №8-и Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

30

7.02.2017

соати 10-00

43S/5-32

Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Қубури полиэтилении Ф-90

метр

14000

6.02.2017

соати 10-30

44S/5-33

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

5

7.02.2017

соати 10-30

45S/5-34

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

18

7.02.2017

соати 11-00

46S/5-35

Идораи сохтмони асосии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сохтмони хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ

Тибқи санади нуқсонӣ

6.02.2017

соати 11-00

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.
Читать далее

Дурнамои пешрафти мамлакат

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар Паём омадааст, ки танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015-ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.

Бо назардошти он ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016- ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд. Буҷети давлатӣ дар соли 2017-ум дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Маблағҷудокунӣ ба соҳаи иҷтимоӣ пайваста меафзояд, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки боиси хурсандию болидахотирии собиқадорони ҷангу меҳнат ва нафақахўрон аст.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилотҳои собиқадорони вилояти Суғд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо рўҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд.

Паём роҳи тайнамудаи мардуми шарафманди моро дар тўли як сол мавриди таҳлилу муқоиса қарор дода, ҳамчун дурнамои пешрафти мамлакат дастури муҳим аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд гардонидани сатҳи зиндагии халқамон, бахусус, нафақахўрон доимо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақахўрон меафзояд. Дар панҷ соли охир нафақаи шаҳрвандон ба 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо назардошти ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу ақибгоҳи солҳои ҷанг дар вилояти Суғд 15 сол мешавад, ки кўмакпулии ҳармоҳа дода мешавад.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи январи соли 2017 кўмакпулии ҳармоҳа ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ, инчунин оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида - 100 сомонӣ, ҳамагӣ 746 нафар, ба заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд ва дар солҳои ҷанг на кам аз 6 моҳ кор карданд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд - 80 сомонӣ, ҳамагӣ 641 нафар, ба маъюбони бартарафкунии офатҳои садамаи Нерўгоҳи барқии атомии Чернобил - 80 сомонӣ, ҳамагӣ 320 нафар муайян карда шуд.

Дар соли 2017 ба 1707 нафар ба маблағи 1.817.760 сомонӣ кўмакпулии ҳармоҳа пешбинӣ шудааст.

Дар арафаи 71-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида 1000 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ки бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд ва ба онҳое, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 на кам аз 6 моҳ кор ё хизмат карданд 800 сомонӣ, ҳамагӣ ба 903 нафар, 758800 сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохта шуд.

Дар арафаи Иди Ғалаба баҳри ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида кўмакпулии яквақтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2000 сомонӣ, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 100 то 500 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҳои амалӣ меандешад. Соли 2016 дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат 174700 сомонӣ маблағгузорӣ карда, эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти шунавоӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонида шуд.

Солҳои охир дар вилоят то қадри имкон таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат ва ақибгоҳи солҳои ҷанг бо роҳхатҳои имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбад.

Бо дастгирии Раиси вилоят соли 2016-ум 33 роҳхат ба осоишгоҳи «Шифо» ба маблағи 39600 сомонӣ пешбинӣ шуда, ба эҳтиёҷмандон ҷудо карда шуданд. Соли сипаригашта 150 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат дар осоишгоҳҳо табобат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Ташкилотҳои собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои фаҳмондадиҳии мазмуну мўҳтавои Паёми Сарвари давлат корҳои ташкилӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни собиқадорон, нафақахўрон ва аҳолӣ ба роҳ мондаанд.

Соли ҷавонон эълон шудани Соли 2017 ташкилотҳои собиқадоронро водор менамояд, ки корҳои тарбиявӣ, ватанпарастӣ, ахлоқию маънавӣ дар байни ҷавононро бо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии марбута вусъат диҳанд.

Шавкат АЛИЕВ,
муовини раиси Шўрои
собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Читать далее

Сурур дар чеҳраҳои мардум

ё иқдоме, ки ифодагари беҳбудӣ дар ҷомеа гардид

Бо амри Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳам хўрдани маҳдудияти қувваи барқро сокинони рустои хурду бузурги кўҳистони дурдаст бо хушнудии беҳад истиқбол намуданд. Ин иқдоми ғайричашмдошт мардуми дар ин рўзу моҳҳои солҳои пешин аз маҳдудияти барқ азияткашидаро мутаассир кард.

- Рости гап, касе пешбинӣ намекард, интизор ҳам набудем, ки дар даҳаи сеюми чиллаи зимистон маҳдудият бардошта мешавад, - изҳори хушнудӣ мекунад Назар Одинаев, сокини деҳаи Худгифи Сояи Кўҳистони Мастчоҳ. - Ин боз як ифодаи равшанест, аз он ки Пешвои миллат аз ғами беҳдошти рўзгори мардум, хусусан мо, мардуми деҳнишини кўҳистон лаҳзае фориғ нестанд. Ин шабу рўз дар диёри мо касеро чун солҳои пешин бо чеҳраи гирифта, асабию хотирпарешон намебинед.

Сурур дар чеҳраҳои хурду бузург, пиру барно «гул» мекунад. Шабонарўзӣ, 24 соат барқ дорем.

Мардуми маъвои мо шабу рўз дуои давлати Пешвои миллатро мекунанд ва аз иқдомҳои ғамхоронаашон сипосгузоранд.

- Чӣ хуш, ки ба ҳамин рўз ҳам расидем, - шукргузор аст омўзгори собиқадори деҳаи Валиғунд Муҳаммадназар Идиев, - солҳои пеш зимистони дарози кўҳистон аз азобу алами «маҳдудият» пушти даст газида, интизор будем, ки кай мўҳлаташ (моҳҳои апрел –май) мерасаду онро мебардоранд… Ҳа, ана имсол Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он аҷаб раҳониданд. Шукри чунин Сарвари ғамхору дурандеш… Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунбасти энергетикӣ ҳам раҳо шуд. Пеш аз мўҳлат бардошта шудани маҳдудият умеди моро ба он қавӣ кард.

Ҳамсўҳбати дигари мо сокини деҳаи Оббурдон Шарифи Шарифзод бо мамнуният зоҳир кард:

- Ниҳоят «поёни шаби сияҳ сафед» шуд. Пеш аз мўҳлат бардоштани маҳдудияти барқ аз он дарак медиҳад, ки иқтидори нерўи барқ дар кишвари азизам пайваста афзудан дорад.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми имсолаашон ин пешрафтро собит намуданд: Сокинони деҳаи мо аз ин муруввати бамавриди Сарвари давлатамон беҳад миннатдоранд: Дар ин моҳҳои боқимондаи фасли сармо чӣ қадар ҳезум сарф мешуд, ҳисобаш гум…

Воқеан, бардошта шудани маҳдудияти барқ дар зимистони имсола ифода аз беҳбудии таъминоти иҷтимоӣ дар ҷомеа аст. Сокинони Кўҳистони Мастчоҳ онро хуб дарк карданд ва нисбат ба ояндаи таъминоти барқ ба аҳолӣ назари некбинона доранд.

Абдуллои ФОЗИЛ,
ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

Читать далее