January 2017

24 January 2017

Ташаббуси наҷиб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «120 рўзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» корҳои бунёдкорӣ доир менамояд, ки ҳадаф аз он ободу зебо намудани маҳалли зист мебошад.

Дар доираи ин ташаббуси наҷиб дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз аввали сол оғоз гардиданд.

Дар ҳашари ободонию сабзкорӣ, ки дар рўзҳои таътили мактаббачагон сурат гирифт, бо кўмаки хонандагон дар шоҳроҳҳои асосӣ ва мавзеъҳои алоҳида 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишии ба мавсим мутобиқ шинонида шуданд.

Иқдоми ободонӣ дар доираи «120 рўзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» дар ноҳия минбаъд низ идома меёбад.

www.sugd.tj

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 январи соли 2017, №9

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади қадршиносӣ, ҳифзи иҷтимоии маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва бо назардошти дархости сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 26 декабри соли 2016, № 781, қарор мекунам:

1. Аз 1 январи соли 2017 ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҳар моҳ кўмакпулӣ дар ҳаҷми 80 сомонӣ то охири сол тибқи руйхати замимашуда пардохт карда шавад.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супорида шавад, ки пардохти кўмакпулиро аз ҳисоби маблағҳои ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2017 ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ намуда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

4. Бо назардошти афзудани теъдоди маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва дар ҳолати норасоии маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардида хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби маблағи сарфашудаи барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинишуда пардохт карда шавад.

5. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 январи соли 2016, № 07 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқи атомии Чернобил» аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Н.А.Fаффорӣ ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Дастовардҳо назаррасанд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид, ки дар он муовинон ва мудирони шўъбаҳои дахлдор ва рўзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал раиси ноҳия Ғайрат Азиззода оид ба паҳлўҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2016 ба таври муфассал бо арқому асноди мушаххас равшанӣ андохт.

Рўзноманигорон оид ба вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашӣ, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқ, каму зиёд шудани сабади истеъмолии аҳолӣ, сабз нигоҳ доштани ниҳолҳои ороишӣ, ҳифзи ҳуқуқи кўдак, вазъи ободии маҳаллаи Меҳробод, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва таҷлили зодрўзу ҷашнвораҳои собиқадорони меҳнат, ашхоси таърихӣ ва мондагор дар адабиёту фарҳанг ва монанди ин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНОВ

Читать далее

12 миллион сомонӣ барои таҷҳизот

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар раванди ноилшавӣ ба дастовардҳову пешравиҳо дар соҳоти гуногун, ҳамчунин, дар самти рушду такомули соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳои зиёд ба амал омад.

- Дар ин самт аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эълон доштани соли 2016 “Соли фарди солим” дар раванди пешрафти соҳаи тандурустии вилоят қадами басо бузург буд,- изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ҷараёни вусъати корҳои созандагиву ободонии муассисаҳои тиббӣ ва ворид намудани усулҳои муосири муоина аз ҷониби масъулину кормандони соҳа як қатор чораҷўиҳо амалӣ гардидааст. Аз ҷумла баҳри таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот дар соли 2016 аз буҷаи маҳаллӣ 436 номгў ба маблағи 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда бошад, дар ин давра ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 2834 номгў ба маблағи 12 миллион сомонӣ таҷҳизот харидорӣ ва дастрас гардид, ки ин 4 баробари нақша мебошад.

Дар бобати масоили таъминот бо мутахассисон сардори Раёсат зикр дошт, ки дар вилоят ҳамагӣ 4781 табиб ва 15114 корманди хурду миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо кормандон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, нишондодҳои нисбатан пасти таъминот бо табибон дар шаҳру ноҳияхои Кўҳистон Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ба назар мерасад, ки ташвишовар аст. Дар муассисаҳои тиббии вилоят асосан норасоии мутахассисони беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшинос, ташхиси шуоӣ, рўҳшинос ва сироятшиносон ба назар мерасад.

Бино ба иттилои масъулин, соли сипаригашта 270 нафар, аз ҷумла 157 нафар бо хоҳиши худ, 93 нафар бо сабаби расидани синни нафақа барои собиқаи меҳнатии дарозмуддат, 27 нафар бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ тарки вазифа намуда, 20 нафар фавтидаанд.

Дар соли 2016-ум дар вилоят 988 гирифторони бемории сил ошкор гардид, ки нисбат ба соли 2015-ум 9 нафар зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра 4546 ҳодисаи гирифторӣ ба зардпарвин ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2015 қариб 720 ҳодиса зиёд мебошад. Соли гузашта зиёдшавии ин беморӣ бештар дар Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва Шаҳристон ба назар расид.

Дар фарҷом Абдусалом Ваҳҳобзода ба суолҳои рўзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

23 January 2017

Ҷавҳари ҳадафҳои бунёдӣ

Паёми Президент, барҳақ, ҳуҷҷати раҳнамунсоз, дастури рўимизӣ ва ҳидоятгари нек дар фаъолияти ҳамарўзаи ҳар як фарди соҳибдилу некбин, худогоҳу дурандеш маҳсуб меёбад.

Дар Паём рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ва дурнамои минбаъдаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани факту рақамҳои таҳлилӣ баён гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сарвари давлат аз воқеаҳои даҳшатбор, ки солҳои 90-уми асри ХХ ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёд оварда, боиси фалаҷ гардидани идоракунии ҳокимияти давлатӣ гардида буданд, ёдовар шуданд.

Ин таъкидоти Президенти кишвар бори дигар моро водор месозад, ки мо бояд аз гузаштаи даҳшатбори аз сари давлату миллати тоҷик гузашта, сабақ омўхта, насли ҷавонро дар рўҳияи ғояҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намоем. Мо бояд аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ намуда, барои пурра амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ бо дилу дидаи нек кўшиш намоем.

Пешвои миллат оид ба эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд зикр намуданд, ки: “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст”. Ин нуқтаҳои қайдгардида падидаю меваҳои Истиқлолияти давлатӣ буда, дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, кафолатҳои қонунӣ дода шудаанд.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии мо зиёда аз 300 қонун, 18 кодекс ва санадҳои зиёди зерқонунӣ қабул карда шудаанд, ки танзими ҳуқуқии тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва манфиати шаҳрвандонро дар чорчўбаи қонун муқаррар намудаанд.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки ин падидаи номатлуб боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мегардад. Мутаассифона, имрўз дар ҷомеаи мо гурўҳҳои алоҳидаи бадхоҳ ва мазҳабпарастон ҳастанд, ки бо роҳи фиребу дасисагўӣ ва ваъдаи пулӣ додан шахсони осебпазир, махсусан ҷавонони иродаи сустдоштаро ба доми худ мекашанд. Тамоми аҳолии кишвар бояд терроризм ва экстремизмро ҳамчун амали нафратангез маҳкум намуда, дар пешгирии ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм ҳамеша дар паҳлўи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд.

Президенти кишвар аз мавҷудияти кирдорҳои коррупсионӣ дар сохтори мақомоти идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи заминсозиву тандурустӣ ва дигар ниҳодҳо нигаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки “коррупсия ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар халал ворид намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст”.

Инчунин, дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки сабаби содир шудани амалҳои коррупсионӣ дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоташон маҳсуб меёбад.

Таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Паёми имсола зери маркази диққати махсуси Президенти кишвар қарор дода шуд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии мардум барои огоҳӣ ёфтан аз ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки “омўзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд”. Донистани мазмуну мўҳтавои Конститутсия ва қонунҳои зикргардида вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, дар доираи супориши мазкур минбаъд барои боз ҳам баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон, донишҷўён ва умуман аҳолии мамлакат заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар амалия ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки шахс аз надонистани моҳияти амалҳои худ, надонистани мўҳтавои қонунҳо даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезанад, аммо надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар ин асно таъкид гардид, ки “таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад”. Ин муқаррарот ҷавҳари ҳадафҳои бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд буда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд минбаъд низ тамоми саъю талошҳои худро барои амалӣ намудани ин вазифаи муқаддас равона созанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сохторҳои қудратӣ ва ҳар як корманди онро вазифадор намуданд, ки “бо назардошти вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намоянд”.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии қонунгузор ба некўаҳволии мардуми кишвар, мустаҳкам намудани низом ва тартибот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, барои оромию субот, баланд бардоштани мавқеи мудофиавӣ ва таҳким бахшидани сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони азиз равона шудааст. 

Иброҳимҷон ҶАББОРОВ,
 мудири кафедраи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
акадамик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Кафили рўзгори шоиста

Нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли ҷавонон» эълон шудани соли нави мелодӣ аз ҷониби муҳассилину устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта шуда, ҷомеаи меҳнатии донишкада кўшиш бар он доранд, ки онро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба иштирокдорон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Гулбаҳор Назирӣ, Файзалӣ Ҳакимов, Гуландом Абиловаро муаррифӣ намуда, мўҳтавои асосии вохўриро баён намуд. Вакилон оид ба паҳлўҳои гуногуни Паём сухан ронда, дар бораи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикиву хўрокворӣ, беҳтар шудани шароити иқтисодии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои дар Паём зикршуда ибрози ақида намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло доир ба дастовардҳои солҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, обод шудани роҳҳои кишвар ҳарф зада, андешаҳояшро оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Паём, аз ҷумла мубориза алайҳи экстремизму терроризм, коррупсия ва нашъамандӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар мавриди мавқеи занону духтарон дар давраи соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои онҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодии хонаводагӣ, зарурияти ба кор ҷалб кардани онҳо дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ, муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун ва бо чунин иқдом таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова оид ба соли эҷоду пурсамар ва навгониҳо гаштани соли 2017, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба барномаи таълимӣ ворид сохтани мавзўъҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронданд.

Донишҷўёну устодони донишкада аз ташрифи меҳмонон рўҳбаланд гардида, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Мақcад: Беҳбудии сифати таълим

Дирўз дар бинои таълимии № 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози нишаст Анвар Мақсудӣ аҳли ҷамъомадро бо дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самти бунёд ва азнавсозии озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ, махсусан фанҳои химия ва биология амалан шинос намуд.

Бино ба иттилои декани факултаи биология ва химия Шаҳнозахон Мирзобаҳодурова, давоми ду соли охир танҳо дар факултети биология ва химия 9 лабораторияи фарогир бо дастгоҳҳои ҷадиди муосир таъсис ва ба истифода дода шуданд. Имрўз донишҷўён дар лабораторияҳои номбурда дарсҳои амалӣ ва озмоиши худро бо истифода аз асбобҳои муосири модели охир корбарӣ ва дар амалия татбиқ намуда истодаанд. Осорхонаи биологии донишгоҳ ба номи Раҳмон Мирзобаҳодуров муаррифӣ карда шуд, ки дар он нодиртарин намунаҳои ҳайвонот, хазанда, ҳашарот, паррандаҳо нигоҳдорӣ ва омўзонида мешавад. Қайд гардид, ки осорхона таърихи беш аз 80-сола дошта, дар вилоят ҳамто надорад.

Анвар Мақсудӣ зикр дошт, ки алъон дар донишгоҳ 488 синфхонаи таълимӣ, 101 лаборатория, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаи электронӣ, 304 проектор, 1200 компутери фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабораторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад. Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст.

Дар рафти азназаргузаронӣ аз бинои донишгоҳ маълум гашт, ки факултаҳои бинои таълимии №1 аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, утоқҳои он пурра бо камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти таълимии муосир муҷаҳҳазонида шуда, шароити хуб ҳам барои омўзгорон ва ҳам донишҷўён муҳайё мебошад.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии аспирантон ҳамасола стипендияи Раиси вилояти Суғд муқаррар шудааст. 6 нафар донишҷўёни донишгоҳи мазкур ба гирифтани ин стипендия мушарраф гаштаанд.

Дар бобати ҳамкориҳои байналхалқӣ Мақсудӣ гуфт, ки донишгоҳи мо бо 29 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик тибқи шартнома ҳамкорӣ менамояд. Яке аз навоварӣ дар ин самт соли 2016 донишгоҳ бо Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Белорус бо мақсади якҷоя тайёр намудани мутахассисон дар доираи 9 ихтисоси барои Тоҷикистон муҳим шартномаи тарафайн баст.

-Хобгоҳи рақами 1, ки наздик 20 сол инҷониб аз фаъолият бозмонда буд, барои 400 нафар донишҷўёни тибқи квота таҳсилкунанда ба истифода дода шуд. Корҳои таъмири куллӣ дар ошёнаҳои хобгоҳи рақами 9 идома дошта, таъмири хобгоҳи рақами 2 низ дар солҳои минбаъда дар назар аст, - афзуд ректори донишгоҳ.

Дар фарҷом байни роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Коҳиши истеҳсол дар 61 коргоҳ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шўъбаҳо, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, мудири шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов ва намояндагони ВАО нишасти матбуотии раиси шаҳр доир гардид.

Нишастро роҳбари Маркази иттилоотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ Маҳмудҷон Дадобоев ҳусни оғоз бахшид. Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 маълумот дод. Зикр шуд, ки нақшаи буҷети давлатии шаҳр 306,0 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 119,0 миллион сомонӣ таъмин шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 42 миллион сомонӣ ва 1,6 миллион сомонӣ маблағ зиёд ворид шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ 126,8 миллион сомониро ташкил дода, он 91,7 фоиз таъмин гардид. Баҳри рушди иқтисодиёти шаҳр, аз ҷумла соҳаҳои алоқа, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ба миқдори 9,8 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 5,8 миллион доллари амрикоӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуданд. Алҳол 4 лоиҳаи сармоягузорӣ - оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ, рушди нақлиёти мусофиркашонӣ, кам намудани талафоти нерўи барқ ва беҳтар кардани вазъи таъминот бо оби нўшокӣ ба маблағи умумии 73,7 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар 42 адад иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр сохта, ба истифода дода шуд.

Тибқи қонунҳои амалкунанда, рафти сохтмон зери назорат қарор дошта, дар соли сипарӣ дар 81 иншооти сохташудаистода 53 ҳолати риоя нагардидани талаботи Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ ошкор гардида, ба маблағи 19,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Барои боздоштани корҳои сохтмонӣ бошад, 79 огоҳинома дода, оид ба ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ 49 адад протокол тартиб дода шудааст.

- Шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна, - қайд кард раиси шаҳр, - дар ин давра ба 160 адад расида, инчунин дар 17 адад (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) корхонаи саноатии хурди таъсисёфта, 270 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Мутаассифона, 61 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 23,9 миллион сомонӣ кам маҳсулот истеҳсол карда, ба буҷети маҳаллӣ таъсири манфӣ расонданд. Дар “Соли фарди солим” барои таъмиру тармими муассисаҳои табобатӣ ва шўъбаҳои онҳо 1983,8 ҳазор сомонӣ ва барои хариди таҷҳизоти муолиҷавӣ, муоинавӣ ва ёрирасон зиёда аз 1006,0 ҳазор сомонӣ (аз ин 502,3 ҳазор сомониаш аз буҷети маҳаллӣ) маблағ масраф гардид.

Раиси шаҳр ҳамчунин дар бораи рушди ҳунармандӣ, таъмир ва азнавсозии майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳо, фаъолияти ширкатҳои сайёҳию бонкҳо ва ободонии маҳал маълумоти муфассал дод.

Дар қисмати саволу ҷавоб дар мавзўъҳои сабаби тўл кашидани бунёди биноҳои баландошёна дар кўчаи ба номи Раҳмон Набиев ва тақдири 30 оилаи аз ин ҷо кўчонидашуда, чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд, таъминот бо оби нўшокӣ, сабаби камфаъол шудани 61 корхонаи саноатӣ ва ғайра рўзноманигорон пурсиш намуданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Номаи саодати миллат

Басо рамзист, ки дар арафаи Соли нави мелодии 2017 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва дар Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат муҳимтарин ҳадафҳои дурнамои рушди мамлакат ва самтҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро муқаррар намуданд. Барои мо аҳли маориф ҷолиби таваҷҷўҳ буд, ки муҳимтарин нуктаҳои меҳварии Паём ба масъалаҳои маориф, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳо, тарбияи мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замон пайвандӣ дошт. Аз ин рў, мо метавонем, Паёми солонаи Пешвои миллатро раҳнамои хеш ба шумор оварда, дар соли 2017 барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб иқдом намоем.

Барои мо-ҷомеаи омўзгорони вилояти Суғд бисёр рамзӣ буд, ки баъд аз ироаи Паёми Пешвои миллат дар курси навбатии такмили ихтисоси омўзгорони макотиби таҳсилоти умумии вилоят дар Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони вилоят таҳсил намудем. Дар ин ҷо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси маорифпарвари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тамоми шароит барои ҷараёни дарсҳо ва фароғат фароҳам оварда шуд. Ташкили дарсҳои такмили ихтисос, пеш аз ҳама, бо ҳадафи татбиқи нуктаҳои асосии дар Паёми Пешвои миллат таъкидшуда, аз ҷумла мусоидат дар ташаккули раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва маърифати экологии ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва донишҳои техникӣ равона шуда буд, ки гумон мекунем, ба ҳадафи дар ин ҷода муқарраршуда расидем. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои муҳими Паёми Пешвои миллат буд, ки бо мусоидати Раёсати маорифи вилояти Суғд дар даҳаи аввали моҳи январ зиёда аз 700 омўзгори муассисаҳои таълимии вилоят, хоса омўзгорони риштаҳои фанҳои дақиқ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Дарсҳо, пеш аз ҳама, бо усулҳои муосир ҷараён гирифта, бароямон равишҳои муосири тадрис ва таълим, усулҳои ҷалби наврасон ба таълими пешқадам ва ҷараёнҳои он таълим дода шуд, ки боварии комил дорам, татбиқи онҳо аз ҷониби мо - омўзгорон дар макотиби таҳсилоти умумӣ метавонад, ба болоравии сифати таҳсилот мусоидат намуда, яке аз муҳимтарин ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат дар робита ба таваҷҷўҳ ба сифати таҳсил татбиқи амалӣ ёбад. Дар маросими ҷамъбастии давраи аввали курси такмили ихтисоси вилоят ҳамзамон, конфронси илмӣ – амалии омўзгорони вилоят дар робита ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми солонаи Пешвои миллат, ки ба масъалаҳои низоми таҳсилот ва маориф бахшида шудаанд, ҷараён гирифт.

Дар он, пеш аз ҳама, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ изҳор дошт, ки ин давраи курси такмили ихтисоси омўзгорон барои татбиқи амалии нуктаҳои асосии дар Паёми Пешвои миллат изҳоргардида ҷараён гирифта, ки дар натиҷа шумораи зиёди омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ба он фаро гирифта шуданд. Вобаста ба матолиби баёншудаи марбут ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба соҳаи маориф чандин нафар аз хатмкунандагони курси такмили ихтисос, яъне омўзгорони муассисаҳои таълимии вилоят андешаҳои хешро иброз дошта, аз ҷумла қайд намуданд, ки воқеан Паёми Пешвои миллат барои ҳар як нафар омўзгор ва тамоми аҳолии кишвар номаи раҳнамо ба сўи саодатҳои навини миллӣ, расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи кишвар ва таъмини зиндагонии шоиста ба шумор меравад. Ҳар як омўзгорро зарур аст, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босамари нуктаҳои асосии Паём, хоса дар робита ба баланд бардоштани сифати таълим, фарогирии донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи хештаншиносӣ ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад.

МЭЛС НУРОВ,
омўзгори мактаби
Президентии шаҳри Бўстон

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 январи соли 2017, № 8

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати шоиста дар ақибгоҳ ба муносибати ҷашни 72-солагии Рўзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дархости сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 26 декабри соли 2016, № 781, қарор мекунам:

1. Аз 1 январи соли 2017 ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ (ба ғайр аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ) ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Fалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Fалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба ҳар яке ҳар моҳ кўмакпулӣ дар ҳаҷми 80 сомонӣ тибқи рўйхати замимашуда пардохт карда шавад.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супурда шавад, ки пардохти кўмакпулиро аз ҳисоби маблағҳои ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2017 ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ намуда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

4. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 январи соли 2016, № 06 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият намудаанд» аз эътибор соқит дониста шавад.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее