January 2017

20 January 2017

Миллати солим - таҳкурсии ҷомеаи солим

Натиҷаҳои Барномаи вилоятии “Соли 2016 – Соли фарди солим”

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти Раёсати Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он натиҷаҳои Барномаи вилоятии “Соли 2016 – Соли фарди солим” мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Саломиддин Юсуфӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят ва фаъолони соҳаи тандурустӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, аз нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии давлатии соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус тандурустӣ ва ҳамзамон аз ҳадаф ва зарурияти қабули Барномаи вилоятии “Соли 2016 – Соли фарди солим” ҳарф зад.

Читать далее

Раҳнамои рӯзгори босаодат

Кор бо занон ва оила аз самтҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб меёбад. Ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати бонувон дар ҷомеа, то ҳадди имкон бо ҷойи корӣ фаро гирифтани занону духтарон, пешгирии зўроварӣ нисбат ба бонувон дар оила давоми солҳои охир аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Имрўз дар қаламрави вилоят 5337 нафар бонувон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият менамоянд, 245 нафар барандагони унвону ҷоизаҳои давлативу вилоятианд, 15 нафар докторони илм, 207 нафар номзадони илм, 147 нафар ҷоизадорони олимпиадаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои варзиш мебошанд, ки ин нафарон ифтихори вилояти овозадори моанд. Аз 24,085 нафар донишҷўдухтар 561 нафар бо Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, ки нисбат ба соли 2015-ум 171 нафар зиёд буда, 39 нафар гирандагони идрорпулии Президентӣ, 57 нафар гирандагони идрорпулии Раиси вилоят мебошанд.

Дар самти фарогирӣ бо ҷойи корӣ айни ҳол 159 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият бурда, дар онҳо 248 нафар ҳунармандони асил бо шуғл фаро гирифта шуда, 1196 нафар занон ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шудаанд. Маҳз, таъсиси марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ имкон дод, ҳазорон нафар занони хонашин бо ҷойи корӣ фаро гирифта шуда, дар ин замина сатҳи ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо коҳиш ёбад. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ тайи солҳои охир ба 75 нафар ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ва соли 2016-ум ба 30 нафар бонувони ҳунарманд 200 ҳазор сомонӣ грантҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Дар Маркази таълимию истеҳсолии “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 500 нафар, вилояти Хатлон наздик 130 нафар, ноҳияи Рашт 12 нафар, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 2 нафар, шаҳри Душанбе 18 нафар ва аз дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шогирдон нозукиҳои касби адрасу атласбофиро омўхтанд.

Инчунин, бо мақсади рушди атласу адрасбофии дастӣ барои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Роғун, Рашт, Ҳисор, Восеъ, А. Ҷомӣ, вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дастгоҳҳои атласу адрасбофии дастӣ тақдим карда шуд.

Дар назди шўъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии вилоят аз ҳисоби духтарони фаъол ва болаёқат шўрои занон ва духтарон ташкил карда шуда, бо мақсади пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ байни донишҷўёну ҷавонон, духтарону занон ҷиҳати таблиғи либоси миллӣ ва гирифтани пеши роҳи пўшидани либосҳои ғайр дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонанишин сўҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, семинар-тренингҳо, семинарҳои омўзишӣ ва мизҳои мудаввар ташкил карда шуд.

 Аз ҷумла, дар миқёси вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ Фестивал - озмунҳои «Атласу адраси Суғд – 2015» ва «Атласу адраси Суғд - 2016», озмунҳои «Адрасбофи беҳтарин», «Ҷилваи ҳусн», «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Дар пешрафт, рушду такомули фаъолияти раёсат Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша роҳнамо ва дастури амал мебошад. «Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад. Имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ аксари кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд»,-зикр намуданд Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш. ҳамчунин, таъкид намуданд: «Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа,шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад». Ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат моро водор менамояд, ки ба вазифаи хеш аз пештара дида, бештар бомасъулияттар муносибат намоем, ҷиҳати боз ҳам дар ҷомеа мавқеи худро ёфтани занону духтарон тадбирҳои амалӣ андешем. Зеро зани соҳибмаърифат, бонуе, ки дар ҷомеа мавқеи худро дорад, дар оила низ ҳуқуқҳои хешро ҳимоя карда метавонад, дар тарбияву ба ҷамъият пешкаш намудани насли солиму сазовор саҳм мегузорад.

Нодира МИРЗОЗОДА,
сардори Раёсати кор бо занон
ва оилаи вилоят

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 январи соли 2017, № 7

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, бо мақсади қадршиносӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 72-солагии Рўзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дархости сардори Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 26 декабри соли 2016, №781 қарор мекунам:

1. Аз 1 январи соли 2017 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида ҳар моҳ кўмакпулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ тибқи рўйхати замимашуда пардохт карда шавад.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Ба Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супорида шавад, ки дар соли 2017 пардохти кўмакпулиро аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ намуда, назорати истифодаи онро таъмин намояд.

4. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 январи соли 2016, № 5 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида» аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Ҷавонон ва рушди ҷомеаи муосир

Аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки озодиву Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуданд, ки мо бояд пеши роҳи таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегонаро гирифта, оқибати номатлуби онро ба насли наврас фаҳмонем.

Аз ҷониби Пешвои миллат таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанўз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ диҳем. Мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Сарвари давлат бо мақсади беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву паҷўҳишӣ ҷалб карда шаванд.

Паёми Сарвари давлат паёми дастгирикунандаи ҷавонони бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад, зеро татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони кишвар баҳри таблиғ ва амалӣ гардидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саҳми худро гузошта, баҳри ҳимояи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Шўҳратҷон Кенҷаев,
декани факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Шукри нури саодатбахш

Рушди соҳаи энергетика дар кишвар моро ба сўи ояндаи дурахшон равона месозад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар яке аз муаммоҳои аввалиндараҷаи аҳолӣ ин нарасидани нерўи барқ буд. Чунки рўзҳое шуда буд, ки дар тамоми ҷумҳурӣ меъёри барқ ҷорӣ мегардиду он аз моҳи сентябр то моҳҳои март - апрел давом мекард. Ҳатто ҳамин хел рўзҳоеро ҳам аз сар гузаронидем, ки мардум барои гарм кардани хонаҳои баландошёна аз печҳои аловӣ истифода мебурданд. Чунки дигар илоҷе надоштанд.

Аммо эҳсос мекарданд, ки ин ҳам мегузараду ба рўзҳои нек хоҳем расид. Зеро ба воситаи оинаи нилгун, рўзномаю маҷаллаҳо огоҳ мегардидем, ки маҳз бо иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ чандин нерўгоҳҳои хурду бузурги барқӣ сохта истодаанд.

Яке аз иқдомҳои шоиста ин бунёди хати интиқоли барқии 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» буд, ки соҳаи энергетикии ҷануби кишварро ба шимол пайваст менамуд. Ҳар сол чандин нерўгоҳҳои барқии обӣ сохта шуда, сол аз сол вазъи таъминот бо нерўи барқ беҳтар мегардид.

Баъдтар сол ба сол соатҳои додани барқ зиёд мешуд. Аввал маркази ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳрҳои саноатӣ бо барқи доимӣ таъмин карда шуданд. Яке аз дастовардҳои калони ҷумҳурӣ боз аз он иборат аст, ки дар шаҳри Душанбе навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» ба истифода дода шуд, ки ин дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар воқеаи хеле фараҳбахш ба ҳисоб мерафт. Ин имконият дод, ки қувваи барқ сарфа карда шаваду мардум бо барқи доимӣ таъмин бошанд.

Имрўз мо, мардуми ноҳияи Ашт дар қатори шаҳрвандони дигар шаҳру ноҳияҳо хеле шоду мамнун ҳастем, ки аз санаи 14–уми январ интиқоли нерўи барқ доимӣ гардид. Аз он изҳори сипос менамоем, ки он сардиҳою торикиҳо, зулмотҳо пас монданду мардуми тоҷик боз ба рўшноӣ, ба сўи дастовардҳои нек қадам мениҳад.

Истиқлолияти энергетикии кишвар ба мардуми сарзамин муборак бошад!

Шафоат Маҳкамова,
директори Маркази
саломатии деҳаи Ашт

Читать далее

Ҳадаф: таъмини дорувории босифат

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар раванди ноилшавӣ ба дастовардҳову пешравиҳо дар соҳоти мухталиф ҳамчунин, дар соҳаи фарматсевтӣ ва дастрасӣ ба маводи доруворӣ, таъмини сифат, судмандиву бехатарӣ ва беҳтаршавии хизматрасонии масъулини соҳа ба миён омада, таҳкими саломатии аҳолӣ басо назаррас аст.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат баробари таҳлили мушаххаси соҳаҳои мухталифи мамлакат ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ низ баҳо дода, аз ҷумла таъкид доштанд: «…назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад…. Имрўзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад». Бо мақсади мусоидат намудан барои беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ, дастрасӣ ба дорувории босифат як қатор чораҷўиҳо, аз қабили ташкил ва таҷҳизонидан бо лавозимоти муосири озмоишгоҳҳои доруворӣ, ташкили коргоҳҳои истеҳсоли дорувории ватанӣ андешида мешавад.

Бо ин мақсад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар доираи сафари кории хеш ба шаҳри Бўстони вилояти Суғд аз бинои Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилоят боздид ба амал овард. Ҷоизи қайд аст, моҳи октябри соли 2012 бинои мазкур аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, масоҳати он 849 метри мураббаъро ташкил мекунад. Бояд гуфт, ки бино дар ҳолати ногувору фарсуда қарор дошта, ба таъмири куллӣ эҳтиёҷ дошт.

Лозим ба ёдоварист, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ» дар вилоят дар мувозинаи худ бинои корӣ надошта, дар иҷора қарор гирифта буд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ қисматҳои таҳхона, беруни бино ва 3 ошёнаи дохили онро аз назар гузаронд. Бино ба гуфти масъулин, сохтмони мазкур бо маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба маблағи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд. Бинои мазкур аз 42 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои мунтазам фаъолият бурдани кормандон шароит муҳайё хоҳад гашт.

Раиси вилоят ҳамзамон, аз КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ», ки дар ошёнаи 3-юми бинои Раёсати Хадамоти мазкур ҷойгир аст, дидан кард. Озмоишгоҳ аз ду ташхисгоҳ, яъне ташхисгоҳи санҷиши сифати маводи дорувориву молҳои тиббӣ ва ташхисгоҳи санҷиши сифати маводҳои ороишию гигиенӣ, иловагии фаъоли биологӣ ва ғизои бачагона иборат аст. Озмоишгоҳ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар рафти азназаргузаронии ташхисгоҳҳо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулин бори дигар таъкид дошт, ки дар ҷодаи фаъолияти кори хеш ба иштибоҳ роҳ надода, ҳамеша ташхиси мушаххасу дақиқро ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни боздид аз бахши гиёҳдармонӣ Раиси вилоят ба роҳбарият ва масъулин вазифагузорӣ намуд, ки фаъолияти бахши мазкурро васеъ ба роҳ монанд.

Айни замон беш аз 20 намуди гиёҳҳои шифобахш аз тамоми қаламрави вилоят дар истеҳсолоти озмоишгоҳ мавриди коркард қарор гирифта, дар шакли дамобаву нўшобаҳо пешкаши мардум гардонида мешавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бори дигар аз масъулини соҳа эҳсоси масъулиятнокӣ ва нисбат ба ҳаёти мардум бетараф набуданро таъкид дошта, дар навбати худ изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар амалӣ гаштани нақшаҳои созанда ва рушди соҳаи дорусозӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

19 January 2017

Насли ояндасоз бояд солим бошад

Мо, кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият бурда, барои таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ҷабҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷидду ҷаҳд менамоем. Паёми навбатии Пешвои миллат моро водор мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар кардани шароити будубоши беморон дар муолиҷагоҳҳо саъю кўшиш намоем.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат соли рафта дар қаламрави вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Бо ибтикори Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ «Соли 2016 – Соли фарди солим» эълон шуда, аз ҳисоби маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда даҳҳо бинои муассисаҳои тиббӣ таъмиру тармим, садҳо адад таҷҳизоти ҳозиразамон харида шуданд. Хурсандиовар аст, ки дар муассисаи тиббии мо низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Мутобиқи супориши Сардори давлат ҷавонони синну солашон болиғ ва падару модарони онҳо вазифадоранд, ки қабл аз барпо кардани оила, аниқтараш, пеш аз муроҷиат кардан ба шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва дар бораи саломатиашон маълумотномаро ба ташкилоти дахлдор пешниҳод кунанд.

Барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла никоҳи хешутаборӣ, паст намудани сатҳи бемориҳои модарзодӣ ва дигар масъалаҳои доғи рўз байни бошандагони маҳаллаи “Якуми май”, омўзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди минтақа сўҳбату вохўриҳо гузаронда, барои рух надодани ҳолати ногувор корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшем.

Хулоса, ман чун духтури оилавӣ хуб мефаҳмам, ки барои ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани ҷавонон бо ҷидду ҷаҳд фаъолият бурдани ҳам пизишкон, ҳам омўзгорону мураббиён, ҳам волидон, тамоми ҷомеа зарур аст. Аз ҷониби худ ман вазифаамро ба хубӣ медонам ва кўшиш менамоям, ки дар солимии аҳли ҷомеа ҳисса гузорам. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Аз фарди солим оилаи солим ва аз оилаи солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд!”

Раъноҷон АҲМАДОВА,
духтури оилавии
Маркази саломатии № 2-юми шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Рушди энергетика - асоси пешрафт

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: “Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад”.

Тўли як ҳафта мешавад, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ, бахусус сокинони ноҳияи Айнӣ 24 соат бе мамониат ба нерўи барқ таъмин мебошанд. Азобу машаққати мардуми кўҳистон, ки аз нерўи барқ танқисӣ мекашиданд, паси сар шуд.

Имрўзҳо, мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Анзоб ва якчанд деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дар-Дар, ки аз зеристгоҳи “Кошона”-и ноҳияи Панҷакент нерўи барқ мегирифтанд ва он ҳам ҳамагӣ 2-5 соатро ташкил медод, аз иқдоми неки Сарвари давлат шоду мамнунанд. Инчунин, кулли мардуми ҷамоатҳои деҳоти Анзоб ва Фондарё, ки дар ин айёми сармо аз нерўи барқ танқисӣ мекашиданд, ба пуррагӣ мушкилоташон ҳал гардид, ки онҳо шукронаи даврони Истиқлол, сулҳу субот, ҳамбастагию якпорчагии кишвари маҳбуби худро таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунанд.

 Зикр бояд намуд, ки ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, сокинони ноҳия ифтихор аз он доранд, ки халқи тоҷик чунин як Сарвари оқилу дурандеш дорад ва дар лаҳзаҳои муҳим бо кору фаъолияти хайрхоҳонаи хеш баҳри мардум ғамхориҳои беназир менамоянд.

Дар ин замина, баҳри дар амал иҷро намудани амри Президенти кишвар кормандони идораи таъминони нерўи барқи ноҳия таҳти сарварии сардори идораи таъминот ва фурўши барқи ноҳия Давлат Шарифов, сардори шабакаҳои барқи Анзоб Ибодулло Неъматов ва сардори шабакаҳои таъминоти барқии шаҳри Панҷакент ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаанд, ки сокинонро бо нерўи барқ таъин намоянд ва маблағи истифодаи онро сари вақт аз сокинон ҷамъоварӣ карда, дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.

Маҳадносири НАСРУЛЛО,
ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Мефахрем, ки давлати соҳибистиқлол дорем…

Чанд рўз қабл, аниқтараш, 13-уми январи соли равон чун ҳамешагӣ бо аҳли оила сари дастархони шомгоҳӣ менишастем, ки тариқи оинаи нилгун Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум пешкаш намуданд. Зимни ироаи муроҷиати хеш суханони Сарвари давлат «… Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ - 14-уми январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд»-ро шунида, ҳама хурду бузурги хонавода бо хурсандӣ кафкўбӣ намуданд.

Хурсандии фарзандонамро дида, беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд, ашки шодиву сурур… Наход пас аз гузашти беш аз 20 сол ба чунин рўз ҳам расида бошем?…

Дар ин вақт рўзҳои душвори бебарқии солҳои 90-умро ба хотир овардам. Он замон кўдаконам хурд буданду аз моҳи октябр то қариби охири моҳи апрел ба аҳолӣ ба меъёри бениҳоят кам нерўи барқ дода мешуд. Он ҳам бошад, саҳар аз соати 6 то 7:30, бегоҳ аз соати 18 то 20. Баъзан бо сабабҳои номуайян ҳолатҳое буданд, ки саҳар ё бегоҳ қувваи барқ тамоман намешуд. Маҷбур будам, пас аз корҳои рўзгордорӣ бо кўдаконам бо афрўхтани шамъ ҳамроҳ ба дарс тайёркуниашону китобхонии онҳо кўмаку назорат намоям. Азбаски ҳангоми хомўш гардидани нерўи барқ ҷорӣ шудани об ҳам қатъ мегардид, либосшўиву дигар корҳои рўзгорро бо оби кашонида ва бо шамъ ба анҷом мерасонидем. Он давраҳо аз ҳар ҷиҳат вазниниҳои зиёдеро ба ҳаёти мардуми кишвар оварда буд.

Бо гузашти айём, бо дарназардошти он, ки соҳаи энергетика аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он, азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли нерўи барқ Ҳукумати кишвар маблағҳои зиёд масраф менамояд ва мо ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гаштааст, наздик шуда истодаем.

Дар пайравии ин дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди ҷомеа рисолати шаҳрвандии хешро ба иҷро расонда, бояд дар сарфаву сариштаи нерўи барқ саҳмгузор бошад. Пардохти саривақтии маблағи истифодаи нерўи барқро, ки ўҳдадории асосиамон маҳсуб меёбад, бояд ба иҷро расонем.

Мунаввара МАВЛОНОВА,
сокини шаҳраки Палоси
шаҳри Бўстон

Читать далее

Соҳибкорон иншоотҳои сайёҳӣ месозанд

ҶДММ КМ «Зарафшон» дар мавзеи Дуобаи Шингу Моғиён нерўгоҳи барқи обии хурд бунёд менамояд. Дар ин хусус Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод. Гуфта шуд, ки нерўгоҳ корхонаи мазкурро бо барқ таъмин хоҳад кард. Ҳамзамон, бо маблағи корхонаи номбурда дар соли 2017 сохтмони мактаби инноватсионӣ дар Ҷамоати деҳоти Саразм ва кўдакистон дар назди МТМУ№3 дар назар аст. Дар назди кинотеатри тобистонаи шаҳр Маркази иттилоотиву фарҳангии ҷавонон барои 300 ҷои нишаст бунёд карда мешавад. Айни ҳол лоиҳаи сохтмон омода шудааст.

Луқмон Қурбон - сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии «Зарафшон» дастовардҳоро дар рушди иқтисодиёт, бахусус дар соҳаи сохтмон ва кишоварзӣ дар заминаи истифодаи босамар ва муваффақонаи замину об, хеле ободу зебо шудани шаҳри Панҷакент дар ду - се соли охир ва дигар амалҳои ободкориву созандагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро назаррасу муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷўҳи раиси шаҳрро ба масъалаи рушди соҳаи туризм ҷалб намуда гуфт, ки дар даврони шўравӣ Панҷакент яке аз марказҳои калонтарини сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамасола ҳазорҳо нафар хориҷиён зиёрати шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва шаҳри бостонии Панҷакент менамуданд. Вале пас аз баста шудани гузаргоҳи гумрукии Панҷакент - Ҷартеппа вуруди онҳо дар ин нуқта қатъ гардид. Барқарор намудани равуои нақлиёт ва убури шаҳрвандон аз ин гузаргоҳ орзуи деринаи сокинони Тоҷикистону Ўзбекистон аст. Аз нав фаъол намудани гузаргоҳи сарҳадӣ, сода кардани равуои шаҳрвандон, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ ва ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавре Пешвои муаззами кишвар дар Паёмашон қайд карданд, роҳҳои асосии тавсеа бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ буда, на танҳо сарчашмаи даромад мегардад, балки ба устувору босамар шудани риштаҳои дўстию бародарии халқҳои тоҷику ўзбек, густариши тиҷорат, дар маҷмўъ рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг такони бузург мебахшад. Дар робита ба ин мақоми баланди шаҳри сайёҳии байналмилалии Панҷакенти бостониро эҳё бояд кард.

Ислом Зиёзода гуфт, ки солҳои охир ҷиҳати рушди соҳа дар Панҷакент тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таҷдиди роҳи Айнӣ – Панҷакент барои ташрифи сайёҳон шароити мусоид фароҳам овардааст. Вале ҳанўз дар меҳмонхонаҳои шаҳр хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар мавзеъҳои хушманзари кўҳӣ, ки теъдоди бештари сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд, бояд ошхонаву меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд карда шаванд. ҳоло якчанд соҳибкорон барои бунёди иншооти сайёҳӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд.

Раиси шаҳр пешниҳодоти рўзноманигоронро дар бораи бунёд намудани бинои ҳозиразамон барои литсейи тиббии шаҳр, коргоҳҳои хурди саноатӣ ва ҳунармандӣ, ба итмом расонидани сохтмони иншоотҳои нотамомро дар шаҳраки Суғдиён хеле муҳим донист ва изҳор дошт, ки иншооти зикршуда дар ҳамкории қавии мақомоти иҷроияи шаҳр бо мақомоти болоӣ, ҶДММ КМ «Зарафшон» ва соҳибкорон сохта хоҳанд шуд.

Рўзноманигорон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2016 ва нақшаҳо барои соли 2017, корҳои ободониву созандагӣ, рушди варзиш ва футбол, марказҳо барои бунёди асбобҳои мусиқӣ, пешгирии худкушии шаҳрвандон, рушди моҳипарварӣ ва сабабҳои аз кор мондани коргоҳи коркарди маъдани Рукнобод таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

Ислом Зиёзода ба саволҳои намояндагони ВАО муфассал посух гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент минбаъд барои баланд бардоштани некўаҳволии сокинон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳамаи воситаю имкониятҳо истифода мекунад.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее