January 2017

19 January 2017

Шаш ҳазор гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд

Дар маҷлисгоҳи мақомоти Прокуратураи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид. Сараввал оид ба натиҷаҳои соли 2016 назди ҳозирин прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов гузориш дод.

Мавсуф изҳор кард, ки тўли ин давра ба Прокуратураи вилоят 10 086 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки 3671 адади онро мақомоти прокуратура баррасӣ карда, 657-тоаш қонеъ гашт. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва баррасии масъулияти шахсони гунаҳкор санадҳои эътиноӣ оварда шуда, 191 қарори ғайриқонунии мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 76 парвандаи маъмурӣ ва 114 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар самтҳои назорати умумӣ, қонунгузориҳо оид ба нақлиёт, гумрук, андоз, ноболиғон ва ҷавонон, ҳолати иҷрои қонунгузориҳои алоҳида мавриди санҷиш қарор гирифта, зиёда аз 15 ҳазор қонунвайронкунӣ ошкор гардида, ҷиҳати бартараф сохтани онҳо санадҳои эътиноӣ бароварда, 759 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноӣ зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида, 127 ,4 млн. сомонӣ зарарҳои моддӣ рўёнида шудааст.

Ҳамзамон, 6 ҳазор гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала оварда, вобаста ба ин 165 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Барои ғайриқонунӣ додани замин ва харидуфурўши он нисбат ба 9 нафар шахси масъули ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, 3 нафар корманди кумитаҳои идораи замин ва 6 нафар роҳбари хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти иҷроия ва худидоракунии шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ҳолатҳои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон ошкор карда, баҳри бартараф сохтани онҳо 606 санадҳои эътиноӣ, аз ҷумла 362 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ҳамзамон, прокурори вилоят дар бораи фаъолияти муассисаҳои фарматсевтӣ, вазъи ситонидани бақияи андоз, оид ба сифати таълиму тарбия дар дабистонҳои вилоят, ва вазъи ҷинояткорӣ фикру андешаи худро баён дошт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

18 January 2017

Ҷанбаҳои маърифати ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷати сарнавиштсоз

Чаҳорчўбаи фаъолияти кори ҳар як соҳаи давлат, аз ҷумла иҷрочиёни судӣ, қабл аз ҳама, аз Паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ҳар Паёми Сарвари давлатамон ғоя ва назари навро оиди рушди минбаъдаи давлату ҷомеа дар бар гирифта, дар Паёми навбатӣ низ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз диди нав матраҳ ва дар навбати худ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаи мо барои як марҳалаи томи оянда муайян карда шуданд.

Яке аз хусусиятҳои асосии Паём дар маркази таваҷҷўҳ қарор гирифтани масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар ин росто, сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои занон, ҷавонон, маориф, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ бори дигар мавриди таваҷҷўҳ ва дурнамои ин соҳаҳо мушаххас карда шуданд.

Президент ба масъалаи ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар мисли ҳамеша аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Бори дигар таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон фақат як бахши соҳавии сиёсати давлат набуда, ҷавонон худ беш аз 70 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил менамоянд ва дар тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар фаъолият доранд.

Дар Паём таъкид шуд, ки мақсади асосии талошҳои давлат тарбияи наслест, ки дар оянда Ватан ва кишвари худро ҳимоя ва соҳибӣ карда тавонанд. Бахши дигари Паём вазифаҳои асосиеро, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба миён гузошта шудаанд, дар бар гирифта, роҳҳои татбиқи онҳо таъкид гаштаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар Пешвои миллат ба рушди омили инсонӣ махсусан таъкид намуда, онро дар маркази таваҷҷўҳ қарор доданд. Зеро рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, дар ниҳоят таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандонро дар назар доранд. Аз ҷумла, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, ки бевосита беҳбуд ёфтани вазъи моддӣ ва сифатии зиндагии аҳолиро таъмин мекунанд, аз ҷониби давлат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Нуктаи бисёр муҳими Паём таъкиди Сарвари давлат ба рушди илм ва ба даст овардани самаранокии он буд. Дар ин бахш хусусан, масъалаи пайвасти бевоситаи илм бо истеҳсолот ва рушди технологияҳои инноватсионӣ нақши муҳим ва ояндасоз доранд. Бисёр бамаврид зикр шуд, ки дар шароити имрўза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳа маҳсуб меёбад. Бо мақсади рушди ин соҳаи самараноки илм пешниҳод шуд, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмӣ ва паҷўҳишӣ ҷалб карда шаванд.

Дар Паёми имсола доир ба ташаккули минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба сатҳи сифатан нави фаъолият бардоштани ин мақомотҳо, аз ҷумла мақомоти иҷрочиёни судӣ ниҳодҳои дахлдори давлатӣ вазифадор ва аз рўи диди нав ба онҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.

Аз ҷониби Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам боло бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум пешниҳод гардид, ки омўзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ворид карда шаванд. Татбиқи ин пешниҳоди муҳим боиси баланд рафтани маърифати ҳуқуқии насли наврас гашта, дар рушди сифатии ҷавонон таъсири бисёр нек хоҳад гузошт. Илова бар ин, маърифати баланди ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҷавонони мо аз хатарҳои глобалии имрўза, хусусан, аз гароиш ба гурўҳҳои террористиву экстремистии муосир эмин монанд. Зеро паҷўҳишҳо нишон медиҳанд, ки маҳз набудани тафаккури солими ҷамъиятӣ ва маърифати зарурии ҳуқуқӣ яке аз сабабҳои ба доми чунин гурўҳҳо афтодани баъзе аз ҷавонон мегардад.

Чунонки Сарвари муаззами мо гаштаю баргашта таъкид менамоянд, рушду тараққиёти кишвар ба меҳнати софдилонаю содиқонаи ҳар яки мо, дар кадом мақом ё вазифае, ки кор накунем, вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин хотир, мо-иҷрочиёни судӣ ҳамеша кўшиш менамоем, ки ҳар дастуру ҳидояти Сарвари давлатамонро, ки аз Паём бармеояд, сармашқи кори худ қарор дода, ба натиҷаҳои хуби фаъолиятамон ноил гардем, зеро Паём нерўи асосии суръатбахшандаи фаъолияти кории ҳарсолаи мо аст.

Маҳмадӣ МИРЗОЕВ,
иҷрочии калони Суди иқтисодии
 вилояти Суғд,
Искандар ИБРОҲИМЗОДА,
иҷрочии Суди иқтисодии
 вилояти Суғд

Читать далее

Муаррифии шоирони ҷавон

Нишасти 147-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” санаи 17 – уми январи соли равон дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят бо иштироки адибон, қаламкашони ҷавон ва мухлисони шеъру адаб баргузор гардид.

Доир ба мўҳтавои “Паёми Пешвои миллат – ҳамчун равшангари имрӯзу фардои кишвар устоди ДДҲБСТ Саидумрон Саидов маърўза намуда доир ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маънавиёти мардум ва баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва бонувон дар ҷомеа изҳори ақида намуд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунзифа Ёрмирзоева китобҳои илмиву адабии давоми як моҳ нашргардидаро муаррифӣ намуд. Аксарияти китобҳо бори аввал аст, ки бо забони тоҷикӣ рўи чоп омадаанд. Ин китобҳо аз забони арабӣ тарҷума шуда, барои омўзиш ва таҳқиқ самараи хубе хоҳанд дод, зикр намуд М. Ёрмирзоева.

Қаламкашони ҷавон Таҳмина Раҳмиддинзода, Робиаи Хуҷандӣ, Салоҳиддин Раҳматов аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуданд. Зикр гардид, ки чун имсол аз ҷониби Сарвари кишвар соли ҷавонон эълон гардид, минбаъд дар ҳар маҳфил қаламкашони ҷавон низ баҳри дўстдорони илму адаб муаррифӣ карда мешавад.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод дар мавзўи “Маҳфилҳои адабӣ ва парвариши завқи суханшиносӣ дар таърихи адабиёти тоҷик” баромад намуда, мафҳилҳои шоирон ва адибони бузурги замони гузаштаро ёдовар гардид.

Садри маҳфил С. Саидов қайд кард, ки соли равон баргузории нишастҳои маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он дар назар дошта шудааст. Дар поёни маҳфил ба иштирокдорони фаъол тўҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Истамчони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Роҳ – асоси пешрафти иқтисоди миллӣ

Роҳсозию роҳкушоӣ рисолати азалии халқи кўҳан - бунёди тоҷик буда, он тайи асрҳо моҳияти иқтисодию иҷтимоии худро гум накардааст ва мисоли барҷастаи он «Роҳи абрешим» аст, ки дар таърихи инсоният бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳи абрешим» эҳё гардида, кишвари азизамон ба шоҳроҳҳои азими мамолики мухталиф пайваст.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, чун истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Чӣ тавре ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Дар шароити кўҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 км роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шуданд. ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад».

 Дар ин раванд соли 2015 таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 км ба маблағи 700 миллион сомонӣ ба итмом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар такони нав бахшид.

 Айни ҳол таҷдиди роҳи автомобилгарди Исфара-Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз гардида, босуръат идома дорад.

 Бино ба маълумоти сармутахассиси шўъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Т.Ашўров, дарозии умумии роҳҳои автомобилгард дар қаламрави вилоят 8130,5 км буда, 439,3 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 389,3 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 2343,2 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, 3171,8 км роҳҳои истифодаи умум ва 1786,9 км роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Бо иқдоми Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ Барномаи вилоятии «Соли 2014-Соли роҳҳои обод» таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд. Татбиқи барномаи мазкур имконият фароҳам овард, ки 2826,4 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 173,7 км пурра мумфарш, 1332,4 км таъмири ҷорӣ ва 1320,3 км шағалпўш карда шуданд. Барои иҷрои нақшаи барнома 103,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети вилоят 41,1 миллион сомонӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30,7 миллион сомонӣ ва боқимонда маблағ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, соҳибкорон, сокинон ва корхонаву муассисаҳо равона карда шуд.

Бо дарназардошти он, ки қабули Барномаи вилоятии «Соли 2014-Соли роҳҳои обод» аз ҷониби қишрҳои гуногун мавриди дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, соли 2015 он идома ёфта, давоми сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3640,9 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 225,3 км таъмири асосӣ, 1442,3 км таъмири ҷорӣ ва 1973,4 км шағалпўш карда шуданд.

Барои иҷрои нақшаи барномавӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,7 миллион сомонӣ, аз буҷети вилоят 41,2 миллион сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 594,7 ҳазор сомонӣ, барои таъмири роҳи автомобилгард тавассути ағбаи Оббурдон аз буҷети вилоят 200,0 ҳазор сомонӣ ва барои харидорӣ ва васли лўлаҳои обгузар дар роҳи номбурда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 24 ҳазор сомонӣ, инчунин аз ҳисоби Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят 10000 литр сўзишвории дизелӣ ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ҷудо карда шуд.

Тибқи нақшаи таъмири роҳҳои автомобилгард, дар соли 2016, ки аз ҷониби Раиси вилоят тасдиқ гардида буд, то имрўз ҳолати техникии 2597,1 км роҳҳои автомобилгард беҳтар гардонида шуд, ки аз он 99,2 км таъмири асосӣ, 1237,1 км таъмири ҷорӣ ва 1260,7 км шағалпўш шудааст.

Дар маҷмўъ, давоми солҳои 2014-2016 дар миқёси вилоят 498,2 км роҳҳо пурра мумфарш ва 4011,8 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Бо ин мақсад аз буҷети вилоят 108,7 миллион сомонӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 52,6 миллион сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 1,9 миллион сомонӣ, соҳибкорон, сокинон ва корхонаву муассисаҳо 34,0 миллион сомонӣ, ҷамъ 192,7 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, гарчанде ки маводҳои зиддилағҷиш, сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар маводҳо ба миқдори зарурӣ дар МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят» омода карда шуда бошад ҳам, ҳолати техникаву механизмҳои роҳдорӣ беҳбудиро металабад, зеро қисми зиёди онҳо кўҳнаву фарсуда гардида, ба талаботи имрўза ҷавобгўй нестанд.

Масъалаи дигар ин нарасидани аломатҳои роҳ аст. Чунончӣ, тибқи нақшаи ҷобаҷогузорӣ бояд дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 17828 адад аломатҳои роҳ гузошта шавад, дар асл бошад, 14329 адад гузошта шудааст, ки нисбат ба нақша 3499 адад кам мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки имрўзҳо ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва бо сифати баланд ба итмом расонидани марҳалаи якуми шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов (аз сарҳади Қирғизистон то мавзеи Кўчкаки шаҳри Конибодом ва аз деҳаи Деҳмой то гузаргоҳи сарҳадии "Маданият"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов) бомаром идома дорад.

Масъулин изҳор доштанд, ки корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Исфара - Конибодом – Ҷаббор Расулов бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2016 расман ифтитоҳ гардида, имрўзҳо корҳои таҷдиди роҳ аз ҷониби ширкати «Чайн рейвейл ВУҶУ груп Корпорейшен» босуръат дар самтҳои Деҳмой-Пролетар, Пролетар - Маданият, КИМ-Кўчкак, Исфара - КИМ, Конибодом-Патар идома дошта, барои иҷрои корҳо 144 адад техникаву механизмҳо, 285 нафар коргарону муҳандисон, ки 225 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сафарбар гардидаанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Раҳнамои мо

Соҳаи маориф аз ҷумлаи муҳимтарин дар самти тарбия ва таълими замонавӣ маҳсуб ёфта, дар ин соҳа, бешубҳа, ашхоси зиёӣ ҷамъ омадаанд ва пайваста бо малакаи доштаи худ паи таълиму тарбияи насли сазовори даврон мебошанд. Ҳадаф ва мақсаду мароми онҳо ин тарбият ва ба камол расонидани насли ояндасози миллат аст.

Кормандони идораи маорифи шаҳри Хуҷанд баъд аз шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як корманди ин даргоҳ азм намуд, ки боз ҳам бо қувва ва дониши дучанд баҳри саводнок ва бомаърифат гардонидани насли наврас, бо истифода аз донишу малака ва истеъдодашон дар тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои гуногун ҷаҳд менамоянд.

Дар Паёми хеш Сарвари давлат қайд карданд: барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ на ба шумора, балки ба сифати он диққат дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷўҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомўзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд.

Бо бардоштҳо аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат аҳли кормандони маориф дар оянда низ азм доранд, бо қувваи дучанд ва дониши воло тамоми малакаву истеъдоди касбии хешро ба тарбияи сазовори насли наврас равона намоянд.

Малоҳат Очилова,
омўзгори Муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №9, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Озодиву истиқлолият - дастоварди бузург

Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҳлилу тадқиқи ҳаматарафаи илмии паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ ва ҳам фарҳангии кишварамон ба эътибори халқи барўманди Тоҷикистони соҳибистиқлол пешниҳод гардид. Паёми навбатии Роҳбари давлатамон бо назардошти самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвармон, чӣ тавре ки таъкид рафт, дар даврае пешниҳод мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, халқи азизи кишварамон ба сўи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад.

Тоҷикистони азиз давоми чаҳоряк аср маҳз ба шарофати сиёсати босуботу хирадмандона ва ояндабини Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо ҳамаи ин корҳоро баҳри таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ анҷом додем, зеро озодиву Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту дифоъ мекунем.

Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид карданд, ки халқи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба душвориҳои вазнин рў ба рў шуд. Мардуми саодатманди Тоҷикистон давраи озмоиши сахту сангинро таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намуда, барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз роҳи тараққиёт чандин даҳсола ақиб партофт ва анқариб даҳ соли Истиқлолият тамоми талошҳо ва имкониятҳои ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани оқибатҳои он сарф гардид.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини сиёсии хеш аз ибтидои солҳои 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардид. Маҳз, тадбирҳои дар ин давра андешидаи ҳукумати кишвар, аз ҷумла оғози ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмини қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафили пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ гардиданд.

 Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ дар баробари дастовардҳо дар бораи камбудиву мушкилоти дар вазъи воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон пешомада ибрози ақида намуданд, ки корҳои то ҳол амалигардида ва дастовардҳои соҳибшудаамон ҳанўз талаботи имрўзаро пурра қонеъ карда наметавонанд, зеро мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва ҳалли онҳо ҳукумати Тоҷикистонро водор сохт, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамўҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро қабул намояд. «Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем».

Дар баробари ин Роҳбари давлат масъалаи сифати таълиму тадрис ва илмро баррасӣ намуда, дар шароити муосир нақши калидӣ доштан ва ба рушди давлат мусоидат кардани онҳоро ёдрас намуданд. Талаби мазкур устодон, олимонро водор месозад, ки пурмаҳсул меҳнат намуда, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббуси илмӣ намоянд, нафарони лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷў ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда шаванд. Президенти мамлакат дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ доштани масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашариро таъкид ва муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоиро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи Истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Дар ҳақиқат, дар шароити муосири олами рушдкардаи техника ва технологияи иттилоотӣ, дар замони таҳоҷуми фарҳангӣ, бархўрди тамаддунҳо ва муборизаву набардҳои иттилоотӣ, зарба задан ба пояҳои ахлоқии ҷомеа ва паҳну пахши иттилооти ғайриахлоқӣ ва дар ин замина пиёда сохтани сиёсати ғаразноки абарқудратҳо ва барпо намудани моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз пеш ҳамчун василаи таъсирбахши нерўҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд, ки ташвишовар аст. Мушкил он аст, ки объекти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ба ном озод бевосита ҷавонон қарор мегиранд ва натиҷааш ба ҳамагон маълум аст. Пешвои миллат ба ин табақаи иҷтимоӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон қарор додаанд.       

Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муваффақияти Тоҷикистон, дар дасти худи мо, тоҷикистониён аст, зеро мо чӣ қадаре, ки поквиҷдонона, самимона, меҳанпарастона, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ба халқу Ватани маҳбубамон, ба хоку заминамон, ба арзишҳоямон муносибат намоем - ҳамон қадар ба дастовардҳо соҳиб мегардем. «Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кўшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт».

 Ҷ.ЁҚУБОВ,
 номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,
дотсенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
 ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

17 January 2017

Нишасти хабарии Абдураҳмон Қодирӣ

Имрӯз, 17 январ дар Кохи матбуоти маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид, ки дар он 70 нафар журналистони расонаҳои гуногун иштирок намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ Раиси вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2016 маълумот дода, афзуд, ки сокинони вилояти Суғд 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд ва дар доираи “500 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба пешвози ин ҷашн эълон шуда буд, як қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ ба анҷом расонида шуд.

Читать далее

Тарғиби Паём дар маҳал

Ҷиҳати ба самъи аҳолии маҳал расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон санаи 14-уми январ мулоқот доир гардид.

Мулоқотро раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Ҷамоат хайрамақдам гуфт.

Баъдан аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ шарҳу тавзеҳи  пурраи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, зикр гардид, ки ҳадафи асосии ҳукумати кишвар таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад.

Дар интиҳо мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов оид ба дастгирии давлатии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон”-ро беҳтарин василаи дастгирии давлатии ҷавонон унвон кард.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мулоқот бо дигар қишрҳои ҷомеаи шаҳр ба нақша гирифта шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Осим Каримзода: Дар иҷрои рисолати омӯзгори саҳланкорӣ накунем

Дар таърихи 11-уми январи соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки  беш аз 700 нафар омӯзгори шаҳру навоҳии вилоят- хатмкардагони  курсҳои бозомӯзии филилали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорону раёсату  мудирони шӯъбаи маорифи  шаҳру ноҳия  таҳти унвони “Паём- роҳнамои имрӯзу фардо” ҷаласа доир гардид.

Сардори Оаёсати маорифи вилоят Осим Каримзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, фаъолияти  соҳаи маорифчиёни вилоятро дар партави  нуқтаҳои  Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳлил кашид. Аз ҷумла қайд кард, ки нишондиҳандаҳои  ба зинаи сеюми таҳсилот фарогирии хатмкунандагони синфи 9, қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ  хурсандибахш аст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ торафт густариш меёбад,  норасогии  омӯзгорон   пурра барҳам дода шуда, ба хотири дастгирии директорони мактабҳо, омӯзгорон ва толибилмони боистеъдоди онҳо, ки  дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ  ҷойҳои  ифтихориро сазовор мешаванд, қарори махсуси Раиси вилоят ба тасвиб расид.

Номбурда ҳамзамон аз камбудию норасогиҳои соҳа ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпиадаҳо дар аксари шаҳру навоҳӣ кам гардид. Барномаи давлатии ташкили лаборатория ва озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳамагӣ  71 дар сад иҷро шуд, мавҷудияти  компютерҳои корношоям дар мактабҳо таваҷҷуҳи масъулинро хоҳон аст.

Мавсуф роҳҳои  ба зинаи сеюми таҳсил ҳарчӣ бештар  ҷалб  намудани толибилмон,  пешгирии даст ба амалҳои худкушӣ задани хонандагон ва ҷиноятсодиркунии онҳоро баён дошта, қайд намуд, ки  дар иҷрои рисолати омӯзгорӣ ҳар як нафар масъулият эҳсос намояд.

Музокирачиён, хатмкунандагони курси бозомӯзӣ МЭЛС Нуров- омӯзгори литсейи Президентии шаҳри Бӯстон, Муяссар Фозилова- омӯзгори мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд, Хурсандмурод Шарипов- омӯзгор аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, Насиба Ахмедова омӯзгор аз шаҳри Исфара, Муҳаббат Мамадҷонова, мутахассиси пешбари филилали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд, Сарвиноз Эшматова омӯзгор аз шаҳри Истаравшан ва Инобат Бобоева, омӯзгор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд, ки  аз Паёми навбатии Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар партави он сидқидилона меҳнат мекунанд. Инчунин онҳо миннатдории хешро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати маорифи вилоят ва филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои омодасозии шароити хуби таҳсил баён доштанд.

 Сипас директори филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд  Муҳаммадҷон Исоматдинов ва сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба сарварони гурӯҳҳои курсҳои бозомӯзӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатмро супориданд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи тарғиботӣ аз ҳисоби собиқадорон, ҷавонону бонувон ва адибон дар Қисми ҳарбии 04533-и ноҳияи Деваштич мулоқот баргузор намуданд. Чорабиниро мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, аъзои Шўрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» - Бунафша Қутбиддинова ифтиҳоҳ намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон доштани Сарвари давлат ва ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ибрози андеша намуд.

Собиқадори ҷангу меҳнат Абдуворис Орипов дар мавзӯи «ҳифзи Ватан-Модар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст» ва имом-хатиби масҷиди марказии ноҳия Наҷмиддин Бобоҷонов «Дӯст доштани Ватан аз имон аст» маърӯза намуданд. Шоирон Сироҷиддин Осимӣ, Гулзода Абдуваҳидова, Зайниддин Қаландар шеърҳои эҷодкардаи худ дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Модарро барои сарбозону афсарон қироат карда маҷмӯаҳои шеъриву китобҳояшонро барои сарбозон тақдим намуданд. Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила Замира Аҳмадҷонова дар суханронии хеш оид ба дастгириву кӯмаки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сарбозону афсарон ҳарф зада қайд намуд, ки ҳар як ҷавони сарбаланд бо хизмати содиқонаи худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Сарбози қаторӣ Хуршед Деҳқонов зимни баромади хеш, махсусан нисбат ба тамоми шароитҳои арзандаи хизмат ва инкишофи ҷисмониву маънавӣ ба роҳбари боадолату ғамхори Ватан – Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннадорӣ намуда, ваъда дод, ки ҳар кадом қарзи муқаддаси худро бошарафона адо намояд кард:

Ҳамчунин муовини командири дивизия подполковник Парвиз Боев изҳор кард, ки аз дастовардҳои рўзафзуни мамлакат, махсусан аз зиёд шудани вақти додани нерўи барқ ба аҳолӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки баҳри таъмини сулҳу оромии Ватан ва афзун шудани дастовардҳои сокинони кишвари азизамон тамоми ҳастиву нерўи худро ба харҷ медиҳем.

Лоиқ Тӯйчиев,
мутахассиси таблиғоту иттилооти КИН
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее