January 2017

17 January 2017

Иқтидори зеҳнӣ - сармояи давлати миллӣ

Ҳар як ҷомеа ва давлат барои рушду нумўи худ аз имконияту захираҳои гуногун истифода менамояд. Агар дар давраҳои пешина иқтидори асосии давлатро нерўи ҳарбӣ ва ҷисмонӣ ташкил медод, пас дар асри ХХI иқтидори фикрӣ ва зеҳнии инсон нисбат ба ҳар нерўи дигар афзалият пайдо намудааст. Бо назардошти аҳамияти баланд доштани сармояи инсонӣ дар пешрафти давлат кишварҳои мутараққӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, якум, сифати нерўи инсонии давлатро баланд бардоранд ва, дуввум, бо истифода аз барномаҳо ба давлати хеш нерўи инсонӣ ворид намоянд.

Бо роҳи таъсиси барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон, муҳайё намудани шароити хуб барои мутахассисони дараҷаи баланд ва барномаҳои дигар даҳҳо чунин барномаҳо айни ҳол амалӣ мегарданд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳарчи бештар сифати нерўи инсонӣ баланд бошад, ҳамон қадар заминаи рушди давлат фароҳам мегардад. Имрўз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳоеанд, ки бо истифодаи нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, ҷавонон захираи муҳими давлат ва ояндаи Тоҷикистон ҳастанд. Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин масъала таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҷавонон, баланд бардоштани донишу маърифат, малака, забондонӣ ва касбомўзии онҳо диққати махсус медиҳанд. ҳамин тавр, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба мавзўи ҷавонон ва рушди нерўи инсонӣ таъкиди махсус намуданд ва инро метавон яке аз нуктаҳои асосии Паёми имсола номид. Президенти кишвар бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Дар ҳақиқат, сармояи бузурги ҳар як давлат ҷавонони созандаву бунёдкор ва босаводу худшинос маҳсуб меёбанд. Пас, мавзўи инкишофи таълиму тарбия ва баланд бардоштани нерўи ҷавонон масъалаи ҳамешагии давлат буда, барои рушду нумўъ ва ояндаи давлат аҳамияти басо муҳим дорад.

Давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳаёти ҷавонон, ҳам аз нуқтаи назари қонунгузорӣ, ҳам аз лиҳози маориф, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, рушди варзиш ва касбомўзӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Вале баробари ин то ҳол ба таври зарурӣ барои инкишофу баланд бардоштани нерўи инсонӣ корҳои ба анҷом расида кофӣ намебошанд. Ба андешаи мо, дар самти баланд бардоштани нерўи ҷавонон бояд чунин корҳои муҳим ба анҷом расонида шаванд: наврасону ҷавонон мунтазам бо варзиш фаро гирифта шаванд; марказҳои рушди ҷавонон таъсис дода шавад; тафаккури созандагӣ, ки нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷавононро ба ободкорӣ равона мекунанд, тарғиб карда шавад; фарҳанги меҳнатдўстӣ тарбия карда шавад.

Таълиму тарбияи ҷавонони худшинос, худогоҳ, бомаърифат ва хештаншинос барои ҳар як ҷомеа вазифаи муҳим мебошад. Падару модар, ҷомеа ва давлат метавонанд, бо кўшишу талош ҳамеша барои ҷавонон шароити хуб фароҳам оваранд. Вале, гузашта аз ин, омода намудани ҷавонон барои зиндагии фардо ва ояндаи давлат аз ҳама муҳим мебошад.

Шўҳрат САИДОВ,
раиси Шўрои олимони ҷавони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ҲАДАФ: ТАРFИБИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ

Дар ноҳияи Спитамен вохўрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурўҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон оид ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Дар деҳаи Ҳаштяки Ҷамоати деҳоти Куруш бо иштироки фаъолони деҳа ва мардуми касбу корашон гуногун вохўрӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам ифтитоҳ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов дар бораи ҳадафҳои асосии Паём сухан кард. Як зумра иштирокчиён баромад намуданд, ҳамчунин саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар Қасри фарҳанги ноҳия низ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурўҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ доир гардид. Дар вохўрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиббек Бухориев, Аҳмадҷон Қобилов, Мирзоанвар Ахмедов ва гурўҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроҷиддин Наботов иштирок намуданд.

Вакилон Толиббек Бухориев, Меҳроҷиддин Наботов, Мирзоанвар Ахмедов, Аҳмадҷон Қобилов нуктаҳои пурмўҳтавои Паёмро ба иштирокчиён фаҳмониданд.

Сокинони ноҳия Шаҳрӣ Муҳиддинова ва Худойқул Ҳазратқулов ба сухан баромада, фикру ақидаи худро баён намуданд.

Чунин вохўрӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори литсейи рақами 1 низ баргузор гардид.

Вакилон нуктаҳои Паёмро ҷиҳати афзудани буҷет дар соли 2017, амалигардонии тадбирҳо дар самти пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, рушди сайёҳӣ дар кишвар, дастгирии занон, тарбияи фарзандон, пос доштани волоияти қонун, дар таълимгоҳҳо ба роҳ мондани омўзиши ҳатмии Конститутсия, омўзиши забонҳо, таҳсил дар хориҷа, эълон гардидани Соли ҷавонон муфассал фаҳмониданд.

Пирмуҳаммад ПИРЗОДА,
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Раҳнамои ҳаёти ҷавонони кишвар

Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи аҳамияти таърихиаш дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барои дурнамои тараққиёти кишвар то соли 2030, воқеан, рўйдоди муҳимтарини ҷамъиятиву сиёсӣ мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат муроҷиатан ба мардуми шарифи кишварамон ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи ҷавонон, кору фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо ҳамчун ояндасозони давлату миллат аҳамияти махсус зоҳир гардида, аз ҷумла таъкид шудааст, ки “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад”.

Хотирнишон бояд кард, ки Тоҷикистон давлати ҷавон асту ҳисоби миёнаи синну соли аҳолиаш 24 - сола мебошад ва 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30 - сола ташкил медиҳанд.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид шудааст, ки солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити ҷавобгў ба талабот ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ва бо ин мақсад мусоидат дар рушди соҳаи маориф аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар робита ба ин матлаб изҳор ёфт, ки тайи ин солҳо 2500 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ карда шуданд. Танҳо дар давоми соли 2016-ум 201 бинои таълимӣ бунёд ва навсозӣ карда шуда, 39 ҳазор ҷои нишасти толибони илму дониш муҳайё гардид. Агар то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 70 ҳазор нафар донишҷў фаъолият дошта бошад, алҳол миқдори онҳо ба 39 адад ва шумораи умумии донишҷўён то ба 170 ҳазор нафар афзудааст. Дар канори ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, то ки ҳамчун мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ба камол расида, барои хидмат ба халқу Ватани хеш, пешбурди соҳоти мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол баргарданд.

Паём Барномаи хирадомўз ва дурнигаронаи такмил ва ба талаботи замону ҷаҳони муосир мутобиқ намудани таълиму тарбияи ҷавонони ояндасози Тоҷикистон ва ҳамаҷониба дастгирию амалӣ намудани иқдомҳои созандаи онҳо маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин ҳадафҳои наҷиб Пешвои миллат вазифаро дар ин ҷода дақиқан муайян ва мушаххас намуда, дастуру супоришҳои зерини саривақтӣ ва ояндабинона доданд:

Якум, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки омўзиши ҳатмии Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд. Ёдовар бояд шуд, ки мутобиқи тағйиру иловаҳои санаи 22 майи соли равон ба моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида “...фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд”.

Дувум, таъкид гардид, ки “...баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад”.

Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки “...дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.

Сеюм, Пешвои миллат аз устодону омўзгорон талаб намуданд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои азбар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомўзии шогирдону фарзандон ҷалб намуда, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд.

Чаҳорум, таъкид гардид, ки масъулин бояд барои ташкил намудани маҳфили техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Таваҷҷўҳи Пешвои миллат ба ин масъала дар Паём бори дигар муфассири ин амри муҳим аст, ки воқеан зоҳир намудани аҳамият ба афзалияти ин масъала дар баробари кашфи истеъдодҳои нодир барои рушди пояҳои моддиву техникии иқтисодиёти миллӣ замина фароҳам хоҳад овард, зеро навовариву ихтироъкорӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати рушди саноат ва дар маҷмўъ иқтисодиёт аст. Ин дар ҳолест, ки яке аз ҳадафҳои аслии Тоҷикистон дарозои дурнамои рушди даҳсолаҳои оянда табдил додани кишвар аз ҷумҳурии аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад ва барои расидан ба ин мақсади наҷиб, пеш аз ҳама, кадрҳои навовару ихтироъкор заруранд.

Панҷум, дастур дода шуд, ки то соли 2019 дар мамлакат норасоии кадрҳои омўзгорӣ пурра бартараф карда шавад. Таъкид гардид, ки таъмини мактабҳои деҳот бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ 70 фоизро ташкил медиҳанд ва барои бартараф намудани норасоии омўзгорон аз фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Таъмини мукаммали макотиби таҳсилоти умумӣ бо омўзгорон, бешак, зербинои аслии рушди минбаъда ва расидан ба ҳадафҳои наҷиби тараққиёт дар марҳалаи нав ба шумор меравад, зеро танҳо тавассути тарбияи насли солиму босавод ва донишманд мо метавонем, ба камолоти кадрҳои ҷавобгў ба талаботи ҷаҳони муосир муваффақ гардем.

Шашум, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди хеш ба сўи бунёди кишвари саноативу кишоварзӣ қадам гузошта истодааст ва талабот ба кадрҳои касбҳои техникӣ ва технологӣ дар чунин шароит афзун мегардад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо мақсади дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмун ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар масъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонони ояндасози кишвар таҷассум ёфтаанд, вазифаи муҳим ва мақсади наҷиби ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар ба шумор мераванд, зеро ин матлаб воқеан барои фардои дурахшони кишвар ва таъмини зиндагонии шоистаи тамоми мардуми Тоҷикистон аз хурд то бузург равона шудааст. Пешвои миллат, аз ҷумла дар ин самт қайд намуданд, ки “...Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Аз ин таъкид бори дигар равшан мешавад, ки воқеан, ба таъбири худи Пешвои миллат, “ҳар тадбири муҳим ва наҷибе, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонони кишвар равона шудааст”.

Боварии комил дорем, ки ҳар шаҳрванди бонангу худогоҳи кишвар ин ҳадаф ва дастурҳои фардосозро сармашқ ва номаи ҳидояти хеш қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии ҳар яке аз онҳо, ки ҳамагӣ ба таъмини зиндагонии шоистаи мардуми кишвар равона гардидаанд, иқдом ва талош хоҳанд намуд.

Абдуҷалил Бобокалонов,
муовини аввали раиси Шўрои Ҳаракати
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи
Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Нуралӣ Нурзод,
мудири кафедраи адабиёти
классикии тоҷики Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

16 January 2017

Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ суръат гирифт.

Дар ин маъракаи муҳим сокинон ба ҳашар баромада, бо шинонидани ниҳолҳои гуногун дар сарсабзиву хуррамии диёр саҳм гузоштанд. Дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки теъдоди зиёди сокинон  маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд. Раиси вилоят дар ин мавзеъ худ бевосита дар шинонидани ниҳолҳо иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба шаклдарории ниҳолҳо ба мутасаддиёни соҳа маслиҳатҳои муфид дод.

Читать далее

Назорати қатъии сифати доруворӣ - масъалаи асосии соҳаи тандурустӣ

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат баробари таҳлили амиқи соҳаҳои мухталифи мамлакат ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ низ баҳо дода, аз ҷумла таъкид доштанд: «…назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад…. Имрўзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад».

Марбут ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат мо сўҳбате доштем бо сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Қувватзода Диловар Қувват.

Мавсуф аз ҷумла чунин гуфт:

- Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бамаврид аст, ки новобаста аз муборизаҳои шадид ва чораҷўиҳои қатъӣ масъалаи пешгирии маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгў набуда дар ҷумҳурӣ ва, ҳатто, берун аз ҳудуди он бисёр ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, дар яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ-вилояти Суғд низ масъалаи мазкур, тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, зери назорати қатъии ҷомеаи меҳнатии мо қарор дорад, ки мехоҳам, гуфтаҳои худро бо далелҳои дақиқ асоснок созам.

Давоми соли 2016 аз тарафи мутахассисони Раёсати мо дар муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ санҷиш ва назоратҳои нақшавӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 833 номгўй ба миқдори 17049 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббии мўҳлати истифодабариашон гузашта, 3301 номгўй ба миқдори 202570 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, 9 номгўй ба миқдори 810 адад маводи дорувории ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда дарёфт гардид. Нисбати камбудиҳои ошкоргардида бо талаботи моддаҳои 121 ва 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 164 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи умумии 372400 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, ин маблағ ба буҷаи давлат гузаронида шуд.

-Солҳои охир соҳибкории инфиродӣ дар самти дастрас намудани дорувориҳо берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ривоҷ ёфтааст. Дар фаъолияти онҳо чӣ камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд?

-Мутаассифона, тавре дар боло зикр кардам, бо вуҷуди муборизаҳои сахт, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни соҳибкорони инфиродии дастраскунандаи маводҳои тиббӣ камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Дар акси ҳол кормандони мо нисбати 420 нафар соҳибкори инфиродӣ, муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо амрномаҳо ирсол намекарданд.

Мутаассифона, аз маълумотҳо бармеояд, ки камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода аз тарафи табибони алоҳида низ зоҳир карда мешаванд. Соли рафта бо ҷурми риоя накардани талаботи қонунгузории фаъолияти фармасевтӣ ва ошкор гаштани камбудиҳо аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои табобатию профилактикии зери назорат қароргирифта нисбати 61 нафар табиб муҷозоти интизомӣ дар намуди огоҳӣ, сарзаниш ва танбеҳ татбиқ карда шуд.

Давоми сол чор маротиба бо иштироки ҳайати комиссия дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раёсати Хадамот бо тариқи сўзонидан 4678 номгўй ба миқдори 538394 адад ба маблағи 2688144,2 сомонӣ, ба андозаи 20670 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении хусусияти табобатӣ доштаи мўҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ несту нобуд карда шуданд.

-То андозае, ки огаҳ ҳастем, дар назди Раёсат КВД “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ” фаъолият мебарад. Мушаххас дар бобати фаъолияти он маълумот медодед?

- Воқеан ҳам қайд кардан бамаврид аст, ки дар назди Раёсати КВД “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ” таҳти роҳбарии Иззатулло Ғаффоров фаъолияти босамар дошта, озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири зарурӣ таъмин гардонида шудааст. Аз ҷумла, соли 2016 якчанд таҷҳизоти муосир, аз қабили спектрофотометр, PH –метр, ариометр, магнитная электромешалка ва ғайраҳо барои озмоишгоҳ харидорӣ ва насб гардонида шуд, ки ин боз ҳам барои босифату фаврӣ ташхис намудани маводи доруворӣ ва ороишӣ мусоидат менамояд.

Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертизаи озмоишгоҳи маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ”-и назди Раёсати Хадамот дар давраи ҳисоботии соли 2016-ум 12558 номгўй маводи доруворӣ мавриди ташхис қарор гирифтанд, ки аз ин миқдор 9 номгўй маводҳои доруворӣ ба меъёрҳои талаботи стандартӣ ҷавобгўй намебошанд. Инчунин,8217 номгўй маводҳои ороишию гигиенӣ ва иловагиҳои фаъоли биологӣ зери ташхис қарор гирифт, ки аз инҳо 13 номгўяш ба меъёри талаботи стандартӣ ҷавобгўй нестанд. Иловатан, дар анборҳои доруи ҶДММ “Сифат-1”, “Комрон А”, “МИН”, “Уфуқ”, “Табиб фарм”, “Азия Фарм”, “Фарм Мед”, “ХШБ” назорат гузаронида шуда, дар натиҷа 131 номгўй ба миқдори 2475 адад маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ва 133 номгўй ба миқдори 1301 адад маводи дорувории мўҳлати истифодабариашон гузашта дарёфт карда, тибқи санад, аз муомилот гирифта шуд.

- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар маросими ифтитоҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил дар шаҳри Ваҳдат зимни суханронӣ оиди таъмин ва истифодаи дорувориҳои ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгўй дастур дода буданд. Дар ин ҷода аз ҷониби муассисаи Шумо чӣ тадбирҳо амалӣ гардид?

-Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар муассисаҳои фармасевтии вилоят як қатор чорабиниҳои назоратӣ гузаронидем. Аз ҷумла, ҳангоми назорат аз муассисаи фармасевтии назди ҶСП “Томирис”-и шаҳри Истаравшан ба муомилот баровардани 1 номгўй ба миқдори 3600 адад маводи дорувории зиддисилии навъи “Рифампиӣин”, ки бо таври қочоқ ворид шудааст, ошкор гардид. Табиист, ки он дар асоси қонунгузории амалкунанда сари вақт мусодира ва аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварда шуд.

-Солҳои охир дар қаламрави вилоят худсарона кушодани нуқтаҳои доруфурўшӣ ба назар мерасад. Оиди ин масъала чӣ гуфта метавонед?

-Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” назорати фаъолияти фармасевтӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сари вақт гузаронида шуданд. Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ маълум гардид, ки иддае аз шаҳрвандон ба худсарона ва ғайриқонунӣ таъсис додани нуқтаҳои доруфурўшӣ даст задаанд. Танҳо дар соли сипаришуда 6 ҳолати аз тарафи шаҳрвандон Турдибоева Гулбаҳор (сокини ш.Истаравшан), Имомов Шукрилло, Азизмуродов Ромиз (Панҷакент), Анварзода Акмал (ноҳияи Бобоҷон Fафуров), Шукуров Фозил (Исфара) ва Нарзуллоева Фарангис (Зафаробод) таъсиси нуқтаҳои ғайриқонунии доруфурўшӣ дар маҳалли зисташон ва ба муомилоти маводҳои доруворӣ машғул будан ошкор гардид. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷўӣ ба мақомоти андози маҳалли зисташон фиристода шуд.

-Оё метавон пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт, то ин ки амнияти саломатии миллат таъмин карда шавад?

-Ба андешаи ман, баробари пурзўр намудани мубориза бар зидди ворид намудани дорувориҳои ба талабот ҷавобгўй набуда корҳои фаҳмондадиҳиро низ ҷоннок кунем. Нафароне, ки ба тиҷорати дорувориҳои ғайристандартӣ машғул шуданианд, бояд донанд, ки дар заминаи бадбахтии нафари дигар хушбахтии худро ҳеҷ гоҳ сохтан мумкин нест. Беҳтар аст, ки ин гуна андешаҳоро аз сар дур кунанд.

Дуюм, ба фикри ман, бар зидди ин гуна қонуншиканиҳо, на танҳо кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, балки ҷомеа низ фаъол бошанд. Масалан, қисми муайяни аҳолии мо дар минтақаҳои кўҳистону деҳоти дурдаст истиқомат мекунанд. Он ҷо раисони маҳалла, аҳли зиё низ зиндагӣ доранд. Дар ҳолати ба фаъолият оғоз кардани нуқтаҳои доруфурўшӣ бояд ба қонунияти он мароқ зоҳир кунанд. Дар ин ҳолат метавон як андоза пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт. Лекин адлу инсоф ва виҷдони поки тоҷирони дору омили муҳимтарини пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳост. Набояд фаромўш кард, ки ҳама навъи дорувории ба меъёр ҷавобгўй набуда метавонад, ба саломатии инсон зарари калон расонида, нафареро бадбахт созад.

Мусоҳиб
Маъмурахон Самадова,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Бӯстон

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Назорати қатъии сифати доруворӣ бошад, яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

Бо дарки ин нуктаи муҳими Паёми Президенти кишвар имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ иқдомҳои манфиатбахш ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ иқдомҳои хушбинона амалӣ карда мешавад.

Читать далее

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат байни табибон

Имрӯзҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аъзоёни гуруҳи тарғиботию ташвиқотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқотҳо ороста, муҳтавои Паёмро ба мардум фаҳмонида истодаанд.

Чунин як мулоқот чанде пеш бо иштироки сардори Раёсати тадқиқоти проблемаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирхон Баротов, мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров, раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Гавҳар Мухторова ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки “дар Паёми Роҳбари давлат дар канори дигар масоили мубрами ҷомеа масъалаҳои аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муборизаи дастаҷамъона бо неруҳои бадхоҳ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, густариш ва инкишофи минбаъдаи бонизоми рукнҳои давлатдории навини миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини зиндагии шоиста, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таваҷҷуҳ ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон, софдилонаву садоқатмандона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба ин монанд масоили марбут ба рушди ҷомеаи муосир масъалагузорӣ ба миён гузошта шуда, ин санад  барои соли 2017 раҳнамову рохкушои мушкилоти мову шумо арзёбӣ мегардад”.

Сипас, аз ҷониби ҳозирин оид ба аҳамият ва моҳияти Паёми Пешвои миллат, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»», афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»», рушди сармояи инсонӣ ҳамчун пояи рушди устувори кишвар, таҳкими қонунгузорӣ ва тақвияти адолати судӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, масъалаҳои амнияти миллӣ ва амсоли инҳо суханронӣ карда шуд.

Дар интиҳо Туҳфа Хисравбекова – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ва Алишер Эргашев – мудири шуъбаи ҷарроҳии амбулатории муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ҷиҳати татбиқи нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат зикргардида изҳори назар намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдо

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу тавзеҳиПаёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷўёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.

Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова иштирок ва суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро перомуни Паёми Пешвои миллат ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баён доштанд.

Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25-соли истиқлолияти давлатӣ, аз он ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ сухан карда, таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ  дода шудааст. Ҳамчунин мавсуф оид ба масъалаи терроризму экстремизм андешаронӣ карда, зикр намуд, ки мо бояд ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва суботу оромии кишвар талош варзида, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ намоем.

Вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, нақши парлумони касбиро дар таҳия ва қабули қонунҳо мусбат арзёбӣ кард.

Ҳамчунин дар ин мулоқот директории маркази зоология ва паразитологияи АИ ҶТ Файзалӣ Ҳакимов

ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова низ суханронӣ карда, перомуни нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҷавонон китоб мутолиа намекунанд. Чаро?

Китобро манбаи дониш мегўянд. Инсон аз мутолиаи китоб соҳиби дониш мешаваду хазинаи луғавии худро ғанӣ мегардонад. Китоб аст, ки инсонро ба сўйи илму маърифат ва ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунад.

Он шоҳроҳи ҳаёти инсонро мунаввар ва дурахшон месозад. Дар урфият китобро дўсти содиқу роҳатрасон мегўянд. Китоб ба хонанда ғизои маънавӣ мебахшад. Он пайвасткунандаи таърихи дирўзу имрўзу фардои мост. Пас чаро имрўз ҷавонон китоб намехонанд? Дар ҳоли ҳозир ин мавзўъ, бо вуҷуди он ки бисёр дар ин бора гуфта шудааст, аз муаммоҳои муҳим ва мавзўи мубраму доғи рўз аст.

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ имрўз дар хазинаи худ 500 ҳазор нусха китоб дорад. Китобхона танҳо як рўз дар як моҳ рўзи санитарӣ мегузаронад. Боқимонда 29-30 рўз дари худро ба рўи хонандагон кушодааст. Мўҳлати мутолиаи як китоб 14 рўз, 2 ҳафтаро дарбар мегирад, ҳол он ки агар инсон хоҳад, як китобро дар як - ду рўз хонда, ба итмом мерасонад.

Масъалаи дуюм ин гарон будани нархи китоб аст. Имрўз нархи китоб аз 10 сомонӣ то 150-200 сомониро ташкил медиҳад. Шояд барои баъзе аз ашхос ин нарх, дарвоқеъ, гаронӣ кунад, аммо ин баҳона буда наметавонад. Масалан, асари «Ёддошт- ҳо»-и Айнӣ, ки аз чор ҷилд иборат аст, шартан 150-200 сомониро ташкил медиҳад. Аммо, харидани он шарт нест, зеро имрўз ин китобро бе мушкилӣ метавон аз китобхонаҳои вилоят дастрас кард. Масъалаи гарон будани нархи китоб баҳонае беш нест. Як паҳлўи масъала мутолиа накардани китоби бепул бошад, дигар тарафи он нахаридани китоб аст. Агар имрўз ҷавонон китоб хондан хоҳанд, ин ба онҳо муаммоеро пеш намеорад. Масалан, як шахс имкон дорад, аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 500 ҳазор китобро дастрас ва мутолиа намояд, ҳол он ки имрўз як донишҷў 500 ҳазор адад китоб он тараф истад, 10-15 китобро дастрас ва пурра мутолиа наменамояд.

Ғайр аз ин имрўз метавон китобро тавассути сомонаҳои интернетӣ мутолиа кард. Имрўз зиёда аз 90 фоизи донишҷўён ба интернет пайвастанд, аммо онро на барои дар-ёфту мутолиаи ягон китоб ё мақола, балки барои муошират бо дўстон тавассути барномаҳои иҷтимоӣ Viӣӯқ, Instagқam, Одноклассники ё худ Facӯӣook истифода мебаранд. Мо намегўем, ки истифодаи ин барномахо аз манфиат холӣ аст, аммо мутолиаи як саҳифа китоб ё як мақола манфиат-овартар хоҳад буд.

Китоб ба инсон ғизои маънавӣ мебахшад, фарҳангу маърифати инсонро баланд, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Китоб инсонро ба қуллаҳои баландтарини илм мерасонад.

Агар ин тавр намебуд, магар устод Рўдакӣ ба қуллаҳои баланди олами шеъру шоирӣ мерасиду асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик мешуд? Ва ё агар тавассути мутолиаи китоб устод Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон намешуд, пас тавассути чӣ буд? Маҳз китоб буд, ки Сино ба дараҷаи олитарини илми тибб расид, Бобоҷон Ғафуров бошад, академик ва Қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва маҳз, тавассути китоб мавҷудияту ҳастии халқи тоҷикро исбот намуд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст».

 Мафтуна Исмоилова,
донишҷўи шўъбаи рўзноманигории ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

13 January 2017