January 2017

13 January 2017

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони ҷамоати Айнӣ

Бо мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ санаи 12-уми январи соли равон гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Хайриддин Идиев ва профессор, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Қурбон Восеъ ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо сокинони ҷамоати деҳоти Айнӣ мулоқот намуданд.

Мулоқотро, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия доир шуд, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода ифтитоҳ бахшид.

Дар вохӯрӣ доир ба муҳтавои Паём, татбиқи барномаҳои иқтисодӣ ва муваффақиятҳои 25 соли Истиқлолият, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии ҷавонон, ҷалби ҷавонон бо омӯзиши технологияи ҳозиразамон ибрози назар карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

212 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Санаи 9-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2016 нишасти матбуотии раиси шаҳр бо рўзноманигорон баргузор гардид. Тибқи маълумоти раиси шаҳр Худойназар Амонзода, дар ҳамаи соҳаҳо давоми соли сипарӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Маълум гардид, ки баҳри сарсабзу зебо нигоҳ доштани кўчаҳои шаҳр 1385 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва зиёда аз 2 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг ва 35 ҳазор бех гулҳои ороишии гуногун шинонида шуд.

Дар масъалаи бо оби нўшокии хушсифат таъмин намудани аҳолӣ таъкид шуд, ки тибқи лоиҳа нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рўи он мунтазам корбарӣ рафта истодааст. Давоми соли 2016 аз рўи барномаи Бонки рушди Аврупо дар марҳалаи якум сохтмони ҳавзи оби ғунҷоишаш 1000 метри мукааб ба анҷом расид.

Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ҳамеша дар мадди аввали фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокими давлатии шаҳр меистад. Зеро бо пайдо намудани ҷойи корӣ сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардида, баҳри ободии маҳалли зист кўмак мерасонад. Дар ин самт давоми сол 212 нафар корҷўён бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

«Соли фарди солим» эълон гардидани соли 2016 имкон фароҳам овард, ки шўъбаҳои ҷарроҳӣ ва касалиҳои дарунии беморхонаи шаҳрӣ пурра аз таъмир бароварда шавад. Ҳамчунин, ба маркази саломатии шаҳр таҷҳизотҳои ташхисӣ харидорӣ карда шуд.

Аз ҷониби раиси шаҳр ба 1422 нафар сокинони эҳтиёҷманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ба маблағи 131 ҳазор сомонӣ кўмакҳои моддӣ расонида шуд. Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, бачаҳои имконияташон маҳдуд, ятим ва кўдаконе, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, таҳти ғамхорӣ қарор гирифта, кўмакҳои пулӣ супорида шуд.

Дар охир раиси шаҳр баҳри фаъолияти ҳамаҷониба ба рўзноманигорон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда мешавад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд" 

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони мактабҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баъди шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони иншооти гуногунсоҳа ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон бунёди бинои иловагии мактабро дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23 ба нақша гирифтааст. Бинои нави мактаб барои 430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат хоҳад буд. Айни ҳол наздик 400 нафар фаразндони маҳал дар бинои мавҷудаи мактаб, ки соли 2005 сохта шудааст, таҳсил мекунанд ва ба муассисаи нав эхтиёҷ доранд.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони биноҳои баландошёна ва Маркази миллии Оши палав

Вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят аз ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҷиҳати ободу зебо намудани шаҳру навоҳӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки бунёди биноҳои истиқоматӣ ва иншооти соҳаи фарҳангу маориф аз қабили чунин иқдомҳост.

Тавр дар Паёми навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва барои расидан ба ин  мақсад тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда мешаванд.

Читать далее

Шароитҳои хуб барои машқу тамрин

Охири соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бинои Мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва намуди зоҳирии он хеле зебо гардид. 

Тирезаҳои бино пурра нав карда шуда, дар дохили он ҳуҷраҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва шустушӯйиву ҳоҷатхона таъмир гардида,  бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Минбаъд варзишгарон дар ин мактаб бо истифода аз шароити хуб ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

Дар ин амал соҳибкорони бонангу номус ва саховатпеша Саидмавлон Ахмедов, устоёни бомаҳорати ҶДММ «Мавлон-2016»  ва ҶДММ «Куруш-2015» саҳми арзанда гузоштаанд.

Айни замон дар толори зебо ва барҳавои ин мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш устодони соҳибтаҷриба ба шогирдон дарс медиҳанд.

Фирӯз Боқӣ

Читать далее

12 January 2017

«Об манбаи ҳаёт»

Қабул гардидани қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Ба муносибати чанде қабл дар Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» баргузор гардид. 

Дар конфронс масъалаҳои умдаи об дар сатҳи Тоҷикистон ва ҷаҳон, натиҷаҳои тадқиқоти самтии устодони донишкада ва ҳамкорони онҳо, ҷанбҳаҳои иқтисодии сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва муаммоҳои норасоии оби ошомиданию ҳолатҳои вобаста ба он баррасӣ гардиданд.

То ин дам, олимони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон масоили баҳодиҳии дараҷаи олудашавии обҳои байнисарҳадии давлатҳои Осиёи Миёна - Сирдарёро анҷом доданд, ки бо ҳамкории институтҳои соҳавии давлатҳои Осиёи Миёна, Русия, Белорусия, Украина ва Норвегия ба даст омадааст. Дар ин омӯзиш, лабораторияи муосиртарин барои таҳқиқоти об дар Донишкада таъсис дода шуда, натиҷаи тадқиқот ба 8 забон дар намуди китоб ба нашр расид ва мавриди истифода  қарор дорад.

Раёсати донишкада ташаббуси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури роҳнамои кори худ қарор дода, дар ин замина, соҳиби гранти Академияи Миллии илмҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико «Таҳқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ-Омударё» гашт ва минбаъд масъалаи идоракунии якҷояи захираҳои обиро меомӯзад. Ҳамкорони лоиҳа донишгоҳҳои давлатҳои Қирғизистон, Афғонистон, ИМА ва оҷонсии таҳқиқоти кайҳонии НАСА-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт

Аввали соли нав  бо ташаббуси Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва пас дар ноҳияи Спитамен маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шуд. Ҳафтаи гузашта дар маркази ноҳия ва ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маъракаи сарсабзгардонии маҳал шурӯъ гардид.

Аз ҷумла, 600 бех дарахти ороишии сӯзанбарг, 600 бех дарахти сафедор ва 250 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуданд.

Ин иқдом минбаъд низ дар ҳамаи коргоҳу хоҷагиҳо ва муассисаву ташкилотҳо идома ёфта, барои сарсабзу зебо гардонидани ноҳия, ки як пораи Тоҷикистони биҳиштосост, саҳми муносиб гузошта мешавад.

Фирӯз БОҚӢ

Читать далее