January 2017

12 January 2017

Эҳсоси ғамхориҳои падарона

Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони насли навин бо меҳру муҳаббат ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат фарогир буда, бо онҳо зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Паёми навбатии Сарвари давлатро шунида, эҳсоси ифтихору сарбаландӣ вуҷудамро фарогир шуд. Суханони пурмуҳаббати «…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» маро ҳидоятгар ба зиндагии шоиста ва қадамгузорӣ бо пайроҳаи устувору созандаи касби пешакардаам шуд.

Алҳол, ба ман, хатмкардаи таълимгоҳи №10, Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд муяссар гаштааст, ки ба курсии донишҷўии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишинам, аз устодони соҳибтаҷриба сабақи маърифат гирам, ҳуқуқҳои байналхалқиро омўзам ва дар кору фаъолияти хеш пурсамар истифода барам.

Эҳсоси ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки ҷавононро ба сўи ояндаи дурахшон ҳидоятгар буда, ҳисси баланди миллӣ доштанамонро хоҳонанд. Ҳамчунин, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор доштану барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак буданамонро таҳтидилона орзу доранд.

Ҷавобан ба ғамхориҳои беҳудуд ваъда медиҳам, ки бо баҳои аъло хонам, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоям, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат маҷрои зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро дарёфта, ба халқу Ватан хизмати шоиста намоям.

Фаридун КАРИМЗОДА,
донишҷўи соли аввали факултаи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Читать далее

Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирӣ ва Қасри ҷавонони ба номи Л. Шералӣ таъмир карда мешавад

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд, ки қарор аст соли равон ба таъмиру азнавсозӣ фаро гирифта шавад, дидан карда, бо шароити мавҷудаи он аз наздик шинос гардид.

Бинои ҳозираи китобхона соли 1990 сохта шуда, тӯли 27 сол инҷониб таъмир нашудааст. Ин махзани дониш дар 20 шӯъба барои дӯстдорони китоб хизматрасониро ба роҳ монда, дар маҷмӯъ, фарогири 466 ҳазор дона китоби чопӣ ва 50 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад. Дар китобхона беш аз 120 нафар фаъолият бурда, 354 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят зери роҳбарию дастурдиҳии он кори худро ба роҳ мемонанд.

Читать далее

Нерўи муқтадир дар кишвар

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.

Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд….

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ имрўз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст. Аз вохўриву сўҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос мегардад, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегарданд.

Дар баробари ин ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамчунин, баҳри фазои мусоид омода намудан барои ҷавонон «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд. Ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.

Инчунин, ҷавонон барои омўзиши илму донишҳои муосир кўшиш намуда, ба забономўзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд.

Президенти кишвар қайд намуданд, ки мо, албатта, бо дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварамон ифтихор мекунем. Ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки Истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Ба андешаи мо, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро бештар ҳимоя карда, орзуву омоли онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста, яъне фардои ободу осудаи ҷавонон шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерўи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд. Ҷавонони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд. Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби нерўи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад.

Ҷавонони мо бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавие, ки дар оянда барои манфиати иқтисоди миллии мо заруранд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногуни олам таҳсил карда истодаанд. Ҳоло шумораи донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафар мебошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН

Читать далее

Шўҳрати пешина барқарор мешавад?

Чаро кишти пахта дар Конибодом сол аз сол коҳиш меёбад?

Чанд сол пеш Конибодом аз ноҳияҳои калони пахтакор ба ҳисоб рафта, дар миқёси ҷумҳурӣ шўҳратманд буд.

Тавре дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар намудани вазъи соҳаи пахтакорӣ мебошад. Зеро пахтакорӣ аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, манбаи хуби даромад ва таъминот бо ҷойи корӣ мебошад. Мувофиқи маълумот соли гузашта хоҷагиҳои пахтакор ба ҷои 6000 гектари пешбинишуда дар майдони 5000 гектар кишти пахта гузаронида, 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳол он ки ҳамагӣ чанд сол пеш Конибодом яке аз мавзеъҳои калони пахтакорӣ ба ҳисоб рафта, деҳқонони асилаш дар тамоми ҷумҳурӣ шўҳрат доштанд.

Оид ба масъалаи он, ки чаро сол аз сол масоҳати кишти пахта коҳиш ёфта истодааст, хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом Усмон Мансуров ҳамсўҳбат шуд.

- Кишоварзони шаҳри Конибодом соли рафтаро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуда бошанд ҳам, аммо оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва ба корхонаҳои пахтақабулкунии берун аз шаҳр супурдани он муаммоҳо ҷой доштанд.

Аз 12 номгўи асосии маҳсулоти истеҳсолшавандаи шаҳр 10 намуди он, аз ҷумла пахтаю ангур иҷро нагардид.

Бо вуҷуди он ки иҷрои дурнамои кишти баҳорӣ барзиёд таъмин гардида бошад ҳам, аммо кишти зироати пахта ҳамагӣ дар масоҳати 4808,6 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 691 гектар ва нисбат ба соли 2015-ум 216 гектар кам мебошад.

Истеҳсоли он ба 8541 тонна расонида шуда, иҷрои дурнамо ҳамагӣ ба андозаи 82,5 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 1809 тонна ва дар қиёс ба давраи муқоисавӣ 1808 тонна кам истеҳсол карда шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 17,8 сентнериро ташкил намуд.

- Сабаби асосии таъмин нагардидани дурнамо ин, пеш аз ҳама, қочоқи пахта мебошад. Нархи хариди пахта, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳр паст буд, яъне як кило пахтаро аз се то чор сомонию бист дирам хариданд, ки ин вазъ таъсири бисёр манфӣ расонид. Пахтакорон аз сабаби нархи паст будан, пахтаи худро аз шаҳр бароварда, ба соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон бо нархи 6 сомонӣ фурўхтанд, - зикр дошт Усмон Мансуров.

Аз 10 ҳазору 450 тонна ҳосили муайяншуда 8 ҳазору 568 тонна ба коргоҳҳои коркард ворид шуда бошад, боқимонда бе ҳуҷҷатҳои расмӣ бароварда шудааст. Агар садди роҳи қочоқи пахта нагардем, соли оянда сафи қочоқчиён зиёд мешавад.

Бояд нисбат ба ҳалли ин муаммо роҳбарият ва мутахассисони соҳаи марбутаи шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

11 January 2017

Оғози мулоқотҳои вакилони МН МО ҶТ бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади  ба сокинони шаҳру навоҳии мамлакат фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои тарғибгар аз 11 то 18 январ бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баромаданд. Мақсади асосии сафари гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат аз ташреҳи бандҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба вилояти Суғд омаданд. Имрӯз, 11 январ мулоқотҳои вакилони МН МО ҶТ бо интихобкунандагон оғоз ёфт. Дар ин рӯз Иброҳим Абдуллозода дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон, Аҳмадҷон Қобилов дар ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, Баҳодур Акрамзода дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сокинон мулоқотҳо доир мекунанд.

Зимнан, Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардидаи ин мақоми олии қонунбарор дар давоми як соли охир гузориш медиҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Омили рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ

Дар партави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзўи Иқдоми шоистаи Пешвои миллат: Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  2018-2028» бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти қудратӣ ва  устодону муҳассилини донишгоҳ  баргузор гардид.

Мутахассиси пешбари шўъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзотоҳир Набиев доир ба моҳияти об, ки боиси зиндагии хуррам, ояндаи ободу осудаи халқ,  маъхази нуру асоси беҳбудиҳо мебошад, сухан кард. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки дар арсаи байналхалқӣ  роҳандозӣ гардидани иқдоми наву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  2018-2028»,  аз ҷониби 196 давлат ва СММ дастгирӣ ёфтани он мазҳари ифтихору сазовори тарғиб аст. 

Прокурори  калони шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба  ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд Донохон Ҷўраева дар заминаи Паёми Сарвари давлат,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси навини фарзанди фарзонаи миллат вобаста ба амали байналмилалии об барои рушди устувор сухан кард.

Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҳабибулло Тоатов дар мавзўи «Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии  иқдоми Пешвои миллат доир ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ Самад Болтуев дар пайванд ба нуктаҳои ҳуқуқии истифодаи об - ҳамчун омили рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ маърўзаи илмӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода баргузории  чунин ҳамоиши бонуфузро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки рӯй овардан ба дастовардҳо ва муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта шароити мусоидеро барои табодули афкору таҷриба фароҳам меорад.

Н. ОХУНҶОНОВА

Читать далее

Таҷҳизот оё ба яғмо рафт?

Ё куҷост эҳсоси масъулият?

Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз рафти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ки дар ҷаласаи фаъолони вилоят (15-уми декабри соли 2016) баён гардида буданд, ба шаҳри Конибодом сафар намудем. Инак, оид ба вазъи якчанд корхонаҳое, ки фаъолият надоранд, маводи худро пешкаши хонандагони рўзнома менамоем.

Аз маълумоти муовини раиси шаҳр оид ба саноат ва энергетика Ҳомидӣ Илҳом Мухтор аён гардид, ки дар шаҳр 49 корхонаи хурду калони саноатӣ мавҷуд буда, аз он 23 адад суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуда бошанд ҳам, 21 адад коргоҳ, ба монанди ҶС «Ресмон», ҶС «Ҳабиб», ҶС «Конибодоммаснуот» ва ҶДММ «Текс Трейд» дурнамои афзоишро таъмин карда натавонистанд.

Дар соли 2016 корхонаҳои ҶС «Конибодом», ҶДММ «Шоҳон», ҶДММ «Билол - груп», КМ «Ассор - Перм» фаъолият накарданд. Аз ин сабаб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, таъмини нақшаи буҷети шаҳр иҷро нагардид.

Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо фаъолият, шароиту муаммоҳои коргоҳҳои саноатии шаҳр аз корхонаҳое боздид намудем, ки дар гузашта хеле номдор буданд. Вақте ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ресмон” (Фабрикаи ресандагӣ - бофандагӣ) рафтем, дарвозаи коргоҳ баста буд. Хостем, бо ҳолати дохили коргоҳ аз наздик ошно шавем, лекин афсўс ки на масъули коргоҳро пайдо карда тавонистему на назоратчии онро. Маълум шуд, ки корхона чандин сол инҷониб дарашро боз накардааст. Дару тирезаҳо бошанд, шикаставу парешон буданд. Вазъи коргоҳ ногувору ҳузнангез ба назар мерасид.

Вақте аз масъулин оид ба ҳолати ҷойдошта пурсон шудем, онҳо гуфтанд, ки аз таҷҳизот на ном ҳасту на нишон ва имрўз дар ин макон ягон намуд таҷҳизот дида намешавад.

Имрўз дар шаҳри Конибодом ҳамаи имконияту шароит ҳаст. Агар масъулин ин коргоҳро ба кор медароварданду он ба фаъолият шурўъ мекард, шояд чандин нафар сокинони шаҳр ба кор ҷалб мешуданду сафи муҳоҷирони меҳнатӣ кам мегардид. Ҳамчунин, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ сифатан беҳтару ғанитар мегашт.

 Агар ба ин корхонаи бузурги саноатӣ ягон роҳбари дилсўз сарварӣ мекард, шояд он ба ин ҳолат дучор намегардид. Бояд гуфт, ки коргоҳ соли 1943 таъсис ёфта, он соли 1998 ба Ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шудааст. То соли 1990 шумораи умумии коргарон 1800 нафарро ташкил медод. Масоҳати умумӣ 4,2 гектар буда, масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 5 ҳазор тонна коркарди нахи пахта мебошад. Коргоҳ то соли 2005-ум фаъолият намуда, ба Федератсияи Россия ва давлати Белорус маҳсулот интиқол менамуд. Аз соли 2006-ум то инҷониб бинобар набудани таҷҳизотҳои технологӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодӣ фаъолияташро боз доштааст.

Инчунин, Ҷамъияти саҳҳомии “Ассор” (Комбинати равғанбарории шаҳри Конибодом) соли 1961 таъсис ёфтааст. Он аз соли 1994 ба Ҷамъияти саҳҳомии “Ассор” табдил дода шудааст. Масоҳати умумии коргоҳ 14 гектар ва масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 22 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ соли 1990 то 150 ҳазор тонна коркарди пунбадона ва шумораи кормандон 600 нафарро ташкил медод. Кунун фарогирии он ба 1-уми январи соли 2016-ум танҳо аз 36 нафар иборат мебошаду халос.

Дар сўҳбат масъулини соҳа фақат ҳаминро гуфтанд, ки чанд рўз пеш роҷеъ ба ин вазъ муовини Раиси вилоят изҳори нигаронӣ карда, дастуру супоришҳои мушаххас дода буд.

Бояд гуфт, ки барои ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз нав ба кор даровардани таҷҳизотҳо ташаббус, дилсўзӣ ба кори умум, кордонӣ лозим аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол коргоҳ асосан ба ашёи хом ниёз дошта, дар ҳолати таъмин гаштан бо ашёи хом метавонад, қисман фаъолиятро хубтар ба роҳ монда, бамаротиб истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.

 Коргоҳи консервбарории шаҳри Конибодом бошад, соли 1924 таъсис ёфтааст. Он соли 1998 ба Ҷамъияти саҳҳомии “Конибодом” табдил дода шудааст. Масоҳати умумии коргоҳ 5,5 гектар ва масоҳати сехҳои истеҳсолӣ 16 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то соли 1990-ум 13 миллион қуттии шартӣ ва шумораи кормандон 700 нафарро ташкил дода, мутаассифона, ба санаи 1-уми январи соли 2016-ум 45 нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки корхона солҳои гузашта бо иқтидори хеле назаррас фаъолият дошт. Имрўз бошад, он дар ҳолати басо нигаронкунанда қарор дорад. Аз ин коргоҳи ҳоло ақибмонда, ки боиси кам шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар миқёси вилоят низ гардидааст, дидан кардем. Аз ҷониби сарвари коргоҳ гуфта шуд, ки аз сабаби маблағи гардишӣ надоштан, фарсуда гаштани таҷҳизотҳои технологӣ ва рақобатпазир набудани маҳсулот коргоҳ соли 2015 тамоман фаъолият накард.

Аз ҳолат ва вазъи коргоҳҳои истеҳсолӣ бояд хулосаҳои зарурӣ баровард. Роҳбарони корхонаҳои дар боло зикргардида барои бартараф намудани камбудиҳо, пешрафти кор ва беҳтаршавии сифати молу маҳсулот, инчунин аз роҳандозӣ мондани иқтидорҳои мавҷуда кору фаъолиятро хуб ба роҳ монда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва он дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Раиси вилоят дода шудааст, сари вақт ҳаллу фасл намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Сайҳун

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳраки Сайҳун ташриф оварда, ҷараёни  амалисозии марҳилаи дуюми обёрии мавзеи Сомғор ва шаҳраки Сайҳунро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бояд гуфт, ки то имрӯз марҳилаи якуми обёрии шаҳраки Сайҳун ба анҷом расида, марҳилаи дуюми корҳо оғоз ёфтаанд. Мувофиқи нақша дар марҳилаи якум бунёди пойгоҳи обкашии Сайҳун-2, кашидани хатти оби полезиву нушокӣ ва бунёди ҳавзи обзахиракунӣ бо ҳаҷми 20 ҳазор куб ба анҷом расонида шуда, иҷрои чунин корҳо имкон дод то наздик 1000 гектар заминҳои бекорхобида бо оби полезӣ таъмин гарданд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол"

Корҳои ободониву созандагӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд идома доранд. Бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳои бунёдкорӣ ва нақшаи навсозии ҳудуди маҷмаа дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ин мавзеъ ташриф овард.

Ёдовар мешвем, ки маҷмааи “Истиқлол” ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, имрӯз ба мавзеи саёҳату истироҳати сокинону меҳмонони маркази вилоят табдил ёфтааст. 

Читать далее

10 January 2017

Ифтихор аз рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем!

Дар арсаи сиёсати дохилӣ кишвари мо марҳала ба марҳала дар иҷрои масъалаҳои муҳими стратегии давлат – аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерўи барқ, ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул дар мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Ба ҳайси аъзои гурўҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ман дар се самт - фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафҳои асосӣ ин амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб ва Маҷлиси намояндагон, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ки дар таърихи 1-уми декабри соли 2016-ум дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардид ва диққат додан ба масъалаҳое, ки аз мулоқоту вохўриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд, ҳамзамон, иҷрои ҳафт ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ таъкид намудаанд, маҳсуб меёбад.

Дар фаъолияти қонунгузорӣ дар даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон 49 ҷаласаи иҷлосия баргузор гардид, ки дар онҳо 178 қонун, 3 қонуни конститутсионии мукаммал, 8 тағйиру илова ба онҳо ва 93 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои гурўҳ 22 қонун ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд, ки аз онҳо 8-тояш қонуни мукаммал мебошад. Яке аз самтҳое, ки аъзои гурўҳ бештар ба он таваҷҷўҳ менамоянд, ин аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо аст, ки ин масъала дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфта буд.

Ҳангоми сафарҳои хизматӣ берун аз кишвар бошад, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, то ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрию мулоқот анҷом дода, онҳоро бо дастовардҳои кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ шинос намоем. Зеро имрўз кам нестанд қувваҳои манфиатдоре, ки мехоҳанд, ин қувваи бузургро ба нафъи худ истифода баранд.

Дар даврони Истиқлолият бори дуюм аст, ки аъзои гурўҳ ба сифати ҳамоҳангсоз - танзимгар дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботҳои давлатҳои аъзои ИДМ фаъолона ширкат варзиданд.

 “Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрўза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрўи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, идоракунии давлатиро таъмин гардонем”,-таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш.

Аз ин рў, ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан - ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонӣ ва мақсаду мароми ягонаи мо мебошад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул шудани Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар ин бора Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ ҳини ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон буда, итминон дорем, даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Гулбаҳор Назирӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее