March 2017

31 March 2017

Таваҷҷӯҳ ба рушди футбол дар ДПДТТ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон майдончаи футболи назди хобгоҳ ба истифода дода шуд. 

Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.

Дар донишкада ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим рӯзҳои шанбе чорабинии оммавии варзиш гузаронида мешавад. Устодони донишкада ҳамасола  бо баргузории чорабинӣ таҳти унвони «Бо ту мефахрам диёрам» меъёри варзиширо дар намуди давидан, сангбардорӣ, турниккашӣ, ҷаҳидан месупоранд. Донишҷӯёни донишкада пайваста дар спартакаидаҳо ғолибият ба даст меоранд. Раёсати донишкада бо мақсади рушди соҳаи варзиш толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодиро азнавсозӣ намуд.

Ба истифода додани майдончаи футболи назди хобгоҳ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд донишҷӯён фориғ аз таҳсил ба варзиши футбол машғул шаванд.

Баъдан ба донишҷӯёни ғолиби мусобиқаи волейбол, ки чанде пеш бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят байни муассисаҳои олӣ доир гардид, димлом ва медалҳоро директори донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Сипас дастаҳои факултетҳои донишкада вориди майдони нави футбол шуда, бо рӯҳияи болида ба бозии футбол шурӯъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки майдончаи варзишии донишкада солҳои сол дар ҳолати табоҳ қарор дошта, он бо иқдоми роҳбарият дар муддати хеле кӯтоҳ азнавсозӣ карда шуда.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Дар ноҳияи Спитамен соҳибкор клиникаи ташхисию тиббӣ бунёд мекунад

Санаи 30 март раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим аз Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия дидан намуда, бо ҷараёни сохтмони бинои сеошёнаи клиникаи ташхисию тиббӣ шинос гардид.

Аз дафтари матбуотии раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар маркази ҷамоат бинои сеошёнаи клиникаи ташхисию тиббӣ, ки барои 20 ҷойи хоб барои беморон пешбинӣ гардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда истодааст. Дар ҷараёни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ раиси ноҳия ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, дар баробари ин таъкид дошт, ки корҳои сохтмонӣ тибқи меёърҳои мавҷуда ва бо сифтаи баланд ба анҷом расонида шаванд.

Ба соҳибкори маҳаллӣ Ҷонибек Набиев, ки клиникаи мазкурро бунёд менамояд, дар баробари изҳори сипос ҷиҳати бунёди чунин иншоот тавсия дода шуд, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ иншооти мазкурро ҳамчун армуғони идона ба сокинони ҷамоат мавриди истифодабарӣ қарор диҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Тасдиқи рамзи «Соли ҷавонон» аз ҷониби Пешвои миллат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.

Дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад.

Дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.

Бино ба иттилои АМИТ Ховар Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли ҷавонон» васеъ истифода баранд.

Читать далее

Ғолиби мусобиқа оид ба волейбол соҳиби автомашинаи тамғаи “Мерседес-116” мегардад

Санаи 30 март дар майдончаи варзишии ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бахшида ба “Соли ҷавонон” мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол оғоз гардид.

Тавре аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Ашт иттилоъ доданд, дар мусобиқа 16 дастаи варзишгарон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Ашт,  Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истиқлол иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳии мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ширкат варзида, ба варзишгарон барору комёбӣ таманно намуд.

Ба иттилои манбаъ мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ доир шуда, дар охир ба дастаи ғолиб сабукрави тамғаи “Мерседес-116” тақдим мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Чорабинии намунавӣ

Дар шаҳри Конибодом баҳри беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар МТМУ-8-и маҳаллаи ҳавзи баланд семинар-машварат аз фанни забони русӣ баргузор гузашт. 44 нафар омӯзгор дар аввал аз маҳсули кори дастии хонандагон дидан карданд.

Сипас, меҳмонон дар дарси кушоди якчанд омӯзгорон ширкат варзиданд. Хусусан, маҳорати дарсдиҳии Марҳабо Аҳмадова дар синфи 7 ва донишандӯзии хонандагон ба ҳозирон писанд омад. Кори беруназсинфии мустақилонаи хонандагон бо роҳбарии омӯзгор Д.Эргашева низ хеле ҷолиб буд. Намояндаи раёсати маорифи шаҳр семинар-машваратро ҷамъбаст намуд.

Алиҷон МАҲМУДОВ

Читать далее

30 March 2017

ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ЭҲСОС МЕШАВАД

Сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободкорӣ, таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ сурат гирифт, байни мардуми минтақаҳои алоҳидаи вилоят таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Сардори давлат 24-уми март дар шаҳри Исфара Корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – «Исфара-баракат»-ро ифтитоҳ намуда, дар расмикушоди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва пардабардорӣ аз рўи ҳайкали ин шоири классики форсу тоҷик ширкат намуданд ва сухан ронданд. Ҳамчунин, он рўз ба бунёди бинои нави меҳмонхонаи 6-ошёна дар ҶДММ «Осоишгоҳи Зумрад» санги асос гузоштанд.

Сокинони шаҳри Исфара таассуроташонро аз сафари кории Пешвои миллат ва вусъати корҳо ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллат – 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки пешкаши хонандагон мегардад.

Мухтор Аҳмадов, муовини раиси Кооперативи тиҷоратии “Кишоварзони Навгилем”:

- Басо мамнун ҳастем, ки роҳбарияти давлат таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина устувор гардонидани истиқлолияти озуқавориро яке аз самтҳои асосӣ дар меҳвари сиёсату фаъолияти худ қарор додааст.

Бояд гуфт, ки аз қадимулайём мардуми мо ба боғу боғпарварӣ меҳру муҳаббати беандоза дорад. Ҳикмати “Аз нек боғ ” чун амали беҳтарин ва ойини хайру амали нек аз насл ба насл мегузарад.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат боғпарварони Исфара баҳори соли 2016 дар майдони 34 гектар ва имсол ба ҷойи 30 гектари нақшавӣ дар масоҳати 82 гектар боғи замонавӣ бунёд намуданд.

Зикри онро ҷоиз медонам, ки маҳз бо шарофати қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат баҳори соли 2016 дарахтони гулафшони боғоти Исфара бор оварда, ҳосили фаровон доданд. Порсол мо, хоҷагидорон, беш аз 26 ҳазор тонна меваи тар ҷамъ овардем.

Бо мақсади заминагузорӣ ба ҳосили фаровон ва саъю кўшиши аҳли меҳнати кооперативҳои “Навгилем” ва “Чоркўҳ” аз Федератсияи Россия ба миқдори зарурӣ тухмии гандуму помидор ва картошка оварда, умед бар он мебандем, ки имсол ҳосили баланду дилхоҳ рўёнем.

Соли 2016 мо дар ҳамкорӣ бо ширкати хориҷӣ дар Кооперативи «Кишоварзони Навгилем» истеҳсоли тухмии гибриди Синзян 919 ва 568-ро зери плёнка ба роҳ мондем.

Бевосита дар ҳамкорӣ бо тухмипарварони чинӣ дар майдони 27 гектар ҷуворимакка кишту парвариш карда шуд ва ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 110 сентнерӣ расид. Зиёда аз 100 тонна тухмии аълосифати ҷуворимаккаи истеҳсолшуда ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ фурўхта мешавад ва ин амал барои то андозае арзон шудани нархи ҷуворимаккаи тухмӣ мусоидат хоҳад кард.

Имсол мо ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ кишту парвариши помидорро низ зери плёнка роҳандозӣ намуда, ҳосили баланди зироат ба даст орем.

 Барои амалӣ шудани ниятҳои неку наҷиб мо ҳама гуна заминаҳои воқеӣ - замини ҳосилхез, тухмии ба иқлим мувофиқ, сўзишворию нуриҳои минералӣ ва ҳам таҷрибаю малакаи кофӣ дорем. Аз ҳама муҳимаш, мо дастгирии давлатии кишоварзонро аз ҷониби Пешвои миллат эҳсос мекунем ва итминони комил дорем анъанаҳои деҳқонони Исфарамарзро идома бахшида, ҳосили фаровон ба даст оварем.

Мафтуна Миркаримова, омўзгори фанни забони англисии Литсейи №1-уми шаҳри Исфара:

- Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи маориф, бунёди мактабҳо ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа таваҷҷўҳи бештар зоҳир менамоянд.

 Дар Паёми ҳамасола Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро муаззаф менамоянд, ки ба ғайр аз забони модарӣ, онҳо бояд камаш ду-се забони хориҷиро донанд. Маҳз, ҳамин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маро водор менамояд, ки дар ин амали хайру кори савоб зиёдтар саҳмгузор бошам.

Муҳаббат ва боварии Пешвои миллат ба омўзгорон ҳамчун тарбиятгари миллат ва созандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеа хеле бузург аст. Дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ дар шаҳри Исфара Сардори давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушду нумўи маориф ва фарҳанг дар кишвар ҳарф зада, моро водор карданд, ки дар тарбияи насли ҷавон дақиқтар машғул шавем. Ҷавобан ба ин даъват кўшиш мекунем, ки насли ояндасоз ва бунёдгарро тарбият намуда, мутахассисони баландихтисосро ба воя расонем. Аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои Исфара имрўзҳо 2870 нафар дар мактабҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил карда истодаанд. Ҳамасола даҳҳо нафар шогирдони мо дар олимпиадаву озмунҳои на фақат вилоятиву ҷумҳуриявӣ, балки байналхалқӣ ширкат ва шарафи шаҳри азизамонро ҳимоя мекунанд.

Омўзгорон донишу малака ва имкониятҳои зеҳниву ақлониашонро барои тарбияи насли арзандаву сазовор равона намоянд. Мо намегузорем, ки шууру ғояҳои барои фарҳанги мо бегона ва ақидаҳои тундгароиву характери терро- ристиву экстремистидошта байни ҷавонон реша давонда, паҳн гарданд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат раҳнамои мо буда, онҳоро дар раванди фаъолияти педагогиамон фаровон истифода мебарем. Устодону толибилмони Исфара аз ташрифи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонӣ рўҳу илҳоми тоза бардошта, баҳри ободу зебо шудани диёри хеш, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои ҳар бошанда, таъмини иҷрои супоришҳои ҳукумати кишвар монда нашуда кор мекунем.

Лутфулло Ортиқов - менеҷери Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара:

- Шаҳри Исфара дар гузаштаи начандон дур яке аз калонтарин шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, баъди пош хўрдани давлати шўравӣ даҳҳо корхонаҳои шаҳр аз фаъолият бозмонданд ва шумораи зиёди аҳолӣ бекор монд. Хушбахтона, бо шарофати таваҷҷўҳу дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди чанд соли соҳибистиқлолии кишвар аксар коргоҳҳои саноатии Исфара эҳё гардида, тўли бисту панҷ соли охир 37 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрўз дар Исфара 54 корхонаи саноатӣ маҳсулот бароварда, ҳазорҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маҷмўи истеҳсоли маҳсулоти коргоҳҳо наздик ба 280 миллион сомонӣ баробар буда, саҳми онҳо дар рушду пешрафти иқтисодиёти шаҳру вилоят ва мамлакат назаррас арзёбӣ мешавад.

Азбаски Исфара бо зардолуҳои гуногуннавъи шаҳдрез ва шакартаъм машҳури дунё гаштааст, бо ҳидояту ғамхориҳои Пешвои миллат солҳои охир дар шаҳр бунёди коргоҳҳои коркарду истеҳсол ва бандубасти меваи хушк торафт зиёд мешавад. ҳоло дар Исфара 13 корхонаи коркард фаъолият дорад ва садҳо нафар мардуми таҳҷоӣ бо ҷои кор ва маоши баланд таъминанд. Дирўз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара боз як коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк мавриди истифода қарор гирифт. Боиси хурсандист, ки маҳсулоти коргоҳҳои диёри мо бо тамғаи “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” на фақат ба давлатҳои Муштаракулманофеъ, балки мамолики қитъаи Амрико, давлатҳои Авруосиё ва Ҷопону ҳиндустон содирот карда мешавад. Хушнуд аз он ҳастем, ки Сардори давлат ба фаъолияти саноати коркарди мева дар Исфара баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки кормандони соҳа аз минтақаҳои дигар бояд аз мо ибрат бигиранд.

Даврони Истиқлолият ва дастуру роҳнамоии дурандешонаи мўҳтарам Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки кишвари мо, аз ҷумла, шаҳри Исфара дар содироти меваю сабзавоти сарзамини зархезамон дар ақсои олам маъруфу номвар гардад. Чӣ тавре Сардори давлат дар суханрониҳояшон пайваста ишора мекунанд, Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Воқеан, имрўз ба рушду нумўи босуръати соҳаҳои гуногуни мамлакат нигариста, дили кас аз фараҳ лабрез мешавад. Ин ваҳдату якдилӣ, фазои орому пурсафо, хонаву макони обод, дастархони бофайзу пурнеъмати ҳар оилаи тоҷикистонӣ аз роҳбарии оқилона, одилона ва падаронаи Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Саноатчиёни шаҳр мутобиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат амал карда, барои аз мамлакати агросаноатӣ ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон тамоми қувва, дониш ва имкониятҳои молиявиашонро истифода мебаранд.

Мусоҳиб
Карим ШАРИФ

Читать далее

Маҳалла: Ҳусни рӯзгор аз якдилӣ аст!

«Суғдиён» аз маҳаллаҳои ободу зебои шаҳри Истаравшан ба шумор рафта, дар марказ воқеъ мебошад. Аҳолии он 1080 нафарро ташкил дода, миллатҳои гуногун – тоҷику рус, тотору ўзбекҳо аҳлона кору зиндагӣ менамоянд.

Дар ҳудуди маҳалла 14 бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавҷуд буда, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, литсеи касбӣ-техникии №14 ба номи Тоҷӣ Ҷумъаев, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Набиҷон Қодиров ва устод Айнӣ, маркази саломатии №2, корхонаи ҶСК «Тоҷиктелеком», департаменти почтаи давлатӣ, филиали бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк», ТАҚХ «Арванд», ҶСК «Фононбонк», «Тоҷпромбонк», ҶДММ «Хуросон», марказҳои фароғатию истироҳатии «Садбарг» ва «Истаравшан», толори варзишии таэквандо ва даҳҳо марказу нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.

Аъзоёни кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» таҳти сарварии ҷавони ташкилотчию меҳнатдўст Хуршедҷон Абдулхайров алоқаро бо роҳбарияти ин корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорону тоҷирон хуб ба роҳ мондаанд. Кумитаи маҳалла бо мувофиқа бо ин корхонаҳо нақшаи чорабинӣ тартиб дода, оиди сафарбарнамоии ҷомеаи меҳнатии онҳо баҳри корҳои ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, рушду нумўи иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ашхоси яккаву танҳо ва маъюбон саҳм мегиранд.

Ҷомеаҳои меҳнатӣ ва аҳолии маҳалла ҳар ҳафта ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил менамоянд. Аз ин лиҳоз, маркази шаҳр хеле тозаю озода аст.

Хусусан, дар соли таърихии ҷашнгирии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ба ҳаёт татбиқ намудани қарори Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эълон намудани 120-рўзи ободонӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Чунончӣ, мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ дар кўчаи Ленини ҳудуди маҳалла сохтмони силсилаи биноҳои замонавии истиқоматии баландошёна оғоз ёфт.

Тирамоҳи соли сипаригашта таҳкурсии нахустин бинои баландошёнаи ҳафтқабата бо маблағгузории соҳибкорони маҳалла сохта шуд. Соли равон ин бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, беш аз 40 оилаи хушбахт соҳиби манзили нав мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки умуман дар давоми се соли минбаъда бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон дар ҳудуди маҳалла панҷ бинои истиқоматии ҳафтошёна бунёд хоҳад ёфт. Зиёда аз 200 оила бо манзилҳои нав таъмин гардида, дар ошёнаҳои якуми биноҳо марказу нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ифтитоҳ ва садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Туфайли фаъолияти хуби шўроҳои собиқадорони меҳнат, кор бо занону оила ва ҷавонон, инчунин, комиссияи танзими анъана ва расму оинҳои маҳалла тўю маъракаҳои сокинон ихчаму замонавӣ гузаронида шуда, вайроншавии оилаҳои ҷавон дида намешавад. Сониян, натиҷаи вусъати доимии корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ аст, ки дар давоми панҷ соли охир шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию террористӣ ва ҷинояткорию ҳолатҳои сўиқасд ба ҷон ба қайд гирифта нашудааст.

Баробари ин ҷавонони маҳалла дар ҳар даъват аз рўи виҷдон ба хизмати Ватан-модар омодагӣ зоҳир намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садоқатмандона хизмат менамоянд.

Баҳри амалӣ гардонидани тадбирҳо ва бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, алалхусус, байни ҷавонон аъзоёни кумита Хуршед Абдулхайров, Ҷамшед Бозоров, Матлуба Абдураҳмонова, Нурӣ Кенҷаева, собиқадори меҳнат, пири хирад Абдувоҳид Раҳмонов, фаъолон, маслиҳатгари наврасону ҷавонон Муҳаббат Аҳмадова, Маърифат Қосимова, Роҳат Амирбекова, Аҳмадҷон Кенҷаев, Ҳасани Абдуллозода, кулли роҳбарони биноҳои баландошёна заҳмат мекашанд.

Барои нишондиҳандаҳои хубу намунавӣ кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» ғолиб дониста шуд.

Бузургонамон гуфтаанд: «Он ҷое ёр аҳл аст, кор саҳл мешавад».

Бошандагони маҳалла ният доранд, санаҳои саид-20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллии кишвар, 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо корҳои ободгарию созандагӣ сазовор пешвоз гиранд.

Баҳроми ЮСУФЗОД,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, шаҳри Истаравшан

Читать далее

Армуғон: мактаби нав дар арафаи садсолагӣ

Тибқи сарчашмаҳо ҳанўз соли 1918 дар меҳмонхонаи Абдураҳмон мактаби нав кушода шуда, аввалин муаллимони деҳаи мо Атохон Усмонов ва Мўъминҷон Аҳмадов буданд.

Соли 1928 бинои алоҳидаи мактабро тариқи ҳашар сохтаанд, ки он то дирўз побарҷо буд. Пеш аз солҳои ҷанг боз бинои мактаби №1 ба номи Ворошиловро сохтанд. Аммо баробари саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ он муддати 6 сол ба госпитали ҳарбӣ табдил дода шуд. 12-уми апрели соли 1992 бинои асосии мактаби миёнаи №14 ба коми оташ рафт ва барои таҳсили хонандагон шароит ниҳоят вазнин гашт. Миқдори хонандагон аз 2000 нафар зиёд буду толибилмон дар се баст таҳсил мекарданд. Ҳоло дар ин бинои нави замонавӣ шароити таълиму тадрис ва сифати донишандўзии хонандагон хеле беҳтар шуд.

Мактаби нав дорои 18 синфхонаи иловагӣ, утоқҳои ҷуғрофия, забони русӣ, дифоъ, таърих ва ҳуқуқ, компютерӣ, китобхонаи электронӣ ва толори варзишии муосир буда, ҳамзамон, маркази ягонаи гармидиҳӣ мебошад, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон он бо гармӣ таъмин мегардад. Бояд гўям, ки ин тўҳфаи бениҳоят арзандаи Пешвои муаззами мо дар арафаи садсолагии таъсисёбии мактабамон мебошад.

Бинобар ин хонандагон, муаллимони мактаби миёнаи №14, аҳли деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба ин таваҷҷўҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ миннатдорӣ баён мекунанд. Боварӣ дорам, ки дар ҷавоби ин ҳама дастгириҳои Роҳбари давлат хонандагони мактаб хубу аъло таҳсил намуда, минбаъд дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми хешро мегузоранд.

Алиҷон Олимов,
Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон

Читать далее

Густариши робитаҳо

Амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва тарбиявию маърифатӣ дар рушди ҳадафҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим хоҳанд дошт. Ин масъала дар ҷаласаи навбатии медиа-клуби «Суғдиён» баррасӣ шуд. Дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, арбобони ҷамъиятӣ, рўзноманигорон ва донишҷўён иштирок доштанд.

Дар оғоз рўзноманигори собиқадор Хуршеда Содиқова ҷиҳати сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид намуд, ки соли равон бахшида ба солгарди 25-умини барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои мо як қатор чорабиниҳо дар назар аст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки сол аз сол ҳамкориҳо дар самти иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ғайраҳо байни давлатҳои Россия ва Тоҷикистон рушд меёбанд.

Зимни суханронии худ сарвари Намояндагии ташкилоти «Россотрудничество» дар Тоҷикистон М. Воҷдеев қайд намуд, ки фаъолияти асосии Маркази маданӣ-фарҳангии Россия (РӣНК) ба густариши ҳамкориҳо дар самти муносибатҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ, технологӣ ва фарҳангӣ, оммавигардонии забони русӣ, мусоидат ва дастгирии ҳамватанони ҷонибҳо нигаронида шудааст.

-Боиси қаноатмандист, ки пас аз мулоқоти сарони кишварҳо қарор карда шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд филиали ташкилоти «Россотрудничество» ифтитоҳ ёбад, ки ин ҳам ба таҳким ва густариши ҳамкории байни кишварҳоямон мусоидат хоҳад кард,- гуфт М. Воҷдеев.

Бино ба гуфти рўзноманигори шинохта Исоқҷон Зокиров минбаъд муносибатҳои ҳамкории Федератсияи Россия ва Тоҷикистон боз ҳам таҳким хоҳад ёфт. Амалишавии барномаҳои байналмилалии давлати Россия ба баланд бардоштани сатҳи таълиму донишандўзии ҷавонон аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст.

Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко бобати натиҷаҳои ҳамкориҳои ду давлат сухан ронда, онро мусбат арзёбӣ намуд. Ў арз дошт, ки равобити кишварҳои мо на танҳо чун як шарики стратегии муҳим, балки дўстиву бародарӣ аст, умедворем, ки чунин ташаббусҳо дар оянда низ идома меёбад.

* * *

Ҳамзамон, дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Россияву Тоҷикистон дар толори бинои Намояндагии Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд брифинги матбуотӣ бо иштироки васеи рўзноманигорони вилоят доир гардид.

Дар оғози брифинг Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко оид ба натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муфассал маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷониби давлати ў минбаъд низ бобати рушди ҳамкориҳо дар самти муносибатҳои байналмилалии таълиму фарҳанг, илму техника ва кўмакҳои башардўстонаи ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Сипас, намояндагони васоити ахбори омма оид ба масоили мубрам, аз ҷумла, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани шаҳрвандии давлати Россия, дастрасии китобҳои фаннӣ бо забони русӣ, нақшаҳои минбаъдаи намояндагии Федератсияи Россия ва ғайраҳо аз Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко пурсон шуданд. Мавсуф дар навбати худ ба суолҳои рўзноманигорон посухҳои дақиқ дода, барои ҳамкорӣ дар ҷодаи фаъолияти судманд изҳори миннатдорӣ намуд. 

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее