April 2017

27 April 2017

Ба истиқболи субҳ

Ӯро табиат чунин аст: дар ҳар амал пешсаф будан мехоҳад. Давраи бачагию ҷавонии Тоҷиддин Саидолимов чун дигар ҳамсолонаш, шурӯъ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 20 майи соли 1947 дар рустои Падрохини он ҷо таваллуд шудааст, бо подабонӣ гузашта, соли 1956 дар қатори аввалинҳо дар оғӯши падараш - марди донишманду ҷаҳондида, омӯзгори навҷӯю устоди ҷавонон, иштирокчии ягонаи Паради Fалаба аз Мастчоҳ (24 июни соли 1945) Саидолим Раҷабзода сӯи Дилварзин - маъвои нав роҳ пеш гирифт.

Падараш, ки ҳамроҳи арбобони намоёни илму фарҳанги тоҷик устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода донишҷӯи Дорулфунуни Осиёимиёнагии шаҳри Тошканд буд, чандин бор аз ин чӯли тасфон пиёдаю савора гузашта, ба куҷо бурдани аҳли оилаашро хуб медонист.

Макони навро бо шару шӯри ҷавонӣ истиқбол карда, соли 1965 мактаби миёнаи №3, ки имрӯз номи яке аз ташкилотчиёни мактабу маориф дар Мастчоҳ, Аълочии маорифи СССР, шоир ва олим Гадо Умарӣ (Муллогадо Умаров)-ро дорад, хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) супурд. Аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ хеле фаъолу сертараддуд, ҳамроҳи дӯсташ Муллосафар Низомов иштирокчии маҳфилҳои фаннию варзишӣ буд.

Солҳои пурҷӯшу хурӯши донишҷӯӣ гузаштанд. Баъди хатми донишгоҳ мутахассиси ҷавон фаъолияташро дар ташкилоти сохтмонии ноҳия – Дастаи сайёри механиконидаи №3, ки дар ободонии ин чӯли тасфон саҳми асосӣ гузоштааст, ба сифати иқтисоддон шурӯъ кард.

Минбаъд дар ташкилоти комсомолии ноҳия фаъолияташро пеш бурд.

Гирумонҳо ва тадбирҳои ҳаёти ҷавонону комсомолон бо иштироки фаъолонаи Тоҷиддин Саидолимов сурат мегирифтанд ва ӯ дар ҳар кор намунаи ибрат буд.

Он солҳо анъанае буд, ки ҷавонони ташаббускору фаъол аз тамоми идораю муассисаҳо ба кумитаи ноҳиявии Ҳизби Коммунист ба кор пазируфта мешуданд.

- Ба шӯъбаи мо марди хеле ҷиддию кордон Мирзошариф Одилов (равонаш шод) сарварӣ мекард, ки ман худро шогирди мактаби одамгарии ӯ медонам. Райком ба ман муносибат бо одамонро ёд дод, ҷустуҷӯ, таҳлил, таҳким, хулосабарориро он ҷо омӯхтам, ки дар тамоми давраи кориам дар идораҳои гуногун маҳаки фаъолияти ман буданд, - изҳор намуд Тоҷиддин Саидолимов.

Баъд қобилияти корию ташкилотчӣ барин сифатҳои ӯро дар дигар самтҳои хоҷагии халқи ноҳия санҷидаанд. Хусусан, давраи директории ӯ дар комбинати хизмати маиширо, тӯлонӣ набошад ҳам, мардум бо некӣ ёд мекунанд, ки шаклҳои нави хизматрасонӣ ба роҳ монда шуда буданд. Дар шаҳраки Қуруқсой нахустин кооперативи таъмири велосипед ташкил карда шуд, ки аз ташаббусҳои ӯ буданд.

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта идораи шуғли аҳолӣ эътибори зиёдеро касб карда буд ва фаъолияти он оинаи сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мерафт. Сарвари тозатаъини он Т.Саидолимов баробари ҷустуҷӯ, ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ярмаркаҳои ҷои кори холӣ шароити мусоид фароҳам меовард. Вай кӯшиш мекард, ки ярмаркаҳо бо омодагии пешакӣ сурат гиранд, то мардум имкони интихоби ҷои корро дошта бошанд. Fайр аз ин, он замон ҳам муҳоҷирати меҳнатӣ ба мамолики хориҷӣ аз масъалаҳои доғи рӯз ҳисоб меёфт. Шумораи онҳое, ки ба хориҷи кишвар сафар карданӣ буданд, рӯз аз рӯз меафзуд. Сарвари идора кӯшиш мекард, ки бо ташкилотҳои ҳамноми вилоятию ҷумҳуриявӣ алоқаи мустаҳкам дошта бошад, таҷрибаи дигар ноҳияҳоро меомӯхт, амали беҳтаринро дар фаъолияти худ ҷорӣ мекард. Дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо роҳҳои ҳамкорӣ бо минтақаҳои гуногуни Россия ва дигар давлатҳои ҳамсояро ҷустуҷӯ менамуд. Бо кӯшишу талошҳои ӯ як гурӯҳ духтурон тавассути идораи шуғли аҳолӣ ба кишвари Сахалини Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд ва имрӯз зиндагии шоиста дошта, дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободонию созандагии диёри хеш саҳми босазо доранд.

Замон талаботи нав, муносибати комилан ҷадиди хоҷагидориро мехост. Ана, дар чунин як давраи ҳассос Тоҷиддин Саидолимов бо такя ба як зумра ҷавонони чолоку ҳушёр бо дарки талаботи замони нав аввалин шуда кооперативҳои истеҳсолию хоҷагиҳои деҳқониро созмон дод, ҷонибдори ташаббусҳои тоза гардид. Хоҷагии деҳқонии намунавӣ, ки назди идораи шуғли аҳолии ноҳия ба қайд гирифта шуд, аввалин хоҷагии навсохт буд, ки назди фермаи чорводории совхоз-техникуми ноҳия амал мекард. Усулҳои иҷораи хоҷагии оилавӣ ва дохилихоҷагӣ доман паҳн мекарданд. Рӯзҳою моҳҳою солҳо сипарӣ гаштанд, тарзи нави кору муносибат ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба қисми ҷудонопазири зиндагии мо табдил ёфт, замин ба соҳибаш дода шуд. Дар ин кор иқдомҳои созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оиди тақсими 75 ҳазор гектар замин ба мардум аҳамияти ҳалкунанда доштанд, - он рӯзҳоро ба ёд меорад Тоҷиддин Саидолимов.

Ин ҷавонмарди ташаббускор бо мақсади равнақи соҳибкорӣ, амалӣ гардидани нақшаҳояш аз нармкурсии сарвари идораи шуғли аҳолӣ даст кашида, корро ба ташкили хоҷагиҳои нав, васеъ кардани майдони корам аз ҳисоби талу теппа ва партовҷоҳо шурӯъ кард. Ташаббускорию чашмикордониаш имкон доданд, ки партовгоҳи паҳлӯи канали Бӯстонро ба боғи зардолу ва олу, гелосу тути балхӣ табдил диҳад. Ин худкории ӯро бисёриҳо пайравӣ намуданд ва бо ин аз ҳисоби кӯҳдоман майдони боғҳои нав торафт васеъ шуданд. Ин маҳал имрӯз гулистони ҳақиқиро мемонад, аммо бо хеле талошу мушкилиҳо. Аз ин партовгоҳ даҳҳо мошин ҷинсҳои нолозим бароварда, ба миқдори зарурӣ палму хоки бегона дароварда шуданд.

Соли 1988-ум 1,5 гектар санглохро чун иҷора ба расмият даровард. Дар майдонҳои тахту ҳамвор кишти зироатҳои гуногун ва бунёди боғ ба нақша гирифта шуд, аммо таъмини об муаммо буд, ҳарчанд канали пуроб аз паҳлӯи киштзор мегузашт. Чӣ кор бояд кард? Барои харидани насоси обкаш маблағ лозим, онро аз куҷо бояд ёфт? ӯ илоҷи корро ёфт: аз ҳисоби масолеҳи мавҷуда ва кӯмаки дӯстон чархи фалак сохт, ки дар он 50 сатилча васл шуда буд. Рӯзи бакордарории он гӯё ид буд. Чархи баландиаш 7-метра бо кӯмаки 20 нафар донишҷӯёни Омӯзишгоҳи касбию техникии №35 барқарор карда шуд. Бо ин усул хавфи нобудшавии дарахтон ва зироату боғ аз байн рафт. Ҳоло иншооти мазкур дар музейи Хоҷагии деҳқонии «Нухин» зери ҳавои кушод нигоҳ дошта мешавад. Ҳатто, чанде пеш гурӯҳе аз бошандагони як ноҳияи кӯҳистон бо мақсади шиносоӣ бо сохту тарзи кори он меҳмони Хоҷагии деҳқонии «Нухин» буданд.

- Чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок карда, вазифаҳои ба миён гузоштаро рӯи коғаз овардам, ки иборат буданд аз иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва зиндагии шоистаи мардум. Аз ҷумла, Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуданд, ки дар маҳалҳову ҳатто кӯчаҳо бо мардум тез-тез вохӯрем, дар барҳам додани мушкилиҳои онҳо нақши муассир гузорем, - мегӯяд Т. Саидолимов.

Баробари боғдорӣ ӯ дар ин майдон ба равнақи чорводорӣ низ камари ҳиммат баст. Бо ин мақсад барои 40 сар гов оғилхона пӯшид, мақсади бо маҳсулоти ширӣ кӯмак ба кӯдакистонро дошт. Барои равнақи кор аз бонк қарз гирифт. Давраи аввал кораш бад набуд, аммо рафта-рафта хошоки доманакӯҳ ба чорво намерасидагӣ шуд ва хост аз ҳисоби саҳмаш майдони кишташро васеъ кунад, аммо печдарпечию нофаҳмиҳо дар идораҳои танзими обу замин… 12 сол кашол ёфт. Вале ниҳоят дар ин марҳалаи солҳо пешрафти кор насибаш гардид.

- Имрӯз, шукри Худо, корҳо бад не, мушкилиҳоро паси сар кардем, заминҳо самаранок истифода шуда истодаанд, баробари бедаю полезиҳо себу анор, олуча, гелос ҳосил медиҳанд, гармхонаҳо фаъолонд, мағозаи молҳои хоҷагӣ дар хизмати мардум аст, - мегӯяд ӯ ва шукри онро дорад, ки шаклҳои нави хоҷагидорӣ бартарияти худро исбот карда, замин соҳиби ҳақиқиашро ёфт, дасти деҳқон боло шуд. Дастуру тавсияҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар бобати таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм хеле саривақтӣ буда, истифодаи самараноки замин равшан мушоҳида шуда, садҳо нафар соҳиби ҷои кору даромади хуб гардиданд, - изҳор медорад Т.Саидолимов.

Тоҷиддин Саидолимов чанд сол боз сарварии маҳаллаи калонтарини шаҳраки Бӯстон – Суғдиёнро низ ба ӯҳда дорад.

- Мактаби мо дар ҳудуди ҳамин маҳалла ҷойгир аст, - мегӯяд директори мактаби варзишии наврасону ҷавонони ноҳия Мирзоаҳмад Ёров, - аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидем. Чанде пеш бо дастгирии раиси маҳалла Тоҷиддин Саидолимов ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт ва варзишгарони ҷавон аз ин кори хайр сипосгузоранд. Ин марди накӯкор варзишро ҳам дӯст медорад, маҳз бо ташаббуси вай гузаронидани мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла, тенниси рӯимизӣ ба ҳукми анъана даромада, дӯстдорони зиёди ин навъи варзишро ҳар рӯз ба толор меорад.

Чунин амалҳои нек дар ҳаёти ӯ бисёранд. Имрӯз дар маҳалҳои гуногуни ҷамоатҳои Оббурдону Бӯстон гармобаҳои кӯчаки оддисохт фаъоланд, ки маҳсули ташаббусу дастони ӯ мебошанд.

Тоҷиддин Саидолимов ҳар субҳро ба хотири кори неке истиқбол мегирад ва ин амалҳои файзборро ба фарзандонаш низ талқин менамояд…

Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА,
Рӯзноманигор

Читать далее

Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд

Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ кишти баҳорӣ бо маром идома дорад. Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ғаллакорони вилоят соли равон нақша доранд дар майдони 54751 гектар кишти ғалладонагиҳоро гузаронанд.

То ба санаи 24 апрел  корҳо 99,1% иҷро гардида, дар ин самт фаъолияти кишоварзони навоҳии Деваштич (112,9%), Ҷаббор Расулов (111,9%), Мастчоҳ (102,4%), Истаравшан (101,4%) ва Шаҳристон (99,6%) назаррас аст.

Ҳамчунин коштани сабзавот низ идома дошта, то ин давра дар миқёси вилоят дар майдони 5103 га сабзавот кишт шудааст, ки он ба 64,2 %  баробар аст. Кишти картошка аз ҷониби кишоварзони вилоят дар майдони 3176 га анҷом дода шудааст, ки он 35,5% -и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин самт ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ пешсаф буда, кишоварзони ноҳияҳои боқимонда низ кӯшиш доранд кишти картошкаро, ки соли равон тибқи нақша дар майдони 8935 гектар бояд гузаронида шавад, бо истифода аз ҳавои минтақаҳо дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Аҳлона мулкамонро обод намоем!

Солҳои аввали Истиқлолият барои мардуми мо давраи санҷиши сахту сангини таърих буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷангро хуб дар ёд доранд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт. Солҳое шуд, ки мардуми кишвар дар хунуктарин давраи сол ҳамагӣ як - ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо умуман бебарқ мемонданд. Муассисаҳои барои мардум ҳаётан муҳим - мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ кор намекарданд. ҳамаи ин, албатта, ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонид.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр мешавад, ки қариб даҳ соли Истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ равона гардидааст. Дар кишвар танҳо аз охири солҳои 1990-ум барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозӣ амалӣ карда шуданд. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Аз 14-уми январи соли 2017 оғоз карда, дар кишварамон маҳдудияти барқ аз байн бардошта шуд, ки қадами қатъӣ сӯи амалӣ намудани стратегияи сеюми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, ки давоми ин солҳо ба даст овард, маҳз самараи Истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои Ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот ҳар рӯз дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт.

Аммо то ҳанӯз, сарварон ва аъзоёни ҳизби дар кишвар мамнӯъгаштаи назҳати ислом баҳсу мунозираҳо, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд. Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва тӯҳматро маҳкум месозад. Шаҳрвандони мо, халқи фарҳангпарвари кишварамон ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунанд, зеро озодиву Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мақсади асосии мо Ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст.

А.Бердишукуров,
Р.УСАНОВ,
дотсентони кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

26 April 2017

Таваҷҷўҳи хоса ба дастгирии ҷавонон

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 25-уми апрели соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ҷавонони фаъол ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо сухани муқаддимавии Раиси вилоят ва садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардид ва дар он аз 70 нафар вакилон 62 нафар иштирок намуда, 10 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Читать далее

“Ин ҷо кӯдакистон не, фирма аст!”

Таҷрибаи ноогоҳона хусусигардонии ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо ва ба ҷои онҳо ба ном фаъолият намудани фирмаву коргоҳҳо

Кор то ҷое расида, ки имрӯзҳо фарқи муҳимияти саломатии кӯдакон аз фоидаи ким-кадом як корхонаи соҳибкоре боло рафтааст. Дардо, ки бо пошхӯрии давлати Шӯравӣ дар қатори аксари корхонаву муассисаҳо боғчаҳои бачагона низ ба истилоҳи маъруф «приватизатсия» шуданд. Оё дар ягон гӯшаи дунё чунин муносибатро дидаед, ки боғчаи бачагона-аввалин макони маърифатии кӯдакон хусусигардонӣ шудаву ба коргоҳи як соҳибкоре табдил шуда бошад?

“Доғ”-ҳои хусусигардонӣ

Он, ки дар оғоз аз хусусигардонӣ гиламанд шудем, мазмун он нест, ки мо зидди соҳибкорӣ ҳастем. Аммо нуктаи муҳим ва суоли калидӣ низ он аст, ки магар кӯдакистонро хусусӣ кардан аз рӯйи инсоф аст? Мушоҳидони ҳол ба ин назаранд, ки агар кӯдакистон хусусӣ карда шудаву дар оянда низ ҳамчун субъекти муассисаи томактабӣ фаъолият намояд, боке нест.

- Агар боғчаи бачагона аз ҷониби соҳибкоре хусусӣ карда шудаву чун пештар кӯдакистон боқӣ монад, бисёр хуб аст. Зеро ин аз як тараф рушди соҳибкорӣ буда, аз тарафи дигар кӯдакистонҳо аз фаъолият боз намеистанд,-мегӯяд Шаҳноза ном сокини шаҳри Хуҷанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки агар кӯдакистонҳо хусусӣ карда шудаву ба ҷояш фаъолияти тиҷоративу истеҳсолии шахсони алоҳида созмон дода шуда бошад, чӣ оқибатро метавон интизор буд? Соҳибназарон чунин пешомадро ҷойи афсӯсу надомат, нохудогоҳии масъулини вақт дар айни фурӯпошии давлати Шӯравӣ ва ҳамтарози он аз фаъолият боз мондани коргоҳҳо унвон карданд.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ аксарияти мусоҳибони ин матлаб гиламанд аз онанд, дар раванди хусусигардонӣ бархе кӯда- кистонҳо ба ихтиёри соҳибкороне вогузор шуданд, ки дар оянда на чун кӯдакистон, балки чун заводу фабрикаҳои хусусӣ фаъолият кардаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин раванди дарҳам-барҳами хусусигардонии ноогоҳона то оғози солҳои 2000-ум идома кардааст.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то ба моҳи марти соли ҷорӣ 34 нафар соҳибкор ба Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бобати сохтани кӯдакистони хусусӣ муроҷиат намуданд.

Ҳамчунин, маълум гардид, ки аз шаҳри Хуҷанд 12 нафар чунин дархост намудаанд, муроҷиати 4 нафари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Болтуев изҳор медорад, ки аллакай бо соҳибкорон бобати мавзеи сохтмони кӯдакистон тавофуқ ҳосил шудааст, ки дар соҳили рост - дар маҳаллаҳои навбунёд сохтмони онҳо дар назаранд. Албатта, ин кори саривақтист. Зеро дар оянда кӯчиши бемайлони сокинон ба доманаи паҳнои кӯҳи Мевағул ниёзеро пеш меоварад, ки ҳатман сохтмони кӯдакистонро ишораи ангушт менамояд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар дохили шаҳрҷои аҳолинишин, чаро имкони бунёди кӯдакистон вуҷуд надорад? Агар фаразан гӯем, ки ҷой нест, аммо барои бунёди мағозаву биноҳо ва иншооти баландошёнаи хусусӣ ҷой меёбанд-ку. Гиламандии мо аз ин гуна биноҳои навбунёд нест, зеро он зеби шаҳр ва фарҳанги шаҳрдорист. Вале, шикваи асосии матлаби мо ҳамон кӯдакистонҳои аҳди Шӯравист, ки имрӯзҳо комилан аз фаъолият бозмондаанд. Ё тавре дар боло гуфтем, дар натиҷаи хусусигардонии ноогоҳонаи солҳои аввали Истиқлолият дар ҷои кӯдакистон завод, фабрика, мағоза, ягон корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Мушоҳидаи бевоситаи муаллифи ин сатрҳо нишон дод, ки дар болои маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд кӯдакистони дар замони Шӯравӣ бунёдёфтае истодааст, ки умуман фаъолият намекунад ва дари он ҳамчун кӯдакистон бастааст. Насли имрӯз ҳатто намедонад, ки ин бино замоне кӯдакистон будааст.

Ё худ, дар шафати Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ду кӯдакистон ҳампаҳлӯ истодааст, ки комилан фаъолият надоранд. Тибқи маълумотҳои дақиқ яке аз ин кӯдакистони №5 буда, мутааллиқ ба Комбинати абрешим ва аз се ошёна иборат аст. Тавре мусоҳибон мегӯянд, кӯдакистони мазкур метавонист дар як вақт ҳудуди 1500-2000 нафар кӯдаконро фаро бигирад. Дар 20 метр дуртар аз он як кӯдакистони дигар вуҷуд дошт, ки ҳамчун кӯдакистони №1 шинохта мешуд ва он дар як вақт метавонист ҳудуди 600-700 кӯдакро ба оғӯши худ фаро хонад.

Мушоҳидаи шахсии мо нишон дод, ки кӯдакистони №5 қулф буда, дар дарвозаи он рақами телефон калон-калон навишта шудааст. Кӯдакистони №1, ба коргоҳе табдил ёфтааст, ки баробари ворид шудани мо корманди назди дарвоза иброз дошт:

«Укоҷон, ин ҷо фирма, кӯдакистон не ҳозир».

Банда низ рамуз гирифтам, ки дигар аз ин кормандон ниёзи пурсу посухе нест. Зеро айб на дар соҳиби коргоҳ, балки гуноҳи нобахшиданӣ аз ҷониби онҳое сар задааст, ки дар садри шаҳрдорӣ замоне нишаставу мубтакири хусусигардонии чунин даргоҳҳо шудаанд. Аслан набояд аз соҳибкороне, ки ин гуна муассисаҳоро хусусӣ кардаанд, лаб ба шикоят кушод, балки аз гиребони онҳое бояд гирифт, ки кӯдакистонро дидаву дониста ба хусусӣ кардан мусоидат намудаанд, ки минбаъд барои баста шудани он ба ҳам омадааст.

 Коргоҳҳо дар боғу кӯдакон дар домани Мевағул?

Инак, ҳолате пеш омадааст, ки шаҳрдории Хуҷанд лоҷарам ҷойҳоеро ба соҳибкорон пешниҳод кардааст, ки дар домани дашт аст ва он ҷо бояд кӯдакистон бунёд ёбад. Бо ин ҳама, чунин ибтикор лоиқи ситоиш аст. Вале мутаассифона, дар қиболи он, ки заводу фирмаҳои истеҳсолӣ дар ҷойи кӯдакистонҳои собиқи сабзу хуррам фаъолият намуда истодаанд, кӯдакистонҳои нав дар домани дашт бунёд мешаванд, як андоза ҳар як фарди солимфикрро аламе мерасонад. Ё тавре аксари волидоне, ки бо муаллифи ин сатрҳо сӯҳбат карданд, бо як овоз иброз медоранд, кӯдакистони собиқро ба онҳо бозгардонанд. Бигзор, заводу фабрика ва ё фирмаҳои истеҳсолӣ дар домани дашт фаъолият намоянд, ки то аз дуду баъзе партоби он мардуми маҳал дар амон бошанд.

Алами дигар ин аст, ки барои сохтану бунёди нуқтаҳои сӯзишворӣ дар байни аҳолии шаҳрнишин ҷой будааст, ки комилан ғайрисанитарӣ ва ғайристандартӣ мебошад. Аммо барои бунёди кӯдакистон дар дохил ҷой пайдо намешавад ва он бояд ҳатман (!) дар домани кӯҳи Мевағул сохта шавад? Моро ин суол замоне дастбагиребон шуд, ки ҳар рӯз қариб сохта, ба истифода додани нуқтаҳои фурӯши гази моеъву бензинро мушоҳида мекунем, ки ба ягон стандарти маъмулии СНиП (строителҳнқе нормативқ и правила) ҷавобгӯй нест. Зеро суоле ба миён меояд, ки аз рӯи стандарт масофаи байни ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҳалли зисти мардум чӣ қадар бояд бошад?

Тавре дар СНиП омадааст, нуқтаҳои фурӯши бензин ва гази нақлиёт ба категорияи нисбатан хавфнок шомил шуда, аз маҳалли зисти сокинони деҳа 300-500 метр, аз маҳалли зисти сокинони биноҳои серошёна 800-1500 метр дуртар ва аз роҳҳои мошингард на кам аз 300 метр дуртар бояд ҷойгир карда шаванд. ҳатто дар СНиП ишора шудааст, ки ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёт дар канори мактабҳои миёнаи умумӣ ва боғчаҳои бачагона умуман нораво мебошад.

Ба ҷуз ин, дар қоидаҳои экологии ҷойгиршавии нуқтаҳои сӯзишворӣ ишора шудааст, ки бояд тарзи равиши шамол ва шамолраҳа ба инобат гирифта шавад. Аммо тавре мебинем, дар чор тарафи шаҳри Хуҷанд ба таври чошу пош нуқтаҳои ТСН ҷойгир буда, ҷиҳати бехатарии шамолрави он ба назар гирифта нашудааст. Худо нокарда, агар шамол аз самти ягон оташдони назди бино ба самти нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ вазида монад… Худо он рӯзро нигоҳ дорад!

Бо сад афсӯс метавон иброз дошт, ки гирди ин матлаб замоне мо печида будем. Аммо боз алами кӯдакистон, ки дар он кӯдакони маъсуму бегуноҳ ва фариштагони китфи мо парвариш меёбанд, муносибати оҳание дорем. Яъне, ҷое дар байни маҳал намеёбем, ки ба онҳо созмон диҳем.

Мақтаи сухан

Ногуфта намонад, ки тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои томактабии вилоят 40777 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд, ки дар ҳисоботи имсола ин рақам 17,401 нафар зиёд мебошанд. Шумораи кӯдакистонҳо нисбат ба ду соли охир 12 адад зиёд шуда, ба 249 адад расидааст, ки аз он 196 муассиса тобеи шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассиса тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 40 муассиса хусусӣ мебошанд. Ин рақамҳо далели онанд, ки сол то сол шумораи аҳолӣ аз ҳисоби таваллуд зиёд шудан дорад. Пас метавон ба нуктае бурхӯрд, ки теъдоди кӯдакон бештар шудан гирад, вазъи бунёди кӯдакистонҳо сол то сол ба муаммои рақами як табдил меёбад.

Аз ин рӯ, мебоист, ки барои оянда кӯдакистонҳо, ҳарчанд ки дар мувозинати ин ё он коргоҳ қарор дошта бошанд ҳам, бояд ҳамчун кӯдакистон нигоҳ медоштем. Аммо вазъи имрӯза ва таҷрибаи ноогоҳона хусусигардонӣ ва ба ҷои онҳо фаъолият намудани фирмаву коргоҳҳои дигар моро водор месозад, ки дар оянда ба ин нукта аз назари ибрат нигарем.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Фарзанди театр

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Темур Султонов аз синни даҳсолагӣ дар саҳнаи театр фаъолият дорад. Ў бисту панҷ сол дорад, вале аллакай понздаҳ сол мешавад, ки тамошобинони тоҷик ўро ҳамчун актёр мешиносанд. Актёри ҷавон Темур Султонов дар саҳнаи театр бузург шуд. Дунёи кўдакии ў бо дунёи беканори санъат омезиш ёфт. Ў фарзанди театр аст.

Санъаткор ба воя расидан чӣ гуна аст ва он ба шахсияти инсон чӣ дода метавонад? Роҷеъ ба ин ва дигар муҳаббатҳои Темур Султонов доир ба театр бо ў сўҳбати сарироҳӣ доштем. Ҳоло фишурдаи онро манзури хонандагони “Ҳақиқати Суғд” мегадонем:

Ҳар шавқе, ки дар дил аланга мезанад, метавонад ба муҳаббати воқеӣ табдил ёбад

-Барои чӣ маҳз пешаи актёриро интихоб кардед, ин интихоб муҳаббат буд ва ё тасодуф?

– Вақте даҳсола будам, аз ҷониби мактаб бо бародарам барои тамошои намоишномаи “Бойчечак”, ки дар Театри тамошобини наврас баргузор мегашт, рафтем. Ҳамон рӯз аввалин оташаки муҳаббат нисбат ба касби актёрӣ дар дилам шӯъла зад. Намоишнома бароям писанд омад ва бо бародарам дуввум маротиба омадем. Ногоҳ бинам, ки яке аз ҳамсинфонам дар ин намоишнома нақш меофарад. Пас аз тамошо бо ҳамсинфам оид ба намоишнома сӯҳбат кардем, таассуроти бардоштаамро гуфтам. ӯ шавқу муҳаббати маро дида, пурсон шуд:

- Ту ҳам нақш офаридан мехоҳӣ?

Гуфтам: - Бале

Гуфт: - Пас, якшанбеи ҳамин ҳафта ба театр биё.

Рӯзи якшанбе ба театр рафтам. Кормандон бахшида ба Соли нав намоишномаи навбатиро тайёр мекарданд. Маро қабул карда, гуфтанд, ки андаке биист, мо туро месанҷем (он ҷо аслан аз довталаб имтиҳон мегирифтанд). Ҳамин ҳангом барои иҷрои нақши гург одам набуд ва Ислом Саломов пурсид: Кӣ холӣ? Даст бардоштам ва иҷрои нақшро ба ман супориданд, яъне аввалин бор дар намоишномаи бачагонаи солинавӣ нақши гургро иҷро кардам.

- Ислом Саломов устоди нахустини Шумо аст?

-Бале, он кас нахустин устоди ман ҳастанд. Хеле шарафмандам, ки қадамҳои аввалини маро дар ҷодаи санъат ва театр ин марди ҳунарманд раҳнамоӣ кардаанд. Аз соли 2001 то 2010 дар ин театр ҳунарнамоӣ намуда, соли 2010 барои таҳсил ба шӯъбаи театри бадеии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло номаш тағйир ёфтааст) рафтам. Донишгоҳро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм намудам.

Айни ҳол дар Театри мазҳака ва мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамчун актёр фаъолият дорам.

- Ба андешаи Шумо барои наврасоне, ки хоҳишу муҳаббати актёр шуданро доранд, чиҳо зарур аст?

-Агар шавқ ва истеъдод дошта бошанд, бегумон маҳорату донишро дар рафти омӯзиш сайқал дода метавонанд. Яъне, пеш аз ҳама истеъдод ва муҳаббат ба ин касб. Бештар хондан ҷаҳонбинӣ ва диду нигоҳи хешро васеъ кардан, ҳамқадами замон будан хеле зарур аст.

- Яке аз мушкилии наврасон фарқ карда натавонистани шавқу ҳавас аз истеъдод мебошад. Шумо ба онҳо чӣ тавсия дода метавонед?

- Кӣ воқеан шавқу истеъдод дорад, замон муайян менамояд. Баъзе бачаҳое, ки ҳамроҳи ман рафта буданд, оҳиста-оҳиста худашон тарки ин пеша карданд. Инсон бояд худ дарк намояд, ки чӣ мехоҳад. Ҳар шавқе, ки дар дил аланга мезанад, метавонад ба муҳаббати воқеӣ табдил ёбад, барои ин талош, азму ният ва хоҳиш лозим аст. Албатта, замони кӯдакӣ барои пайдо кардани пайроҳаи зиндагӣ бояд бисёр шавқу ҳавасҳоро паси сар кард ва миёни ин ҳама ҳавасҳо муҳаббати аслиро пайдо кардан хеле муҳим аст.

- Чун асри ХХI асри технология аст, ба андешаи Шумо зиёд хондани китобҳои бадеӣ ба маҳорати актёрӣ таъсир мегузорад?

-Албатта. Актёр бояд бештар асарҳои бадеӣ мутолиа кунад, чунки дар онҳо образи қаҳрамон ҳаматарафа нишон дода шудааст. Қайд кардем, ки барои сайқали маҳорат рушди ҷаҳонбинӣ хеле муҳим аст. Хондани асарҳои бадеӣ барои вусъати ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад. Устодон ба мо пайваста таъкид мекарданд, ки хонем, омӯзем ва таҷриба андӯзем.

- Оё дар замони бачагӣ пешаи актёрӣ ба дунёи кӯдакиятон таъсир расонд?

- Оре, якумин таъсиргузорӣ ин аҳамияти бештар додан ба саломатӣ, тозагии зоҳирӣ, аз ҷумла, пойафзолам буд. Ман аллакай дар замони бачагӣ маданияти гуфтору рафтор, либоспӯширо аз бар карда будам. Ҳар намоишнома дар рушди шахсияти ман нақш мегузошт. Бештар кӯмак мекард, ки ман хубу бадро аз ҳам ҷудо карда тавонам. Муҳимтар аз ҳама маро аз оворагардӣ дур кард. Муҳаббатамро ба омӯзиш афзуд, китобхон кард.

 - Образҳое, ки дар саҳна иҷро менамудед, ба шахсияти Шумо чӣ гуна таъсир мерасонд?

- Дар давраҳои кӯдакӣ нақшофарӣ ҳамчун бозӣ мегузашт. Ислом Саломов чӣ тарз иҷро намудани нақшро мефаҳмониданд. Баъди донишҷӯ шудан чӣ гуна офаридани ҳар як образро меомӯхтам. Баъзан бо ҳамон образ зиндагӣ мекардам. Масалан, бо образи Расколников –донишҷӯ, қаҳрамон аз романи Достоевский чандин вақт зиндагӣ мекардам. Аз роман порчаеро иҷро кардам, сипас як қисмашро филм ҳам сохтам ва ҳардуро пайваст намуда, ҳамчун кори мустақилона пешниҳод кардам. Роҳбари гурӯҳ Тағоймурод Розиқов дар маҳорат, дар нутқи саҳна Раҷабов, дар актёрӣ Сӯҳроб Ҷанҷолов буданд. Замони донишҷӯӣ дарси як устод маро қонеъ карда наметавонист, аз ин рӯ, дар дарсҳои ҳамаи устодон иштирок менамудам. Аз ҷумла, дар дарсҳои Қурбони Собир, Шералӣ Абдулқайсов ва Ҳошим Гадоев борҳо ширкат доштам.

- Имрӯз ҷавонон кам ба театр мераванд, имкон доранд, ки тавассути интернет дар хона намоишномаҳои театрҳои ҷаҳониро тамошо кунанд. Ба фикри Шумо чӣ бояд кард, ки актёрони тоҷик ба рақобати байналхалқӣ мутобиқ шаванд?

– То ҷое актёронро гунаҳкор медонам, чунки шояд мисли пешиниён китоб нахонанд, намоишномаҳоро кам тамошо мекунанд. Мавзӯи саҳнаи ба намоишгузошта мувофиқи завқи ҷавонон нест. Бинобар ин, ба театр кам меоянд. Коргардонҳо низ бояд намоишномаҳоро ба завқи аудиторияи муосир мутобиқ созанд. Сатҳи талаботи тамошобинро дар назар дошта бошанд. Ҳамчунин, ҷавонон бештар ба техника ва кино майл карданд. Бештар аз болои худ кор кардан лозим. Таҷриба андӯхтан ва бо театрҳои байналхалқӣ робитаро барқарор ва ҳамкорӣ намудан ба рушди истеъдод ва сайқали маҳорат кӯмак мерасонад.

-Ба наздикӣ Шумо аз курси омӯзишии “Нигоҳи нав” баргаштед. Ин омӯзиш дар фаъолиятатон ягон таҳаввулот эҷод кард?

- Албатта. Вақти ташкил шудани ин фестивал дар курси дуюм мехондам ва аз ҳамон сол инҷониб иштирокчии фестивал ҳастам. Нахустин намоишномае, ки дар он ҷо пешкаш кардем, саҳнаҳо аз ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ”- и Ҷалолуддини Румӣ буд. Панҷ сол инҷониб иштирокчӣ ҳастам ва ҳамкорӣ менамоям. Ҳатто дар чорум ҷашнвораи фестивал бо намоиши “Теғи бунафш” шабона ҳам бо ҳамроҳи коргардон Файзулло Файзов дар хона кор мекардем. Баъди ба намоиш гузоштани намоишнома сазовори беҳтарин нақши мардона (соли 2015) гардидам. Самти коргардониро интихоб намудам ва баъди як сол дар ҳамин ҷашнвора намоишномаи “ Дарси бераҳмонаи Валентин Красногоров”-ро бо “Табиби зӯракӣ” ҳамроҳ ба саҳна гузоштам.

- Имсол Соли ҷавонон аст. Шумо аз ин сол ва аз худ чӣ интизориҳо доред?

- Чигунагии Соли ҷавонон ва натиҷаҳои он аз худи мо вобаста аст. Умедворам, соли бобарор бошад. Интизорӣ аз касе надорам, зеро агар ягон кори муҳимро хуб ба анҷом расонам, натиҷаи хуб медиҳад. Ният дорам, соли равон ҳамчун коргардон намоише пешниҳод намоям.

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред ва орзуи Шумо чист?

-Ҳоло омодагӣ ба намоишномаи “Ишқи парӣ” рафта истодааст ва ман ҳам яке аз иҷрокунандаи қаҳрамони он ҳастам. Дар фестивали “Парасту” намоишномаи “Аз мост, ки бар мост” пешкаш карда мешавад. Ният дорам ҳамчун актёр дар самтҳои гуногун нақшҳо офарида, чун коргардон як намоиш ба саҳна гузорам. Инчунин, ба саҳна гузоштани асарҳои бузурги Шекспир ва дар ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намудан аз мақсадҳои ин сол аст.

-Барои сӯҳбат ташаккур.

-Сабаланд бошед.

Сӯҳбаторо Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Рисолат касбӣ: фароҳамоварии шароити мусоид ба ниёзмандон

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти ҳифзи саломатии мардум ва рушди соҳаи тандурустӣ корҳои зиёде ба иҷро расида истодаанд. Дар ин раванд барномаҳои гуногуни соҳавии тиббӣ иҷро мегарданд, ки соли сипаршударо ҳамчун “Соли фарди солим” эълон доштани Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ намунаи барҷастаи гуфторҳои болост.

Оғози соли ҷорӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади огаҳии бештар пайдо намудан аз вазъи кунунӣ, сатҳи хизматрасонии бархе муассисаҳо, аз ҷумла, Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди боздид қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ташкили ҳама намудҳои ташхисиву муолиҷавӣ дар Марказ ба масъулин дастуру супориш дода буданд.

Барои аз наздик огаҳӣ ёфтан аз рафти фаъолияти он ва то кадом андоза ҷиҳати рафъи камбудиҳо корбарӣ намудани масъулини Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муассиса омадем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Маркази мазкур солҳои 30-юми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ карда, дорои 6 кати махсус буд. Соли 1975 бинои сеошёна барои 40 кат сохта, ба истифода дода шуд. Солҳои пеш дар ин Марказ асосан собиқадорони ҷангу меҳнат, ашхоси барӯманди вилоят ва ҷумҳурӣ муолиҷаву истироҳат менамуданд.

Бино ба маълумоти сардухтури Маркази мазкур Мӯҳсинҷон Ҷабборов, алҳол беморхона дорои 60 кат ва дармонгоҳ мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки зимни азназаргузаронии фаъолияти Марказ Раиси вилоят сараввал аз дармонгоҳи он боздид ба амал оварда, асосан оид ба ҳуҷҷатгузории махсуси дармонгоҳ ва ҳолати садамавии бино изҳори нигаронӣ карданд ва бобати дар мӯҳлатҳои наздик пешниҳод намудани лоиҳаи бинои нави дармонгоҳ дастур доданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бинои дармонгоҳи Марказ якошёнагӣ буда, воқеан дар ҳолати ногувор қарор дорад. Он дорои шаш ҳуҷраи корӣ буда, дар он 15 корманд фаъолият дорад, ки аз онҳо 2 нафар табиби асосӣ ва 9 нафар мутахассисони муштараквазифа мебошанд.

- Ҳамаи камбудиву норасоиҳои аз ҷониби мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, ки дар рафти санҷиш ошкор гардида буд, дар мӯҳлати муайянгардида ислоҳ шудаанд. Оид ба фаъолияти дармонгоҳи Марказ корбарӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, реҷаи кории мутахассисони дармонгоҳ мувофиқи Низомнома аз нав тартиб дода шудааст, - гуфт роҳбари Марказ М.Ҷабборов.

Баҳри бо шароиту вазъи санитарии ҳуҷраҳои ёрирасон огаҳӣ ёфтан аз утоқҳои табобатӣ дидан намудем. Ҳолати имрӯзаи санитарии ҳуҷраҳои ёрирасон беҳтар гардида, тибқи дастури Раиси вилоят ҷиҳати таъмини Марказ бо таҷҳизоти физиотерапевтии замонавӣ ва усулҳои муолиҷа бо тарзи нав ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам бо усулҳои нав муолиҷаро ҷорӣ намудан, аз ҷумла, барои муолиҷа бо лойи табобатӣ баҳри харидани таҷҳизоти зарурӣ ва омода намудани утоқҳои махсус бо ваннаҳои табобатӣ алҳол корбарӣ рафта истодааст.

Дар рафти азназаргузаронӣ бо чанде аз табобатгирандагон ҳамсӯҳбат гардида, оид ба шароити зисту табобат пурсон шудем.

Саид Шукуров - сокини шаҳри Истаравшан, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мақсади ташрифамон огоҳ шуда, даст кушода, дар ҳаққи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам роҳбарияти вилоят дуои хайр намуд.

- Шукр мегӯям, ки маҳз бо ғамхориву дастгирии онон дар чунин муассисаҳо барои мо шароити хуби табобатӣ фароҳам овардаву масъулин ҳамеша бо самимияти хоса моро муолиҷа менамоянд, - таъкид дошт мавсуф.

- Марказ бо тамоми шароити табобативу мутахассисони соҳибкасб таъмин аст, агар як ошхонаи замонавии барҳаво медошт, ба дигар муассисаҳои истироҳативу табобатӣ рафтан зарурат набуд,- арз дошт С. Ғанизода, устоди донишгоҳ.

Ин гуфтаҳо моро водор сохт, ки роҳ сӯи ошхонаи Марказ гирем. Он дар масоҳати тангтар ҷойгир бошад ҳам, тозаву дилкаш буд.

Бино ба гуфти сартабиб Мӯҳсин Ҷабборов дар бобати васеъ намудани ошхона ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ гардонидани он ҳамчунин, супориши роҳбарияти вилоят низ шуда буд.

- Чанд сол қабл мо аз ҳисоби захираҳои махсуси маблағҳо бинои асосии беморхона ва маъмуриятро аз таъмири ҷорӣ бароварда будем. Алҳол боз зарурат ба миён омадааст, ки дар Марказ таъмири куллӣ ва азнавсозӣ гузаронида шавад. Раиси вилоят зимни ташрифашон моро вазифадор карданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи нави бинои таҳлилгоҳи замонавӣ ва ошхонаи барҳаворо пешниҳод намоем. Аз ҷониби лоиҳакашону масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят лоиҳа пешниҳод гашта, корбарӣ идома дорад.

Ҷоизи қайд аст, ки Маркази мазкур солҳои фаъолияти хеш тибқи муқаррарот баҳри барқарорсозӣ ва солимгардонии саломатии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин ашхоси ба онҳо баробар, ҷанговарони интернатсионалист, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил, маъюбон, нафақахӯрони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва пиронсолон равона гардидааст. Ба ин гурӯҳи аҳолӣ, ки бештар ба ғамхориву дастгирӣ ниёзманд мебошанд, ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти вилоят бобати барқарорсозии саломатиашон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Абирсиришт аст гулшану гулҳо...

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз шаҳру навоҳии кишвари азизамон ободу зебо мегардад. Кӯчаю хиёбонҳо, роҳу гулгаштҳо, майдончаҳои биноҳо гулзор шуда, симои шаҳру навоҳӣ шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кардааст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои ободу зебо намудани саҳн ва атрофи корхонаву ташкилотҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, ҳавлиҳо бо ороиши кӯзаҳои гул супориш дода буданд, ки имрӯз дар ҳама муассисаҳо ин иқдоми нек амалӣ гардида истодааст. Мушоҳида намудем, ки саҳн ва мавзеи аксари корхонаву ташкилотҳои дар қадди роҳи мошингарди маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда гулу гулзор шудаанд.

Дар даромадгоҳи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят кӯзаи гулҳои тару тоза дар девораҳо насб шуда, табъи бинандаро шод мекунанд. Чунин намудҳои кӯза бо гулҳои рангоранг дар даромадгоҳи Маркази саломатии №6, корхонаи муштараки «Сатн», Маркази савдои «Нур», ошхонаи «Самарқанд», Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и ба номи С.Ӯрунов, Беморхонаи шаҳрии №2, бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Маркази саломатии №1, Маркази вилоятии «Тоҷикстандарт», беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А.Нурматов, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба назар мерасанд. Бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда ва дарахтони ороишӣ маҳалли зист, деҳа ва шаҳраки худро обод гардонида, саъю кӯшиш намоем, ки кишвари офтобрӯяи хешро боз ҳам зеботару ободтар гардонем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА
Суратгир И.РАБИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Об ҳаст фаровонӣ ҳаст

Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Сарвари давлат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ ташаббусҳои нав ба нави сокинону фаъолони ноҳия баҳри сарсабзии диёр ба назар расида, маорифчиён низ дар яке аз гӯшаҳои ноҳияи Деваштич, яъне дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Муҷун бо ташаббуси сарвари муассиса Ботир Саломов ва дастгирии раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Комилҷон Отабойзода ва раиси Шӯрои маҳаллаи деҳаи Муҷун Абдурауф Нарзуллоев дар масоҳати зиёда аз 1,5 га хоҷагии ёрирасон ва боғи дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ташкил намуда, дар шафати роҳравҳо гулу буттаҳо шинонида шуданд.

То имрӯз гирду атрофи муассиса бинобар набудани оби полезӣ ба як ҳолати ногувор қарор дошта буд ва пас аз он, ки ду сол қабл бо ташаббусу дастгирии фаъолону сармоягузорон дар деҳаи Муҷун кофта ба истифода додани чоҳи артезианӣ (амудӣ) зиёда аз 500 оила ба оби нӯшокӣ ва зиёда 150 хоҷагиҳои деҳқонӣ, алалхусус МТМУ №4 низ ба оби полезӣ дастрасӣ пайдо карданд.

Сарвар САИДОВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

25 April 2017

Хароҷоти тӯй аз ҷониби домод бошад, на арӯс!

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо дар маҷлисгоҳи Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Аз рӯи рӯзномаи якуми ҷаласа бобати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар вилояти Суғд сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳидзода Олимҷон Алиҷон сухан карда, пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бобати «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017 нек арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯ ва иқтидори созандаи пешрафтаи ҷомеа, хулоса, ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои мукаммал доир ба Соли ҷавонон тасдиқ шуда, тадбирҳои фарҳангиву сиёсӣ ва варзишӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Барои дастгирии ҷавонони ниёзманд давоми се моҳи соли 2017-ум 140 нафар ҷавон бо кӯмаки моддӣ дастгирӣ ёфта, хатнасури 230 нафар аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд. Қайд шуд, ки бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бо касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарон грантҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва Раиси вилоят таъсис ёфт.

Боиси хушнудист, ки дар Соли ҷавонон ҳаҷми гранти Раиси вилоят панҷоҳ фисад боло бардошта шуд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон шумораи стипендияҳои Раиси вилоят аз 100 адад ба 130 адад расонида, маблағи он то 30 фоиз баланд бардошта шуд.

Баъдан, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар вилоят Икром Мамадов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи Созмони талабагии вилоят ба номи Исмоили Сомонӣ Зулфия Нурматова доир ба фаъолияти соҳа ибрози ақида намуданд. Мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустамзода Сӯҳроб дар бораи рафти иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар вилоят маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1481 хатнасур, 3906 тӯйи домодию арӯсӣ, 1444 маросими чил ва 807 маъракаи сол баргузор гардидааст.

Давоми семоҳаи аввали соли 2017 ҳангоми гузаронидани 1190 рейди муштараки аъзои комиссияҳои доимӣ, санҷишу назоратҳои баргузории маърака ва маросимҳо масъулини шӯъбаи вилоятӣ ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд. Шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Fафуров ва қисман Бӯстон дар баргузории маъракаҳои хатнасур, зодрӯз ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода дар суханрониаш изҳор дошт, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҷиҳозонидани хонаи домод аз ҷониби арӯс пеш аз тӯй ба «ҳукми анъана» даромада, барои духтардор мушкилоти навбатие пеш омадааст. Бояд дар қатори танзим бахшидан ба дигар чорабинию маъракаҳо ҷиҳозонидани хонаи домодро аз ҷониби арӯс таҳти назорати қатъӣ гирифта, ба ин корҳо хотима бахшид.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо суол ва пешниҳодҳои худ ба кори Шӯро анҷом бахшиданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее