April 2017

03 April 2017

Ғолибияти донишҷӯи ДПДТТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Ба ифтихори эълон гардидани «Соли 2017- Соли ҷавонон» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намуди варзиш доир гардид. Шарафи вилоятро дар ин мусобиқаи бонуфуз Хуршед Рашидов ҳимоя карданд.

ДНомбурда донишҷӯи соли сеюми факултети муҳандисӣ- иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, дар вазни 70 кг аз байни 20 варзишгар мақоми дуюмро  ишғол ва соҳиби медали нуқраю ифтихорнома гардид.

Медал ва ифтихорномаро раиси Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Давлатов дар вазъияти тантанвӣ ба ӯ супорид.

Раёсати донишкада Хуршед Рашидовро бо ин комёбӣ муборакбод гуфта, ба ӯ дар ҷодаи таҳсилу варзиш барору комёбиҳо орзу намуд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ,
котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Абдураҳмон Қодирӣ Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз, 3 апрели соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайн ва густариши равобити дипломативу тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимнан қайд гардид, ки соли равон ба барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина 25 сол пур мешавад.

Читать далее

Ба хотири пойдории сулҳу субот муттаҳид бошем!

Имрўзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусулмонони дунё мушкилотеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум, ки кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаъҳои ашёи хом, ки бештари онҳо дар кишварҳои исломӣ - арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва мусоид - истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки баробари тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ ҳаводорони онҳо худро мусулмонони воқеӣ нишон дода, бо мақсади густариш додани равияҳояшон нақшаҳои пинҳонии хоҷагони хешро амалӣ мекарданд. Имрўз низ ин ҳолат такрор мешавад ва мусулмонони зиёде аз ҷониби ин гурўҳҳои зархарид азият мекашанд. Ба монанди ҳаракат ва ё гурўҳи бо ном “Давлати исломӣ” низ ба хотири ҷорӣ намудани “Исломи ноб” зери шиори “Ғазовот” ҷанги муқаддас барои дин мусулмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, ба марг маҳкум намуда истодааст. Ҳол он ки шартҳои оддитарини ғазовоти исломӣ, пеш аз ҳама, зарар нарасонидан ба амволи мардум, қатл накардани мардуми беяроқ ва осоишта, занону кўдакон ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки дар ҳадиси Паёмбари Акрам (с) чунин омадааст: “Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ў солим бимонанд”.

Дар ҷаҳони муосир, ки пурихтилоф аст, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкори хешро бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз қабили “Ваҳҳобия”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, равияҳои динии “Салафия”, “Ҷамъияти Ансоруллоҳ”, ”Кумитаи-24” ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ, киштани тухми низоъву нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстремизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъдан ба оқибатҳои фоҷиаангез оварда мерасонад.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо, мардуми диёр, муттаҳид бошем ва бо меҳнати бунёдкорона баҳри гул-гулшукуфии кишварамон саҳми арзанда гузорем.

А.БОБОЕВ,
Ф.ТОАТОВ,
cармуаллимони кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи иқтисод ва
 савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Муаррифии раисони шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд

Рӯзи шанбеи 1 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаи кадрҳо Алишер Шарифов муаррифии раисони шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд баргузор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 бо сабаби ба кори дигар гузаштан раисони шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва шаҳри Истаравшан Наим Набизода аз вазифа озод карда шуданд.

Читать далее

Рисолати шаҳрвандиамонро гиромӣ дорем!

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз барои пурзўр намудани амнияти сартосарии мамлакат соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, барои татбиқи он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст.

17-уми феврали соли 2015 дар ҷаласаи Шўрои амнияти кишвар Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалҳои коррупсионӣ кирдори хатарноки зиддидавлатӣ буда, ин падидаи номатлуб обрўи давлатро дар дохил ва хориҷ коҳиш медиҳад ва асосҳои давлатдориро хароб мегардонад. Сарвари кишвар коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи масъалаҳои глобалӣ номида, бар зидди он муборизаи беамон эълон карданд.

Воқеан, коррупсия ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ буда, дар сурати пешгирӣ ва бартараф накардан он метавонад ба иқтисоди кишвар таъсири манфии худро расонад.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои қонунгузориҳои мазкур ва супоришу дастурҳои Сарвари давлат корро дар ин самт тақвият бахшида, тамоми малака ва иродаи худро баҳри пешгирӣ ва кам кардани ин падидаи номатлуб равона намуд. Дар давраи соли 2016 вобаста ба ҳолати мазкур 22 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ оғоз ва баъди тафтиш ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

Чунончӣ, шаҳрванд “С” тақрибан моҳҳои сентябр-октябри соли 2004 зимни фаъолият намуданаш дар муассисаҳои давлатии шаҳри Хуҷанд барои пеш бурдани зиндагониаш аз хобгоҳи № 44, воқеъ дар маҳаллаи 31-ум ду ҳуҷраи истиқоматиро аз шаҳрвандон Юсупов Ғ. ва Эгамов М. ҳуҷҷатгузорӣ карда мегирад.

Тақрибан санаҳои 5-6-уми апрели соли 2016 сармуҳандиси Корхонаи давлатии истифодабарии манзилии коммуналии соҳили рости шаҳри Хуҷанд М.Раҳимов шаҳрванд “С”-ро тавассути телефон ба ҳуҷраи кории худ даъват карда, таъкид менамояд, ки яке аз ҳуҷраҳоро барои ба дигар шаҳрванд супоридан холӣ намояд. Шаҳрванд “С” баъди шунидани суханони М.Раҳимов аз вазъи зиндагониаш ба охирин шикоят намуда, хоҳиш менамояд, ки барои нагирифтани ҳуҷраи истиқоматӣ кўмак намояд.

М.Раҳимов аз вазъи шаҳрванд “С” истифода намуда, бо сўиистифода аз ваколатҳои мансабиаш, бархилофи талаботҳои вазифа ва ўҳдадориҳои хизматиаш, ки тибқи банди 14-и он вазифадор буд, таклиф, пешниҳод, гузоришҳо ва санадҳои сардорони қитъаҳо, хобгоҳҳо оид ба ҷо ба ҷо гузоштан ва назорати хонаҳои давлатиро беғаразона ба роҳ монда, тибқи қонун амал мекард, ба шаҳрванд “С” барои маҳрум нашуданаш аз ҳуҷраҳои истиқоматии мазкур, ки бо қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат мусоидат карда метавонад, пешниҳод менамояд, ки кори охиринро бе маблағи пулӣ ба иҷро расонида наметавонад ва барои маҳрум нашудани ў аз ҳуҷраҳои истиқоматии зикршуда, аз шаҳрванд “С” маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ ба сифати пора талаб менамояд.

 Шаҳрванд “С” аз кирдорҳои ғайриқонунии М.Раҳимов, ки барои аз манзилҳои истиқоматӣ маҳрум нашуданаш аз ў маблағи 7000 сомонӣ талаб кардааст, воқиф гардида, барои пешгирӣ намудани ҷинояти мазкур ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.

15-уми апрели соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ - тафтишотӣ, тахминан соатҳои 12.35 дақиқа дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд, назди Маркази савдои “Авесто”, ҳангоми аз шаҳрванд “С” гирифтани маблағи 7000 сомонӣ, Раҳимов Махсудҷон Қурбонович, сармуҳандиси Корхонаи давлатии истифодабарии манзилии соҳили рост дастгир ва маблағи 7000 сомонии аз шаҳрванд “С” гирифтааш аз кисаи рости ў ёфта гирифта шуд.

М.Раҳимов новобаста аз он, ки пештар низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, аз содир намудани ҷиноят хулосаи зарурӣ набароварда, такроран дидаю дониста ҷиноят содир намуд.

Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбат ба М.Раҳимов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Парвандаи мазкур баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол ва ҷинояткор маҳкум карда шуд.

И.Бобоҷонов дар вазифаи мутахассиси заминсозии КДФ “Сектори истифодаи замин” дар шаҳри Хуҷанд кор карда, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Р.Зиёбоев И.Мухаммедов ва Х.Умматқулов ба боварии шаҳрвандон М.Дадоматов, М.Шарипов, П.Саидхўҷаев, ҷамъ 6 нафар сокини шаҳри Хуҷанд даромада, онҳоро ба маҳаллаи 3-и шаҳр бурда, қитъаҳои замини холиро нишон дода, аз ҳар яки онҳо маблағи аз 9000 то 11000 доллари ИМА гирифта, қарорҳои раиси шаҳр таҳти №245 аз 07.05.2013с. ва имзоҳои шахсони масъули кумитаи идораи замини шаҳр, шўъбаи меъморию шаҳрсозӣ ва МИҲД-и шаҳрро сохтакорӣ намуда, ба онҳо медиҳанд. Дар натиҷаи кирдорҳои ғайриқонунии И.Бобоҷонов ва ҳаммаслаконаш ба шаҳрвандон Р.Зиябоев, И.Мухаммедов ва дигарон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонида шуд.

Дар ҳамин давра 9-ҷиноят дар фаъолияти кормандони муассисаҳои бонкӣ, 3 ҷинояти кормандони истифодаи замин, 1 ҷинояти корманди соҳаи тандурустӣ, 1 ҷинояти корманди соҳаи маориф, 1 ҷинояти корманди соҳаи фарҳанг, 1 ҷинояти корманди соҳаи нақлиёт ошкор карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ вобаста ба ин ҳолат чунин таъкид карданд: “Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш дод”.

Бо такя бар суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар яки мо, шаҳрвандони ин кишвари зебоманзар, зарур аст, ки хусусиятҳои харобкунандаи ин падидаи номатлубро дарк намоем ва дар самти муайяни фаъолияти худ корҳои бошараф ва созандаю тамаддунсозро пеш гирем ва дастҷамъона мубориза барем.

Гиромӣ доштани рисолати шаҳрвандии хеш қарзи ҳар як хизматчии давлатӣ, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмўъ тамоми шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Сўҳроб САМИЗОДА,
ёрдамчии калони
прокурори шаҳри Хуҷанд,
мушовири адлияи дараҷаи III

Читать далее