April 2017

25 April 2017

Қадрдонии устодон

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия - омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷўёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърўзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Дар анҷоми Форуми ҷумҳуриявӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2017 як гурўҳ муҳаққиқони ҷавон бо дипломҳо ва ифтихорномаҳои АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

 Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  номзадони илмҳои физика ва математика - Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев аз рӯи равияи илмҳои дақиқ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ» бо ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров соҳиб гардиданд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

Оғози пурбарор аз натиҷаҳои хуб бозгўй аст

Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак нақшаи пилласупориро ба иҷро расонанд.

Дар қаламрави вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз 5 то 15-уми апрел ҷараён гирифт ва ҳоло дар 8 ноҳия парвариши кирмак сар шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан хунуктар Айнӣ, Панҷакент, Деваштич ва Истаравшан ин маърака аз 22-юми апрел оғоз меёбад.

Қабули аввалин ҳосили пилла аз миёнаҳои моҳи май дар назар дошта шуда, чун пешпардохт ба ҳар як кирмакпарвар ба андозаи 50 сомонӣ маблағ дода мешавад. Сармутахассиси Идораи «Пиллаи Суғд» Роҳат Пўлодова иттилоъ дод, ки кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 13 ҳазору 160 қуттӣ кирмаки навъи хитоиро ба роҳ монда, азм доранд 658 тонна пилла супоранд.

Ҳоло парвариш ва корҳои нигоҳубини кирмак дар асоси қоидаҳои агротехникӣ дар ноҳияҳо дар сатҳи баланд роҳандозӣ гашта, ният доранд, аз ҳар як қуттӣ 50 кг пилла ба даст оваранд.

Ҳамчунин, барои назорати риояи қоидаҳои агротехникии кирмакпарварӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо аз ҷониби мутахассисони ин соҳа гурўҳҳои корӣ ташкил карда шудааст.

У.МАХФИРАЛӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Нашъаҷаллобӣ амали номатлуб ва бебақост!

Нашъа чун моддаи мадҳушкунанда инсонро гумроҳ сохта, ба касодию носолимӣ мебарад. Нашъаманд касест, ки аз ин чиз истифода бурда, худро ба нестӣ меоварад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар мамолики ҷаҳон мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин соли 2013 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ба тасвиб расида буд. Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, санади асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар давраи се моҳи аввали соли 2017 дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 16 ҷинояти вобаста ба мухаддирот ошкор шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 19 кг 705 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз онҳо 12 кг 661 грамм воситаҳои нашъадори «афюн» ва 7 кг 037 граммро маводи нашъаовари гурўҳи «ҳашиш» ташкил медиҳанд. Инчунин, 8 грамм дорувории трамадол ва 180 млгр. воситаи маҳлули афюн низ мусодира гардидааст.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 54 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиши ғайриқонунӣ ҳамагӣ 209 кг 077 грамм воситаҳои нашъадор, аз он ҷумла, 194 грамм «героин», 154 кг 866 грамм «афюн» ва 54 кг 017 грамм гурўҳи «бангдона» мусодира шудаанд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд ва духтур-наркологҳои Маркази наркологӣ бо мақсади пешгирӣ ва қатъ намудани сўйистеъмол ва хариду фурўши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ҳабҳои синтетикӣ дар марказҳои дилхушӣ ва фароғатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов санҷишҳои ногаҳонии шабона гузарониданд. Чунин санҷишҳо дар клубҳои шабонаи фароғатии «Хваканта», «Ёсуман», «Боирҷон», «Амнезия», «Опера» дар шаҳри Хуҷанд ва «Хабера» дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардида, зимни он раққосон ва тамоми мизоҷони мавзеъҳои мазкур аз ҷониби духтур-нарколог вобаста ба ташхис намудани аломатҳои сўйистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва навъҳои синтетикии онҳо аз муоина гузаронида шуданд ва ягон аломат ва ҳолатҳои истеъмоли маводи мухаддир ва мадҳушӣ аз онҳо ошкор нагардиданд.

Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки аз теъдоди умумии нашъамандоне, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба қайд гирифта шудаанд, яъне аз 1158 нафар 373 нафар ба шаҳри Хуҷанд рост меоянд, ки 23 нафар занону духтарон ва 12 нафар ашхоси синнашон аз 18 то 30-сола мебошанд. Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар маҷмўъ, 12 сокини шаҳру навоҳии вилоят бо гумони сўйистеъмоли навъҳои маводи мухаддир ба марказ ё нуқтаҳои наркологӣ бурда шуда, вобастагии онҳо аз маводи нашъаовар бар асари муоина ва ташхиси комплексии мутахассис-наркологҳо муайян ва сабти ном карда шудаанд.

Тавре масъулини Маркази наркологии вилоят зикр доштанд, айни замон дар вилоят 90 кати наркологӣ фаъолият мебарад, ки аз он 40 кат ба шаҳри Хуҷанд, 10-тоӣ ба шаҳрҳои Истаравшану Конибодом, Исфараю Бўстон ва Панҷакент рост омада, дар назди ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳуҷраҳои наркологӣ амал менамоянд. Дар вилоят 17 нафар табибони нарколог ва 29 нафар кормандони миёнаи соҳаи тиб фаъолият бурда, норасоии онҳо дар шаҳрҳои Истиқлол, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Кўҳистони Мастчоҳ ба назар мерасанд. Маълумотҳои расмӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар раванди аз байн бурдани ҳолатҳои нашъамандӣ дар байни мардум бисёр корҳои амалӣ бурдан муҳим аст, зеро маводи нашъадор ин заҳри ҷон аст.

Самти дигари фаъолияти Раёсати Агентӣ бо баргузор кардани вохўриву семинарҳо ва мизҳои мудаввар баланд бардоштани маърифати зиддинашъамандии табақаҳои мухталифи аҳолӣ, ҳушдор кардани онҳо аз оқибатҳои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва сўиистеъмоли ин навъи маводи марговар мебошад. Дар ин робита, давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин қабил вохўриҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ дар донишгоҳҳову коллеҷҳо ва хобгоҳҳо бо донишҷўён дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.

Ин амали номатлуб албатта, дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдеворе, ки тавассути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рўзе қурбони кўчаи ишрат ва айши нопок гашта, рў ба нестӣ меорад.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ки санаи 21-уми апрел ба вуқӯъ пайваст, рафти корҳои сохтмониро дар бинои навбунёди таваллудхонаи марказӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бинои таваллудхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд ёфта, дуошёна ва  барои 100 кати беморӣ ва 100 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки сохтмони иншооти мазкур ибтидои солҳои навадуми асри гузашта оғоз ёфта, сохтмони он бо сабабҳои гуногун нотамом боқӣ монда буд. Соли 2014 бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят азнавсозии таваллудхона дубора сар шуд ва дар назар аст, ки соли равон мавриди истифода қарор дода шавад. Бунёди чунин ишооти тиббӣ барои ноҳияи Деваштич, ки сол то сол аҳолиаш афзоиш меёбад, тақозои замон аст. Зеро бинои кунунии таваллудхонаи марказии ноҳия солҳои 70-умиқарни 20 сохта шуда, шароити он ба талаботи замони муосир чавобгӯ нест.

Читать далее

Заминҳои обиро бояд самаранок истифода бурд

Нимаи дуюми 21-уми апрел бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор шуд, рафти кишти зироатҳои баҳорӣ ва масоили марбут ба соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Читать далее

24 April 2017

Офарин, паҳлавонони Конибодом

Дар шаҳри Конибодом байни ҷавонон чемпионати вилоят оид ба гӯштини тарзи озод доир гашт.

Дар ин мусобиқоти бонуфуз аз ҳашт шаҳру ноҳияҳо беҳтарин паҳлавонон ҷамъ омада маҳорати истеъдод ва қувваи худро пешкаш карданд.

Панҷ нафар паҳлавонони Конибодомӣ Аваз Мӯминҷонов, Рустам Иброҳимов, Шероз Каримов, Некрӯз ҳусейнзода ва Некрӯз Бобоҷонов дар бардошти вазнҳои хеш ба унвони чемпиони вилоят сазовор гаштанд.

Дар ҷамъбаст паҳлавонони Панҷакент ҷойи дуюм ва Исфара мақоми ифтихории сеюмро сарфароз гардиданд.

Алиҷон FАНИЕВ

Читать далее

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар тақвими кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 26 апрел Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳукумати кишвар ҳамасола ба рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар самти таълим, тайёр намудани кадрҳо, инчунин, иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба нақши моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонӣ, ҳифзи дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.

Читать далее

Бо фарҳанги воло дар рушди кишвар саҳм гузорем!

Ватани азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба бисёр мушкилоти сахту сангин рў ба рў шуд. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба ўҳда гирифтанд ва дар як муддати кўтоҳ тавонистанд барномаи бузурги сулҳофариниро дар амал татбиқ намоянд ва ба ҷаҳониён фарҳанги тоҷиконро нишон диҳанд.

Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида, дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, шукрона, Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурўҳҳое низ ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд.

Аз ҷумла намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва ҷонибдорони онҳо мехоҳанд, андешаҳои бадкирдоронаи худро баён намоянд.

Бояд гуфт, ки дар кишвар мувофиқи қонун аҳзоби сиёсие, ки дар асоси меъёрҳои қонунӣ фаъолият мекунанд, имрўз амал намуда истодаанд. Мардум нисбати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз рўи фаъолият ва натиҷаи он барои рушди ҷомеа баҳогузорӣ мекунанд. Инро интихоботҳо ба парлумони кишвар, ки баргузор гардиданд, баръало нишон доданд. Аз натиҷаи ин маъракаҳои сиёсӣ рейтинг ё мақоми ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар равшан маълум мегардад.

Дар як мусоҳибаи худ Кабирӣ зикр мекунад, ки гўё дар интихоботи соли 2010 ҳизбаш овозҳои зиёд гирифт, ки ин бўҳтони маҳз мебошад. Зеро интихобот таҳти назорати намояндагони дохилӣ ва хориҷӣ мегузарад, ки ба он дар Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. ҲНИТ дар асоси пеш бурдани сиёсати ғаразкорона ва зиддидавлатӣ ҳамчун ҳизби тахрибкор манъ карда шудааст.

Роҳбари ин ҳизб М.Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор кард ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд.

Қувваҳои бадхоҳ ҳанўз ҳам мехоҳанд, ки сулҳу суботи кишварамонро дар даврони Истиқлолият ноором созанд, зеро дар мусоҳибааш Кабирӣ дар бораи бунёди коалитсияи нав сухан гуфтааст, ки ин ниятҳои нопоки ўро дар хориҷи кишвар нишон медиҳад.

Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мўҳлати кўтоҳтарин нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам заданд, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намуданд.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо, шаҳрвандон, бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали Истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа, бояд аз рўи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд, кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳо дастгирӣ намуда, ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардиданд, ки мислашон дида нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

 Б.АЛИМОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Мактаби маҳорат ва санъати варзиш

“Аз таҷрибаи устодон бархурдор гаштам”–мегўяд иштирокчии Чемпионати ҷаҳон оид ба брейк-данс

Нахустин бор дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз рўи варзиши муосири брейк-данс сурат гирифт, варзишгари тоҷик ҳам ширкат дошт. Ин ҷавон Саидакмал Саидзода буда, аз мусобиқаи ҷаҳонӣ бо дастоварди шоиста ба Ватан баргашт.

Ў дар меҳмонии “Ҳақиқати Суғд” буд ва таассуроти худро ба мо нақл кард.

- Нахуст суоли маъмулӣ: - аз ин сафар чӣ таассурот бардоштед?

- Таассурот хеле васеъ ва рангин аст, ки ҳанўз ҳам худро дар муҳити гарми ин мусобиқаи ҷаҳонӣ эҳсос мекунам. Қабл аз ин, дар якчанд мусобиқаи байналхалқӣ иштирок доштам, вале ин нахустин баромади ман дар Чемпионати ҷаҳон буд. Аз ин рў, ҳар лаҳзаи он бароям хотирмон ва ҷолиб аст.

Дар кишварҳои Аврупо брейк-данс ҳамчун варзиш ва санъат хеле рушд карда, дар Осиёи Миёна ҳанўз он ба намуди маъмули варзиш табдил наёфтааст. Пеш аз мусобиқа вақте бо намояндагони кишварҳои дигар ҳамсўҳбат шудам ва худро намояндаи дастаи Тоҷикистон муаррифӣ кардам, онҳо дар ҳайрат монданд. Наход намояндаи Тоҷикистон дар ин намуд ба Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта бошад…

- Аз кишварҳои Осиёи Миёна ёдовар шудед, ба ғайр аз Шумо намояндагони боз кадом минтақаҳо ҳузур доштанд?

- Аз Қазоқистон 3 нафар, Қирғизистон 1 нафар буданд ва Тоҷикистонро ман муаррифӣ кардам. Мо, панҷ нафар дастаи Осиёи Миёнаро ташкил карда, баромад намудем. Чемпионатро ҳакамони ботаҷриба доварӣ карда, ба ҳунарнамоии мо баҳои баланд доданд. Дар чемпионат аз 40 давлати ҷаҳон варзишгарон дар ин намуди варзиш иштирок доштанд. Дар маҷмўъ, байни 87 даста мусобиқа сурат гирифт ва дастаи мо зинаи 16-умро касб намуд.

- Ниҳояти мусобиқа чӣ шуд?

- Ҷойи аввалро аз ҳисоби даставӣ варзишгарони Федератсияи Русия ва аз якка варзишгари Амрико соҳиб шуданд. Моро бошад, бо Сертификати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон қадр карданд, ки имкони иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаро пайдо намудем. Фикр мекунам, ки бароям роҳҳои зиёд боз шуданд ва аллакай ба Чемпионати соли 2017, ки дар Амрико баргузор мешавад, даъват намуда истодаанд.

- Иштироки Шумо дар ин чемпионат чӣ гуна даст дод?

- Тавре дар боло гуфтам, қаблан дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ки дар Олмон, Полша, Белорус ва Қазоқистон доир шуда буданд, иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта будам. Соли 2016 дар Тоҷикистон Чемпионат оид ба брейк-данс баргузор шуд ва дар он унвони Чемпиони Тоҷикистонро ба даст овардам. Натиҷаи дастовардҳои қаблӣ буд, ки маро ба Чемпионати ҷаҳон - 2016 даъват карданд. Баъди гирифтани даъватнома дар фикри дарёфти хароҷоти сафар афтодам. Хушбахтона, бо дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ маблағи сафар пардохт гардид, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории самимии худро баён мекунам.

- Барои иштирок дар чемпионати навбатӣ, ки дар Амрико баргузор мешавад, омодагӣ чӣ хел аст?

- Чӣ хеле, ки гуфтам, ба шарофати иштирок дар Чемпионати ҷаҳонӣ аз мактаби бузурге гузашта, аз устодони соҳа таҷрибаи кофӣ гирифтам. Бовар дорам, ки онҳоро дар мусобиқаҳои минбаъда амалӣ мегардонам. Инсон бояд дар ҷавонӣ вақтро ғанимат шуморад. Имсол “Соли ҷавонон” эълон шудааст. Дилпур ҳастам, ки бо муваффақияти худ ба ин соли хотирмон тўҳфаи сазоворе пешкаш менамоям.

Иқболи КЎҲИСТОНӢ

Читать далее

Густариши ҳамкориҳо

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқиқотии таърих ва этнографияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Оренбурги Урали Ҷанубӣ, ташкилоти «Ҳамкории халқҳои Авроосиё» ва Хазинаи Русиягии «Институти таҳқиқотии Авроосиё» дар толори маҷлисҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон ва 25-солагии барқарорёбии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар бо иштироки устодони макотиби олии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудаввари байналмилалиро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва ба сарзамини доимбаҳори Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Дар чорабинӣ олимон аз ду кишвар, аз ҷумла, Аза Мигранян, Ваҳҳоб Набиев, Александр Медведев, Шавкат Шарифов, Елена Бурлутская дар бобати ҳамкориҳои зичи дуҷониба дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисодиёт, муҳоҷират, робитаҳои байналмилалии ҷавонони ду кишвар ва дигарҳо сухан карданд.

Дар мизи мудаввар Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко иштирок кард.

Р.НЕЪМАТЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее