April 2017

24 April 2017

Рушди чорводорӣ – талаботи рўз

Имрўз чорводорони вилоят дар як қатор самтҳо дастовардҳои назаррас доранд. Оид ба муаммову мушкилоти соҳаи чорводории вилоят сўҳбате доштем бо сардори шўъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён.

Соли 2015 ба вилоят зиёда аз 120 сар гови сиёҳалои хоси маҳаллӣ ва ширдеҳ аз кишвари Олмон ворид гардид. Ин чорвои хушзот ҳоло дар фермаи махсусгардонидаи ҶДММ «Афзали Зарзамин» дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Fафуров парвариш ва нигоҳубин карда мешавад. Саршумори он ба 300 сар расонида шудааст. Чорвои гўштии Булаангус бошад, дар фермаи шаҳри Панҷакент парвариш меёбад.

Дар вилоят ҳамчунин, хоҷагиҳои зотпарварии моли калон фаъолият мебаранд. Хоҷагиҳои ба номи А.Ҷумъаев, Р.Набиев барои моли калон, С.Ўрунхоҷаев, Т. Қўшатов дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ба номи Тўйчӣ Эрйигитов дар ноҳияи Ашт барои моли майда мутобиқ гардонида шудааст.

Инчунин, дар хоҷагиҳои деҳқонии «Россия» ва ба номи Аслиддинови ноҳияи Айнӣ парвариши дигар намуди чорвои гўштӣ – қўтос ба роҳ монда шудаанд.

Алҳол дар вилоят гови зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Хоҷагидорон ва соҳибкорони вилоят барои парвариши зотҳои шведӣ ҳавасмандии бештар доранд.

Парвариши чорвои шохдори майда асосан дар хоҷагиҳои Кўҳистони Мастчоҳ ва моли майда бошад, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров 60-70 фоизи моли майдаро бузи серпашми тоҷикӣ, ки аз зоти бузҳои ангорӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Парвариши бузҳо дар ноҳияи Ашт низ ҷорӣ шуд, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент гўсфандҳои типи тоҷикӣ - ҳисорӣ парвариш карда мешаванд.

Дар семоҳаи аввали соли 2017 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 46 950 сар чорво мавҷуд буда, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1152 сар зиёд аст. Насли калони моли шохдор 2636 сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 сар зиёд буда, наслгирӣ аз моли майда то имрўз 43 523 сар, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 509 сар зиёд аст. Ҳоло наслгирӣ аз чорвои майда идома дорад. Чорводорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки то 15-уми майи соли ҷорӣ наслгирии моли майдаро мутобиқи дурнамои гузошташуда сарбаландона иҷро намоянд.

Масъулин изҳор доштанд, ки чорводорони вилоят фасли зимистонро хуб паси сар карданд. Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ба дарави бедаи якум тайёрӣ мебинанд, ки бо сабаби номусоидии ҳаво нисбат ба соли пешин 20 рўз қафо монда, ҳоло айёми дарави рапс аст.

Бо вуҷуди ин, таъмини хўрокаи чорво басанда буда, то дарави беда аз тарафи мутахассисони сарраёсат ва зертобеони он дар шаҳру ноҳияҳо оид ба дида баромадани ҳолати фермаҳо, вазъи наслгирӣ аз моли майдаи шохдор гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст, - гуфт М.Шарифиён.

Дар вилоят зиёда аз 4 282 тонна шир истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151 тонна зиёд мебошад. Ин нишондод фақат ба хоҷагиҳои кишоварзӣ мансуб буда, агар ҳамаи шакли хоҷагидориро гирем, пас то имрўз истеҳсоли шир дар ҳаҷми 64677 тонна иҷро гардидааст, ки нисбатан 2094 тонна зиёд мебошад.

Барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори соҳаи чорводорӣ аз тарафи Хадамоти назорати давлатии байтории вилоят ва зерсохторҳои он ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифташуда иҷро гардида, зери назорати қатъӣ мебошанд. Дар вилоят 72 нуқтаи хизматрасонии зообайторӣ, клиникаҳо ва нуқтаҳои хушзотгардонӣ ташкил карда шудааст.

Саҳмгузорӣ ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, аз нияту нақшаҳои кормандони соҳа буда, масъулин баҳри иҷрои он саъю талош меварзанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят

Дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №4-уми шаҳри Бӯстон ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раисии сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода гузашт, кормандони масъули Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеъ ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Ҷаласаи мушовара асосан ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи Раёсати маорифи вилоят бахшида шуда дар рафти он 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин гузориш оид ба натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактабиён шунида шуд. Натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, татбиқи консепсияҳои миллии тарбия ва таҳсилот, вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо, тақвияти фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, ҳолати бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дар умум баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои асосии баррасишуда буданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард.

Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят ба охир расид.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

21 April 2017