April 2017

21 April 2017

Мунира РАҲИМОВА: «Фарзанди телевизион ҳастам»

Дар меҳмонии “Ҳақиқати Суғд”

Ҷазабаи як нигоҳ аз шаҳр то кўҳистони дурдаст

Мунира Раҳимова аслан ниёз ба муаррифӣ ва чеҳранамоӣ надорад. Чеҳраи монои фариштаи ўро, ҳатто, дар кўҳистонҳои кишвар мешиносанд. Аз кўдаки ҳафтсола то пири хиради ҳафтодсола варо чун чеҳраи ошно меҳисобанду медонанд.

Модаре дар кунҷи сандалӣ барномаи “Ахбор”-ро мепояд, то Мунира дар эфир пайдо шаваду модар садқаи қаду қомат ва ҳусни расову сухани ҷаззоби наттоқ гардад. Ва гўяд: «Бар падарат ҳазорҳо ташаккур». Ҷавоне дар як деҳаи дурдаст интизори он мешавад, ки соати барномаи “Ахбор” кай фаро мерасаду духтари зебову ҷозибсуханро бинаду лаҳзае мафтун гардад. Духтари қадрасе ба хотири он, ки тарзи ороиши худойдоди Мунира Раҳимоваро тамошо намояд, аз ҳузури телевизор дур намешавад, то чеҳраи зебову ошно ва гарми ўро бубинад. Ангор аз ў тарзи малоҳату нафосати суханвариро биёмўзад. Пирони рўзгордида низ дар маҳфилҳои чойхонаи деҳа ҳангоми пахши барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон ҳамагӣ ба якборагӣ хомўш мешаванд: пайдост, ки билкулл мафтуни сухану ҷазабаи чашми Мунира шудаанд. Дар тамоми шаҳрҳои кишвар низ дар ҳар сўҳбати хосу ом аз малоҳату ҷаззобияти ҳусну нутқи Мунира Раҳимова гуфтаанду мегўянд. Ҳомиладорон ҳатто орзу кардаанду мекунанд ва аз Худованд талаб менамоянд, ки тифли дар батн будаашон агар духтар аст, бигзор мисли Мунира зебову суханвар таваллуд гардад.

Ҳарфҳои ногуфта ва асрори носуфта бобати зебоӣ

Ў воқеан ҳусни худодод дошту дорад. Дар сўҳбат ҳамкоронаш низ аз солҳои 80-уми асри гузашта то ба имрўз лаҳзаеро ба хотир надоранд, ки Мунира Раҳимова бо касе пархошу дилмондагӣ карда бошад. Табиатан ором аст ва амри бадеҳист, ки оромии ботиниаш ба ҳуснаш як ҳусни дигарро зам мекунад. Ва аз ў кўдакона аксарият пурсидаанду банда низ мепурсам:

- Мунира Маҳмадовна, асрори зебогиатон ва тарзи ҳифзи ҳусни ҷавониатонро ба хонандагони «Ҳақиқати Суғд» бигўед. Дар посух табассуми малеҳ гирди лабонаш давр мезанад.

- Намедонам, ростӣ. Аммо шояд аз ирс бошад, шояд аз муҳит. Модарам ростӣ хеле зебоанд. Аз як тараф агар гумон мекунам, ки ҳуснро аз модарам ба ирс бурдаам, аммо аз тарафи дигар яқинам ҳосил шуда, ки асрори зебогии зоҳирии кас ва ҳифзи ҳусни ҷавонӣ дар зебогии ботинӣ будааст. Агар ботин зебо бошад, амри табиист, ки ҳусни зоҳирӣ низ зебову ҷавон боқӣ мемонад. Ман бо нафаре кинаварзӣ накардаам, ҳамаро дўст медорам, зебо мебинам. Шояд маҳз ҳамин асрор боиси ҳифзи ҳусн бошад.

- Муаллимаи азиз, имрўзҳо дар эфир мебинем, ки наттоқдухтарон макияж ва умуман, пардозу андози зиёдро пеш аз эфир истифода бурдаанд. Чаро Шумо дар ҳар эфир ба ҷуз пардози оддитарин (сурхии лабу ранги абрўвон) аз дигар пардозҳо истифода намекунед?

- Ин нуқтаи назари Шумо дуруст аст. Наттоқдухтарон воқеан дар эфири барномаҳои “Ахбор” хеле аз пардози зиёд истифода мебаранд. То он ҷое мо омўхтему медонем, барои наттоқ муҳим ҷозибаи чашму ҳусни расову нутқи шевову зебо бояд бошад. Тасаввур кунед, вақте наттоқ пардози аз ҳад зиёдро истифода мебарад, шояд бинанда мафтуни ҳамон пардоз мешавад ва моҳияти хабарро намефаҳмад. Яке аз вазифаҳои наттоқ нафақат хондани матни дар эфир пахшмешуда, балки дар дилу вуҷуди бинанда ҷойгир кардани мазмуну моҳияти хабар аст. Барои ҳамин кофист, ки аз оддитарин пардоз истифода барем. Дар замони ҳозир пеш аз пахши барнома пардозгарону маникюрҳо ва машшотагони зиёд ҳастанд, ки муҷрии барномаро қабл аз эфир омода мекунанд. Дар замони оғози кори мо ҳам машшота ва ҳам пардозгару маникюр худи мо, барандагони барномаҳо будем. Худамон мўямонро шона мезадему абрўвону чашмро ороиши оддитарин менамудем. Ва ҳамон чиз кофӣ буд, ки моро тамошобин ба хубӣ қабул доштанд.

“Духтар”-и Боқӣ Раҳимзода

Тамошобинони телевизион аслан чеҳраи Мунираро аз солҳои 80-уми қарни гузашта ба хотир доранд. Аммо ў ҳанўз аз синни 5-солагӣ бо олами радио ва телевизион ошноӣ дошт. Азбаски модараш Муҳаббат Самадова зиёда аз 40 соли умрашро дар даргоҳи Хонаи Радиои Тоҷикистон паси сар намудааст, Мунираи ҳанўз кўчаку кучулў аз 5-солагӣ ҳунари наттоқӣ дошт. Дертар дар барномаи «Субҳи ҷавонӣ» барандагӣ мекард. Аммо аксарият авҷи фаъолияти ўро дар наттоқии барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикис-тон аз солҳои 80-ум медонанду дар хотир доранд. Он лаҳазот Санавбар Раҳимзода, Эмомалӣ Тоҳиров, Мунира Раҳимова, Мусаллама Мухторова ва чанде дигарон аз ситорагони дурахшони телевизион маҳсуб меёфтанд. Бештар афрод Мунираро ба он хотир наттоқи зебосухан мегуфтанду мегўянд, ки ў гўё духтари устоди сухан ва шоири ширинкалом Боқӣ Раҳимзода бошад. Агар аз канора бингарем, воқеан Санавбар Раҳимзода ва Мунира Раҳимова ба ҳам монандӣ низ доранд.

-Шуморо ҳамсўҳбатон дар ғайб духтари шоир Боқӣ Раҳимзода муаррифӣ мекунанд. Ҳарчанд медонем, ки духтари шоир нестед ва падари Шумо хуҷандианд. Оё чунин иттифоқ афтода, ки бо Шумо дар бораи устод Боқӣ ҳамчун падаратон сўҳбат карда бошанд?

-Ростӣ, ин гуна ҳолат бисёр иттифоқ афтодааст. Ба кадом деҳаву шаҳрҳои кишвар сафар дошта бошам, аксарият «раҳматӣ падаратон устод Боқӣ Раҳимзода фалону беҳмадон буданд, ба ман китобашонро тақдим намудаанд» ва ё як нафари дигар мегуфт, ки «марҳум падаратон дар саҳни мактаби мо қироати шеър намудаанд» ва ғайраву ҳоказоҳои зиёде, ки воқеан монанди ин гуна сўҳбатҳо вуҷуд дошт. Ману Санавбар Раҳимзода ба ҷуз ҳамкор дўстони хуб ҳам ҳастем. Моро дар як ҷо бештари одамон агар бинанд, мегуфтанд, ки шумо хоҳаронед. Мо ҳарду механдидем. Аммо воқеан чун хоҳар то ба ҳанўз муносибат дорему иртиботамон ҳаст. Падари ман воқеан аз шаҳри Хуҷанд ҳастанд. Бо вуҷуди ин то ба ҳол маро аксарият чун духтари Боқӣ Раҳимзода медонанд (механдад).

Се давр ва ду асри телевизион

Таърихи телевизиони тоҷик шоҳиди ҳаводиси ду аср ва се давр аст. Даври то замони истиқлол, даври оғози истиқлол ва баъди солҳои 2000-уми асри ХХI. Муҳаққиқон ва мушоҳидони ҳол то замони истиқлоли телевизиони тоҷикро чун тележурналистикаи Шўравӣ унвон кардаву онро давраи тиллоии ин соҳа медонанд, ки воқеан айёми гулгулшукуфии телевизион аст. Дар ин айём бисёре аз чеҳраҳои телевизион на фақат телевизионӣ шуданд, балки мардумӣ низ гаштанд. Мунира Раҳимова низ яке аз кормандонест, ки ҳунараш, зебогиаш, нутқи равону софаш аллакай мардумӣ шудаву бештар ровиёну наттоқон ва муҷриёни барнома ба ў тақлид низ мекунанд. Тарзи шона задани мўйҳову нафосати суханашонро ба ў монанд карданӣ мешаванд.

Даври баъди фурўпошии давлати Шўравӣ низ ба телевизион ва кормандон мисли дигар соҳаҳои мухталиф таъсири худашро гузошт. Аз як сўй камбудии маош ва аз сўйи дигар ҷангҳои дохилӣ амнияту бехатарии кормандонро зери суол бурда буд. Бештари кормандони телевизион тарки касб кардаву пароканда шуданд. Аммо як иддаи ками кормандони Телевизиони Тоҷикистон, аз ҷумла, Мунира Раҳимова ягон соат ин даргоҳро тарк накарданд.

-Мунира Раҳимова, ба мутолиагарони «Ҳақиқати Суғд» бигўед, чӣ боис шуд, ки Шумо дар ин солҳои мушкилбору вазнин тарки вазифа накардед?

-Ба ҳар инсоне, ки воқеан касби худашро самимона дўст медорад, коргоҳаш мисли хонааш аст. Шумо бигўед, ки ман чӣ гуна хонаамро тарк кунам, вақте телевизион хонаи ман аст? Он лаҳза камбуди маош ва ҳам хатари ҷонии кормандон пешорўйи телевизион меистод. Чун ҷуғрофияи ҷойгиршавии телевизион дар маркази шаҳри Душанбе, маркази гирудорҳову сангаргирии майдонҳо қарор дошт. Аммо новобаста аз ин ҳолат иддаи ками кормандон тарки касб нанамуданд.

-Аз хона ба коргоҳ ва ё баръакс, равуои шумоён чӣ гуна сурат мегирифт, дар ҳоле ки кўчаҳо пур аз қумандонҳову қадамзании шаҳрвандон зери суол буд?

-Мо маҷбур будем на аз тариқи нақлиёт, балки аз БТР барои равуоямон истифода кунем. Моро бо БТР ба кор мебурданд ва ба хонаамон меоварданд. Ман миннатдории худро ба масъулини Ҳукумати кишвар мерасонам, ки барои амнияти кормандони телевизион аз ин усул кор гирифтанд, то бехатарии мо таъмин бошад.

-Оё ягон лаҳза пеш омадааст, ки кори журналистиатон Шуморо ба шигифт ва ё ба ҳоли дигари ғайриинтизор оварда бошад?

-Аз хотирам намеравад, ки соли 1993 буд. Дар ҷамъомади сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Белорус ширкат варзидем. Хабарнигорон аз тамоми давлатҳо низ ҳузур доштанд. Ба назди микрофон пеш аз навбати суолдиҳии ман тақрибан чаҳор нафар хабарнигорони хориҷӣ меистоданд. Якбора муҷрии ҷаласа хитоб кард, ки вақти анҷом асту бояд суолу ҷавоб хатм шавад. Барои хабарнигор аз ҳама ҳолати ногувор ин аст, ки ба суолаш посух нагирад ва ё ба ў имкони суол карданро надиҳанд. Аммо намедонам он лаҳза ман ба риққат омадам ва ё ба гиря наздик шудам, ки муҷрии ҷаласа ба чашмони ман нигоҳ карду хитоб намуд, ки танҳо барои ман имкони як суол аст. Бароям дар як вақт ҳам ҳаяҷоновар, ҳам гирябор ва ҳам нишотангез буд, ки то ҳол намедонам онро чӣ гуна арзёбӣ намоям. Бар замми ин, ҷуръат намуда, ба ҷои як савол ба се нафар президентҳо-Борис Елтсин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев се суол дода будам (механдад).

Аскари Ватан ва телевизион

Ба кор омадани Мунира Раҳимова ба телевизиони Суғд барои бархеҳо ғайримунтазира буд. Ҳарчанд ки ў дар муҳити телевизиони марказ ба воя расидаву чеҳраашро ба мардум муаррифӣ намудааст. Суоле ба миён меояд, ки худи Мунира Раҳимова ин пешомадро чӣ гуна қабул кард.

-Вақте ба Шумо пешниҳод шуд, ки бояд сарварии телевизони вилояти Суғдро ба дўш гиред, чӣ гуфтед?

-Мо ҳама аскари Ватан ҳастем. Ҳар куҷо раҳнамоӣ кунад, бояд бо ҷону дил бипазирем. Воқеан, барои ман низ пешниҳод ба телевизиони Суғд тамоман ғайричашмдошт буд. Тавре дар сўҳбат дар Дастгоҳи Иҷроия ва садорати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати қабули телевизиони Суғд шуд, ман набояд ҳамчун як аскари Ватан рад мекардам. Ин ҷо ҳам вазифа ҳамон журналистикаи телевизонӣ аст, бояд шарафмандона кор кунам.

-Муҳити телевизионро чӣ гуна дарёфтед? Оё ниёзе ба тағйирот ҳаст?

-Аз ин пештар борҳо дар сафари корӣ ба идораи Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд омада будам. Алъон, ки ба сифати сардори ин боргоҳ ифои вазифа дорам, бисёр чизҳои қобили мушоҳида дарёфтам. Масалан гирем, қаблан шапкаи барномаҳо чуноне ки буд, ҳамон тавр истодааст. Диди мардум, пазириши омма ва завқи тамошобин ба мисли технологияи навин пеш меравад. Аз як шапкаи барнома ва қолаби якхелаи кўҳна тамошобин хаста мешавад. Бояд муносиб ба завқ барномаҳо сохт, бо усулҳои навини нанотехнология барномаҳо таҷдиди назар шаванд. Яъне, дар ин бобат тағйиротҳо мешаванд ва рўзҳои наздик тамошобинон шоҳид хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин, иқрор бояд шуд, ки як нукта дар идораи ТВ Суғд лоиқи таҳсин аст. Мо одат карда будем, ки дар Телевизиони Тоҷикистон ҳар соҳа шўъбаи худро дошт ва вобаста ба соҳааш барномарезӣ менамуд. Фаразан, шўъбаи кишоварзӣ аз ҳаёти кишоварзон, шўъбаи саноат аз саноатчиён ва ғайра аз соҳаи худ барнома омода менамоянд, ки як андоза саҳлу сабук кор карданро пешорўйи хабарнигор меорад. Аммо дар ин ҷо ба дўши як муҳаррир тамоми кори шўъбаҳо таҳмил аст, ки аз ўҳдааш комилан мебарояд. Болокори ин, як нафар журналист ҳам ба гузориши иҷтимоӣ-иқтисодӣ банд мешавад ва дар як вақт аз роҳбарият супориш мегирад, ки барои фардо ё пасфардо гузориши кишоварзӣ ё ягон соҳаи дигарро омода созад. Албатта, чунин коргузорӣ қобили ситоиш аст. Ман ин гуна коргузориро ҳамчун як мактаби дигари журналистӣ дарёфтам.

Чанд сатри парешон ба ҷои таммат

Сўҳбати мо бо Мунира Раҳимова ҳамагӣ як соат тўл кашид. Ростӣ, қабл аз сўҳбат ўро як чеҳраи мутакаббиру мағрур мепиндоштам. Аммо тавре худи ў иқрор шуд, Мунира ҳамон Мунираест, ки дар муҳити тоҷикона ба воя расидаву тамоми нафосати русум ва самимияти миллӣ дар зоҳиру ботинаш ҳувайдост. Як инсони заминиву фурўтан. Дар охир гуфтам:

-Муаллима, агар ягон суоле пайдо шавад, боз ба Шумо занг зада пурсидан мумкин?

Посухи ў маро комилан мот кард ва ба гуфти деҳотиён кушт. Медонед, хонандагони азиз, ў чӣ гуфт?

-Албатта, мумкин, мо ба маслиҳати шумоён ниёз дорем ва дари мо ба шумоён ҳамеша боз аст. Аз сўҳбати шумоён боз ба худ чизҳои наверо дармеёбам,-посух дод ў.

Воқеан, ин посухе буд, ки хоксориву заминӣ ва самимиву дили муҳаббатборашро ҷилва медиҳад. Пайдоям шуд, ки ў аз ҳама пешомади ҳаводиси рўзгор, аз ҳама касу ҳама чиз як нуктае ба худ мегирифтааст, боз як дарси наве меомўхтааст. Аз ин ҷост, ки ҳам худаш донову дилаш барнову чашмони ў ҳамеша гўёянд. Зеро аз ҳар лаҳза сабақе меомўзад.

Бошад, ки юмни қудумаш дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд файзбахшу баракатбор бошад. Нафақат ў аз мо омўзад, балки мо чунин одамиятро аз ў низ биёмўзем.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Сайҳун: Коттеҷҳоро кай месозед?

“Ман маълумот надорам”

Бунёди шаҳраки Сайҳун ҳама сокинони Суғди бостониро ба ояндаи хуш чашмбароҳ кардааст. Хушбахтона, дар шаҳрак бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ корҳои роҳсозӣ, тахту ҳамворкунии роҳҳо ва обёрию обрасонӣ, инчунин, чароғонкунӣ босуръат пеш мераванд, аммо дар бо- бати сохтмони коттеҷҳои ду-сеошёна ва биноҳои баландошёнаи истиқо- матии бунёдшаванда, ки сохтмонашон нотамом боқӣ мондааст, ҷараёни корҳо аз ҷониби соҳиби заминшудагон қаноатбахш нест.

Оид ба чунин кашолкорӣ борҳо мавод омода намуда будем. Боре яке аз масъулини ба қавле саҳлангор пешрафти сохтмонро ба миён омадани вазъияти бўҳрони иқтисодӣ ва сардии ҳаво марбут дониста буд, ки ин худсафедкуние беш нест. Алҳол бўҳрони молиявӣ нисбатан бартараф гардидаву обу ҳаво низ мусоид аст. Аммо имрўз чӣ баҳона меёфта бошанд? Ин дар ҳолест, ки дар пешрафти сохтмони коттеҷҳову биноҳои истиқоматии баланд-ошёна вазъият бетағйир боқӣ мон-дааст.

Суоли матраҳ ин аст, ки бо чунин кашолкориву танбалӣ мо кай шаҳраки Сайҳунро комилан бунёд месозем? Дар ин бобат ба роҳбарияти шаҳрак борҳо муроҷиат намудем, вале бо баҳонаҳои зиёд аз маълумот додан канораҷўӣ карда, дар охир муовинашро вазифадор намуд, ки бо мо ҳамкорӣ намояд. Муовини раиси шаҳрак бошад, посухе дод, ки мисли тарошаи аз бом афтода буд:

-Ман аз рафти корҳои сохтмонӣ умуман маълумот надорам.

Ана ёбу гир! Агар масъулин ва посухи онҳо чунин бошад, мақоли “дарро задам, девор кафид” ба ёд меояд...

Fамхориро носипосӣ норавост!

Бобати пешрафти суръати сохтмони коттеҷҳо, борҳо аз тарафи роҳбарияти вилоят бо сароҳат таъкид шудани таъмини барқу об ва натиҷаи дилхоҳи он, ки имрўз дар заминаи бунёди шаҳрак дида мешавад, касро рўҳбаланд мекунад.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи умумӣ шаҳраки Сайҳун аз 30 микроноҳия иборат буда, дар назди маҳаллаҳо мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, барои хизматрасонии мардум дар қабати биноҳои баландошёна ба ғайр аз таваққуфгоҳи нақлиёт, марказҳои хизматрасонии маишӣ, муассисаҳои бонкӣ, корхонаву ширкатҳои хурд ҷойгир мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки бархе аз соҳибони манзилҳои сохтмонашон нотамом чандин вақт инҷониб аз ҳолати иншооти ба зимма доштаашон умуман хабар нагирифтаанд. Ба гуфти меъмори ҶСК “Суғд ИНТИЗ” Абдуҷаббор Алиев тибқи нақшаи генералии шаҳрак дар 15 маҳаллаи Сайҳун сохтмони 1615 коттеҷ ба нақша гирифта шудааст. Аммо то ба имрўз корҳои гузоштани таҳкурсии зиёда аз 200 коттеҷи ду-сеошёна оғоз гардидаасту халос. Агар рафти кор чунин бошад, ин рафтор ба ғамхориҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят носипосӣ нест магар? Бигзор ба ин суол масъулини шаҳраки Сайҳун, соҳиби қитъаи заминшудагон посух бидиҳанд.

Боиси таассуф аст, ки таҳдевори биноҳои баландошёна низ ҳанўз ҳоли хароб доранд. Шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба бунёди пойдевори биноҳои баландошёна ибтидо гузошта буд, ки афсўс то ба имрўз танҳо ҳамагӣ як бинои он то якум ошёна баромадаасту халос.

Метавон натиҷа гирифт, ки барои анҷом додани сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Сайҳун аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳоки- мияти давлатии вилоят ва шахсан Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки ягон ҷои баҳона-ҷўӣ буда наметавонад. Ширкатҳои сохтмоние, ки тендерро соҳиб шуда- анд, худи соҳибони қитъаи замин ва масъулини шаҳрдории шаҳраки Сай- ҳун дар ин масъала бояд масъулияти бештар зоҳир намуда, бо истифода аз рўзҳои мусоиди табиат дар сохтмони хонаҳои хеш камари ҳиммат бубанданд.

Сайҳун ояндадор аст

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22-юми декабри соли 2014 «Оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди шаҳраки нав дар мавзеи дашти Сомғори Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов, қитъаи замин ба масоҳати 3000 гектар» корбарӣ шуда истодааст. Айни замон дар шаҳраки навбунёди Сайҳун, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президен- ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ карда шуд, дар асоси нақшаи генералии тасдиқгардида корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд.

Айни замон бо 5 қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 5483 оилаи эҳтиёҷманди ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 гектарӣ, дар маҷмўъ ба масоҳати 328,98 га бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ дода шуд.

Ҳамагӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2016 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, бино ба маълумоти масъулини ҷамоатҳо аз ин шумора айни замон дар 236 қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Аз ҷумла, дар 108 қитъаи наздиҳавлигӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сангу шағал оварда шуда, 89 адад таҳкурсӣ бунёд ва бунёди 39 бино идома дорад. Аз 5483 оилаи эҳтиёҷманди шаҳ-ру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки ба онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, 3260 оилаи эҳтиёҷманд бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гаштаанд.

Тавре аз забони рақамҳо шоҳид шудем, дар сурати бунёди шаҳраки Сайҳун ҳамин миқдор оилаҳо соҳиби манзили зисту дар як вақт муаммои норасоии макони истиқоматиашон аз байн меравад. Аз тақсимоти қитъаҳои замин дар ин минтақа 2-3 сол сипарӣ мегардад. Саволе ба мён меояд, оё онҳое, ки соҳиби замин гардидаанд, воқеан ниёзманданд. Шояд вақти он расидааст, ки қитъаҳоро бозпас гирифт ва ба ашхоси воқеан ҳам ниёзманд тақсим кард?

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее