April 2017

21 April 2017

Ҳадаф: Таъмини амнияти миллии кишвар

Кишвари мо пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷўҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Дар самти муқовимат бар зидди терроризм дар кишвар маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад.

Ҳадафҳои мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барҳам додани таҳдиди терроризм дар қаламрави кишвар, фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба терроризм дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм мебошад.

Инчунин, рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта, баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти террористӣ иштирок намудаанд.

Муқовимат ба маблағгузории амали террористӣ, таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд, тақвияти нақши давлат чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди терроризм беш аз пеш меафзояд, татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблағгузории амали террористӣ, ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон, такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии назорати молиявӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории терроризми байналмилалӣ аз ин ҳадафҳост.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд, ки «Имрўз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд». Инчунин дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда ва решакан кардани онро дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ муҳим меҳисобем».

Дар идомаи мубориза бо экстремизм фаъолияти якчанд ташкилотҳои моҳияти иртиҷоидошта дар Тоҷикистон манъ карда шуданд.

Танҳо дар давраи солҳои 2006-2011 зиёда аз 400 аъзои ташкилотҳои экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум гардиданд.

Мубориза бар зидди экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин самт бояд тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, шаҳрвандони бонангу номус, аз ҷумла, зиёиён бетараф набошанд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати тақдири халқу миллати худ баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм кўшишҳои зиёд намуда, бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи ҳадафнок мебарад. Мо, ҷавонон, бояд татбиқкунандаи ин сиёсати дурбинона бошем ва нагузорем, ки нафаре ё гурўҳе ба оромӣ ва суботи сарзамини биҳиштосои мо таҳдид намояд.         

Иброҳим Ҷабборов,
мудири кафедраи
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Файзу таровати зиндагӣ

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд «Соли дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ» эълон гардидани соли 2017 боис шуд, ки то имрўз дар самти бо об таъминкунии сокинони шаҳру навоҳии вилоят як қатор корҳо ба субут расонида шуда истодаанд. Аз ҷумла, то ин дам дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва саҳми шоистаи сокинон чандин маҳалла, ки ҷиҳати таъминоти об танқисӣ доштанд, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гаштанд.

Тавре директори Корхонаи давлатии коммуналии «Ғозиён» Иброҳим Шокиров изҳор дошт, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба деҳаҳои Гумбаз, Қаҳрамон, Ғозиён-1, Ғозиён-2 ба масофаи 500 метр қубурҳои обгузар кашида, васл карда шуда истодаанд. Рўзҳои наздик он бо хатти оби нўшокӣ пайваст ва сокинони ин деҳаҳо аз оби сойи Овчиқалъача баҳравар хоҳанд гардид. Дар ҳашари кандани хандақ барои қубурхобонӣ сокинони ин деҳаҳо бо роҳбарии раисони маҳаллаҳои Қаҳрамон Абдураҳмон Каримов, Ғозиён-1 А.Қодиров, Ғозиён-2 Музаффар Дадохоҷаев саҳми шоиста гузоштанд. Баъди ба хатти оби нўшокӣ пайваст гаштани қубури обгузар 1083 хоҷагӣ, яъне бештар аз 6500-7000 нафар сокинони ин маҳаллаҳо бо оби тозаи нўшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар марҳалаи аввали ин амал бошад, бо маблағгузории ташкилоти байналмилалии ЮСАИД сокинони деҳаҳои Чорсу-1, Чорсу-2 ва Деҳаи Боло бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ба ин маҳаллаҳо 3 адад насоси обкашии нав шинонда, ба масофаи 1700 метр хатти оби нўшокӣ кашида шуд ва сокинони 624 хоҷагӣ, бештар аз 6300 нафар бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гаштанд. Аз садои ҷоришавии оби мусаффову ҷонбахш аҳли деҳаҳо шодмониву хурсандии беҳудуд доранд. Албатта, дар кори сафарбаркунии мардум ва сари вақт анҷом ёфтани гузарондани хатти оби нўшокӣ саҳми раисони маҳаллаҳо Икром Файзиев ва Абдувоҳид Холматов назаррас аст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки баробари гузарондани хатти оби нўшокӣ, инчунин, обченкунакҳо низ васл шуда истодаанд, ки то ин дам бештар аз 200 адад шинонда шудаанд.

Имрўзҳо марҳалаи дуюми кашидани хатти оби ошомиданӣ ба маҳаллаи Деҳаи Поёни Ҷамоати деҳоти Ғозиён идома дошта, дар ин марҳала ба масофаи 2500 метр хатти оби нўшокӣ гузаронда мешавад, ки 275 хоҷагӣ бо оби тозаи нўшокӣ таъмин хоҳанд гашт. ҳамчунин баробари кашидани хатти об насби 500 адад обченкунак низ давом дорад.

Тавре сарвари корхонаи давлатии коммуналӣ зикр дошт, дар амалигардонии тадбири бо оби тозаи нўшокӣ таъмин намудани сокинони маҳаллаҳо саҳми кормандони коргоҳ, назоратчиву танзимгарон Насим Олимов, Маъруф Муқимов, Муҳаммадҷон Қосимов ва дигарон шоиста аст.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Фарҳод FАФФОРПУР: Соҳибони вақт бояд буд

Фарҳод Ғаффорпур ҳунарманди театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом. Ҷавони ҳунарманд бо нигоҳи наву муосир. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда шарафёб гашта, ки дар саҳнаҳои байналмилалӣ санъату ҳунари миллиамонро муаррифӣ кунад. Андеша дорад, ки бояд соҳибони вақт буд ва барои ободии имрӯз ва пойдории фардо талош кард. Бо ӯ сӯҳбате оростем. Умедворем, хонандагон низ моро дар ин сӯҳбат ҳамроҳӣ мекунанд.

-Фарҳод Ғаффорпур кай дарк кард, ки пайроҳаи умраш бо санъат ва театр пайванди ногусастанӣ дорад? Ва чаро маҳз театр?

- Фарҳод Ғаффорпур ҳам мисли аксари хатмкунандагони мактабҳои миёна дар чорроҳи интихоби касб раҳгум зада буд. Ба андешаи ман яке аз нуқсҳои кадрии ҷамъияти мо ин аст, ки ҷавонони мо то охирин лаҳза намедонанд кадоме аз касбҳоро интихоб кунанд ва оқибат пас аз хатми мактаб “ҳар чӣ бодо бод” гуфта муҳоҷират мераванд...

Ва хеле бад аст, ки мо аз хурдсолӣ ҷодаеро интихоб карда, омодаи касби оянда намешавем ва ё агар дар кӯдакӣ орзу карда бошем ҳам, баъди бузург шудан ба осонӣ дарро ба рӯи орзу мебандем. Чун бузург мешавем, бартарияти ниёзи моддиро нисбат ба ҳама чизи дигар эҳсос мекунем ва дар ҳамин васваса бо коре машғул мешавем ва ё касберо интихоб мекунем, ки якумр ё иҷборан меҳнат мекунем ё одат.

Шояд муболиға нашавад, агар ман гӯям, ки бештар дар саҳнаи мактаб баромад мекардам нисбат ба он, ки дар назди тахтаи синф дарсеро ҷавоб бигӯям. Ҳамин тавр, мане, ки ҳамеша дар саҳнаҳои гуногун шеър мехондам ва саҳначаҳо иҷро мекардам, хулоса кардам, ки духтур бишавам. Дертар фикр кардам, ки наттоқи тӯю маъракаҳо ҳам бад нест, чун даромади хуб дорад.... Ҳамин тавр, дар андешаи ояндаи худ атрофи касбҳои гуногун ва маошу даромади онҳо раҳгум зада будам, то замоне, ки ногаҳон бо театр ва актёр бархӯрд кардам....

Қисса кӯтоҳ, солҳои 2003 театр ва касби актёрӣ престиҷ набуд ва ҳеҷ касе ба он самт ҳаракат намекард, магар чанд тан аз “сарзадаҳое”-е, ки дар студияи “Наврас”-и Юнусалӣ Эргашев таҳсил мекарданд. Устод фазое эҷод карда буданд, ки як гурӯҳи калони аҳлу тифоқи актёрҳои ҷавон ба вуҷуд омад ва мо ҳама чунон ба ҳам унс гирифта, одат кардем, ки қариб ҳамеша бо ҳам будем ва театр хонаи мо гашт. Дар он фазо будан бароям гуворо буд ва ман албатта, он вақт инро дарк намекардам, вале тақрибан эҳсос мекардам, ки агар ҳаётамро бо театр пайвандам, ҳар субҳ бо хушнудӣ ба кор хоҳам рафт. Ва ҳоло меандешам, ки нохудогоҳ чӣ интихоби дурусте кардаам.

-Аввалин нақши Шумо дар саҳнаи театр ва нақши ин образ дар сохтмони пайроҳаи ҳунарӣ чигуна буд?

-Ростӣ, намедонам, ки аввалин образ кадом буд... Ёдам нест... ҳар як образ ва ё нақш ин зинаест, ки бораш “таҷриба” аст, мисли ҳар як китоб, мисли ҳар як сафар, мисли ҳар як рӯз... ҳар образи иҷро кардаам ҳатман дар сохтмони бинои ҳунариам хиште будаанд ва ҳар якашонро дӯст дорам. Аммо дар ҷараёни рушди ин касб такони сахтеро бар ман образи Дионис аз намоиши “Ваҳваҳабонувон” додааст, ки ба коргардонаш устод Авлиёқулӣ сано мефиристам.

- Бо намоишномаи «Суди девонагон» дар сафарҳои кишварҳои хориҷ будед, мехостем таассуротатонро аз кӯлбори бардоштҳоятон бифаҳмем.

-Ҳар як сафар мисли ҳар як китоб бардошту таассуроти худро дошт. Барои мо муҳимтарин бардошт аз ин сафарҳо ин боварӣ буд. Боварӣ ба худ. Вақте ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳунари тоҷиконро эътироф мекунанду театри тоҷикро дӯст медоранд, барои ҳунармандони ҷавон эҳсоси он, ки аз дигарон кам нестанд, илҳомбахш аст. Миёни даҳҳо дастаҳои ҳунарӣ ва бозигарони гулчини театрҳои гуногун аз ҳар гӯшаи ҷаҳон баромад кардан ва масъулияти сазовор муаррифӣ кардани як миллатро дар сатҳи байналмилалӣ бар дӯш доштан ифтихор буд барои мо, ҷавонон. Дар Ватан ҳар яки мо ҳама “шаҳрванд” ҳастем, вале дар хориҷа мо “тоҷик” ва номамон – тоҷикистонӣ.

- Ба Шумо саодати дар саҳнаҳои театрҳои Шанхай, Лондон ва Деҳливу Ҳайдаробод нақш офаридан даст додааст. Бигӯед, ки тамошобини ин шаҳрҳои ҷаҳонӣ аз ҳам чӣ тафовуте дошт ва тамошобини тоҷик аз онҳо чӣ фарқ дорад?

-Ҳунар қудрат дорад, ки инсонро вобастаи хеш кунад. Ҳамин вобастагӣ ҳаст, ки тамошобини мамлакати Ҳинд бо ҳар роҳ ба толори синамо роҳ меёбад, мардуми Лондон барои намоиши театрӣ 6 моҳ қабл чипта пайдо карда наметавонанд. Агар театри тоҷик тамошобин надорад ва ё агар дошта бошад, хеле ками кам дорад, ин ҷурми мо, масъулони ҳамин соҳа аст, ки натавонистем мардуми худамонро мухлиси худ бикунем.

Агар ба бозоре ё маркази деҳе дорбозчиён биёянд, мардум бо хушнудӣ ҷамъ мешаванд. Ва ё синамои силсилаи туркӣ тавонист ба ҳар хонадони тоҷик ворид шавад ва мардумро чунон вобастаи худ кунад, ки ҳар ҳафта диск мехарем.

Умедворам, ба рӯзе наздикем, ки тухми вируси сироятии театр ва синамои миллӣ эҷод шавад ва дар зеҳни мардуми тоҷик эҳсоси гуруснагии маънавиро бедор намояд.

- Ба андешаи Шумо барои рушди санъати театр ва бедор намудани муҳаббати мардум ба ин боргоҳи ҳунар чӣ бояд кард?

-Шояд як замоне осонтар буд ин кор, вале аз ҳар замони дигар ҳоло душвортар аст. Тамошобини имрӯз тамошобини замони гузашта нест, ки марде агар либоси занона бипӯшад, бихандад. ӯ имрӯза шедеврҳои синамои ҷаҳониро дида, ба воситаи телевизионҳои моҳворавӣ, интернет аз намунаҳои беҳтарини ҳунари дунё бархурдор ва бо телефони дастиаш, ки аз даст намегузорад, вориди толори театр мешавад.

Аммо новобаста ба ҳамаи ин мо, соҳибони вақти театр, бояд коре бикунем... Ва мо, ҷавонони театри Конибодом, дар ин ҷода талошҳое дорем ва ин роҳкушоиҳои театр ба дунё бахше аз ин нақшаҳост.

- Медонем, ки дар самти синамо низ фаъолияти густурда доред. Ба сифати актёр ва ҳам танзимгар. Роҷеъ ба ин паҳлӯи ҷабҳаи ҳунару офаринишатон ҳарф мезадед?

-Бисёр сахт, вале хеле аҷибу рангин аст, ҳамзамон, зиндагии ду фардро зиндагӣ кардан. Ҳаёти актёр-Фарҳод Ғаффорпур, ки рӯи саҳнаҳои мухталиф аз забони Шекспиру Фирдавсӣ ҳарф мезанад ва ё назди камераҳо нақш меофарад. Ва зиндагии филмсоз - Farhodactor, ки замони тадвин хешро аз оламиён гусаста, дар гӯшае танҳо бо филму қаҳрамонони филм зиндагӣ мекунад.

Маро муяссар шуд, ки дар тӯли як умр ҳаёти ду нафарро, ду эҷодкорро, ки фаъолияташон аз ҳам фарсахҳо дур ва ҳамзамон, хеле наздик аст, зиста, зиндагии рангину зеборо барои худ эҷод бикунам.

- Фарҳод Ғаффорпур аз Соли ҷавонон чӣ интизориҳо дорад ва ба хотираи ин сол чӣ доданист? Орзуҳои Шумо…

- Соли ҷавонон.... Ман ба онам, ки пириву ҷавонӣ ин хулоса аз синну солу ҳоли ҷисмонӣ нест. Ин хулоса аз ҳолати зеҳну равон аст. Ман мардеро мешиносам, ки беш аз 60 сол умр дидааст ва ҳоло забони англисӣ меомӯзад, телефони дастӣ дораду бо компютер ба дӯстони хориҷиаш мактуби электронӣ менависад ва барои чанд соли дигар нақшаву барномааш кашида шудааст. Дар муқобили ин мӯйсафед ҳамсинфе дорам, ки 32 сол дорад ва пиртар аз ҳама пирсолон аст.

Пас, ман масъалаи пириву ҷавониро ин хел мефаҳмам. “Пир”-нафаре, ки дар пеш умеде надорад ва ба қафо нигоҳ кардааст. Бо хотироти гузашта зиндагӣ мекунад. “ҷавон” нафарест, ки ҳамеша ба пеш нигоҳ кардааст, нақшаву ниятҳои зиёд дорад.

Ман таманно мекунам, ки дар Соли ҷавонон ҳама “ҷавон” бошанд. Ва соҳибони вақт...

-Оё гуфтанӣ доред, ки мо аз он напурсидем?

- На.... бе ҳамин ҳам зиёд гуфтам.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

 Сӯҳбаторо
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

20 April 2017

Фаровонҳосилӣ аз кишти саривақтӣ аст

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шудааст, ки ҳосилнокии зироати асосӣ - пахта ва майдони кишти онро зиёд намудан яке аз вазифаи муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Кишти пумба дона дар ҷумҳурӣ соли 2017 – 172400 га, дар вилояти Суғд – 54000 га, дар ноҳияи Зафаробод – 12200 муайян шудааст.

Айни ҳол дар Мирзочӯли тоҷик оғози кишти пумбадона рӯз ба рӯз авҷ гирифта, то санаи 12 апрели соли 2017 пахтакорони ноҳияи Зафаробод ҳамагӣ 1326 гектар кишти пумбадона ба анҷом расониданд.

Хоҷагиҳои пешқадам «Қаросақолбобо» дар майдони 10 гектар, Хоҷагии деҳқонии «Фарҳод» 20 гектар, Хоҷагии деҳқонии «Аср» дар майдони 12 гектар ва дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пумбадонаро моҳи апрел оғоз намуда, тайи 1-2 рӯзи кори онро ба анҷом расониданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишти босифат ва саривақтӣ асоси фаровонҳосилӣ буда, дар асоси он аз ҳар як гектар 5-10 сентнерӣ ҳосили иловагӣ гирифтан мумкин аст.

Пеш аз кишт ба ҳар гектар 100-200 кг аммофос, истифода кардан имкон медиҳад, ки структураи замин мулоиму таркиби хок пурқувват гардад. Ин тадбир ба нумӯи пахта таъсири мусбат мерасонад.

Дар давраи аввали рушду нумӯи пахта аз алафҳои бегона эмин доштан ва бо ҳашароти зараррасон, касалиҳо мубориза бурдан имконият медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида шавад.

Инъомҷон ҚОБИЛБЕКОВ

Читать далее

«Маданияти шаҳрдорӣ» дар Истаравшан

Дар доираи баргузории амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо мунтазам чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» ва ба мардум фаҳмонидани мақсаду мароми он дар Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан 7 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ҳамарӯза  аз ҷониби роҳбарияти Шӯъба дастур гирифта, ба хизмат сафарбар мешаванд.

Ҳангоми санҷиши иншооти навбунёди Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи «Қаробек», ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдурасул Музуллоев сохта шуда истодааст, ба нақшаи генералии шаҳрсозӣ, меъёрҳои санитарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, офатҳои табиӣ ва ҳаракат дар роҳ мувофиқа карда шудааст ва сохтмони мазкур, ки аз соли 2015 оғоз гардидааст, соли ҷорӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. ҳангоми азназаргузаронии ҳар як мағоза ва нуқтаҳои савдо, ки бевосита дар кӯчаҳои асосии шаҳр ҷойгиранд, нозирони минтақавӣ ба масъалаҳои тозагӣ, риояи либоси ягона барои фурӯшандагон, сифати молу маҳсулот, муносибати фурӯшандаҳо бо мизоҷон ва насби камераҳои мушоҳидавӣ эътибори махсус медиҳанд. Барои аз байн бурдани нуқтаҳои савдои кӯчагӣ, махсусан дар пайроҳаҳои пиёдагардӣ ва таъмини ҳаракати бемамонияти пиёдагардон дар ҳудуди бозор сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон – Азиз Дадобоев, Гулсара Ҷамилова, Умри Сабурова, Дақиқ Бобоҷонов, Ёқубҷон Шокиров, ки сокинони шаҳри Истаравшан мебошанд ва дидаву дониста, ба қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд, барои ташкили нуктаи савдо дар ҷойҳои номуқаррари бо моддаи 640-и КХМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи маъмури тартиб дода шуд.

Дар рӯзҳои баргузории амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» бояд ҳар як фарди ҷомеа бетараф набошад ва дар ҷараёни он фаъолона иштирок намуда, дар таъмини волоияти қонун ва амну суботи ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.

Фахриддини АВАЗЗОД
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон,
майори милитсия.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор

Читать далее

Мақоми ёдгориву бозёфтҳо дар тарбияи маънавии шахс

Эҳтирому гиромидошти мероси гузашта, дарк намудани алоқаи равишҳои таърихӣ гувоҳи соҳиби маърифату фазилат будани шахс аст.

Нашъунамои минбаъдаи ҷамъият, алоқаи вақту замонҳо дар мадди назари шахс ба тарзи аёниву воқеӣ таҷассум мегардад. Шахс комилан мефаҳмад, ки айёми гузашта дар вуҷуди ҳозира гум нашудааст, иваз нагардидааст, балки дар он ғанӣ гаштааст. Аз ин ҷост, ки мақоми ёдгориҳо дар ҳақиқат бузург аст.

Муҳофизат ва нигоҳдошти ёдгориҳо, мероси моддию маънавӣ ва фарҳангии халқамон вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, ин нукта дар "Қонуни ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият" сабт аст.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар аксари маърӯзаю гузоришоти худ муҳофизати ёдгориҳои  миллиро таъкид кардаанд.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: "Яке аз сарчашмаҳои худшиносии миллӣ, ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқи моро шодоб мегардонад, ин мероси таърихӣ мебошад, ки дар дастовардҳои илмӣ, дар хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос гардидааст. Бе такя ба ин гузаштаи пуразамат мо дар ҳеҷ соҳае ба пешравӣ ноил гардида наметавонем.

Агар мо ба таърих назар андозем, мебинем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он то кадом андоза заҳмат кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд."

Қонун ба анъанаҳои неки умумибашарӣ такя намуда, нисбат ба муносибат ба ёдгориҳо ҳамчун ба дастовардҳои гаронбаҳои халқ ба ҳифз ва истифодаи он бо мақсади инкишофи илм, маориф, маданият, ба вуҷуд овардани эҳсосоти инсонпарварӣ ва тарбияи ҷавонон қарор мекунад. Бояд, ки барои риоя намудани талаботи нормативии ҳифзи ёдгориҳо шароити мусоиди моддӣ фароҳам оварда шавад: ёдгориҳои осебдида таъмир ёбад, аз оташ ва дигар ҳодисаҳои нохуш эҳтиёт карда шавад. Ёдгориҳое, ки дар ихтиёри ташкилоти ҷаъмиятӣ, давлатӣ, динӣ ва инчунин шахсиятҳо мебошад, набояд аз эътибор соқит монда, осеб ёбанд ва нобуд гарданд.

ҳар фарди комилҳуқуқ ва аз худ огоҳу хештаншинос вазифадор аст, ки мероси пурғановати ниёгони худро ба оянда расонад, зеро насли муосир меросбари ёдгориҳои моддиву маънавӣ барои ояндагон ҳастанд.

Дар нимаи дуюми асри гузашта зиёда аз 350 номгӯи масҷиди ҷомеъ ва қавмии Хуҷандро ба ҳисоб гирифта буданд. Инчунин, 163 мадраса фаъолият доштааст. Муттассифона, дар охирҳои асри гузашта 90 дар сади онҳо вайрон карда шудаанд ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки яке аз онҳо масҷиду мадрасаи ҳазрати Бобо аст.

Ёдгории таърихӣ-меъмории ҳазрати Бобо. Дар лавҳае, ки дар девори мақбара насб шудааст, чунин маълумот оварда шудааст: «ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ арбоби бузурги дин, соҳиби илми ҳол ва илми қол, ки аз рӯи манобеъи мӯътамад устоди Мавлоно Шамси Табрезӣ буданд, охири асри ХI ва аввалҳои асри ХII зиндагӣ карда, дар ин мавзеъ дафн шудаанд. Ба бинои мақбараи мазкур асри ХIII ва масҷид асри ХVIII поягузорӣ шудааст.

Худованд ҳаргиз аҷру савоби некӯкоронро зоеъ намегардонад!»

Ин ёдгории таърихӣ сутунҳои кандакории беназир, калламуқарнаси зебо, равоқу сақфҳои нақшини нотакрор дорад, вале хеле фурӯрафта аст. Хусусан, дар деворҳо, ки бо хатҳои райҳонӣ ва куфӣ навиштаҷот сабт гардидаанд ҳамто надоранд, ки мутаассифона аз байн рафта истодааст. Гарчанде ки ин макон алҳол хоктӯдаро мемонад, вале се дарахти азимҷуссаи арча, ки таърихи зиёда аз 650-сола доранд, диққати касро ба худ ҷалб менамоянд.

Бо иқдоми устоди шодравон С.Марофиев солҳои 2000-ум мақбара таъмир гардида, лоиҳаи Маҷмааи фарҳангию таърихии ҳазрати Бобо омода гардид, вале то ҳол азнавсозӣ нагардидааст.

Воқеъан, дар замони ҷаҳонишавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам, дар радифи кишварҳои тараққиёфта биноҳои осмонбӯс бо меъморӣ ва тарҳи замонавӣ сохта шаванд, коху толорҳо бунёд гарданд, лекин на дар ҷойҳои ёдгориҳои таърихӣ, масҷиду мадрасаҳои пурнақшу нигор ё мақбараҳои бузургон, балки дар мавзеъҳои нообод ё навбунёд тарҳрезӣ шаванд.

Мо бояд ёдгориҳои таърихиамонро муҳофизат намоем, зеро онҳо миллати бофарҳангу зебоофари тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

 Адибахон ӮРМОНҶОНОВА,
сармуҳофизи фонди Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд   

 

Читать далее

Ҷавонон – пайрави Пешвои миллатанд

Тибқи нақшаи таҳиякардаи НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рӯзи «Созандагони Ватан» дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич мулоқоти фаъолони ноҳия бо ҷавонон баргузор гардид.

Он ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон нигаронида шуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ, буду боши шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, донишандӯзии наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва даст задан ба амалҳои номатлубу ҷинояткорӣ ва инчунин бобати дигар масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбати судманд ба роҳ монда шуданд.

Ба мулоқот вакили маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳрак Камол Юсуфов, раиси Шӯрои маҳаллаи шаҳрак, собиқадори меҳнат Ғаниҷон Фозилов, Имом-хатиби масҷиди ҷомеъ Н.Бобоҷонов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комрон Исмоилиён, намояндаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сарварони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия ҳар мавзӯъҳои зикршуда, инчунин оид ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пешгирӣ аз экстремизми динӣ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ва вазифаи фарзандон дар нигоҳубини волидайн сӯҳбатҳо оростанд.

Дар хотимаи мулоқоти мазкур ба як чанд нафар фаъолон барои фаъолияти пурсамарашон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Fазантарак низ доир гашт.

 

Лоиқ ТУЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2017, № 175

Дар бораи таҷлили Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти аҳамияти оламшумули Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ қарор мекунам:

1. Санаи 9 майи соли 2017 дар қаламрави вилоят Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, раёсатҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ҷиҳати бошукӯҳ ва хотирмон доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаву ташкилотҳо силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор намуда, ҷиҳати аёдат, дастгирии моддию маънавии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёзашон ба онҳо баробар чораҷӯӣ намоянд.

4. Раёсати тандурустии вилоят якҷоя бо шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят барои расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят:

- ба муносибати Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи мукаммали чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намоянд;

- дар доираи ҳафтаи «Поси хотир» таъмиру тармими лавҳаҳои ёдгории шаҳидони ҷангро ба роҳ монда, маросими ёдбуди шаҳидони ҷангро баргузор намуда, аз ҳисоби афсарон ва хонандагони мактабҳо дар пояи муҷассамаю ёдгориҳо посбонҳои фахрӣ ташкил намоянд;

- мулоқоту вохӯрӣ, сӯҳбат дар атрофи мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангиву сиёсиро баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёту қаҳрамониҳои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ ташкил намоянд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба корнамоӣ ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маводу мақолаҳо ва барномаҳои ҷолибро пахш ва инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.

Читать далее

Қадрдонии иштирокчиёни чорабиниҳои наврӯзӣ

Боиси сарфарозии мардуми  шарафманди вилоят аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола ба вилоят ташриф оварда, аз ҷумла дар чорабиниҳои фарҳангии Наврӯзии Боғи миллии Ваҳдат, ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Исфара ва пардабардорӣ аз муҷассамаи  Сайфуддини Исфарангӣ, ширкат варзиданд.

Ба муносибати  қадрдонии заҳмати онҳое, ки баҳри хубу хотирмон гузаштани ҷашни «Наврӯз» заҳмат кашиданд, дар Кохи  Суғдиёни маркази вилоят чорабинӣ доир гардид.   Муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ  арзи сипос ва миннатдории Раиси вилоят, Абдураҳмон Қодириро ба кулли иштирокдорон  расонида, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шудани иштирокдоронро дар ин чорабиниҳо зикр намуд. Сипас, иштирокчиёни  фаъол бо мукофотпулӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо китобҳои тозанашр  қадрдонӣ шуданд. Инчунин, китобхонаи шаҳру навоҳии вилоят низ аз армуғон дар канор намонд ва ба ҳар донишҷӯе,  ки дар ҷашн фаъолона иштирок намуданд, фиттаи сабти чорабинии «Наврӯз- 2017»  тақдим карда шуд.  Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҳамчунин, таҳиягарони барномаи фарҳангӣ ва аҳли ҳунари  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Кохи  Рӯдакӣ ва  Кохи Суғдиён,  ансамблҳои рақсии «Зебо», «Борбад»,  «Сайҳун», ба номи Ғаффор Валаматзода,  дастаи рақсии балет,  ҳайати эҷодии  барномаи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара қадршиносӣ гардиданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати мушовараи комплекси саноатии Федератсияи Россия

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати мушовараи комплекси саноатии Федератсияи Россияро бо роҳбарии Олег Бочкарев  ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят изҳор дошт, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар самти истеҳсоли маҳсулот буда,  барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ заминаҳои мусоид мавҷуд аст.  Дар ин раванд бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ метавонад  барои ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳои тарафайн мусоидат намояд.

Читать далее