April 2017

19 April 2017

Нозирони навраси ҳаракат

Дар асоси фармони якҷояи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Истаравшан, Конибодом, Масчоҳ ва Хуҷанд  даври  минтақавии  озмуни  ҳафтуми ҷумҳуриявии ННҲ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рӯзи аввалини баргузории озмун дар ноҳияи Спитамен байни дастаҳои “Нозирони навраси ҳаракат”-и ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Спитамен баргузор гардид. Рафти чорабинӣ аз ҷониби аъзои ҳакамон, ки аз намояндагони масъули Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, Иттифоқи автомобилчиён иборат буд, назорат карда шуда, тартиби баргузории ҳар як намуди озмун баҳогузорӣ мешуд.

“Нозирони навраси - ҳаракат” аз рӯи шартҳои ҳаракат намудан бо қадами низомӣ, сурудхонӣ дар саф, иҷрои фармонҳо, гардиш дар ҷой ва усулҳои сафорои дар вақти ҳаракат, рондани дучарха аз байни монеаҳо, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба нафари дар садамаи нақлиётӣ дучоргардида ва бастани ҷои захм, иҷрои ишораҳои танзимгар вобаста ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Чорабинии мазкур дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №1 ноҳияи Спитамен баргузор гардида, дастаи “Нозирони навраси ҳаракат”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишон додани маҳорат ва малакаи баланд бо гирифтани 75 хол, сазовори ҷои аввал гардиданд. Дастаи “Нозирони навраси ҳаракат”-и ноҳияи Спитамен бо гирифтани 67 хол сазовори ҷои дуввум ва дастаи “Нозирони навраси ҳаракат”-и ноҳияи Зафаробод бо гирифтани  60 хол сазовори ҷои сеюм гардиданд..

Баъди натиҷагирӣ аз рафти озмун аз ҷониби ҳакамон ба сардорони дастаҳои ННҲ, ифтихорномҳои Шӯъбаи БДА ва Раёсати маорифи вилоят дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Карим ҶУМАЕВ,
Нозири  калони  ГТТ ШБДА РВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  майори  милитсия

Читать далее

Солимии ҷомеа – кафили рушди Тоҷикистон

Ба кўмаки тарғиботчиён

Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар фарди ҷомеа дар меҳвари сиёсати инсондўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2016 рушди соҳаи тандурустиро самти афзалиятнок муайян намуда, бори дигар таъкид доштанд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар раванди идомаи ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад, зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бомаром ва ислоҳоти соҳаи ҳифзи сиҳатии омма пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Сол аз сол афзоиш ёфтани маблағгузорӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки таваҷҷўҳи роҳбарияти вилоят ба ин соҳа дучанд аст. Масалан, барои соли 2017 ба соҳаи тандурустӣ дар вилоят 370 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2005-ум 19,5 баробар зиёд мебошад.

Ҳамчунин, амалишавии беш аз 20 барномаю стратегияҳо вобаста ба солимии аҳолӣ дар ҳудуди вилоят ва бомуваффақият амалӣ гардидани Барномаи вилоятии «Соли 2016–Соли фарди солим», дар ин самт андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъминоти беморхона, марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти ҳозиразамони тиббӣ, бунёди бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои мавҷудаи нигаҳдории тандурустӣ аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти саломатии аҳолӣ, вусъати раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ нигаронида шудаанд.

 Соли 2016-ум аз буҷети вилоят ба соҳаи тандуpустӣ 318,5 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, умуман, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 368,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Зикраш бамаврид аст, ки иҷроиши он ба маблағи зиёда аз 394,4 млн. сомонӣ таъмин гардида, илова ба нақша 25,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Боиси хушнудист, ки ҷиҳати амалисозии Барномаи вилоятии “Соли 2016 - Соли фарди солим” аз ҷумла, сохтмон ва таъмиру тармими иншооти тандурустӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд.

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону фардони саховатманд ба тариқи ҳашар корҳои сохтмонӣ дар 45 иншооти тандурустӣ ба маблағи 11,6 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки ин аз нақшаи дар барнома пешбинигардида 216 фоизро ташкил медиҳад.

 Дар ин давра сохтмон ва таҷҳизонидани бинои нави табобатии Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Мастчоҳ барои 20 кат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 6 млн. сомонӣ ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони бинои нави шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара барои 14 кат (ба маблағи зиёда аз 1,4 млн. сомонӣ) ба итмом расиданд.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 182 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла, беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ, марказҳои табобатӣ, марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии деҳот ва дигар иншоот ба маблағи 24,4 миллион сомонӣ таъмиру тармим карда шуданд, ки ин ба 116 фоизи нақшаи барномавӣ баробар аст.

Барои беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ташхису муоинаҳои беморон, ҳамчунин, бо мақсади пешгирии гирифторшавии одамон ба бемориҳои мухталиф тибқи Барномаи вилоятӣ барои таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо 436 номгўи таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ 3 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Баҳри иҷрои он аз буҷетҳои маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо танҳо дар соли 2016-ум ба маблағи 12,0 млн. сомонӣ 2834 номгўй таҷҳизот харида ва дастрас гардид. Боиси қайд аст, ин рақам аз нақшаи барномавӣ 4 маротиба зиёд аст. Аз ҷумла, муассисаҳои тиббӣ бо 79 номгўй таҷҳизоти муолиҷавӣ ба маблағи 1,7 млн сомонӣ, 156 номгўй таҷҳизоти муоинавӣ ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ, 2512 номгўй таҷҳизоти ёрирасони тиббӣ ба маблағи 7,0 млн сомонӣ таъмин гардиданд.

 Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба 2,2 миллион сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,3 миллион, аз суратҳисоби махсус ба маблағи 2,5 миллион, созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи 3,8 миллион ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 593 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои соҳа таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуданд. Аз ҷумла, ба Маркази микроҷарроҳии чашми вилоят ба маблағи 240,9 ҳазор сомонӣ микроскопи офтолмологии ҷарроҳӣ харидорӣ гардид. Бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб 2 нафар духтурони ҷавон барои омўхтани истифодаи босамари таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ва ҷорӣ намудани усули нави муолиҷа ба ҳиндустон барои бозомўзӣ фиристода шуданд.

Дар сатҳи вилоят 70,2 фисади табибони кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 65,8 фоизи ҳамшираҳо баъди хатми курсҳои бозомўзии тибби оилавӣ фаъолият мебаранд, вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон, хусусан, ҳамшираҳои тибби оилавӣ ҷавобгў ба талаботи замон нест.

Дар соли таҳсили 2016-2017-ум зиёда аз 160 нафар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ва донишгоҳҳои тиббии хориҷи кишвар ба омўзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ фаро гирифта шуданд, ки барои ҳалли проблемаҳои марбут ба норасоии мутахассисон дар солҳои наздик мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи истифодаи технологияи инноватсионӣ дар соҳаи тиб бо изҳори нигаронӣ таъкид намуданд, ки «...ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияи тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанўз хеле каманд».

Дар ин самт дар даврони Истиқлолият барои бозомўзии кормандони тиб ва корбарӣ бо таҷҳизоти муосири гаронарзиш аз буҷаи вилоят 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда, аз ҳамин ҳисоб як нафар мутахассиси соҳаи рентгенологияи Таваллудхонаи вилояти Суғд барои такмили ихтисос фиристода шуд.

Илова бар ин, бо дастгирии Фонди хайриявии «Дили кўдак» 3 нафар мутахассиси бемории дил ва касалиҳои навзодон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба курси такмили ихтисос ва аз муассисаҳои тиббии маркази вилоят, шаҳрҳои Конибодом ва Исфара дар заминаи Донишгоҳи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 3 нафар пизишкон давраи бозомўзӣ ва такмили ихтисосро гузаштанд.

Моҳи сентябри соли 2016 дар заминаи Маркази экспертизаи судию тиббии вилоят аввалин озмоишгоҳи молекулярӣ-генетикии тиббии судӣ-таҳлилии ДНК-и инсон ба фаъолият шурўъ кард. Он барои гузаронидани тадқиқоти тиббии судӣ-генетикӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ оиди муқаррар намудани мансубияти объектҳои биологӣ ба шахси алоҳида ва идентификатсияи шахсият равона карда шудааст. Инчунин, корбарӣ бо ташкилоти байналмилалии ПРООН ба роҳ монда, аз тарафи ин ташкилот ба маблағи 77,9 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ва рентгентҳои кимёвӣ дастрас карда шуданд. ҳамаи ин амалҳо, албатта, ба беҳдошти ҳифзи сиҳатии омма таъсири мусбат мерасонад.

Солҳои охир мардуми сайёра аз бемориҳои гуногуни дил ва шараён азият мекашанд. Бо мақсади беҳдошти хизматрасонии давлатӣ ба гирифторони чунин касалиҳо дар вилоят корҳои мушаххас ба сомон расонида шуданд. Чанд сол қабл барои гузаронидани ҷарроҳии дил ва шараёни хунгузар беморон ҳатман ба пойтахти кишвар ва хориҷи дуру наздик мерафтанд ва амалиёт бо масрафи маблағҳои калон гузаронида мешуд.

Дар шаҳри Хуҷанд моҳи июли соли 2011 Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилоят мавриди истифода қарор гирифт ва шурўъ аз соли 2012 пизишкон аксар ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгузарро дар ин муассиса мегузаронанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маркази ҷарроҳии дилу шараён бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таъмин гардида, соли 2016-ум 70 амалиёти ҷарроҳии мураккаби дил гузаронида шуд.

Дар шўъбаи осебшиносию раддодии Беморхонаи клиникавии №1-уми шаҳри Хуҷанд соли 2016-ум 40 амалиёти эндопротезкунонии буғуми корсу рон, 2 ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми зону ва дар маркази микроҷарроҳии чашми вилоят бемории пилковезӣ бо усули нав ҷарроҳӣ карда шуданд.

Ҳамаи ин амалиёт шаҳодат аз он медиҳад, ки пизишкони беморхонаҳои вилоят, чун дар тамоми ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои нав ба нави табобату шифобахшии беморонро дарёфт ва амалӣ мекунанд, ки ин ба беҳдошти дараҷаи хизматрасонӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати он мусоидат мекунад.

Айни замон 74 муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳо ва 85 шўъбаи табобатӣ дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, № 600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ба таври пардохт ва ҳампардохт фаъолият мебаранд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 2016 аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ ба суратҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 45,4 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ворид гардид.

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят соли 2016 ба сохторҳои бистарикунонии шаҳру ноҳияҳо барои харидани доруворӣ ва хўрокворӣ 2,4 млн. сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ пардохт гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид бар он карданд, ки ба истеҳсоли дорувориҳо аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон эътибори алоҳида дода шавад. Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулин супориш доданд, ки дар доираи таъмини иҷрои дастури Пешвои миллат нисбати истеҳсоли дорувории ватанӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Алҳол дар вилояти Суғд даҳҳо санаторияю муолиҷагоҳҳои замонавӣ кор карда, сатҳу сифати хизматрасониашонро торафт баланд мебардоранд. ҶСК “Санаторияи Зумрад” аз солҳои шўравӣ дар хизмати садҳо нафар шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар аст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии санатория аз таъмири куллӣ бароварда, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат ба бунёди хобгоҳи шашошёнаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Санаторияҳои “Баҳористон” “Шифо” ва “Соҳил” дар шаҳри Гулистон, “Ирам” ва “Гули бодом” дар Конибодом, ”Ўротеппа”, “Ҳавотоғ”, “Авис-сити”, “Авитсена” дар Истаравшан, “Оқсикон” дар ноҳияи Ашт ва ғайраҳо дар хизмати мардум буда, дар беҳдошти нигаҳдории саломатии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд.

 Дар вилоят имрўз бештар аз 200 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият дорад ва соли амали Барномаи вилоятӣ шумораи муассисаҳои хусусии тиббӣ низ рў ба афзоиш ниҳод.

 Иқдоми Раиси вилоятро дар бораи расонидани кўмаки ташхисию табобатии ройгон ба аҳолии минтақаҳои дурдасти ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Панҷакент баробари мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят кормандони ҶДММ «Луқмони ҳаким» дастгирӣ карданд.

Яке аз мақсади асосии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма нигаронида шудааст ва барои беҳдошти хизматрасонӣ, муҳайё кардани шароити мўътадили зиндагӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ корҳои бузург анҷом дода шуданд ва дар ин ҷода баҳри истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги миллат – 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои назаррас амалӣ хоҳанд шуд.

Малика СОДИҚОВА,
сардори шўъбаи “Таҷдиди сохтори муассисаҳои
тандурустӣ ва механизми нави маблағгузорӣ”-и
Раёсати тандурустии вилояти Суғд

Читать далее

Тадбирҳои пешгирии падидаҳои номатлуб зеҳннишин бошанд

Зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд. Одатан, ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд.

Сабабу омилҳои гароиши бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ буд.

Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба Русия боиси афзоиши шумораи фарзандони дур аз назорат шудааст.

Ба доми ин гурўҳҳо бештар ҷавонони муҳоҷир гирифтор мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин зуҳуроти манфӣ Хадамоти муҳоҷирати кишвар ва Шўрои уламоро лозим аст, ки фаъолияти худро тақвият бахшида, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ бештар вохўрию сўҳбатҳо анҷом диҳанд. Ҳамчунин, ташаккул ва тақвият додани идеологияи миллӣ, ки асоси онро сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ташкил менамояд, аз омилҳои муҳими ҷилавгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ шуда метавонад.

Тамоюл ва гароиши баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳо боиси ихтилоф, тафриқа ва нооромии ҷомеа мегардад. Дар ин ҷо тарбияи дурусти динии фарзандон дар айёми ҷавонӣ бисёр муҳим аст. Агар дар ҳамин давра маълумоти лозим ва дурусти динӣ ба онҳо дода нашавад, эътиқоди онҳо мумкин аст, ноқис монад. Натиҷа чунин мешавад, ки ҳар инсон ё гурўҳи ғаразнок онҳоро фиреб диҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз назорати сусти баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, гурўҳҳои тундраву ифротгаро кўдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модар ҳатто фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристоданд. Ва намедонанд, ки фарзандонашон ба ҷои таълим ба чӣ корҳо машғул мешаванд.

Тадбирҳои солҳои охир андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бозгардонидани чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид аст.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба онҳо нафрат мепарваранд.

Дар робита ба ин, барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсеаи корҳои равонӣ, рушди мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерўи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда шавад.

Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста бар зидди падидаҳои номатлуб, аз қабили радикализм, зуҳуроти он дар шакли экстремизм ва методи амалисозии он, яъне терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон ба андешаи мо таҳияи барномае оид ба пешгирии масъалаҳои радикализм байни ҷавонон хеле муҳим хоҳад буд.

Ҳ.ТОАТОВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ваҳдат якдилию ҳамзабонист!

Бе Ваҳдати миллӣ пайванди ногусастании дирўзу имрўзу фардо, ҳифзи Истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодони номдор, ҳифзи мероси гаронқадри таърихию фарҳангӣ маъно надорад.

Дар он соати неки муродбахш, ки мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари тоҷикон интихоб гардиданд, мисли роҳбарони ҷумҳуриҳои ҳамсоя мансабҳои олии ҳизбӣ надошта, соҳиби рутбаҳои баланд нагардида, таҷрибаи зиёди кор ҳам наандўхта буданд. Вале, мағз андар мағз, тору пуди вуҷуди он кас бо меҳри халқи азизашон сиришта шуда буд. Бинобар ин, Роҳбари навинтихоби тоҷикон дарду аламро эҳсос мекарданд ва аз лаҳзаҳои аввалини ҳукуматдорӣ, барои даво ҷустану бартараф намудани иллатҳо ҳам дар сухан ҳам дар амал якрўю якқавл буданд.

Дар рўзҳои душвори бар сари халқи тоҷик омада мардуми азияткашида аз забони бурро ва гўёи Сарвари ҷавон ва нуронии худ дар лаҳзаҳои нахустини ба минбари ҳукуматдорӣ баромадан пайғоми наҷотбахшро шунид: “Ман ба шумо Сулҳ меоварам! То як нафар гурезаи иҷборӣ дур аз Ватан бошад, ҳаргиз ором намегирам!. “Худованди мутаол ба дили бузурги Сарвари мо меҳру муҳаббати халқу Ватанро ато карда, дар ҷисму ҷонашон нерўи таҳамтанӣ бахшид. Ин шахси бузург барои ба ҷойҳои муқимӣ баргардондани ҳамватанони гуреза кўшиш намуданд. Ба рустоҳои пурхавфи Афғонистон рафта, мулоқоту гуфтугузори мушкилтаринро анҷом бахшиданд ва худ аввалин шуда, соли 1994 дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷирони аз Афғонистон ба Ватан баргаштаро бо оғўши кушода пешвоз гирифта, ҳамчун Бузургмарди давлату миллат гуфтанд: ”Ватанро, хонумонамонро худамон обод мекунем!”. Мутобиқи ваъдаю паймони Сарвари давлат сулҳу субот дар диёри азизи мо – Тоҷикистон устувор гардид, зиёда аз як миллион гурезаҳо ба ҷойҳои муқимӣ баргаштанд ва даст ба корҳои созандагӣ заданду мулкро обод сохтанд.

Кўшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар буд, ки миллати бофарҳангу мутамаддини мо, ки парешону сарсон буд, сарҷамъу пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба Ваҳдат омад!

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимату бузургиашро афзун гардонидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд кардаанд: ”Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.”

Рушди бомароми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро дида, бо эътимод метавон гуфт, ки тавассути бунёди корхонаҳои азим Тоҷикистон ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи семент, барқ, маснуоти металлҳои сабук, ранга, санги қиматбаҳо, меваю сабзавот ва маҳсулоти пахтагӣ табдил хоҳад ёфт. Иншооти муҳими энергетикию саноатӣ бунёд мешаванд, ки Роғун бузургтарини онҳост. Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои мўътабартарини ҷаҳон - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони байналмилалии ҳамкориҳои исломӣ, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва даҳҳо созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ дар ҷаҳон обрўю нуфузи баланд пайдо кардааст. Таҷрибаи нодири сулҳи Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун воситаи беҳтарини қатъи ҷангу хунрезӣ омўхта ва амалӣ карда мешавад. Ибтикори Сарвари давлати тоҷикон оид ба эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005- 2015), ”Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Дар Душанбе конфронсҳои байналмилалӣ, Саммити сарони давлатҳои аъзои созмонҳои мўътабари ҷаҳонию минтақавӣ, тадбирҳои муҳимтарини байналмилалии сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад, ки гувоҳи обрўи афзояндаи Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакатанд.

Аз ин парвозҳои умедбахш ва ҳастии миллату давлат ифтихор бояд кард. Дар раванди ҷаҳонишавӣ аз пештара бештар ба ҳам муттаҳид бошем ва зери парчами Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳимоят аз дастовардҳои ҷомеа кунем ва поягузори устувори сулҳу Ваҳдат бимонем. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас ва таҳкимбахши саодати халқ аст, аз ин рў, мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу Ваҳдати моро халалдор созад:

Ҳар касе бар қадри Ваҳдат мерасад,

Ў ба иқболу саодат мерасад.

Каромат ҶЎРАЕВА,
муовини директори
Коллеҷи тиббии ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

18 April 2017

Бо коррупсия бетарафӣ нашояд

Дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии муҳассилин ва омўзгорон бо намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати баррасии масъалаҳои муқовимат бо коррупсия, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо зуҳуроти коррупсионӣ ва пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ баргузор гардид.

Ба он ректори донишгоҳ, узви Раёсати ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мӯмин Машокир ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки айни замон ба шарофати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои беш аз пеш муассиртари пешгирии ҳамагуна фасодкориҳо, дар навбати аввал ришвахорӣ, рўй овардани насли наврас, бахусус ҷавонон, ба падидаҳои номатлуб, решакан сохтани ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ саросари кишвар амалӣ гардонида мешаванд.

-Ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, эмин доштани онон аз таъсироти манфии рўзгори пурталотуми муосир, бештар аз ҳама, ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи омўзгорон иртиботи ногусастанӣ касб кардааст,- изҳор дошт Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодирҷон- сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.- Аз ин хотир, давлат ва ҳукумати кишвар барои бемайлон баланд бардоштани мавқеи коркунони маориф чораҳои таъхирнопазир меандешанд ва барои тадриҷан таҳким бахшидани асоси моддию техникии муассисаҳои таълимӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам месозанд.

Номбурда бо камоли эътимод изҳор дошт, ки муқовимат алайҳи фасод асоси сиёсати роҳбарияти кишварро ташкил медиҳад, чунки коҳиш бахшидани коррупсия гарави аввалиндараҷаи амнияти миллии мо ба шумор меравад. 

Аз гузориши нозири шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифзода ҳошимҷон Юсуфӣ маълум гардид, ки ба туфайли андешидани тадбирҳои ибратпазир  дар соҳаи маориф сатҳи фасодкорӣ то андозае рў ҷониби камшавӣ ниҳодааст. Дар ин бобат далелҳо низ гувоҳӣ медиҳанд: соли сипарӣ аз ҷониби кормандони раёсати агентӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 19 ҳодисаи ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда буд; дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 3 ҳодиса ошкор гардидааст, ки аз ҳамин давраи порсола хеле кам мебошад. Боиси қаноатмандист, ки тибқи шаҳодати нозири мазкур, дар раёсати агентӣ ягон навъи қонуншиканӣ  аз ҷониби омўзгорон ва муҳассилини ДДҳБСТ ба қайд гирифта нашудааст. Хулосаи матлубе ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар донишгоҳ раванди таълиму тарбия ба талабот ҷавобгў буда, муҳассилин ба шарофати хониши хуб ҳарчӣ бештар ба маҳдуд гардидани заминаҳои фасодангез муяссар мешаванд.

Амрулло Юлдошев, Абдулло Рўзиев - донишҷўёни факултаи бизнес ва идоракунӣ, Мирзоқодир Қодиров - устоди факултаи ҳуқуқшиносӣ ва дигарон перомуни умдатарин масоили пешгирии коррупсия изҳори назар карда, ба  шахсони масъули ниҳоди муқовимат алайҳи коррупсия саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Солеҳи  ЗАРИФЗОД

Читать далее

Меҳвари фаъолият: Таъмини пешрафти иқтисодиёт ва беҳдошти зиндагӣ

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

“Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2017”

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1-уми апрели соли 2017 ба андозаи 106,2 фоизи нақша иҷро гардида, 342593,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 352800,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 98,4 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,7 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 98,7, хоҷагии коммуналӣ 95,5, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,0, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 95,2 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2001153,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 145,1 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, дўзандагӣ ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 116 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти соли 2017 истеҳсоли 71 номгўй ( 61,2 фоиз) афзуда, 28 номгўй (24,1 фоиз) кам ва 17 номгўй (14,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 591 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 266 корхона (45,2фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 226 воҳид ё 38,2 фоизро ташкил карда, 99 ё 16,6 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 226 воҳид корхонаҳои бозистода 110 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накардаанд.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ба маблағи 818974,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 56,2 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 55,7 фоиз, энергетикӣ 32,2 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 1075451,2 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 553512,0 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 96643,6 ҳазор сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 41275,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, умуман дар соҳаи коркард 35,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ – 32,5 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд – 4,3 баробар, маргарин – 23,9 фоиз, гўшт – 16,4, маҳсулоти ширӣ-15,9, нон ва маҳсулоти нонӣ – 15,3, ҳасиб – 3,3, нўшокиҳои ғайриспиртӣ - 1,3 фоиз ба вуҷуд омадааст.

 Истеҳсоли дигар маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ – 21,5 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент – 49,4 фоиз, гаҷ - 17,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ – 67,8 фоиз зиёд шуда, аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани калобаи пахтагин 2,6 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ – 76,9 фоиз, матои нобофта – 47,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 106727,3 ҳазор сомониро ташкил кард. ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 38,6 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 68525,8 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,6 фоиз зиёд мебошад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВАХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 403,5 млн. сомонӣ (бо нархҳои соли 2016) нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 5,7 фоиз, аз он ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 1,3 млн. сомонӣ ё баробари соли гузаштаро ташкил дода, чорводорӣ 402,1 млн. сомонӣ ё 5,7 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 217,8 тонна сабзавот ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд аст.

Кишти баҳорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими кишту кори баҳорӣ давом дорад.

То 1-уми апрели соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 42617,9 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла, дар 34759,1 гектар ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо гандум – 11216,8, ҷав – 22466, дигар зироати ғалладонагиҳо – 1076,3 гектар, ҷуворимакка барои дон – 327, зироатҳои техникӣ – 2536,2, аз он пахта – 171,6, картошка – 715,8, сабзавот – 2969,4 гектар, полезиҳои озуқаворӣ – 227,3 ва зироати хўроки чорво – 1079,9 гектар мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 73,0 фоиз иҷро шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1-уми апрели соли 2017 дар майдони 741,2 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 723,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 62,0 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 62,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 628,4 гектар донакдор, дар 27,5 гектар мағздор ва дар 4,9 гектар мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудааст.

То 1-уми апрели соли 2017 16,7 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамагӣ то ҳамин давра 821,5 гектар боғҳо ва 40 гектар токзорҳо аз нав барқарор гардида, ҳамагӣ 3,3 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шуд.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1-уми апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3747 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2689 адад ё 72,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 345,7 тонна сўзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,1 тонна зиёд аст. Сўзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 92,3 кг рост меояд, ки нисбати соли гузашта 12,9 кг зиёд мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 635,7 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,8 ҳазор сар ё 1,1 фоиз, саршумори гўсфанду буз 26,7 ҳазор сар ё 1,8 фоиз, саршумори мурғ 34,5 ҳазор сар ё 2,2 фоиз зиёд шудааст. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,7 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Исфара – 3,8, Кўҳистони Мастчоҳ – 3,3, Мастчоҳ – 2,7, Панҷакент – 1,5 фоизро ташкил дод.

ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 10939,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 - ум 5,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 15,4, Исфара – 9,4, Бобоҷон Ғафуров – 8,1, Деваштич – 7,4, Конибодом – 6,8, Спитамен – 6,1, Ашт – 5,8 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 64787,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2016-ум 3,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Спитамен – 18,6, Деваштич – 17,6, Ҷаббор Расулов – 4,6, Зафаробод ва Исфара – 3,2 фоизӣ афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,4 фоизро ташкил менамояд.

Ба миқдори 36198,8 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2016-ум 7,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Деваштич – 2,4 баробар, Панҷакент – 2,1, Шаҳристон – 2,0 баробар зиёд намуданд.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 2636 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба соли гузашта хоҷагиҳои вилоят 3,4 фоиз ва ноҳияҳои Спитамен – 7,9, Конибодом – 7,4, Исфара – 7,3, Мастчоҳ – 5,6, Бобоҷон Ғафуров – 3,4, Ашт – 2,5 фоиз зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1-уми апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 43523 сар барраю бузғола гирифтаанд, ки нисбати соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 1,2 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 5,0 фоиз, Ашт – 2,4 фоиз Кўҳистони Мастчоҳ – 1,7 фоиз, Б.Ғафуров – 1,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 336 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали 2016-ум 3,4 фоиз ё 11 кг зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 апрели соли 2016 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 60, Зафаробод - 11, Ҷ.Расулов – 10, Бобоҷон Fафуров - 9, Мастчоҳ - 6 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда 66 донагӣ тухм гирифта шуд, ки 22,2 фоиз ё 12 донагӣ зиёд аст.

Дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 17 - сарӣ гўсола гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 6,3 фоиз ё 1 сар зиёд аст.

Аз ҳар 100 сар меш 48 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 24 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров - 7 сарӣ, Зафаробод – 1 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 47,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 18,9 фоиз зиёд шудааст.

Соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ гўшт 1,7 тонна, шир 0,7 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 85 сар чорвои калон, 3367 сар гўсфанду буз, 85 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 349,0 ҳаз. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 3,0 баробар зиёд аст. Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 17,5 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед – 10,4 фоиз, зағорамоҳӣ – 2,9, суфмоҳӣ – 13,0, намуди амури сафед – 1,7 ва дигар намуди моҳиҳо – 71,9 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 215931,6 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 45,9 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 180537,1 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбати соли гузашта 2,9 баробар зиёд шудааст.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 111698,2 ҳазор сомонӣ ё 61,9 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дўзандагӣ аз тарафи соҳибкори хусусӣ, иншооти бинои замонавӣ барои қабули меҳмонони олиқадр – фармоишгар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», иншооти комплекси осиё ва анбори маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Зерновая компания», обёрӣ ва азхудкунии заминҳои мавзеи Сомғор – фармоишгар ИСА вилояти Суғд, дар ноҳияи Исфара корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо иқтидори коркарди 1400 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Баракат» ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта, ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ 10731,3 ҳазор сомонӣ ё 5,9 фоиз, давлатӣ – 89180,7 ҳазор сомонӣ ё 49,4 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 22253,4 ҳазор сомонӣ ё 12,3 фоиз, ҶДММ – 28916,6 ҳазор сомонӣ ё 16,0 фоиз, корхонаҳои муштарак - 1021,8 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 8869,8 ҳазор сомонӣ ё 4,9 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 19563,5 ҳазор сомонӣ ё 10,9 фоиз, аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 43494,8 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки 20,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Ба масоҳати 61356 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 130,7 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ба масоҳати 49805 метри мураббаъ, маблағҳои ҶДММ – 10231, маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 1320 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ шўъбаи ҷарроҳӣ барои 14 кат, дар Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ду мактаб барои 680 ҷои талаба ва аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан мактаб барои 144 талаба, дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб барои 740 талаба сохта ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят бо қувваи худ ба маблағи 56207,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 44,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешаванд: саҳҳомӣ 2645,4 ҳазор сомонӣ (4,7 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 45784,6 ҳазор сомонӣ (81,5 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 7777,5 ҳазор сомонӣ (13,8 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 5,6 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 100,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилии шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 4,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 4,0 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 0,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 82,4 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 487,6 миллион тонна - км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,2 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 40,9 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат, соли 2016-ум 107,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 40,8 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 107,2 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 5,5 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта бетағйир мондааст), бо нақлиёти ҳавоӣ 66,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 1,5 бар) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақ-лиёт 713,7 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 112,4 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

ҳаҷми хизмати пулакии ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд, 764,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2016-ум 1,7 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмии бақайдгирифташуда бошанд, ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 38,2 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 5,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 298,7 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ МАИШӢ

Гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 1748,7 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 4,4 фоиз ё ба маблағи 171,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана 1711,7 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 4,3 фоиз, таъмири мошинҳо 10,2, таъмири молҳои маишӣ 13,0 фоиз афзудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва омехтаи вилоят ба маблағи 901,3 миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 68,1 фоиз ё 1165,7 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (18,2), орд (9,1), маҳсулоти қаннодӣ (7,4), равғани растанӣ (5,5), сабзавот (3,2 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 31,9 фоиз ё 546,0 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (29,1), газвор (12,4), пойафзол (8,3), мебел ва маснуотҳои қолинӣ (6,7), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,6 фоиз)-ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 668,5 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 86,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 454616,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 26,9 фоиз ё 96320,1 ҳазор доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, – 210753,4 ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 41 мамолик, аз он ҷумла, бо 10 мамолики ИДМ ва бо 31 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 81,4 фоиз ё 370123,7 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 18,6 фоиз ё 84492,7 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 26,8 фоиз ва воридот бошад, 73,2 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ –178315,9 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 32437,5 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 34,6 фоиз ё 95231,7 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 1,3 фоиз ё 1088,4 ҳазор доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2017 содироти мол 121931,5 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ- марти соли 2016-ум 50,5 фоиз ё 40935,7 ҳазор доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 332684,9 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ- марти соли 2016-ум 20,0 фоиз ё 55384,4 ҳазор доллар зиёд мебошад.    

Содироти меваи хушк 23,7 фоиз ё 330,3 ҳазор доллар зиёд шудааст. Инчунин, нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 содироти маҳсулоти маъданӣ 2,7 баробар ё 65245,2 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта 54,5 фоиз ё 5137,1 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 44,8 фоиз ё 3858,1 ҳазор доллар зиёд шудааст, воридоти гандум бошад, 20,1 фоиз ё 9975,6 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон – 65,6 фоиз, Чин – 10,4, Ўзбекистон – 10,4, Туркия – 4,1, Итолиё - 2,6 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия - 45,2 фоиз, аз Қазоқистон – 31,8 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин - 9,8, Литва – 3,1, Ўзбекистон-2,6, Туркия-1,3 фоиз ва ғайраҳо.

ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1167,9 ҳазор доллар ё 1732,2 тонна маҳсулоти озуқа ҳамчун ёрии башардўстона расонида шудааст.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-феврали соли 2017-ум 397,4 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 249,5 ҳазор нафар дар бахши воқеӣ ва 147,9 ҳазор нафар дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмии ба қайд гирифташуда то 1-уми марти соли 2017-ум 11,0 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла, 52,0 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2017-ум 931,65 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1-уми марти соли 2017-ум 9796,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар соли 2017-ум 509,4 ҳазор сомонӣ (5,2 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 6711,1 ҳазор сомонӣ (68,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2258,3 ҳазор сомонӣ (23,0 фоиз) ва дар саноати коркард 789,0 ҳазор сомонӣ (8,1 фоиз)-ро ташкил додааст.

НАРХ

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоиз, аз он ҷумла, молҳои озуқа – 108,0 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,8 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 105,0 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 индекси нархҳои истеъмолӣ 2,9 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,9 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз буд).

Аз аввали соли 2017 сатҳи таваррум дар вилоят 2,9 фоизро ташкил дод. Нархи молҳои озуқавории зерин қимат шудаанд: бехпиёз – 1,6 бар, карам – 1,5 бар, картошка – 49,2, сабзӣ – 38,3, бодиринг – 34,8, лаблабу – 33,7, помидор – 23,7, нахўд – 15,6, равғани маска – 15,1 фоиз, ангур – 11,8, банан – 11,7 ва лўбиё – 10,2. Зимнан дар ҳамин давра арзон шуд: каду – 19,7, чормағз – 15,8, ярмаи марҷумак – 14,5, зардолуқоқ – 13,1, сирпиёз – 10,0, мош – 9,3, пиёзи кабуд, шибит, кашнич ва ғайра – 8,8, тухм – 7,9, биринҷ – 7,7, содаи хўрокворӣ – 6,0, нок – 5,9, ҷавҳари сирко – 5,3, чойи кабуд – 4,9 ва лимў – 3,3 фоиз.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин бештар арзон шудаанд: ангишт – 20,2 фоиз, штукатурка барои девор – 16,8, шампун – 15,2, колготкаи занона – 13,0, галстуки мардона – 12,1, гаҷ (алебастр) – 10,7, шими мардона – 7,5, семент – 5,1 ва гази моеъ – 2,6 фоиз. Зимнан, дар ҳамин давра матои тўри пардаворӣ – 27,1, бозичаҳо – 22,6, рўймолҳо – 21,2, равғани олиф – 17,0, куртаи шабпўшии занона – 16,3, коляскаи кўдакона – 12,7, қандили электрикӣ – 12,4, свитери мардона – 12,1, собуни ироқӣ – 10,8, бензин – 10,2, костюми мардона – 9,6, кулоҳи кешбофи кўдакона – 9,4 ва кати дукаса – 8,6 фоиз қимат шудааст.

Аз аввали соли 2017 нарху тарифаи хизматрасонии пулакӣ нисбатан қимат шуд: нақлиёти ҳавоӣ – 1,8 бар, алоқа – 22,7 фоиз, пардохт барои оби хунук ва канализатсия – 21,6 фоиз, эмкунии чорво – 13,6 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан ва таъмири яхдон – 12,6 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ӣудогона гирифтор шудани аҳолқ (аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Сућд)

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017-ум 1961 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 7,2 фоиз кам мебошад. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 36,8 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 8,2 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд. 1800 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 22,0 фоиз кам аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 145,8 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,9 млн. сомонӣ) 145,5 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 1-уми апрели соли 2017-ум 210592 нафарро ташкил медиҳад.

Читать далее

Панҷакент: Эътибор ба соҳаи кишоварзӣ беҳбудӣ металабад

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят зикр гардид, ки дар шаҳри Панҷакент ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мувофиқи матлаб сурат нагирифта, таносуби кишти зироатҳо ба таври бояду шояд риоя намегардад. Баҳри рўшанӣ андохтан ба масоили рафти таҷдиди сохтори кишоварзӣ, азхуд кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт берунмонда, ки дар гузаштаи начандон дур дар қисми бештари ин заминҳо тамоку кишт карда мешуд, мухбирамон бо сардори Раёсати кишоварзии Панҷакент Ғолибҷон Гадоев ҳамсўҳбат гардид.

- Дар шаҳри Панҷакент, умуман, 21 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 18.103 гектарро майдони умумии шудгоршаванда ташкил медиҳад. Ислоҳоти сохтори кишоварзӣ тадриҷан амалӣ гардида, то ҳол беш аз 4830 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардидааст ва ин раванд идома дорад.

- Дар хоҷагиҳое, ки таҷдиди сохтор гузаронида шуд, яъне замин соҳиби воқеии худро ёфт, оё боздеҳи замин-ҳосилнокӣ тафриқа дорад ва ба ин кадом хоҷагиҳо мисол шуда метавонанд?

-Албатта. Аҳли меҳнати хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чинор, Моғиён, Ёрӣ, Амондара, Косатарош, Рўдакӣ пас аз таҷдиди сохтор давоми солҳои охир мунтазам ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардида истодаанд.

- Феълан, вазъи кишти баҳории зироатҳо чӣ гуна аст ва оё ба кишти зироатҳое, ки дар минтақа ҳосилнокии дилхоҳ медиҳанд, эътибор дода шудааст?

- Бояд қайд намуд, ки соли равон ба изофа кардани майдони кишти шолӣ эътибор дода шуд. Яъне, агар соли рафта дар 1187 га шолӣ кишта шуда бошад, имсол ин рақам ба 1300 га расонида мешавад.

- Чунонки маълум аст, деҳқонони Панҷакент аз кишти картошка даромади дилхоҳ ба даст наоварданд…

- Дуруст. Дар ҷамоатҳои деҳоти Косатарош ва Саразм майдонҳои кишти ин зироат ба касалии куяи картошка гирифтор шуда, ҳосилнокӣ мувофиқи матлаб нагардид. Ин боиси ташвишу нигаронист. Ҳамчунин, ба ҳосили умумӣ таъсири худро расонд: Аз майдони умумии 2111 га кишти картошка соли гузашта 44242 тонна ҳосил ба даст оварда шуд, ки ҳосилнокӣ нисбат ба соли 2015-ум кам гардид.

Дар натиҷаи аз ташхис гузаронидани хоки ин мавзеъҳо тавсия дода шуд, ки дар ин заминҳо кишти картошка нагузаронида, тадбири муҳими агротехникӣ-киштгардон гузаронида шавад. Яъне, давоми чанд соли дигар дар ин заминҳо кишти ин зироат ба роҳ монда намешавад. Умуман, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти навъҳои баландҳосили картошка, аз ҷумла, навъҳои хориҷии «Ҷуковский», «Бигроза», навъҳои ватании «Нуринисо» ва «Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.

- Умуман, то имрўз кишти баҳорӣ дар кадом вазъ аст?

- То ҳол дар 4300 гектар кишти баҳорӣ, аз ҷумла, гандуму ҷав, картошка, сабзавот, зироатҳои равғандеҳ ва хўроки чорво, ҳамчунин, ҷуворимакка барои дон гузаронида шудааст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки ҳоло кишт танҳо дар мавзеъҳои ҳамворӣ, ки обу ҳаво мусоид аст, ба роҳ монда шудааст. Дар минтақаҳои кўҳӣ бошад, аз аввали моҳи май ба кишт шурўъ мекунанд.

Ҳамзамон, тибқи нақша соли равон бунёди 20 гектар боғоти мева дар заминҳои ғайрикишоварзӣ ба нақша гирифта шуд.

Дастовардҳо моро қаноатманд гардонида наметавонанд ва минбаъд аз дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ки дар маҷлиси ҷамъбасти семоҳа баён гардид, хулосабарорӣ намуда, корро дар самти баланд бардоштани боздеҳи замин, маданияти зироаткорӣ беҳтар хоҳем кард...

Нигоранда
Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Роҳи обод – роҳи мурод

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар солҳои охир шаҳру навоҳӣ обод гардида, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ рушд ёфта истодаанд.

Имрӯз дар паси дастгоҳҳо занону мардон ба истеҳсол машғуланду маҳсулоти кишоварзӣ берун аз мамолик шӯҳрат ёфта, харидорони хешро дорад. Ободонии роҳҳо низ хеле назаррас гаштааст. Чанд сол муқаддам роҳҳои автомобилгард муаммоҳои худро дошт ва аксари садамаҳоро аз вайронии роҳҳо медонистанд. ҳоло бошад, масофаи роҳҳои таъмирнашуда кам гардида, бо мурури вақт обод шуда истодааст.

Файзи баҳор

Баробари фарорасии баҳор роҳи автомобилгарди маҳаллаи Навбаҳор, аз гардиши кӯчаи Навбаҳор (роҳи Беморхонаи вилоятии чашм), яъне аз кӯпруки Роҳи абрешим то кӯчаи 30- солагии Ғалаба дар масофаи 375 метр таъмир гардид. 

- Солҳои қаблӣ рондани нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард хеле хавфнок буд, - мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд С. Дадохоҷаев, - хосатан барои мо, соҳибони нақлиёт. Гӯё мо, ронандагон, ба қавли калосолон, роҳро ”чинда – чинда” мошин мерондем. Роҳҳои вайрона, на танҳо ба ронанда, балки ба пиёдагардон низ хатар дошт.

Шукр, даврони истиқлол муҷдаҳои худро расонда истодааст ва ободонии роҳҳо шаммаест аз он паёмҳои хуш.

Роҳҳои вайрона – хатар ба ронанда

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳо таъмиру тармим гардида, ҳусни диёр меафзояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади ободии роҳҳо корҳои зиёде ба сомон расида, мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта истодааст. Ба истифода додани нақби “Истиқлол”, таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ ва ободонии дигар роҳҳо имкон доданд, ки хатари роҳ бартараф гардад.

Роҳи маҳаллаҳо кай обод мешавад?

Аксар кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд низ пурра таъмир гардиданд. Тибқи иттилои манбаъ агар дар мувозинаи шаҳри Хуҷанд 164,9 километр роҳ мавҷуд бошад, аз он беш аз 95 фоизаш таъмир гардидааст.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят таъмиру мумфаршкунии 43,35 километр роҳи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст, ки аксар кӯчаҳои дохилимаҳаллаҳо мебошад. Бо ин мақсад 31 миллиону 417 ҳазору 300 сомонӣ маблағ масраф мегардад ва бо ризоият ва ӯҳдадории аҳолӣ, яъне дар ҳолати пардохти 50 фоизи маблағ аз ҷониби сокинон, соҳибкорону саховатпешагон роҳҳо мумфарш хоҳанд шуд. Алҳол мумфаршкунии кӯчаҳои маҳаллаҳои Тути калон (дарозии кӯча 670 метр, масоҳати умумиаш 4090 метри мураббаъ),  Раззоқ (дарозии кӯча 1500 метр ва масоҳати умумиаш 7000 метри мураббаъ), кӯчаҳои маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов (дарозии кӯча 760 метр ва масоҳати умумиаш 4560 метри мураббаъ) ва маҳаллаи Шарқ (дарозии кӯча 1220 метр ва масоҳати умумиаш 6520 метри мураббаъ) дар назар дошта шудааст.

Таъмир пас аз 50 сол

Ба пурсиши мо бобати вазъи корҳои таъмиру тармими роҳҳо директори Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд» Салимҷон Юнусов чунин иброз дошт:

- Соли равонро дар маркази вилоят метавон «Соли ободонии роҳи маҳаллаҳо» номид, зеро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҷонибдории мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд,  соҳибкорон, шахсони босаховат ва истиқоматкунандагон аксари кӯчаҳое, ки солҳои 1960, 1970 ва 1980-ум мумфарш гардида буданд, бомаром таъмири куллӣ шуда истодаанд.

Дар ҳолати ҷамъоварии 30 фоизи маблағ таъмири кӯчаҳо оғоз хоҳад ёфт.

Душворӣ: 10 соат дар бағали кӯҳ

Доир ба ӯҳдадории сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардида сардори шӯъбаи банақшагирии истеҳсолии корхона Гадойбой Исмоилов чунин иброз дошт:

- Роҳ ягона воситаест, ки нақлиёт ва инсониятро аз як маҳал ба дигараш мебарад. Ва ҳамин роҳ чӣ гуна аст? Агар роҳ мумфаршу обод бошад, гашту гузор дар он хоҳ бо воситаи нақлиёт ва хоҳ пиёда муаммое надорад. Аммо агар он ноободу пастиву баландӣ дошта бошад, он гоҳ он ҳам барои роҳгузарону ҳам барои нақлиёт душвориҳо ба бор оварда, боиси садама ҳам шуда метавонад. Вале солҳои охир чунин роҳҳои вайрона кам ба чашм мерасанд. Бо мурури замон, ба шарофати соҳибитиқлолии кишвар вазъияти роҳ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ва ҳамин ободии роҳ, албатта, мардумро саломату қаноатманд ба манзил мерасонад. Ба хотир меорем, солҳои пешин, роҳи Душанбе – Хуҷандро, ки то ба манзил расидан чӣ душвориҳое доштанд он роҳҳо ва наздик даҳ соати умри инсон дар бағали кӯҳҳо паси сар мешуданд. ҳоло шукр, он мушкилиҳо аксар паси сар шуда, роҳҳо обод гардиданд.

Борон офати асфалт аст!

Ин ҷо дар бораи дастгирии аҳолӣ барои мумфаршкунии роҳҳо сухан рафт. Дар урфият мегӯянд, вақте маблағ сарф мекунад, албатта дилаш месӯзад. “Борон офати асфалт аст”. Мушоҳида кардам, ки таъмири он кӯчаҳое, ки бо кӯмаки аҳолӣ сурат гирифтааст, таҳти назорат буда, баҳудаву беҳуда об пошидан, гузаштани нақлиёти гаронвазн манъ карда шудааст.

Битум аз Россия

Тавре дар боло қайд гардид, 43,35 километр роҳ таъмир хоҳад шуд, ки аз ин 4,1 фоизаш таъмири ҷорӣ ва боқимонда таъмири пурра мебошад.

- Солҳои қаблӣ дастраскунии масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла битум бо воситаи халтаҳо аз ҷумҳуриҳои ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирифт. ҳоло бошад, битуми сифатан аъло бо ёрии зарфҳои 200 тоннагӣ аз Федератсияи Русия ворид шуда истодааст.  

Бо мурури замон роҳҳо обод гардида, мардум он мушкилоти солҳои қаблиро фаромӯш хоҳанд кард, - гуфт С. Юнусов дар хотимаи сӯҳбат.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Тарбия кори саҳл нест!

Таълиму тарбия кори саҳлу осон набуда, хусусиятҳои ҷудогонаи худро дорад ва аз ҳар як нафари тарбиятгар, дар баробари сатҳи саводнокии касбӣ, дониши кофӣ, ҷаҳонбинию маърифати баланд, сабурӣ, масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамгироӣ, ҷуръату ҷасорат ҳамзамон, қатъиятро талаб менамояд. Илова бар ин, қайд намудан ҷоиз аст, ки қабл аз ҳама худи тарбиятдиҳанда бояд тарбиятдида бошад. Дар замони имрўза ба зиммаи танҳо омўзгор ҳавола намудани масъалаи таълиму тарбия иштибоҳи маҳз аст.

Бино ба иттилои мудири шўъбаи маорифи шаҳри Бўстон Ҷамолиддин Насриддинзода, айни ҳол дар шаҳр 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ, Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва 10 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Ба таълиму тарбия, дар маҷмўъ, 8878 нафар хонандагон фаро гирифта шуда, ҷомеаи омўзгорон ҳамарўза дар баробари беҳтар намудани сатҳи саводнокӣ ва донишандўзии хонандагон, донишҷўён, тарбиятгирандагон, инчунин, ба масъалаҳои тарбияи шоистаи насли ояндасози миллат таваҷҷўҳи махсус ва ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Дар ҳудуди шаҳр бо мақсади пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ бо иштироки онҳо ва дар ин замина беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар мактаб, оила ва ҷомеа, аз ҷониби кормандони гурўҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Шўъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон ва ҷалби намояндагони сохтору мақомотҳои марбута, ҳамарўза корҳои муайян ба сомон расонида мешаванд. Алҳол дар қайди профилактикии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон 10 нафар ноболиғон қарор дошта, мунтазам дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бўстон бо хонандагони душвортарбия сўҳбату вохўриҳои инфиродӣ гузаронида мешаванд. Самти асосии фаъолияти гурўҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, қабл аз ҳама пешгирии ҳолатҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноят аз ҷониби наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Барои пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон тарбия нақши муҳиму ҳалкунанда мебозад. Зеро вазифаи на танҳо кормандони милитсия, балки аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки мо тавонем насли ояндасозу воқеан ҳам меҳандўстро ба камол расонем. Дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда дар баробари ҷиддият ва касбият, ҳамкории пайвастаи аҳли маориф, хоса омўзгорону мураббиён ва худи волидайн зарур аст. «Мақомоти милитсия – маориф – волидайн – ҷомеа», танҳо дар ҳамон сурат кори таълиму тарбия аз хусусияти фардӣ ба умумӣ мубаддал мегардад.

Дадобойзода Ҳотамҷон Пўлодӣ,
сардори Шўъбаи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон,
полковники милитсия,

Диловар АЛИЗОДА,
нозири шўъбаи мазкур,
капитани милитсия

Читать далее

Хароб кардани сою регзорон бераҳмӣ ба табиат аст!

Бехатарии ҷони мардум бояд дар мадди аввал бошад

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар робита ва ҳамкорӣ бо мутахассисону масъулин ба бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, соҳаҳои энергетика, саноати кўҳӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир мегардад, ки аз рушди ояндаи соҳа дарак медиҳад.

Дар баробари ин Пешвои миллат ба масъулини сохтору мақомотҳо изҳор доштанд, ки дар ҳама ҳолатҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳаёти мардуми кишварро ҳамаҷониба ҳифз намудаанд. Амнияти ҷонии мардум бояд дар мадди аввал қарор дода шавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бисёр корхонаҳои саноатӣ рўи кор омадаанд. Аз ҷумла, коргоҳҳои хурду бузург, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмониро ба роҳ мондаанд, сол аз сол зиёд шудааст.

Дар ҷаласаи кории комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз фаъолияти бархе чунин корхонаҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Ба масъулини соҳоти дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои коркарди регу шағал, ки асосан ашёи хомро аз маҷрои дарёҳо мегиранд ва дар натиҷа ба аҳолии мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва иншооти иқтисодӣ хисороти зиёд расониданашон аз эҳтимол дур нест, дастур дода шуд.

Cардори Нозироти комплекси назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд Шараф Алямов корхонаҳои коркарди қуму шағал дар маҷрои дарёву сойҳои вилояти Суғдро ҳудуди 25 адад унвон кард.

Бино ба гуфтаи номбурда бештари коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон-2, Истаравшан – 2, Исфара-2, Панҷакент ва Бўстон 1 ададӣ, Деваштич-4, Спитамен-5, Шаҳристон-3, Зафаробод-1 коргоҳ мавҷуданд. Яъне иқлиму шароит ва дастрасии фарохтар ба ашёи хоми маҳаллӣ имконият барои тасмиму фаъолияти чунин корхонаҳо фароҳам овардааст.

-Нисбатан сардтар омадани баҳори имсола ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли хишт, ки асосан мавсимӣ ҳастанд, таъсири манфӣ гузошт. Бахусус, боришоти паиҳами имсола монеа барои рушди истеҳсолот эҷод карда, баъзе аз коргоҳҳои мазкур ба фаъолият то ҳол оғоз накардаанд, - мегўяд Ш.Алямов.

Масъулини соҳа бар он ақидаанд, ки аз ҷониби дигар, албатта, сол аз сол зиёд шудани шумораи карйераҳои коркарди регу санг рақобатро байни корхонаҳо афзудааст, ки боиси дастрас ва арзонтар ба мардум пешниҳод шудани маҳсулот гардидааст.

Аксари коргоҳҳои хиштбарорӣ ва коркарди регу шағал дорои конҳои истихроҷ ҳастанд, ки мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда ба онҳо вобаста карда шудаанд. Яъне, яке аз самтҳои фаъолияти корхонаҳо ин истихроҷи сарватҳои табиӣ аст, ки ба гурўҳи канданиҳои фоиданоки маъмул дохил мешаванд. Чун дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти давлатӣ аст, конҳо, захира ва сарватҳои табиӣ низ моликияти давлатианд. Лозим ба ёдоварист, ки ин гуна мавзеъҳо танҳо барои истифода ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ вобаста карда мешаванд. Яъне, талаботи асосӣ–ин истифодаи оқилонаву мақсадноки сарватҳои табиӣ буда, эмин нигоҳ доштани саломатии мардум мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолат баъзе карйераҳои шағал аз ҳад зиёд хароб карда мешаванд, ки дарё ва сойҳо маҷрояшонро гум мекунанд ва дар натиҷаи обхезӣ нафақат замини киштукори мардумро рўфта мебаранд, ҳатто боиси зери хатар мондани ҷони худи сокинон низ мегарданд.

- Бо мақсади танзиму талаботи қоидаҳои махсус ва барои оғози фаъолият ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор тартиб дода мешавад. Аз ин хотир, бояд соҳибкорон пеш аз оғози кор тамоми талаботҳои заруриро ба назар гирифта, ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

Зиёд шудани теъдоди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ имрўз хеле маъмул аст ва омили муҳими пешрафти соҳаи саноат маҳсуб меёбад. Аммо аз ҳама пештар саломатии омма ва бехатарии сокинон дар мадди аввал меистад, ки бояд инро соҳибкорон ба инобат бигиранд.

Суоле ба миён меояд, ки оё то ба имрўз барои беҳдошти ин амалкард чӣ чораҳо андешида шудааст? Тавре зимни сўҳбат аён гардид, дар давоми соли 2016 дар корхонаҳое, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул машғуланд, 26 маротиба назорати техникӣ гузаронида шуда, зимни ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва барои бартарафсозии онҳо 26 нишондод бо 147 банд пешниҳод карда шудааст. Аз тарафи нозирот барои риоя накардани қоидаҳо, меъёр ва дастурамалҳо марбут ба бехатарии кор дар корхонаҳои зериназоратӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул машғуланд, 12 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

-Мо, масъулин, дар ин самт мекўшем, дар оянда боз ҳам дастуру супоришҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят ба зиммаамон гузоштаро бо сарбаландӣ ба иҷро расонида, баҳри боз ҳам рушду тавсеа ёфтани соҳаи мазкур ва бехатарии он ҳиссагузор бошем,-зикр дошт Шараф Алямов.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давоми се моҳи соли 2017-ум 7 коргоҳи нав бо 112 ҷойи кории нав ба фаъолият шурўъ намуда, коргоҳҳои навтаъсис асосан корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ мебошанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее