April 2017

17 April 2017

ЗАФАРОБОД: Пойгоҳҳои обкашӣ - омодаи фаъолият

Имрўзҳо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар кадом вазъ қарор доранду оё онҳо бобати таъмини об омодаанд? Барои равшанӣ андохтан ба ин саволҳо Нормаҳмад Наврўзов - сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод зикр дошт, ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ барои бо об таъмин намудани хоҷагиҳо омодаанд.

Алҳол дар ноҳия 12 пойгоҳи обкашӣ ва 28 агрегат мавҷуд буда, аз пойгоҳҳои обкашии калонҳаҷм дар миқёсӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Имсол барои таъмир ва азнавбарқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ ва дастраскунии қубурҳои калонҳаҷми диаметрашон 2020 миллиметра аз буҷети вилоят 610 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмири пурраи он низ ба анҷом расидааст.

Пойгоҳҳои обкашӣ 30 ҳазор гектар замини ноҳияро бо об таъмин менамоянд. Ҳамчунин, як қисм заминҳои минтақаи ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан низ истисно нестанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки 3800 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 32 ассотсиатсия ва 1900 гектар замини минтақаҳои ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан тариқи пойгоҳҳои обкашии ноҳия обшор мегарданд.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Хуҷанд: Мумфаршкунии кўчаҳо оғоз ёфт

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва созандагӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, корҳои таъмиру ҳамвор намудан ва мумфаршкунии кўчаҳои шаҳр шурўъ гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии кўчаи «Роҳи абрешим» - маҳаллаи «Навбаҳор» ширкат намуд.

Назар ба маълумоти масъулини Идораи роҳсозии шаҳр масофаи кўчаи мазкур 375 метрро ташкил дода, роҳсозони шаҳр таъмир ва мумфаршкунии пурраи роҳро давоми 4 рўз ба нақша гирифтаанд.

Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки имсол мувофиқи нақшаи тасдиқнамуда мумфаршкунии пурраи наздик 40 км роҳи кўчаю хиёбон ва роҳҳои дохили маҳаллаҳои шаҳр пешбинӣ гашта, бештар аз 4 км роҳи маркази вилоят аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

“Ганҷи сухан” дар пояи муҷассамаи Сайфи Исфарангӣ

Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд, имрӯзҳо ба макони чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ табдил ёфтааст.

Дирӯз нишасти 150-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар ин макони сабзу хуррам ва обод дар пояи муҷассамаи шоири тавонои тоҷик Сайфуддини Исфарангӣ бо иштироки бештар аз 300 нафар мухлисони адабу фарҳанг баргузор гардид. Аз маркази вилоят гурӯҳи калони олимону адибон ба ин шаҳри бостонӣ ташриф оварда, мулоқоти судмандеро бо қаламкашони шаҳри Исфара баргузор карданд. Ин навбат маҳфил ба эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Рӯзи илм ва рӯзи мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бахшида шуд, ки муҳаққиқону адибон дар назди ҳозирин перомуни ин мавзӯъот суханронӣ карданд. Нахуст роҳбари маҳфил номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов баромад карда, гуфт, ки нишасти 150-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар ин гӯшаи обод дар ҳузури мардуми адабпарвари шаҳри Исфара баргузор мегардад фоли нек буда, ифодагари амалӣ намудани дастуру супоришоти Пешвои миллат оид ба рушди адабиёту илм дар кишвар ва дарёфти ҷавонони соҳибқаламу боистеъдод мебошад. Сипас таҳти мавзӯи “ Шарофати қудуми Пешвои миллат ва рушди фарҳангу адабиёт дар Исфара” раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода баромад намуда, аҳли адабро ба ин диёри бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода дар мавзӯъи “Адабиёт ва фарҳанг қосиди сулҳу саодати мардум” суханронӣ кард ва аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аъзоёни маҳфилро бо нишасти 150-умин муборакбод намуд. Ӯгуфт, ки имрӯз маҳфили “Ганҷи сухан” дар байни мардум маъруфияти хос дорад ва дар пешрафти илму адаб ва фарҳанг нақши арзандаро соҳиб аст. Махсусан баргузории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имкон медиҳад то робитаи аҳли илму адаб бо суханварону суханшиносони маркази вилоят вусъат ёбад. Номзади илмҳои филология Субҳон Аъзамзод оид ба девони тозанашри Сайфи Исфарангӣ , ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд интишор гардидааст, сухан карда, ба ҳозирин намунаҳои осори шоирро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар маҳфил бахшида ба зодрӯзи устод Айнӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод суханронӣ намуда, хотираҳои хешро аз вохӯрӣ бо устод Айнӣ нақл кард, ки ниҳоят ҷолиб буд. Сипас муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров дар такя ба маводҳои бойгонии худ аз рӯзгори сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ воқеаҳои ҷолибу таърихиро баён кард. Ҳини сӯҳбат муаррих пешниҳод намуд, ки вобаста ба санади таърихӣ устод Айнӣ ба Исфара омадаанд ва гузоштани як нипайкараи нависанда дар ин макон айни матлаб хоҳад буд. Дар идома дар мавзӯи “Таҳаввулоти фарҳанги мусиқии Исфара”номзади илмҳои таърих, дотсент РаҳимҷонАминҷонов маърӯза кард. Шоир ва фарҳангнигори тоҷик Абдуҷаббори Суруш ва суханварони Исфара Нарзуллои Азизиён, Набиюллоҳ Суннатӣ, Акмалхўҷа аз ашъори тозаи хеш шеърҳо хонданд.

Нависанда Додохони Эгамзод ҳамчун мизбон ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва пешниҳоди муаррих Усмонҷон Ғаффоров оид ба гузоштани нимпайкара ба Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва хоҳиши масъули маҳфил Саидумрон Саидов оид ба дар як рӯзи муайян соле як маротиба дар пояи муҷассамаи шоири тавонои асри 13 Сайфи Исфарангӣ баргузор намудани “Хониши шеъри Сайф”- ро қобили қабул донист ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар иҷрои ин пешниҳодҳо хоҳиш ба амал овард. Суруду оҳангҳои дилангези сарояндагони шӯъбаи фарҳанг ва мақомсароёни шаҳри Исфара бо роҳбарии Исроил Файзиддинов ба маҳфил шукӯҳи дигар ато кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Поягузори Ваҳдат

Дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон беҳтарин арзише, ки аз хоҳишу иродаи мардуми шарафманди кишварамон вобаста буд, ба ҳисоб меравад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихии миллат дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошт. Миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо сохт ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуд.

Баъди интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин баромадашон қайд карданд, ки барои барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ пеш аз ҳама, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар зарур аст. Баъдан, тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба кишварҳои ҳамсоя ба сифати гуреза фирор карданд, бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Дар ҳамин замина фаъолияти худро оғоз намуда, ба дастовардҳои беназир ноил шуданд.

Гурезагон ба Ватан баргаштанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти мўътадил гузашт. Дар дили мардум шўълаи умед ба ояндаи дурахшон фурўзон шуд.

Соли 1994 Конститутсияи аввалини давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули он дар таъмини устувории ҷомеа ва инкишофи давлатдорӣ нақши хеле муҳим дошт.

Воқеияти ҳаёти ҷамъиятию сиёсии замони муосир пур аз ташвиш, баҳсу талош ва низоъҳои давомдор ҳастанд, ки роҳи ҳалли онҳо бо усулҳои анъанавии ҳуқуқию дипломатӣ на ҳамеша муяссар мегардад. Яке аз дастовардҳои бузурги халқи мо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мислаш дар ҷаҳон ҳамто надорад ва барои тамоми кишварҳои низои сиёсидошта ҳамчун намуна ба ҳисоб меравад, ин санаи 27-уми июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик мебошад.

Дар натиҷа ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон хотима гузошта шуд, асосҳои сохти конститутсионӣ таҳким ёфтанд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҷдид гардид ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон пешравиҳо ба назар расиданд.

Имрўз мо шукрона мекунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Дараҷа ба дараҷа сатҳи иқтисодиёти кишварамон боло рафта истодааст. Баробари ин сатҳи некўаҳволии мардум низ ботадриҷ беҳтар мегардад.

Дар таҳкими сохти конститутсионӣ мо бояд сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, дар устувории он саҳми амиқ гузорем.

Анварбек БОБОЕВ,
мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Эътимод ва боварӣ

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 2016 ҳамчун соли фархундаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, яке аз рўйдодҳои нодир - эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ба шумор меравад.

Ин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, нишондиҳандаи он аст, ки имрўз воқеан, дар низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва ҳисоби миёнаи аҳолиаш 24-сола буда, 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд. Такя бар нерўи ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги ояндасоз, аз тарафи дигар ба мо, ҷавонон низ нерў ва илҳоми тоза мебахшад, ки барои сазовор будан ба ин боварӣ ва эътимоди Роҳбари давлат тавассути хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, фарогирии донишҳои замонавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ иқдоми шоистае аз худамон ба нишон диҳем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити мусоид ба ниёзҳои замони имрўз ва дар ин замина таъмини фазои мувофиқ ҷиҳати рушди соҳаи маориф ба яке аз самтҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфт, зеро муносибати шоиста ба мактабу маориф, пеш аз ҳама, таваҷҷўҳи амиқ ба тарбияи насли наврас, хосса, ҷавононро дарбар мегирад. Вобаста ба ин тавре дар Паёми солонаи Пешвои миллат низ таъкид гардид, дар давоми ин солҳо зиёда аз 2500 адад муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Танҳо дар давоми соли 2016-ум 201 бинои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шуда, 39 ҳазор ҷои нишаст муҳайё гардид. Агар то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 70 ҳазор нафар донишҷў фаъолият дошта бошад, алҳол миқдори онҳо ба 39 адад ва шумораи умумии донишҷўён то ба 170 ҳазор нафар афзудааст. Дар канори ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, то ки ҳамчун мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ба камол расида, барои хидмат ба халқу Ватани хеш, пешбурди соҳоти мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол баргарданд.

Аз ин таҳлилҳо ба таври барҷаста равшан мегардад, ки воқеан Пешвои миллат бо назардошти саҳми ҷавонон дар ташаккули ҷомеа ва ҳузури фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Мо – ҷавонон аз ин иқдоми Пешвои миллат нисбат ба насли имрўз бори дигар бар ин матлаб бовар ҳосил мекунем, ки Роҳбари давлат дар симои ҷавонони бонангу ори кишвар такягоҳ ва созандагони фардои ҷомеа ва нерўи ояндасозро шинохтаанд.

Баробари ин, ҷавонони соҳибфазилати тоҷик низ бояд ба он талош намоянд, ки дар ҷодаи сазовор будан ба ин боварӣ ва эътимоди Пешвои миллат аз худ ташаббус ва иқдомҳои наҷиб ба зуҳур расонида, тавассути нерўи бузурги ақлонӣ ва имкониятҳои соҳиббуда барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм бигиранд.

Ситора Юнусова,
гимназияи №24,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

“Истиқлол” соҳиби иқбол

Ҳанўз моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ сохтмони иншооти бузурге ҷараён гирифта, дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ин иншооти таърихӣ минбаъд Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Истиқлол» унвон гирифта, сарварии он ба дўши инсони комил, ҷавонмарди матинирода Илҳом Иномӣ вогузор шуд. Ҳарчанд ин иншооти нодир ва мўҳташам ба макони сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони ҳудуди вилоят мубаддал гашта бошад ҳам, то ҳанўз корҳои сохтмонӣ ва ободиву гулзоркунӣ дар ин мавзеъ идома доранд.

Ҳанўз замони баистифодадиҳӣ масъулин нақша доштанд, ки дар қабати якуми бино осорхонаи таърихии минтақаҳои кишварро ба роҳ монанд. Хушбахтона, аллакай баъди як сол ин иқдоми нек дар ин мавзеи таърихӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Имрўз намуди маҷмаа ранги дигару таровати хосаеро дорост. Намунаҳои нигораҳо аз ҳафт минтақаи кишвар: водиҳои Фарғона, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш ва Хатлону Бадахшон ҷамъ оварда шуда, бозгў аз давраҳои қадим то замони кунунӣ мебошанд. Нахуст назари бинанда ба симои зоҳирии зани фарғонагӣ меафтад, ки дар тан либоси аз матои беқасаб дўхташуда ва дар сар рўймоли фаранг дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки матои беқасаб бори аввал дар водии Фарғона аз ҷониби ҳунармандон бофта шуда, ба дигар минтақаҳои кишвар паҳн гардидааст. Инчунин, намунаҳои либосҳои кўдакона, писаронаю занона, пойпўшҳо, асбобҳои рўзгор, ва мусиқӣ, кўзаву обдаста, маҳсули ҳунармандони давраҳои гуногун: сўзаниву қолин, рўймолу болин, дастархони қуроқию ҷўробҳои пашмин, нигораҳои ҷойҳои таърихии мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ашёҳои зарурии дар рўзгор истифодашуда ҷой дода шудаанд. Нафари бинанда метавонад дар ин макони таърихӣ бо анъана ва расму оинҳои мардумии маҳалҳои халқи тоҷик аз наздик ошно шавад. Дар осорхона ходими илмӣ Фотимахон Баҳодурова, роҳбаладон Шоира Орифова ва Дилафрўз Отахонова ба мардум хизмат мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баландии муҷассама 52 метр буда, тоҷ ва ҳафт ситораи он бозгў аз ҳафт қабати осмон, ҳафт шоирони классики машҳур, ҳафт минтақаи кишвар ва ғайра мебошанд. Ситораҳо аз метали пурқувват сохта, бо ранги зард пўшонида шудаанд. Тоҷ рамзи тоҷдории халқи тоҷикро аз азал ба оламиён муаррифгар аст.

Ошёнаи дуюми бино ҷои тамошогоҳи зимистона буда, бо шишабандӣ оро дода шудааст. Дар назар аст, ки аҳолӣ ва меҳмонон дар курсиҳои нарму бароҳат нишаста, нўшидани чойи кабуд ва тамошои шаҳри зебоманзарро аз баландӣ меписанданд. Дар қабати сеюми бино тамошогоҳи тобистона ҷойгир шуда, ба худ таровати хосаеро дорост.

Алҳол сохтмончиён корҳои сохтмониро дар қабати сеюм анҷом дода, барои ба истифода додани зинаи ҳалқашакл кўшиш доранд. Лифти замонавӣ (мошини махсус, ки барои баромадан ба биноҳои баландошёна хизмат мекунад) омодаи хизмат ба мизоҷон буда, дар сурати ба истифода дода шудани қабатҳои дуюму сеюм ба фаъолият шурўъ хоҳад кард. Сохтмончиён бо заҳмати дучанд барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ меҳнати шабонарўзӣ доранд. Ҳамагӣ пас аз чанд муддат кулли сокинони вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он шаҳодатгари ҷои тамошобоб ва таърихию зебо шудани ин мавзеъ хоҳанд гашт.

Гузаргоҳи зеризаминӣ, ки дорои шаш даромадгоҳ аст, баҳри бехатарии шаҳрвандон ба истифода дода шуда, беҳтарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо расмҳои мавзеъҳои таърихии вилояту ҷумҳурӣ: Қасрҳои фарҳангии ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Айнӣ, корхонаи «Зарафшон», маркази қолинбофии «Шероз», Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, Хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Чойхонаи миллии «Ҳисор», Мактаби президентӣ дар шаҳри Кўлоб, боғи устод Рўдакӣ, эҳёи бозии чавгон ва дигар манзараҳои зебою нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки боиси болидахотирии тамошобинон мегардад.

Директори Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ Илҳом Иномӣ иброз медорад, ки ҳамарўза, махсусан, шомгоҳон, ки чароғҳои гирду атрофи маҷмаа фурўзон гашта, нуру таровати хосаеро ба худ касб мекунанд ва ҷилои тоҷу даврзании ситораҳо чашмрабоянд, ташрифи сокинон ба ин мавзеи таърихиву зебоманзар зиёд мегардад. Зиёда аз ин, майдончаҳои гулу гулзор, фаввораҳои зебо, ҳавои хуш ва табиати нотакрори ин макони таърихӣ дар қалби ҳар нафар ҷой гирифта, боиси истироҳати бофароғати мардум хоҳад гашт.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик

Мўҳтарам аҳли зиё, устодон, олимон, муҳаққиқон ва донишҷўёни азиз!

Илму дониш чароғи равшани роҳи башарият ва аҳли илм, нерўи қавии зеҳниву ахлоқии ҷомеа мебошанд, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таваҷҷўҳ ба соҳаи илм бештар гардида, баҳри ташаккул ва равнақи таҳқиқоти илмӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Читать далее

14 April 2017

Терроризм-душмани инсоният

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар ниҳоди худ мепарваранд, вайрон кардани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Аз ҷумла, таъкид кардан ба маврид аст, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо маънои ҷиҳодро надошта, танҳо дар зеҳну мафкураашон бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозад.

Чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин мушкилот албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.

Хушбахтона имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ин, албатта, ифтихори мо, ҷавонон аст, ки бароямон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

М.РАҲМОНОВА,
мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Экстремизм хатаре, ки бештар ба ҷавонон таҳдид мекунад

Зимни баррасии ин ё он падидаи иҷтимои мо ба моҳият ва аломатҳои фарқкунандаи як қатор зуҳуроти дигар, аз ҷумла экстремизм мароқ зоҳир мекунем. Он  воҷаи лотинии «экстремус»  буда,  канорагирӣ,  мансубият ба  ақидаҳои ифротӣ чорабиниҳо дар сиёсатро мефаҳмонад. Ба ин  чорабиниҳо игво, бетартибиҳои чамъияти,  амалҳои террористӣ  дохил  мешаванд.  

Сабабҳо  ва омилҳои экстремизмро дар  ҷомеа олимон  дар  бӯҳронҳои  иктисодиву иҷтимоӣ,  камбизоатӣ, паст будани  маърифати хукуки,  холигии фазои идеологи  мебинанд.  Омилҳои  бавучудорандаи  экстремизм бахусус  пас  аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ  ба  назар расида, пеш  аз ҳама  бо заиф гаштани вазъи амниятӣ, коҳиши сатҳи иқтисодӣ – иҷтимоӣ,  кушодашавии  сарҳадҳо барои тиҷорат,  муҳоҷирати меҳнатии беназорат  вобастагии зич дорад.

Яке аз омилҳои муҳими паҳншавии эстремизмро олимон  дар  душворихои раванди иҷтимоишавии ҷавонон дар  муносибатҳои бозори ҷаҳони  медонанд,  ки он  дар сармоя  ҳамчун  меҳвари асосӣ  баромад мекунанд.

Чорабиниҳои пешгирикунандаи экстремизм дар байни чавонон чанбахои педагогӣ,  психологӣ,  амалӣ  доранд. Аз  ҷумла  пешгирии экстремизм  дар раванди  таълим,  таҳлили фалсафӣ,  таърихӣ,  иҷтимоӣ,  фарҳангӣ, гузаронидани тадбирхои варзишӣ  ва  фароғативу маишӣ, ба вуҷуд овардани муҳити созандаи муоширати  байни миллатҳо ва дину оини мухталиф барои аз назари сиёсӣ зираку  ҳушёр намудани ҷавонон мусоидат  менамоянд.

Дилноза ШОКИРОВА,
омӯзгори Колеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Читать далее

Мубориза бо терроризм вазифаи ҳамагон аст

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди пешгирӣ аз ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон бо варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашри китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст. Ҷавонони имрӯза бояд ин гуна чорабиниҳоро шоҳид гашта ба илму ҳунаромӯзӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Вақти қимати худро ба ҳар гуна корҳои беҳуда нагузаронанд, чунки ояндаи ҷамъияти солим маҳз ҷавонони солимфикр ва донишманд мебошанд. Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбини ва шуур ягон афрод наметавонад ҷавононро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофидаи худ ба ягон гуруҳи ҷиноӣ ва ё террористӣ шомил созад. Барои ҷавонон барои омӯхтани илмҳои замонавӣ ва таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Бахтовар ШОДИЕВ,
устоди ДОТ дар шаҳри Панҷакент

Читать далее