April 2017

14 April 2017

Алайҳи зуҳуроти номатлуб амали якҷоя мебояд

Имрӯз ҷомеаи муосир шоҳиди ҷангу даргириҳо аст. Миллионҳо нафар мардуми осоиштаи кишварҳои мусалмоннишин,  ҳатто  занонону кӯдакони бегуноҳи комилан аз  сиёсату  диёнат дур  буда,  бо иллати бозиҳои геополитикии  баъзе аз  давлатҳои абарқудрат, ба  хоку хун  оғӯшта мешаванд ё хонаву дари худро вогузошта,  ба  дигар  кишварҳо  муҳоҷират мекунанд.

Замоне Ироқу Сурия ва Либия дар сафи аввали  кишварҳои мутараққи  ва  бонуфуз меистоданд. Саноати давлат ба  ҳадде пеш рафта  буд,  ки мактабу  боғчаҳои бачагона,  беморхонаҳо  ройгон  дар  хидмати мардум қарор доштанд,  дар шаҳрҳои бузург хонаҳои истиқоматии баландошёна  ба  мардум  аз ҷониби  давлат тақдим  мешуд. Дар  Либия  барои ҳар узви оила  давлат ҳамасола 1000 доллар ёрии пулӣ  мерасонд,  маоши ҳамшираи тиб  1000  долларро ташкил медод,   бекорон  бошанд  ҳар моҳ 730 доллар кӯмакпулӣ  мегирифтанд,  ба ҳар як кӯдаки таваллудшуда 7000 доллар  аз  тарафи давлат  дода  мешуд. Дар  ин давлатҳо мардуми мусулмон бо  масехӣ,  язидӣ ва насронӣ дар як кӯча  зиндагӣ  мекарданд  ва бо ҳам ҳеҷ ихтилофе надоштанд.

Вале имрӯз чӣ? Имрӯз  сарзамине,  ки замоне  гулгул  мешукуфту  хурраму  обод  буд,  вайрону  валангор  гаштааст. Садҳо  шаҳру  рустоҳои қадима,  нодиртарин  ёдгориҳои таърихии  башарият,  мероси гаронбаҳои ниёгон   бебозгашт ба хок яксон шудаанд. Миллионҳо  мардуми  бегуноҳ   қурбонӣ ин даргириҳо шуданд.

Пушти ин ҳама  казия   гурӯҳҳои радикалию  экстремистӣ меистанд,  ки бо ғаразҳои ғасби мулку замини дигарон  бо бадном намудани  дини ислом роҳандозӣ карда шудаанд. Тӯли даҳсолаи охир  чунин ҷараёнҳои экстремистӣ,  ки бо равияҳои динӣ  алоқаманданд, беш аз пеш  паҳн мегарданд.

Имрӯз  ҳам  давлат  ва ҳам ҷомеаро   мебояд  бо экстремизми  динӣ  мубориза  баранд.

Аҳли ҷомеа  бояд  дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятию  динӣ  ва  васоити ахбори омма ба  ғояҳои экстремистӣ  ғояҳои инсондӯстӣ,  сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, баҳри гулгулшукуфии диёрамон саҳм гузорад. 

Умеда ВАЛИЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Норасоии кўдакистонҳо ҳоло ҳам муаммост!

Дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят яке аз мавзўъҳои муҳиме, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, ин бунёду азнавбарқароркунии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, аз ҷумла, кўдакистонҳо буд.

Тибқи маълумоти дақиқ дар яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар - Бобоҷон Ғафуров аз 48 ҳазору 886 нафар кўдаки синни томактабӣ танҳо 12 фисад ба кўдакистон фаро гирифта шудаанду халос. Норасоии муассисоти томактабӣ, ки мардумро азият медиҳад ва боиси дур мондани кўдакон аз таълиму тарбия гаштааст, ҳанўз ҳамчун муаммои рақами яки ноҳия боқӣ мондааст. Ин аст, ки падару модарон бо сад умед чандин нафарро восита карда, бо ин ҳам наметавонанд аксарият фарзандони худро ба тарбиятгоҳи хуби наздик ба ҷои зисти худ ҷойгир намоянд.

Гулбаҳор, сокини Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавриди муаммои кўдакистонҳо бо таассуф иброз дошт, ки чанд сол пеш дар маркази Ҷамоат боғчаи кўдаконаи ободу зебо бо ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё ва кўдакони сокинони ин мавзеъ аз ҷониби мураббиёни ботаҷриба ба таълиму тарбия фарогир буданд. Солҳои 90-уми қарни гузашта бо баробари пошхўрии давлати Иттиҳоди Шўравӣ фаъолияташ суст гашта, аз соли тақрибан 2000–ум бо сабабҳои номаълум фаъолияти он тамоман қатъ гардидааст. Ҳамаи ашёву лавозимоти он аз ҷониби баъзе ашхоси худобехабар талаву тороҷ ва ба фурўш бароварда шуд. Алҳол, бинобар набудани кўдакистон дар ин мавзеъ мо, сокинон, маҷбурем, ки фарзандонамонро ба муассисаҳои томактабии шаҳри Гулистон тариқи кироя намудани нақлиёти мусофиркаш барем.

Наргиса Ҳакимова, сокини ҷамоати мазкур низ бо чунин мушкилот дучор аст, ки дар кори ҳамарўзаи ў халал ворид намуда, боиси талаф шудани вақти зиёдатии мавсуф мебошад.

- Азбаски дар ҷамоати деҳотамон боғчаи кўдакон мавҷуд нест, маҷбур шудам кўдаконамро ба яке аз боғчаҳои хусусии шаҳри Гулистон барам. Ҳарчанд он хусусӣ буда, маблағи пардохти ҳармоҳааш барои як кўдак 200 сомонӣ бошад ҳам, сифати хўроку вазъи таълим беҳбудии зиёдеро металабад. Аз ҳама риққатовараш ин аст, ки бинобар дур будани роҳ ман кўдаконамро соати 6:30 (!) ба қадди роҳ мебарорам, то ки сари вақт онҳоро ба боғча расонам ва худам низ ба корам таъхир нанамоям. Бар замми ин нақлиёти мусофиркаш ҳамеша пур аз кўдакони хурдсол буда, барои бехатарии онҳо кафолате нест.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё кадрҳо барои таъсиси боғча намерасанд ва ё ҷои мусоид? Шаҳло Расулова-хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, ки бо ихтисоси омўзгори синфҳои ибтидоӣ соли 2010 донишгоҳро хатм кардааст, мегўяд, ки бинобар аз маркази ноҳия ва вилоят дур будани деҳа ва набудани ҷойи корӣ аз рўи касб кор ёфта натавонистааст.

- Ман, ки гурўҳи буҷавии донишгоҳро хатм намуда будам, мебоист барои диплом аз рўи талаботи қоидаҳои мавҷуда се сол дар ягон муассисаҳои соҳаи маориф кор намоям. Аз ин лиҳоз, бо тақозои шароит алҳол дар яке аз муассисаҳои томактабии шаҳри ба ҷамоат наздик фаъолият дорам ва фарзандони худро низ ҳар саҳар маҷбурам ҳамроҳ гирам. Бо бунёд ва обод гаштани кўдакистон дар ҷамоат ҳамчунин, дар наздикии ҷойи зист бе харҷи баризофа бо ҷойи кор таъмин гаштани мутахассисони ҷавон мумкин мегардад,-илова кард мавсуф.

Бемасъулиятии масъулинро чӣ гўем?

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки соли 2012 бо иқдоми роҳбарияти вақти вилоят, алҳол Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода соли 2012 “Соли муассисаҳои томактабӣ” эълон гашта буд. Зимни яке аз вохўриҳо бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хусуси набудани кўдакистон дар Ҷамоати деҳоти Исмоил аз ҷониби шаҳрванд Хуршеда Самадова масъалагузорӣ шуд, ки банда дар ин вохўрӣ иштирок доштам. Шоҳид будам, ки ба масъулин бо супоришоти қатъӣ таъкид дошта буданд, ки нақшаи таъмиру тармими онро тартиб дода, то охири соли 2014 мавриди баҳрабардории сокинон қарор диҳанд. Аммо вақт исбот намуд, ки супориш дар рўйи коғаз монду аз иҷрои он дараке нест. Афсўс!

Ҷиҳати аз наздик огаҳӣ пайдо намудан оид ба ин масъала бо шаҳрванд Х.Самадова дар тамос шудем. Мавсуф изҳор дошт, ки пас аз чанд рўзи муроҷиат намуданам аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба унвони ман мактуб омад, ки дар он гуфта мешуд, “.... аз ҷониби роҳбарияти ноҳия муроҷиати шумо ба қайд гирифта, масъулин вазифадор шудаанд, ки то охири соли 2014 ин муаммо роҳи ҳалли хешро хоҳад ёфт”.

Номбурда бо таассуф замоне 4 кўдаки хурдсоли хешро бинобар набудани боғчаи бачагона дар ба дари хешовандону ҳамсоягон монданашро ба ёд оварда, гуфт, ки алҳол фарзандони ман мактабрав шудаанд, вале ба фаъолият оғоз кардани кўдакистони ҷамоат ин ҳамчун орзуи деринаи сокинони ин маҳал боқӣ мондааст!

Суоли рўз ин аст, ки чаро масъулин нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон беаҳамиятанд?

Дар ҳоле, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кўдакон ва таълиму тарбияи онон ғамхории зиёд менамоянд, ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид медоранд, ки мақомотҳои маҳаллӣ дар бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ саҳмгузор бошанд. Аммо бемасъулиятии масъулинро чӣ гўем?

Сухан аз забони рақамҳо

Аз рўи маълумоти мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят оид ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Монад Ҷўраева, дар ҳудуди вилоят 249 адад муассисаи томактабӣ мавҷуд буда, аз ин миқдор 198 адад тобеи маорифи шаҳру навоҳии вилоят, 36 адад хусусӣ ва 14-тоаш тобеи ташкилоту корхонаҳо мебошанд. Дар маҷмўъ, беш аз 39 ҳазору 900 нафар кўдак ба таълиму тарбия дар кўдакистон фарогир буда, аз ин зиёда аз 18 ҳазор нафар духтар ва 21 ҳазор нафарашон писарбача мебошанд. Ҳамчунин, барои иҷрои Барномаи низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабии Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳия ташкил гардида, он аз 445 гурўҳ иборат буда, 14 ҳазору 905 нафар кўдаки 6 соларо дар бар мегирад.

Аз ҷумла, бино ба маълумоти омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров алҳол дар ноҳия 48 ҳазору 886 нафар кўдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба гуфти масъулин аз ин танҳо беш аз 5 ҳазору 80 нафар, яъне 12 фисадашон ба муассисаҳои томактабии қаламрави ноҳия фарогиранд.

Бино ба гуфти сарвари бахши муассисаҳои томактабии шўъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саёҳат Саидаҳмадова, дар ноҳия то ба санаи 1-уми апрели соли равон 34 адад кўдакистон, аз ҷумла, 18 муассисаи таълимии томактабии тобеи шўъбаи маориф, 3 кўдакистони тобеи корхонаву ташкилот ва 13 кўдакистони хусусӣ фаъолият мебаранд

Мавсуф иброз дошт, ки барои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” дар ноҳия як қатор корҳои созандагӣ ба сомон расонида шудаанд. Масалан, соли 2012 чанде аз кўдакистоне, ки аз фаъолият бозмонда буданд, аз мувозинаи колхозҳо ба мувозинаи ҷамоатҳо гузаронида шудааст, ки рўи таъмиру тармими куллиро дидаанд. Аз ҷумла, кўдакистонҳои рақами 18-и Ҷамоати деҳоти Ёва, рақами 17-уми Ҷамоати деҳоти Ғозиён пас аз таъмир фаъолияташон барқарор карда шудааст. Тибқи маълумоти масъулин дар 13 кўдакистони хусусии ноҳия қариб 700 нафар кўдак бо шароити хуби таълимӣ фарогир мебошанд, ки албатта, ин ҳам басо нишондиҳандаи кам аст.

Роҳбарияти ноҳия дар баробари дастгирии соҳоти мухталиф нисбат ба масоили соҳаи таълиму тарбия низ таваҷҷўҳи хоса дошта, тибқи нақша баъзе бинои кўдакистонҳо, ки дар дигар сохторҳо буданд ва ё солҳо аз фаъолият боз монда буданд, аз нав таъмиру тармим гашта, ба истифода дода мешавад. Яъне, дар дурнамои шаҳрдорӣ зиёд кардани теъдоди муассисаҳои томактабӣ вуҷуд дорад,-мегўяд Саёҳат Саидаҳмадова.

Бо ин умед сокинони ноҳия низ чашмбароҳанд, ки кай кўдакони онҳо бо кўдакистонҳои замонавӣ ва наздик таъмин мегарданд.

Дигар ҷамоатҳо дар чӣ ҳоланд?

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 12 ҷамоат иборат буда, аҳолӣ қариб 298 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар умум 20 ҳазор аҳолӣ, аз он кўдакони синни томактабӣ 1377 нафарро ташкил намуда, дорои як кўдакистони давлатӣ ва як хусусӣ мебошад, ки хеле таассуфовар аст. Наход барои 1377 нафар кўдаки синни томактабӣ ҳамагӣ ду кўдакистон бошад?!

Оё ду кўдакистон ниёзи ҳамин миқдор кўдаконро қонеъ карда метавонад?

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача низ барои қариб ду ҳазор кўдаки синни томактабӣ ду муассисаи томактабии давлатӣ хидмат менамоянд. Дар Ҷамоати деҳоти Ёва беш аз 2780 нафар кўдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шуда, се кўдакистони давлатӣ ва як адад хусусӣ вуҷуд дораду халос. Аз ҳама нуктаи ҳалталаб дар Ҷамоати деҳоти Исфисор (аҳолӣ 41 ҳазор) барои қариб се ҳазор кўдаки синни томактабӣ ҳамагӣ ду боғчаи бачагона мавҷуд асту халос. Агар гўем, ки ин ба ҳар ҳол дарди ба хайр аст, дар ҷамоатҳои деҳоти Исмоил, Зарзамин ва Чашмасор умуман муассисаҳои томакабӣ вуҷуд надоранд!

Пас бо кадом иддао метавон болид, ки мо ояндаамонро ба кўдакони воқеан тарбиятдидаву солим чун эстафета месупорем? Вақте имрўз барои онҳо коре накардаем. Агар карда бошем ҳам, пур аз нуқсу камбудӣ. Агар вазъияти кўдакистонҳо чунин бошад, чиро метавон дар оянда интизор буд.

Мақсади бардоштани ин муаммои рўз на ба иззати нафси нафаре расидан аст, балки ҷустани роҳи ҳалли муаммост.

Воқеан, ҳалли чунин муаммоҳо дар баробари масъулини мақомоти болоӣ будан, ҳамзамон, раисони ҷамоатҳо низ бояд як андоза бо фаъолону сокинон ҳам корбарӣ намоянд. То ҷое маълум аст, раиси Ҷамоат намояндаи раиси ноҳия дар минтақаҳо буда, рисолаташ на танҳо маълумотномадиҳӣ, ҳамчунин, ободкориву то андозае дарёфтани роҳҳои ҳалли муаммоҳои мардум аст.

Дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ имрўзҳо фарзандони бонангу номуси Ватан бо кўмаки мардуми маҳалҳо дар корҳои ободониву созандагии кишвар саҳми босазои хешро мегузоранд. Масалан, яке дар қадди кўчаи маҳалли зисташ хатти барқ гузаронидаву дигаре бо маблағҳои худ аз масофаҳои дур ба деҳааш хатти оби нўшокӣ овардааст. Соҳибкоре мактаб сохтаву саховатпешае ба дармондагон дасти ёрӣ дароз мекунад, ки албатта, ҳама ин бо маслиҳату ҳидояти ашхоси мўътабару фаъолони он макон сурат мегирад. Дар қатори ин раисони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳову шаҳракҳоро зарур аст, ки бо соҳибкорон сари ин мавзўъ андеша намоянд. Агар имкон пайдо шавад, теъдоди кўдакистонҳоро аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ зиёд намоянд, ки ҳаргиз аз манфиат холӣ нест, зеро воқеан, кўдакон ояндаи моанд. Пас, барои онҳо аз имрўз ғамхорӣ намудану тарбияи шоиста додан вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Забон-воситаи муҳими муошират

Дар маҳфили 58-уми клуби «Согдиана» мавзўи мубоҳиса нақши васоити ахбори умум дар тарғиб ва нигаҳдошти забони русӣ қарор гирифт. Дар маҳфил зикр гардид, ки забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муоширати байналмилалӣ гирифтааст.

Баҳром Ҷумъаев, сармуаллими кафедраи забони муосири русӣ, факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нақш ва муҳимияти забони русиро таъкид намуда, зикр дошт, забони русӣ яке аз забонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳаст ва хоҳад монд. Ташвиқу тарғиб намудани ин забон дар мамолики собиқи шўравӣ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатии онон мувофиқат менамояд ва баҳри нигаҳдошту пойдории робитаҳои асрҳо инҷониб давомдоштаи ин халқҳо мусоидат менамояд.

Алла Ғаниева, устоди Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон пешниҳод намуд, ки мутахассисон, профессорон, устодони макотиби олии Русия метавонанд дар баландбардории нақш ва тарғиби забони русӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Намояндаи Хазинаи Русиягии «Институти таҳқиқотии Авроосиё» Хуршеда Содиқова бобати таъсири таъсиси мукофоти ба номи Д.Менделеев ва М.Ломоносов ва мукофотонида шудани бештар аз 100 нафар донишҷў бо ин ҷоизаҳо баҳри омўзиши забони русӣ байни донишҷўён ва мактабиён, ҳамчунин, дар бораи ҷорӣ гардидани таълимоти фосилавӣ, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб мусоидат мекунад, изҳори андеша намуд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

13 April 2017

Ҷои китобро филмҳои туркӣ гирифтаанд…

Гарчанде қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда бошад ҳам, аммо ҳанўз баъзе аз волидайни мо бепарвогӣ зоҳир менамоянд. Чунонки маълум аст, солҳои охир ҳар гуна киноҳои туркӣ ва наворҳои номақбул дар мағозаҳои маркази вилоят ва шаҳру навоҳии он доман паҳн намудаанд.

Аммо, ин масъала то андозае хонандагонро аз китобхониву донишандўзӣ маҳрум намуда истодааст. Дар замонҳои гузашта хонандагон талош бар он менамуданд, ки хонанд ва соҳиби касби муайян шаванд. Мутаассифона, ин амал кам ба назар мерасад. Гурўҳе аз устодони муассисаҳои таълимӣ ва пирони хирад бар он назаранд, ки волидайн аксар вақт ба донишомўзии фарзандон таваҷҷўҳи махсус зоҳир наменамоянд. «Калон шавад, ба Россия меравад, хонданро чӣ кор мекунад гўён худро тасалло медиҳанд». Ҳатто, ҳангоми мактабхонии онҳо дар назди худ як маротиба мақсад намегузоранд, ки ҳамин рўз бояд дар дарси фарзандам ширкат варзам.

Қобили зикр аст, ки оила дар тарбия ва зиндагии намунавӣ доштани фарзандон масъулияти баландро бар дўш дорад. Дар кўчаву роҳравҳо дар дасти наврасон ба ҷои китоб киноҳои туркии «Садоқат», «Марди разил», «Садбарги сиёҳ», «Муллои замонавӣ» ва дигар филмҳоро мебинед. Борҳо шогирдонро сарзаниш намудаам, ки аз тамошои ҳар гуна филмҳо канораҷўӣ кунанд. Меҳрубониҳои волидайн ҷигарбандонро ба танбалӣ ва худбинӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон, мавриди қайд аст, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ духтарон бо ҳар гуна либосҳои гароннарху аврупоӣ, зару зевар ва ҳавову ҳавас меоянд. Дар баробари ин, гурўҳи дигар, ки аз оилаҳои ниёзманд ҳастанд, намуди зоҳирии ҳамсабақонро дида, падару модарони худро ғам медиҳанд, ки онҳо низ мехоҳанд мисли дугона ва ё рафиқашон либос пўшанд. Волидайни ниёзманд барои он ки фарзандашон рўҳафтода нашавад, маҷбур қарз гирифта, талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд.

Хуб мешуд, агар волидайн фарзандони худро дар рўҳияи ватанпарастӣ ва донишомўзӣ тарбият намуда, аз харидории ҳар гуна зару зевар ва либосҳои ҳарранга даст мекашиданд. Ҳамчунин, ба ҷои силсилафилмҳои туркиву хориҷӣ беҳтар аст, китобҳои бадеии «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Мўҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомиро, ки саросар аз панду ҳикматҳо, тарғиби ахлоқи ҳамида ва хислатҳои беҳтарини инсонианд ва нафъи бештаре меовард, дастрас намуда, мутолиа намоянд.

Маҳмадносири НАСРУЛЛО,
сармуҳаррири рўзномаи
«Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Таъмини сокинон бо оби тоза

Бо маблағгузории Котиботи байналхалқии об дар Тоҷикистон сохтмони шабакаҳои обтаъминкунии деҳаҳои Кўлканд ва Чилгазӣ идома ёфта, он то охири соли 2017 ба истифода дода мешавад.

Тибқи иттилои сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Исфара Абдуманнон Мирҷаъфаров бунёди хатти магистралии «Исфара - Лаккон» имкон медиҳад, 7500 нафар сокинон бо оби тозаи нўшокӣ таъмин гарданд.

Бино ба гуфтаи мавсуф то ин дам сохтмони хатти магистралии оби нўшокӣ аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба масофаи 1560 метр амалӣ гашт, ки сокинони кўчаҳои “14-солагии Тоҷикистон”, ба номи Бобоҷон Ғафуров ва “8-март” бо оби нўшокӣ боз ҳам беҳтар таъмин гардиданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мардуми тоҷик ба қадри Ваҳдату оромӣ мерасанд!

Дар мусоҳибаҳои охирини худ роҳбари ҳизби мамнўъгаштаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон М.Кабирӣ ақидаи худро нисбат ба масъалаҳои сиёсиву амниятии Тоҷикистон ва минтақа баён намудааст, ки аксаран ҷиҳати нигаронкунанда ва нигоҳи манфӣ доранд. Номуваффақии сиёсӣ ва аз боварии мардуми тоҷик баромадани нерўи сиёсии ў то як андоза сабаби он шудааст, ки М.Кабирӣ танҳо ба масъалаҳо назари манфӣ дошта бошад ва дастовардҳову кўшишҳои созандагии халқи шарифи Тоҷикистонро нодида бигирад.

Аз он ҷумла, яке аз фарзияҳои баёншуда он аст, ки гўё дар оянда аз ҳисоби собиқ ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурўҳҳои ифротӣ дар минтақаи Осиёи Миёна гурўҳҳои нави ифротӣ зуҳур мекунанд.

 Чунин баёни андеша аз якчанд ҷиҳат беасос аст. Аввалан, кишварҳои фаъоли бар муқобили ДИИШ муборизабаранда намегузоранд, ки ҷангҷўёни ин муҳорибаҳо ба фазои васеътаре, аз он ҷумла, ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун сарҳади амниятии Россия низ шинохта мешавад, паҳн гарданд.

Дувум, таҳаввулоти охир дар набардҳо нишон медиҳанд, ки гурўҳи зиёде аз размандагони ифротӣ ва кироя аз фиребу найрангҳои қувваҳои манфиатҷў пушаймон гаштаанд ва чуноне, ки ВАО нишон медиҳанд, гурўҳ-гурўҳ яроқу лавозимоти ҷангии худро супорида истодаанд. ҳамчунин, огоҳии ҷавонон боис шудааст, ки шумори зиёди онҳо аз чунин гурўҳҳо гурехта истодаанд. Сафи пайвастшавӣ низ рўз аз рўз дар коҳиш аст.

Сеюм, худи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, Тоҷикистон дар самти мубориза бо гурўҳҳои ифротӣ ва ҷангҷў дар шароити муосир хеле фаъол мебошад ва аз таҳдиди харобкунандаи он воқиф аст. Дар ин самт барнома ва чорабиниҳои зиёди байнидавлатӣ ва дохилидавлатӣ андешида шудаанд. Хусусан, ба масъалаи пешгирии ин зуҳурот таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Мардуми кишвар ва хусусан, ҷавонон ҳамеша аз он огоҳ карда мешаванд, ки паёмадҳои ифротгароӣ ва терроризм барои рушди ояндаи давлатдории мо нигаронкунанда мебошанд ва танҳо Ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилӣ, амнияту субот рушди кишвар ва саодати шаҳрвандонро таъмин мекунанд.

Ҷ.ЯЪҚУБОВ,
Ш.СОЛИЕВ,
устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Кишти картошкаи барвақтиро афзун бояд кард

Дар машварати кории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки моҳи феврали соли равон бо кишоварзони вилоят баргузор гардида буд, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки кишти картошкаи барвақтиро зиёд намоянд.

Оид ба ин масъала бо сардори шўъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода ҳамсўҳбат шудем. Номбурда гуфт, ки тибқи дурнамои пешбинишудаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати кишоварзии вилоят кишоварзони вилоят бояд дар майдони 8 ҳазору 935 гектар кишти картошка гузаронанд. Тибқи маълумоти фаврии шаҳру ноҳияҳо ба санаи 7-уми апрели соли равон дар майдони 1069 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин 12 фоизи дурнамои пешбинишуда мебошад. Дар вохўрӣ бо кишоварзон Раиси вилоят зикр дошт, ки дар ноҳияҳои пахтакор барои зиёд намудани майдони кишти картошкаи барвақтӣ дар водиҳо, қисман заминҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамену Ҷаббор Расулов бештар ба роҳ монда шавад. Имсол ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров аз дурнамо зиёд кишти картошкаи барвақтиро гузарониданд.

Дар қисмати Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо сабаби сард омадани ҳаво кишт ба таъхир гузошта, дар дигар минтақаҳои ноҳия, ки обу ҳаво мутобиқ аст, дар 33 гектар, дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 10, Конибодом 9, Мастчоҳ 8 гектар, Истаравшан 17 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмўъ, дар вилоят 1069 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркўҳи шаҳри Исфара, шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, қисмати ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ бинобар паст будани ҳарорати ҳаво кишти картошкаи барвақтӣ идома дорад.

Дар вилоят алҳол чор хоҷагии махсуси тухмипарварӣ дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мавҷуд буда, хоҷагиҳоро бо тухмиҳои хушсифат таъмин мекунанд.

 Бино ба гуфти мутахассисони соҳа асосан ҳосили хуби картошка дар шароитҳои манотиқи наздикўҳӣ, иқлимаш мўътадил ба даст оварда мешавад.

Навъҳои беҳтарин бояд хислатҳои модарии худро такрор намоянд, ба касалиҳо устувор бошанд, дар мўҳлати кўтоҳ ҳосили хуб оранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бунёди минтақаи иқтисодӣ ва гармхонаҳо: иқдоми нек дар таъмини рушд

Дар ҳошияи ҷаласаи фаъолони вилоят 

Дар ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба хотири беҳбуд бахшидан ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Исфара, Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов супориш доданд, ки бобати бунёди минтақаҳои иқтисодӣ тадбирҳои амиқ андешанд.

Воқеан ҳам ин пешниҳод ва супориши Раиси вилоят қобили таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ буда, бунёди минтақаи иқтисодӣ ва ё саноатӣ ба рушди соҳаҳо ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии ин ё он шаҳру ноҳия мусоидат менамоянд. 

Барои ин раисони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар мавзеи мусоид 30 – 40 гектар замин ҷудо намуда, бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сехҳои коркарди маҳсулот таъсис диҳанд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст, бобати бо хатти барқу об таъмин намудани минтақаҳои иқтисодӣ кӯмак намояд, - зикр доштанд Абдураҳмон Қодирӣ.

Ин дастгирӣ бовар ҳаст, ки роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро ба таҳкими фаъолияти бунёдкорӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳидоят менамояд.

Бунёди минтақаи иқтисодӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳое, ки соҳаи саноат, вазъи корхонаҳои саноатӣ дар ҳоли ҳузнангез ва таназзул қарор доранд, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, бо амалишавии ин иқдоми саривақтӣ соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, коргоҳҳои нави муосир бунёд ва ҷойҳои навӣ корӣ таъсис меёбанд. Муҳимтар аз ҳама воридоти маблағ ба буҷети маҳаллӣ меафзояд.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи фаъолон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, таҳкими фаъолият дар самти бунёди гармхонаҳо мебошад. Ба роҳбарияти Сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки соли равон дар майдони на кам аз 5 гектарӣ гармхонаҳо бунёд намоянд. Ин иқдом низ басо саривақтӣ ва муҳим буда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.

Воқеан ҳам вазъи бозори истеъмолӣ имрӯз баёнгари он аст, ки кишоварзони вилоят ба ин самти муҳим ва даромаднок эътибори зарурӣ намедиҳанд. Имрӯзҳо нархи баъзе намуди сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор дар бозорҳои вилоят хеле баланд шудааст. Воқеан ҳам чаро кишоварзони мо ба парвариши ин навъи муҳими сабзавот дар гармхонаҳо беэътиноӣ зоҳир мекунанд?

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо гармхонаҳои бунёдгардида дар ҳолати ҳузнангез қарор доранд ва аз онҳо пурсамар истифода бурда намешавад. Дар баъзеи гармхонаҳо ҳатто ягон навъи растанӣ парвариш намеёбад ва ё ба ҷои онҳо иншооти дигари хизматрасонӣ сохта шудааст. Ҳол он, ки кишвари мо, аз он ҷумла вилояти Суғд дорои имкониятҳои мусоид бобати парвариши сабзавоту растаниҳо дар гармхонаҳо мебошад. Масалан, кишоварзон метавонанд аз ангишт, ки дар минтақа фаровон ва нисбатан арзону дастрас аст, оқилона ва самаранок барои фаъолияти гармхонаҳо истифода намоянд.

Амалишавии ин иқдомҳо ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати рӯзгори мардум мусоидат хоҳанд кард. Аз ин рӯ, масъулин бояд, ки ҷиҳати татбиқи ин иқдоми неку саривақтии Раиси вилоят саъю талош варзанд ва ба беэътиборӣ роҳ надиҳанд.

Мухтори Абдулло,
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

12 April 2017

Ҳадаф - таҳкими дастовардҳо дар соли ҷашнҳои бузург

11-уми апрели соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони онҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оғоз намуда, ба роҳбарону масъулин бобати таҳкими фаъолият ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 – солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии мамлакат дастуру супоришҳои амиқ дод.

Читать далее

Эълон: Дар Душанбе Намоишгоҳи саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад

Санаҳои 17 то 20 апрели  соли 2017 дар бинои Маркази савдои “Пойтахт - 90”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳ маҷмӯи маҳсулоти саноатии зиёда аз 160 ширкати маъруфи Ӯзбекистон, аз ҷумла мошинсозӣ, автомобилсозӣ, саноати кимё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизоти маишӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ соати 11-00-и санаи 17 апрел баргузор мешавад.

Читать далее