April 2017

12 April 2017

Шоири ишқу зебоӣ

Бахшида ба 50-солагии шоир ва фарҳангнигори варзидаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдуҷаббори Суруш, дар толори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ маҳфили адабӣ-фарҳангии «Шоири ишқу зебоӣ» баргузор гашт. Дар маҳфил аҳли илму адаби вилоят ва ҳаводорони шеъри муосири тоҷик иштирок доштанд.

Маҳфилро директории китобхонаи мазкур Баҳром Мирсаидов ифтитоҳ намуда, алоқамандони каломи нобро ба ин боргоҳи ҳунар хайрамақдам гуфт.

Намоиши филнома таҳти унвони «Аз пайроҳаи эҷодии Абдуҷаббори Суруш» роҷеъ ба зиндагии шоири шӯрида қиссаи ҷолибе намуда, хотири иштирокдоронро шод намуд.

Суханронии сардои Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуралӣ Нуров роҷеъ ба веҷагиҳои китоби Абдуҷаббори Суруш «Дарахти сапеда ва оина» низ ҷолиб буд, ки дар мавиди маъниҳои нави каломи мавзуни Суруш нақл мекард.

Мудири адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Саидумрон Саидов дар гузориши хеш, ки «Суруш - устоди тасвирҳои шоирона» унвон дошт, сурудаҳои маҷмӯаи «Шабнами нафас»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Назокати сухан ва латофати маънои рубоиёти Сурушро сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Ромиз Абдуллоев шарҳу тавзеҳ дод.

Қироати шеър аз ҷониби китобдорони китобхона, қисаву хотироти шоирону адибони вилоят ба маҳфил рангу шукӯҳи дигаре бахшид.

Дар интиҳо шоир Абдуҷаббори Суруш сухан гуфта, ба муҳаббату ихлоси азизон ва алоқамандони шеъраш изҳори сипос кард.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Саломатӣ гавҳари бебаҳост!

8-уми апрели соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар аксия донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, литсейҳои касбии техникии №44, №56, Маркази дилшиносии вилояти Суғд, Маркази ҷарроҳии дил дар вилояти Суғд, Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ ба номи А.Нурматов, Кўдакистони Президентӣ, ҳамчунин, сокинони кумитаи маҳаллаҳои “1-Май”, “Сайҳун”, “Сирдарё” ва соҳибкорон дар маҷмўъ беш аз 2500 нафар иштирок намуданд. Иштирокдорони аксия ду тарафи соҳили дарёи Сирро, аз кўпруки “Ҷашнӣ” то Кумитаи маҳаллаи “Раззоқ” аз партовҳо, алафҳои худрўйи хушкшуда дар ҳаҷми 38 метри мукааб тоза намуданд.

Нодир ТУРСУНОВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дўсти беҳтарини ман...

Дар Гимназияи №1 ноҳияи Деваштич «ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. ҳадаф аз баргузории ин маҳфил ҳарчӣ бештар ҷалб намудани кўдакону наврасон ба китобхонӣ ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо буда, дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар чорабинӣ шоирон Сироҷиддин Осимӣ ва Нодираи Маъруф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хонандагон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, китоб шеърҳо қироат намуда, навқаламон аз устодони шеър барои тақвияти дониши худ маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Чорабинии мазкурро мудири китобхонаи Гимназияи №1-и ноҳия Муҳаббат Саидмуродова бо суханҳои пур аз меҳру муҳаббат ба Ватану Истиқлолият, ки неъмати бебаҳост ҳусни анҷом бахшид.

Лоиқ ТӯЙЧӢ,

мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Баргузории мусобиқаи футболи хурд байни духтарон

Дар доираи эълон шудани соли 2017-Соли ҷавонон бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маорифи шаҳр дар  муассисаи варзишии наврасону кӯдаконаи № 1-и шаҳри Хуҷанд давоми 20 рӯз мусобиқаи хурди футбол байни духтарони хонандагони мактабҳои шаҳр доир гардид. 

Дар даври ниҳоии мусобиқа футболбоздухтарони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо толибилмони Гимназияи №1 вориди рақобат гардида, онҳоро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст доданд. ҳамин тавр, футболбозони МТМУ №6 Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро варзишгардухтарони гимназияи рақамҳои 1 ва 24 ба даст оварданд.

Аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамони мусобиқа дарвозабони беҳтарин Суман Муродва, толибилми МТМУ№15, муҳофизатгари беҳтарин Заррина Додобоева аз МТМУ№15, ниммуҳофизатгари беҳтарин Мунаввара Ғафурова аз Гимназияи рақами 1, ҳамлагари беҳтарин Манзура ҳакимова аз Гимназияи 24, нишонзани беҳтарин Миҷгона Марофиева аз МТМУ №6 дониста шуданд. Ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия супорида шуд.

ҳамчунин барои маҳорати баланди варзишӣ иштирокчии аз ҳама хурди мусобиқа Кибриё Муҳиддинова аз МТМУ №6 бо тӯҳфаи хотиравӣ тақдиронда шуд. 

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи иҷроияи ҳХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар қайд кард, ки бори нахуст чунин мусобиқа байни духтарон доир шуда, ҳадаф аз баргузории чунин тадбир тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва густариши робитаҳои дӯстӣ байни ҷавонон ва наврасон мебошад. Мавсуф ҳамаи ғолибонро бо ин дастовард табрик намуда, қайд кард, ки чунин мусобиқаҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

Чоҳи нави обрасонӣ дар Понғоз

Дар ноҳияи Ашт давоми семоҳаи аввали соли 2017 баҳри таъмини иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2017- Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораҷўӣ карда мешаванд.

Дар ин давра бо истифодаи манбаъҳои мухталифи маблағгузорӣ дар самти беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои зерин иҷро шудаанд: дар шаҳраки Шайдон аз тарафи қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои худи корхона бо мақсади таъминоти аҳолии маҳаллаҳои нави шаҳрак, кофтани як адад чоҳи амудӣ бо арзиши лоиҳавии 170 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, алҳол 90 фоиз корҳои лоиҳавӣ иҷро карда шудаанд.

Бо мақсади таъмин намудани аҳолии маҳаллаи нави деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба аз тарафи корхонаи истифодабарии оби нўшокии деҳоти ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Аз ҳисоби маблағҳои корхона ва дастгирии назарраси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи 2400 метр хатти нави обгузар ба маблағи 47,7 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Зуҳриддин Эшматов - мудири шўъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳор дошт, ки барои беҳтар намудани таъминоти оби нўшокии сокинони маҳаллаи Бураки деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 65 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Бо маблағи мазкур дар ин маҳалла пармакунии чоҳи амудӣ ба анҷом расида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва чоҳ мавриди истифода қарор гирифт.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маърифати ҷавононро баланд бардорем

Баҳри тарғибу ташвиқ ва амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати авфи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вурудшавии онҳо ба Федератсияи Русия ба мӯҳлати муайян манъ карда шудааст, тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бахшида ба «Соли ҷавонон» аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия мулоқоти судманд бо иштироки ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар ҳошияи ташрифи Президенти Федератсияи Русия ба кишвари мо ва қабул гардидани таклифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабукӣ овардан барои буду боши муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.

Аз ҷониби роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ба маълумоти ҷавонон мӯҳтавои мулоқоти мазкур бобати авфи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия расонида шуда, махсусан қайд гардид, ки дар асоси сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат шароиту имкониятҳои шаҳрвандони мо, ки тибқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии хориҷии кишвар сол аз сол рӯй ба беҳбудӣ оварда истодааст, ба самти инкишоф ва мусбат майл ёфта, нишони воқеии иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум месозад.

ҳамзамон дар рафти мулоқот муовини раиси ноҳия Бунафша Fиёсиддинзода, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Санавбар Баҳодурова, сармутахассиси шўъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Рўзибой Боймуродзода ва сардори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия Комилҷон Тўйчиев баромад намуда, доир ба баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифтнокии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, иҷрои хизматрасониҳои давлатӣ, фаҳмондани вазъи хуқуқии шаҳрвандон дар хориҷа изҳори андеша намуданд.

ҳамзамон ба иштирокчиён маводи аёнӣ ва иқтибосҳо аз санадҳои меъёрии сабуккунандаи барасмиятдарории авфи муҳоҷирон ҳамчун роҳнамо дастрас шуд.

Лоиқ ТЎЙЧИЕВ,
мутахассиси бахши таблиғоту
иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

11 April 2017

Пул чирки даст нест!

Андешаи пучтарину бесаводтарин, ки дар майнаи баъзе инсонҳо ҷойгир шудааст, ин аст, ки ҳамеша бо сароҳат мегӯянд: «Пул чирки даст аст». Аз ин ҷост, ки касе пулро эҳтиром намекунад, пас ӯ на ба қадри пулёбӣ мерасад ва на роҳи ёфтани пулро медонад. Ба қавли маъруфи миллиамон касе чунин гуфтааст «номаъқул кардааст».

Аз 27-уми март то 2-юми апрели соли равон сар то сари дунё «Ҳафтаи ҷаҳонии пул» (Global money week) баргузор гардид, ки дар он ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои иқтисодиву иҷтимоӣ семинару тренинг ва намоишномаҳо баргузор намуданд. Ҳадафи рӯшани он аз маърифатнок намудани ҷомеа бобати муносибат бо пул иборат буд.

Даромад яку хароҷот даҳ

Азбаски аксарияти мардум муносибат бо пул ва фарҳанги пулнигоҳдориро намедонанд, мӯҷиби қашшоқиву фақрашон мегардад. Мухбира Ортуқова машваратчӣ ва яке аз масъулини баргузоршавии намоишгоҳи «Ҳафтаи ҷаҳонии пул» дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бар ин назар аст, ки асоси камбағалшавии ҷомеа надоштани маърифати иқтисодӣ ва надонистани муносибат бо пул мебошад.

- Мутаассифона, дар ҷомеа ҳанӯз мафҳуми пулнигоҳдорӣ, захираи пул ва ҳисобу китоби даромаду баромад ва харҷи оқилонаи он рушднокарда боқӣ монда, боиси фақру бенавоӣ гаштааст. Ҳадаф аз баргузории «Ҳафтаи ҷаҳонии пул» низ аз он иборат аст, ки мардум бояд пулро эҳтиром намоянд. Мо низ дар намоиш такя ба таҷрибаҳои худу дигар кишварҳои пешрафта ба афроде, ки ба мо муроҷиат намуданд, маслиҳатҳои иқтисодӣ додем. Бовар дорам, ки аз маводҳои пешниҳодкардаи мо, маслиҳату машваратҳои шифоҳӣ онҳо дар зиндагиашон истифода мекунанду ба пул эҳтирому арҷ мегузоранд, - мегӯяд Мухбира Ортуқова.

Иловатан, харҷҳои осмонкафу масрафоти ноҷоя ҳанӯз кам нашудааст ва мардум худро ба қарз ғӯтонида, тӯю маросимҳои дабдабанок мегузаронанд.

Дар сӯҳбат низ аксарият иқрор мешаванд, ки гӯё маошашон ҳазор сомонисту харҷашон ду-се баробар бештар. Метавон ба натиҷа расид, ки воқеияти надонистани фарҳанги муомила бо пул (даромад) дар бештари мо дида мешавад. Зеро аксарияти миллиардерҳои ҷаҳон бо роҳи оқилона сарфакунии пулҳояшон ба дараҷае расидаанд. Чун мегӯянд, даромадро на, балки хароҷотро ҳисоб карда тавонистан ва аз он хароҷот сабақе гирифтаву дар оянда кам кардани он боиси бойшавии кас мегардад.

Борҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон сароҳатан таъкид намудаанд, ки харҷро бояд кам кард. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳанӯз тӯйҳои дабдабанок ва таъзияҳои миёншикан ҷомеаи моро домангир аст, ки яке аз сабабҳои аз бонк қарздор шудану муфлисшавии оила мегардад. Ҳатто дини мубини Ислом муқобили харҷҳои осмонкафи маросимҳо бисёр далелҳо дорад, ки дар бештари ҳадису оятҳо ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, мардум нафақат роҳи пулёбиро намедонанд, балки дар сурати ба дасташон пул омадан роҳи дурусти харҷи онро ба роҳ монда наметавонанд.

Пул дар таҳпӯш???

Ба ҷуз ин, тарзи бо пул муносибати баъзеҳоро дида дили кас аз пулнигоҳдорӣ мемонад. Ҷои шарм аст, охир наход одам пулро дар таҳпӯши мардонаву занонааш пинҳон кунад?

Ба ғайр аз ин, ҳамаи мову шумо садҳо маротиба дар бозору кӯчаву мағозаҳову дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ занҳои зиёдеро мушоҳида кардаем, ки ба ҷои ҳамён пулро дар куҷо мемонанд ва беибову бешармона пулро аз зери хафабанду таҳпӯш гирифта, ба савдогарон дароз мекунанд. Аҷибаш ин, ки савдогарон ҳам гӯё ягон чизи ҳайратоваре рух надода бошад, пулро мегиранд ва он пул ҳамин тавр дар муомилот шояд дар як рӯз дасти садҳо нафар сокинонро ламс намояд.

Дар натиҷаи чунин муносибати бераҳмона ба пули миллӣ пулҳо даридаву фарсуда мешаванд ва тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, шояд дар қаламрави кишвар соле миллионҳо сомонӣ пул фарсуда шуда, корношоям эътироф гардад.

Мӯйлаби сохта дар аксҳои сомонӣ

Аз овардани чунин зерсарлавҳа ростӣ шарм ва айби кас меояд ва аслан барои худи муаллифи ин сатрҳо низ ноҳинҷор аст. Аммо чунин манзараро дар рӯйҳои пул мушоҳида метавон кард. Шояд ҳамаи шумо, хонандагони азиз, дар пулҳо «ҳунари рассомӣ»-и баъзе аз соҳибони пулро дида бошед.

Рӯзе ба дастам як адад пули як сомонӣ ва як панҷ сомонӣ афтод. Худоё! Даҳшати рӯзи қиёмат. Ба акси устод Мирзо Турсунзода мӯйлабу риш кашидаву ба лаби устод Айнӣ сигорро часпонида, «рассомӣ» намудаанд. Ин гуна муносибат бо пули миллӣ, ки як навъи муқаддасоти миллӣ ҳисоб меёбад, хеле ғайриинсонӣ ва ғайриинсофӣ буда, Худо накарда, агар меҳмони хориҷӣ чунин «ҳунари рассомӣ» ва иловакунӣ ба суратҳои пули миллии моро бинад, вой бар ҳоли мо! Бар замми ин, дар пулҳо навиштани рақами телефону суроғаи зист, ному лақабҳо ва садҳо ҳарфу ишораҳои гуногун нишон медиҳанд, ки мо чӣ гуна миллатем. Албатта, чунин беинсофиро баъзеҳо содир мекунанду барои меҳмонони хориҷӣ тамоми рӯйи миллатро сиёҳ карда нишон медиҳанд, ки хеле дардовар аст. Зеро онҳо вақте ба кишварашон мераванд, хоҳу нохоҳ аз тарзи пулнигоҳдории мо ба ҳамватанонашон бо мазоҳу масхара нақл хоҳанд кард.

Ҷойи пӯшида нест, мардуми мо тавре ба пул муносибат мекунанд, ки гӯё дар дасташон на пул, балки албоми расмкашӣ бошад. Ба ғайр аз ин, баъзе аз занону духтарон пулҳоро дар зери таҳпӯшу дар паҳлӯи баъзе узвҳои бадан пинҳон мекунанд, ки на ба мусулмонӣ рост меояд ва на ба гигиена ҷавобгӯ мебошад.

Пулҳои фарсуда - зарари осмонкафи давлатӣ

Агар фаразан гӯем, ки соле даҳ миллион сомонӣ пулҳо фарсуда гарданд, ин пулҳо куҷо мераванд? Ба бахти чунин шаҳрвандоне, ки бо пул муносибати ғайриинсофона мекунанд, Ҳукумати Тоҷикистон бо меҳрубонӣ Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои амалкунандаи кишварро масъул намудааст, ки пулҳои фарсудаву дарида ва корношоямро бидуни ягон мамониат ба сокинон иваз карда диҳанд. Маҳз чунин меҳрубонии давлатӣ баъзе сокинонро то ҳадде эрка кардааст, ки ба қадри пул намерасанд. Онҳое, ки ба пул хату расм мекашанд ва ё беибо медарронанд, медонанд, ки Бонки миллӣ чунин пулҳоро бидуни мамониат иваз карда медиҳад. Аммо ба сари чунин афроди беодобу бефарҳанг ягон бор суоле пайдо намешавад, ки бечора Бонки миллӣ он пулҳои фарсударо чӣ мекунад ва пулҳои наву ба қавле қасар-қасари тозаро аз куҷо мегирад?

Тасаввур кунед, агар Ҳукумат имрӯз меҳрубонӣ карда, пулҳои даридаи моро бидуни мамониат иваз кунад, тақрибан дар як сол барои даҳ миллион сомонии фарсудашуда бист миллион сомонӣ масраф мешавад, ки касе, мутаассифона, дар ин бобат фикр намекунад. Оқибати чунин бемасъулиятии шаҳрвандон буҷаи давлатиро коҳиш медиҳад, ки ин амал беинсофист.

Микробҳои заҳролуди пул

Бояд тазаккур дод, ки пулҳо дорои микробҳои заҳролуди зиёд буда, бо сабаби аз даст ба даст расидану ламс шудан, гардиши микробҳои зараровари барангезандаи касалиҳоро дар як рӯз ба даҳҳо нафар шаҳрвандон интиқол медиҳанд. Нисориддин Ҳамроев, духтури муолиҷавии бемориҳои хуни Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо таассуф иброз медорад, ки дар аксарият қишри ҷомеа парҳез вуҷуд надорад.

-Худ аз рӯи инсоф қазоват кунед, вақте пул аз дасти қассоб ба дасти сохтмончӣ, аз дасти талбандаҳои сари роҳ ба дасти муаллиму духтур ва дигарон расидаву ламс шудан гирад, миллионҳо микроби заҳролудро аз ҷое ба ҷое мегузаронад. Дар дунё ягона чизе, ки сарҳад намешиносад, ин микроб аст. Ё агар гӯем, ки мо бо виҷдони мусулмонӣ вақте пулро аз таги кашу зери бағалу таҳпӯш гирифта, чизе мехарем, чӣ гуна ифлосӣ дар фазо паҳну парешон мешавад, ҳама беҳтару хубтар медонем. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҳамаи онҳое, ки пулро ҳисоб мекунанд, нӯги ангуштро ба забон тар карда, қабзаи пулро мешуморанд. Гумон намекунанд, ки пул дар куҷои бадани сокинон нигоҳдорӣ шудаасту чӣ қадар микробро доро мебошад. Ҳазорҳо бактерия аз даст ба забону даҳон кӯч баста, садҳо касалиро ба ҳам меоварад. Бар замми ин, дар натиҷаи гардишхӯрии пул аз даст ба даст микробҳо пӯсти дастро мариз карда, баромадани пучаку хоришаку дигар обилаҳоро ба дунбол дорад,-мегӯяд Нисориддин Ҳамроев.

Аммо, мутаассифона, касе ин тарафи масъаларо фикр намекунад. Исбот шудааст, ки вақтҳои охир касалиҳои ковоки даҳон ва пӯсти дасту лабу рӯй аз ҳисоби микроби пулҳо хеле зиёд шудааст.

Натиҷа аз “Ҳафтаи ҷаҳонии пул”

Ҳафтаи ҷаҳонии пул фақат мазмуни зиёд кардани пули оилавӣ нест, балки муносибат бо он, тарзи солим нигоҳ доштан ва усули бо эҳтиром рафтор намудан бо пул аст. Аз ҳама муҳим, тарзе бо пул муносибат бояд кард, ки он фарсуда нагардаду ба буҷаи давлат низ зарар ворид нашавад.

Худо накунад, ки боз пулро зери кашу таҳпӯш пинҳон намоем ва як сомонӣ ёфтаву дар маросимҳоямон садҳо ҳазор сомонӣ харҷ кунем.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ватанам, такягоҳи сулҳу амонист!

Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шуда, сафи ихтиёриён паёпай зиёд мегарданд. Фаъолияти қисмҳои низомӣ, шароити хизмати аскарону афсарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои хизмати ҷавонон дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза муҳайё гардидааст. Сокинони кишвар мувофиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои худ роҳи сулҳу суботро интихоб намудааст ва ҳеҷ нерӯе нест, ки моро аз ин роҳи саодат берун созад. Дар ин раванд хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номуси кишвар мебошад.

Ман сарбози қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳраки Навободи водии Рашт мебошам, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2016 яке аз аввалинҳо шуда, ихтиёрӣ баҳри адои хизмати Ватан роҳ пеш гирифтам. Аллакай шаш моҳ мешавад, ки дар ин қисми ҳарбӣ хизмати Модар - Ватанро сарбаландонаву содиқона адо менамоям. Ҳафтае як ё ду бор бо падару модарам дар тамос шуда, аз саломатиашон пурсон мешавам. Командирони қисми ҳарбӣ ҳам ягон маротиба ба ҳолпурсии волидайнам монеъ нашудаанд. Вақте аз хона занг мезананд, махсусан, сардори қисми низомӣ, подполковник Шамолзода Мирзосафари Олим, командири рота, капитан Салоҳиддин Сиҷоиддинов (дар сурат), командири взвод, лейтенант Мирзозода Анвари Фирдавс бо суханони нарм мегӯянд, ки аз писаратон ҳаргиз хавотир нашавед, мо шабу рӯз ҳамроҳи онҳоем. Шароити будубошу тайёрии ҳарбӣ, таъминот бо хӯроку сарулибос, муносибати командирону серҷантҳо бо сарбозон ҳам хеле хуб аст. Ман фахр менамоям, ки дар чунин қисми низомӣ хизмат менамоям.

Дар ҳақиқат, хизмат ҳамааш нағз, ҷои ташвишу хавотирӣ нест. Пеш аз ба аскарӣ омадан ақидаам дар бораи хизмати ҳарбӣ дигар буд. Баъзе нафарон мегуфтанд, ки шароит дар ҳарбӣ он қадар хуб нест, илоҷаш шавад, ба Русия ба кор рав ё ба мактаби олӣ дохил шав… Лекин омада дидам, ки шароит инҷо тамоман дигар аст. Бароям хизмат хеле маъқул. Дӯстони нав пайдо кардам, муносибати командирон бо сарбозон ҳам хубу самимӣ буда, барои солимиву обутоби ҷисмонӣ бисёр машқ мекунем, ки ин ҳама, албатта, ба фоидаи худамон аст. Хизмат намудан бароям шараф ва намунаи мардонагист.

Имрӯз ман бо дилпурӣ ба ҳамсолони худ ва ҷавонон таъкид карданиам, ки дар ҳақиқат, Тоҷикистони азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Дар қисмҳои низомӣ шароити будубоши хизматчиён ва таъминоти онҳо хеле беҳтар гардидааст. Чӣ хеле ки мегӯянд, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат буда, бо тамоми масъулият ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии худ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки давлат ба зиммаи онҳо гузоштааст, бояд мардона иҷро намоянд.

Ӯҳдадории ҳарбӣ – ин ӯҳдадориест, ки ба дӯши ҳар шаҳрванди кишвар вогузор буда, он танҳо хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Хизмат ба Ватан қарз буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бонангу номусро нишон медиҳад.

Имрӯз хурсанд ҳастам, ки дар қатори дигар ҳамсолонам хизмати Ватан - Модарро сарбаландона баҳри тинҷиву оромии кишвар адо намуда истодаам.

Ҳаминро бояд зикр намоям, ки имрӯз давлату Ҳукумат барои таҳсилу фаъолияти пурсамари ҷавонони кишвар шароиту имтиёзҳоро фароҳам овардаанд. Хусусан, барои ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро сарбаландона адо мекунанд. Онҳо пас аз адои хизмат дар мактабҳои оливу миёнаи касбӣ ҳуқуқи таҳсилу дар корхонаҳо фаъолият карданро беш аз ҳама доранд.

Соли равон бо пешниҳоди Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст. Ин боз як иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони кишвар мебошад. Бинобар ин, ҷавононро даъват менамоям, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои Роҳбари давлат сарҷамъона бо дили пуру хотири ҷамъ баҳри ҳимояи марзу бум ва оромиву осудагии кишвар ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд. Аз падару модарони азиз низ хоҳиш дорам, ки барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани писарашон монеъ нашаванд. Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавони меҳанпараст, бонангу номуси миллат эҳсоси худшиносӣ аст.

 Абдумавлони ҒАФУРЗОД,
сарбози қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ
дар шаҳраки Навободи водии Рашт

 

 

Читать далее

Хизмат дар сафи Артиш қарзи муқаддаси фарзандист!

Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омўхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Хизмати ҳарбӣ нишони равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамасола чун анъана дар мавсими баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят маъракаи сиёсии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир мегардад. Алҳол даъвати баҳорона оғоз гардидааст, ки ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо рўҳияи баланди ватандўстӣ ва ифтихор барои ҳимояи Ватан раҳсипор гардиданд.

Дар майдони Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими бо тантана гусели наваскароне, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои хизмат намудан раҳсипор гардиданд, баргузор шуд.

Дар чорабинӣ ҷавонон изҳор доштанд, хизмат ба халқу Ватанро шарафи мардонагӣ медонанд ва аз он ифтихор доранд.

Муҳаммади Фатҳуллозод як сол мешавад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда истодааст. Ў иброз намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк намуданд, ки хизмат ба Ватан шараф ва номуси ҷавонмардист.

- Шароити хизмат дар ҳамаи қисмҳои низомии ҷузъу томҳои қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рўз аз рўз беҳтар гардида, сафи ҷавонмардони ҷасур ва бонангу номуси Ватан низ бештар гардидааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки фикру андешаҳои ҷавонон дар бораи шароити хизмат хуб мебошад, - қайд намуд зимни баромади хеш Комиссари ҳарбии вилоят, полковник Назарзода Назар Бадал.

Аз рафти даъвати баҳоронаи имсола маълум гардид, ки шумораи ҷавонписароне, ки ихтиёран ба сафи Артиш пайвастаанд, назар ба солҳои гузашта зиёд буда, сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамонро чунин ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан пурра месозанд.

Нуриддин Акрамов, даъватшаванда аз ноҳияи Деваштич дар сўҳбат гуфт, ки ихтиёран барои ҳимояи кишвари азиз омода мебошад.

- Мо бояд ҳама суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк намуда, ба бовариашон бештар сазовор гардем. Нагузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро касе халалдор намояд. Хизмат дар сафи Артиш на танҳо қарзи фарзандӣ, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони матиниродаи миллати тоҷик бояд бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи Ватан - Модар раванд, аз хизмат саркашӣ накунанд, зеро хизмат худ мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, ба назди падару модари худ бармегардам.

Аҳмад Ҷалолов - даъватшаванда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сўҳбат гуфт, ки баъди хатм бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан – Модар раҳсипор мешавад.

- Ватани азизамро дўст медорам ва пос доштани марзу буми миллати кўҳанбунёди хешро барои худ шараф медонам, - гуфт ў.

Парвиз Раҷабов – сокини ноҳияи Спитамен аз номи худ ва сокинони ноҳия сухан кард. Гуфт, ки фарзандаш бо хоҳиши худ баъд аз хатми донишгоҳ ба комиссариати ҳарбӣ омада, номнавис шудааст.

- Фарзандам мехоҳад, ки ба Ватан содиқона хизмат кунад ва ба ҷавононе, ки саркашӣ мекунанд, гуфтаниам, ки хизмат намудан ба Ватан қарзи инсонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зеро ҷавонони чусту чолоки худамон бояд Ватанамонро ҳимоя ва обод кунанд.

Раҷабмурод Ризоев - наваскар аз ноҳияи Ашт зикр намуд, ки дўст доштани Ватан аз имон аст.

ҳар як фарди соҳибақл ин маъниро дарк намуда, барои ҳимояи марзу буми кишвараш тайёр бошад. Имрўз мо, ҷавонони саодатманд, Ватани худро cадоқатмандона ҳифзу ҳимоя намоем, оромиву осудагии мардумро муназзам нигоҳ дорем.

Боиси хушнудист, ки имрўзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва ифтихори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд, - гуфт ин наваскар.

Абдумўъмин Аҳатов – сокини ноҳияи Деваштич, ки фарзандаш барои адо намудани қарзи хеш ба хизмати Ватан меравад, зикр дошт: - бояд ҳар як соҳибватан кишвар ва хонаву дари худро пос дорад. Нагузорад, ки каси дигаре омада, оромии кишварашро халалдор созад. Бояд фарзандони мову Шумо сазовори номи ҷавонмардӣ гардида, бо сари баланду номи нек баргарданд.

Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби обутоби зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра ҷавонписарон шуҷоату мардонагиро омўхта, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодиамонро аз худ мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст, ки аскарон метавонанд бе ягон мамониат баҳри дифоъ тайёрӣ бинанд. Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат баҳри Ватан - Модар саркашӣ накарда, барои дифо намудани он ҳамеша омода бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”
Суратгир И.РАБИЗОД

Читать далее

Тинҷию осоиштагӣ–гавҳари бебаҳо

Яке аз муаммоҳои мушкилтарин, ин болоравии экстремизм ва терроризм дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки аз мудҳиштарин доғ дар рӯи замин аст. Дар ин роҳ мубориза бурдан вазифаи фақат сиёсатмадорон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеаи башар ба ҳисоб меравад.

Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо. Миқёси амалҳои террористӣ низ бошиддат меафзояд. Агар аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то соли 1986 шумораи он ду баробар афзуд. Аз рӯи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳар сол дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Ифротгароӣ–зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват менамояд. Имрӯзҳо масъалаи ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро ифротгароӣ, ки ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад, амалҳои номатлуби худро зери ниқоби Ислом ба иҷро мерасонад. Ин кирдори онҳо ба паст рафтани обрӯю эътибори дини Ислом боис мешавад.

Гурӯҳҳои ифротгароӣ бо номҳои «Толибон», «Ал-Қоида», «Бокоҳарам», «Ҳаракати исломии Осиёи Марказӣ», «Ҳаммос», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Давлати исломии Ироқу Шом» дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият менамоянд, ягон фарди солимфикри ҷомеаро бетараф намегузорад, зеро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ дар алоҳидагӣ бар зидди ифротгароӣ мубориза бурда наметавонанд.

Барои мо боиси сарфарозист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф афзалиятнок гардида, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бар ивази ин вазифадорем, ки насли донову оқил, ватанпарасту тавоноро ба камол расонем, то ҷойгузин ва давомдиҳандаи кору номи неки аҷдодони худ бошанд.

Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем.

Аз ин рӯ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем, зеро ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти ҷавонон аст!

Саодат Ҳодихоҷаева,
омӯзгори МТМУ №31,
 ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее