May 2017

31 May 2017

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…

Имрӯз дар назди сокинони кишвари азизамон масъалаву вазифаҳои муҳиме истодаанд, ки ҳаллу фасли онҳо аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дониши баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳтирому садоқат ба давлату миллат ва ҳисси ифтихор аз Ватану ватандориро талаб менамояд. Ин ҳам бошад пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои ифротии тафриқаандоз, барҳам задании тақлидкории занону духтарон ба либоси ғайримиллӣ ва пос доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин замина пешгирӣ аз кирдорҳои ба ҷомеа хафнок дар маҳалҳо вохӯрӣ доир намуда, дар баробари расонидани маълумот оид ба вазъи криминогении минтақа шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои солимгардонии ҷомеа даъват менамояд.

Ҳамингуна як мулоқоти маърифатии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, бо сокинони ноҳияи Спитамен дар «Қасри фарҳанг»-и ноҳия баргузор гардид.           

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуда, онро иқдоми созанда ва таъсиррасонанда дар тарбияи ҷомеа номид. Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳама имкониятҳо истифода менамояд то ин ки дар саросари ҷумҳурӣ амнияту тартибот пойдор ва ангезаҳои ҷинояткорӣ решакан шавад, - қайд намуд раиси ноҳия.

Маърӯзаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд натанҳо масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ бо таҳлилҳои панҷсола, балки фарогири паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти воқеиро дар бар мегирифт. Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, ҷинояти қаллобӣ нисбатан зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Муноқишаҳои оилавӣ ва дар заминаи он содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ҳолатҳои аз беназоратии волидайн ба каҷрафтори ва пайроҳаи ҷиноят пой ниҳодани ноболиғон, таъсири омилҳои манфии муҳоҷират, пайвастани баъзе сокинони вилоят ба гурӯҳҳои террористӣ, бегонапарастии занону духтарон, вазъи садаманокӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳамчун мавзӯъҳои доғ ва истиробангез мавриди баррасию масъалагузории роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд қарор гирифт. 

Акбар ШАРИФОВ,
капитани милитсия

Читать далее

Илм ва амният

Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс.

Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат",зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, "Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз" (Томас Гоббс) эълом гаштааст.

"Кишвар" ва "мамлакат" синонимҳои муваффақи истилоҳи "давлат" мебошанд. Аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ баробарвазн буда наметавонанд. "Давлат" мафҳуми юридикӣ аст. Истилоҳоти аввалан номбаршуда ишора ба ҷанбаи ҷуғрофиёианд. Кишвар, мамлакат метавонад бошад. Аммо давлат набошад. Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимнашаванда аст. Ягон гурўҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ - миллат ва миллатҳо, қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд.

Панҷ ҷузъи (нишонаи) давлат, ки номбар гардид, дар маҷмўъ маънои таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлатро дорад.

Ҳамин тариқ, давлат падидаи осмонӣ ё туҳфа нест. Заминӣ аст. Дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гаштааст. Аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ арзи вуҷуд мекунад.

Таърихи давлат, таърихи таъмини амнияти он аст. Ин ду мафҳум, тарзе ки хотиррасон гардид, якдигарро аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ва натиҷаи он – ҳуқуқӣ пурра мегардонад.

Тафсири пайдоиш ва рушди амният, ҳамчун муҳимтарин унсури давлат, дар асоси қонуниятҳои инкишофи ҷамъият заминаҳои илмӣ - назариявӣ дорад. Ҳарчанд эътироф бояд кард, ки дар бораи пайдоиши давлат фарзияҳои гуногун мавҷуданд. Ин падидаро тавассути паҳн кардани тасаввурот, консепсия ва назарияҳо, ашхос, гурўҳ, ҳизб, ҳаракат ва қишрҳои муайяни сиёсӣ дар олам ва минтақа "соҳибӣ" карданӣ мешаванд. Ба он тобиши сирф идеологӣ медиҳанд. Аммо чунин тарзи ҷаҳонбинӣ ва амалия ҳам мисли истилоҳоти "давлат" ва "амният" ниёз ба тафсири илмӣ дорад.

Истилоҳоти "дониш" ва "илм" дар қавмияти ниҳоят эътиқодмандонаи семантикианд. Лекин як чиз нестанд.

Донишҳо метавонанд рўзмарра, омӣ, идеологӣ, эътиқодӣ ва монанди инҳо бошанд. Илмӣ набошанд. Аммо барои тафсири система, структура ва функсияи давлату амният, зарурати тавзеҳи он аз мавқеи шакли шуури ҷамъиятие муҳим аст, ки охирин қудрати шарҳи қонуниятҳои рушди ҷомеаро дошта бошад. Ҳамзамон, ин қонуният на дар асоси афсона, мифология, теология, балки дар ҷараёни ҳаёти чандинасра, таҷрибаи дақиқи дар амалия санҷидашудаи худи Инсон ошкор ва тасдиқ гардида бошад. Ва ин донишҳо бояд ҳамеша дар ҳолати рушди бемайлон барои манфиатҳои заминии худи Одам хизмат намоянд.

Албатта, назарияи эътиқодии фавқуттабиӣ оид ба пайдоиши давлат ва амният низ вуҷуд дорад. Ба хотири ин ақида, ҳар рўз садҳо, ҳазорҳо нафар ҷони худро қурбон мекунанд. Бегуноҳон ҳалок мегарданд. Мардум бехонумон мешавад. Чунин назария ҳам беасос нест. Он падидаи онтологӣ ва тавлидкардаи ҳадафҳои заминӣ аст. На осмонӣ. Ба хотири манфиат доштан дар сохтани давлати мувофиқ, хеле осон асоснок кардан ва нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ - ҳокимият ва, албатта, истифода намудан аз он аст. На бештар аз ин.

Вазъи имрўзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ - таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад. Ин мавзўи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад, намехоҳад "чеҳра ба гиря бишўяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷўяд" (Ҳофиз). Ҳамзамон маълум аст, посух ба ин асрор корест на осон.

Муҳим ба назар мерасад, ки дар дараҷаи муқаддимавӣ баъзе масъалаҳои амниятӣ аз нигоҳи назариявӣ мавриди баҳс қарор гиранд.

Давлат ва амният

Амнияти давлат мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро доранд.

Давлат дар натиҷаи таҳлили дараҷаи самаранокии шаклҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла бисёрҳокимиятӣ, муҳимтар аз он, дар асоси раванди қонуниятҳои инкишофи ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Он воситаи асосии муташаккилии раҳбарии ҷомеа мебошад. Тавассути он дастгоҳи идорӣ иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташударо таъмин мекунад. Ба тарзи дигар, давлат қувваи марказонидашудаи ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар асоси маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҷомеа ва худи давлат зарур медонад, арзи ҳастӣ менамояд.

То замоне ки давлат - гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият боз монондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррўзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрўзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.

Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмўи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ

Тавре ки хотиррасон гардид, масъалаи таъмини амнияти миллӣ хусусияти сирф соҳавӣ, идорӣ надорад. Он умдатарин масъулият дар назди системаи ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо мебошад. Мафҳуми шахшудамонда, бетағйир, мавҳум нест. Чизи воқеӣ, материалии дар вақт ва фазо мавҷудбуда аст.

Реалияти объективӣ дар шуури инсон чун падидаи зинда ҳама вақт дар тағйир, ивазшавӣ, ҳаракат, зиддиятҳо, ҳамзамон ҳаллу фасли он қарор дорад. То замоне ки давлат, ҷомеа вуҷуд дорад, ин ҷараён зина ба зина такрор мешавад. Раванди таъмини амнияти давлат, миллат дар ҳолати зудтағйирёбандаи фазои минтақавӣ ва олам сурат мегирад. Онро доимо, аз нигоҳи илмӣ ба тарзи системавӣ наомўхтан, сарфи назар кардан, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан амнияти миллиро ҷиддан зери суол мебарад. "Дароздастии кўтаҳостинҳоро" (Ҳофиз) зиёд мекунад.

Диалектика ҳамчун назария ва методология беш аз се ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Таҷрибаи инсонӣ онро собит намудааст. Ин падидаи назариявӣ ва илмӣ дар давраҳои гуногуни таърих вобаста ба иштибоҳи мақсаднок ва ғайримақсадноки одам борҳо таҳриф шудааст. Аммо аз чунин бархўрд ҷавҳари назарияи илмӣ зарар надидааст. Нигоҳҳо, таҳлилҳо, хулосаҳо осебпазир шудаанд. Ҳамчун натиҷа, тасмимгирҳо зарар дидаанд.

Асоси диалектикаро аксиомаи қонуниятҳои рушди табиат, ҷамъият ва назарияи шинохти ҳақиқати реалӣ, таълимот дар бораи зиддиятҳои ҳаматарафа ва пурра дар рушди таърихӣ ташкил мекунад. Тибқи он, падидаҳои "ДОИШ", "Ал-Қоида", "ҲНИТ", "Ваҳҳобия", "Салафия", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд. Вуҷуд доранд. Вуҷуд хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибонҳои дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо чеҳраҳои дигар.

Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост. Таърихи ҷангҳост. Таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан бояд омўхт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ карда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгўӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки аз "гарди хоки нагуни фалак" ва "тўфони Нуҳи набӣ" (Ҳофиз) ба миллат осеб натавонанд расонидан.

Таҳлил, баррасӣ ва арзёбии вазъи ҳаётан муҳим барои таъмини амнияти миллат дар шароити кунунӣ илмро ба қувваи истеҳсолкунанда мубаддал мекунад. Он воситаи муҳимми шинохти воқеият ва сабаби аслии андешидани чораҳои пешгирикунанда мегардад.

Мақсади ҳама гуна назарияҳо, аз ҷумла донишҳои илмӣ дар соҳаи таъмини амният иборат аз он аст, ки тавассути ин шакли шуур маълумоти баробар бо воқеият дастрас гардад. Зеро ки "дар назди илм мундариҷаи бой маҳфуз аст. Он дар тўли асрҳо, ҳазорсолаҳо барои дарки воқеият зам гардидааст. Ин донишҳо барои мо чизи фаромўшшуданӣ, гузашта нестанд. Онҳо ғизо барои хотираи мо мебошанд. Барои тезфаҳмӣ. Тозаандешӣ. Ҳамчун илме, ки рўҳи моро дар самти пайдо намудани ҳақиқат қонеъ мегардонад" (Ф. Гегел. Наука логики. - М., 1975, с. 69).

Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо "ҳақиқат"-и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, "ҳақиқат"-е, ки тавассути "хайрия", "грант", пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст. "Табари тез"-и ҳақиқати илмиро, ки принсипи асосии он ҳаракат аз надонистан ба донистанҳост, чунин "намад" мувоҷеҳ ба кундӣ мекунад.

Меъёри асосии имтиҳони ҳақиқати илмӣ – таҷриба, амали инсонӣ аст. Дар айни ҳол, раванди миллатофаринӣ ва давлатсозии тоҷикон дар назар дошта мешавад.

Муҳимтарин вазифаи мантиқ – муайян кардани муносибати тафаккури инсон ба воқеият, ба ҳақиқат мебошад. Дар баробари ҳақиқати илмӣ системаи таъмини амнияти миллӣ кизб, дурўғ таҳрифи воқеияти таърихиро ҷиддан мадди назар мегирад. Кўшиш мекунад субъекти аслӣ ва мақсаднокии таҳрифи таҷрибаи гузашта ва воқеияти имрўзаро муайян кунад. Махсусан, агар он ҳодисот мансуб ба таъмини амнияти миллӣ бошад. Илм дар ин самт корро осон мекунад. Чунки тафсир ва бо далелҳо собит кардани дурўғ аз муҳимтарин вазифаҳои илм аст. "Дурўғ метавонад, воқеаи фикр карда баровардашудае бошад, ки вуҷуд надоштааст. Ҳамчунон, бошуурона пинҳон кардани он чизе аст, ки вуҷуд дошт" (Н.И. Кондаков. Логический словарь – справочник. - М.: Наука, 1975. - С. 321). Аз тарафи дигар, аз ин ҷиҳат баҳо додан ва ошкор кардани "фаъолияти" ононе, ки ба китобҳои муқаддас савганд мехўранд, осонтар мегардад.

Баҳодиҳӣ, хулосабарорӣ, муайян кардани муносибат ба рўйдодҳои олам, рафтор ва амали Инсон баробар ба дониш, таҷриба ва малакаи ўст. На бештар аз он.

Таҳлили "нутқи хаттӣ ва даҳонӣ"-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити элекронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе "доди ватанхоҳӣ" мезананд, мисоли ҳамин тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд. Мехоҳанд ба ҳар қимате ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд. Чуноне ки боре кардаанд. Аммо пуштибонон, басаҳнагузорандагон, коргардонони онҳо доноанд. Барои манфиатҳои худашон. Устодона, ҳадафмандона, тахассусмандона кор мекунанд, ки нияти хешро тавассути "ватандорон" амалӣ кунанд. Нақшаҳои террористиро ҳам. Аз лиҳози илмӣ, дар чунин ҳолат субъекти фаъол - дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит - ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат - сарфи раҳгумзадагон; сабаб - каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рўҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурўягӣ, адами масъулият назди Ватану Миллат; оқибат - эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллӣ.

Дар таърихи миллатҳо ин таҷриба (формула, нақша, монандиҳо) миллионҳо бор такрор шудааст. Дар дидгоҳи зикргардида ягон чизи нав нест. "Ҳар миллат ҳамон қадар хушбахт аст, ки ба он мувофиқ ва сазовор бошад. Меъмори тақдири миллат, худи миллат аст" (А. Линколн, президенти ИМА, солҳои 1860-1865). Онон, ки ба дасти бегонагон об мерезанд, донанд, ки "дур аст сари об аз ин бодия, ҳуш дор, то ғўли биёбон нафиребад ба саробат" (Ҳофиз).

Ҳамзамон, дар муқобили тахрибкории бадхоҳони миллат, воқеияти дохили мамлакатро низ бояд мадди назар гирифт. Намунаҳои ҳақиқатан ватандўстона ва миллатпарастонаи онро минбаъд ҳам қувват бахшид. Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб - оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард.

Маълум аст, ки ин категория (сабаб - оқибат) дар давраи муайяни таърихӣ воқеиятро инъикос мекунад. Натиҷаи омилҳои ҳалкунандаро ба намоиш мегузорад. Нақши фаъоли инсонро дар ҳалли мушкилоти бамиёномада нишон медиҳад. Барои мисол, яке аз сабабҳои аслии барқосо хунсо кардани гурўҳи террористии Назарзода (воқеаҳои 04-уми сентябри соли 2015), рўҳияи баланди ватандўстонаи кормандони сохторҳои махсус, ҳамчунон сарбозони одии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Омили ниҳоят муҳим, рафтори ватанпарастонаи аҳолии ноҳияҳои атрофи пойтахти кишвар маҳсуб мегардад, ки ба по хестанд. Бидуни силоҳ аз меҳани худ ҳимоят карданд. Шахсан ҷинояткорони даргурезро кофтуков, дастгир ва ба ҳукумат таслим намуданд. Дар ин ҳолат категорияи сабаб ва оқибат тавассути қонуниятҳои шаклгирифтаистодаи раванди миллатсозӣ ва давлатсозӣ дар Ватани азизи мо хубтар шинохта мешавад.

Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, чунин далериву шуҷоати мардуми одӣ, зуҳуроти қонунияти таърихӣ - баёнгари орзуи миллат барои ҳифзи истиқлолият, дар шакли пешгирии аъмоли дастае буд, ки аз ҷониби аҷнабиён пуштибонӣ мегашт. "Моҳияти масъала - як шудани манфиати амнияти давлатӣ бо амнияти миллӣ мебошад" (М. Давлатов).

Дар пайвастагӣ бо ҳамин мисол, фикри олими бузург, ки зикраш дар оғози ин қисмати мақола рафт, муҳим ба назар мерасад: «Ҳақиқат, яъне расидан ба воқеият то дараҷаи аслияти он аст». Агар касе муносибати миллати тоҷикро нисбат ба мафҳумҳои «Ватан», «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ» мехоҳад фаҳмад, мисоли боло ҳамагӣ як далели исботи он аст.

Илм: информатсия ва амният

Яке аз мафҳумҳое, ки аз дунёи қадим то ба имрўз моҳияти семантикии он тағйир наёфтааст, "информатсия" мебошад. Он аз калимаи infoқmatio-и лотинӣ гирифта шудааст. Тўли зиёда аз ду ҳазор сол ба маънои шарҳ, тафсир, фаҳмонидан истифода мегардад. Дар маъруфтарин луғати тафсирии С. Оҷегов низ, ки дар замони мо чандин маротиба бознашр шудааст, ба ҳамин маъно истифода бурдани ин истилоҳ тасдиқ мегардад.

Дар тамоми соҳа информатсия ҷузъи ҳаётан муҳимми фаъолият ба ҳисоб меравад. Ҳарф сари маълумоти ба талаботи иҷтимоӣ посухгўянда аст. Ҳангоми истифодаи истилоҳи "информатсия" ("маълумот", на "хабар"), маҳз ҳамин талабот ба инобат гирифта мешавад.

Асоси фаъолияти илмиро низ маълумот дар бар мегирад.

Маълум аст, ки метод ва методологияи гирифтани маълумоти илмӣ хусусиятҳои универсалӣ ва соҳавӣ доранд. Хусусиятҳои умумии метод - тарз, роҳ, усул ва воситаҳои тадқиқоти илмӣ - расидан ба ҳақиқати илмӣ, ки аз "субъект, инсон ва инсоният вобастагӣ надошта бошад", шарти муҳим нисбат ба маълумоти илмӣ аст.

Маъруфтарин олим - файласуф, иқтисоддон, таҳлилгар ва назариётчии асри ХIХ, ки таълимоти ў ба раванди тафаккури инсоният таъсири бевосита расонидааст, таъкид месозад: "На танҳо натиҷаи тадқиқот, балки роҳе, ки ба он мебарад, бояд ҳақиқӣ бошад. Тадқиқоти ҳақиқат худаш бояд ҳақиқӣ бошад".

Агар сухан дар бораи маълумот ба ҳар маъное, ки равад ва мақсад аз он дар ҷараёни муносибатҳои ҷамъиятӣ - илм, фаъолияти иҷтимоӣ, фаврӣ, тафтишотӣ таъсиргузорӣ бошад, меъёри аслӣ набояд камтар аз ҳамин талабот (ҳақиқӣ будан) дар назар дошта шавад.

Маълумот (информатсия) вазъро инъикос мекунад. Ҳолати субъектро дар муҳити атроф муайян месозад. Ҷобаҷогузории объекти омўзиш, ҳолати материалӣ, физикӣ ва табиии онро дар маъраз мегузорад. Барои таҳлили вазъ хулосаи баробар ба воқеиятро муҳайё мекунад. Барои қабули қарори дуруст шароит фароҳам меорад.

Вобаста ба пайдарҳамии истифодаи маълумот, дар илм ҳам онро ба ду қисмат ҷудо мекунанд: рўзмарра – он чизе, ки ҳамакнун, имрўз бояд мавриди истифода қарор бигирад. Дуюм, захиравӣ – маълумоте, ки амалӣ кардани он ниёз ба вақт, соат ва лаҳзаи муносиб дорад.

Дар мавриди муносибат ба сарчашмаи иттилооте, ки барои илм хизмат мекунад, академик И.Д. Ковалченко менависад: "Дар маркази диққат масъалаи моҳияти сарчашмаҳо, ҳамчун дорандаи маълумот... оид ба табиати иҷтимоӣ, имконоти информативии он, муносиботи объективӣ ва субъективӣ, баробарвазн будани маълумот ба воқеият... коркард ва таҳлили он сухан меравад" (И. Д. Ковальченко. Методы исторического исследования. М.: Наука, 1996. - С. 121).

Дар бораи назарияи маълумот баҳсҳо идома доранд. Аммо қонуниятҳо ва хусусиятҳои аслии он то ҳадди имкон муайян шудаанд. Асоси маълумотро назарияи инъикос ташкил медиҳад. Тибқи он, шуури инсон ба тарзи субъективӣ реалияти объективиро таҷассум менамояд. Дар ҳамин асос, муносиботи хешро ба табиат, ҷамъият, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ғайра мушаххас месозад. Бо ангезаи дақиқ, бошуурона ва ё бешуурона аз худ амалҳое содир менамояд, ки дар замон ва макони муайян ба вуқўъ мепайвандад. Аз рафтори худ нишона боқӣ мемонад. "Ҳамин тариқ, информатсия гуфта, натиҷаи хусусияти материяро оид ба инъикоси як объект бар объекти дигар дар шаклҳои тағйирёфта ва ҳамчун натиҷаи муносибот номидан мумкин аст" (Ҳамон ҷо, с. 121).

Муаллифи ин сатрҳо мушкили дарки мафҳумоти зикргардидаро аз ҷониби хонандае, ки ба масъала зиёд ошно нест, эҳсос мекунад. Ба тарзи дигар, иброз кардани матлаб боз ҳам нофаҳмотар ба назар мерасад. Аммокўшиши одии тафсири истилоҳи "информатсия" аз он иборат аст, ки маълумот натиҷаи амали фаъол ё ғайрифаъол (айни замон инсон) мебошад, ки ҳангоми бархўрд, муносибат бо дигар предмет (шахс, ҷамъият, табиат) зуҳур меёбад. Ҳамин тариқ, маълумот муҳимтарин ҷузъи фаъолияти инсонро дар бар мегирад. Ҳамзамон, хотиррасон бояд кард: маълумоте, ки ба талаботи иҷтимоӣ посухгў аст, асос барои самтгирӣ, қабули қарор, танзими система, структура ва таъмини функсияҳои муайян сабаб мегардад, дар чаҳорчўби "информатсия" мадди назар гирифта мешавад.

Маҳз ба ҳамин хотир, талабот ба информатсия як чизи одӣ дар дараҷаи фаҳм ва муносибати омиёна буда наметавонад.

Маълумот қудрати майнаи инсонро оиди аз ахбори дар муҳити мавҷудбуда гирифта тавонистани чизе, ки номуайяниҳоро аз байн бибарад, дар назар дорад (К. Шеннон. "Назарияи математикии алоқа", соли 1946).

Он чизе, ки дар дараҷаи аввалия аст, ниёзи ҷиддӣ ба бозсанҷӣ дорад, ҳамзамон шубҳа, номуайяниҳоро тавлид мекунад, хабар ном дорад. На информатсия. Онро наметавон "маълумот - донисташуда, мафҳум; аён, ошкор" (Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ), ҷилди 1. - М.: Советская энсиклопедия, 1969. - С. 664) номид. Олими номбурда ишора ба он мекунад, ки хабар дар фазо, дар муҳит зиёд аст. Ҷамъ кардани он ҳунар нест. Ақли зиёдро ҳам талаб намекунад. К. Шеннон онро "The tongue and ear's gymnastics and opposite" (гимнастикаи забону гўш ва баръакс) ном мебарад. Маҳз ба хотири ифодаи номуайянии хабар, ки онро бо синонимҳои вазнинтар метавон ном бурд, истилоҳи "энтропия" қабул гаштааст. Барои мисол, агар доштани маълумот дар доираи "эҳтимолият" баробар ба 1 бошад, коэффитсиенти ростӣ (ҳақиқат) дар доираи "энтропия" ба 0 баробар аст.

Аз нигоҳи назарияи илмӣ "хабар" аз "маълумот" ба тарзи принсипиалӣ фарқ мекунад. Барои он ки "Роҳбарӣ кардан, истифода бурдани маълумот (информатсия)-ро дар назар дорад", на хабарро (ниг.: Н.И.Кондаков. Логический словарь – справочник. - М.: Наука, 1975. - С. 211).

Аммо таъмини амнияти миллӣ байни ҳама донистанҳо (донишҳо), қатъан ба тасаввурот, донишҳои илмӣ ниёз дорад. На ба дониш, назария ва тасаввуроти дигар.

Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷўии бедалели хатарнок, хурофот гашт. Аммо на ба таъмини амнияти миллӣ. Масъулиятнокӣ нисбати маълумоти касбӣ (информатсионӣ), бояд корманди амнияти миллиро аз ашхос ва амалҳое, ки тибқи меъёрҳои дар қонун нишондодашуда мавриди таваҷҷуҳи ў қарор мегиранд, фарқ кунонад.

Модоме ки ҷавҳари фаъолиятро дар ин самт таъмини амнияти давлати миллӣ ташкил мекунад, тасаввурот бояд зиёдтар аз дараҷаи фаҳми масъалаҳои фаврӣ ва ҳуқуқӣ бошад. Донишҳои илмӣ дар ин самт ҷое оғоз мешаванд, ки дар маҷмўи далел, равандҳои ба амнияти миллӣ хатарнок, дар миқёси миллӣ, минтақавӣ ва олам қонуниятҳои шаклгирии таҳдидҳо муайян ва дар чаҳорчўби се ҷузъиёти номбаршуда хулосаҳои дақиқ бароварда шаванд. Дар ин асос, кўшиши пешгўӣ ва муҳимтар аз ҳама, пешгирии хатарҳо таъйин гардад. Зеро дар системаи таъмини амнияти миллӣ ин се раванд наметавонанд ҷудо аз якдигар бошанд.

Хусусияти фарқкунандаи ҳама гуна донишҳои илмӣ, аз ҷумла оид ба таъмини амнияти миллӣ, аз назарияе иборат аст, ки тибқи он консепсия, роҳ, усул ва ахиран эътиқоди таъмини амният то кадом андоза ҷанбаи амалӣ дорад. Яъне раванд, хатар ё таҳдидҳое, ки миллат аз онҳо бояд ҳифз карда шавад, дар таърихи миллат буданд ё не? Онҳо дар гузашта ва шароити муосир, дар тақдири давлатдории мо ва ба ҳамин монанд зуҳурот дар дигар мамлакатҳои мусулмоннишин чӣ нақше бозиданд? Аниқтараш чӣ фоҷиае ба бор оварданд?

Бояд ба инобат гирифт, ки андеша, фикрронӣ, назария ва дарки ҳастӣ дар шаклгирии маълумоти илмӣ ҷузъиёти муҳим ҳастанд. Назарияе, ки дар равандҳои муҳимми таъмини амнияти миллӣ дар таҷриба санҷида шуда, маҳз тавассути он миллат ба сулҳу субот ва кишвар ба рушду нумў расидааст, на танҳо маълумоти илмӣ, балки мояи ифтихор ва ҳимояи он сазовор ба ҷоннисориҳост.

Геополитика: манфиат ва амният

Муҳимтарин вазифаи илм тавассути инфрасохтори махсус - назария, таҳлили таҷриба, озмоиш, бозсанҷиҳо ва истифодаи дурусти истилоҳот, расидан ба дарки моҳияти масъала мебошад. Дигар роҳи гирифтани маълумоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ аз имкон берун аст.

Категорияҳои фалсафие, ки дар ин ҷода - шинохти асли масъала, махсусан, дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба кор меояд, "моҳият ва зуҳурот" аст. Он на танҳо барои мутахассисони соҳаи илм, кормандони самтҳои идеологӣ, таълиму тарбия, балки барои ҳар нафаре мехоҳад фаҳмад, ки ҳама гуна шиорҳо, даъватҳо, гуфторҳо, рафторҳо, тафсири ин ё он масъала, сарфи назар аз "намуди зоҳирӣ", "рангу бор", ҷолиб будан, чӣ маъно дорад, манфиати кадом гурўҳро ҳимоя мекунад, ниҳоят муҳим аст. Ҳатто барои нафароне, ки дар муқобили Ватани ачдодӣ ва манфиатҳои миллии хеш, худро дар ҳар қолаб ба намоиш гузоштанианд.

Тафсири пурраи категорияҳои номбурда вазифаи ин мақола нест. Фақат ёдовар шуданӣ ҳастем, ки моҳиятро дарк кардан - расидан ба умқи масъала, ба асл, ба ҷавҳар, ба решаи масъала аст.

"Аммо то вақте ки инсон ба ақидаи шахшудамондааш эътиқод дорад, дар ниҳодаш бо ҳамон афкори фарсуда мемонад. Ислоҳнопазирии эшон моҳиятан ногузир хоҳад буд" (Л. Фейербах. История философии. т. 3. - М., 1967, с. 81).

Вазъи имрўзаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, сулҳу суботи Тоҷикистон -воқеият аст. Барои имрўз. Барои таърих. Онро инкор кардан мумкин нест. "Имрўза (ҳоло, ҳозир, айни замон - С.Я.) "моҳият" - ҷавҳари ҳақиқат аст" (Л. Фейербах. История философии. т. 3. - М., 1967, с. 146).

Ин воқеият, сарфи назар аз баъзе норасоиҳои объективӣ, дар вазъи ниҳоят мушкил ва ҳассоси таърихӣ, геополитикӣ, боиси ифтихор аст. Моҳият ҳамин аст. Инъикос ва тафсири чунин воқеият дар майнаи инсон вобаста ба дараҷаи фаҳм, идрок, донишҳо, таҷриба, масъулият, инсоф ва албатта, сифати шахсияти ўст. Дар ҳар шакл вокунишҳо бевосита нисбат ба моҳият (воқеият), зуҳурот ном дорад.

Масъала ниҳоят доманадор аст. Лекин барои ҳарчи кўтоҳ кардани сухан дар доираи дарки пурраи "моҳият ва зуҳурот" ин нуктаро хотирнишон бояд сохт: истилоҳоти "ҷиҳод", "мубориза ба хотири исломи ноб", "сохтани давлати исломӣ", "шаҳид гаштан дар роҳи ислом", "мубориза бо куффор", "пуштибонӣ аз ислом дар рўи олам" ва монанди инҳо, ки имрўз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. Зеро "дар доираи дин, ислом муъҷизаи осмонӣ, фавқуттабиӣ аст. Диёнат аст. Имон аст. Боварӣ ва ихлоси маънавию рўҳонӣ аст. Дар доираи сиёсат - ислом олот, васила, роҳу усул ва воситаи сиёсат аст" (М. Давлатов).Аз ин ваҷҳ, исломба манфиати на уммати мусулмон, балки барои гурўҳе, ҳизбе, ки ба ҷавҳари он бегона аст, хизмат мекунад. Дар чаҳорчўби нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷўёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррўза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардумони он кишвар. Аз ҳамин лиҳоз, гоҳо бояд ба инобат гирифт, ки "Рафтори ғулом на ҳама вақт рафтори худи ғулом аст" (Г. Лихтенберг). Маҷаллаи "Шпигел"-и Олмон дар як таҳлили воқеъбинона вобаста ба ҷавонони мусулмон менависад: "Аҷаб қавмеанд монанд ба соат. Онҳоро пур мекунанд. Рафтан мегиранд. Ва намедонанд: барои чӣ?".

Аз лиҳози илмӣ ин чӣ падида аст?

Ин зуҳурот ба назари мо чизи одӣ аст. Ба шарте сабр ва аз ҳама муҳим, майл ва тавони фаҳмидани он бошад. Бояд донист, ки кураи замин аз давлатҳои хурд ва бузург иборат аст. Назарияи антропоморфизм вуҷуд дорад. Тибқи он давлат ҳамчун организми зинда тасаввур карда мешавад. Ҳамчун мавҷудоти биологӣ. Ҳамчун инсон. Давлат "шахси соҳиби шуур" дар рўи замин мебошад, рафторҳое аз худ ба намоиш мегузорад, ки дар ин асос тарҳрезӣ ва роҳандозӣ карда мешавад (Аристотел). Вобаста ба вазн, қувва, иқтидор, тавоноии интеллектуалӣ ва физикӣ амал мекунад. "Ба одам деҳ ҳама он чизеро, ки ў мехоҳад. Ҳамон дақиқа ў ҳис мекунад, ки ин ҳама чиз, ҳанўз на ҳама чиз аст" (И. Кант).Яъне иҷроиши як талабот, ҳамзамон, талаботи дигарро тавлид мекунад. Ин ҷараён охир надорад. Ва чунин аст талаботи инсон. Чунин аст талаботи давлат. Дар доираи манфиатҳои геополитикӣ (муносибати сиёсӣ ба сиёсати хориҷӣ, ки рафторҳои сиёсӣ ва имконоти ҳарбиро дар муҳити физикӣ пешгўӣ мекунад ва тафсир менамояд" (J.C. Plano, R. Olton. The International Dictionary. - California, 1982. - Р. 98), тавре таъкид гардид, ин амал сифати абадиро касб кардааст.

Қувваҳои бузурги истеҳсолкунанда, ки тавоноии моддӣ ва молии ҷаҳон мансуби онҳост (дар назар аст қудратҳои ҷаҳонӣ ва бо ном минтақавӣ), ҳамзамон тарроҳ, муаллиф ва таҳиякунандаи системаи муайяни идеологии (ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ, шинохти олам бо айнаки онон сохташуда) дунё мебошанд. Онҳо ин "ҳақ"-ро доранд. Додани ҳуқуқ ҳам моли онҳост. Чунки сохтани идеологияи идора кардани равандҳои геполитикӣ ва амалӣ кардани он - дар майнаи мардуми олам ҷой карда тавонистани ақл, донишҳои илмӣ (на дигар), касбият, технологияи электронӣ, ҳарбӣ ва ғайраро тақозо мекунад. Кишварҳои мусулмоннишин, мутаассифона, ин қудратро надоранд. Баъзе аз онон кўшиши даступоҷунбонӣ ҳам, ки кунанд, дараҷаи муайянкунандагиро касб накардаанд. Аз ҳамин лиҳоз, "Лашкари Тайиба", "Ҷайши Муҳаммад", "Ҷундуллоҳ", "Ал-Қоида", "ҲИЎ", "ДОИШ", "Ансоруллоҳ", "ҲНИТ", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ҳизб-ут-Таҳрир", "Қодирия", "Акрамия", "Салафия", "Ваҳҳобия" ва ба ин монанд ҳизбу ҳаракатҳои террористиро тавлид кунонидаанд. Фаъолони ин ҳизбу ҳаракатҳо, ки хеле омиёна, содалавҳона аз даричаи интернет намуди манфури инсониро ба оламиён ба намоиш гузоштаанд, баъзеи онҳо ким-чӣ гуфтанӣ ва ким-чӣ навиштанӣ ҳам мешаванд, танҳо нафратро не, балки афсўс, надомат, эҳсоси ҳақирӣ, нотавонии ақлӣ, касодии маънавӣ, донишу тасаввуроти одиву омӣ нисбати дарки маънии ҳастӣ - ватандорӣ, давлатсозӣ ва давлатдориро аз худ асар мегузоранд. Аз ҳамин лиҳоз аст: "ҳар он ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад" (Ҳофиз).

Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъмини амнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешаванд. Ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи таъмини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд. Гумон намеравад, ки ин тезис зиёд нофаҳмо бошад. Зеро "ҳақиқати абстрактӣ вуҷуд надорад. Ҳақиқат ҳама вақт мушаххас аст" (Г.Ф. Гегел).

Барои илм раванд, падида ва структураи ин қабил шахсиятҳо объекти истеҳзо буда наметавонад. Онҳо ниёз ба таҳқиқ, омўзиш, сабабмуайянкунӣ ва тасмимгирӣ ба манфиати ояндабинию солимгардонии ҷомеаро доранд.

Илм: адабиёт ва амният

Илмро бо адабиёт як донистан мумкин нест. Аммо муқобил гузоштани ин ду шакли ҷаҳонбинӣ ҳам ба ҳақиқат дуруст намеояд. Агар илм тавассути истилоҳот, мафҳумҳо воқеиятро инъикос кунад, адабиёт онро тавассути образҳо таҷассум менамояд.

Ҳодисаҳое, ки дар шароити кунунӣ вобаста ба вазъияти таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат рух медиҳанд, бо метод ва методологияи илмӣ ба пуррагӣ мавриди тадқиқ метавонанд қарор гиранд. Аммо илм фазоеро, ки хулосаи чунин маълумот ба мақсадҳои амалии худ ба таври басанда кор кунад ва натиҷаи мавриди назарро ба бор орад, таъмин карда наметавонад. Фаҳми истилоҳот, мафҳум ва назарияҳои илмӣ ба субъект - объектҳои фаъоле, ки ҳамчун воситаи нигаронӣ дар таъмини амнияти миллӣ ҳастанд, дар аксари вақт, ниҳоят душвор ва номумкин мебошад. Аз тарафи дигар, натиҷаи тадқиқоти илмӣ дар шакли назария ба ин ашхос нигаронида ҳам нашудааст.

Илм хосияти системаофаринӣ дорад. Аз натиҷаҳои дақиқи тадқиқоти илмӣ ҳар як ҷузъи системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, дар вобастагӣ ба салоҳият, функсия ва вазифаҳояш истифода мекунад. Адабиёт муҳимтарин ҷузъи ин система мебошад. Трансформатсияи (табдили) тадқиқоти илмӣ, ошкор кардани сабаб ва оқибат, моҳият ва зуҳуроте, ки таъмини амнияти миллиро зери хатар мебарад, зарур аст, тавассути инфрасохтори бадеӣ - одӣ, фаҳмо бо образҳо, ҷузъиёти марбути эмотсионалӣ ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ фаҳмонида шавад. Дар ин раванд қудрати каломи бадеӣ дар офаридани ҳар гуна асари одӣ (нақшавӣ, барои ҳисоботдиҳӣ) нест. Он бояд равиши ниҳоят мушкили давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навинро давра ба давра таҷассум карда тавонад. Образҳои қаҳрамонон - хирадмандӣ, корнамоӣ, ҷавонмардӣ, хислатҳои олии инсонпарварона, миллатдўстӣ ва ватанпарастии онон дараҷаи ғоявию эстетикии асарҳои бадеиро ташкил кунад. Ҳамзамон барои ҳаматарафа нишон додани қаҳрамонони мусбат, тарафҳои манфӣ - сабаб ва натиҷаҳои аъмоли ашхосеро, ки роҳи созандаи ҳаёти имрўзаро сарфи назар мекунанд, муваффақиятҳои бузурги давлати миллии моро дар кўтоҳтарин давраи таърихӣ нодида мегиранд, ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм рў овардаанд, ба номи давлат ва миллат иснод меоранд, ошкор созанд.

Бузургии тафаккури бадеӣ дар тавони дидани воқеоти реалӣ, ҳодисаҳо, равандҳои ҷомеа дар маҷмўъ, ягонагӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мебошад. Он чизеро, ки дар ифода карданаш илм мувоҷеҳ бо мушкилот мегардад, сухани бадеӣ хеле сода, одӣ, ба таври оммафаҳм, заминӣ ифода мекунад. Яъне, барои таъмини мақсадҳои амнияти миллӣ аз беҳтарин воситаҳост. Аммо ин кори осон нест. Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда)-ро ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст, ў масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад. Асари ў аз таҷрибаи дар тарозуи эҳсоси масъулият ва воқеият санҷидашуда сарчашма бигирад.

Маълум аст, ки мубориза барои расидан ба истиқлолият ками дар кам таърихи сеҳазорсола дорад. Бузургтарин Шахсияти даҳ асри ахири Миллати Тоҷик ин ормонро бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии бемисл, азхудгузаштанҳо, хирадмандӣ, солорӣ тавонист амалӣ созад. Миллатро сарҷамъ намояд. Давлатро бунёд ва Тоҷиконро бо сари баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Эҷодиёти бадеӣ дар як амалиёти фикрӣ метавонад хеле осон сайри таърихӣ анҷом диҳад. Воқеияти имрўзро тасвир созад. Ояндаро пешгўӣ кунад. Ҳидоят намояд. Ҳушдор диҳад.

Ба назар мерасад, ки адабиётшиносӣ имкон дорад, мисли замони гузашта аз ганҷинаи адабиёти классикии тоҷик барои таҳкими давлатдории миллӣ ва амнияти миллӣ тахассусмандона, бо масъулияти бузурги рукнҳои конститутсионӣ истифода кунад. Аҷдодони бузурги миллати тоҷик Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абўалӣ Сино, Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва бисёри дигар адибон ва донишмандон дар фаҳми илмии воқеият, тарғиби хирад, дониш, таҷрибаи инсонӣ, мубориза ба муқобили хурофотпарастӣ хизмати бебаҳо кардаанд. Онҳо равшангароии миллатро аз асосҳои муҳимтарини ҳаёти худ донистаанд. Дар ин бобат зарур аст, таҷрибаи пешини ба мо маълум (се принсипи реализм) дар мувофиқ кунонидан ба манфиатҳои миллӣ истифода гардад. Осори классикони адабиёти тоҷик ба бисёре аз дардҳои рўзмарра марҳам шуда метавонанд.

Дараҷаи таъмини амнияти миллӣ бо тамоми роҳу восита наздик гаштан ба илм, маориф, фаҳми воқеии равандҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бе адабиёт расидан ба ин мақсад номумкин аст.

Хулоса

Система, структура ва функсияҳои таъмини амнияти давлатӣ ҳамон вақт метавонад вазифаҳои худро дар чаҳорчўби қонунҳои амалкунанда муваффақона таъмин созад, ки ба илм, маърифат тавассути қатъиян ба инобат гирифтани қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккури инсонӣ муносибат намояд. Агар дар тамоми соҳа (сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф ва ғайра) доштани маълумот муҳимтарин ҷузъи фаъолият бошад, барои таъмини амнияти давлат, шахс ва ҷомеа ин қисмат ҳаётан муҳим маҳсуб мегардад. Гирифтани маълумоти касбии аҳамияти иҷтимоидошта ҳаваскорӣ (тавре ки хотиррасон гардид, гимнастикаи забону гўш ва баръакс) нест. Масъулияти қонунӣ, меъёрӣ - ҳуқуқӣ, касбӣ ва махсусан ахлоқиву маънавӣ аст. Агар илмӣ ҳам набошад, дар ҳамин асос бояд ташкил, роҳандозӣ ва баҳогузорӣ карда шавад.

Ҳамчунон, субъект, раванд ва фактҳое, ки тибқи салоҳдид мадди назар гирифта мешаванд, ба таҷзия, таҳлил, муқоиса, бозсанҷӣ ва арзёбии ҷиддӣ ниёз доранд. Муайян кардани генезис, этиология, омил ва сабабҳои воқеот ба хотири бартараф ва пешгирӣ намудани онон аз шартҳои асосии фаъолият мебошанд.

Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи мусобиқаи интеллектуалӣ байни сохторҳои ин муассиса бо террористҳо, гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, объектҳои таҳти назар муайянкардаи қонун нест. Роҳ, метод, усул ва шаклҳои мубориза бо онҳо маълуманд. Аммо ба истифодаи истилоҳи "мусобиқа" бо сохтор арзиш надоранд. Ин мусобиқа, қувваозмоӣ байни органҳои таъмини амнияти миллӣ ва бозигарони пуштипардагии онон дар ҳар сатҳе, ки бошад ва иштироки фаъолонаро дар ҷараёни аз байн бурдани омилҳое, ки зуҳуроти терроризм, экстремизм, фаъолияти гурўҳҳои муташаккили ҷиноятиро моҳиятан тавлид, ташкил ва роҳандозӣ мекунанд, дар назар дорад. Донишҳои илмӣ дар ин роҳ, тавони сифат ва самараи корро мушаххас ва муайян мекунанд. Ҳамзамон, таъкид бояд кард, ки ҷавҳари аслии қудрати таъмини амнияти давлати миллӣ мансуб ба фаҳм, дониш ва масъулияти бузурги мардуми сарзамини обод, осуда ва биҳиштосои мост.

С. ЯТИМОВ
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №107 (23188)
аз 30-юми майи соли 2017

Читать далее

Пардохти ҳаққи истифодаи барқ беҳбудӣ мехоҳад!

Шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент зиёда аз 49 ҳазору 718 муштарӣ, яъне истеъмолкунандаи қувваи барқ дорад, ки аз ин 46 ҳазору 447 нафар муштариёни маишии аҳолӣ мебошанд, - гуфт зимни сўҳбат Шариф Файзиев, – муовини сардори шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент оид ба фурўши барқ. Ҳамчунин, ў афзуд, ки дар чор моҳи соли равон қарзи умумии истифодабарандагони нерўи барқ 3 миллиону 474 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарзи аҳолӣ 1 миллиону 736 ҳазор сомонӣ мебошад. Қарздорони асосӣ ин сохторҳои буҷавии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мебошанд, ки дар ин давра қарзи онҳо ба 1-уми майи соли равон зиёда аз 205 ҳазор сомонӣ ва буҷаи маҳаллӣ бошад, ба беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расидааст.

Яке аз истифодабарандагони калонтарини нерўи барқ Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр буда, қарзи он дар назди шабака зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ аст.

Ба ин нигоҳ накарда, шабакаҳои барқӣ дар чор моҳи соли 2017 ба маблағи 27 миллиону 607 ҳазор сомонӣ нерўи барқ истифода намуда, нақшаи иҷрои ҷамъовариро ба маблағи 27 ҳазору 849 сомонӣ расониданд, ки ин 100,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

-Аз тарафи кормандону масъулини шабакаҳои барқи шаҳр ҳамарўза бобати рўёнидани қарзҳои боқимонда корбарӣ шуда, дар байни аҳолӣ ва дигар истифодабарандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем, - гуфт Ш.Файзиев.

Яке аз муаммоҳои асосии шабакаҳои барқии шаҳр бисёр кўҳнаву фарсуда шудани хатти барқии 110 ҳазор кВт Айнӣ – Панҷакент мебошад. Тавоноие, ки шабакаҳои барқии шаҳр дорад, хатти барқи мазкур қаноатманд карда наметавонад. Бино ба гуфти масъулин рўз аз рўз сафи муштариёни барқ корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр рў ба афзоиш доранд. Яке аз калонтарин истифодабарандаи қувваи барқ ин корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад, ки сол аз сол иқтидораш зиёд шуда истодааст ва шабакаҳои барқии мо иқтидори пурра қонеъ намудани талаботи онҳоро надорад.

 Аз ин сабаб, шиддатнокии барқи муштариёнамон дар вақтҳои сарборӣ, бисёр паст мегардад. Ҳисобкунакҳои барқӣ бошад, ба таври бояду шояд кор намекунанд, аз ин сабаб талафоти нерўи барқ зиёд мегардад.

- Оид ба ин муаммо мо ба Ҳукумати кишвар ва Ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат намудем ва хушбахтона, имрўз бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолии шаҳри Панҷакент ва қисман ноҳияи Айнӣ ба нерўи барқ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол инҷониб корҳо дар хатти барқии 220-кВт Айнӣ-Панҷакент идома доранд, мегўяд Ш.Файзиев.

Бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин як хатти барқӣ воқеан ин орзуи деринаи аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент буд, ки имрўзҳо дар арафаи анҷомёбист. Масъулин иброз медоранд, ки бо бунёди чунин як лоиҳаи бузург, яъне мавриди истифода қарор додани ин хатти барқии баландшиддат муаммоҳо дар ин ҷода пурра роҳи ҳалли худро меёбанд. Агар аз нуқтаи назари иқтисодӣ нигарем, вақте хатти 220 кВт мавриди истифода қарор гирад, шаҳри Панҷакент воқеан ба як шаҳри саноатӣ табдил меёбад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо гранти Бонки Рушди Осиё ва Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо ба маблағи 22,9 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ, васлу насби сутунпояҳо моҳи апрели соли 2016 оғоз шуда, айни замон аз 244 пояи пешбинишуда дар 240 пояи хатҳои барқӣ корҳои бунёдии асосҳои оҳану бетонӣ (фундамент) ба анҷом расонида, то санаи 1-уми майи соли 2017-ум 172 пояи оҳанӣ насб гардидаанд.

Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи тоҷик” ва пудратчии он ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Чин мебошад. Дарозии умумии хатти ноқилҳо 95 километрро ташкил дода, дар назар аст моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад.

Лоиҳаи мазкур дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ амалӣ шуда, боиси беҳтар гардидани интиқоли нерўи барқ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

- Барои тезонидани васлу насби ин иншооти барқӣ мо, кормандони шабака бештар бо мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда истодаем, то ки пардохти сари вақти маблағи истифодаи нерўи барқро дар мўҳлаташ таъмин намоянд. Зеро маблағҳои аз ин манбаъ пайдошуда, барои таъмиру азнавсозии таҷҳизоти тавлиду интиқоли барқи шабака равона мегарданд, - иброз дошт Ш.Файзиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Читать далее

Рушди ҷомеа аз Ваҳдат аст

Рўз то рўз ободу зебо гаштани Ватани азизамро дида, аз тинҷиву осудагӣ ва озодии он шукрона мегўям. Ин ҳама неъмати бемисл аз Ваҳдати комил, сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва созиш ба амал омада, ба зиндагии мо ҳусну таровати тоза мебахшад. Бо дили гарму умеди нек, сари баланду нигоҳи тоза баҳри фардои шукуфон, сўи ояндаи дурахшон қадам гузошта, аз сидқи дил ба шогирдонам дарси хештаншиносӣ меомўзонам. Зеро, агар мулк ободу амну осуда бошад, рўзгори мо ҳам бе ягон камбудиву норасоӣ пеш меравад.

Ҳамеша дар Ватан будан барои ҳар як инсон гуворо асту лаззати дигар дорад, махсусан, дар он ҷое, ки одамонаш тинҷу осудаанд. Ваҳдат ин бевосита ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, миллатдўст будан аст.

Мо, омўзгорон, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳар соати дарсиамон каме бошад ҳам, аз мавзўи сулҳу Ваҳдат, худшиносию худогоҳии миллӣ, сиёсати давлатӣ, соҳибистиқлолӣ, пешравиву сохтмонҳои азим ҳарф зада бошем, зеро дар сурати баҳамоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ душворию монеаҳо паси сар мешаванд, кишвари азизамон ба пешравиву тараққиёт рў меорад. Ҳар боре мавзўи сулҳу Ваҳдат ва чӣ гуна ба даст овардани ин неъматро ба шогирдонам мегўям, мебинам, ки дар дили кўчаки онҳо низ шарорае аланга мезанад. Барои онҳо мавзўъ хеле аҷиб асту паиҳам аз таърихи пайдоиш ва чӣ гуна ба амал омадани он суолҳои аҷоиб медиҳанд ва дарк менамоянд, ки ҳаёт, орзуву армон, наҷоти давлату миллат, ҳастӣ ва рушди ҷомеа ҳама аз Ваҳдат аст.

Ҳамагон медонем, ки Ваҳдат бо кўшиш ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гардид, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар нафар, аз ҷумла, шогирдонам хурсандӣ, Ваҳдату сулҳ падидор аст ва аз хандаву нишоти онҳо рўҳи ман ҳам болида асту бо дили пур ва умеди тоза ба онҳо дарси муҳаббат аз Ваҳдат мегўям.

Мусаллама Сангинова,
омўзгор аз ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Санаи 24 май дар Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ, роҳбарият ва масъулини мақомоту шўъбаҳои мухталиф, аз ҷумла, намояндагони сохторҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанги вилоят, сардорони шўъба ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, сарварону кормандони беморхонаву Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим иштирок намуданд.

Исомаддин Саидаминзода-сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба мўҳтавои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки дар вилоят шумораи маъюбон агар дар соли 2010-ум 53 ҳазорро ташкил дода бошад, алҳол ба санаи 1 майи соли 2017 шумораи ин гурўҳи осебпазир 47 ҳазору 93 нафар мебошанд, ки нисбатан кам гардидааст.

Назира Fаффорӣ-муовини Раиси вилоят бобати рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳарф зада, аз фаъолияти раисону масъулини шаҳру навоҳии вилоят дар ин самт изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити истироҳативу фароғатӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ, ташхису муоинаи ройгон, саривақт дастрас намудани нафақаи маъюбӣ мусоидат намоянд.

Ҳамзамон дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар мўҳлатҳои муайяншуда ислоҳ намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 майи соли 2017, № 244

Дар бораи гузаронидани амалиёти “Кўкнор – 2017”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2017, № 6125 (31-6), бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрўй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон киштшуда, қарор мекунам: 

1. Дар давраи аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд дар ду марҳала амалиёти «Кўкнор-2017» гузаронида шавад.

2. Ҳайати Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кўкнор-2017» тасдиқ карда шавад.

3. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» камаш як маротиба дар ду моҳ ҷаласаи Ситоди корӣ гузаронида, ҳангоми зарурат баргузории ҷаласаҳои сайёри Ситоди корӣ дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи нашъамандӣ мураккаб арзёбӣ мегардад, ба нақша гирифта шавад.

4. Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва идораҳои маҳаллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситодҳои кории амалиёти «Кўкнор-2017» ташкил карда шаванд. То санаи 1 июни соли 2017 гурўҳҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати аз назар гузаронидани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои давлатӣ ва иҷоравӣ (сарфи назар аз шакли моликияташон) таъсис дода шаванд.

5. Хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти раёсату идораҳои дахлдори вилоят ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда шавад.

6. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати хадамоти гумрук дар вилоят то 20 майи соли 2017 нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» ва маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёрро ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян намоянд.

7. Баҳри пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷониби Шўроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъаовари шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ чорабиниҳои маҷмўии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шаванд.

8. Шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, идораи рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳоро, ки дар ҷараёни амалиёти «Кўкнор-2017» гузаронида мешаванд, дар воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

9. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, сардорони Ситодҳои кории шаҳру ноҳияҳо дар ду марҳала то 5 сентябр ва то 5 декабри соли 2017 оид ба чораҳои андешида дар ҷараёни амалиёти «Кўкнор-2016» ва аз фаъолияти худ, мутобиқи намунаи замимашуда ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

10. Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кўкнор-2017» аз натиҷаи марҳалаи якум то 10 сентябр ва марҳалаи дуюм то 10 декабри соли 2017 ба Раиси вилоят ва сардори Ситоди кории ҷумҳуриявии амалиёти «Кўкнор-2017» маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.

Читать далее

30 May 2017

Меъмори Тоҷикистони соҳибистиқлол

Таърих гувоҳ аст, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае ба сари қудрат омад, ки   миллати тоҷик дар иҳотаи  ҷанги хонумонсўз карор дошт. Ҷанги хонумонсӯз  боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллати тоҷик хатари нобуди таҳдид мекард.

Дар ин давра аксари сиёсатбозону сиёсатмадорон аз тундбоди ҷанги шаҳрвандӣ ҳарос доштанд ва аз масофа ба ҷараёни он тундбод менигаристанд. Интизор ва нигарони он буданд, ки «чӣ мешавад?» Зеро вазъ ниҳоят печидаву мураккаб буд ва барои аз чунин  ваъзият раҳо намудани миллат фурсатҳо кифоят намекарданд. Аммо тақдир ба миллати тоҷик саҳифаи хайрро боз намуд. Эмомалӣ Раҳмон чун наҷотбахши ин миллат дар роҳи бунёду таҳкиму ҳифзи якпорчагии ин сарзамини кўҳанбунёд бо ҷуръату боҷасорат қадам ниҳод. Ў кафили ҳастиву бақои давлатдории тоҷикон гашт. Дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон часурона роҳбарии давлатро ба ўҳда гирифт ва дар назди Парчам қасам ёд карда иброз намуд, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. ҳамин тавр, ҳам кард. Нақши ӯ дар рушди давлатдории милли хеле бузург аст. Давлатдории миллӣ ин пеш аз ҳама доштани забон, фарҳанг, дину ойин, марзу бум, Артиш, Нишону Парчам, иқтисодиёт ва амсоли он мебошад,   ки феълан он ҳамаро миллати тоҷик соҳиб мебошад. Ҷузъиёте ки ба мо аз давлатдории миллӣ гувоҳ медиҳанд, бешуморанд. ҳамин худ мояи ифтихор аст, ки садҳо кишвари ҷаҳон ҳастиву мавҷудияти миллату давлати моро бо расмият шинохтаанд. Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки даҳҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд, аммо миллияти онҳо, давлати онҳо ва ҳастии онҳо эътирофногашта боқӣ мондаанд. Зеро барои онҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ омили ваҳдатофаринӣ барои шаклгирии давлати миллӣ вуҷуд надошт. Таҷрибаҳои таърихӣ собит сохтаанд, ки дар давлатдории миллӣ дар ҳама давраҳо ваҳдату ҳамгироӣ нақши муассирро мебозанд. Имрўзи иродаи халқи тоҷикро сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати он ифода менамояд. Имрўз халқ бо иродаву озодии ботин тасмими сиёсии худро ифода намуда, дар қабули қарору қонунҳо бидуни фишору таъқиб мавқеи худро нишон додан мехоҳад. Имрўз тоҷик озодона аз наҷоду қавми худ ёд менамояд. Фарҳангу ойини худро муқаддас нигоҳ медорад. Аз он даврон то имрўз дар рушди давлатдорӣ  садҳо қадами устувор бо роҳнамоии пешвояш дар роҳи таҳкими давлатдорӣ анҷом дода шуд. Имрўз давлату ҳукумати кишвар бо давлатдории миллии худ дар паи амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии муҳими давлатӣ фаъолияти густурда мебаранд. Ин ҳама унсурҳои давлатсозии миллиро ба назар гирифта Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин мегўяд: «-Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо виҷагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».

Наслҳои амиқтару бештар қаҳрамонии ин абармардро эътироф хоҳанд кард. Зеро барои имрўз ҳар он чӣ лозим буд ў аллакай анҷом додааст. Сулҳ овард, фазо сохт, миллатро аз парешонӣ наҷот дод ва майдони амнеро барои халқ муҳайё намуд, то ҳар нафар чӣ қудрату ҳунаре дорад, барои ободии кошонаи худ ва кошонаи миллат сарф намояд. Талошҳои дигари ў ҳамагӣ барои наслҳои ояндаи миллатанд. Роҳҳо сохт ва месозад, НОБ-ҳо бунёд намуд ва менамояд, ҳазорон иншооти саноативу истеҳсолӣ ба кор даромад ва медароянд ва амсоли он қаҳрамониҳои ўянд, ки барои бақои миллати кўҳанбунёду наслҳои минбаъдаи тоҷик равона гаштаанд. Имрўз Тоҷикистон симои миллии худро ба ҷаҳониён ошкор кардааст. ҳамин аст, ки Парчами миллии мо чун шиносномаи миллат дар минбарҳо ҷилва дорад.

Атоулло АТОЕВ,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии
фалсафаи ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои фалсафа

Читать далее

Наҷотбахши имрӯзу фардои миллат

Миллати аз азал бофарҳанг ва озодандеши тоҷик дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ тафаккури созандагӣ ва эҳёгарии худро баҳри ободонии сарзамини аҷдодӣ, фароҳам овардани фазои солим ва ба ин васила устувор нигаҳ доштани иқтидори давлат ва зиндагии осоиштаи мардум дигаргун накардааст ва нахоҳад кард.

Зеро рафтори нек ва кирдори неки эзидӣ бо шири модари покзод ба ҷон омада, ҳаргиз намегузорад онро олуда созад. Ҷавҳари аз нури илоҳӣ ҷилобахш омили асосии ҳастии ҷони миллат то ба имрӯз гардид ва онро ба фардову фардоҳои дигар, то ҷовидониҳо хоҳад расонд. ҳеҷ аҳримансириште то ин замон пеши роҳи хиради инсонсози миллатро гирифта натавонист ва нахоҳад гирифт. Модари миллат ҳамеша гурдони ғаюри ҷоннисорро ба миллат тӯҳфа оварда, дар роҳи хештаншиносию худогоҳӣ, накӯиву некӯкорӣ, миллатдӯстию меҳанпарастӣ, биниши неки инсонӣ, муттаҳидию якпорчагӣ, озодию озодандешӣ ва созандагию ободгарӣ парварда ба камол расонидааст. Айнию Турсунзодаву Лоиқ ва дар асри навин бузургтарин фарди ваҳдатгаро ва ҷавшани номуси миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо ватанпарварони дигар посдор ва ҳомии суннатҳои волои миллат буданду мемонанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли зиёда аз 25 соли даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷик, тавонист ки дар муддати кӯтоҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ анҷом бахшида, тарафҳои ба ҳам муқобилро баҳри ободӣ ва рушди мамлакати биҳиштосоямон – Тоҷикистони азиз ба гирди мизи Ваҳдат ҷамъ орад.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иқдомҳои хирадмандонааш сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун давлати озоду обод муаррифӣ кунад, ки боиси ифтихори мо ва кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон мебошад. ӯ беш аз ҳама такя ба нерӯи созанда, хиради волои аҷдодӣ, илму фарҳанги тамаддунофар, арзишу суннатҳои пурарзишу мондагори миллати кӯҳанбунёди тоҷик карда, дар ҳамбастагӣ Тоҷикистонро ба як кишвари муттаҳид, сулҳгаро, нерӯманд ва поянда мубаддал гардонид. Он чӣ гузаштагони мо орзу доштанд, ҷомаи ҳамешасабз бипӯшонид.

  Таҳлилҳои мушикофонаи Президенти кишвар дар ҳама самтҳои давлатдорӣ: илм, фарҳанг, таърих, дин, сиёсат, тиҷорат ва амният ба он далолат мекунад, ки Сарвари давлат аз вазъи дохилии кишвар, зисту зиндагонии шаҳрвандон огоҳии комил дорад.   

Бо камоли қаноатмандӣ ва ифтихори ватандорӣ бояд изҳор кард, ки бо лутфу эҳсон ва ҳидояти Худованди муттаол, бо роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирию пуштибонии мардуми бонангу ори Тоҷикистон ин Ватани аҷдодӣ хурраму файзбор гардида, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавиёти халқи азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо ва ғанӣ шуда истодааст.

  Мо – ворисони бузургмардони миллатро дар ин давраи вусъатёбии раванди ҷаҳонгароӣ беш аз пештар ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ғуруру ҷасорат мебояд, то нафаре дар вуҷуди мо вобастагӣ ва нотавониро эҳсос накунад. Пайи амалӣ сохтани нақшаҳои дурнамои ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҳам оему  ба хотири рушду нумӯи иқтисодиёти давлат ва ба ин васила беҳдошти зиндагии мардум саҳмгузор бошем.

Мо бояд худ дарк кунем, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони ҳаётист. ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, кӯшиш дорад, ки нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои таҳсил ва кору фаъолияти онҳо шароити мусоид ба вуҷуд орад. Зеро ояндаи неку обод, обрӯю нуфузи кишвару давлат ба ҷавонон сахт вобаста аст. Фаромӯш накунем, ки ҳастии мо – сари баланду хонаи ободи мо, модари азизамон Тоҷикистон аст.

Дар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, ки корномаву фаъолияташон дар марҳалаи муайяни таърихӣ дар сарнавишти миллату давлаташон ва ҳатто инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва ин фарзонагони башарият ҳам дар самти сиёсат, ҳам илму фарҳанг бо аз худ гузаштанҳо, бо назару диди фарох амал кардаанд. Дар қатори чунин фарзонагон барҳақ Пешвои миллати мо Эмомали Раҳмон ҷойгоҳи сазовор дорад.

Яке аз музаффариятҳои даврони Истиқлолият ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургро анҷом диҳем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдату ягонагиро ба даст овард ва ба ҳаёти созандаю бунёдкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Сулҳу субот, Ваҳдату якдилӣ халқи меҳнаткаши Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон мебарад. Сулҳу Ваҳдатамон боис гашт, ки ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо ноил гардем ва моро дар арсаи ҷаҳонӣ шиносанд.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки сулҳу Ваҳдат осон ба даст наомад. Моро зарур аст, ки сулҳу Ваҳдатро чун гавҳараки чашм азиз дорем ва ҳифз намоем, то ки он рисолати худро дар солҳову асрҳои минбаъда барои халқи мо ба иҷро расонад.

Санаи 27-июни соли 1997 барои ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи муқаддас, таърихӣ,  рӯзи бахту саодат, фирӯзӣ, рӯзи тантанаи сулҳ, рӯзи шикасти қувваҳои аҳриманӣ боқӣ хоҳад монд. ҳар қадаре, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу саранавиштсози ин мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.

Дар ин муддат дар кишвар корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ ба анҷом расонида шуданд. Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, нақбҳои анзобу Шаҳристон, Шар шару Чормағзак, ки солҳои зиёд мардуми мо дар орзуи он буд, сохта ба истифода дода шуданд ва мо метавонем тамоми фаслҳои сол бе мамоният ба пойтахти кишвар рафтуомад кунем. Инчунин оғози амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати CASA -1000 , лӯлаи гази Осиёи Миёна –Хитоӣ, оғози якумин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, корхонаҳои бузурги саноатӣ маҳз бо шарофати пойдории сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ватани азизамон мебошад.

Мо мардуми шарифи вилоят низ дар қатори дигар мардуми кишвар, бо меҳнати бунёдкоронаи худ баҳри истиқболи 20 –солагии Ваҳдати миллӣ, диёрамонро ободу зебо гардонида, ҳаракат мекунем, ки ҳеҷ гоҳ осмони диёрамонро абрҳои тира доғдор нагардонанд ва доим офтоб нур пошад, мардум осуда, ором зиндагӣ кунанд.

Бигзор барои мо ва ҷавонон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушду амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми волотарини зиндагӣ бошад!

М.АМИНОВ,
декани факултети геоэкологияи
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Читать далее

Экстремизм – изҳори даъват ба нооромӣ!

Дар шароити имрўзаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо густариши равобити байналмилалии Тоҷикистон, дар таъсири ҷаҳонишавии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи хориҷӣ, аҳамияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дорад.

Яке аз талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад. Агар ҳодисаҳои террористӣ бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва ҳавфи ҳаёти осудаи шаҳрвандон бошад, экстримизм ин таъсири манфӣ ба идеологияи аҳолӣ ва вайрон кардани мафкураи шаҳрвандон мебошад.

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Амалҳои экстремистӣ-фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое мебошанд, ки барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ ва ангезонидани муноқишаҳои наҷодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ равона шудааст.

Маводи экстремистӣ - ин интишори иттилоот ё ҳуҷҷатҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ даъват карда мешаванд ё ногузирии ин фаъолиятро асоснок менамоянд, нашрияҳо, ки ногузирии бартарии миллӣ ё наҷодиро талқин менамоянд ё таҷрибаи ҷиноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро, ки ба несту нобудкунии пурра ё қисмии ягон намуд гурўҳи этникӣ, иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ ё динӣ равона карда шудааст, асоснок мегардонад.

Дар шароити имрӯз мубориза бар зидди экстремизм бо андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки  барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд, бояд амалӣ шаванд. Инчунин ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд ба таври дастаҷамъона сурат бигирад.

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба монанди прокуратура, суд, амнияти давлатӣ, милитсия ва дигарҳо амалӣ мегардонад.

Ҳ.ВОСИТОВ,
сармуаллими кафедраи назария ва
таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ

Масъалаи сарвар, сарварӣ ва пешво аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Арасту низ ба масъалаи сарварӣ диққати махсус додааст.

Ў дар асари машҳураш «Сиёсат» сохтори давлатии мамлакатҳои зиёдеро тавсиф менамояд. Ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо назар намуда, нақши одамони давлатӣ ва ҳарбиро дар мадди аввал мегузорад. Абўнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва  давлатдорӣ бо бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон  нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои  сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои  сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи  ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.  Ва ин шахс  Эмомалӣ Раҳмон буд.

Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонист, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшид.

Аз он давраи ҳассос  ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ў дар сиёсат аз  истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои  муфиду муассир ба вуҷуд овардани Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додааст. Аз рўзҳои  аввали ба мақоми сардори давлат  интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид. Ин нуқта дар  муроҷиатномаи ў  «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992  хеле хуб зикр ёфтааст: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои  Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки  тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила  барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи  неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз кард. Ба вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён муҷда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Корнамоии ўро  дар радифи Раиси Ҷумҳури ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Сталин гузоштан мумкин аст, ки оламро аз бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷаҳонӣ раҳонида, аз хатари  таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд.

Яке аз масъалахои муҳиме, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон меистод, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард. ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ аст, дар таърихи навини Тоҷикистон нақши муассир дорад. Дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 30 фоиз паст шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиёда аз ду миллион нафар сокинони кишвар беҳтар гардид.

Хизмати бебаҳои Сарвари муаззами давлат дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Мартин Лиз, ректори донишгоҳи сулҳи СММ зикр намуда буд: «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад».

Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Раҳмонов рисолати сулҳро ҷавонмардона ба  даст гирифт».

Узви парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати кўҳандиёри тоҷик насиб кард, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрўз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. 

Равшан УСАНОВ,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее