June 2017

30 June 2017

«Ғазали ҷавонӣ»

Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Соли ҷавонон  ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, МИМҲД-и ноҳия, бахши фарҳанг ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия маҳфили адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Ғазали ҷавонӣ» бо иштироки шоири ҷавону умедбахш, гирандаи  идрорпулии Раиси вилояти Суғд, ғолиби озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос ва олими ҷавон Насимбек Қурбонзода  баргузор гардид.

Шоирон Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста, Маликнеъмат,  Нодира Назарӣ ва номзади илмҳои филология Фирӯза Қайюмова оид ба ашъори Насимбек  Қурбонзода ибрози ақида карданд. Шоир аз ашъори худ намунаҳо қироат намуда, ба саволҳои мухлисон ҷавоб гуфт. Сурудҳои Бахтиёр Давлатов, Фатҳиддин Юсуфӣ, Сабурҷон Зокиров, Маъбуд Музаффаров, Азимҷон Эгамбердиев, Ихлосбек Узоқов, Донишманд Қутбиддинов аз ашъори Насимбек Қурбонзода ва  ҳунарнамоии ансамбли рақсии «Таманно» ба тамошобинон хеле писанд омад. Маҳфил ҷолиб, шавқовар, хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардид.

Васеъ Азимӣ,
узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон 

Читать далее

Ифротгароӣ ва терроризм-вабои аср

Имрӯз ҷомеаи моро ифротгароӣ ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаи моро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад.

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) (5-ноябри соли 2003, Маҷлиси намояндагон омадааст:

“Экстремизм-ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард. Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои зиддитеррористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халадор намуданд.

Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.

Мо, устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Кӯшиш менамоем, ки донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд ва мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати ватанро адо намоянд.

Баҳри пешгирӣ аз вабои аср, мо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Мунтазам дар соатҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён моҳият ва зарари ифротгароӣ ва терроризмро фаҳмонида, онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва азбар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.

Дар соли хониш якчанд соатҳои тарбиявӣ ба ин масъалаи муҳим бахшида шуд. Инчунин, дар ҷаласаҳои семинари тарбиявии кафедра ва дарсҳои кушоди тарбиявии устодони кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии ДДҲБСТ ба экстремизму терроризм, таасуби динӣ ва ифротгароӣ бахшида шуда, аз мақомотҳои дахлдор мутахассисон даъват карда мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин ҷода дар соли таҳсили 2016-2017 устодони кафедра Азимова Н.С., Муродова М.Н. ва Ризоев Э.С. ба мавзўъҳои дар боло зикршуда дарсҳои кушоди тарбиявӣ гузаронида, барои сӯҳбати озод бо донишҷўён намояндаи раёсати корҳои дохилӣ, сардори шӯъбаи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонони вилояти Суғд, капитани милиса А.Нарзуллоев, мудири шўъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Ҷ.Исомаддинов ва ҷонишини Раиси Ташкилоти ибтидоии «Сомон» дар назди кумитаи маҳаллаи Суғдиён Ҷ.Тўраевро даъват намуданд. Дарсҳои тарбиявии устодон бо маълумотҳои эътимоднок, видеонаворҳо ва саволу ҷавоби муҳассилин басо мурмазмуну хотирмон гузашт.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Ё.МӮҲСИНОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҷавонон-нерўи созанда

Мусаллам аст, ки ҷавонон қувваи созанда ва нерўи пешбарандаи ҷамъият, ояндаи давлату миллат ва идомабахши кору пайкори насли калонсол маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистони муосир ҷавонон аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, аз ин лиҳоз онҳо дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву мадании кишвар саҳмгузор ҳастанд. Ҷавонони тоҷик чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он таҳсили илм менамоянд, сатҳи дониши худро баланд мебардоранд ва дар шукуфоии кишвари маҳбуб саҳми босазо мегузоранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ саҳми ҷавононро дар тараққиёти ҷомеа ва ширкати онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба назар гирифта, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва изҳор доштанд, ки  «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Иқдоми мазкур бори дигар ҷавононро вазифадор менамояд, ки дар рушду шукуфоии кишвар камари ҳиммат банданд ва Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта, ободу зебо мубаддал гардонанд.

Дастовардҳо ва комёбиҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва байналхалқӣ дар асри ҶҶI аз бисёр ҷиҳат бо ҳаллу фасли проблемаи насли наврас алоқамандӣ дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаи ҷавононро қайд намуда, гуфтаанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Асарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Ҷавонон-ояндаи миллат» ҳамчун барномаи стратегии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ гаштааст.

Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва неъмати бебаҳост, зеро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мардуми кишварамон шароити мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла рушди соҳаи илму маориф муваффақ гардид.

Ғамхориву дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат доир ба рушди соҳаи маориф ҳар як корманди соҳа, пеш аз ҳама устодону омўзгорон, инчунин падарону модаронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, диққати ҳамаҷониба дода, барои ояндаи неки насли ҷавон, яъне фардои ободу осудаи ҷомеа заминаҳои боэътимод гузоранд.

Устодону омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳар чӣ бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд.

Омили муҳими саводнокии муҳассилин дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва хуб аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккул ва тавсеа ёфтани мафкураву ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат менамояд ва барои онҳо дар самти азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.

Ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ аз бисёр ҷиҳат ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон вобаста буда, аз мавқеи ишғолнамудаи онҳо дар ҷомеа иборат мебошад.

Ҳоло ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ саҳмгузор ҳастанд.

Аз ҷумла, дар самти варзиш гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Ҷанейрои Бразилия, ки 19 августи соли 2016 баргузор гардид, ғолиб дониста шуда, соҳиби медали тилло гашт. Нахустин бор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгари тоҷик сазовори медали тиллои бозиҳои олимпӣ шуд. Ў бо ин ғалаба шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуда, Парчами давлатиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Дар баробари пешравиҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар замони муосир ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон масъалаи доғи рўз ба шумор меравад.

Авҷгирии экстремизм ва терроризм, таассуби динӣ, кўшиши гурӯҳҳои ифротгаро дар кори гумроҳ намудани оммаи халқ, хусусан ҷавонон ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани дин хеле зиёд гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша соҳиби ҳисси баланди ифтихори миллӣ бошанд, Ватану миллат, давлат, забону фарҳанги хешро муқаддас донанд, баҳри ҳифзи марзу буми он омода бошанд, зираку ҳушёр бошанд, то худро аз хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

А.Д.Султонова,
сармуаллимаи кафедраи фанҳои
ҷамъиятии Донишггоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Терроризм зуҳуроти даҳшатбори асри XXI

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои номатлуб зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст.

Ҳаррўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣпайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад.

Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти динро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «террарист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва дўшмани Худову бандагони ўст ин гуна нирўҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳон фарҳангӣ волои Исломро пиёда месозанд».

Солҳои охир созмонҳое зиёд пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣва аз номи дин даст ба ифротгароӣ, экстремизм ва террор машғул мешаванд. Барои ҳамин имрўз пеш аз ҳама бо ҷавонон бештар кор бояд кард, то онҳо огоҳ бошанд, ки бештар ҳизбу ҳаракатҳо манфиатҳои сиёсиву идеологӣ дошта, на барои манфиати мардум, балки бо фиреб додани аҳолӣ аз паи амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мебошанд.

Бояд иқрор шуд, ки имрўз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастҷамона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад.

Ш.Саидов,
 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии
 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ
 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Чораҳои муқовимат зидди терроризм ва экстремизм

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд.

Дар ҳақиқат, барои пешгирии экстремизм маҷмўи чораҳо, ба монанди чораҳои хусусияти ташкилӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, махсус, кадрӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоидошта зарур аст. Бояд қайд кард, ки дар ҷомеаи имрўза ба ғайр аз мақомотҳои давлатӣ дар муқовимат ба экстремизм, дигар унсурҳои сиёсӣ дорои нерўю имкониятҳои амалӣ намебошанд. Дар ин ҳолат давлат ягона қувваи амалисозу муайянкунандаи роҳи ҳалли масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм аст.

Солҳои охир аз ҷониби давлат низоми чораҳои муқовимат зидди таҳдиди терроризм ва экстремизм коркард шудааст. Объекти асосии низоми чорабиниҳоро шахсият – ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, ҷамъият – неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, давлат – сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ин низомро рўзмарра гуфтан мумкин аст, лекин коркарди онҳо на он қадар самарабахш аст, зеро амалия такмилдиҳии доимии ин низомро талаб менамояд.

Тибқи қонун низоми амнияти миллиро мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту иттиҳодияҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки тибқи қонун дар таъмини амният иштирок менамоянд, ташкил медиҳад.

Бомуваффақият ошкор, тафтиш ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта такмил додани фаъолияти тафтишотиро талаб менамояд. Ба андешаи мо барои такмил додани фаъолияти тафтишотӣ ва баланд бардоштани самаранокии он ин беҳтар намудани фаъолияти кор бо кадрҳо, интихоби кадрҳо, таъмини малакаи касбии мутахассисон шуда метавонад.

Имрўз барои муқовимат зидди терроризм ва экстремизм на танҳо чора ва тадбирҳои низоми давлатӣ, инчунин беҳтар мешуд, ки нерўи ҷамъиятию шаҳрвандӣ низ истифода шавад. Дар ҳалли масъалаи мазкур ҳамкорӣ намудан бо аҳли ҷамъият ҳамеша натиҷаи назаррасро медиҳад. Бояд шакли нави ҳамкорӣ бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ коркард карда шавад. Маълумотҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон дастрас мегардад, барои такмилдиҳии бойгонии маълумот, баҳисобгирии экстремистони потенсиалӣ, инчунин дастрас намудани маълумот оид ба тайёрии чорабиниҳои ғайриқонунӣ ва ғайра имконият медиҳад.

Барои ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд, чунин пешниҳодҳо дорем:

— ҷалб намудани мутахассисон, аз ҷумла олимон, кадрҳои педагогӣ барои аз ҷиҳати касбӣ тайёр намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

— корбарӣ намудан бо намояндагони гуногуни гурўҳҳои миллӣ-этникӣ, наҷодӣ, динии аҳолӣ;

— ташкили чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо аҳолӣ бо воситаи таъсиси гурўҳҳо;

- андешидани чораҳои ҳавасмандкунии ҷавонон дар соҳаҳои касбомўзӣ, варзиш, татбиқи технологияи муосир;

-омўзиш ва таҳлили таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ.

 Пешниҳодоти номбаршуда, ҳарчандкофӣ нестанд, лекин амалӣ шудани онҳо ба қисми зиёди аҳолӣ, хусусан ҷавонон барои созандагӣ, ба меҳнат, ба ояндаи арзандаи нек имконияту умед мебахшад.

Н.АХМЕДОВ,
М.КАРИМОВА,
устодони Донигшгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Ҷавонон нерўи ояндасози миллатанд

Ҷавонон ва наврасон ояндаи миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли Ҷавонон эълон намуданд. Аксарияти аҳолии Точикистонро ҷавонон ташкил намуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Ба саъю кўшишҳои ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватанамон, ҳамчун нерўи бузурги пешбарандаи миллати тоҷик ҳамеша диққати ҷиддӣ дода мешавад. Рушду нумўи ояндаи Ватану миллат дар дасти ҷавонони соҳибфикру созанда хоҳад буд. Барои сазовор гаштан ба ояндаи нек ҷавононро зарур аст, ки донишҳои худро дар самти касбу ҳунарҳои муосир қавӣ гардонанд.

Ҷавонон зинаи ҷудонашавандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон ҳамчун пайвандгари таърихи маънавиёти аҷдодӣ, ҳастии имрўза ва фардои ободи миллат медошанд. Навгонӣ - хусусияти намоён ва пурзўри ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҷаҳишҳои калони сиёсиву иқтисодӣ дар тараққиёти инсоният ба ҳамин хусусияти ҷавонон вобаста мебошад. Ҳастии ҷавонон ҳассос мебошад ва доимо дар зиддиятҳо қарор дорад, ки онҳоро ба офариниши нав водор месозад. Айнан ҳамин хусусияти ҷавонон ҳамчун нерўи созанда, бунёдкор ва навовар қадр карда мешавад. Пас ибораи «ҷавонон ояндаи миллатанд» гуфтан, бешубҳа, асоси худро дорад.

Ҷавонони тоҷик имрўз аз раванди илму техника ва технологияҳо, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошанд, ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Бинобар ин раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, мавқеи Тоҷикистон дар он муайян гардидааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, баҳри поянда доштани миллат дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ҷавонон парчамбардор ва муаррифгари Ватан мебошанд.

Одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми тоҷик ҳамеша, дар ҳар давру замон ҳамчун арзиши олӣ ба насли оянда яъне ҷавонон мерос гузошта мешуд.

Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд ин илму дониши хуб мебошад. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад.

Имрўз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ дар байни бархе аз наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутассифона, ин падидаи номатлуб ҷомеаро ба изтироб меорад. Паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба худи ҷавонон мансуб донистан хато мебошад, ин равандро ягона дар муттаҳид намудани саъю кушиши ҷомеа ва диққати ҷиддӣ дар тарбияи ҷавонон ва раҳсипор намудани онҳо ба роҳи дуруст дида мешавад.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳо аз беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Гарчанд ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд.

Бинобар ҳамин, Ҳукумати Тоҷикистон ба сарчашмаи ҷомеа яъне оила, алалхусус тарбияи падару модарон ва ҷавобгарии онҳо нисбати фарзандони худ диққати ҷиддӣ дода истодааст. Ҳуқуқ ва озодии кўдакон, наврасон ва ҷавонон дар маркази эътибори давлат қарор дорад.

Таъмини тарбияи кўдакон, таҳсил дар мактаб ва омўзиши касбу ҳунар масъалаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҷавобгар донистани падару модар, тарбиятгарон ва омўзгорон дар назди ҳар як насли тоҷик беҳуда муайян карда нашудааст.

Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории арзанда барои татбиқи орзуҳои худ пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавонони дилсарду ноумед умедвори ояндаи нек гардида метавонад? Бале, мушкилиҳои ҷавонон то ҳол хеле зиёданд. Таъмин ва дастрас намудан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як яъзои ҷомеа ва рушди миллат аст.

Албатта, дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва давлат имрўз чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё карда истодааст.

Ҷавононро мебояд, ки дар ин самт тамоми қувва, ақлу заковат ва лаёқати худро зоҳир намоянд, то ки ҳамчун фарзанди арзандаи миллати тоҷик содиқ ва фархунда гарданд. Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор месозад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии якҷояи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро барои беҳдошти вазъи ҷавонон, ки фардои миллат танҳо аз ин нерўи бузург вобастагӣ дорад, тараққӣ диҳем.

Таълиму тарбияи ҷавонон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, илму фарҳанг ва арзишҳои демократӣ аз ҷониби ҳукумат ва ҷомеа масъалаи аввалиндараҷа дониста шудааст.

Мардуми тоҷик аз рўзҳои аввали истиқлолият мактаби ибрат аз азобу шиканҷа ва хонавайрониро аз худ намуд. Ба саҳнаи сиёсат сиёсатмадор пайдо шуд, ки абрҳои тираву торикро пароканда намуда, осмонро пур аз нури офтоб гардониданд. Пас сулҳи деринтизор, соҳибкорӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо қадам ниҳод. Ин дастоварди бебаҳо, ки бо ягон неъмати рўи замин баробар карда намешавад, сулҳ ва раҳо ёфтан аз ҷанг аст.

Ҷавононро зарур аст, ки ин неъматро қадр кунанд зарур аст, ки барои рушди иқтисодӣ, устувории сиёсӣ ва таъмини иҷтимоии миллат мубориза баранд. Дар ҳама самтҳои хоҷагии халқамон мароқ зоҳир намуда, содиқона ба Ватан меҳнат кунанд.

Аммо бархе аз ҷавонон дар айёми истиқлол, ки имкон дод соҳаҳои алоҳида, ҳамчун технологияҳои компутерӣ ва телефонҳо ҳамроҳ рушд намоянд, аз ҷаҳони ҳақиқӣ, аз илм дур монданд.

Он ҷавононе, ки ба илму маърифат рӯ меорандмавқеи худро дар ҷомеа зуд меёбанд. Ҷомеа низ ба ин гуна ҷавонони қавиирода, соҳибҳунар ва навовар ниёз дорад. Ҷавонони дорои илму ҳунари комилдошта муаррификунандаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳони муосир хоҳанд буд.

М.Носирҷонова,
Ф.Ҳомидов,
устодони Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Оҳангдуздӣ то ба кай?!

То замоне Шўрои бадеӣ ба таври комилу оҷил ва сахтгиронаву қотеона мисли солҳои Шўравӣ ба кор шурўъ намекунад, санъати имрўзаи миллат ба фатарот меравад. Зеро шояд пас аз 50 сол наслҳои оянда ба имрўза санъати мусиқаи мо бо тамасхур назар хоҳанд кард. На мазмун, на оҳанги дилрабо ва на садои дилнишини ҷаззоб. Дуздии матну оҳанг ва тарҷумаи сурудҳои ғарибу аҷнабӣ ба авҷи аълояш расидааст, аммо касе аз масъулини фарҳангро ба ин коре не. Мутаассифона, имрўз сарояндагӣ василаи танҳо нонёбии бархе ҳофизон шудаасту халос, ҳол он ки суруду мусиқа бояд ҷомеаро тарбият намояд ва завқи эстетикии оммаро боло барад. Аммо ҳолат тавре аст, ки аз шарҳи он гиряи кас меояд. Ҷомеа низ ба суруди пасту фач одат кардааст! Афсўс!!!

Шўрои бадеӣ куҷост?

Суоли матраҳ ин аст, ки оё Шўрои бадеӣ вуҷуд дорад? Агар вуҷуд дошта бошад, фаъолияти он чаро камранг аст? Агар Шўро вуҷуд дошта бошад, чаро ҳар рўзу ҳар соат тариқи телевизион ва радиоҳои мустақил ба гўшу майнаи мардум суруду оҳангҳои бемазмуну пуч ва хеле каммазмун рехта мешаванд? Ба ин пешомад кӣ гунаҳкор аст? Оё чунин хидмати хирсона оммаи васеи халқро бефарҳангу завқи маънифаҳмиашонро паст намекунад?

Ориф Набиев, сардори Раёсати фарҳанги вилоят арзи вуҷуди Шўрои бадеиро тасдиқ мекунад.

- Шўрои бадеӣ фаъолияти хуб дорад. Дар он шоирон, оҳангшиносон, матншиносон ҷамъ омадаанд. Бадии кор дар он аст, ки танҳо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд сурудҳоро ба мо пешниҳод мекунанд ва дар заминаи мувофиқаи мо онҳо сурудро пахш менамоянд. Аммо телевизион ва радиоҳои мустақил аз ин кор канорагирӣ намуда, ҳар чиро ки пеш омаду хуш омад, ба эфир роҳ медиҳанд,-мегўяд бо шиква Ориф Набиев.

Аз рўи гуфтаи мавсуф бармеояд, телевизионҳои маҳаллӣ барои тарғиби сурудҳои каммазмун ва ғайримиллӣ, ки ба психологияи ҷомеаи кишвар зарари маънавӣ мерасонанд, мусоидат менамоянд. Иллати чӣ гуна ба радио ва телевизионҳои мустақил роҳ ёфтани сурудҳои аз таҳлили Шўрои бадеӣ нагузаштаро номбурда ба он рабт медиҳад, ки расонаҳои мустақил ба хотири маблағ сурудҳои филтрнашударо шартномавӣ ба эфир медиҳанд, ки яке аз манбаи даромади онҳо будааст.

Журналисти варзида, таҳлилгари телевизиони «СМ-1» Илҳом Ҳошимов мегўяд, ба хотири аз байн бурдани чунин бемантиқии сурудҳо гўё кўшиши гуфтумонҳо байни расонаҳои мустақили электронӣ вуҷуд доштааст.

- Бо вуҷуди ин, ки мо борҳо саъй кардем, то аз телевизионҳо сурудҳои фачу бемантиқ комилан барчида шаванд, аммо кўшиши мо самара надод. Зеро шахсан худи ман борҳо ба ин раванд муқобилат кардам, аммо дар танҳоӣ кашидани бор, хусусан, дар ҷодаи тозакории санъати мусиқа басо мушкил аст, ки бо ин ҳама мусиқаҳои аҷнабӣ ва каммазмун ба телевизион аз ҳар зовия роҳ меёбанд. Гумон мекунам, дар паст шудани завқи маънавии ҷомеа гуноҳи мо–кормандони телевизионҳои мустақил низ аст, ки инро ман шахсан инкор наменамоям,-мегўяд Илҳом Ҳошимов.

Аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки сабқати ноогоҳона дар бобати аз ҳама пештар пахш кардани суруди тозаи ягон ҳофиз боиси суръат ёфтани теъдоди мусиқаҳои каммазмун гаштааст. Ҳамзамон, коршинос Ҳошимов ҷонибдори он аст, ки Шўрои бадеӣ мисли солҳои Шўравӣ ҳар як сурудро аз комиссияи махсус гузаронида, литсензия бидиҳад ва пахши он қонунӣ ба роҳ монда шавад.

Ақаллан мисли қурбоққа бо сабки худ сароед!

Сергей Есенин, шоири шаҳири рус мегўяд:

Лоақалл мисли ғук агар хонӣ,

Бо дилу лаҳҷаву шеваи худ хон.

Ман ин байтро таҳлил намекунам. Зеро он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо як илова: ягон қурбоққа мисли қурбоққаи дигар, ягон булбул мисли булбули дигар, ягон тазарв мисли тазарви дигар ва садҳо ҳайвоноту паррандагон ба монанди ҳам садо надоранд. Ҳатман садои яке аз дигаре фарқ мекунад. Барои исбот ба ном баъзе ҳофизони «мўҳтарам» метавонанд, садои ягон парранда ё ҳайвонро сабт кунанд ва барои исбот гўш фаро хонанд. Яъне, тақлид дар олами ваҳшу тайр дида намешавад. Ҳама ба гуфте нотакроранд ва сабки виҷаи худро доранд.

Аммо баъзе ҳофизони мо ончунон ба шўҳрати як ҳофизи номдор ғарқанд, ки оғози фаъолияташон бо сабки ҳамон ҳофизи дўстдоштаашон сар мешавад ва мебинӣ бо ҳамон тақлид ба нафақа мебароянд. Ёбу гир! Такрор ба такрор. Ягон нафари нотакрорро тақрибан дар олами эстрадаи имрўз намебинем. Яъне, имрўз тақлид ба сабку салиқаи ягон нафари номдор ба ҳофизони мо василаи нонёбиву шўҳрат шудааст. Ҳайратовартар он аст, ки аз ин ҳол шарми ягон ҳофиз намеояд, баръакс, ифтихор мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки фачсароӣ, фачнависӣ, фачшунавӣ ва ахиран фачшавию фалаҷшавии маънӣ маҳз аз «завод»-и суруди баъзе ҳофизони занбурўғи баъди борон маншаъ мегирад. Ҳамзамон, зебоипарастӣ, завқи баланд, дарки маънӣ ва нуктадонии оммавӣ низ аз сурудаҳои баландмазмуни ҳофизон вобастагии калон дорад. Бо як ҳарф, ҳофизон бешак, тарбиятгарони оммаи васеъ ҳастанд. Аммо, мутаассифона…

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар тарғибу ташвиқи сурудҳои пучу бемаънӣ аслан телевизионҳои мустақил гунаҳкоранд. Зеро тибқи иттилои баъзе мусоҳибон ҳофизон барои ба эфир рафтани сурудҳои пучашон маблағ пардохт мекунанд. Гузашта аз ин, далели мазкур ҷои инкоркунӣ низ надорад, чунки дар рафти сўҳбат баъзе аз ҳофизон низ ин нуктаро тасдиқ намуданд.

Вазн ғалат, маъно ғалат, оҳанг ғалат

Тариқи телевизион ва радиоҳо ҳар соату дақиқа суруд ва клипҳое пешкаши омма мегарданд, ки на мазмуни он маълум ва на асолати оҳанг. Баъзан афроде, ки аз кўчаи шоирӣ ягон лаҳза ҳатто убур накардаанд, на вазнро мешиносанд ва на қофияро, ба оҳанг шеър эҷод мекунанд, ки ростӣ аз шеър гуфтани он хиҷолати кас меояд. Муҳимтар аз ҳама, ҳофизон ва ба гуфти дигар «ситорагон»-и имрўза низ дар махзани адабиёти рангину бойи миллати тоҷик гўё ягон шеър набошад, ба нимчашоирҳое рў меоранд, ки на худро мешиносанду на ҷавҳари шеърро. Аз ҳама аламовартар, «ситорагон»-и имрўзӣ худ низ аз олами маъниву вазну қофияҳо фарсахҳо дуранд. На оҳанги часпону ҷаззоб, на мутобиқати матну оҳанг дида мешавад. Ҳатто созу ҷўрҳои оҳанги миллатҳои бегонаро тавре кўшиши сурудан мекунанд, ки гўё аз номи сози миллӣ бошад, ки хатогии нобахшиданӣ аст.

Ҳатто дар баъзе репертуари ҳофизон ғазалҳои классикиро метавон вохўрд, ки дар мутобиқгардонии матну оҳанг умуман номуваффақона корбаст шудааст. Аксарияти онҳо дар суруд чунон талаффузҳое доранд, ки гўё хонандаи синфи панҷум шеър қироат карда истода бошад, на суруд, ки ҷои шарм аст. Тарзи ифоданок хондани суруд комилан вайрон буда, лакнати талаффуз ва шикасти нафас ва хеле ба таври қабеҳ сароида шудани он гўшро мехарошад. Ҳол он ки ба шеърҳои баландмазмуни адабиёти бою қадимаи миллӣ бояд оҳанге баста шавад, ки классикӣ буданаш ва тарзи сароиданаш низ ба таври табиӣ садо диҳад, ки шунавандаро маҷзуб ва ба гуфти лаҳҷавиамон об кунад. Аммо мутаассифона, маълум, ки ҳофизони мо на овоз ва на салиқа ба тобиши классикӣ доранд ва аз ҳама бад ба як дидан метавон ошкор фаҳмид, ки мазмуни матнро ҳам сарфаҳм намераванд. Зеро, дар аксари онҳо оҳанг тавре соддаву нофорам ва номувофиқ ба таври иҷборӣ ба шеър часпонида шудааст, ки боиси фатарот шудани дарки маънифаҳмии оммавӣ мегардад.

Муқим Абдураҳмонов, матншинос ва рўзноманигори собиқадор аз замони кўдакияш ёдовар шуда мегўяд, ки дар чойхонаҳо ва меҳмонхонаҳои деҳот маҳфилҳои шашмақомхонӣ баргузор мешудааст, ки дар он дар қатори пирони рўзгордида кўдакон низ ширкат меварзидаанд.

-Ҷавонону наврасон низ ба дарки маънии сурудҳо сарфаҳм мерафтанд, зеро ашки мо аз кунҷи чашмонамон мезаҳид. Яъне, ин мазмуни он буд, ки бо сабаби маънифаҳмии ҳофизон таъсираш ба мо, аудиторияи наврасон низ бетаъсир набуд. Онҳо завқи маънифаҳмии моро тарбият мекарданд. Ҳофизон бояд бо шоирони асил ҳамкорӣ намоянд, на бо шоирони ба ном шоир. Камбудии олами мусиқаи имрўз маҳз дар ҳамин маҳак нуҳуфтааст, ки ҳофизони ҷавон бо шоирон ва оҳангшиносони асил иртиботе надоранд,-мегўяд Муқим Абдураҳмонов.

Тарҷумаи суруд авҷи беҳунарист

Агар ба фаъолияти баъзе сарояндагон, ки ба хотири этикаи журналистӣ ному насабашонро намеорем, назар афканем, ростӣ сар то по дуздии оҳанг ва тарҷумаи сурудҳои дигар миллатро мушоҳида мекунем. Ба гумонам ҳудуди 99 фисад репертуари баъзе аз онҳо танҳо ба маҳорати тарҷумонӣ рабт мегирад, на сарояндагиву эҷодкорӣ, дигар ҳеҷ!

Аҷиб аст, ки оммаи васеъ сурудҳои аслии дигар забонро гўш накардаанд. Ҳама гумон мекунад, ки нолаву кашишҳои сурудҳои дар ҳофизони ҷавони имрўза ҳосили дастранҷ ва сабки хоси онҳост, аммо намедонанд, ки сурудҳои эшон ҳамагӣ нусхабардоршудаи ҳофизони машҳури ўзбекиву туркӣ, арабиву русист. Ҳол он ки дар Ассамблеяи санъати ҷаҳонӣ ва қонунгузории ҳама кишварҳо дар сурати даъво кардани муаллифи аслӣ барои дуздии оҳанг тибқи қонун пайгирӣ мешавад, ки ҷуброни он то миллионҳо доллар мерасад. Қиссаи оҳангдуздии Филипп Киркоров ва даъвои Тарканро ҳама медонанд, ки тариқи суд як миллион доллар пардохт карда буд.

Ба ақидаи аксари забоншиносону оҳангшиносон дастранҷи дигар касро тарҷума кардану бо он кўшиши шўҳрат пайдо кардан, авҷи беҳунарӣ аст.

Як кас барои ҳама!

Мо бо овардани чанд далели мўъҷаз ва умумӣ ба ин мавзўъ иктифо мекунем. Итминон метавон варзид, ки тамоми ҳофизони ҷавон сар то ба по дар ҳузури Шўрои бадеӣ меланганд ва яқин, ки 99 фисади сурудашон аз комиссия намегузаранд. Вагарна, кайҳо бо сари баланд ва матонат ба Шўрои бадеӣ мешитофтанд ва аз комиссия мегузаштанд. Аз он, ки мо номашонро ин ҷо наовардем «ситорагон» фориғбол ва хушҳол нашаванд, ки дар шумораҳои оянда дар сурати зарурат фаъолияти ҳар як ҳофизро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод. Ҳамзамон омодаем, ки диски сурудҳои аслии дигар забонро бо копии баъзе ҳофизони ҷавони имрўз пешкаш намоем, ки ҷойи шармандагист.

Фақат як дард, як алам муаллифи ин сатрҳоро азоб медиҳад: Баъди чунин гилаҳо ва мушоҳидаҳо ба ном ҳофизону ба ном «ситораҳои эстрадаи тоҷик» аслан сари он бояд андеша намоянд, ки сурудаҳои Аҳмад Зоҳир, Кароматуллоҳ Қурбон, Далер Назар, Тоҷиддини Муҳиддин, Наргис Бандишоева, Муқаддас Набиева, Махфират Ҳамроқулова ва даҳҳо тани дигар, ки нобиғагон ва саромадони мусиқаи муосир ба ҳисоб мераванд, чаро арзишашонро тўли қариб як аср гум намекунад?

Зеро номбурдагон маънифаҳм буданд. Доираи мутолиаашон васеъ буд. Дарки маънии шеъри классикиро медонистанд. Тавре муҳаққиқи ҳаёти Аҳмад Зоҳири зиндаёд-рўзноманигор Султони Ҳамад мегўяд, Аҳмад Зоҳир ҳар моҳ то се-чор шабонарўз танҳо худро ба китобхонаи шахсиаш мебахшидааст.

-Ба китобхонаи шахсиаш медаромад, ҳеҷ касро ба ҳузураш роҳ намедод. Китобҳои классиконро ҳатто аз ёд мекард, бо кўлбори маънии баланду ғановати олами ботинияш бармегашт. Маънияшро ба ҳамроҳонаш шарҳ медод. Ба ин хотир, бо гузашти қариб чил сол сурудаш ҳанўз тару тоза аст,-мегўяд Султони Ҳамад.

Аммо дар қиёси ин ваҷҳ метавон итминон варзид, ки ҳофизони «хушсалиқа»-и мо бо чунин фачсароӣ ҳатто як байтро қодир нестанд, ки тафсир кунанд. Агар касе эътироз мекунад, мо омодаи баҳсем.

Дархости журналистӣ

Бо такя ба гуфтаҳои болоӣ ба хотири аз байн бурдани фачсароӣ ва ҳифзи суруду мусиқаи асил Раёсати фарҳанги вилоятро зарур аст, ки билфосила ва бидуни таваққуф тамоми ҳолати пеш аз сабти сурудҳоро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад. Баъди аз комиссия гузаштани ҳар як суруд, бояд он дорои литсензия бошад. Студияҳои сабти клипу консертҳо вазифагузорӣ карда шаванд, ки то ба ҳар як суруд аз ҳофизон литсензияи махсусро набинанд, клипро сабт нанамоянд.

Инчунин, телевизионҳои мустақил бояд донанд, ки бо чунин коргузорӣ на барои ҳифозати санъати мусиқаи асил хидмат менамоянд, балки барои равнақи фач ва фачфаҳмиву каҷфаҳмии омма сабабгори асосианд ва дар коргузорияшон Шўрои бадеии худро низ созмон диҳанд. Ба ин хотир, «анъана»-и рўйихотирбиниро як сў гузошта, ба василаи пули ночиз роҳ додани клипҳои фачу бемаънӣ ва рақсҳои урёну ғайримиллиро пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон, кори Шўрои бадеӣ ба ҳадде пурзўр карда шавад, ки дар сурати пахш кардани суруди белитсензия телевизион ва радиоҳои мустақил ҷаримабандӣ карда шаванд. Вагарна, бо ин роҳе, ки мо меравем, арзишҳои маънавии миллат фано ёфта, ҳифзи асолати санъати мусиқа ба гўшаи фаромўшӣ дафн мешавад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БОЗОРИ “БАРАКАТ”: Вазъи ҳузнангезу беэътибории масъулинро чӣ боис аст?

Тозагиро гарави саломатӣ мегўянд ва барҳақ, чунин ҳам ҳаст. Дар маконе, ки тозагӣ ба маънои томаш риоя карда шавад, бемориҳо аслан зуҳур намекунанд. Сарчашмаи ҳамаи касалиҳои сироятӣ, пеш аз ҳама, риоя накардани тозагӣ ва дигар омилҳои беруна, аз қабили ба талаботи стандартӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷавобгў набудани шароити бархе аз ошхонаву дигар нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ мебошад. Вазъи кунунии нуқтаҳои хизматрасонии маишии бозори «Баракат-34»-и шаҳри Хуҷандро бо намояндаи Маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дидан намудем.

Манфиати шахсӣ агар боло гирад?!

Бозори «Баракат - 34» дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, байни мардум ҳамчун «бозорчаи 34» маъруф аст. Мардум ба он ҷо барои харидорӣ ва ё фурўши маҳсулоти мухталифи хеш омада, бо ин шароити иқтисодиашонро беҳтар месозанд. Бозор мавзеест, ки ҳар нафар дар доираи чаҳорчўби қонуну талаботи ҳатмӣ зиндагиашро пеш мебарад. Дар фаъолияти ошхонаву дигар чунин мавзеъҳо шарти асосӣ эмин доштани саломатии мардум аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ буда, дар ин ҷода манфиати шахсӣ набояд дар мадди аввал бошад.

Мутаассифона, имрўз дар ҷамъияти мо шахсоне ёфт мешаванд, ки манфиати иқтисодии хешро аввалиндараҷа дониста, боре аз саломатии мардум наандешидаанду бо нодида гирифтани муаммоҳои ҷорӣ ҳаёти дигаронро зери хатар мемонанд. Ҳар нафаре, ки ба мавзеи бозори 34 рафтааст, ошхонаву нуқтаҳои сихкабобпазии ин мавзеъро медонад.

Ҳарчанд аз гузаронидани санҷиши пешинаи Марказ чанд моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, ба назар мерасид, ки вазъият тағйир наёфтааст. Аввалин «ошхона»-е, ки диққати моро ба худ ҷалб кард, ин макони хурде буд, ки маҳсулоти гўштӣ беболопўш дар роҳрави бозор гузошта шуда буд. Соҳибкори инфиродӣ Абдурасул Сангинов тўли панҷ моҳ аст, ки дар ҳудуди бозор ин ҷоро ба иҷора гирифта, ошхона ташкил кардааст. Ҳолати санитарии он хеле бад буда, ҳатто оддитарин қоидаҳои санитарӣ, аз қабили надоштани оби нўшокӣ, талаботи ҷойи хўроктайёркунӣ ва либоси кории ҳатмии кормандон риоя нагардидааст.

Чун вориди ин нуқтаи хизматрасонӣ шуда, мақсадамонро гуфтем, ошхоначӣ бо ҷаҳл «ба дилам задед, кор кардан намемонед»,-гўён дод зад. Дар сурати ибрози ақидае, ки мо бори аввал омадем, ў изҳор дошт, ки кормандони сохторҳои гуногун омада, эроду санад тартиб дода ҷарима карда мераванд. Дар ин ҷо ҳатто ҷойи таомпазии муайяне нест, гўшти мурғ (грилл) дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта, ба фурўш гузошта шудааст. Масъули ин ошхона зимни сўҳбат гуфт, ки “нархаш ба худаш мувофиқ, ман имконият надорам, ки гўшти мурғ (грилл)-ро дар яхдон ё дигар ҷойҳои махсус нигоҳ дорам, зеро он сарфи маблағро металабад”.

Суоли матраҳ ин аст, ки бо вуҷуди ин қадар санҷиш намудани сохтору мақомоти дахлдор чаро вазъият беҳтар нашудааст?

Дар сари роҳ боз якчанд ошхона фаъолият дорад, ки ба истеҳсол ва фурўши маҳсулоти тайёри хўрокаи гуногун машғул буда, афсўс, ҳолати санитарии онҳо низ ба талабот мувофиқ нест.

Аз кормандони он пурсон шудем, ки ин хўрокро шумо ҳам истеъмол мекунед? - «Ман хўроки хонагиамро истеъмол мекунам, аз ошхона чизе намебарам», - гўён посух дод, ки ин худ бозгўи шарҳи ҳол нест магар?!

Санҷишҳои бенатиҷаи масъулин

Масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд тибқи супориши сардори Марказ дар 3 моҳи аввали соли равон рейдҳои ғайринақшавӣ дар ин бозор гузаронидаанд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи санитарӣ маълум гардид, ки дар қафои бозор нуқтаи партовҷамъкунӣ ташкил шуда, партовҳо сари вақт бароварда намешаванд. Мабразу ҷойи дасту рўйшўӣ бошад, умуман вуҷуд надоранд. Ягон намуди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз қабили хулосаи санитарию эпидемиологӣ, шартномаҳо аз идораҳои безараргардонӣ ва партовҷамъкунӣ, дафтарчаи тиббии кормандони маъмурияти бозор пешниҳод карда нашуданд.

Ҳолати санитарии растаҳои нонфурўшӣ ва меваю сабзавот бошад, ғайриқаноатбахш буда, корҳои тозакунӣ сари вақт гузаронида нашудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани муоинаи санитарӣ бо қарорҳои сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр фаъолияти 5 муассисаи хўроки умумӣ барои ошкор гардидани камбудиҳо муваққатан боздошт шуданд. Аз ҷумла, қаҳвахонаи “Алишер” – соҳибкори инфиродӣ А.Сангинов, нуқтаи фурўш (грилл), соҳибкори инфиродӣ А.Атаев ва сихкабобхонаи соҳибкори инфиродӣ Б.Зоидов бо сабаби ба хатти мутамаркази об ва ташноби шаҳр пайваст набудан, бе либоси махсуси санитарӣ фаъолият бурдани коргарон ва ба талабот ҷавобгў набудани нуқтаи сихкабобпазӣ ҳамчунин, набудани ҷои коркарди маҳсулоти хом, нагузаштан аз муоинаи даври тиббӣ, барои маҳсулоти хом надоштани сертификати тасдиқкунандаи сифат ва лавозимоти корӣ тамғабандӣ нашудааст, муваққатан боздошт гардида, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳар яки онҳо ба маблағҳои 200 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Дар асоси камбудиҳои ҷойдошта ба фурўшандагони муассисаҳои савдо бошад, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба фоидаи буҷа ҷарима ситонида шудааст.

Вазъият дар дигар ошхонаҳои ин мавзеъ низ ташвишовар буда, риояи талаботи ҳатто оддии санитарӣ ба назар намерасид. Дар яхдонҳо маҳсулоти гўштиву нўшокӣ ва дигар маҳсулот омехта гузошта шудааст, ки ҳолати нигоҳдошти онҳо қобили қабул нест.

Мардум чӣ ақида доранд?

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксарияти фурўшандагони бозор бесару либоси соҳавӣ ба савдои молу маҳсулот машғуланд, ки ин ҳам хилофи дастурҳои мавҷуда мебошад. Новобаста аз ҳавои гарми тобистон маҳсулоти тезвайроншаванда, аз қабили тухм, маҳсулоти гўштӣ дар назди роҳрав берун аз яхдон гузошта шуда буданд.

Сарвиноз Ҳасанова – сокини шаҳри Хуҷанд дар сўҳбат норозигии худро оид ба мақомоти дахлдор ва масъулини бозор чунин баён кард:

- Чанд сол аст, ки дар маҳаллаи 34-уми шаҳр зиндагӣ дорам, бисёр мавзеи серғавғову ҷанҷолӣ буда, ошхонаҳои сарироҳии бозори ин минтақа хеле ҳолати ҳузнангез доранд. Фурўшандаҳои оши палову сихкабоб ва дигар намуди хўрокаи пастсифатро бо нархи нисбатан арзон мефурўшанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Аммо андеша намекунанд, ки садҳо нафарро ба ягон намуди бемории сироятӣ гирифтор месозанд, одамон онро истеъмол мекунанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

29 June 2017

“Баҳористони сухан” дар “Баҳористон”

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, осоишгоҳи Баҳористон, телевизиони вилояти Суғд ва маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олӣ, дар канори “Баҳри тоҷик” маҳфили адабиву мусиқии “Баҳористони сухан” бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ва Толиби Озарахш баргузор гардид.

Маҳфил дар бештар мухлисони шеъру мусиқӣ, адибону олимон ширкат варзиданд. Шоира Фарзона ва Озарахш  ба фарзандони хеш Амирҷону ҳумоюн ва инчунин, сарояндагони мумтоз бо суруду оҳангҳои дилнавоз маҳфилро рангин карданд. ҳамчунин ровиёни хушсадо Асламҷон Каримов ва Саидмурод ҳоҷиев аз ашъори шоирон шеърҳо қироат карданд. Осоишгоҳи “Баҳористон” тасмим дорад, ки  дар канори Баҳри тоҷик маҳфили “Баҳористони сухан”-ро боз бо дигар адибон ва санъаткорон идома диҳад.

Ҷалолиддин Ализода  

Читать далее

Омўзиши ҳунарҳои мардумӣ

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марказҳои таълимии атласу адрасбофӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мушкилоту муаммоҳои занону духтарони хонашинро рафъ ва ба ҷараёни эҳёву барқарорсозии ҳунарҳои миллӣ такони тозае бахшид.

Айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Маркази таълимии атласу адрасбофӣ фаъолият мебарад, ки дар он зиёда аз 30 нафар бонуи хонашин машғули бофтани қолин ва атласу адрасанд.

Тибқи иттилои масъулини ҷамоат хоҳишмандони ҳунарҳои мардумӣ ҳамарўза афзун гардида, бонувони бешуғл рўз то рўз ба ин касбу ҳунар мароқ зоҳир менамоянд.

Айни ҳол дар коргоҳ занону духтарони ноҳия нозукиҳои ҳунари қолин ва атласу адрасбофиро омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардида истодаанд.

Масъулини ҷамоат баҳри ҷалби бештари занону духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамчунин, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани онҳо, бунёди як бинои таълимиву истеҳсолиро роҳандозӣ карданианд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки бонувони бешуғл бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба беҳдошти рўзгори хеш замина гузоранд.

Дилдора Хайруллоева,
таҷрибаомўзи
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее