June 2017

29 June 2017

Муҳити самимӣ ин ҷост!

Барои таъминоти рўзгор бо назардошти тақозои айём роҳи соҳибкориро пеш гирифтаам. Се сол инҷониб бо истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳлулҳои зарфшўӣ, хокаи ҷомашўӣ, шампун ва дигар намудҳои маҳсулот машғулам. Маҳсулот бо тамғаи Ширкати истеҳсолии «Клей Лайн», ки сарвариашро ба ўҳда дорам, алҳол танҳо дар дохили мамлакатамон ба фурўш бароварда мешавад.

Бо вуҷуди ин харидори маҳсулоти Ширкат сол то сол афзун мегардад. Ширкати мо дар пойтахти кишварамон - шаҳри Тошканд ҷойгир аст ва бо талаботи мизоҷу харидор навъҳои он такомул дода мешавад.

Чӣ хуш асту гуворост муҳити дўстиву ҳамбастагӣ, чӣ хуш аст дар фазои Ваҳдату ҳамдилии халқҳо умр ба сар бурдан! Аз он, ки замоне фаро расиду боз ба ҳамкориҳои байни ду халқ-тоҷикону ўзбекон роҳи васеъ кушода шуд ва аз он, ки Ширкати моро барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд, хеле хурсанд шудам. Вақте ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд омадем, моро ончунон гарму ҷўшон пазироӣ намуданд, ки аз ин меҳмоннавозии мардуми шаҳр, аз меҳрубониву некхоҳиашон ба ваҷд омадам. Муҳити самимии ин ҷо маро мафтун кард ва дубора эҳё гаштани дўстии қарнҳо идомадоштаи ду халқи азимро эҳсос намудам.

Дар ин сарзамин ба маҳсулоти худ харидор пайдо намудам. Ният дорам, ки бо тоҷирони тоҷик минбаъд ҳамкориро зич ба роҳ монам.

Гулӣ ҲУСЕЙНОВА,
соҳибкор аз шаҳри
Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон

Читать далее

«Пайғом»-и Ваҳдат

Рўзномаи бахши Деваштичии Иттифоқи нависандагон бо номи «Пайғом» бахшида ба 20- солагии Ваҳдати миллӣ таъсис гардид.

Нашрия адабию фарҳангӣ ва иттилоотӣ буда, муассиси он бахши ноҳиявии Иттифоқи нависандагон ва ҳайати мушовараю эҷодӣ, нависандагон ва мухбирони ҷамоатӣ мебошанд. Рўзнома аз ҳашт саҳифа иборат буда, моҳе як маротиба нашр мегардад.

Дар сухани табрикотии хеш раиси ноҳия Р.Ҷўразода иброз доштааст, ки дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа мавқеи рўзнома, ҳафтанома ва моҳнома бағоят калон мебошад. Бахусус, ба эътибори доимии мардум манзур кардани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати матбуоти даврӣ дар зинаҳои баланд ҷой дошта, барои фатҳу нусратҳои нав ба нави меҳнатӣ ба аҳли ҷомеа қувваю илҳом мебахшад.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷалби хонандагон ба истироҳат

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ пас аз анҷоми соли таҳсил ба таътили тобистона баромада, аксари муассисаҳои таълимӣ бо лагерҳои истироҳатӣ фаро гирифта шудаанд. Аз он ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Шаҳристон низ лагерҳои наздимактабӣ амал мекунанд.

Тибқи иттилои мутахассиси пешбари шўъбаи маориф Фирўза Атоева дар муассисаҳои ноҳияи мазкур дар се баст истироҳати тобистонаи бачаҳо ташкил шуда, аллакай басти аввали он ба анҷом расидааст. Иқдом меравад, ки то охири таътил наздик 650 нафар хонанда бо истироҳату фароғат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки лагерҳои истироҳатии наздимактабии ноҳияи Шаҳристон аз рўйи нақшаи муайян фаъолият карда, барои истироҳату фароғати хонандагон масъулин тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд.

Хонандагон бо се маҳал хўроки гарм ва ҷои хоб таъмин гашта, ҳамчунин дар ин ҷо бо роҳбарии мураббиён бозиҳои шавқовар гузаронида мешаванд.

Дилдора Хайруллоева,
таҷрибаомўзи
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

28 June 2017

Ярмаркаи байналхалқии тиҷорат “Суғд – 2017”: мусоидат ба рушди иқтисодиёт

Соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки ҳар порча замини ҳосилхези Тоҷикистонро босамар истифода баранд.

Бо дастранҷи худ зиндагиашонро обод, дастархони халқро пур аз неъмат ва диққати меҳмонони бурунмарзиро ҷалб намоянд.Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешравии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир мекунанд. Исботи ин гуфтаҳо баргузор шудани Ярмаркаи байналхалқии тиҷорат “Суғд – 2017” мебошад.

Ярмаркаи байналхалқии тиҷорат “Суғд – 2017” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят бори чорум аст, ки баргузор мегардад. Меҳмонон аз давлатҳои дунё, аз қабили Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Ҳиндустон, Чину Белорус, Ҷопону Полша иштирок доштанд. Мо бо якчанд нафар меҳмонони бурунмарзӣ, иштирокчиён ва ташкилкунандагон доир ба рафти ярмарка сўҳбат оростем.

Ҳанна Деркул, Британияи Кабир: - Бори нахуст дар Ярмаркаи байналмилалии “Суғд-2017” иштирок дорам. Бароям хеле писанд омад ва диққати маро бештар тарзи банду басти маҳсулоти кишоварзӣ дар қуттиҳо ҷалб кард. Аз он сабаб, ки бо ин тарз бандубаст кардан, ба Аврупо содирот намудан қулай мебошад.

Саид Файз Ҳаят, роҳбари барномаи “Менеҷер”- и ташкилоти Оксфам, шаҳрванди Ҳиндустон: - Муддати 2 сол аст, ки ташкилоти Оксфам яке аз саҳмгузорони ярмаркаи мазкур мебошад. Ғайр аз ин, бо фермерҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ҳамкорӣ мекунад. Ҳадаф аз он рушду тавсеаи соҳаи кишоварзӣ аст. Тўли ин вақт мо 7000 фермеронро (5000 зан ва 2000 мард) ба бозори рақобат шинос намудем. Дар ин ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ зиёдтар таваҷҷўҳамро ҷалб кард.

Беҳрўз Ёдгоров, мутахассиси ташкилоти Оксфами Британияи Кабир дар Тоҷикистон: - Баргузор шудани ярмаркаи имрўза нишонаи устувор будани амнияти озуқаворӣ дар давлат мебошад ва ояндаи дурахшон дорад.

Полянин Виктор Дмитрович, намояндаи давлати Белорус дар Тоҷикистон: - Дар сатҳ ва шакли хуб ярмарка баргузор гардид. Меҳмондўстиву меҳмоннавозии сокинони вилояти Суғд писандам. Иштирок кардани намояндагон аз давлатҳои дунё лаҳзаҳои зери як парчам саф кашидани намояндагони 15 мамлакат хеле фараҳбахш буд.

Низомов Аловаддин Низомович, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи вилояти Суғд: - Тарзи дутор навохтани Фазлиддини наврас аввал диққатамро ба худ кашид, баъд рўҳро орому қалбро аз ғам дур сохт, зеро бо шавқ оҳанги тоҷикиро менавозад. Умед дорам, ки дар оянда яке аз дуторнавозони машҳури тоҷик мегардад.

Ислом Тўраев, мутахассиси пешбари шўъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан: - Тавассути ташкил кардани ин гуна ярмаркаҳо мо метавонем, дар баробари бо маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, боз ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалӣ қавитар гардонем. Мехостам чунин ярмаркаҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҳам ташкил карда шаванд.

Воқеан, баргузории ярмарка дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд фазои идонаеро муҳайё намуд. Умед дорем, ки минбаъд ҳам ташкили чунин ярмаркаҳо идома меёбад ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон ба дигар минтақаҳои ҷаҳон бештар мешавад.

Мижгона Шукурова,
Бибианбар Нурова,
Саидзариф Зарифов,
таҷрибаомўзони “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар кори иҷлосия аз 69-вакил 64-нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори иҷлосия раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони соҳавии онҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сохторҳои вилоятӣ, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид.

Читать далее

Шинохтан ва пояндагии рукни Ваҳдат

Дар ҷашни бузурги умумидавлатӣ 20-умин солгарди ба имзо расидани Cозишномаи сулҳи тоҷикон ва Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон мехостам баъзе хотираҳои хешро ба хонандагони арҷманди рўзнома баён намоям.

Таъкид намудани он бамаврид аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту вохўриҳояшон ба дурандешии сиёсию хирадмандии азалии мардуми тоҷик баҳои баланд дода, ин омилҳоро асоси ҳарчӣ тезтар ноилшавӣ ба муросои миллӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати пойдор дар кишвар пас аз воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон меҳисобанд.

 Ҳаминро низ аз рўйи инсоф набояд фаромўш кунем, ки тинҷию оромии имрўзаи давлати мо, бешубҳа, дар натиҷаи заҳматҳои беназири шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари оқилу дурандеши кишвар, инсони нексиришт ва адолатпеша, шахсияти таърихие, ки бо амри Илоҳӣ баҳри аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ додани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидаанд, ба даст оварда шудааст.

Солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда, ба насли ҷавони имрўза, алалхусус, сиёсатмадорони ҷавон гуфтаниам, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои созандагию бунёдкории алҳол амалишаванда, роҳбарияти мамлакат ва кулли фарзандони баору номуси диёрамон хеле заҳмат кашидаанд.

Ҳодисаҳое, ки солҳои 1992-1997 дар кишвари мо ба вуқўъ омад, бори дигар нишон дод, ки мухолифони давлату ҳукумат барои соҳибшавӣ ба мансабу дороиҳо чандин олимони бузург, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони кордону ватанпараст ва сиёсатмадорони варзидаро ба қатл расониданд.

Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки яке аз аввалин қурбонии дасисабозиҳою оғози ҷанги шаҳрвандии давлати мо, собиқ Сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум», вакили ҳамонвақтинаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллоҳи Шералӣ буд, ки санаи 5-майи соли 1992 аз тири нохалафон дар назди бинои Шўрои Олӣ кушта шуд.

Дар он рўзҳо, яке аз адибони шинохтаи ҷумҳурӣ Атахон Сайфуллоев ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва ба ақидаи банда, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа, ҳисси баланди ватанпарастию хештаншиносӣ он касро водор намуд, ки бегоҳии 5 майи соли 1992 тавассути шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ доир ба ин воқеаи мудҳиш, мақсадҳои ғаразноки саркардаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо як баромади ниҳоят эҳсосотию ҷасурона ба сокинони кишвар муроҷиат намояд.

Ин муроҷиати Атахон Сайфуллоев ба мардум сирру асрори ҳамаи сарварону тарафдорони гурўҳҳои мухолифинро пурра ошкор намуда, боиси аз тарафи онҳо таҳррезӣ гардидани нақшаҳои бадғараз, ҳатто ҷисман нобудсозии ў шуда буд.

Чунин мисолҳои ибратбахши таърихиро дар ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ танҳо ба хотири тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон, ҷилавгирӣ намудан аз ҳама гуна зуҳуроти зиёдаравию гароишҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, қадршиносӣ намудан нисбати онҳое, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум заҳмат кашидаанд, алалхусус, сари вақт амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва яке аз фарзандони ҷонфидои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, баён доштам.

 Ҳар як фарди бохирадро зарур аст, ки новобаста аз мавҷудияти камбудию муаммоҳои муваққатии зиндагӣ ба қадри сулҳу суботи ҷомеа, тинҷию оромӣ расида, баҳри тақвиятбахшии Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад ва дар ободонию ҳалли муаммоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ватани хеш фаъолона ширкат намояд.

Ҷоизи зикр аст, ки танҳо оромии сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ асоси рушди босуботи мамлакат шуда метавонад ва ҳамаи мо шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки пас аз солҳои 2000-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода шуда, имрўзҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд.

Дар ҳолати аз тарафи кулли мардум содиқона дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат, саҳмгузории бевоситаи ҳар як фарди бонангу номус ҷиҳати барпо намудани муҳити солиму устувор баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва содиқ мондан ба рукни ваҳдатсолорӣ обрўю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, ҳадафи олии стратегии Ҳукумати кишвар нисбати ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат ҳарчӣ тезтар амалӣ мешавад.

Карамулло ОДИЛОВ,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, узви Шўрои вилояти ҳаракати
Ваҳдати миллӣ 
ва эҳёи Тоҷикистон

Читать далее

Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб

Мардуми шарафманди вилояти Суғд 20-умин солгарди санаи бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бо шукуҳи зиёд ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил намуданд.

Тӯли 20 сол аст, ки халқи тоҷик санаи 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил менамояд. Воқеан ҳам созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хамин рӯзи соли 1997 ба имзо расид, ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашҳои сиёсиро дар ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон хотима бахшида, на танҳо роҳи равшани саодатро барои миллати мо боз намуд, балки ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофарини мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. 20-умин солгарди санаи бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро мардуми шарафманди вилояти Суғд бо шукуҳи зиёд ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил намуданд.

Читать далее

Файзи шарарбор ва меҳри нусратбахш

Шукри ин рўзгори босаодат, шукри меҳани маҳбубу ба ҷон баробар, ки имрўз дар оғўши гарму босафои он кору пайкор дорем. Ин ҳама шукўҳу шаҳомат, рўзгори осуда аз файзи баракати ваҳдатест, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таҷаллии рўзгори босафо, хандаҳои беғаши тифлакони хушиқбол, суруру ангезаҳои шодии ҷавонони саодатёру шукуфтанҳои кишвар ин ҳама аз дурахши шўълаҳои офтоби ваҳдат аст. Шукронаи афзуни ваҳдат, шўълаи имони ҳар як фарди поквиҷдон ва адолатпарвар, ки дар якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар, посбони сулҳу субот, пойдорӣ, дўстиву рафоқат, эҳтиромгари арзишҳои миллӣ ифода меёбанд.

Имрўз ҷомеаи мо як марҳалаи томи тараққиётро аз сар гузаронида, 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарбаландӣ ва дастовардҳои арзанда таҷлил намуд. Арзишмандтарин дастоварде, ки тайи солҳои Истиқлолият аҳли кишвар ба он соҳиб шуд - расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст ва мардум ин санаи таърихиро бо башорати некаш гиромӣ медоранд. Ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои халқи азизи кишвар рўзи саид, фирўз, ваҳдат, нусрат, некў ва таърихӣ маҳсуб мегардад. Ваҳдате, ки тавассути кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилиҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз, пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.

 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз, бо таҳкими сулҳу субот ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрў ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.

Дар эҳёи давлати навини тоҷикон, ки оғози роҳи Истиқлолият бисёр шебу фарозҳо дошт, марде ба арсаи сиёсат омад, ки саропо меҳр ба миллату ин хоку бум дошт. Бале, Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатдории тоҷиконро гирифтанд, ки бародар дар симои бародари худ душмани ашаддиашро медид. Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин мусоҳибаи худ қайд карда буданд, ки аввалин қадамҳои сулҳ бояд аз боварию ҳамдигарфаҳмӣ оғоз ёбад. Он гоҳ мо метавонем, дар якҷоягӣ аз гуноҳи ҳамдигар гузарем. Дертар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар атрофи идеяи миллӣ мардумро сарҷамъ кунанд. Дар ин миён Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерўи хирад ҷониби мухолифинро ба сулҳу оштӣ даъват намуданд. Созишнома ба имзо расид. Ва ин сулҳи деринтизорро пиру барнои кишварамон бо шодию нишоти беҳудуд истиқбол карданд. Ва шукрона намуданд, ки барои тоҷикон Худованд чунин нафареро эҳдо кард, ки саропо аз меҳр асту дили бузург дорад ва ба халқаш дилсўз аст.

Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. Ба ин маънӣ меъмори сулҳ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Ваҳдати миллӣ дар рўзгори мо баҳои баланд дода, таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гардид».

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина аҳли ҷомеа, махсусан, маорифчиёнро барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдату худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ талқин намуда, аз ҷумла, таъкид доштанд, ки ин амр аз аҳли ҷомеа, алалхусус, аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, Ватану ватанхоҳӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст. Эълон шудани соли равонро ба ҳайси Соли ҷавонон маҳз, ба хотири баланд бардоштани ифтихор ва худогоҳии миллӣ, Ватану ватандўстӣ метавон арзёбӣ кард.

 Дар ин радиф, дар давоми таҳсили соли равон дар муассисаҳои таълимии вилоят тибқи нақша чорабиниҳои зиёди талқинкунандаи сулҳу ваҳдати миллӣ ташкилу баргузор гардиданд.

Имрўз ҳар як шаҳрванди маърифатпарвар, бедору ҳушёр аз он ифтихор дораду сарфароз аст, ки хиради азалии миллати мо таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифту дар сар то сари Ватан суруру шодмонӣ танинандоз шуд. Ва 20 сол аст, ки мо дар фазои тинҷиву оромӣ осуда кору зиндагӣ дорем.

 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро аз лиҳози аҳамияти фавқулоддааш бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф гузошта, зикр кардаанд: «Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Андешаҳои хешро роҷеъ ба мактаби ваҳдатсози Сарвари муаззами давлатамон ҷамъбаст намуда, навиштаҳои ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба хотирам расиданд: “Оре, талошҳои Ҷаноби Олӣ дар ин самт собиқа надоранд. Маҷмўан агар Пётри Кабир аз тариқи киштисозӣ Русияро ба Аврупо пайваста бошад, Эмомалӣ Раҳмон тавассути роҳкушоӣ дар таърихи мавҷудияти миллат ва давлат Тоҷикистонро бо кулли кишварҳо васл карданд, бо фарҳангу санъати волои миллати тоҷик ва пешниҳоду суханрониҳои хирадмандона кишварҳоро тасхир намуданд”.

Мактаби ваҳдатсози Пешвои миллат роҳандозии худогоҳӣ, худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандориро ба вуҷуд овард. Ин мактаб аз ифтихори баланди миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати ниёгони бузургамон сарчашма мегирад.

 Осим КАРИМЗОДА,
 сардори Раёсати маорифи
 вилоят, доктори илмҳои
таърих, профессор

Читать далее

Меъёри воқеият ва фазои эҳтироми Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таъкид намуданд: “27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои давлатдории тоҷикон абадан нақш мебандад”.

Ҳанўз 26 июни соли 1999 Президенти кишвар гуфтаанд: «Рўзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ мо ба тамоми ҷаҳон нишон додем, ки миллати покгуҳар ва соҳибхирад ҳастем, тамаддуни қадим ва анъанаҳои ибратомўзро ба мерос гирифтаем, шарафи миллӣ ва меҳри Ватанро қадр мекунем».

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ бо ҷидду ҷаҳд ва талоши Сарвари давлатамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки тарафҳои бо ҳам муқобил сарҷамъ гаранд, зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд, сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гарданд.

Имрўз мардуми кишвар бо самимияту ихлос ва арҷгузорӣ ба неъмати Ваҳдату Истиқлолият дар коргоҳу саҳро, мактабу табобатгоҳҳо заҳмат мекашанд, то ин ки ба рушди Ватан, некўаҳволии ҳамдиёрон, тарбияи фарзандон, табобати беморон мусоидат намоянд, ки ин худ аз Ваҳдати миллист. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон истифода шуда истодааст.

Ваҳдати миллӣ ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони ўст. Лозим меояд, ки тамоми аҳли ҷамъияти Тоҷикистон ин неъмати беқиёсро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва дар роҳи ободию осудагии халқи мамлакат устувор хизмат намоянд, дар атрофи Пешвои миллат, Президенти худ муттаҳид гардида, обрўю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардоранд.

 Шавкат АЛИЕВ,
муовини раиси Шўрои собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Читать далее