June 2017

22 June 2017

Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест!

Мо шукр мекунем, ки имрӯз ҳамаи нозу неъмат дар рӯи дастархони ҳар як сокини кишвар мавҷуд аст. Имрӯз дар байни сокинони вилояти Суғд ҳастанд он нафароне, ки барои оростани дастархони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

Ба наздики иди саиди фитр фаро мерасад. Ба ҳамин муносибат аз ҷониби Пешвои муаззами миллати тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сокинони кишвар муроҷиат карда шуд, ки дар ин рӯз ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Супорише, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сокини кишвар дода шуд, дар ҳақиқат дуруст ва саривақтӣ аст. Зеро бо зиёдаравию исрофкорӣ, албатта, ба буҷаи оилаи худ  зарар хоҳанд овард. Ба ҷои исрофкориву зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ бояд дастархони хоксорона ороста, бо аҳли оилаи худ хурсандона иду айёмро ҷашн гиранд.

Ҳамчунин, барои ятимону маъюбон ва камбизоатоне, ки аз надоштани маводи хӯрока танқисӣ мекашанд,  хайру саховат намуда, онҳоро низ дар рӯзи ид хурсанд намудан кори басо  савоб аст. Зеро ин амал аз чавонмард ва хоксор будани ҳар як нафар  шаҳодат медиҳад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
сархатиби масҷиди  ҷомеъи
марказии Шайх Муслиҳиддин

Читать далее

Рукни давлатдорӣ

Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати хоксорона оростани дастархони идонаи иди Рамазон, ба исрофкорӣ роҳ надодан, сариштакору босабр будан ҷонибдорӣ менамоям. Даъвати Сарвари кишварро ҳамчун як рукни низоми давлатдорӣ мешуморам, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзаминамон - Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Ин даъват нишони барҷастаи таҷассуми он аст, ки дар инсон ҳам рафтор, ҳам гуфтор бомаърифатона бошад. 

Абдуҳаким ШАРИФОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар арафаи иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастархони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.

Читать далее

Бо ташаббуси созанда ва садоқатмандӣ

Таҳаввулоте, ки тайи даҳсолаи охири соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ба вуқўъ пайваст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати меросбари тамаддуни бузург ва пешниҳодкунандаи иқдомҳои созанда барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо таҷрибаи сулҳе, ки тарҳи онро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён манзур намуданд, аҳамияти умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ касб намуд. Ин таҷрибаи сулҳ аз тарафи аксари сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, роҳи Тоҷикистонро ба арсаи сиёсати байналмилалӣ боз намуд. Натиҷаи ҳамин иқдомҳои назаррас буд, ки санаи 21-уми декабри соли 2016 бори дигар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони азизи мо боз як рўйдоди нодир ҷараён гирифт. Аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Қатънома зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 қабул шуд, ки ин дар навбати аввал давоми силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳалли муаммои ҷаҳонии об маҳсуб мешавад.

Эълони Даҳсолаи навбатии амалиёти “Об-барои рушди устувор” бори дигар аз он паём мерасонад, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар муносибат ба оби нўшокӣ, ки имрўз дарвоқеъ яке аз муаммоҳои сайёра ба шумор меравад, ҳадаф ва ормонҳои мардуми оламро ифода менамояд. Тавассути ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ боварии том ҳосил намуд, ки Тоҷикистон кишвари пешниҳодкунандаи иқдомҳои муфид барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, Пешвои миллат ҳамчун шахсияти оянданигар ва инсонгаро манфиати инсонияти сайёраро аз ҳама боло ниҳода, барои наҷоти аҳолии рўи замин аз мушкилот ва норасоии оби нўшокӣ иқдом менамояд. Аз ин рў, мо – ҷавонон ҳамеша бар он ифтихор дорем, ки талош ва иқдомоти Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ пуштибонии ҳамешагӣ касб намуда, мақоми Тоҷикистони азизи мо пайваста боз ҳам боло меравад.

Имрўз, вақте ки дар низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад, бояд ба он талош намоем, ки дар ҷодаи сазовор будан ба ин бовар ва эътимоди Пешвои миллат аз худ ташаббус ва иқдомҳои наҷиб ба зуҳур расонида, тавассути нерўи бузурги ақлонӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм бигирем ва соли худро бо муҳимтарин ва бузургтарин корномаҳои эҷодӣ, ташаббусҳои созанда, оини ватандорӣ ва садоқат ба ин хоку оби муқаддас рангоранг бигардонем.

Мо, ҷавонон, ба ин қудрат ва тавонмандии ҳамсолони хеш бовар дорем ва мекўшем, ки дар татбиқи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об - барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 саҳми шоиста гузорем.

Ситора ЮНУСОВА,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Майдонча ҳаст? Ҳаст, вале…

«Ба раиси шаҳр гап дорам»

Вақти хўроки шом тариқи телевизион тарғиби замони мусоҳибаи Президенти Русия В.Путин бо сокинони кишвар мерафт, писарам ногаҳон пурсид.

-Модар, ба калони шаҳри мо ҳам ҳамин хел савол дода мешавад?

-Калон не, бачем, Раиси вилоят ё раиси шаҳр. Мешавад, барои чӣ намешавад? Агар имкони савол додан мешуд, ту ҳам савол медодӣ?

Ба ин мавзўъ таваҷҷўҳ намудани писари даҳсолаам ҳисси кунҷкобии маро боло бурд ва бо шавқ аз ў пурсидам:

- Агар имкон медоштӣ, ту аз раиси шаҳр чиро пурсон мешудӣ?

- Не, ман ба раиси шаҳр савол намедиҳам, ман ба он кас гап дорам.

Ин ҷавоб ҳайрати маро бештар намуд ва боз ҳам шавқмандтар кард барои идомаи сўҳбат.

- Гап дорӣ?

-Аҳа.

-Чӣ гап, ба мо ҳам фаҳмидан мумкин?

-Мегуфтам, ки ягон бегоҳ ба назди бинои мо оед.

-Барои чӣ ба назди бинои мо оянд?

-Мебинанд, ки чӣ хел моро вақти бозӣ аз даромадгоҳи бино пеш мекунанд, намегузоранд, ки мо футболбозӣ кунем!

-Охир он ҷо ҷои бозии футбол нест.

-Бале, ҷои бозӣ нест, аммо мо куҷо футболбозӣ кунем?

-Ба раиси шаҳр мегуфтӣ, ки дар назди бинои мо майдончаи варзишӣ нест?

-Не, мегуфтам, ки гўянд моро одамон пеш накунанд!

Баъди ин сўҳбат андешае маро ором намегузошт, ки воқеан ин кўдак дуруст мегўяд. Дар маҳаллаи 20 биноҳои 8, 9, 10 майдончаҳои варзишӣ ва ҳатто кўчактарин шароит барои бозиву фароғати кўдаконро надоранд. Дар ҳақиқат имрўзҳо вазъи майдончаҳои варзишии назди биноҳои шаҳр чӣ ҳол доранд? Оё дар назди биноҳои баландошёна ҷой барои бозии кўдакону наврасон мавҷуд аст? Барои муҳайё намудани шароитҳои лозима барои кўдакон дар назди биноҳо бояд чӣ корҳоро ба сомон расонид ва то имрўз чӣ корҳо ба анҷом расидаанд? Ҷустуҷўи посухи ин суолҳо моро ба таҳлили ин мавзўъ бурд.

 Айни ҳол таътили тобистона оғоз гаштаву кўдакону наврасон фурсати бештар барои истироҳату фароғат доранд. Дар баробари он ки дар ин фурсат фаъолияти тамоми урдугоҳҳо оғоз мешавад, кўдакон бештари вақти хешро дар назди биноҳои истиқоматии хеш мегузаронанд, зеро имконияти дар урдугоҳҳо истироҳат кардан на ба ҳама даст медиҳад ва агар имкон шавад ҳам, он беш аз 12 ё 24 рўз нест.

Дар талоши эҳёи майдончаҳои варзишӣ

Мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров бар ин андеша аст, ки солҳои охир бобати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш, сохтмон ва эҳёи майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр талошҳои пайгирона ҷараён доранд. Бино ба иттилои ў соли гузашта бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо 14 адад майдончаи варзишию бозии кўдакона ва майдонҳои сунъии намуди футбол дар назди биноҳои баландошёна ва кумитаи маҳаллаҳо ба истифода дода шуд. Имрўз майдончаҳои варзишии хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди бинои №20, майдонҳои футболи хурд, волейбол ва баскетболи маҳаллаи Дўстии халқҳо, микроноҳияи 31 - назди биноҳои №№39, 5, 18, майдончаи варзишии маҳаллаи “Мевағул” - микроноҳияи 18, назди бинои №8, маҳаллаи 32 назди бинои №3 мавзеи дўстдоштаи кўдакону наврасони ин маҳалҳо гаштаанд.

Ҳамзамон, ифтитоҳи майдонҳои сунъии намуди футбол дар маҳаллаи “Сайҳун” ва ”Суғдиён”, назди бинои №16 ва МТМУ №14 падидаҳои фараҳбахши соли рафта буданд.

Воқеан, ифтитоҳи маҷмааи фароғатӣ-варзишӣ дар маҳаллаи «Масҷиди Савр», назди бинои баландошёнаи №20, ки аз 6 майдончаи ҷудогона барои шуғли кўдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол пешбинӣ гаштааст ва бо маблағгузории беш аз 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардид, барои истиқоматкунандагони ин бино, бавеҷа кўдакон ҳадяи хубе буд. Ин амали хайр ҳамчунин, дар микроноҳияи 18, назди бинои 8, ки бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони маҳалла бунёд гаштааст, шоистаи зикр аст.

Абдувосит Ғафуров қайд кард, ки дар 5 моҳи соли 2017 бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо 5 адад майдончаи варзишию бозии кўдакона ва майдонҳои сунъии намуди футбол дар назди биноҳои баландошёна ва кумитаи маҳаллаҳо ба истифода дода мешавад.

Маъруфҷон Алибоев - мудири шўъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр низ қайд мекунад, ки айни ҳол ба истифода додани майдончаҳои варзишии назди биноҳо дар маҳаллаҳои «Мевағул» ва «Навбаҳор» дар назар аст.

 Воқеан ҳам, дар назди бинои 4-уми микроноҳияи 18 бунёди майдончаи варзишӣ ҷараён дорад ва бино ба иттилои раиси маҳаллаи “Мевағул» Очилбой Мўсоев наздик 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар назар аст дар арафаи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ин майдонча дари хешро ба кўдакону наврасони бинои 4 боз намояд. Мавсуф иброз медорад, ки бо ташаббуси бошандагони бино бунёди майдончаи варзишӣ сурат гирифта, лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҳисоби буҷаи шаҳр дар ҳаҷми 191 ҳазор сомонӣ тасдиқ шудааст. Майдончаи варзишии мазкур ҷавобгўи талаботи замон буда, кўдакон метавонанд бо бозии волейбол, футбол, баскетбол машғул шаванд. Барои кўдакони синну соли гуногун шароит муҳайё карда мешавад, ҳамзамон, қисмати пеши бино таъмир ва назди даромадгоҳҳо гулкорӣ шуда истодаанд,-таъкид кард раиси маҳалла.

Талошҳо ҳаст, мушкилиҳо низ…

Ҳаётхон Муродова-раиси маҳаллаи «Навбаҳор» низ аз омодагиҳо оид ба бунёди майдончаи варзишии назди бинои маҳалли хеш сухан карда мегўяд, ки қариб дар назди ҳамаи биноҳо майдончаи варзишӣ ҳаст, аммо ҳолаташ мувофиқи матлаб нест. Барои мутобиқ сохтан ба талаботи замони муосир маблағ лозим аст, ки ин мушкилӣ бояд марҳала ба марҳала ҳалли худро ёбад. Ҳамзамон, Ҳаётхон Муродова набудани ҷойро барои майдончаҳои варзишӣ аз муаммоҳои аввалин дар ин самт медонад. Ин нуктаро раиси маҳаллаи «Суғдиён»-Эшон Махсумов низ қайд карда, набудани ҷойро барои майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла, дар назди биноҳои 8, 9 ва 10, 19, 20-уми маҳаллаи 20 тасдиқ мекунад.

Истиқоматкунандаи бинои 30-юми маҳаллаи 19 (нахост номашро зикр кунад) қайд мекунад, ки замони Шўравӣ дар назди бино майдончаи варзишии хеле хуб дар хидмати наврасону кўдакони бино буд. Замони Истиқлолият бо ташаббуси бошандагони ин бино майдонча аз нав тармим ва ба истифода дода шуд. Аммо ҳоло бошад, ба ҷои ин майдончаи варзишӣ бинои истиқоматӣ бунёд шуда истодааст. (Ин муаммо соли гузашта дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» мавриди баррасӣ ва инъикос қарор гирифта буд). Ҳоло мо дар назди бино барои фарзандон ҷои бозӣ надорем. Кўдакон дар назди даромадгоҳҳои бино машғули тўббозӣ мешаванд, ки аксаран боиси ҳамдигарнофаҳмӣ ва норизоияти калонсолон мешавад.

Чуноне ки қайд кардем, дар назди бинои 3-юми маҳаллаи 32 майдонча барои фароғату истироҳат ба истифода дода шудааст. Ҳангоми азназаргузаронӣ мушоҳида шуд, ки воқеан назди бинои 3-юми маҳаллаи 32 хеле зебову дилкаш ва мавзеи хубе барои истироҳати истиқоматкунандагон гаштааст. Вале барои бошандагони биноҳои 1 ва 2 бошад, чунин шароит ва имкониятро мушоҳида накардем.

Набудани майдонча барои кўдакон дар назди ин биноҳо нигаронкунанда аст. Дар қафои бинои 2 майдончаи хубу барҳавое, он барои кўдакони якчанд бинои гирду атроф хизмат мекард, мавҷуд аст, вале имрўз, мутаассифона, онро партовгоҳ карда, беш аз 6 қуттии партов гузоштаанд. Ташвишовар ин аст, ки бачаҳо дар назди ҳамин партовгоҳ бо футболбозӣ машғуланд, ки бешубҳа, метавонад ба саломатии онҳо зарар расонад.

Аз майдончаҳои ба истифода додашуда ҳолати майдончаи назди бинои 18-уми микроноҳияи 31-ум нигаронкунанда буд. Ин майдонча, ки дар сари роҳ ҷойгир аст ва ҳамагӣ як “арғунчак”-у як “ғеҷонак” дорад, айни ҳол алафзор гаштаву партовгоҳро мемонад. Маълум аст, ки бошандагони бино нисбат ба ин майдонча беэътиноӣ зоҳир кардаанд.

Ҳамингуна ҳолати ҳузновар дар майдончаи назди бинои 112-уми ҳамин маҳалла ба чашм расид. Алафҳои бегона ва партовҳои зиёд сар то сари майдончаро фаро гирифта буданд. Дар баробари ин мушоҳида шуд, ки дар микроноҳияи 31, назди биноҳои 84, 85, 86 умуман майдончаи бачагона мавҷуд нест, дар микроноҳияи 32-юм бошад, биноҳои 1, 2, 20 низ ҷое барои истироҳату фароғати кўдакон надоранд.

Ин нукта низ ба маврид аст, ки қариб тамоми майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёнаи шаҳр ба талабот ҷавобгў нестанд. Мушкилии аввалине, ки дар ин майдончаҳо ба назар мерасад, пеш аз ҳама сангсору шағалзор будани ин мавзеъ мебошад. Чунончӣ қариб ҳар даромадгоҳи бинои 11-уми маҳаллаи 20 ҷой барои бозии кўдакон дорад. Дар ин майдончаҳо фақат “турник” ва “арғунчакҳо”-ро дида метавонем. Аммо ин майдончаҳо ҳамагӣ пур аз сангреза ҳастанд ва барои бозии кўдакон бехатар нест. Дар маҳаллаи 20 танҳо майдончаи варзишии назди бинои 16-ум, ки ба наздикӣ ба истифода дода шудааст, қумпўшу ба талабот ҷавобгў мебошад. Мушкили дигаре, ки дар майдончаҳои варзишии назди биноҳо ба назар расид, ин хеле хурд будани ин мавзеъ мебошад. Аксари ин майдончаҳо барои истироҳати 8-10 нафар кўдак мувофиқ аст. Яъне, теъдоди бачаҳои биноҳо зиёд, вале майдончаву мавзеи он камтар аст.

Ташаббус аз сокинон, вале...

Дар аксар маврид майдончаҳое, ки дар назди биноҳои шаҳр сохта ва ё таъмир карда мешаванд, бо ташаббус ва талошҳои сокинони биноҳо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат мегиранд. Аммо барои сохта, ба истифода додани ин майдончаҳо низ талошҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонид.

Бинои 2-юми микроноҳияи 12 айни ҳол майдончаи истироҳату фароғат барои кўдакону истиқоматкунандагон надорад. Бошандагон барои сохтани мавзеи истироҳатӣ аз соли 2015 талош доранд. Чунончӣ, роҳбари бино Ҷамшед Хўҷаев иброз медорад, лоиҳаи майдончаи варзишӣ моҳи декабри соли 2015 пешниҳод ва ҳатто ба нақшаи асосии шаҳр ворид шуда буд, аммо мутаассифона, то имрўз он ба истифода дода нашудааст, сабаби инро ў дар набудани маблағ маънидод мекунад.

Ба ҷои анҷом

Умуман, имрўзҳо дар шаҳр беш аз 260 иншооти варзишӣ, аз қабили толорҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки барои истироҳату фароғат ва тамрини наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Дар баробари он ки дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расидаанд, ҳанўз ҳам камбудиву мушкилиҳо ҷой доранд.

Дар ин раванд таъкиди сатҳи пасти маданияти шаҳрдории сокинони шаҳрро низ зикр кардан бамаврид аст. Зеро аксар майдончаҳои варзишӣ ва мавзеъҳои истироҳатии миқёси вилоят аз бетаваҷҷўҳии сокинон ба чунин ҳолатҳои ногувор расидаанд.

 Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

“Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб”

Китоби “Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб”, ки ба қалами ҳабибулло Тоатов тааллуқ дорад, тариқи нашриёти “Меъроҷ”, бо теъдоди 20 ҳазор нусха ба дасти хонандагон расид. Муаллиф китобро бо суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шўрои миллии кор бо ҷавонон оғоз кардааст.

Хонанда зимни мутолиаи китоб доир ба масъалаҳои ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ, таърихи ташкил шудан ва раванди фаъолияти ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ҷараёни радикализми “Ваҳҳобия” таърих ва симои ҳақиқии он, ҳаракати “Толибон”, доман паҳн кардани терроризм ба мамлакатҳои Ғарб, падидаҳои номатлуби ҷаҳон: радикализм, экстремизм, синкретизм (яксон намудани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (яккаҳукмронӣ ва маҳрум гардидан аз тамоми намуди озодиҳо), космополитизм (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию динӣ) маълумот пайдо карда метавонад.

Китоби мазкур барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст. Барои омўзиш ва гузаронидани сўҳбату семинарҳо, конфронсҳо, маҳфилҳои сиёсатшиносони ҷавон, мутахассисон ва ҷомеашиносон кўмак мекунад.

Китоб бо сарпарастии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ба табъ расидааст.

Мижгона Шукурова,
таҷрибаомўзи “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Имконияти фаровон барои ҳамкорӣ

Чунон ки иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва ҳамкорон оид ба рушди Тоҷикистон рўзҳои 16 -17-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» баргузор гардид. Дар доираи Ярмаркаи мазкур намоиши маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон, гуфтушунидҳо дар бобати бастани шартномаҳо, вохўриҳои алоҳида, намоиши ширкатҳои намояндагии кишварҳои хориҷӣ, мастер-синфҳо ва конфронсҳо ба вуқўъ пайвастанд.

Бори аввал дар Ярмаркаи «Суғд-2017» бо иштироки васеи коршиносони хориҷӣ, аҳли илму фарҳанг конфронси доираҳои илмӣ таҳти унвони «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» гузаронида шуд.

Инчунин, конфронси доираҳои илмӣ бо номи «Суғд - рушди шаҳрсозӣ ва иншооти азим» баргузор гардид. Дар доираи ин конфронс лоиҳаҳои инфрасохтории оби нўшокӣ, ташноб ва қувваи барқи шаҳраки навбунёди «Сайҳун» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, лоиҳаи сармоягузории сохтмони роҳи нимдаврагии автомобилгарди шаҳри Хуҷанд, барномаи барқарорсозии парки троллейбус дар шаҳри Хуҷанд, шаҳракҳои Меҳробод дар ноҳияи Мастчоҳ, Баҳористон дар шаҳри Истаравшан, Туризм дар Тоҷикистон: дурнамои рушд ва лоиҳаи этнофарҳангӣ оид ба пешбурди сифати хизматрасонии мобилӣ ва минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба иштирокчиён пешниҳод карда шуданд.

Конфронси илмӣ барои ба имзо расонидани шартнома оид ба барқарорсозии парки троллейбус дар шаҳри Хуҷанд асос гардид.

Дар чаҳорчўби Ярмарка инчунин, ҷаласа оид ба рушд бо баррасии мавзўи устувор намудани самаранокии ҳамкориҳо доир шуд.

Ярмаркае, ки аллакай бори чорум дар вилоят баргузор шуда истодааст, намояндагони давлатҳои гуногуни хориҷӣ, сохторҳои байналмилалӣ, сармоягузорон, сохторҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷиро бо ташкилотҳои тиҷоративу истеҳсолии ватанӣ ба ҳам оварда, имкон дод, ки байни ҷонибҳо маҷрои нав ба нави молу маҳсулот, хизматрасонӣ ва робитаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дарозмуддат пайдо гардад ва таҳким ёбад.

Ярмарка инчунин, бо мақсади намоиш додани иқтидору имконоти иқтисодии вилояти Суғд ва аз худ намудани таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои дуру наздики хориҷӣ ба вуқўъ пайваст. Айни ҳол вилояти Суғд ва умуман Тоҷикистон барои сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ ҳамчун минтақаи қобили таваҷҷўҳ, ки барои рушди тиҷорат имкониятҳои бештаре дорад, шинохта шудааст. Дар ин самт ҳамкориҳои ширкатҳо ва истеҳсолкунандагони ватанӣ бо давлатҳои дигар густариш ёфта истодааст. Аз ҷониби созмонҳои молиявии байналмилалӣ ин нукта ба таври махсус таъсиргузор гардид.

Рўзи дуюми баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2017» муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо намояндагони ташкилотҳои бурунмарзӣ мулоқоти судманду манфиатбор доир намуд.

Дар мулоқот қайд карда шуд, ки алҳол дар асоси лоиҳаҳо ва баргузор гардидани ярмарка, байни кишвари мо ва дигар давлатҳо шарикии иқтисоди хориҷӣ бо ҳадафҳои судманди тарафайн тадриҷан дар вилоят низ татбиқ гардида истодаанд. Бахусус, дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, истеҳсолот ва обрасонӣ амали нақшаҳои судманд ба назар мерасад. Намояндагони Бонки миллии рушди СММ, ЮСАИД, Бонки Рушди Олмон, ОКСФАМ, GIZӯҚ ва дигарон лоиҳаҳои қаблан амалигардида ва нақшаҳои минбаъдаро таҳлилу баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот ба ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судманд баҳои баланд дода шуд. Зикр шуд, ки минбаъд низ баҳри устувор ва густариши равобити ҳамкориҳо тадбирҳо ба кор бурда мешаванд.

Ҳамчунин, дар он рўз вохўрии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо консули Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко ва намояндаи Палатаи савдои Россия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин бо иштироки соҳибкорони маҳаллӣ доир гардид.

Михаил Кораблин зимни баромади хеш изҳор дошт, ки ҳамкории Россия ва Тоҷикистон дар доираи анъанаҳои мустаҳками дўстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфта, сол аз сол таҳким меёбад.

- Оғози соли равон мо 25 - солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни давлатҳоро қайд намудем. Тўли ин солҳо дар соҳоти мухталиф робитаҳои байнидавлатӣ густариш ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Мо аз муносибатҳо ва ҳамкориҳои стратегӣ басо қаноатманд буда, барои боз ҳам ба сатҳи баланд бардоштани ин ҳадаф кўшиш хоҳем кард. Гардиши молу маҳсулоти мо ҳамасола беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин наздик 27 фоизи гардиши умумии берунии савдои Тоҷикистон мебошад. Махсусан, қайд намудан зарур аст, ки барои мо савдои молу маҳсулот ва хизматрасонии дуҷониба муҳим аст. Имрўзҳо на танҳо маҳсулоти Россия ба Тоҷикистон ворид карда шавад, балки маҳсулоти Тоҷикистон низ дар фурўшгоҳҳои Россия ба назар расанд. Ин пеш аз ҳама, молҳои содиротӣ - амсоли пахта ва маҳсулоти меваю сабзавотӣ мебошанд,-изҳор кард М.Кораблин.

Консули Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко дар суханронии хеш зикр намуд, ки дар ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ рушди хоҷагии халқ пешбаранда дониста мешавад.

- Дар вилоят бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти хоҷагии халқ, дар самти ҷорӣ намудани тухмиҳои навъҳои нав, пурра гардонидани хазинаи тухмиҳо дар амал татбиқ карда шудаанд. Натиҷаи Ярмарка нишон медиҳад, ки аллакай номгўи маҳсулот сол аз сол бештар шудааст. Боиси хурсандист, ки ҳайати иштирокчиёни Ярмарка аз ҷониби Россия зиёд мешавад ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи хоҷагии халқ, балки дар дигар соҳаҳо низ афзуда истодааст, - иброз дошт Валерий Бондаренко.

Раиси Шўро оид ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, муовини директори генералии ҶСП «Троза» Сергей Кличегов зикр дошт, ки алҳол беш аз 20 корхонаи Россия ба таври ихтиёрӣ ҳамкорӣ намудан бо Тоҷикистон муттаҳид ва омодаанд.

- Дар Ярмарка оид ба сохтмони иншооти азим гуфта шуд ва бо назардошти рушди шаҳр ва сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ба қарор омадем, ки дар маркази вилоят хатти троллейбус барқарор карда шавад ва хизматрасонии ин навъи нақлиёти мусофиркашонро дар асоси қарордод ба роҳ монем, - илова намуд Сергей Кличегов.

Қайд кардан зарур аст, ки бори аввал дар ҷараёни Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» инчунин, меҳмонону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок доштанд.

Алишер Ҳайдаров, директори генералии ширкати «Ал барак инвест»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ташкили чунин ярмаркаи бошукўҳ изҳори назар карда, арз дошт, ки ин барои рушди ҳамкориҳо судманд буда, боз ҳам барои беҳтару созгор гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон мусоидат хоҳад кард.

- Бори аввал аст, ки ман ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардам, мардуми онро басо меҳмоннавоз, хушмуомила дарёфтам. Хуҷанд басо шаҳри ободу зебо буда, манзараҳои хеле дилрабо дорад, - изҳор дошт Алишер Ҳайдаров.

Виктор Полянин - намояндаи сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бори дуюм аст дар Ярмарка бо соҳибкорону намояндагони ташкилотҳои кишвараш ширкат меварзад. - Нақша дорем, ки шартномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳим ба имзо расонем. Хурсанд ҳастем, ки робитаи мутақобилаи судманд ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Белорус боз ҳам қавӣ мегардад.

Дар фарҷоми Ярмарка шартнома байни намояндагони кишварҳо баста шуда, бештари он оид ба маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли меваи тару тоза ва сабзавот, коркард ва бандубасти хушкмева, маводи сохтмонӣ, маводи аз алюминий истеҳсолшуда, соҳаи нақлиёт, танзими қувваи барқ мебошад.

Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба суолҳои намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ посухҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ў дар сўҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма изҳор намуд, ки ҳадaфҳои асосии Ярмарка рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дуру наздик мебошад. Соли равон намояндагони 8 давлати хориҷӣ, бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Теъдоди меҳмонони хориҷӣ зиёда аз 270 нафар буда, дар доираи чорабинии мазкур ба ғайр аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватании вилояти Суғд инчунин, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи Марказ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон пешниҳод карда шуданд. Намояндагони ширкатҳои Қирғизистон, Ўзбекистон, Федератсияи Русия, Белорус, Ҷумҳурии Лаҳистон дар ин ҷо маҳсулоту хизматрасонии худро пешниҳод намуданд. Ба ғайр аз гузаронидани ташкили намоишгоҳ, инчунин, силсилаи чорабиниҳо дар доираи Ярмаркаи байналмилалӣ баргузор гаштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои минбаъда, заминаи мусоид хоҳанд гузошт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мақсад ва интизорие, ки аз ташкилу баргузории Ярмаркаи савдо «Суғд-2017» дошт, ноил гардид. Оид ба имзо расидани шартномаҳои ҳамкорӣ муовини Раиси вилоят чунин қайд намуд, ки соли гузашта агар 34 адад шартнома ба имзо расида бошад, имсол наздик 100 шартнома баста шуд. Ин худ шаҳодати он аст, ки теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ ва намудҳои маҳсулоту хизматрасонӣ зиёд гаштааст. Соли гузашта дар намоишгоҳ 80 ширкат иштирок карда буданд, имсол теъдоди онҳо ба 126 адад расид.

Зимнан муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои фароҳам овардани шароит дар бобати рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамаҷониба кўшиш намуда, баҳри дастгирӣ намудани соҳибкорон дар рафти татбиқи шартномаву ёддоштҳои тафоҳум омода мебошад.

Чун ҳадафи асосии Ярмаркаи байналмилалӣ пурзўр гардонидани робитаҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ҷомеаи тиҷоратии Суғд ва дигар манотиқи Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, истеъмолкунандагони воқеӣ, сармоягузорон ва доираҳои кории давлатҳои хориҷӣ аст, имзои шартномаҳои ҳамкорӣ, созишнома ва аҳдномаҳои байналхалқӣ собит намуд, ки ин ҳамоиши савдо самти манфиатҳоро муайян нигоҳ медорад, ба ҳадафи он ноил гардидаанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
 Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 Нодир ТУРСУНЗОДА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

21 June 2017

Баргузории конференсияи ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

21 июни соли 2017 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят конференсияи ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар конференсия, ки бо иштироки зиёда аз 500 нафар аъзоёни ҳизб ҷараён гирифт, панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

- Дар арафаи ҷашни бузурги 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардидани Конференсияи навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд самараи неки таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва рӯзгори ободу хуррами мардуми босаодати кишварамон мебошад. 

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз мавзеи Хоҷабоқирғон

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти иншооти тозакунии оби шаҳри Хуҷанд ва баррасии масъалаи боз ҳам беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ба аҳолӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеи Хоҷабоқирғон боздид намуд.

Қабули қатъномаи СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, идомаи ташаббусҳои ҷумҳурии мо дар мавриди ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин иқдоми муҳими байналмилалӣ соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардида, як қатор тадбирҳои судманд ҷиҳати таъминоти аҳолии вилоят бо оби хушсифати нӯшокӣ андешида шуда истодаанд. Дар қатори шаҳру навоҳии дигар масъалаи дастрасии сокинони маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд низ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дошта, барои беҳтар гардонидани сифати обрасонӣ ба мардум корҳои муайян ба сомон расонида мешаванд. Яке аз манбаъҳои таъминоти аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ сойи Хоҷабоқирғон ба ҳисоб меравад, ки тавассути амалисозии лоиҳаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Читать далее

Мақсад: самаранокии фаъолияти молияю андоз

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд муҳокимаи Парламентӣ баргузор гардид. Дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Сафаралӣ Раҷабов, Гулбаҳор Назирӣ, Баҳодур Акрамзода, Тоҳир Ҷобирзода, Толибхон Азимзода, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода вазъи иқтисодии вилояти Суғдро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур муайян намудани самаранокии фаъолияти молияю андоз ва дигар масъалаҳо вобаста ба иқтисод мебошад. Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида густариши соҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар ин давра таъмин гардад.

Яъне, дар ин давра бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 109, 8 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 63,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 117,7 фоиз таъмин карда шуд.

Вале дар баробари ин бархе аз шаҳру ноҳияҳо, аз қабили шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен натавонистанд ӯҳдадориҳояшонро иҷро намоянд. Бино ба гуфти сардори Раёсати молияи вилоят ва сардори Раёсати андоз дар вилоят яке аз сабабҳои иҷро накардани қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ин, пеш аз ҳама, сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳисобшудаи андоз ба буҷет, бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ ва таъсири манфии молиявию иқтисодӣ мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар ин давра 96, 7 фоиз иҷро гардидааст. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи сохтмон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда истодааст. Яъне, натиҷаи самараноки соҳаи сохтмонро ба 136,6 фоиз расидани ин соҳа унвон кард. Ба таъкиди Анвар Яъқубӣ дар ин давра ба соҳаи маориф 290,6 миллион сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 138,9 миллион сомонӣ маблағ равона гардидаанд.

Баён гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки хароҷоташонро рўйпӯш намекунад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 44,1 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Пас аз таҳлилу баррасии масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоятро хуб арзёбӣ карда, баён доштанд, ки сокинони шарафманди вилоят ҷашнҳои бузурги миллиро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, соли ҷориро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст менамоянд.

Ҳамон рӯз дар идомаи ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбари Барномаи дастгирии назорати Парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет, муҳокимаи масъала оид ба роҳҳои беҳтаргардонии вазъи молиявӣ сурат гирифт. Баён гардид, ки воқеан вилояти Суғд яке аз минтақаҳои рушдёбандаи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Зеро то имрӯз аз буҷети ҷумҳурӣ 91,8 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар охир баён гардид, ки барои боз ҳам беҳтар кардани вазъи молиявии вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ корҳо ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее