June 2017

20 June 2017

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 июни соли 2017, № 278

Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Фестивал-озмуни гулҳо»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади тарғиби фарҳанги зебопарастӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар асоси супориши Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ, ки 5 июни соли 2017 ба вуқӯъ пайваст, бо назардошти гузориши муовини Раиси вилоят З.Файзуллозода аз 8 июни соли 2017, №6/259 қарор мекунам:

1. Санаи 17 июни соли 2017 дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Фестивали «Гулҳо» гузаронида шавад.

2.Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома ва харҷномаи «Фестивал озмуни гулҳо» тасдиқ карда шаванд.

3.Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намудани Фестивал тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва таҳияи барномаҳо дар васфи гул тадбирҳо андешанд.

5.Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки мувофиқи харҷномаи замимагардида маблағгузории саривақтии тақдиронидани иштирокчиёни фаъоли Фестивал таъмин намояд.

6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Файзуллозода З.Қ., Fаффорӣ Н.А. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Баргузории 152-умини маҳфили «Ганҷи сухан»

Санаи 15-уми июни соли равон дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 152-умин маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб иштирок доштанд. Маҳфилро Ҷамшед Ҷўразода - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз карда, доир ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ сухан кард.

Сипас, Садриддин Мирзоев дар мавзўи “Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва ваҳдати инсонӣ”, Мўсо Олимҷонов роҷеъ ба зиндагиву осори олими тоҷик Аҳмадҷон Давронов маърўза карда, аз саҳми босазои номзади илмҳои филологӣ, дотсент, шодравон дар таълиму тарбияи донишҷўёни донишгоҳ ёдовар шуд.

Дар охир шоирон Адиба ва Гулноз аз ашъори худ қироат намуданд. ҳаваскорони санъати донишгоҳ сурудҳо замзама ва ба онҳо тўҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдим карда шуд.

 Мижгона ШУКУРОВА,
таҷрибаомўзи «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар роҳи ватанпарастӣ ва диловарӣ

Ваҳдат худогоҳию худшиносии миллатҳост, ки бо талошу ҷонбозиҳо онро ба даст меоранд.

Халқи мо аз қадим ваҳдатшиору ваҳдатсаро будаву замони ба даст овардани Истиқлолият онро куллан соҳиб шуд. Вале расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба осонӣ насиби мо нашудааст.

Дар ин роҳи ватанпарастиву мардонагӣ, ҷасурию диловарии тоҷикистониён солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ақлу хиради азалии миллати тоҷик ва албатта, сиёсати ботадбиронаи Сарвари мамлакатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба осонӣ пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузаштаро аз сари кишвару миллати тоҷикон дур афканда, ба қавли хеш сарбаландона вафо карданд.

«То ҷон дар рамақ дорам, ба халқу миллати ҷафокашидаам сулҳ меорам», - гуфта буданд Сарвари мо.

Оре, Пешвои муаззами мо Тоҷикистонро дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба як мамлакати воҳиду обод табдил дода, давлату миллати қадимаи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Дар бораи заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон яке аз родмардони Ҷумҳурии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфтааст:

«Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дўст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст, ки ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Сарвар Тоҷикистон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳад ёфт».

Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷдори тоҷикро ба Ваҳдати ҷовидона расониданд. Ба Ваҳдате, ки ҷаҳониён онро орзу доранд ва аз пайи омўзиши таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконанд.

Сад шукр, ки халқи мо таъриху фарҳанги бойи чандинҳазорсола дорад. Бо шарофати он ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикони дунё, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд.

Бо ташаббус ва ифтихори Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ум Соли ҷавонон эълон гардид. Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки Пешвои миллат на танҳо бо ҷавонон ифтихор мекунанд, балки онҳоро аз самими қалб дўст медоранд. Ин аст, ки дар ҳар як баромади худ такя ба ҷавонон намуда, барои соҳибмаълумот шудани онҳо таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамоянд. Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд, ба корҳои арзандаи даврон содиқро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд, - таъкид намудаанд Пешвои миллат.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурўҳҳои ифротгаро, пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон равобити оила, мактаб, ҷамъият, муассисаҳои таълимоти касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбия ва назорат ҷоннок карда, тавассути воситаҳои ахбори омма оқибатҳо ва зарари терроризму экстремизм бояд васеъ таҳлил ва дастраси мардум гарданд.

Мо, кулли омўзгорон ҷавонону толибилмонро дар рўҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, ба қадри ин сарзамини биҳиштосо, Истиқлолият ва неъмати бебаҳои он сулҳу Ваҳдат мерасем ва баҳри таҳкими пояҳои Ваҳдату Истиқлолият саҳм мегузорем.

Гулнора НОРОВА,
 шаҳри Бўстон

Читать далее

Дардошнои мардум

Мегўянд, ки табиб беморро, пеш аз ҳама, тавассути суханаш табобат мекунад. Вақте ки табиб ба бемор бо суханҳои неку ба табобат ёфтан боварикунанда муроҷиат мекунад, бемор аллакай худро сабук ҳис менамояд. Яъне, табиби ҳақиқӣ пеш аз бо дорую дармон ва ҷарроҳӣ табобат кардан бо суханҳои тасаллибахши худ беморро барои табобат ёфтан тайёр менамояд, ки дар ин маврид Абўшакури Балхӣ хеле хуб фармудаанд:

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Сухан талху ширину дармону дард.

Яке аз табибоне, ки дар байни мардум бо хислатҳои нек ва суханони тасаллибахшу дармонбахшаш сазовори обрўю эътибори баланд гаштааст, табиби дараҷаи олии соҳаи бавлияшиносӣ (урологӣ)-и Маркази тиббӣ-ташхисии шаҳри Бўстон Абдурозиқ Дадобоев мебошад.

Ҳар пагоҳӣ рўзи кории ў аллакай соати 7:00 бо аз назар гузаронидани бемороне, ки худаш ҷарроҳӣ кардааст, оғоз мегардад. Ў кўшиш мекунад, ки худаш беморонро ҷароҳатбандӣ кунад. Барои ў бемор-чӣ мансабдору чӣ бемансаб, чӣ бегонаю чӣ хешу табор як аст, яъне аз рўи гуфтаи мардум ба ҳамаи онҳо бо як чашм нигоҳ мекунад.

Азбаски Маркази тиббӣ - ташхисӣ бо табибони кореягӣ ҳамкорӣ дорад, ў борҳо ба Ҷумҳурии Корея сафар кардааст ва аз таҷрибаи ҳамтоҳои худ бархурдор гаштааст. Дар навбати худ дар конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Душанбею мамлакатҳои дигар баргузор гаштааст, ширкат варзида, суханронӣ кардааст.

Вай ҳамкорон ва шогирдонашро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдўстӣ ва инсондўстӣ ҳидоят менамояд.

Абдурозиқ Дадобоев нисбат ба падару модари худ низ ғамхор мебошад. - Ҳамин дуои падару модарам буд, ки ман ба ин мартаба расидам, - мегўяд ў.

Ман яке аз бемороне будам, ки бо хости Худованди мутаол пас аз табобати ў шифо ёфтам. Аз номи худам ва тамоми шифоёфтагон миннатдории хешро изҳор намуда, ба ў тани сиҳату хотири ҷамъ таманно менамоям ва хоҳони онам, ки доим сараш баланду дасташ сабук бошад.

Баҳоваддин ҚОДИРОВ,
номзади илми филология,
дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ
ва забонҳои хориҷии ДКМТ

Читать далее

19 June 2017

Биё, эй ҳамватан, гулкор бошем!

17-уми июни соли 2017 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар «Фестивал-озмуни гулҳо», ки бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят баргузор гардид, иштирок намуд.

Раиси вилоят нахуст меҳмонони Ярмаркаи байналхалқии савдоро бо ташрифашон ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят маротибаи чаҳорум аст, ки Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» баргузор мегардад. Меҳмонон аз давлатҳои Федератсияи Русия, Ўзбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Ҳиндустон, Чину Белорус, Ҷопону Полша нахуст дар Фестивал-озмуни гулҳо аз амвои гулҳои раста-раста ба намоиш гузошташуда дидан карда, ба фарҳангу маданияти тоҷикон баҳои баланд доданд. Баргузории Фестивали гулҳо дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат амалӣ гардида, дар он саҳми корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳои давлатӣ, соҳибкорон, шахсони алоҳидаи гулкори шаҳру навоҳӣ басо калон аст.

Читать далее

Савдои насия ҷойгузини даромади нақд нахоҳад шуд

Сўиистифода аз боварии мардум ва ба манфиати худ анҷом додани ҳамагуна амал, ки оқибат зарари моддӣ меорад, ҷинояти қаллобӣ буда, дар пайи мардумфиребӣ рўзгузаронӣ хоси нафаронест, ки ба муфтхўрӣ одат кардаанду зиндагониашонро ба он мансуб медонанд. Паси ҳар як амали фиребгаронаи қаллобон чанд нафар ноумед ва ризқи худро аз даст медиҳанд. Воқеияти ин гуфтаҳоро парвандаҳои ҷиноятие, ки аз рўи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисмати қаллобиро ошкор менамояд, тасдиқ менамояд. Аз маводи парвандаҳо бармеояд, ки ҷабрдидагон ба доми қаллобон гирифтор шуда, маблағҳои бо машаққат ҷамъоварӣ намудаашонро аз даст медиҳанд.

Чунончӣ, сокини шаҳри Истаравшан Анварҷон Султонзода солҳои тўлонӣ орзу дошт, ки соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Ин аст, ки маблағи калони пулӣ: 2 миллиону 500 ҳазор рубли воҳиди пулии Федератсияи Россияро бо мақсади соҳиб шудан ба манзили зист ба сокини шаҳри Истаравшан шаҳрванд Алиев Шўҳрат Ҳайдарович, соли таваллудаш 1976 дода, боварӣ дошт, ки дар муддати кўтоҳ ҳуҷҷати қитъаи наздиҳавлигӣ дар дасташ мешавад. Анвар Султонзода вақте фаҳмид, ки фиреб хўрдаасту пулҳои додаашро баргашта гирифта наметавонад, барои рўёнидани маблағи аздастдодааш ба шўъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Истаравшан муроҷиат намуд.

Дар натиҷаи тафтишот маълум гардид, ки Шўҳрат Алиев соли 2014 бо ваъдаи додани қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ва дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ маблағи мазкурро аз худ кардааст, баъдтар ваъдахилофӣ намуда, ин маблағро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст.

Зудбоварии корафтодагон сабаб мегардад, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ низ ҷиноятҳои қаллобӣ ба назар расанд. Бар замми ин, дараҷаи нокифояи донишҳои ҳуқуқии ҷабрдидагон боиси ба маротиб зиёд гардидани шумори қаллобон мегардад.

Бе ягон ҳуҷҷатгузории расмӣ, ки бояд дар идораҳои нотариалӣ анҷом дода шавад, муомилаи молию пулӣ намудани корафтодагону ваъдабозиҳои бархе аз мардум сабабгори зиёдшавии ин қабил одамон гардидааст.

Соҳибкор Халича Абдурасулова, сокини шаҳри Хуҷанд низ ба ҳамин гуна ҳолат дучор гардидааст. Давоми фаъолияти соҳибкорӣ бо Бибихадича Ғаниева ном шахс муносибати дўстӣ пайдо карда, бо умеди васеъ намудани доираи фаъолият 240 ҳазор доллар сармояи оилавиро аз даст додааст.

Шаҳрванд Самариддин Ғаниев, сокини шаҳри Бўстон бошад, бехабар монд, ки ба доми қаллоб афтодааст. Пардохти фоизи баланд бар ивази қарз ваъдаи ҳавоии қаллоб буда, Самариддин Ғаниев аз ин ҳолат 70 ҳазор доллар зарар дид.

Таҷрибаи тафтишотӣ нишон медиҳад, ки ҳолатҳои қасдона, аз рўи нақшаи пешакӣ, дидаву дониста содир намудани ҷинояти қаллобӣ ҳам кам нестанд. Масалан, Баротов Фахриддин Ҷумъабоевич соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд ду маротиба барои даст задан ба қаллобӣ суд шудааст, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ин навбат аз нуқтаи иҷорадиҳии асбобҳои маъракагузаронӣ, воқеъ дар кўчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд лавозимоти заруриро бо ваъдаи муваққатан истифодабарӣ дастрас намудааст. Баъдан асбобҳои ба иҷорагифтаашро фурўхта, ба манфиати худ истифода бурдааст. Бо ин кирдори худ гумонбаршаванда Фахриддин Баротов ба соҳибкор Баҳром Сафаров, сокини шаҳри Хуҷанд зиёда аз 27 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳарчанд қаллобии ин нафарон ошкор шудаву онҳо аз рўи қонунҳои муқарраргардидаи кишвар ҷазои худро хоҳанд гирифт, аммо манфиатҳои аздастрафта ва ҳуқуқҳои поймолгардидаи шаҳрвандонро кӣ ҷуброн мекунад? Зиёда аз ин, шаҳрвандонро ҳушдор доданием, ки ҳеҷ гоҳ савдои насия ҷойгузини даромади нақд нахоҳад шуд.

Акбар Шарифов,
капитани милитсия,
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳадаф: пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

Кормандони Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд оиди иҷро ва риояи ҳатмии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ”, расонидани ёрии методӣ ба корфармоён ва кормандони масъули корхонаҳо оид ба тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста санҷишҳо мегузаронанд.

 Мухбирамон оид ба натиҷаи санҷишҳо бо Абдуфаттоҳ Абдусатторзода, сармутахассиси Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мусоҳиб шуд.

- Боиси таассуф аст, ки аз беаҳамиятӣ ва ё бемасъулиятии баъзе аз роҳбарону шахсони мутасаддии муассисаву ташкилот, корфармоён ва ҳам худи коргарон, ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ эътибор намедиҳанд. Инчунин, ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро хуб надонистан, боиси ҳодисаҳои нохуш мегарданд.

Зимни гузаронидани санҷишҳо дар давоми панҷ моҳи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати хадамот 16 ҳолати риоя нашудани тартиби тафтиш, баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ дар ташкилоту муассисаҳои вилоят ошкор гардид, - гуфт Абдуфаттоҳ Абдусатторзода.

Аз ҷумла, 30-юми январи соли 2017 ба Некрўзҷон Холматов, сокини Ҷамоати деҳоти Пунук, ноҳияи Ашт дар истеҳсолот ҳодисаи нохуш рўй додааст. Ин ҳодисаро кормандони Раёсати хадамот бо ҳамроҳии раиси Ҷамоат Б. Мелиҷонов мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷа, маълум гардид, ки дар оғози рўзи корӣ аз тарафи соҳибкор Фоидҷон Орифов дастури техникаи бехатарӣ аз рўи дастурамал, бобати кор кардан бо арраи чўбу тахта (пилларама) гузаронида нашудааст. Бинобар аз тарафи ин соҳибкор риоя накардани дастурамали таҷҳизоти техникаи бехатарӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар ҷои кор боиси ҳодисаи нохуши фавт гардид. Ҳодисаи мазкур аз тарафи кормандони Раёсати хадамот мавриди санҷиш қарор гирифта, мавод ва хулосаҳои он ба прокуратураи ноҳияи Ашт ирсол карда шуд.

Дар асоси мактуби прокуратураи шаҳри Истиқлол кормандони Раёсати хадамот ҳодисаи нохуши истеҳсолие, ки ба Муродбек Муродбеков, посбони корхонаи сохтмонии чинӣ дар ҳудуди ШСМК ”Тоҷикистон - Хитой” рух додааст, санҷиш гузарониданд. Ин ҳодиса ҳангоми иҷрои вазифа - гаштугузор дар атрофи коргоҳ ба чуқурӣ афтода, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Бобати ин ҳодиса, кормандони Раёсати хадамот баъди санҷиш хулосаи худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намуданд.

Мутаассифона, бо вуҷуди фаҳмондадиҳиву корбарӣ ва санҷишҳо аз тарафи Раёсати хадамот аз беэҳтиётиву бепарвоии баъзе аз роҳбарон ва худи коргарон нисбат ба иҷрои вазифа дар ташкилоту муассиса ва коргоҳҳои вилоят чунин ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ рух дода, боиси бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва фавти коргарон гардидаанд.

Ҳамчунин, аз рўи ҳодисаи нохуши санаи 29-уми марти соли 2017, ки дар нуқтаи сўзишвории ҶДММ “Азиз”, воқеъ дар шаҳри Конибодом бо Низомиддин Тоҷиқулов рух додааст, тафтишот гузаронида, мавод ба прокуратураи шаҳр ирсол гардидааст.

- Аз ҷониби кормандони Раёсати хадамот ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд оид ба амалишавии тадбирҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ” ва фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида, дар корхонаю ташкилот корҳои фаҳмонидадиҳиро ҷоннок намуда, онро зери назорати доимӣ қарор додааст. Ҳамзамон, аз тамоми роҳбарони корхонаю ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон талаб менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ чораҳо андешида, ҳифзи меҳнат ва бехатарии коргаронро таъмин намоянд.

Зарур аст, ки барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, бо қоидаҳои бехатарии меҳнат ошно сохта, сатҳи донишашонро санҷида, сипас бо кор таъмин кунанд.

Мусоҳиб
Абдуғафур АМИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ

Санаи 16-уми июн дар шаҳри бостонии Хуҷанд маросими ифтитоҳи Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» баргузор гардид. Ярмаркаи мазкур соли чорум аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва шарикони рушд ташкил карда мешавад.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз номи Раиси вилоят Абураҳмон Қодирӣ меҳмонону иштирокдорони ярмаркаро хайрамақдам гуфт.

Анвар Яъқубӣ зикр дошт, ки баргузории Ярмарка ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар ҷараёни он намояндагони истеҳсолкунандагони маҳсулот ва корхонаву муассисаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳҳои азими соҳаҳои мухталифи саноатӣ, Ширкатҳои бонкҳо, сохтмон, нақлиёт, муассисаҳои илмию техникӣ, доираҳои соҳибкории Федератсияи Русия, давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Хитой, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия, Полша, Сербия, Ўзбекистон ва дигар мамолики хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, васоити ахбори омма ва дигарон ширкат меварзанд.

Дар доираи барномаи Ярмарка Форуми озуқаворӣ ва Форуми таҳвили технологияҳо баргузор гардида, дар рафти он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ иштирок менамояд.

Мақсад аз ташкили Ярмаркаи байналхалқии савдо, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои иқтисодӣ байни ҷомеаи соҳибкорони вилоят ва дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ, тавассути он нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилоят ва табодули таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздик мебошад.    

Ҳамчунин, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода сухан ронда, ташкили чунин ярмаркаро аз ҳар ҷиҳат басо муфид арзёбӣ намуд ва онро нишондиҳандаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо давлатҳои дигар номид.

Соли равон бори аввал дар Ярмарка намояндагии корпуси дипломатии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва соҳибкорони беш аз 30 ширкати ин давлат маҳсулоти хешро пешниҳод намуданд, ки ин ҳам аз таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ башорат медиҳад.

Аз рўи натиҷаи Ярмарка дар соли 2015 агар 21 созишномаву меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расида бошад, дар соли 2016 шумораи он ба 35 адад расидааст. Дар назар аст, ки имсол дар Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» теъдоди бештари шартномаву меморандумҳои ҳамкориҳои тарафайн ба имзо мерасанд.

Боиси зикр аст, ки Ярмарка дар «Қасри варзиш»-и маркази вилоят баргузор гардида, ду рўз идома хоҳад ёфт.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

16 June 2017

Ганҷест зарзамин...

Замин моро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад. Банда аз зумраи деҳқонони ноҳия ҳастам, ки маҳз ризқу рӯзии худро паси меҳнати ҳалол бо аҳли оилаам дарёфтаам.

Ба фикри ман муваффақияти мо, пеш аз ҳама, дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хуб дар ёд дорам, чанд сол муқаддам зимни ташрифашон Пешвои миллат дар деҳаи мо аз рафти корҳои кишоварзӣ шинос шуда, маслиҳат дода буданд, ки ҳарчӣ метавонем аз замин самаранок истифода барем. Дар ҳолати мақсаднок истифода бурдани замин имкон ҳаст, соле то 2-3 ҳосил гирем.

Минбаъд кулли кишоварзони ҷамоат пайи иҷрои ин дастури созанда гардиданд.

Масоҳати хоҷагии деҳқонии оилавии мо аз 0,84 гектар иборат аст. Тирамоҳ ба он гандум мекорему баъди дарави гандум зироати хӯроки чорво кишт мекунем. Моҳи август бошад, баъди дарави хошок маҳсулоти полезӣ-турбу шалғам мекорем. Ҳамин тариқ, дар як сол аз заминамон се ҳосили фаровон мегирем.

Зарзамини мо бо помидори худ машҳур аст. Ин аст, ки шахсан ман барои рӯёнидани ҳосили фаровону маҳсулоти хушсифат моҳи декабр заминагузориро ба ҳосили нави помидор оғоз мекунам. Дар ҳавлии худ дар гармхонаи масоҳаташ 0,2 гектар барои кӯчат тухми помидорро мекорам. Ҳамин тухмии кишт на танҳо барои заминҳои худӣ, балки барои дигарон низ басандагӣ мекунад.

Помидор зироати басо нозук аст ва парвариши махсусро талаб мекунад. Хусусан, ҳифзи он аз ҳашароти зараррасон кори басо мушкил аст. Барои пешгирии касалиҳои помидор аз фунгитсидҳои “Ридомил голд” ва “Ипрадион – корбендазим” бо навбат ниҳолҳои помидор коркард карда мешавад. Баъдан дигар агротехникаҳои парвариши онро риоя мекунем, вақти ҳосилғундорӣ аз ҳар гектари он аз 350 то 450 сентнер помидори хушсифат ба даст меорем. Шинонидани кӯчати он бошад, моҳи март оғоз мешавад. Яъне, мо мардуми деҳқон оғоз аз моҳи март дар сари замин пайи иҷрои корҳои кишоварзӣ мешавем.

Дар олам беҳтарин касб кори деҳқонӣ будааст. Замин бошад, ризқрасони мост. Агар аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, ҳатман бар ивази он ҳосили хубу фаровон ба даст меорем.

Абдуҳаким Юсуфов,
сарвари Хоҷагии деҳқонии
«Абдусалом саркор-5», Ҷамоати деҳоти
 Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ҳамкории судманд - ба манфиати ҷомеа

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, боиси хурсандист, ки солҳои охир корхонаҳои саноатӣ рушд ёфта, нафарони зиёд бо кор таъмин шуданд. Танҳо соли сипаригардида дар шаҳри Исфара нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дари худро ба шаҳрвандон боз намуда, вазъи зиндагии аксарият рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Хосатан, корхонаҳои банду басти меваи хушки ин мавзеъ шӯҳратёр гардидааст. Дар ин раванд коргоҳи ҶДММ «Баракат – Исфара»-ро метавон ном гирифт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ кард. Корхонаи мазкур бо дастгирии соҳибкорони ватаниву Федератсияи Русия бунёд гардида, директори генералии он Борис Игнатенко буда, сармоягузор Насриддин Неъматов мебошад.

- Коргоҳ аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад, - қайд кард зимни сӯҳбат сармуҳандиси коргоҳ Орифхон Мӯсоев.

ҶДММ «Баракат - Исфара» соли 2009 нахуст дар ҳайати 16 нафар ва дертар бо 35 нафар коргар ба кор оғоз карда буд. Дар он давр ба коркарди меваи хушки буғкардашуда машғул буданд ва маҳсулоти омодакардаи коргоҳ ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон содирот мегардид. Сониян, он доман паҳн карду харидорони хешро аз дигар давлатҳо низ дарёфт. Минбаъд тарзи корбарӣ ранги дигар гирифт. Беш аз 120 нафар ба банду басти меваи органикӣ камари ҳиммат бастанд.

- Ба чунин самт рӯй овардани мо ҳам сабаб дорад, - қайд кард О. Мӯсоев, - зеро маҳсулоти омодакардаамон миқёси ҷаҳониро фаро гирифта истодааст. Талаботи давр аст, ки ба маҳсулоти бе дорувории кимиёвӣ рӯй овардаанд ва боиси сарбаландист, ки маҳсулоти моро аксар давлатҳои Аврупо харидорӣ мекунанд.

Алҳол коргоҳ барои харидории меваҳо бо беш аз бист хоҷагии деҳқонии боғпарварии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Конибодому Исфара шартнома бастааст ва дар он бобати напошидани дорувории кимиёвӣ низ қайд гардидааст. Иқтидори коргоҳ дар як рӯз аз як то се тонна маҳсулоти органикӣ буда, фаъолият дар он мавсимӣ мебошад. Шароити кормандон низ хуб ба роҳ монда шудааст. Барои рафту омади коргарон нақлиёти мусофиркашон омода буда, онон бо як маҳал хӯроки гарм ва сару либоси махсус таъминанд.

Ба пурсиши мо дар бобати мавсимӣ будани фаъолият сармуҳандиси коргоҳ чунин посух дод:

- Аслан дар ин ҷо дарозои нӯҳ моҳ кор дар авҷ буда, дар се моҳи боқимонда ҳам кормандон машғули меҳнатанд. Дар ҳолати ворид гардидани дархост аз дигар давлат мо омода ҳастем фаъолиятамонро идома диҳем. Ба ҷуз ин, кормандонро бо дигар корҳо низ вобаста мегардонем.

Солҳои қаблӣ шумораи кормандон 70 нафар буд, ҳоло бошад, беш аз 120 нафар буда, бо супориши Пешвои миллат минбаъд яке аз сехҳо васеъ карда шуда, шумораи кормандон ҳам дар он афзун мегардад. Маоши кормандон ба ҳисоби миёна аз 600 то 800 сомонӣ буда, вобаста ба ҳаҷми кор то ба ду ҳазор сомонӣ расиданаш мумкин аст.

Тавре ёдовар гаштем, ҶДММ «Баракат - Исфара» соли равон бо технологияи муосир ба кор шурӯъ кард. Дастгоҳҳои хатти технологӣ барои коркарди меваи органикӣ аз давлатҳои Туркия ва Хитой дастрас шудааст. Маҳсулот дар анбори махсус ҷойгир карда мешавад. Инчунин, бунёди якчанд сардхона имкон медиҳад, ки меваи хушки нимтайёр ва маҳсулоти тару тоза ба миқдори то ба ҳафтсад тонна нигоҳ дошта шавад.

- Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки навъи маҳсулотро гуногун ва хушсифат гардонида, мизоҷонро дар дохил ва хориҷи кишвар афзун намуда, бо ин васила шумораи кормандонро ҳам зиёд намоем. Вақте дастгоҳҳоямон хатти технологии коркарди меваи хушки неорганикӣ буд, аз деҳқон қариб, ки маҳсулоти тайёри бедонакро мегирифтем.

- Ҳоло аз рӯи дархости мизоҷонамон аз давлатҳои Аврупо маҳсулоти органикиро дастрас намуда истодаем, - қайд кард сармуҳандис.

Аз Орифхон Мӯсоев бобати сифати маҳсулоти аз деҳқонон қабулкарда пурсон шудем. Мавсуф қайд кард, ки дар шартнома мақсаду мароми мо сабт шудааст, инчунин, пеш аз қабули маҳсулот онро аз санҷиши лабораторӣ мегузаронанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа нигоҳдории маҳсулоти органикӣ хеле мушкил аст, бинобар ин аз 800 то 1000 тонна маҳсулотро дар яхдонҳои калонҳаҷм ҷойгир мекунанд.

Чунин коргоҳи коркарди мева қаблан танҳо дар давлати Туркия буд ва боиси ифтихор аст, ки маҳсулоти ҶДММ «Баракат - Исфара» шӯҳрат ёфтааст. Гуфтан мумкин соли 2016 коргоҳ ба васлу насби технологияи муосир машғул буд ва тӯли чанд моҳе, ки ба коркарди маҳсулот камар бастааст, аллакай аз гӯшаву канори давлатҳои Аврупо – Амрико, Чехияю Словакия ва Қазоқистону Федератсияи Россия харидорон пурсишу дархост намуда истодаанд. Содироти меваи хушки органикии коргоҳи мо ба миқдори аз як то ду тоннагӣ бо воситаи Федератсияи Россия ба кишварҳои номбурда сурат гирифта истодааст.

Умуман, саҳми соҳибкорони хусусӣ дар рушди маҳсулоти дохилии шаҳри Исфара самараи нек дода истодааст. Дар корхонаҳои коркарди меваи хушки шаҳр 20-25 навъи маҳсулот ба меъёри стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ истеҳсол мегардад. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳангоми ташрифашон ба ин шаҳри саноатию боғдорӣ чунин гуфта буданд: “Ба соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд, ки ҳамкории судмандро бо корхонаҳои хориҷи кишвар вусъат бахшида, садҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда истодаанд, миннатдорӣ баён менамоям”.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее