June 2017

16 June 2017

Башорати музаффариятҳо

Тақдири миллати тоҷикро баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ воқеаи ояндасоз дар ҳаёти ҷамъиятӣ - имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он ба Ваҳдати миллӣ асос гузошт, ба роҳи мақсуд бирасонд. Саодатмандии миллати тоҷик дар рӯзи таърихӣ - бистуҳафтуми июни соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳафт боз ҳам ба сатҳи болотару пурмазмун баромад. Дар ҳамин рӯзи мубораку нишотбахш боварии халқи тоҷик ба ҳаёту рӯзгори осудаи худ, ҷомеаи худ боз ҳам қавитар гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «… дастуру супоришҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида… дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд».

Биноан, дар ҳошияи ин гуфторҳои бунёдӣ мехоҳам ишора намоям, ки асосгузори Ваҳдати миллӣ - ин бинои мӯҳташами миллати тоҷик Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба сифати Сарвари давлату кафили пойдориву тамомияти арзӣ ва ягонагии давлат, ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, кафили Истиқлолияти миллӣ ва халқи Тоҷикистон барои шукуфоии Ватани азизамон, оромиву осудагии кишвари соҳибихтиёрамон - маҳаки асосӣ маҳсуб меёбад. ҳар барору комёбиҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мардуми мо аз дарёи Ваҳдати миллӣ сарчашма мегиранд.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ғояҳои пурқувват ва мазмуни болиғи Ваҳдати миллӣ, ҳадафҳои арҷгузорӣ ва ҳимояи ин рукни рӯзгор бисёр сухан гуфта, моро талқин ва вазифадору ӯҳдадор менамоянд, то сулҳу Ваҳдат чун омили сарнавиштсоз , пойдории ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллиро ҳифзу муҳофизат намоем ва он ҷовидона боқӣ монад.

Аз ин лиҳоз, Ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳи тоҷикон дар миқёси умумиҷаҳонӣ ҳамчун мактаби сулҳофаринӣ муаррифӣ ва шинохта шудааст. Маҳз, сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати худро пайдо карда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир нақши хоси худро гузошта меояд. Ин фахр ва иқболи неки миллати тоҷик аст.

Дар ин самт метавон алоҳида зикр намуд, ки баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазифаи Сарвари давлат интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи Ваҳдати миллӣ, сулҳу ормонҳои халқи тоҷик, эҳёи Тоҷикистони навин ҳамчун давлати соҳибистиқлол фоли нек буд.

Ифодаи Ваҳдати миллӣ, гумон мекунам, дар охири қарни ХХ ҳамчун падидаи нодир ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон ба амал омад ва он ҳисси ифтихори миллиро боло бардошт. Ваҳдати миллӣ захмҳоро дармон бахшид, сулҳу ормонҳои хурду бузург, хосу омро ҳадафманду бедор сохт, дӯстиву рафоқатро нерӯманд намуд, ҳамдиливу ягонагӣ ва меҳру муҳаббатро пойдор кард.

Аз ҳама муҳим, даври эҳёи Тоҷикистони ҷадидро оғоз бахшид, роҳи рости рӯзгузарониро пешорӯ овард. Ифтихордорӣ, вафодорӣ аст, ки Ваҳдати миллӣ падидаи номатлуби вақт - ҷанги шаҳрвандиро пурра аз байн бурд, шохаҳои ҳокимияти давлатиро таҳким бахшида, фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва тартибу низомро ба таври муосир барқарор кард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош, ғайрату саъйи тамом ва сиёсати дурандешонаву оқилонаи сулҳофарашон ба ҷаҳониён дигарбора тоҷикону тоҷикистониёнро ҳамчун миллат, ҳамчун халқи асилу поксиришт, сулҳдӯсту дӯстпарвар шиносониданд.

Шарофати Ваҳдати миллӣ аст, ки ҳоло иқтисодиёти миллии Тоҷикистон мустаҳкам, рӯзгори мардумонаш ободтар, кишвари соҳибихтиёр пурзиё гардида истодааст. Волоияти қонун ба манфиати тамоми мардум нигаронида шудааст. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул ва риоя карда мешаванд, ки ҳар фарди худшинос аз онҳо воқифанду бо онҳо шиносанд. Ин музаффарияти Ваҳдати миллӣ буда, аз қадамҳои қатъии Тоҷикистони азиз башорат меоварад.

Ҷамшед МӮСОҶОНЗОДА,
 ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Ашт

Читать далее

15 June 2017

«Ифротгароии динӣ-вабои аср»

Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих нерӯҳои муайяни сиёсӣ онро баҳри ҳадафҳои хеш истифода карда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқӣ мондааст. Дар давоми асрҳои миёна, ҳадафи стратегии дини мубини Ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз “муттаҳид намудан”, “бо ҳам овардан” ва “бо ҳамдигар мувофиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо ” муаррифӣ мегардад, на тафриқа ва ҷудоӣ андозӣ.

 Имрӯзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусулмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаҳои ашёи хом, ки бештари ин манбаҳо дар кишварҳои исломӣ- арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ кардаанд.

 Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудан ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ, ҳаводорони онҳо худро мусулмонони воқеӣ нишон дода, бо мақсади густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ борҳост, ки такрор мешавад ва мусулмонони зиёде аз ҷониби ин гурӯҳҳои зархарид азият мекашанд. Ба монанди ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном “Далати исломӣ” низ имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ намудани “Исломи ноб” зери шиори “Ғазовот” ҷанги муқаддас барои дин, мусулмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, ба марг маҳкум намуда истодааст. Ҳол он ки шартҳои оддитарини ғазовоти исломӣ, пеш аз ҳама зарар нарасонидан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоишта, занону кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ҳол он,ки дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) чунин омодааст: “Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд”.

 Ислом ба зоти худ надорад айбе,

 Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое, ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкори хешро бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо аз қабили “Ваҳҳобия”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир, равияи динии “Салафия”, “Ҷамъияти Ансуруллоҳ”, ”Кумитаи-24” ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстримизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъдан ба оқибатҳои фоҷиангез меоварад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ кайд карданд, ки “Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”. Бо назардошт ва падидаҳои номатлуб бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳҳо ва ташкилотҳои терористӣ, экстримистӣ ва ғайриқоунӣ манъ карда шудааст.

 Имрӯзҳо мо мебинем, ки аз кишварҳои мухталифи дунё инчунин мутаасифона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии хеш шомили гурӯҳҳои ифротӣ гашта ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Ҳол он , ки дар қаламрави кишвар ҳамагуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангию фароғатӣ рӯй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намояд.

 Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орму осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳд бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 А.Бобоев,
 Ф.Тоатов,
 сармуаллимони кафедраи
 ҷомеашиносии Донишкадаи
 иқтисод ва савдои Донишгоҳи

 давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Читать далее

Ҷаноби Свердлов! Дастатонро аз Тоҷикистон кашида, дар ҳаққи он тӯҳмат накунед!

Аз саҳифаи Интернет бо сӯҳбати ҷаноби С.Свердлов ба радиои “Озодӣ” ошно гашта, хеле мутаасир гаштам, зеро ин ҷанобро ҷонибдорони хешу табори ҳизби мамнӯиъи ҲНИТ ба иштибоҳ кашидаанд. Ман намедонам чанд нафар хешу табори ҲНИТ ҳабс шудаанд, вале ман аз ҷаноби Свердлов пурсиданиам, агар дар Полша ё ягон давлати дигари дунё ҳизб рӯи рост даст ба табаддулоти давлатӣ зананд ба онҳо чи тавр муносибат мекарда бошанд. Ҳол он, ки на сохтори амниятии кишвар, на ВКД далели ҳабси хешу табори аъзоёни мамнӯъи ҲНИТ тасдиқ намекунанд.

Ҷаноби Свердлов осонакак ба доми аъзои собиқ ҲНИТ афтидааст. Ба ин ҷаноб гуфтанием, ки дар Тоҷикистон аллакай чунин ҳизб вуҷуд надорад. Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ гашатани ҲНИТ айби давлати Тоҷикистон нест. Бигзор ҷаноби Кабирӣ аз худ ва аъзои ҳизби мамнӯъи худ домангир шавад. Дигар ин, бигзор баъзе мухбирони зархариди САҲА ба мисли ҷаноби Свердлов аз вазъи Тоҷикистон нигаронӣ накунанд. Тоҷикистон Ватани мост ва барои таъмини сулҳу ваҳдат халқи тоҷик ва давлати пойбарҷои Тоҷикистон, чун давлатҳои дигар аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳад бурд.   Мехостем аз ҷаноби Свердлов пурсон шавем: Оё ӯ аз ҷонибдорони ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом, ки аввали моҳи сентябр дар Тоҷикистон рух дод, бохабар бошад? Агар дар ватани онҳо кӯшиши мусаллаҳонаи табаддулоти давлати рух медод, давлатҳои шомили Иттиҳоди Аврупо ба мисли Олмону Шветсария магар сари ифротгароёнро “сила” мекарданд. Ҳеҷ гоҳ! Пас барои чӣ масъулини аврупоӣ аз забони Свердловҳо аз вазъияти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ менамоянд.

 Мо такроран ба ин ҷаноб гӯшрас менамоем, аз таҳлилҳои коршиносони хориҷӣ эҳтиёт бошанд. Дар гузаштаи на он қадар дур ин ба ном “таҳлилгарон” зархарид (шояд онҳоро таҳмилгарон гуфтан ҷоиз бошад) вазъияти ҷомеаҳои якқатор давлатҳои Араб, Африқо ва Украинаро ба таври худ “таҳлил” карда буданд ва бубинед, ки имрӯз ин ҷомеаҳо ба кадом рӯзи сиёҳ гирифтор шуданд. Таҳлилгарони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии моро, аз он ҷумла манфиатҳои аъзоёни ҲНИТ-ро дифоъ намекунанд, онҳо аз паи амали гардонидани манфиатҳои абарқудратҳо дар ин ё он давлат мебошанд. Ин ё он ҳизб ё созмон бошад, дар дасти онҳо лӯхтакеро мемонад, ки чи тавр хоҳанд ҳамон тавр бозӣ медоронанд.

Р. Солиҷонов,
доктори илмҳои фалсафа

Читать далее

Об — барои ҳаёт

Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 махсусан барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсон комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон бо сарварии Пешвои миллат, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари созанда обрӯ ва эътибори хоса пайдо намуд. Маҳз бо корнома ва пайкорҳои Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва таърихии худ аз нав ба ҳам омада, қадами созанда гузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кeҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамзамон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба тағйирёбии ҷиддии иқлим дучор шуда, бар асари гармшавии ҳарорати ҳаво пиряхҳои он дар давоми 50-60 соли охир 20 фоизи ҳаҷм ва 30 фоизи майдонашонро аз даст додаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла бунёди обанборҳо эҳтиёҷ дошта, он маблағҳои калони пулиро тақозо менамояд.

Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд.

Мавлуда Боқиева,
сармуаллимаи кафедраи электроникаи
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Муқовимат алайҳи терроризму экстремизм вазифаи ҷомеа ва ҳар як фард

Солҳое буданд, ки ҷомеа на терроризму на экстремизмро, медонистему на тасавурот нисбат ба онҳо дошт. Бо тағйири вазъи сиёсиву иҷтимоӣ-иқтисодӣ намуди ҷиноятҳо низ гуногун гаштаанд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди онҳо услубҳои замонавиро тақозо мекунад. Афзудани ин қабл ҷиноятҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст. Тоҷикистон низ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва эктремизм дар сафи пеш меистад.

Мутаассифона баъзе шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое пайдо шуда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд. Гарчанде замона пеш рафта истода бошад ҳам ҳастанд шахсиятҳое, ки то ҳол мазмуну амали чунин ибораҳо ё хатари оқибати онро сарфам намераванд ва даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд. Бояд гуфт, ки ибораи терроризм ва экстремизм ҳасту, шахсони террорист ва экстремист мавҷуданд. Умуман ин ду мафҳум ба ҳам пайвастанд.

Террориз (ибораи лотинӣ буда, маънояш тарс ва ваҳм ) яъне, содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амволу захираҳо ё ба миён омадани оқибитҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад фаҳмида мешавад.

Террорист шахсест, ки аз ҷониби ӯ ҳамин амалҳо ба анҷом расонида мешавад.

Экстремизм (калимаи франсузӣ буда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ) падидаи номатлубу амалҳои тундравона мебошад. Он шахсе, ки амалҳои якравию тундравӣ, аз ҳад гузаштанро дар фаъолияти худ истифода мебарад, экстремист номида мешавад. Ин амалҳову зуҳурот метавонад дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон аз дин оғоз гирифта, то варзишу илм ва идеология ба миён ояд. Барои ин ҳам ба чунин масъалаи глобалии ҷаҳон бетараф шудан даркор нест, чунки мақсади ибтидоии терроризм ва экстремизм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ, вайрон намудани шароити ороми ҷомеа аст. Гарчанде, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду демократӣ бошад ҳам ҷомеа ба дин эътиқоди калон дорад. Беҳуда классики замони шӯравӣ Карл Маркс нагуфтааст: «Дин барои мардум афюн аст». Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди дини ҷараён дошт, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаҳои динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, чораву тадбирҳо амалӣ мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Шукр аз он, ки халқи тоҷики меҳнаткаш он нооромию сахтиҳои сиёсиро бо дастгирии Ҳукумати кишвар зери роҳбари миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сар гузаронд. Баъди солҳои интизорӣ ба марҳалаи пирӯзии давлатдорӣ мо вазифадорем, ки истиқлолияти давлатамонро, ягонагиву мутаҳидии ваҳдати ба дастовардаро муқаддасот дониста, ҳифзу муҳофизат ва эҳтиёт намоем. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст. Барои ин ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи ин масъалаҳо аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрихоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия бояд кард. Дар боғчаю мактабҳои таҳсили миёна, донишгоҳҳои олӣ ва донишкадаву таҳсилоти касбу ҳунаромӯзӣ дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, муҳофизати Ватан, эҳтиёти табиати нотакрорӣ ватанамон, эҳтирому иззат намудани маданияти худ ва фарҳангу таърихи давлатамон, аз он ҷумла дигар давлатҳоро фаҳмонида дода, насли наврас ва ҷавононро ба раҳи дурусти замона равон созем.

 Дар Паёми навбатии худ, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст». Бо мақсади амалшавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд. Аз он ҷумла барои дуруст татбиқ намудани қонунгузорие, ки барои терроризм ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҷавобгарӣ барои терроризм» аз 2-юми октябри с.2003, № 18 қабул намудааст, ки дар он бисёр мафҳумҳое, ки аломатҳои таркиби ин ҷиноятро тавсиф медиҳанд, оварда шудаанд.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи фардии ҳар як инсон аст. Тоҷикистониён ба зуҳуру густариши ҷинояткории хусусияти ифротгариву террористидошта бетараф набуда, мунтаззам баҳри пешгирии ин падидаҳои номатлуб тадбирҳо меандешанд.

Дунё Мансурӣ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ
ва назорати прокурории Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ваҳдат - ифтихори миллат

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида ба марҳалаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои ҳоҷагии ҳалқи Тоҷикистон ва рушди онхо оғоз намоем.

Ба дастовардани Ваҳдати миллӣ ҳалқи тоҷик тавонист, барои барқарор сохтани биноҳои таърихиву фарҳангӣ саҳми босазои хешро гузошт. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ваҳдат - беҳтарин неъмат, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва рушди тоҷикон мебошад.

Ваҳдат ва сулҳи тоҷиконро мамлакатҳои берунмарзӣ намуда, ҷонибдорӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон баландтар менамояд.Танҳо дар сурати ба даст овардани Ваҳдат, душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба ҳориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа - Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат Тоҷикистонро ба мамлакатҳои Осиё ва ба сӯи уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст намуд. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон пайваст намуд. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем. Ваҳдати миллӣ як гавҳари ноёб мебошад. Моро зарур мебояд, ки давоми солҳои дар пешистода барои Тоҷикистон беҳбуд бахшем, то ки бо ин Ваҳдат шаҳрҳою ноҳияҳои ҷумҳуриамонро ба як нигини бебаҳо табдил диҳем.

О.ИБРАГИМОВА,
 ассистенти кафедраи
фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Читать далее

Мавқеи асарҳои Пешвои миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Асарҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба забонҳои гуногуни олам чоп гардида барои мутолиа ба ҷаҳониён дастрас гардидааст. Метавон бархе аз асарҳои Пешвои миллатро номбар намуд, ки ба забонҳои хориҷӣ нашр гардидаанд: «Таджики в зеркале истории». От Арийцев до Саманидов, ки аз се қисм иборат буда, инро метавон шоҳасари Эмомалӣ Раҳмон номид. Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, чинӣ, ҳиндӣ, олмонӣ ва англисӣ нашр шудааст.

Боиси қайд аст, ки моҳи майи соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии Кувайт рӯнамоии китоби тозанашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ суръат гирифт. Асараи мазкур аз таърихи куҳан ва пурарзиши миллати тоҷик маълумот дода, бори дигар исбот месозад, ки тоҷикон халқи куҳанбунёд ва тамаддунофар буда, дар гузаштаи худ шахсиятҳои нотакрор, нобиғаҳои ҷаҳонӣ, табибони ҳозиқ, мутафаккирони варзида дорад ва салоҳияти ҷавонони имрӯза дар он \аст, ки номбардони ниёгони эҷодкори худ бошанд. Ҳамчунин, асари мазкур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷиконро муаррифӣ намуда аз асолат ва мавқеи онҳо дар ҷаҳон маълумот медиҳад. Дигар асраи Пешвои миллат, ки ба забони русӣ соли 2001 нашр шудааст, «Политика мира и созидания», мебошад, ки дар он тамоми мубоҳисаҳо, суханрониҳо, мақолаҳо ва баромадҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди созмонҳои байналхалқӣ гирд оварда шудааст. Дар асари мазкур яке аз нахустинҳо шуда Пешвои миллат - мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатари таҳдиднамуда истодаи нави ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм ба ҷаҳониён иброз намуданд. Ҳамчунин, аз муаммоҳои ҷаҳонӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани он ибрози назар кардаанд.

Ҷамъи суханронию мақолаҳои илмию публитсистии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1996 - 2009 дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ба забони русӣ нашр шудааст.

Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.

Дар муқаддима муаллифи китоб менигоранд: «Мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд».

Дар баробари асарҳо мақолаҳои Пешвои миллат низ ҷойгоҳи махсус доранд, ки дар таъмини сулҳ ва ризоият дар кишвар нақши муассир гузоштаанд. Бахусус аз мусоҳибаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори маркази иттилоотии Русия А.Правов, ки Ҷаноби Олӣ он вақт дар вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ буданд, моҳи майи соли 1994 бо номи «Ҳамаи қувваҳои бунёдкори минтақа сулҳро мехоҳанд» ҷараён гирифт ва он дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд. Дар мусоҳиба Пешвои миллат аз кӯшиши пурзӯри хеш оиди таъмин намудани сулҳ дар кишвар сухан намудаанд.

Баъди гузашти даҳ сол аз соҳибистиқлолии кишвар соли 2001 мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори «Российская газета» бо номи «Мо нагузоштем, ки миллат пароканда шавад» чоп шуд. Дар воқеъ миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сахм ва хидматҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намесозад, зеро дар лаҳзаи ҳассос давлат аз будаш дарак намедод, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва мақомотҳои қудратӣ қариб ки амал намекард, ин ҳамаро бо заковати расо ва дипломатияи тавоно Сарвари давлат бартараф сохтанд, ягонагии давлат ва миллатро таъмин намуданд.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз лаҳзаҳои аввали давлатдорӣ вазъияти ҷангзадаи кишвари Афғонистон ба ташвиш меовард.

Барои ҳалли низоъ ва роҳҳои бартараф намудани ҷанг дар Афғонистон Президенти кишвар бо хабарнигори «Народная газета» В.Панфилова таҳти унвони «Нам нуҷен стабилҳнқй Афганистан» соли 2001 мусоҳиба анҷом додаанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои терроризм, эктремизм, таҳдиди ҳаракати исломии ӯзбекистон эҳё, Роҳи бузурги Абрешим ва дигар масъалаҳои мубрам бо хабарнигорони гуногуни рӯзномахои сатҳи ҷаҳонӣ мусоҳиба анҷом додаанд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310 - солагии бузургдоши Имоми Аъзам бо иштироки намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ ҷараён гирифт. Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш барои кулли ҷомеа ва хусусан, ҷавонон фаҳмонидани мазҳаби воқеии тоҷикон ва равияи он ба ҳисоб мерафт. Дар ҳамин сол китоби дигари Пешвои миллат, «Мероси Имоми Аъзам ва гуфугӯи тамаддунҳо» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардид. Бахшида ба ҳамин масъала асари дигари Эмомалӣ Раҳмон «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам» аз чоп баромад.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми масъалаҳо дар миқёси ҷумҳуриявиву ҷаҳонӣ асарҳои пурарзиш нашр намуда, дар самти маънавиёти ҷомеаи башарӣ нақши муассири хешро гузоштаанду мегузоранд.

Ғ.Бобоҷонов,
 ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сулҳофар

Гарчанде бобати саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ борҳо изҳори ақида шуда бошад ҳам, мехостам чанд нуктаҳои асосиро оид ба шуҷоатмандию хирадмандии ин абармарди қарни ХХ1 иброз намоям.

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омадааст.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақомоти олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хучанд Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.

Дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ҶVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки ӯ бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша бо ростгӯӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақоми махсусеро соҳиб гашта буданд. ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояшон дар назди халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало собит намуда истодаанд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона буд. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи хамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид кард, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонистанд, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузоранд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки ин ифодаёбии демократияи бевосита буда, дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати ҳуқуқу озодҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Имрӯз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу Ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рeҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотхои ғайриҳукуматию ҳаракатхои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои асосӣ мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят, 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи фараҳбахшро барои сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла овардааст: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигох доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист, васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд… Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияхо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи кӯшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ мо тавонистем, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуда, чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем.

Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид». Омӯзиши хамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо, роҳи ҳалли онҳо ҳарчӣ зудтар пайдо карда шаванд.

Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта, сулҳи бебозгаштро дар давлати тоҷикон таъмин намуд. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид хамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷонибҳои мухолиф дасти дӯстӣ ба ҳам дода, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равона намуда бошанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз ғояҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вучуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумхуриро ба низом оварад. Халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор гардидааст, он қодир аст, амнияти ҷомеаро таъмин намояд.

Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ, бетаъхир таъсис додани Артиши Миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иктисодӣ, роҳбарияти ҷумхурӣ масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарури ҳарбӣ таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд. Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.

Ба ифодаи ҳамфикрию пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи покзамиру сулҳпарвари Тоҷикистон эътимоду боварии хешро рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 изҳор дошта, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумхурии Точикистон интихоб намуд.

Конститутсияи соли 1994 сохти президентии идораи мамлакатро ба ҳукми қонун ворид намуда, мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар кард. Конститутсияи ҷумҳурии сохибистиқлоли Тоҷикистон қадами устувор ҷониби ишкишофи такомули парламентаризми тоҷик буд.

Маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдику таъини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят менамуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт.

Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳилаи муҳимтарин гардид. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, низоми адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд.

Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зерин андешида шуд: мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милитсия, гумрук, андоз ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахурӣ ба обрӯву эътибори ҳокимият иснод меоварданд, тоза карда шуд.

Имрӯз пешбинӣ шудааст, ки марҳила ба марҳила бо танзим ёфтан ва нерӯ гирифтани қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳифз ва таъмини амнияти минтақаҳои сарҳадӣ ба дӯши онҳо вогузор шавад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон чун рамзи соҳибихтиёрии давлат давра ба давра нигаҳбонии марзҳои кишварро дар ҳама китъаҳо ба дасти худ гирифтанд.

Истиқлолият неъмати бузургест. Вай бунёд ниҳодани пояҳои устувори давлатдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлати хеш бошад.

Дар тӯли бисту панҷ соли истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё равобити сиёсӣ, иктисодӣ ва фархангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳоқимияти давлатӣ ва истиқлолият аз он иборат аст, ки маҳз ӯ пояҳои давлатдориро мустаҳкам карда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт. Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбонии сарҳадиро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, барои 27-июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст.

Таҷрибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯй овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст.

М.Дадобоева,
ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи
 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ
бизнес ва сиёсати Точикистон

Читать далее

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он “Терроризми байналмилалӣ” мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.

Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои оли буда, ба меъёрҳои байналмилали мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлати ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористи ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайрави намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

Мадина БОБОҶОНОВА,
 аспиранти соли дуюми
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Фалсафаи Ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон

Ваҳдат дар фаҳмиши оммаи мардум ба маънои дeстиву ҳамдигарфаҳмӣ ифода ёфтааст. Ва дар илми фалсафа бошад ваҳдат- ваҳдониятро ба маънои ягонагӣ ва дар ғарб бошад ба маънои монизм истифода мебаранд, ки он ҳамчун таълимот дар бори офариниши олам аз як мабдаъ чӣ ҷавҳари рeҳӣ ва ё модӣ аст.

Ҳамчунин дар мамлакатҳои Шарқи Миёна, хусусан, дар эҷодиёти мутафаккирони форсу тоҷик доир ба масъалаи мазкур ба калимаҳои зерин вомехeрем, ки ин қариб дар тамоми мактабҳои фалсафии асри миёнагӣ: машоъ, калом, тасаввуф, ҳикмати мутолеъа ва дигар ҷараёнҳои диниву фалсафӣ дида мешавад, ки ин “Ваҳдати вуҷуд ” ва “Ваҳдати шуҳуд”. Аммо ин тарзи фаҳмиши ваҳдат дар доираи динии илми фалсафа мебошад, лекин барои оммаи мардум дар шаклҳои зерин сурат мегирад: ягонагӣ, ҳамдилӣ, дeстиву тифоқ, ҳамдиливу ҳамзбонӣ ва амсоли инҳо фаҳмида мешавад. Ҳардуи ин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки “Ваҳдат” дар умум ин ба як фикру андеша омадани ду фард ва ё гурeҳи одамон мебошад. Барои боз ҳам возеҳу равшан намудани мафҳуми ваҳдат лозим донистам, ки ақидаи яке аз донишмандони машҳури замонамон дар ҷодаи сиёсатшиноси Маҳмадов Абдураҳмонро айнан биорем, ки он “Ваҳдат”- ро чунин васф намудааст: “Ваҳдат падидаи созандаест, ки он маҳсули тафаккури солим буда, инъикосгари пирeзии рeшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушахасан, пирeзии ақл бар ҳисиёт мебошад”.

 Ҳақиқат ҳам вуҷуди инсонро як зумра ваҷҳу ҳиссиётҳое фарогиранд, ки бархе аз онҳо хилофи принсипҳои ахлоқии ҷамъият, давлат ва умуман инсон мебошанд. Дида андeхтан ба эҷодиёти фалсафии мутафакирон воқеан ҳам исбот менамояд, ки ваҳдат ва сулҳу субот арзишии умумиинсонӣ ба шумор меравад. Абeнаср Муҳаммад бинни Муҳаммади Форобӣ, ки яке аз чеҳраҳои шинохтатарини фалсафаи аҳди асримиёнагии тоҷику форс башумор меравад ва яке аз мавзeҳои меҳварии ҳикмати иҷтимоиву сиёсии e масъалаи ҷангу сулҳ аст. “Таъмини сулҳу ваҳдат ва амнияти мардум, ба андешаи e, яке аз сифатҳои лозимаи мадинаи фозила аст. Мадинаи фозила танҳо дар сурати зарурати муҳофизати худ ва ба хотири таъмини амнияти худ дар кишвар аҷбураст, ки даст ба ҷанг занад”. Ба ақидаи файласуф, фақат ҷангҳое одилона мешаванд, ки ҳадафашон ҳифзи кишвар ва истиқрори сулҳ бошад.

Омeзиши бодиққати таърихи фалсафа барои ҳар инсон имкон медиҳад, ки оид ба ҳамаи равандҳои иҷтимоӣ аз давраҳои қадимтарин то замони муосир мо, чигунагии афкори ҷамъиятиро омeзад. ҳанeз дар асрҳои пеш аз эраи мо дар ақидаҳои фалсафии шарқиён категорияи ваҳдат дар эҷодиёти мутафаккирони он давра мавқеи меҳварӣ дошта буд. Аз ҷумлаи чунин мутафаккирон яке аз файласуфи Чинӣ Лаотсзӣ (Марди оқил) мебошад, ки e ҷонибдори сулҳ буд ва онро таблиғ мекард: “Роҳи дао (роҳи рост) ин роҳи сулҳ аст. E ақидаи сулҳпарваронаашро давом дода, ҳамон ҳокимеро ситоиш мекард, ки доимо нисбати давлат ҳамсояҳояш гузашт кунад ва ҳеҷгоҳ аввалин шуда ҳуҷум накунад ”Лаотсзӣ идеяи сулҳпарварию инсондeстиро дар маркази фалсафии иҷтимоии худ қарор дода, возеҳ мегeяд, ки “Дар ҷанг аз ғалаба ифтихор кардан маънии аз марги одамон шодӣ карданро дорад”.

 Азбаски ваҳдат яке аз мафҳумҳои меҳварии фалсафа ва ё ҳаёти оммаи мардум мебошад ин масъала то ба имрeз дар маркази диққати аксар ҷомеашиносон қарор дорад. Яке аз машҳуртарин файласуфи ғарбии замони нав Т., Гобс масъалаи сулҳу амниятро кор карда ба хулосае меояд, ки “Одамон барои он ки ҳаёти худро ҳифз кунанд, роҳи сулҳро пеш гиранд. Ваҳдатталабӣ ҳам аз тарси марг ва ҳам аз талаботи ақл бармеояд”.

Тавре, ки омeзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ваҳдат яке аз категорияҳои марказии ҳаёти иҷтимоии одамон мебошад ва он барои пойдории тамоми миллату давлат нақши созгор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои тозаистиқлол мебошад, ки он чи будани ҷанг ва даҳшати онро аз сар гузаронидаанд ва медонанд. Аслан чи будани сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилиро акнун дарк намуда истодаанд.

Баъди пошхeрии ИҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.1991 истиқлолияти комил ба даст овард вале, баробари бадаст овардани истиқлолият дар дохили кишвар нооромиҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки онҳо қариб боиси ба варатаи нобудӣ бурдани миллат гардиданд. Дар ин лаҳзаҳо кишварро хатари парокандагӣ ва мафкураи халқро бошад ноумедӣ ба оянда пахш намуда буд. Аслан он тазодҳое, ки дар дохили кишвар дар солҳо ҷанги шаҳрвандӣ шуда гузаштанд ниҳоят даҳшатангез буданд, инҷо бар мегардем ба сари месъалае, ки чӣ тавр тоҷикон соҳиби сулҳ шуданд? Кадом омилҳо ва ё кадом қувваҳо боз тоҷиконро муттаҳид намудаанд?

Дар беҷо шудани авзои иҷтимоии ҷомеа дар Тоҷикистон, мавқеи зиёиён дар ташаккул додани принсипҳои ахлоқии шаҳрвандон коста гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки агар амният набошад, илм пеш намераваду тарбия бошад ба кор. Он замон, яъне ҳангоме ки кишвар дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, миллати тоҷик ба нафаре ва ё роҳбаре эҳтиёҷ дошт, ки онҳоро аз ин бало бираҳонад. Дар он замон дар аланга будани ҷангу ҷидол ва бетартибиҳои зиёд, ҳамон вақт фарзанди баору номуси миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ҳокимият омад

Яъне дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Қасри “Арбоб” Иҷлосияи ХVI Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Иҷлосия 19-ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба вазифаи Раиси Шeрои Олӣ интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шeрои Олӣ интихоб гардидан, барномаи сиёсии хешро ба таври мушаххасу возеҳ иброз дошт. Ва ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шeрои Олӣ чунин гуфта буд: “Баҳри истиқрори сулҳдар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”.

Гуфтушуниди “ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ” ҳамаги 40- моҳ давом кард ва намояндагони тарафҳо дар сатҳои гуногун 20 вохeрӣ гузарониданд. ҳамчунин, боиси ёдоварист, ки дар ин раванд як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва саҳми давлатҳои ба мо дeст низ мавқеи хос дошта, ба раванди баргузории музокиротҳо мусоидат намуданд.

Баъди ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” барои амалӣ гардидани он дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба худи шаҳрвандони он вобаста буд. Халқи тоҷик хатари парокандаги ва нобудшавии милатро дарк карда, онро ба хушнудӣ пазируфтанд, ки ин нишона аз хиради олии ин мардуми некусиришт мебошад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо метавон омилҳои барқарор шудани сулҳро дар Тоҷикистон нобар кард. Сараввал фаҳмидани хатари нестшавии миллатро аз тарафи гуруҳҳои мухолиф ва онҳо инро дарк карданду манфиятҳои шахсии худро як тараф монда манфиятҳои умумимилиро пазируфтанд, ки ин нишонаи миллатдeстии онҳо буд.

Аз тарафи дигар ин ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. E дар аввалин суханрони худ ба халқи тоҷик ваъда дода буд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Тавре, ки мо огоҳ ҳастем вай аз ҳеҷ гуна ҷангу ҷидол наҳаросида, барои барқарор намудани истиқрори сулҳ кeшиш намуд. Ин шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон, Аҳмадшоҳи Масъудро ба ҳайрат мононда буд ва e гуфта буд “Раҳмонов воқеан ҳам шахси ватандeст будааст”. ҳақиқатан дар ҷомеа роҳбари он дар рушди он мавқеи меҳварӣ дорад.

Омилӣ дигари барқароршавии сулҳ дар Тоҷикистон хиради олии мардум мебошад. ҳамин тариқ раванди истиқрори баъди низоъ ба зиёиёни тоҷик имконияти беҳамтои созандагӣ ва ислоҳи иштибоҳоти гузаштаро фароҳам сохт. Ва рушди минбаъдаи сулҳу субот аз халқ алалхусус, зиёиён вобаста буд. Хулоса, сулҳу ваҳдат пойдевори асосии ҳар як қавму миллат мебошад, зеро дар ҷаҳон зиёданд давлатҳое, ки истиқлолият доранд, вале сулҳу оромӣ дар онҳо дида намешавад ва ҳаррeзаи ҳар рeз дар он ҷой қатлу куштор аст, ки ин боиси таассуби насли инсон аст. ҳаргиз изтироб, ҳирс, баҳсу кина, ҷангу ҷидол ба инсон некӣ намеорад, ҷуз хориву зорию бечорагӣ.

Пас халқи тоҷикро мебояд, ки ба қадри ин неъмати Худодод бирасанд. Алалхус ин ба ҷавонон вобаста аст, зеро ҳукумати кишвар ояндаи миллатро ба ҷавонон вобаста медонад. Акнун мо ҷавононро лозим аст, ки ҳар чӣ бештар мутолиа намоем ва аз гузашта сабақ гирему оянди худ ва насли минбаъдаамонро равшан намоем. ҳамеша дeсту иттифоқиро пеша намоем, чунки, якдиливу якдигарфаҳмӣ омили пешравии давлату миллат аст. Бо мисраҳои Бедили Деҳлавӣ мегeем:

 Ёрон ба тифоқ агар қадам мешикананд,

 Ҷайши арабу аҷам бо ҳам мешикананд.

Аз қудрати итифоқ ғофил манишинед,

 З-он, ки дандонҳо сангро бо ҳам мешикананд.

Х.Ш.FАЮРОВ,
дотсент, декани факултети инноватсия ва теллекомуникатсияи
 Донишгохи давлатии ҳуқуқ бизне ва сиёсати Точикистон

Читать далее