June 2017

15 June 2017

Ҷавонон нерӯи созандаи миллатанд

Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни ҷавонону наврасон фардҳои лаёқатмандро ҷустуҷӯ карда, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё намоем. Нерӯи созандаи онҳоро ба фатҳи қуллаҳои илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон худ нерӯи азим, бақои умр ва ҳастии ҷомеа ба шумор рафта, муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо меросбарист. Ҷавонони бедордил дар ҳама давру замон ҳалқаи мустаҳками наслҳои башар маҳсуб ёфта, қувваи иҷтимоӣ, сарватҳои маънавӣ, арзишҳои ахлоқии гузаштагонро мерос мегиранд. Ягон ҷомеа бидуни насли ҷавон шукуфонии имрӯза ва беҳбудии ояндаро тасаввур карда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, ҷавононро рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои он меноманд. Имрӯз ин тадбирро, қабл аз ҳама, аз таваҷҷӯҳ ва ибтикори муҳими сиёсии Сарвари давлат дониста, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нерӯи ҷисмонию ақлонии насли умедбахш, ки воқеан чун қувваи созанда ба ҳисоб мераванд, баҳои баланд медиҳад.

Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом, рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста таъкид намуда, дар ҳар баромадҳояшон ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.

Дар ин радиф зикр намудаанд, ки «Шумо, ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонед. Аз ин рӯ, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоед, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге ба дӯш доред».

Таваҷҷӯҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷӯёну аспирантон, саҳми боризи онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми стипендияҳои аспирантон ва донишҷӯёнро дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа баён гардида, «Соли 2017-ро - Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки ин амр низ барои дастгирии ҷавонон, толибилмон ва муҳассилин, ба таъмини шароити хуби таҳсили онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама ба он равона гардидааст, ки имрӯз аз ҳисоби донишҷӯён - ҷавонони фаъол ва пешқадами мамлакат баҳри ояндаи давлату миллат мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи муосир тарбият ёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ бобати ҷонибдорӣ аз ин иқдомҳои неки Сарвари давлат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии қаламрави вилоят тамоми тадбирҳои муҳим ва заруриро амалӣ менамояд.

Маҷмӯи ин шароити мусоид ва ғамхориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мо ҷавонони ватандӯст танҳо тақозои онро мекунад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба таҳсил ва омӯзиши донишҳои муосир фаро гирифта шуда, ҳамчун ҷавонони ҷавобгӯ ба талаботи замон ба камол расем.

Лозим аст, ки ҷавонони мо дар пешрафти Тоҷикистони

Ҷавонон бояд бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар гузоранд.

А.Усмонов
муовини декан оид ба тарбияи
факултети физикаю техника,
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Сулҳу осоиш неъмати бебаҳои халқу кишвар аст

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат дар амал татбиқ мегардад. Соҳибихтиёрии давлатӣ ин масъалаи муҳими шинохт, эҳтиром  ва рушди он аз тарафи шаҳрвандон мебошад, ки барои қадам ба қадам устувор намудани давлатдории муосири миллияшон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Алҳол дар Тоҷикистон мардуми кишвар дар вазъияти сарҷамъӣ,  иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулхпарвари тоҷикро бори  дигар  собит месозад.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо парокандашавии давлати абарқудрати шӯравӣ Худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дошт, вале сад афсӯс, ки бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркушӣ таҳмилии худ хеле гарон сохтанд. Хушбахтона, расидем  ба рӯзи неки 27-июни соли 1997, ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Баъди Иди Истиқлолият барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – Иди Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад. Ин ид бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд.

Мутаасифона, дар солҳои охир баъзе кишварҳои хоричӣ, ба мисли Полша, маҳалли ҷамъ гаштани мухолифони тоҷик шудааст. Дар миёни онҳо аъзои ҲНИТ,  «Гурӯҳи-24» ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста ва мамнӯъ шудани ин созмонҳо дар Тоҷикистон ба хотири дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ва дарёфти маблағ аз хоҷагони нави худ ба хориҷа рафтанд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта дар Туркия ва Олмон низ борҳо намоишҳои «эътирозӣ» ташкил карда буданд.      

Мақсади ниҳоии ин намуд созмонҳои мамнӯъ гашта боз дар Тоҷикистон руйи кор овардани вазъияти нооромии сиёсӣ ва заиф сохтани аркони давлатӣ мебошад. Онҳо дида наметавонанд, ки мардуми тоҷик сифатҳои азалииваҳдатсозӣ, сулҳофарӣ, бедордилӣ ва пешбарандагӣ доранд, дараҷаи камолоти ҷомеаи шаҳрвандиашон хеле боло рафтааст ва ҳоло ҳаводиси ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро пешбинӣ намуда метавонанд,

Чунончи, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Мо нагузоштем, ки миллат пароканда шавад» менависад: «Хусусияти муҳимтарини сулҳ дар Тоҷикистон, равобити мутақобилаи  он бо  пешрафти муваффақиятноки  мамлакат  бо  роҳи  демократисозӣ  мебошад.  Дар  мамлакат  принсипи  бисёрҳизбӣ  ба вуҷуд  омад, гуногунандешии  идеологӣ амал мекунад.  Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони тақдирсоз барои  тоҷикистониёну   ҳизбу  ҳаракатҳои   ҷамъиятӣ - сиёсӣ буд.  Дар  таърихи  давлатдории  тоҷикон  интихоботи  парламенти  касбӣ  гузаронида  шуд. Ба таҳкими  ҷараёни  демократикунонии  ҳаёти  ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд.

Бо вуҷуди имкониятҳои фароҳами сиёсӣ мухайё сохтан ба фаъолияти ҳизбу  ҳаракатҳоиҷамъиятӣ - сиёсӣ на ҳамаи онҳо ба монанди ҲНИТ,  «Гурӯҳи - 24» ва амсоли он аз ин шароит ва фазои озоди сиёсӣ фаъолият ва амали худро ба манфиати халқ равона сохтаанд.Онҳо нафаҳмиданд ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ва ду неъмати бебаҳо ҳастанд ва манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ ё гурӯҳӣ набояд ин равандро халалдор намояд.

Онҳо дарк намекунанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд, ки дар тули  25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо бо зери роҳбарии сарвари давлат, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардидааст. Истиқлолу Ваҳдат нақши азим дар татбиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрӯз, Ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳидии ҳамаи нерӯҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи «Сулҳ маънии таърихии мост» менависад:  «Муҳимтарин принсипи  фарҳанги сулҳ  барои мо,  тоҷикистониён,  иборат аз он  аст,  ки ҳарчӣ бештар  ба доираҳои  васеи  сулҳпарвари аҳолӣ  такя  намоем. Идомаи ин сиёсат принсипи  бидуни  зӯроварӣ  ҳал  намудани  ҳама  мушкилот мебошад.  Фақат  ризоияте,  ки аз хирад  ва  ҳадафҳои  оқилонаи  нерӯҳои  гуногун  бармеояд,  сулҳи  пойдорро  таъмин  карда  метавонад.  Дар вақти  ҳозира  мо  бо  қувваҳои  гуногуни  сиёсӣ  дар  масъалаҳои  муҳимтарин  муваффақ  гардидем.  Ин пеш  аз ҳама  роҳу равиши  мамлакат  дар бобати  ташаккули  давлати  демократии  дунявию  ҳуқуқбунёд  мебошад  ва бидуни ин  сулҳу  субот  дар Тоҷикистон  имконнопазир  аст».

Ф.А.Турсунов,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Пешвои миллат: кафили рушди сиёсати давлатии ҷавонон

Боиси сарфарозист, ки аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Иттиҳоди мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро самти афзалиятнок дониста, бар он таъкид мекунад: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ   вохӯрӣ доир намуда ва дар он оид ба дастоварду пешравиҳо ва дастуру супоришҳо оид ба сиёсати ҷавонон бо онҳо мулоқот мекунанд.

Санаи 20 январи соли 2016 дар Паёмашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, сини миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30 сола ташкил медиҳанд».

Имрӯз шумораи ҷавонони то 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз буда, дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда бошад  23 фоизро ташкил медиҳад.

Воқеан ҳам, ҷавонон як қишри осебпазири ҷомеа буда, метавонанд фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо гарданд, бинобар ин, яке аз омилҳои наҷоти ҷавонон аз ҳар гуна дасисаю иғвоҳо ин баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо мебошад. Зеро эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тоқатпазирӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба зиракии сиёсӣ вобаста аст.

Хушбахтона, имрӯз ҳангоми таҳияву барномасозии сиёсати давлатии ҷавонон ҳукумати ҷумҳурӣ ин масъалаҳоро ба назар гирифта барои расидан ба ҳадафи сиёсати ҷавонон тамоми шароитро фароҳам оварда истодааст.

Маҳз барои расидан ба ҳадафи асоси сиёсати давлатии ҷавонон бо иқдоми Пешвои миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид.

Ҳамин тавр, татбиқи чорабиниҳои «Соли ҷавонон» ва таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон, ҷавонони кишвар ба як нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат табдил хоҳад дод.

А.САДРИДДИНОВ,
мутахассиси шӯъбаи тарбия
А.САФАРОВ
устоди Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

Ҷавонони Тоҷикистон ифротгароиро маҳкум мекунанд

Ҷавонон умеди орзу, татбиқкунандагони  нақшаву ниятҳои неки насли калонсол  ва ормонҳои  ҳазорсолаи  миллати қадимаи  тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти  бузургро  содиқонаву  сарбаландона  иҷро намоянд.

Эмомалӣ    Раҳмон

Мардуми  Тоҷикистони  соҳибистиқлол, алалхусус  ҷавонон, ки табиатан сулҳхоҳу сулҳдӯсту сулҳофаранд,  барои доғ  наовардан  ба миллату модар   кӯшиш  менамоянд, чунки  барои ин  ҳамаи  шароиту имкониятҳо: ватани ободу озод, табиати  биҳиштосо, шароити хуби зисту  таҳсилу фаъолият, сарвари  оқилу доно, адабиёти бою фарҳангу  тамаддуни  инсонгароёнаро   доранд.

Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии  ҷавонон  ва  таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.  

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Давлати исломии Ироқу Шом» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъи  орому осоиштаи мардум  расонида, истодаанд. Воқеаҳои рӯзҳои ахир, ки дар Лондон рух дод, мардуми сайёраро бори дигар  ҳушдор сохт, ки   терроризм  муаммои давлат, миллат,халқ ва  ё  қавми  алоҳида  набуда,  масъалаи рақами як барои кулли  инсоният  ва давлатҳои абарқудрат маҳсуб меёбад. Барои террорист   «мазҳаб»,  «давлат», «миллат»,  «сарҳад»  мафҳумест,  бегона.    Онҳо  на  сатҳи зиндагӣ,  на  сатҳи  рушди иқтисодӣ, на  маънавиёт  на  шумораи аҳолӣ  ва на  мавқеи  сиёсии  давлатҳоро ба назар мегиранд.  Сарони давлатҳои  абарқудратро  баъди  чунин ҳодисаҳои нангин  ба сари мизи мусолихаву  маслиҳату машварат нишастан   шояд  саривақтӣ бошад. Дар ҳоле, ки вазъи  давлатҳои Аврупо  нигаронкунанда  аст,  онҳо  шояд  оиди вазъи сиёсиву  иқтисодӣ  ва  иҷтимоии  давлатҳояшон барномаву  стратегияҳои навро   тарҳрезӣ  намуда, мардуми кишварашонро аз доми ин вабо  раҳоӣ бахшанд.

Террористон   андешаи фардои худро намекунанд, аз тақдири   ояндаи насли  хеш бехабаранд, заҳмату меҳнати модари  худро фаромӯш  кардаанд, вале  таърих гувоҳ  аст, ки Заҳҳоку Чингиз, Темури Лангу Гитлерро  касе ба некӣ ёд намекунад ва нисбати  онҳо нафрати мардум бо мурури  замон  зиёда  мегардад. Хамагон  медонанд, ки оҳу дуои модар, ашки  кӯдакони бегуноҳ, азоби  занони бева барабас намеравад.

Халқи бофарҳангу таҳаммулпазири тоҷик, ки борҳо аз имтиҳонҳои сахти таърих сарбаландона гузаштааст ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ-ро фаромӯш  намекунад. Имрӯз  Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба сӯйи ояндаи  дурахшони худ сарбаландона  гом мезанад  ва ягон қувва ё ҳизбу ҳаракат,  ё ягон хоҷаи бегонаи   сарватманд   ин ҷавони саркашу мағрурро таслим карда наметавонад….

Ҳуқуку озодиҳои шаҳрвандон, масоили рушди иқтисод, назорати  истифодаи мақсадноки маблағҳои  давлатӣ  дар Тоҷикистон имрӯз роҳи ҳалли худро комилан ёфтааст  ва ба дахолати ягон давлати бегона ниёз надорад.

Ҷавонони  баору номус ва сарбаланди тоҷик   аз вазъи   сиёсии  сайёра, ки  (Сурия, Ливия, Украина, Афғонистон)  хеле бошиддат ҷараён  дорад  ва самти  худро  ҳар лаҳза  дигаргун  месозад, хулосагузорӣ намуда, гирди  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  сарҷамъ омада,  дастуру  супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, вазифаи худро  дар ободониву гул-гулшукуфӣ  ва амнияти  кишвари худ медонанд.  

Талошҳои пайвастаи  ҷавонони  имрӯзаи  мо ҷиҳати  иштироки фаъолона дар рушду  нумӯи  кишвари азизамон боварии моро ба ояндаи  дурахшони Тоҷикистон  рӯз аз рӯз  зиёдтар  мегардонад. Лекин, ҷоизи қайд мешуморем, ки барои баланд бардоштани ҳисси  худшиносӣ, худогохии  милливу  ифтихор аз Ватану ватандории ҷавонон  бояд чораҳои  мушаххас андешида, зиракии  сиёсиро аз даст надода, аз таъриху фарҳангу адабиёту  зиндагиномаи абармардони тоҷик бештар истифода барем. Фазои холӣ дар мафкураи  ҷавонони мо набояд  бошад, зеро он ғановату  таровату зебоие, ки  забону адабиёти тоҷик дорад,  барои  тамоми мардуми сайёра  басандагӣ  мекунад, агар чунин намебуд  дар  пешайвони яке аз созмонҳои бонуфузи дунё  сатрҳои баландмазмуни шоири   ғазалсарои тоҷик  Саъдии бузургворро  наменавиштанд, китоби Синои бузургро  табибони дунё китоби руйимизии худ  намехонданд, асарҳои Садриддин Айниро бо забони  дигар  тарҷума намекарданд  ва садҳо мисолҳои  ба ин монанд.

М.А.Қодирова,
муаллимаи кафедраи назария ва методикаи
таълими фанҳои тахассусии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Насли ватандӯсту бомаърифат ояндаи миллат аст

Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳамчун раҳнамои миллат мардуми кишварро ба сӯи ояндаи босаодат, зиндагонии шоиста, созандагию ободонӣ ҳидоят намуда, ҳар як фарди ҷомеаро ба ҳифзи бузургтарин дастовардҳои миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват менамоянд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки масъалаҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа дар ҳама Паёмҳои Сарвари давлат мавзӯи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад. Ба масъалаҳои дар боло зикргардида, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудани Пешвои миллат омилҳои объективии худро дорад, ки Сарвари хирадманди мо онро хеле хуб дарк намудаанд. Яке аз омилҳои асосии ин масъала ояндаи миллат будани ҷавонон мебошад. Бо назардошти ин таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон афзалият дода шуд. Баъд аз шаш моҳи соҳиб гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонуни асосии ҷавонон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон". (13.03.1992) тасдиқ гаштааст,  шаҳодати ин гуфтаҳо аст. Президенти кишвар сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа пазируфта, таъкид намуда буданд: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти кишвар ҳисобида, авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».

ҳамин равиш боис гардид, ки дар саросари кишвар татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои шоёне мушарраф гардида ҷомеаи моро шоҳиди ибтикороту иқдомоти наҷиб гардонад.

Агар мо ба таърихи фаъолияти ҷавонон дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон назар афканем маълум мегардад, ки солҳои аввали Истиқлолият ташкилоту созмонҳои ҷавонон қариб бе ягон дастгирӣ амал менамуданд.

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо созмону ташкилоти ҷавонон чун таҳкимбахши сутуни давлат миллатамон баҳри пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон саҳмгузор мебошад.Ҷавонон имрӯз чун узви ҷомеа дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатдориамон ба мисли илм, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш саҳмгузор мебошанд. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Пешвои миллат дар Паёмашон аз 23–юми апрели соли 2014 доир ба тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбия намудани ҷавонон сухан ронда қайд намуда буданд, ки «Дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ вазифаи ҷомеа ва аҳли зиё мебошад». Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки баҳри таълим ва тарбияи наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои милливу таърихӣ, меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, онҳоро дар ин шоҳроҳ бо қадамҳои нек ҳидоят намоем. Ҷавони имрӯз бояд огоҳ аз таъриху фарҳанги гузаштаи хеш бошад.

Имрӯзҳо ҷомеаи моро бо сабаби ҷаҳонишавӣ чанде аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба ташвиш овардааст. Бо сабабҳои паст будани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати ҷаҳонишавии абадқудратҳо, бархӯрди тамаддунҳо, афзудани хатари ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ, бисёр ҷавонони мо ба созмону ташкилоти ифротгаро шомил ё пайравӣ менамоянд.

Бинобар ҳамин, бо назардошти гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тақлид намудан ба фарҳанги бегонаву бегонапарастӣ, Пешвои миллат дар Паёмҳои минбаъдаашон низ ба масъалаи давлатии ҷавонон эътибори махсус медиҳанд. Бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандории ҷавононро бештар ба корҳои роҳбарикунандаи идоракунии давлатӣ ҷалб менамоянд. Аз ҷумла имрӯз ҷавонони то 35 сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатӣ ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд.

Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20.01.2016. ба ҳукумати Ҷумҳурӣ супориш доданд, ки сиёсати давлатии ҷавононро дар маркази диққати худ қарор диҳад ва қайд намуданд, ки «Мо барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустеро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 моро водор месозад, ки дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли ҷавонон аз ҳозира дида бештар масъулиятшинос бошем.

Барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи насли ояндаи миллат аз тамоми роҳу усулҳои таъсирбахши тарбия ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷодкорона истифода бурда, насли ватандӯсту бомаърифат, ояндаи миллатро ба воя расонем.

А. Саидов,
М. Валиева
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
ҳуввияти худогоҳии ҷавонон – бақои миллат

Читать далее

Шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибистиқлолӣ кунем

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армуғони олии таърих маҳсуб мешавад. Ба қавли Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд».

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам овард. ҳадафи ҳар як шаҳрванди баору номус ободию шукуфоии Ватани азизамон мебошад. Ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд, ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои нави таълимию фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст. Мардум якдилию якмаромии хешро баён дошта, шукрона мекунанд, ки дар кишвари ободу озод ва соҳибистиқлол зиндагонӣ мекунанд. Аммо ҳастанд гуруҳҳо ва ашхосе, ки намехоҳанд кишвари мо ободу шукуфон ва пешрафтҳои назаррас дошта бошад.

Ахиран дар васоити ахбори умум хулосаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Хелсинкии Норвегия пахш гардиданд, ки дар он таъкид гардидааст, ки: «Ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд.

Ин хулоса ва пешниҳодҳо то кадом андоза дурусту саҳеҳанд ва ҳадафи онҳо чист, ба ҳамагон маълум аст. Дар чунин як шароити буҳронӣ бояд мо якдилу якҷон гашта, хоку марзи кишвар ва соҳибистиқлолии ватанамонро дифоъ намоем, вагарна як нооромӣ метавонад боиси пора-пора гаштани кишвар гардад. Душманони миллат аз кeчактарин омилҳо истифода мебаранд, то Тоҷикистонро аз нав ба гирдоби ҳодисаҳои нохуш ва қафомондагию сарафкандагӣ биафкананд. Аммо мардуми шарифи тоҷик аз он ҳама рӯзҳои сиёҳ ва нангини миллат сабақи азим бардошта, ҳеҷ гоҳ даст ба амалҳои ношиста намезананд, шукри Ваҳдату якдилӣ ва якмаромӣ карда, софдилона баҳри осоишу ободии Тоҷикистон хидмат менамоянд. 

Мо бояд суханони пурҳикмати Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода,  барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи хешро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро баҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Ш.Тоҷибоев,
К. Қурбон,
кормандони ДИС ДДТТ

Читать далее

Бо ҷавонон бештар муошират намоем

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нукта ба нукта мутолиа намудаем, аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт.

 Ин Паём дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.

Он воқеаҳое, ки дар  Сурия ва Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт, амалҳои террористию экстремистӣ ҳамагонро ҳушдор месозад, ки хомӯшу бетараф набошем ва мавқеи инсонгароёнаи худро муайян кунем. Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. ҳамчунин, мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд.

Рафтори дағалонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар гурӯҳи  ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии нерӯву зеҳни онҳо истифода мебаранд. Аслан, чунин ҷавонон на аз таълимоти Ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин проблема, албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. ҳоло вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза барем.

Шомил шудани ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои номатлуб аз нуктаи назари сиёсатшиносон чунин омилҳо таъсир мерасонад:

- шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, шомилшавӣ бо роҳи ширкатҳоои сайёҳӣ, шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ.

Ҷавонони давлати мо  бояд огоҳ бошанд, ки симои аслии ҳизбҳои ғайриқонунӣ ба Исломи асил ва суннатҳои он  мувофиқатӣ надорад.

Мо бояд, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ машғул намоем, ки то ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Мақсади ташфиқот дар он аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра нест карда шавад.

Саломат Ниёзова,
Мустафохон Саидов,
устодони Донишкадаи
кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

«Шинохти Ваҳдат – шинохти миллат»

Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва кӯшиш ба хотири густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат мебошад.

Эмомалӣ  Раҳмон

Санаи 15 июни соли 2017 дар толори хурди Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Шинохти Ваҳдат – шинохти миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аъзоёни Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, олимону адибон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд

Конференсияи илмӣ – амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ намуда, баргузории ин ҳамоиши бошукӯҳро дар арафаи таҷлили 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муҳим ва бамаврид арзёбӣ намуд.

Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар замони муосир», муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии  Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева дар мавзӯи «Нақши шӯрои вилоятии  Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар», ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода дар мавзӯи «Ваҳдат - ормони олии миллат», сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона низ ба сухан баромада, аз боби ҳифзу гиромидошти ваҳдат, дӯстиву рафоқату ҳамдилӣ ва аҳамияти бузурги санади сулҳи тоҷикон ҳарф зад.

Дар конфронс зикр гардид, ки Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеаи мутамаддини кишвар, тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд гузоштааст.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

“Суғд - водии имкониятҳо”

Санаҳои 16-17 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2017» баргузор мегардад.

Дар ярмарка истеҳсолкунандагони маҳсулот ва корхонаву муассисаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони коргоҳҳои азими соҳаҳои мухталифи саноатӣ, Ширкатҳои бонкҳо, сохтмон, нақлиёт, доираҳои соҳибкории Федератсияи Русия, давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Хитой, Ҷопон, Ҳиндустон, Малайзия, Полша, Сербия ва дигар мамолики хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва васоити ахбори омма ширкат меварзанд.

Хоҳишмандонро барои иштирок дар кори Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд - 2017» даъват менамоем.

Кумитаи тадорукот

Читать далее

Дар лӯлаҳои обгузар оби тоза меояд...

Дар доираи Барномаи вилоятии "Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор нақшаҳо амалӣ мегарданд.

Бино ба иттилои муовини якуми раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ дар ҳудуди ноҳия 130,6 км қубури оби нӯшокӣ мавҷуд буда, қариб 34 фоизи он таъмирталаб мебошад.

Тибқи барнома барои таъмири қубурҳои оби нӯшокӣ, сохтмони ҳавзи захиравии об, кофтани чоҳи амудӣ дар соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, ташкилоту корхонаҳои ноҳия, соҳибкорон ва аҳолӣ 627,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба санаи 1 июн дар шаҳраки Меҳробод, деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониён, Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз қубури обгузари оби нӯшокӣ ба масофаи беш аз 4000 метр иваз ва дар деҳаи ӯзбекқишлоқ як адад чоҳи амудӣ аз нав пурра таъмиру барқарор карда шуд.

М.САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее