June 2017

15 June 2017

Оғози навсозии роҳҳо дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд

Маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, ки дар шафати дарёи Сир ҷойгир шудааст, яке аз мавзеъҳои куҳантарини маркази вилоят ба ҳисоб рафта, дар замонҳои пеш бо ҳунарҳои гуногун ва ҳунармандони худ маъруф будааст.

Тайи чанд соли охир корҳои таъмири роҳҳои дохили маҳалла вусъат пайдо карда, аксари кӯчаҳо мумфарш карда шудаанд. Дирӯз бошад, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъмиру азнавсозии кӯчаҳои ба номи Абдуллоев, Исмоилов ва Академик Раҷабовҳои ин маҳалла шурӯъ гардид. Кӯчаҳои мазкур ба дарозии беш аз якуним километр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббуси худи аҳолӣ таъмир, аз ҷумла 0,4 километр пурра мумфарш карда мешавад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон

Субҳи дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон хонум Туула Юрёларо ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёларо ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Зимни мулоқот Туула Юрёла ба Раиси вилоят маълумот дод, ки мандати навбатии САҲА дар Тоҷикистон бо қарори шӯрои кумитаи марказии ин созмон аз якуми июн дигар гардид. Аз моҳи июл мандати нави ин созмон бо тарҳу усули нави корбарӣ оғоз меёбад. Тавре таъкид карда шуд, САҲА дар Тоҷикистон дар се самт низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондааст.

Читать далее

Ваҳдат – сарчашмаи бахту саодат

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки Иҷлосияи мазкур дар таърихи миллати мо Иҷлосияи тақдирсоз, ваҳдатофарин, сулҳовар маҳсуб шуда, мактаби ибрат ба шумор меравад.

Дар шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардидани ин Иҷлосия бесабаб нест, зеро Хуҷандшаҳрро ҷаҳониён “гаҳвораи тамаддун” меноманд. Аслан, ваҳдатсароию ваҳдатофаринӣ мероси хоси ниёгони мо буда, аз насл ба насл идома дорад. Бузургтарин таълимоти “Авесто”-ро андарзи сегонаи он “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек“ ташкил медиҳад, ки онҳо қутбнамои ҳама гуна кӯшишҳои сулҳу салоҳ, ваҳдату якдилӣ маҳсуб мешаванд.

Имрӯз мо бо боварии комил мегӯем ва мавриди зикр аст, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосия дар интихоби Сарвар пандҳои фавқро ба роҳбарӣ гирифта, хато накарданд. Зеро модари тоҷик фарзандоне ба дунё тӯҳфа намудааст, ки бо худшиносӣ, ватандӯстию худогоҳӣ ифтихори халқи тоҷик гардидаанд. Ҷаҳониён бо шахсиятҳои бузурги замон, олимону адибон - устодон Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода, академикҳо Бобоҷон Ғафурову Муҳаммад Осимӣ шинос гардида, аз асолати таърихии халқи мо огоҳ шудаанд.

Ҳамин аст, ки ваҳдатгароӣ ва ваҳдатсароӣ хоси мардуми мост ва адибон ба хираду заковати ниёгони хеш такя намуда, дастовардҳои давлати тоҷиконро пас аз Иҷлосияи ХVI тараннум мекунанд ва ба халқи мусибатзадаи тоҷик бо кӯшишу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардидани сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллиро арҷ мегузоранд.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва ҳамин Иҷлосия нишон дод, ки тоҷикон ворисони ҳақиқии гузаштагони пурифтихори хеш мебошанд. Онҳо миллати соҳибтамаддун ба шумор мераванд. Дар давлатдорӣ ба таҷрибаи давлати Сомониён такя намуда, ҷомеаи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд барпо намуданд, бо ваҳдатгароии худ нишон доданд, ки тоҷикон соҳиби истеъдод ва лаёқати бузурги тақдирсоз мебошанд ва истиқлолияти хешро ҳамаҷониба ҳимоя карда метавонанд.

Ваҳдатгароии мо дар дохили кишвар маҳдуд нашуд, он оҳиста-оҳиста ба кишварҳои дӯст ва ҳамсоя, амсоли Русияю Қазоқистон, Чину Покистон, Эрону Афғонистон доман паҳн кард ва то ҳоло қавитар гардида, идома дорад. Дар даврони Истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик корҳои азимеро бо сарварии Президенти мамлакат анҷом дод. Шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қулма – Қароқурум Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Чин пайваст. Шоҳроҳи Ваҳдат-Саритош ҳамкории моро бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон таҳким мебахшад. Бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, бунёди шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” кишварро ба қаламрави иқтисодии воҳид ва бозори ягона табдил дод, миёни мардумони минтақаҳои мухталиф якпорчагӣ падид овард, давлати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшид. Ба истифода додани нақби “Шаҳристон”, Шимолу Ҷануб ва Шарқу Ғарби мамлакатро бо ҳам пайваст.

Сохтмони пулҳо дар болои рӯди Панҷ Тоҷикистони моро бо кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон пайванди ногусастанӣ бахшид. Сохтану ба истифода додани роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, ки ба нақша гирифта шудааст, бешубҳа, ҳамкории иқтисодии байни ин кишварҳоро ба зинаҳои баланд мебардорад.

Дар ин ҷода, пеш аз ҳама, хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили қайд аст.

Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала ба кор даровардани фишангҳои фалаҷшудаи аркони давлатдорӣ, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезагон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба Созишномаи сулҳу ризоияти миллӣ, гузаронидани интихоби парлумони дупалатагиро ҳамчун дастовардҳои муҳимтарини даврони нав таҳлил намуда, бо камоли қаноатмандӣ зикр намуданд, ки асри ХХI бояд асри тараққиёти бемайлони давлати азизи мо, тоҷикон гардад.

Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси кишвари азизамон аст, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллии бо қиммати ниҳоят гарон бадастомада чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда шавад. Ҳангоме ки ба Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар шаҳри Маскав имзо гузошта шуд, мардуми кишвар он лаҳза нафаси озод кашид, ба дилҳои хаставу ғамгин, чӣ хеле ки мегӯянд, нури умед ба ояндаи нек дамид. Хушбахттарин рӯз буд, ки барои мардуми тоҷик Президенти мӯҳтарами мо, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чун армуғони нодир оварданд.

Ҳамон рӯзи таърихӣ пиру барно якдигарро, тамоми онҳоеро, ки дар ин кори хайр саҳм доштанд, шодбош гӯён дар майдони назди бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ гирд омаданд. Ин лаҳзаҳо хурсандиву сарфарозии мардуми кишвар интиҳо надошт. Шеъри ватандӯстона ва ваҳдатофарини устод Лоиқ танинандоз буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги шармандавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки дар радифи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳони муосир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд.

Бо сарбаландӣ зикр мекунем, ки Президенти азизи мо дар саросари ҷаҳон чун Пешвои навандеши тоҷикон ва нангбардори миллат шинохта шудаанд. Аз ин хотир, ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи тоҷик муқаддас ва гиромӣ мебошад. Мо ва наслҳои оянда ин дастоварди бузурги миллиро чун Истиқлолияти давлатӣ як боли самандари иқбол меҳисобем.

Муҳаммад Субҳон,
муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии
Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
дар солҳои 2002-2007, дорандаи ордени “Дӯстӣ”

Читать далее

14 June 2017

Беморхона бо об кай таъмин мешавад?

Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен дар маркази ноҳия ҷойгир буда, солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст. Муассисаи табобатӣ дорои 12 шўъба ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, дар он 565 нафар корманд фаъолият мебаранд, ки аз он 205 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Беморхона бо оби нўшокӣ аз чоҳи амудии ҳудуди он таъмин карда мешавад. Бо сабаби солҳои тўлонӣ таъмир накардан, системаи обтаъминкунӣ кўҳнаю фарсуда гардида, алъон ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Бобати мушкилоти оби ошомиданӣ дар беморхонаи ноҳиявӣ масъулин барои посух гуфтан набудани маблағро баҳона пеш оварданд.

Бояд гуфт, ки имрўз дар беморхонаи марказии ноҳия танқисии оби нўшокӣ дида мешавад, ки масъулин сабаби чунин ҳолатро ба кўҳнаву фарсуда шудани қубурҳои об рабт доданд. Ин дар ҳолест, ки аз буҷети мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру тармими қубурҳо маблағ ҷудо шудааст ва ё не, касе аз масъулин огоҳӣ надоранд.

Масъулини беморхона иброз доштанд, ки роҳбарияти ноҳия аз ин мушкилот огаҳӣ дошта, умед доранд, ки ин муаммо ҳал хоҳад шуд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дари беморхона ҳамеша боз аст ва он ҳамарўза беморонро қабул менамояд, беморон то ба ваъда вафо кардани масъулини ноҳия аз кадом об истифода баранд?

Ҳамзамон, ин ҳолат беморону пизишконро водор намудааст, ки обро дар ҳуҷраҳои беморхона дар зарфҳои пластикӣ захира намоянд.

Дар рафти азназаргузаронӣ аён гардид, ки дастшўякҳои аксарияти ҳуҷраҳо фарсуда гашта, ба талабот ҷавобгў нестанд. Ҷумакҳои он бошад, занг баставу мурваттобаш умуман вуҷуд надорад. Бино ба гуфти пизишкон дар соатҳои муайян гўё об ба ҳуҷраҳо дода мешавад. Суоле ба миён меояд, ки дар сурати омадани об беморон чӣ тавр аз дастшўякҳои бемурват об мегирифта бошанд?

Зимни сўҳбат масъулини беморхона бо ҳар баҳона риштаи суханро ба дигар тараф кашида, аз шарҳи чунин ҳолат канорагирӣ менамуданд.

Барои иваз гардидани қубурҳои об маблағи калон лозим аст, ки ин маблағ чӣ қадар мешаваду кай ин мушкилӣ паси сар, касе аз масъулин огоҳ нест…

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Никоҳи хешутаборӣ - бадбахтии оилавӣ

Хонадор кардани фарзанд ва ба ҳаёти мустақилона гусел намудан барои ҳар як падару модар бахти бузург аст. Волидайн аз хурдӣ бо сад умеду орзуҳои ширин фарзандро ба камол расонида, барояш бахти сафеду зиндагии осудаву фарзандони солеҳро орзу доранд. Маҳз, ба хотири хушбахтӣ аксар волидон духтарашонро ба бегона не, бо хешу табори наздик оиладор месозанд, то дар зиндагӣ азият набинад.

Аксари волидайн ба чунин фикри ботил побанданд, ки хешованди худ нисбат ба фарзандашон меҳру муҳаббатро арзонӣ дошта, намегузорад, ки онҳо дар зиндагӣ танқисӣ кашанд. Вале ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё ҳама он нафароне, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд, воқеан хушбахтанд? Зиндагии осуда дошта, аз қисматашон розианд? Оё барои хонадоршавии ҷавонон хушбахтӣ ва ободии рўзгор хешутаборӣ нақш мебозад? Аз назари коршиносон ва мардум ин ақида то кадом андоза дуруст аст?

Доир ба масъалаи мазкур нашрияи «Ҳақиқати Суғд» сўҳбате доир намуд, то ба ин масъала рўшанӣ андохта шавад.

“Духтарамро бо дастонам бадбахт кардам”

-Мавзўи никоҳи хешутаборӣ доғи рўз, барои ҷомеа ва онҳоест, ки бо наздикони худ оила барпо намуданд. Ман тарафдорам, ки никоҳи хешутаборӣ пурра аз байн бурда шавад. Худам, ки дар ин масъала шикасти сахт дидаву аз кори кардаам сахт пушаймонам, бо дили пур мегўям, ки ҳеҷ зарурат нест, ки бо пайвандони худ хонадор шавем. Дар қисматам як духтар дорам, хостгорони зиёд меомаданд, аммо дар фикри духтари ягонаву эркаамро ба хонаи бегона оиладор насозам гуфта, бо додарам қудо шудам. Вале аз интихоби бахти фарзандам пушаймон гаштам, аммо дигар ҳеҷ илоҷе нест. Ба бегона духтар додан беҳтар аст, додарам барои ман ба ҷои падарам буду маро шикаст дод. Бадбахт шудани фарзанд, аз ҷумла, духтар барои падару модар зарбаи сахт аст. Инро онҳое медонанд, ки худ ин рўзро дидаву аз сар гузаронидаанд. Духтари бебахти ман аз рўзи аввали зиндагӣ хушбахтиро дар оилаи додарам ҳис накард. Ҳамеша хушдоманаш, ҳамсари додарам ўро сарзаниш кардаву ба ҳар як кори хонаву писараш эрод мегирифт. Ҳатто имкон намедод, ки бо шавҳараш муносибати хуб дошта бошад.

Таи даҳ соли хонадоршавиашон соҳиби ду фарзанд гаштанд - писару духтар. Ҳоло писари калониашон ба синни чорсолагӣ расидаасту тибқи таҳлили духтурон бемории фалаҷи мағзи сар дорад ва духтарчааш баъди синни 1-сола шуданаш худ аз худ баданашро алангаи таб мегираду аз ҳуш меравад. Ҳамаи инро духтурон аз никоҳи хешутаборӣ медонанд. Ба падару модарон тавсия медиҳам, ки бо бегона фарзандонашонро оиладор намоянд. Ҳар боре наберагони бегуноҳамро дар азобу ранҷ мебинам, ҷисму ҷонам месўзад, азоби рўҳӣ мекашам.

 Каромат ВАЛИЕВА,
сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров

“Хешу табор пароканда мешаванд”

- Агар падару модар хушбахтии фарзандашро хоҳад, бояд, ки бо хеши наздик қудо нашаванд. Мақоли халқии «қудо шудӣ - ҷудо шудӣ» ҳикмате дорад, вагарна чаро он эҷод шудааст, чаро онро ҳанўз ҳам мардум ба забон меоранд? Агар қудоят хешу ақрабо бошаду нохушие ба миён ояд, ҳам як оила бадбахт мегардаду ҳам хешутаборӣ аз байн меравад. Аз ин рў, беҳтар он аст, ки бо бегона қудо шавӣ, ҳам як оилаи бегонаро ба худат наздик ва хешованд месозӣ. Худо нахоста, агар бо хешу табор баъди қудо шудан ҷудо шавӣ, аз феҳрасти пайвандони ту як хешат билкулл ва абадӣ гум мешавад. Зиндагӣ ноҷўриҳо, нокомиҳо ва ноҳамвориҳои зиёд дорад, ки хоҳ-нохоҳ ба он дучор мегардӣ. Агар фарзанди ту дар хонаи хоҳар ё додар ва дигар шахси бароят наздик келин бошаду дар ҳаёт танқисӣ кашад, дили нозук захмин мешавад, зеро, ҳар як падару модар бо умеди хушбахтии фарзанд дар зиндагӣ талош мекунанд.

Қумрӣ РАУФОВА,
сокини ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

“Эътимодам барбод рафт…”

Тиб исбот кардааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ фарзандони солеҳ ба дунё намеоянд, яъне онҳое, ки бо пайванди худ ҳамхона гаштаанд, наметавонанд фарзандони солим дошта бошанд. Аммо ман бо шавҳарам хешутаборам ва соҳиби фарзандони солим ҳастем. Бо дархости пирони хонавода, фарзандамро бо духтари хоҳари шавҳарам оиладор намудам. Соли гузашта бо сад умед соҳиби набера гаштем, вале хурсандии мо дер давом накард, зеро набераам бо бемории маъюбии модарзод тавлид шуда, баъди ташхиси духтурон маълум гашт, ки ин нуқсони модарзодии фалаҷи дасту пой буда, натиҷаи никоҳи хешутаборист. Ҳар падару модар орзу дорад, ки фарзанд ва оилаи солим дошта бошад.

Муслима ҲАКИМЗОДА,
сокини шаҳри Исфара

Агар дар ҷисми зан ва шавҳар ягон бемории генетикӣ маҳфуз набошад, он гоҳ кўдаки таваллудшуда метавонад солим бошад. Вале агар чунин як бемории генетикӣ дар ҷисми зану шавҳар вуҷуд дошта бошад, пас он боиси таваллуди кўдаки носолим мегардад. Яъне, бемории генетикӣ бемории наслӣ буда, дар ҳолати издивоҷи хонаводагӣ метавонад боиси таваллуди тифли носолим гардад. Ҳамин тариқ, издивоҷи хонаводагӣ метавонад ҳатто боиси дар оянда аз байн рафтани як сулолаи солим гардад. Дар соли 2016-ум 256 нафар тавлиди кўдаки никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд ва аз он 47 нафар нуқсони модарзодӣ дошта, дар панҷ моҳи соли равон 122 нафар кўдакони аз никоҳи хешутаборӣ тавлид шуда, 19 нафараш нуқсони модарзодӣ буда, асосан бемории нуқсони дил ва роғи коми боло аст. Чунин ҳодиса бештар дар издивоҷи хешутаборӣ, пайванди хунӣ ба назар расида, чунин алоқамандӣ метавонад боиси таваллуди кўдаки носолим гардад. Ҳамон қадаре, ки шумораи издивоҷи хешутаборӣ зиёд гардад, хатари таваллуд шудани кўдакони носолим зиёд мешавад. Бояд қайд намуд, ки пеш аз хонадор кардан ҳар падару модар бояд фарзандашонро аз қайди табиби оилавӣ гузаронанд. Баъзан ҳолат волидайн бемории фарзандашонро пинҳон месозанд.

Шоира БУЗУРУКОВА,
сардухтури таваллудхонаи
 шаҳрии шаҳри Хуҷанд

 “Издивоҷ ба хоҳар?”

Ҷавонон дар хонадоршавӣ, ки савдои умраш мегўянд, чаро шитоб менамоянд? Чаро бидуни фикр кардану хулосаи даркорӣ баровардан, амал менамоянд? Магар онҳо оилаи солим, фарзанди солим ва зиндагии осудаву ҳаёти ширини оилавӣ намехоҳанд? Ё шояд мехоҳанду хотири хешутаборӣ хомўшӣ пеша мекунанд? Фикр мекунам, ки бунёди оила ҷойи хомўш будану шарм доштан нест, ҳар як ҷавонмарду зан бояд худ ва ояндаашро андеша намуда, зиндагии хубу хушбахтонаро ба сар бибарад.

Дар Русия ва Аврупо вақте мешунаванд, ки мо бо холадухтар ва ё амакдухтар издивоҷ кардаем, бо тамасхур мегўянд «чӣ, ту ба хоҳарат издивоҷ кардӣ?». Агар ба воқеият назар карда шавад, амакдухтар ва ё холадухтар дар ҳукми хоҳар аст.

Аз ҷиҳати психологӣ низ байни зану мард, ки муносибати заношўӣ ба миён меояд, тасаввур кунед, ки ҳанўз онҳо мисли бародар ва хоҳар боқӣ мемонанд ва фарзандони ноқисулақл ба дунё меоянд.

Исмоил Алиев,
 психолог

Дар ин самт баҳсу мунозираҳо зиёд буданд, аммо ба хотири он, ки аз ҷавҳари аслии мавзўи интихобкарда дур наравем, танҳо андешаи онҳоеро овардем, ки дархўри ҳамин мавзўъ буданд. Бо дарназардошти гуфторҳои болоӣ метавон ба хулосае расид, ки издивоҷи хешутаборӣ боиси ба дунё омадани кўдакони носолим, вайроншавии муносибати хешутаборӣ ва бо дастони худ сўзонидани тақдири фарзандони худ аст.

Хонандагони азиз, агар доир ба ин масъала фикру ақида дошта бошед, бо мо дар тамос бошед, фикри худро нависед.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Аҳолӣ бо оби тоза таъмин мешаванд

Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров 91,1 км қубур аз нав барқарор ва таъмир карда шуда, барои амалигардонии онҳо 3,4 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Дар татбиқи Барномаи вилоятии "Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ", ки бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардида, комиссияи ноҳиявӣ таъсис, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва амалӣ гардида истодааст.

Бино ба гуфти муовини раиси ноҳия Олимҷон Орифӣ дар ноҳия ҳамагӣ 229,6 км қубурҳои оби нўшокӣ, аз ҷумла, 86,3 км қубури Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия», 85,3 км қубури ассотсиатсияҳо ва 58 км қубури ҳудуди ҷамоатҳо ба қайд гирифта шуда, алҳол 74,3 фоизи аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ таъминанд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия ба деҳаи Янгиқўрғон ва маҳаллаҳои Пуличуқур, Хуҷандии Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов, Ҷамоати деҳоти Унҷӣ барои кўчаҳои Бародарон, маҳаллаи Навбунёд, маҳаллаи Оқтеппа ва кўчаи 1- май, Ҷамоати деҳоти Исмоил барои деҳаи Шоҳқадам, Ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Чашмасор, шаҳраки Ғафуров дар доираи Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, дар маҷмўъ беш аз 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

- Соли 2017 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ноҳия бо назардошти имкониятҳои дохилӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ таъмири 51 км қубур, аз он 46 км таъмири асосӣ ва 5 км таъмири ҷорӣ гардида, ҳамзамон кашидани 15 км хатти нави оби нўшокӣ ва сохтмони як ҳавзи захиравии об тарҳрезӣ шудааст,- мегўяд О.Орифӣ.

Маъмурахон Самадова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

13 June 2017

Мақсад: густариши ҳунарҳои мардумӣ

 

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ фаъолият мекунанд. Дар ин марказҳо 20 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 28 адад дастгоҳи қолинбофӣ мавҷуд аст. Марказҳои мазкур 208 нафар шогирд ва 13 нафар устодро фарогир буда, мутобиқи нақшаи соли 2017 ба ҳунармандӣ 350 нафар занҳои хонашин ва духтарон бояд ҷалб карда шаванд.

Боиси зикр аст, ки аллакай 347 нафар зан дар соли 2017 ба ҳунармандӣ машғул гардидаанд. Рушди ҳунари атласу адрасбофӣ бештар дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғўлакандоз, Ҳаёти Нав ва қолинбофӣ бошад, дар шаҳраки Меҳробод ва Ҷамоати деҳоти Сомониён ба назар мерасад.

Давоми 5 моҳи соли 2017 аз ҷониби ҳунармандон 2782 метр матои атласу адрас ва 47 қолин истеҳсол карда шудааст. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Марҳамат Каримова қайд намуд, ки занон ва духтарони ҳунарманди ноҳия пайваста барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд дархост пешниҳод менамоянд. Дар соли 2015 Бихалича Абдуллоева ба гирифтани гранти президентӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва соли 2016 Гулафшон Солеҳова ба гирифтани гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сазовор дониста шудаанд. Умуман, 200 нафар бонувони ноҳия бо шаҳодатномаи ҳунармандӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Марказҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ бо эҳёи анъана, урфу одат ба рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Маҳалла: Ҳусни рўзгор аз якдиливу Ваҳдат аст

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин раванд фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои вилоят, равнақ бахшидани ободониву бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон қарори Раиси вилоят аз 12 майи соли равон дар бораи доир намудани мусобиқаи вилоятии «Маҳаллаи беҳтарин» ба тасвиб расид.

Имрўзҳо ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур дар тамоми маҳаллаҳо, гузарҳои шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза доранд. Аз ҷумла, сокинони 18 маҳаллаи шаҳри бостонии Панҷакент низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят ҷаҳду талош доранд. Тавре раиси мутобиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳои шаҳр Муталлиб Қурбонов иброз дошт, мардум баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашнҳои таърихии кишвар кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Аз ҷумла, маъракаи даъвати баҳоронаи наваскарон дар мўҳлати кўтоҳтарин ба иҷро расонида шуда, ба ҷои 34 нафар сивуҳафт нафар ҷавонмардони ҷасуру ватандўст ба хизмати Ватан сафарбар шуданд. Дар ҷамъбасти сарбаландонаи ин маърака аҳли маҳаллаҳои Зардолузор, Сўзангарон, Сои Мисрон, Сои Зебон ва дигарҳо фаъолнокии баланд нишон дода, аз ин маҳаллаҳо аксар ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар рафтанд. Як хислати наҷиби мардуми маҳаллаҳо дар он аст, ки иҷрои саривақтии ҳар як нақшаи пешгузоштаи Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллиро баҳри худ ҳамчун қонун медонанд. Мисоли ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2016 сокинони маҳаллаи Зардолузор дар ҳама самтҳо ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардида, дар озмуни вилоятии «Маҳаллаи беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Соли равон ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расо даҳ сол пур шуд. Дар тўли ин солҳо дар ҷашну маъракаҳои панҷакентиён низ бисёр дигаргуниҳои назаррас ба амал омад. Мардум, ба қавле, худ идрок намуданд, ки қабули қонун маҳз, барои баланд бардоштани сатҳи рўзгори онон, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои пасандозашон, ба ҷои маъракаи пурдабдаба оростан хонондану соҳиби илму маърифат гардонидани фарзандонашон равона гардидааст. Давоми даҳ соли амали қонун ҳам дар доир намудани маъракаи хатнасуру тўи арўсӣ, ҳам маросими мотам хеле пешравиҳо ба амал омаданд. Аз ҷумла, агар солҳои дурудароз ба маъракаи мотам сокинон бо ду адад нон рафта, аз он ҷо панҷто нон ба хона меоварда бошанд, акнун ин урфу одат тамоман барҳам дода шудааст.

Бо иқдоми худи аҳолӣ дар хонаи мотамдор таом пухтан манъ карда шуда, дар чанд рўзи аввал хешу ақрабо ва мардум ҳатталимкон кўшиш мекунанд, мотамдоронро дастгирӣ кунанд. Алҳол дар маҳаллаҳо хатнасур бо теъдоди 60 нафар меҳмонон доир карда мешавад, ҳамчунин, дар маъракаҳои чил, сол, тўи арўсӣ якчанд сабукиҳо ворид карда шуда, гузаронидани тўю маърака барои сокинон вазнин нест, балки мувофиқи талаби замон гардонида шудааст.

Дар ин самт, яъне ба танзим овардани ҷашну маъракаҳо саҳми сокинони маҳаллаҳои шаҳр, аз ҷумла, Лаби Чашма (раисаш Шербой Холбоев), Сои Мисрон (раисаш Олимҷон Бозоров), Сои Зебон (раисаш Хайрулло Муфазалов), Сўзангарон (раисаш Шокир Яҳёев) шоиста аст. Албатта, имрўзҳо ба истиқболи ҷашнҳои бузургу фархундаи мамлакат дар тамоми гўшаву канори вилоятамон амалҳои созандаву бунёдкорӣ бо нерўи тоза ҷараён дорад. Сокинони маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент низ баҳри бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ин ҷашнҳои азизи кишвар-20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон кўшиш намуда, имрўзҳо танаи дарахтони қадди роҳу кўчаҳоро сафед мекунанд, канорҳои роҳу пайроҳаҳои кўчаву хиёбонҳоро бо гулу гулбуттаҳо оро медиҳанд, кўчаву роҳҳоро мумфаршу шағалпўш менамоянд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Тарбия маҳаки таълим аст!

Ҳаёти волидайн дар зиндагӣ бештар ва асосан барои тарбияи фарзанд сарф мегардад, то ки барои ҷигарбандонашон муҳити хушу созгорро муҳайё намоянд. Волидайн дар муҳити оила фарзандро ғамхорона бояд тарбия намуда, доимо бо мактаб ҳамкорӣ дошта бошанд. Раванди таълиму тарбия дар ин самт дар сатҳи хеле дилхоҳ ҷараён мегирад. Дар доираи фанҳои гуманитарӣ таълими фанни таърих ва ҳуқуқ низ ҷанбаи назарраси тарбиявӣ дорад.

Қайд кардан зарур аст, ки аз устоди худ маърифату дониши ҳуқуқӣ гирифта, ба як мазмун, хонанда худро барои иҷрои талаботу муқаррароти Кодекси оила масъул ҳис мекунад ва онро дарк менамояд.

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, наздикон, хешу табор ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Рисолати падару модар қабл аз ҳама, дар таълиму тарбия аст. Масъалаи баррасии тафовути имрўзаи таълим ва тарбия ба назар осон мерасад, вале мақоми тарбия болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд.

Дуруст аст, ки фарзанд падару модари худро мешиносад ва ин арзишманд аст. Дар бандҳои асосии боби 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз ҷумла омадааст: «Аз ҷониби фарзандон халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ ва рафтори дағалонаро дар кўчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, нақлиёт, хобгоҳҳои умумӣ, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳанд».

Модар азиз ва падар гиромӣ аст ва Худованд сипосгузории заҳмати онҳоро ба фарзанд лозим донистааст. Масъулияти бузургу вазифаи сангинеро ба ўҳдаи падару модар гузоштааст, ки ин масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд аст.

Падару модар дар тарбияи дурусти зеҳнии фарзанди худ вазифадоранд. Волидон бояд аз аҳволи саломатии фарзанд доим бохабар бошанд, ба дарди дилаш гўш диҳанд, фарзандонашонро аз шомилшавӣ ба ҷараёнҳои тундраву экстремистӣ эмин нигоҳ доранд. Дар ин хусус дар моддаи 8-уми қонуни мазкур омадааст, ки ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд, - дастрасии фарзандро ба маводи сўзандаю тарканда пешгирӣ намоянд.

Бале, доимо аз ҳаёти фарзанд, чӣ дар муҳити хонаву чӣ дар кўча бохабар будан, аз шахсияти ҷўраву ошноҳои фарзанд огоҳ шудан низ ба раванди тарбия мазмуни тоза мебахшад. Дар замони ҳозира бархе аз падару модарон меписанданд, ки бояд ба фарзанд ҳама гуна озодӣ дод, то ҳар чӣ мехоҳад, анҷом диҳад. Ин гуна тарбия ғафлат аст ва ба фарзанд бори зиён меорад ва фарзанд бар хоҳишҳои худ ва дар рушди пухтагии равонии худ чизе гирифта метавонад, номуайян аст.

Бархе аз падару модарон ба ин ақидаанд, ки бояд дар равиши тарбия сахтгир бошанд. Ба ҳар хатогии фарзанд бояд шатта зада, ё сарзаниш намоянд, натиҷаи ин равишҳо ин аст, ки шахсияти фарзанд коста мешавад. Падару модар бо барқарории сафо, муҳаббат, самимият дар муҳити хонавода дар дили фарзанд фазилати ахлоқӣ мекоранд (ин фикру ғояҳо дар боби 2-юми моддаҳои 7-10-и ҳамин қонун омадааст).

Фарзанд аз даври тифлӣ то ба воя расидан дар иҳотаи ғамхориву тарбияи волидони худ чу гил аст, ки метавонад мувофиқи орзуву амал, маданият, мақсадҳои онҳо ташаккул ёфта, оянда чун инсони комил ва шахсияти ҳаматарафа бомасъулият, ғамхори халқу Ватан ба арзишҳои баланди инсонӣ сазовор бошад.

Раҳимҷон БОҚИЕВ,
омўзгори Литсейи физикӣ – математикии №1,
ба номи академик М.Осимӣ, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Арҷгузорӣ ба табиати кишвар

Дар Муассисаи таълимии гимназияи №13-уми шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Идораи рўзномаи вилоятии “Согдийская правда”, Ташкилоти ҷамъиятии “Амалиёт барои ҳаёт”, бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологӣ баргузор гардид.

Фестивали мазкур ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор – солҳои 2018-2028” ва Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бахшида шуд.

Мақсади баргузории фестивал ҷалби наврасону ҷавонон ба масъалаҳои муҳофизати табиат, риояи тозагиву ободии кишвар, истифодаи сарфакоронаи оби тозаи ошомиданӣ, роҳ надодан ба партофтани партовҳо дар ҷўйбор, дарёву кўлҳо ва муҳофизати табиат мебошад.

Дар фестивал толибилмони синфҳои 7-уми мактабҳои миёна, гимназия ва литсейҳои шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Бўстон, Гулистон ва Истиқлол беш аз 50 мақолаву иншо, 40 аксу расмҳо ва якчанд видеомаводи омоданамудаи худро дар мавзўъҳои ҳифзи муҳити зист, об-манбаи ҳаёт, табиати Ватан, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор – солҳои 2018-2028” пешкаши ҳакамон намуданд.

Мавзуна ДАДОБОЕВА,
донишҷўи шўъбаи журналистикаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи Бобоҷон Fафуров

Читать далее