August 2017

31 August 2017

Истиқлолият-ҷашни фархундаи миллат

Истиқлолият – ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои кулли  тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Соли 1991 мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатии худро соҳиб  гардид ва дар арсаи олам ҳамчун  давлати  соҳибистиқлол мавқеи худро ишғол кард.

Чи тавре, ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон иброз дошта буданд, ки «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи  талхи ниёгони худ сабақ гирем,  манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба  қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани  аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои  пешқадам моро ба  ояндаи пурсаодат мерасонад».

Оре, ҳақ бар ҷониби Сарвари  хирадманду адолатгустари мо, ки истиқлолияту ваҳдатро ҳамчун номаи тақдири миллат, омили рушди  босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият тафсир кардаанд.

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба мазмуни ягонагии халқии тоҷик, якдилию якмаромии шаҳрвандони кишвар, иттиҳоди тоҷикони ҷаҳон бори аввал дар суханрониҳои  Сарвари давлат ва осори арзишманди эшон мавриди истифода қарор гирифт.

Барҳақ, агар бунёди давлати миллӣ яке аз арзишмандтарин  дастовардҳои  мо тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёбад, пас  ваҳдати комили миллӣ ҳамчун кишвари сулҳофарин ва  тарғибгари сулҳ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди дигари замони  соҳибистиқлолии мост.

Созмони Миллали Муттаҳид формулаи сулҳи тоҷиконро  эътироф намуда, баҳои баланд дод ва дар кишварҳои ҷангзада истифода кардани онро ҳангоми низоъҳои дохилӣ ба  манфиати кишварҳо донист.

Ба андешаи сиёсатмадорони дунё сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мӯътадили минтақаро, ки ба он  экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ ҷиддӣ таҳдид менамуд, устувор сохт.

Аз ин рӯ ба охир расидани  ҷанги шаҳрвандӣ, обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи  бийналмиллалӣ боло бардошт.

Бояд ёдовар шуд, ки муҳимтарин шарти Истиқлолияти давлат Ваҳдати  миллӣ буда, пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии он ба шумор  меравад.

Мавриди зикр аст, ки истиқлолият ҷашни фархундаи миллат аст.  Кобили таваҷҷeҳ аст,ки дар суханрониҳои Пешвои миллат, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар назди  олимону донишмандон, донишҷӯён ва аҳли зиё пур аз  меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба халқи азизи хеш ва  дастгириву пуштибонӣ аз қишри осебпазири ҷомеа, камбизоатону ниёзмандон, донишҷӯёни болаёқату аспирантон,  омӯзгорони пуртаҷрибаву олимони варзида эҳсос мегардад.

Ҳамчунин баробари  чунин ғамхориҳо ҳамагонро даъват ба амал меоранд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд»-ро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамзамон дар зиндагии оромонаашон низ ин қонунро ҳамеша мавриди истифода қарор диҳанд.

Волидон бояд фарзандонро баробари  таълиму  тарбия додан онҳоро ҳушдор намоянд, ки ба равияҳои бегона нигараванду ҷони ҷавони худро зери хатар намонанд.

Ҳамчунин таъкид бар он медиҳанд, ки ба бегонапарастӣ хотима бахшида, аз арзишҳои миллии худ хуб истифода баранд. Либосҳои миллии худро ба бар намоянд, ки ин хеле ба бонувон ва духтарони  тоҷик зебанда аст.

Ӯ.Умаралиева,
сармутахассиси шӯъбаи тарбияи
ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров,
дотсент

Читать далее

Хиёнат ба Ватан ва миллат набахшиданист!

Шукри Худо ва шукронаи тинҷию оромии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои амну амонӣ саодатмандона ҳаёт ба сар мебарем, ватанамон рӯз аз рӯз обод мегардад.

Ҳамеша инсон бояд бо мафкураи солим ва ақлоният кор кунад ва вагарна гирудорҳои ҳаёт инсонҳое, ки дар давоми умр даст ба фитна, ҷиноят ва маъсият мезананд, дили нопок доранд рӯзе ошкор мекунад, симои нопоки онҳо байни мардум зоҳир мешавад.

Баъди тамошои филми мустанад оид ба хиёнатҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тариқи телевизион намоиш дода шуд, ҳамчун як ходими дин хостам фикри худро баён кунам, зеро ин кирдорҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад, дар ин ҳолат бетарафӣ бешарафӣ аст.

Дар ин филми мустанад ҳадафҳои Ҳизби хиёнаткор аз ҷониби аъзои ҳизб монанди Абдуқодир Абдуллоев (Рустами Норакӣ), Тағоймурод Ашрапов ва дигарон фош карда шуд.

Вақто ки Абдуқодир Абдуллоев воқеъаҳои даҳшатангезро бо нишондод ва амри роҳбарони ҲНИТ бо ба забон овардани шахсиятҳои маъруфи миллат, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба қатл расонида шудаанд, нақл кардмаро ба ҳайрат гузошт ва гуфтам: наход ҳамин мусулмонӣ бошад! Оё онҳо аз Худо натарсиданд? Оё ояти Қуръон, ки дар сураи Нисо, ояти 93 мегӯяд: “Ва ҳар, ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дузах аст, дар он ҷо ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифта- аст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохта аст.” Онҳо  аз ин оят бехабар ҳастанд?

“Чандин нафарро ба қатл расонидем, чанд ҷойро таркондем ҳамааш бо супориши наҳзатиён ва роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо маблағгузории Эрон мегӯяд”- мегӯяд ӯ.

Аслан, аз номи дин истифода карда ғаразҳои сиёсиро амалӣ кардан кори нек нест. Ба марг расонидани Муҳаммад Осимӣ барин олими саршиноси тоҷик ва ё дигар бузургон, ки дар филм зикрашон рафт, таассуфовар аст. Зеро мағзҳои беҳтарини миллатро аз байн бурданд. Агар онҳо зинда мебуданд, аз фикру илми онон мардуми зиёде манфиат мегирифтанд.

Ба қатл расонидани олим баробари ба марг расонидани миллат аст. Он коре ки наҳзатиён бо сарпарастии Эрон дар солҳои навадуми асри бист содир кардаанд, афвнопазир ва кирдори душманона аст.

Ин бераҳмӣ, сӯиистифода аз дин, хиёнат ба миллати худ, итоати хоҷагони хориҷӣ, барангехтани низоъ - ҳамааш барои дигар кардани сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистон, нобуд кардани фарҳанг, мазҳаб ва дар охир аз байн бурдани миллати  тоҷик будааст.

Нафароне, ки дар филм бо таассуф пушаймонии худро баён мекарданд, ё мегуфтанд, ки мо иштибоҳ кардем, надонистем, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо роҳбарии Эрон моро гумроҳ мекунад, ба фикри банда онҳо хуб медонистанд, ки ба таркишу қатли инсонҳои бегуноҳ  даст заданд, гуфти хоҷагони худро ба ҷо оварданд, аммо натавонистанд, ки ба давлати қонунӣ заррае халал ворид кунанд, ё Ваҳдати мардуми Тоҷикистонро нуқсондор кунанд.

Ман ҳамчун як ходими дин чандин маротиба дар ҷодаи аҳзоби динӣ фикри худро баён намудаам ва имрӯз низ мегӯям: Ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад, сиёсикунонии ислом ба зарари дини мо, мазҳаби мо, миллату халқи мо мебошад.

Мо бояд шукронаи давлату давлатдории тоҷикона, ободию озодии ин айёмро кунем, нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи тарғиботи бегона шаванд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
сархатиби масҷиди ҷомеъи
марказии Шайх Маслиҳатдин,
номзади улуми суханшиносӣ 

Читать далее

Истиқлолият – саодати абадии ҷавонон

Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят назаррас аст. Ин нерeи созандаву муқтадири пешбарандаи ҷомеа дар айёми қадамгузориҳои нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи ифтихор ва шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ талошу ташаббускориҳои беназир нишон дод. Нақши бунёдгузорони фардои ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, таъмини якпорчагии мамлакат ва устувор гардондани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон бузург аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрeзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад

Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои расидан ба мақсадҳои пешгирифтаашон роҳи душвору пурпечутоб ва шарафнокро тай намудаанд.

Саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» боз намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ибтидои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳуриамон буда, дар он масъалаҳои асосие инъикос ёфтаанд, ки ҳалли онҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли наврас дар шароити марҳалаи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ аҳамияти калон доштанд.

Вале барои татбиқи қонуни мазкур кашмакашҳои сиёсӣ монеаҳо эҷод карданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурe нишондани оташи ҷанги хонумонсeз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард. Саҳари пурфайзу баракатро барои миллати азияткашидаи тоҷик Иҷлосияи ХVI Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард.

Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дeш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз бо аксарияти овозҳо Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 мулоқоти роҳбарияти Тоҷикистон бо ҷавонон баргузор гардид.

Ҷавонон бо дарки масъулияти бузурги хеш қавл доданд, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бо фаъолиятмандии бештаре ширкат меварзанд.

Корнамоии ҷавонон дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти ҷумҳурӣ буд. 4 сентябри соли 1993 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади Шeрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон арзи сипоси худро нисбати онҳо чунин изҳор карда буданд: «ҳукумати қонунии Тоҷикистон аз рeзҳои аввалини фаъолияти худ тамоми ҷидду ҷаҳдашро ба дастгирии ҷавонони ғаюру далери Ватан равона кард. Мо корнамоҳои беҳамтои ҷавононамонро дар барқарор кардани адолату ҳақиқат ва ҳукумати қонунӣ ҳеҷ гоҳ фаромeш намекунем. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад».

Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 таҳти унвони «Нерeи пешбар ва созанда» чоп шудааст, ҷавононро ҳидоят менамоянд, ки аз хатоҳои ҷанги бародаркуш сабақ омeзанд, дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳиду муттафиқ бошанд, Ваҳдату якдилиро пеша кунанд. «Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дeстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад», - таъкид карданд Роҳбари мамлакат.

Воқеаи фаромeшнашавандаи таърихии сиёсии ҷавонон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 1997 буд.

Ин мулоқот ба давре рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат ба марҳалаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор овардааст. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандeстӣ ва муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ диққати махсус дода, ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд.

ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.

Дар таърихи давлатдориву давлатсозии нави тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо 27 июни соли 1997 рeйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи тоҷикистониён гардиши куллӣ ва таҳавулли бунёдӣ кард. Дар ин рeзи таърихӣ дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Ҷавонони бомаърифати тоҷик ин падидаи муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба он шаклу усулҳои гуногунро истифода бурда, ташаббусҳои навро дар фазои сулҳпарварӣ падидор мекарданд. Бо ташаббуси ҷавонони соҳибмаърифат «Фонди миллии Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999, 2000, 2002 ва 2006 маъракаи муҳими иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» гузаронида шуд. Аҳли Корвон сартосари кишвари азизамон мунодиёни сулҳу Ваҳдати тоҷикон буданд.

     Мақоми хосаро дар бедоршавии ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон вохeрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони лаёқатманд 16 майи соли 1998 ишғол менамояд.           

     Боиси зикр аст, ки таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омeзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо, донишҷeёни мактабҳои олӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат ва ҷурналистика ба баландшавии ҳисси худшиносию ифтихори миллии ҷавонон мусоидат намуда, самараи нек оварда истодааст.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баргузор гардид. Масъалаҳои ҷараёни татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон, вазъи ҳаёт ва проблемаҳои мавҷуда, инчунин вазифаҳои навбатӣ дар марҳалаи кунуниву ояндаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Шeрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июли соли 2015 таъсис дода шуд. Таъсиси Шeро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Иштирок ва суханронии Асосгзори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шeрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт.

Имрeзҳо ҷавонони саодатманд ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии кишварамон бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Ваҳҳоб НАБИЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Читать далее

Иҷлосияи сулҳофарин

Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии халқи тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кардани давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон аз оғози марҳалаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Вале боиси таассуф аст, ки бо дахолати нерӯҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Ҳукумати фалаҷгардидаи Муросои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифта натавонист. Оташи ҷанг минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Ҳазорҳо ҳамватанонамон рӯ ба ғурбат оварданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард.

Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи саодатбахш барҳақ поягузори сулҳи тоҷикон аст.

Новобаста ба баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуд. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ кунад. Далели ин садҳо барқияҳое аст, ки ба иҷлосия ва садову симо меомаданд, қариб як хел шурӯъ мешуд: «Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт…».

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ин як навъ барномаи нахустини Сарвари нави давлат дар марҳалаи аввалини фаъолияти ӯ буд, ки дар он аз ҷумла гуфтааст: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Масъалаҳои сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар масъалаҳои марказӣ ва тақдирсози иҷлосия буданд.

Воқеаи фаромӯшнашавандаи иҷлосия мулоқоти сардорони дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Қасри Арбоб мебошад. Ин мулоқот бо таклифи вакилони халқ ва бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Тантанаю зиёфате, ки дар Қасри Арбоб мизбонон ба ифтихори ин ҷавонмардон ташкил карданд, ба чӣ қудрате молик будани қадри нону намакро бори дигар собит намуд.

Маросимҳои ба чашм молидани парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷомапӯшонию гӯсфандкушии рамзнок, дуоҳои хайру ибрози орзуҳои нек бидуни шак ҳар як бинандаро ба поягузорӣ шудани тантанаи сулҳу амонӣ мутмаъин месохт. Оши оштии хуҷандиён ангезае буд, ки ҳамагонро ба ояндаи нек дилпур намуд ва аз таҷлили чунин маросим дар тамоми шаҳру деҳоти ноороми ҷумҳурӣ башорат медод. Минбаъд «Оши оштӣ» ҳамчун падидаи сулҳовар вирди забонҳо гардид.

Дар Қасри Арбоб гузаронида шудани Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих даромадааст. Оромӣ ва сулҳу салоҳ, ғалабаи адлу некӣ, асоси якпорчагӣ, аз байн нарафтани миллати тоҷик ва кишвари азизи мо маҳз дар ҳамин Қасри пуршукӯҳи Арбоб имконпазир гардид, ҷое, ки ваҳдати миллӣ дар он эҳё шуд, дар болои шӯҳрати фарҳангӣ доштанаш, минбаъд вай чун ҷои тавлидгоҳи бар арсаи сиёсат қадам мондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрати нав пайдо намуд.

Баъди Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерeҳои солими кишвар тамоми қувваро барои ҳалли осоиштаи масъалаи байни тоҷикон равона карданд.

Бо ташаббуси Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 19 апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Руссия вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид.

Давраҳои минбаъдаи гуфтушуниди байни тоҷикон (18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон), (20 октябр-1 ноябри соли 1994 дар Исломобод) барои комёб шудан ба сулҳ, ризоияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

17 августи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари оппозитсиони тоҷик С.Нурӣ «Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо намуданд, ки дар комёб шудан ба сулҳ ва ризоият марҳилаи навро оғоз намуд.

Дар ин марҳала одамон дарк намуданд, ки танҳо ба эътидол овардани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ барои тезонидани ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар сохтани ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ ба миён оварда метавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит зимни мулоқот бо роҳбарони ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ ва иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ даъват кард, ки Аҳдномаи ризоияти ҷомеаро имзо кунанд.

Ҳамаи қувваҳои асосии сиёсии мамлакат ин даъватро дастгирӣ намуданд.

9 марти соли 1996 роҳбарони қариб 30 ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, барои ба даст овардани таносуби манфиату ақидаҳо, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокдорони Аҳднома Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Аз он рӯз сар карда нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа пайваста боло меравад.

Дар муддати кӯтоҳ Шӯрои ҷамъиятӣ ба маркази машваратию таҳлилии афкори ҷамъиятӣ табдил ёфт. Кӯшиши аъзои он баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ самараи нек овард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳу усулҳои ба даст овардани сулҳ ва ризоиятро идома медод. Дар ҳақиқат ҳам барои халқи тоҷик мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ дар Шимоли Афғонистон (декабри соли 1996), Москва (декабри соли 1996), Машҳад (феврали соли 1997) ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо ба имзорасида аҳамияти тақдирсоз доштанд.

Гуфтушуниди Хосдеҳ заминаи асосии сулҳи тоҷикон гашт. Тибқи «Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ» ҷониби ҳукумат вазифадор шуд, ки дигар ба минтақаи Қаротегин ва Тавилдара ҳуҷум намекунад. Ҷониби мухолифини ӯҳдадор шуд, ки ҳукумати феълиро эътироф мекунад, роҳҳо кушода ва асирон баргардонда мешаванд».

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ 23 декабри соли 1996 дар Москва созишномаеро ба имзо расониданд, ки ҳадаф аз он қатъи ҷанги граҷданӣ дар ҷумҳурӣ буд. Тибқи Созишнома тарафҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1 июли соли 1997 ба анҷом расонанд. Ҳамзамон Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки қисми Созишнома ба ҳисоб меравад, ба тасвиб расид.

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки аз ҷониби тарафҳо дар вохӯриҳои Москва, Хосдеҳ, Теҳрон, Машҳад, Бишкек зоҳир гардид, дар музокироти миёни тоҷикон пешравии назаррас ба даст омад.

Он дар қалби ҷаҳониён шӯълаи умеду бовариро оиди оғоз гардидани марҳилаи нек дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бедор кард.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

Дар асоси Созишномаи мазкур Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони аз ҷиҳати шумора баробари ҳукумат ва ИНОТ (13 нафарӣ) дохил гардиданд.

Мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ бо мақсади таъмини бозгашти бехатар ва муташаккилонаи гурезаҳо ва ҳайати шахсии воҳидҳои мусаллаҳи иттиҳоди мухолифини тоҷик ба Ватан ва риояи кафолатҳои конститутсионӣ, ҳуқуқӣ ва озодиҳои онҳо 14 июли соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба тадбирҳои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон» фармон имзо намуд. Тибқи фармони мазкур гурӯҳи ҳамоҳангсози татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ дар Тоҷикистон пешбинишуда таъсис дода шуда буд.

Дар ин раванд ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз – «Санади ҳамдигарбахшӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ С.А.Нурӣ ба имзо расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки 49 нафар намояндагони ИНОТ бо фармону амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тибқи саҳмияҳо дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ шомили вазифаҳои баланди ҳукуматӣ шуда буданд. Аз ҷумла 15 ҷой дар сатҳи олии ҳукумат (муовини аввали Сарвазир ва муовини Сарвазир, 13 вазир, раиси кумитаву ширкатҳо, 15 ҷой дар сатҳи раисони ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва 19 ҷой дар сатҳи муовинони вазирону раисони кумитаву ширкатҳо).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар омори амалӣ сохтани шартҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қадамҳои суботкорона мегузоштанд. Дар ин миён пас аз анҷоми марҳилаи якум ва дуюми протоколи низомӣ бекор намудани манъи ҳизбу созмонҳои шомили ИНОТ муҳимтарин пешрафт дар кори татбиқи сулҳ шуморида мешуд.

3 августи соли 1999 роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ расман декларатсияи парокандашавии дастаҳои низомии худро эълон дошт ва оиди ин масъала қарори Комиссияи оштии миллӣ қабул карда шуд.

Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Тоҷикистониён имрӯз аз он ифтихор доранд, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шуд.

Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғози сулҳофаринии тоҷикон буд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд менамояд: «Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи Иҷлосияи тақдирсозт шонздаҳум сабт шуд, дар роҳиу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд».

ВАҲҲОБ НАБИЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Читать далее

Президент ва сулҳи Тоҷикистон

Дар аввали солҳои 90 – уми асри 20 дар натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ давлатҳои нави мустақил таъсис ёфтанд, ки дар назди онҳо вазоифи сарнавиштсоз, яъне пойдории мустақилияти худ, таъсиси асосҳо ва афзалиятҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар асоси намунаҳои муосири мутамаддин меистод. Ба ҷумлаи чунин давлатҳои мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешуд, ки 70 сол дар ҳайати ИҶШС (солҳои 1924-1991) буд ва барои эълони осоиштаи истиқлолият дар моҳи сентябри соли 1991 манбаи устувор дошт. Дар назди давлати ҷавон вазифаи мустақилона муайян кардани сохторҳои нави милливу давлатӣ истода буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи мамлакат давлати демократию дунявӣ буда, дар он тамоми сохторҳои ҳокимияти президентӣ амал мекунанд, муҳити солими ахлоқию рўҳонӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ин ҳама омили тавонои рушди истиқлолияти миллӣ ва давлатии мамлакат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1994 баҳри пойдории истиқлолияти худ ва сохтмони давлати демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Қайд кардан зарур аст, ки пас аз Иҷлосияи таърихии ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон яку якбора сулҳ барқарор нагардид. Дар кишвар байни қувваҳои ҳуқуматӣ ва мухолифин амалиёти ҷангӣ идома меёфтанд ва мусаллам аст, ки фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои ба даст овардани сулҳ равона шуда буд. Ҳанўз дар Иҷлосияи ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд ў бо қатъият изҳор дошт: «Ман қасам мехўрам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои барқарории сулҳ дар ҳар як хонадон ва дар ҳар як оила равона сохта, баҳри шукуфоии Ватани азизам содиқона хизмат намоям».

Дар ҳақиқат, роҳ ба сўи сулҳ осон набуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолият, ки давраи ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буд, ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош ва кўшишу заҳмати беандоза ба харҷ дод.

Аз соли 1994 то соли 1997 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик 8 даври музокироти байни тоҷикон дар сатҳи олӣ гузаштааст. Ин музокирот таҳти сарпарастии СММ ва бо иштироки кишварҳоии кафил – Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркманистон гузаштаанд.

Аз рўи маълумотҳои расмӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи мамлакат зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА зарар расида, 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ ба шаҳодат расиданд. Музокироти сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама бо ташаббус ва саъю кўшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ, қатъ шудани амалиёти ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризоияти миллӣ шурўъ гардид. Он вақт масъалаи аз ҳама муҳим, ки дар назди роҳбарияти нави мамлакат меистод, ин ба ҷои муқимии худ баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барқарорсозии макону манзили харобгардидаи онҳо ва хомўш кардани оташи ҷанги дохилӣ буд. Зеро тўли солҳои 1992-1997 аз марзи Тоҷикистон беш аз як миллион нафар ватани аҷдодии худро иҷборан тарк карда буданд. Бо назардошти имконоти маҳдуди мамлакат роҳбарияти ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ёрӣ пурсид. Дар натиҷа, аз соли 1993 раванди бозгашти шаҳрвандон бо макони зисти доимии худ оғоз шуда, дар давоми ду сол анҷом ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти бузурги таърихии ин ҳодисаи барои тамоми тоҷикистониён тақдирсозро қайд намуда, гуфтааст: «Талошҳо ва умеду орзуҳои 5-6 соли охир оид ба нигоҳ доштани давлатдории миллии тоҷикон дар ин рўзи нек ҷомаи амал пўшиданд. Имрўз ман метавонам қайд намоям, ки гарчанде насли имрўзаи миллати тоҷик дар оғози роҳ пешпо хўрда бошад ҳам, вале имрўз ғолибият насиби он гардид, зеро тавонист бар қувваи бадӣ пирузӣ ёбад, аз таъсири қувваҳои бадкина, ки мафкураи мардуми моро фаро гирифта, сабаби марги ҳазорҳо одамони ҷавон шудааст, озод гардад. Ақлу хирад ғолиб баромад. Он рўзе, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҳар як деҳу дар ҳар як оила интизор буданд, фаро расид».

Хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргар донид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Роҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ ва сарбаландӣ паймуд, роҳи пур аз заҳмат буд. Тоҷикон бо ҳидояти ин фарзанди фарзонаи худ, фарзанде, ки бо ҷасорат ва садоқати беқиёс масъулияти дирўзу имрўз ва фардои миллатро бар дўш гирифта буд, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бунёд ниҳоданд ва ҳама заминаҳо ва василаҳои рушди сиёсӣ ва маънавии онро фароҳам оварданд.

И.А.Мамадалиев,
 А.Р.Аюбов,
 устодони факултети таърих  ва ҳуҳуқи ДДХ

Читать далее

Либос – оинаи фарҳанги миллӣ

Аз қадимулайём дар урфият ин масал маъруф аст, ки «Одаму либос, хонаву палос». Дар ҳақиқат, либос рамзи фарҳанги миллӣ ва таҷассумгари расму оин, нишони  зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат аст.

Мусаллам аст, ки либос як пораи фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ, балки бо либоси худ, тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.

Инсоният тӯли мавҷудияти худ баҳри он талош дорад, ки пайваста сатҳи зиндагии хешро баланд бардорад ва аз лиҳози талаботи моддию иқтисодӣ ва дараҷаи маънавӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.

Миллати тоҷик, ки таърихи бою қадима ва урфу одатҳои шоиста дорад, дар асри ҷадид толеи басо баланд ба ӯ ёр гардида, таҳти сарварии Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди сиёсати давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба беҳтарин анъанаҳои миллию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пойдории ғояҳои демократии сиёсату давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлолу навин дар баробари ширкат дар масоили глобалии ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ба таҳкими пояҳои миллӣ, урфу одат ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода тадбирҳои муҳим рӯи кор омада истодааст.

Суханронии Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 –солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намунаи боризи андешаи фавқуззикр буда, Пешвои миллат  барҳақ қайд менамоянд:

«Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд.

Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму ойинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад».

Дар ҳақиқат, қабули қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи анъанаҳои халқӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарин буда, дар ин санади меъёрию ҳуқуқӣ дар баробари гиромидошти арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба масъалаи фарҳанги либоспӯшӣ ва пешгирии тазоҳуроти бегонапарастӣ андешаҳои муҳим иброз гардид. 

Дар суханронии Пешвои миллат ин маънӣ зикр гардид, ки фарҳанги миллӣ аз зумраи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва пояи устувори маънавиёт буда, ҳифз ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои муҳими давлат ва тамоми шаҳрвандон маҳсуб меёбад.   Аз ҷумла, таъкид гардид, ки солҳои охир таҳти таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар байни занону духтарони тоҷик зуҳуроти тақлидкорӣ ба фарҳанги либоспӯшии бегона ба назар мерасад. Ин тоифа бонувон ба тақлиди кӯркӯрона дода шуда, рукнҳои ислому диндориро на дар ботин, балки дар зоҳири худ ба намоиш гузоштаанд. Махсусан, ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат комилан дуруст  таъкид гардид:

«Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар  хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Тибқи супоришҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқ ва бузургдошти фарҳанги миллӣ ва густариши соҳибкорӣ истеҳсоли ҳарчи бештари намуду навъҳои либоси миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрас, зардӯзиву чакан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, пайи иҷрои ин тадбир    аз як ҷиҳат теъдоди зиёди занҳои хонашин бо ҷойи корӣ таъмин гарданд, аз ҷиҳати дигар занону духтарони тоҷик бо матоъҳои истеҳсоли Ватанӣ таъмин мегарданд, ки ҳам арзон ва ҳам барои саломатӣ нафъи зиёд дорад.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар байни занони тоҷик аз  ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ грантҳо ҷудо гардида, ҳамасола ин иқдом дастгирӣ меёбад ва занони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки ҳарчи бештар матоъҳои зебою шинам    ва ба миллати тоҷик хосу зебандаро истеҳсол намуда, баҳри таъмин намудани бозори дохилӣ низ ҳиссагузор бошанд. Аз ин лиҳоз, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки шукронаи ин ғамхории падаронаи Пешвои миллатро ба ҷо оварда, барои пос доштани арзишҳои миллӣ  ва роҳҳои рушду густариши он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо ин мақсад занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки бо илми муосир ва технологияи пешқадам мусаллаҳ гардида, дар баробари он эҳтироми урфу одат, анъана ва фарҳанги миллии худро ба ҷо оранд, аз он фахр намоянд, ки меросбари миллати қадимаю фарҳангсолори тоҷикон мебошанд.

Дар асоси тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва пайгирии он аз ҷониби мардуми кишвар зуҳуроти номатлуби солҳои охир – пайравии занону духтарон ба фарҳанги бегона торафт ислоҳ  ва аз байн рафта истодааст. Ба аҳли ҷомеа, махсусан занону духтарон лозим аст, ки таърихи халқи худро омӯхта ба хулоса оянд, ки дар ягон давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодии комилро  дар интихоби касбу кор, пешрафти илмӣ, рушди соҳибкорӣ, омӯзиш ва корбасти технологияи муосирро надоштанд. Ҳамзамон, дар ҷодаи интихоби сару либос рӯй овардан ба анъанаҳои миллӣ – пӯшидани навъҳои хушнамуди атласу адрас ва дигар матоъҳои пахтагину абрешимин аз бахти баланди эшон аст, зеро ба симои зани тоҷик беш аз ҳама ҳамин либосҳои миллӣ мезебад. Аз ин лиҳоз, таманнои онро дорам, ки дар ҷумҳурии мо  соҳаи соҳибкорӣ дар самти истеҳсоли либосҳои миллии тоҷикӣ аз матоъҳои истеҳсоли Ватанӣ рушд намуда, барои ҳамаи синну сол – аз кӯдакон то калонсолон тибқи истифодаи мӯдҳои зебои миллӣ ба роҳ монда шавад, ки он зебандаи ҳар як фарди тоҷик аст.

Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо  инъикос меёбад.      

М.Ҳабибуллоева, дотсент,
сармутахассиси
 шӯъбаи идоракунии 
сифати таҳсилоти ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ

Дарёфти сулҳи оштӣ дар Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта заминаи мусоидеро барои Ваҳдати миллӣ омода сохт. Ин буд, ки Ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардидани он дар навбати худ ба худшиносии миллӣ боис гардид.

Хосатан, ба болоравии савияи худшиносии миллӣ, инкишофи шуури иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни замон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо бо он ифтихор мекунем, мусоидат намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат раҳо  шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу субот расидем.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Президенти Русия  Владимир Путин ҳанўз соли 1999 дар яке аз мусоҳиба  матбуотии кишвари худ ба мухбири маҷаллаи «Огонёк» чунин изҳор дошта буд:

«Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ў аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дорад дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамлакатҳои дигар». 

Ҳанўз узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Таэдзо Такэми ба сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, зимнан қайд намудааст, ки «Ман сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Ошти миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомўз аст”.

  Ба андешаи сиёсатмадорони дунё сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти мўътадили минтақаро, ки ба он экстремизм ва терроризм ҷиддӣ таҳдид менамуд устувор аст.

  Оре, Сулҳи тоҷикон, ҳамчун меъмори Ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷаҳон чун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори варзида муаррифӣ намуд.

  Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз бо зиёда аз 124 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон имрўз узви фаъоли СММ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлати мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин дигар ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки маҳз маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 ба ҳайси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид. Дар яке аз конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар пойтахти ватанамон сурат гирифт, аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, ки панҷсолаи дигар,”Об ҳамчун омили рушди устувори ҷомеа”, эълон гардад.

Тавре  ки Президенти мӯҳтарами кишварамон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: “…эҳтиёҷ ба насле дорад, ки дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба воя расида бошад, Истиқлолият ва якпорчагии давлати тоҷиконро ҳифз кунад, аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошад ва номабардори ниёгони хирадманд, сулҳпарва, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошад”.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ба ақидаи мо, имрӯз масъалаи ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ дар ҷомеаи тоҷик яке аз вазифаҳои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.

Омили дигаре, ки дар ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ саҳми муҳим мебозад, ин забон аст. Забон ин пояи миллат ва рукни асосии давлат аст. Аз ин лиҳоз, гиромӣ доштани лафзи модарӣ, забондонӣ ва забономӯзиро Президенти мамлакат борҳо таъкид мекунанд…

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки байти зерини Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки дар маснавии ҷовидонааш Ваҳдат, дўстӣ ва робитаи неки инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аввалини башар мешуморад, шиору мароми доимии ҳамагон бошад:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Имрӯз сокинони кишвар ба хубӣ дарк ва эҳсос менамоянд, ки агар дар мамлакат сулҳу суббот ва ташаккули тафаккури миллӣ  пойдор бошад. тамоми масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

Хулоса, мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.

Қалбҳои саршорро имрўз суханони таърихии Сардори давлат умед ба гармӣ мебахшад: «То охирин гуреза дар ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда будан наметавонам».

Ин гуфтаҳо дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуданд.

Имрўз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва Истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрўзиҳо тавассути тадбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ва ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршори хеш муҳаббати худро ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки барои ободӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъ ҳастанду дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандагиву бунёдкории сарвари хирадпешаи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама воло гузошта, баҳри ривоҷу равнақи Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем.

Ў.Умаралиева
сармутахассиси  шӯъбаи тарбияи ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров, дотсент,
номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

Дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба велосипедронӣ 300 нафар иштирок намуданд

Субҳи имрӯз тибқи нақша - чорабинии Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар маркази вилоят мусобиқаи вилоятӣ оид ба велосипедронӣ баргузор шуд.

Тавре аз Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба Соли ҷавонон ва 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва дар он зиëда аз 300 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур сардори Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода иштирок намуда, ҳамаи иштирокчиëнро бо фарорасии Иди Қурбон ва 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.

Мусобиқаи мазкур аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” оғоз гардида, дар назди Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба итмом расид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор имрӯзҳо дар ҳамаи арсаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.

Читать далее

“Мактаб дар ҳолати садамавӣ”

(“Ҳақиқати Суғд” 8 июли соли 2017, №79 (17760)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мақолаи «Мактаб дар ҳолати садамавӣ»-и Саидзариф Зарифов дар маҷлиси назди муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт бо иштироки мудирони шўъба ва бахшҳо, кормандони соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд бояд намуд, ки Муассисаи таълимии рақами 30-юми деҳаи Обиборики ноҳия тариқи ҳашари умумӣ соли 1956 сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Муассисаи таълимӣ аз ду бино иборат буда, 800 нафар хонандаро дар бар мегирад. Нисбати истифодаи солҳои тўлонӣ бинои аввалаи муассисаи таълимӣ, ки бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ сохта шуда буд, фарсуда гашта, дар натиҷаи боришоти зиёди солона таъмирталаб гаштааст. Айни ҳол бинои дуюм, толори варзишӣ ва ҳуҷраи омўзгорон барои ҳамчун синфхона истифода намудан таҷҳизонида шуда, ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Ҳолатҳои фаъолият накардани муассисаи таълимӣ ва аз таҳсил берун мондани толибилмон рўй надодааст.

Вазъи муассисаи таълимиро ба инобат гирифта, лоиҳаи сохтмон ва таъмири муассиса омода карда шуда, барои ворид намудан ба нақшаи сохтмони асосӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод карда шудааст.

Диққату эътибори Саидзариф Зарифов ба он нигаронида мешавад, ки таи солҳои охир дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва тариқи ҳашари умумӣ даҳҳо биноҳои асосӣ ва ёрирасони муассисаҳои таълимӣ, аз қабили биноҳои нави муассисаҳои таълимии №46 деҳаи Овчӣ, №27 ва 60-и деҳаи Метк, №64 деҳаи Истиқлол, №26-уми деҳаи Меҳробод, толорҳои варзишии муассисаҳои таълимии №42 ва 47-и деҳаи Басманда, №23-и деҳаи Нуробод, №26-и деҳаи Меҳробод, маҷмааи варзишии деҳаи Далён ва ғайраҳо сохта, таъмиру азнавсозӣ карда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Мебоист фаъолияти масъулини Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, муассисаи таълимии №30, фаъолони деҳа, соҳибкорони маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳли ҷамоатчигии деҳаи Обиборик ба ин самти кор равона мегардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми муассисаҳои таълимӣ, таъмир, таҷдид ва бозсозии биноҳои асосӣ ва ёрирасон ва таҷҳизонидан бо ҷиҳози зарурии таълимӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Рустам ҶЎРАЗОДА,
раиси ноҳияи Деваштич

Читать далее