05 September 2017

Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС

Имрӯз дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори он ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок кардаанд.

Читать далее

Он кас, ки надорад сифати одамӣ нест бари одамиён одамӣ

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе  кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Дар ин раванд мардуми тоҷик кӯшиш бар он мекарданд, ки  фазои сулҳу субот созандагӣ ва пешравии кишвар барқарор гардад, лекин буданд афроде, ки ба давлату миллат хиёнат намуда, пеши роҳи рушди муназзами кишварро халалдор месохтанд.

Бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ баъзе аз афроди гумроҳгаштаи тоҷик бо мақсадҳои ғаразноки худ ба низоми сиёсии давлати худ зарба мезаданд, ки ин хиёнати онҳоро нисбати марзу бум ва давлату  миллати худ нишон медод. Чӣ тавре, ки дар наворҳои телевизионӣ пахш гардид, ин афрод оиди ҷиноятҳои содиркардаи худ бар зидди сохти конститутсионӣ ва ваҳшониятҳое, ки нисбати мардуми кишвар кардаанд, баён карданд ва дар ин раванд ҳамкории худро бо гурӯҳҳои ифротии хориҷӣ иброз карданд. Кирдорҳои ҷиноии ин террористон ва ҳаммаслакони онҳо нобахшиданист, зеро онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ аз мамолики хориҷа ба фарҳангу маданият, илму маърифати тоҷикон мехостанд зарба зананд.

 Шахсони баруманди миллати тоҷик, ки дар соҳаи илму маърифат, тиб, ҳуқуқ шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд аз дасти ҳамин гуна афроди зишттинат ба қатл расонида шуданд.

Аз ҷумла шахсиятҳо ва нобиғаҳои миллати тоҷик ба монанди Сафаралӣ Кенҷаев – вакили Парлумон, Муҳаммад Осимӣ файласуфи бузург, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Йӯлдошев мушовири Президент, Ҳабиб Сангинов муовини ВКД-и кишвар аз дасти ин гурӯҳи террорист ба қатл расонида шуд, ки зарбае буд ба  пешрафти Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ин гуна одамони бевиҷдон, ки виҷдони худро барои пулҳои ночизе, ки хоҷагони хориҷиашон ба онҳо медоданд фурўхта ба давлату миллати худ хиёнат карданд.

Дар урфият мегӯянд:

Ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок

Аммо террористон на виҷдон доранду на маърифату на андешаи солим, зеро онҳо барои манфиати ночизи худ ба хоку марзу буми худ зарба заданд.

Агар фикру андешаи солим медоштанд, зархариди хоҷагони хориҷӣ намегардиданд. Мехостанд, ки муносибатҳои дӯстонаи давлатро бо шарикони стратегӣ аз ҷумла Федератсияи   Русия тавассути зарба задан ба нерӯҳои дивизияи 201- уми Федератсияи Русия вайрон созанд. Ин хаёлҳои хоми онҳо барабас рафтанд, зеро дар Тоҷикистони азизи мо нерӯҳои созанда, бузург таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир буданд тамоми гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ҳаракатҳову падидаҳои номатлубро аз байн баранд.

Мисоли равшани ин аз байн бурдани Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ аст.

Пайдост, ки ҳанўз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сўи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

 Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Б.Алимов,
устоди ДД
ҲБСТ

Читать далее

Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон ғараз таъсир нахоҳад бахшид

Бо мурури замон сабабгор ва пуштибони ҷанги шаҳрвандӣ дар ватани сулҳободи мо кӣ будаасту чӣ мақсад доштааст, муайян карда шуд. Ишора ба ҲНИТ ва бо дастуру супоришҳои давлати бародари Эрон, ки асоси тундравиҳо буданд ошкор карда шуд. 

Соли 1997 дар асоси Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахшиши гуноҳ ва инсондўстӣ баъзе аз нафарони мухолифин ба вазифаҳои давлатӣ  ба кор монда буданд. Аммо бо роҳҳои сўиистифода аз вазифа бо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки хиёнат ба давлат, ташкил кардани гурўҳҳои махсуси ҷиноятӣ барои дигаргун кардани сохти конститутсионии кишварро халалдор месохт талош мекарданд. Чи тавре  ки дар халқият мегўянд “Гургзода дар оқибат гург шавад” мансаби баланд, муҳити осоишта, сарвати ба даст омада, рўзгори хуши ин ватан барои ин шахсон писанд набудааст.

ҲНИТ, ки аз 28 сентябри соли 1999 дар Тоҷикистон фаъолият менамуд, маҳз аз ҷониби аъзоёни он ҷиноятҳои вазнин содир карда мешуданд. Мақсади фаъолият намудани ин ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва  аминияти давлат будааст.

Ба ин васила бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати ислом бинобар хусусияти террористӣ ва экстремистӣ доштанаш манъ карда шуд. Чунки кирдорҳои аъзоёни ин ҳизб, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати миллӣ, наҷодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ба зўроварӣ тағйир додани сохтори давлатӣ аз дараҷаи баланди хавфнокӣ шаҳодат медиҳад, ки бо далелҳои раднашаванда тасдиқи худро ёфт.

Бо дарназардошти гуфтаҳои дар боло зикргардида санаи 10.08.2017 аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба тариқи расонаҳои умум муайян карда шуд: “Эрон сарпарасти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 дар Тоҷикистон” мебошад, ин он  факту далелҳое мебошанд, ки барои омма боз як бори дигар ошкор гардид. ҳангоми дидани навор ҳама шоҳиди он гаштанд, ки чи гуна ба қатл расонидани олимону фарҳангшиносон, табибу  сиёсатшинос, ҳуқуқшиносу кормандони ҳарбии Федератсияи Русия, тарконидани базаи қисми ҳарбии дивизияи 201 ва ё қароргоҳҳои онҳо мавриди ҳуҷуми ҷиноятпешагон қарор гирифта мешуданд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани  сохтори конститутсионӣ ва  ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Аҳли ҷомеа бояд дарк намояд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан оқибати ҳамагуна кирдорҳои хавфнок буда, ошкор ва бартараф  намудани  фаъолияти ин тоифа шахсон вазифаи ҳам ҷомеа ва ҳам давлат ва ҳам шахрвандон аст, ки ҳаёти осоиштаи мо халалдор нагардад.

Г.КАБИРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Дар бораи аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти террористӣ эътироф кардан ва ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ-экстремистии кишварҳои узви СААД ворид намудани ТЭТ ҲНИТ

8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ»  инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки  террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити  СААД имконпазир гардонад.

Бояд зикр кард, ки сохторҳои СААД чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ (Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон), ки ҳудуди умумии 20,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 260 миллион нафар дарбар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар асоси Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 таъсис дода шудааст.

Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд.

www.khovar.tj

Читать далее

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1428) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 

1. Дар ном ва матни Қонун калимаҳои «МАРОСИМҲО», «маросимҳоро», «маросимҳо», «маросимҳои», «МАРОСИМҲОИ» ва «Маросимҳои» мувофиқан ба калимаҳои «МАРОСИМ», «маросимро», «маросим», «маросими», «МАРОСИМИ» ва «Маросими» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- аз қисми 1 рақам ва аломати «1.» хориҷ карда шавад;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми 2 калимаи «комиссияҳоро» ба калимаҳои «комиссияҳои доимии маҳаллиро» иваз карда шавад;
- қисми 3  бо мазмуни зерин илова карда  шавад:
«3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.».
4. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ
1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.
3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 
5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд.».
5. Ба қисми 1 моддаи 6 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;
- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;
- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур;».
6. Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.».
7. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Хатнасур
1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.
4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд. 
6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
8. Дар моддаи 10:
- ба қисми 2 пас аз калимаи «қудоталбон,» калимаҳои «ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон),» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.»;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шуда, қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.
8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
9. Дар моддаи 11:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.»;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, пас аз калимаи «азодорӣ» калимаҳои «забҳи чорво ва додани таом,» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».
10. Дар моддаи 12:
- ба қисми 2 пеш аз калимаи «ҳоҷиталбон» калимаи «ҳоҷизиёрат,» илова карда шавад;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
11. Дар моддаи 14:
- дар қисми 1 калимаи «Иштироки» ба калимаи «Хизматрасонии» иваз карда шавад;
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон  ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.».
12. Ба Қонун боби 41  бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО 
 Моддаи 141. Ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.».
13. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 1461

www.jumhuriyat.tj

Читать далее

Танзим ба нафъи халқ аст!

Дар муассисаи таълимии №22-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосӣ ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо омўзгорон, одамони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигӣ вохўрӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Ҷамоат З.Маҳкамов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси бахши дар Ворух будаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмудҷон Ниёзов нуктаҳои тағйиру иловаҳои нави ба Қонуни амалкунанда воридшуда, аз он ҷумла дар бораи минбаъд дар доираи оила гузаронидани тўйи хатнасур, баргузор намудани тўю маъракаҳо дар вақту соати муайян, камхарҷу ихчам гузаронидани онҳоро шарҳ дод.

Омўзгори собиқадор Мелибой Қодиров чунин мулоқотро бамаврид ва судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки Қонун бояд аз ҷониби мардум ба пуррагӣ риоя гардад, зеро он танҳо ба манфиати рўзгори мардум равона карда шудааст. Риоя намудани тағйири иловаҳо ин ҳусни ҷонибдории мо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. М.Қодиров дар бораи масъалаҳои мубрами рўз, аз ҷумла пўшидани либосҳои миллӣ, пайравӣ накардан ба анъанаҳои ғайру бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори назар намуд. Боз ҳам беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва ватандўстӣ дар ниҳоди насли наврас вазифаи ҷонии омўзгорон бояд бошад. Дар деҳа ҷойҳои нави корӣ ташкил намудан зарур аст, то ки ҷавонон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар дигар мамлакатҳо фирефтаи ақидаҳои нодурусту номатлуб шуда, ба роҳи хато нараванд.

Фаъолон ва раисони маҳаллаҳо Макиниддин Муҳаммадов, Сафарбой Умаров, Сироҷиддин Ашўров тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзимро ҷонибдорӣ намуда, қайд карданд, ки дар серхарҷ гузаронидани тўйҳо ва маъракаҳои дигар мутаассифона, бештар занону модарон ҳамроҳ мешаванд. Бисёртар дар чунин амалҳо тарафи арўс фаъол аст, ки ба ҷиҳози арўс маблағҳои ҳангуфт сарф мекунанд. Модом, ки маъракаҳо тибқи Қонун ба танзим дароварда шудаанд, онро бояд бечунучаро иҷро кард. С.Умаров ва С.Ашўров зикр карданд, ки якҷоя бо падару модарон бо он ҷавонони берун аз маҳал қарордошта иртиботро ба роҳ монданд. Номи онҳоро дар дафтари махсус сабт карда, бо онҳо ва бо волидайнашон зуд-зуд сўҳбатҳо ташкил менамоянд. Аз кору вазъи зисташон мунтазам хабардор шуда меистанд.

Сардухтури беморхонаи деҳа, вакили Маҷлиси вилоятӣ Каримахон Ҳакимова ҷиҳати харҷ ва сарфҳои беҳуда дар тўйҳо изҳори ақида намуда, гуфт, ки ба ҷойи чунин амалҳо хуб мешуд кўдаконамонро аз касалиҳои гуногун эҳтиёт намоем. Зеро имрўз мушоҳида мешавад, ки аксар духтарони то ёздаҳсола ба бемории камхунӣ гирифторанд.Ба ҷойи сарфҳои нолозим ба фарзандони хеш ғизои сифатан хуб хўронем. Зарур нест, ки ба духтарон либосҳои қимматбаҳо харида диҳем. Ин маблағҳоро барои саломатӣ ва тансиҳатии духтарон сарф намудан беҳтар аст.

Раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Зоҳирҷон Маҳкамов дар бораи маъракаи ба Ҳаҷ гуселкунӣ чунин гуфт: онҳое, ки нияти зиёрати Хонаи Худо доранд ё дуюмбора хоҳиши рафтан мекунанд, беҳтар мебуд маблағи онро барои ободии кўчаҳо, маҳаллаҳо, ёрӣ ба одамони камбизоат, маъюбон ва дигар эҳтиёҷмандон сарф намоянд.

Аз суханони баромадкунандагон ва рўҳияи иштирокдорон аён буд, ки зарурият ва муҳимияти татбиқи қонунро ба хубӣ дарк кардаанд ва дар риояву тарғиби тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳиссагузор мешаванд.

Ҷўра ДОВУДХОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее

Зарурати бозорҳои миёнмарзӣ

Таҷрибаҳо исбот намудаанд, ки давлатҳои серсарҳад шароити зиёди воридот ва содиротро дошта, имконияти аз дигар бозорҳои минтақа тезтару хубтар нигоҳ доштани мувозинати нархҳоро соҳибанд. Азбаски шимоли Тоҷикистон низ ҳамчун минтақаи серсарҳад бо кишварҳои Ўзбекистон ва Қирғизистон ба шумор меравад, табиист, ки дар нуқтаҳои бештари он бозорҳои наздисарҳадӣ зиёд ба чашм мерасанд. Ин гуна бозорҳо то кадом андоза ба гуфтаҳои болоӣ таъсиргузорӣ доранд?

Бозор мизони нарху макони инсоф аст!

Шурўъ аз солҳои Истиқлолият тақрибан ҳар рўз бозор буда, теъдоди бозорҳо низ афзудаанд. Яке аз ҳадафҳои зиёд шудани бозор низ торафт арзон ва дастрас пешниҳод шудани молу коло ба мардум аст. Аммо раванди таҷриба ва мушоҳидаҳои имрўза нишон медиҳанд, ки нархгузориҳои беинсофона рўз ба рўз гиребони мардумро гирифта истодаанд. Торафт дирам ба дирам нархи маҳсулот меафзояду халос.

Коршиносон яке аз роҳҳои пешгирии чунин худкомагии нархгузориро дар боз кардани бозорҳои муштараки миёнмарзӣ (на наздисарҳадӣ) унвон мекунанд.

Ғафур Азизов,номзади илмҳои иқтисодӣ, иштирокчии форуми «Ривоҷи тиҷорати наздисарҳадӣ» дар Боткент, (моҳи майи соли равон бо дастгирии Барномаи рушди СММ баргузор шудааст) ба ин назар аст, ки дар шароити имрўза роҳи ҳалли паст кардани нархҳо воридоти бештари маҳсулот аст.

-Барои чунин амалро роҳандозӣ кардан сиёсати иқтисодӣ ва геоиқтисодӣ талаб менамояд, ки дар шароити имрўз мисли кишварҳои пешрафта дар сарҳадҳо зарурати созмон додани бозорҳои муштараки миёнмарзӣ пеш омадааст. Албатта бо шарти он, ки бозорҳои сарҳадӣ набояд аз ҷониби мақомотҳои андозситонии ду кишвар таҳти назорат қарор дода шаванд. Ин гуна бозорҳо дар кишварҳои Марокаш ва Қатару Индонезия, Малайзия, Вйетнаму Ҷопон бештар ба назар мерасанд. Таҷрибаи онҳо исбот намудааст, ки дар натиҷа ба мардум нархи маҳсулот арзон пешниҳод мешавад,-мегўяд Ғафур Азизов.

Соҳибназарон чунин ибтикорро ҷонибдорӣ намуда, назорати шадиди кишварҳои ҳамҷаворро пеш мегузоранд. Аксарият зимни сўҳбат иброз медоранд, ки баъзан дар чунин ҳолат вазъияте пеш омаданаш мумкин аст, ки шояд афроди фурсатталаб ин гуна бозорҳоро ба фурўши маҳсулоти мамнўъ табдил диҳанд. Аммо ҳангоми аз гумруки ду ҷониб убур кардан маҳсулотҳои ба бозорҳои миёнмарзӣ воридмешуда бояд таҳти назорати амиқу дақиқ қарор дода шаванд, то фаъолияти онҳо ба бозори сиёҳ табдил наёбад.

- Дар он сурат мизони нархҳо рўйи кор омада, ба макони инсоф табдил ёфтани бозор исбот мешавад. Вагарна, имрўз ҳар тоҷиру нимтоҷир баҳонаи иқтисоди бозоргонӣ нархи дилхоҳашро гузоштан мегирад, -мегўяд Ғафур Азизов.

Мисоли барҷаста, дар арафаи соли таҳсили нав нархи сарулибоси мактабӣ дар бозорҳо то ҳадде беинсофона гузошта шуд, ки сокинон низ ноилоҷ лом накафонида, бо нархи «худам шоҳу табъам вазир»-и бозорнишинон муросо карданду хариданд.

Як куртаи сафеди духтаронаи мактабӣ наход аз 60 то 90 сомонӣ арзиш дошта бошад? Тадқиқоти ҷурналистии мо нишон дод, ки айнан чунин курта на беш аз 25 сомонӣ ба таври яклухт аз ҷониби бозорнишинон харидорӣ мешудааст. Нархи шиму фартуку пешдоману сарафан боз як таҳлили дигари дилбазанро талаб менамояд, ки ҳолати он аз курта бадтар аст.

Сарҳадҳои тоҷикону қирғизҳо-айни муддао

Таҳлилгарон новобаста аз баъзе танишҳои сарҳадӣ миёну сокинони Тоҷикистону Қирғизистон созмон додани бозорҳои муштараки миёнмарзиро байни ду кишвар айни муддао мехонанд.

Абдухалил Шарифов, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ, собиқ хизматчии давлатӣ, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати Чоркўҳ ба ин назар аст, ки маҳз ба хотири коҳиш додани ҷидолҳои сарҳадӣ миёни қирғизҳову тоҷикон созмон додани бозори муштарак тадбири беҳтарин аст.

- Бо як тир ду нишон мешавад, ҳам нархҳо арзон ва ҳам дўстии халқҳо мисли пештар худ аз худ барқарор мегардад. Аммо баъзе ҷанбаҳои қонунии ду кишвар бояд ҳатман ба назар гирифта шаванд, ки боиси зиёни ду кишвари ҳамҷавор нагардад, -мегўяд А.Шарифов.

Бояд тазаккур дод, ки шимоли Тоҷикистон дар мавзеъҳои Ворух, Чоркўҳ, Сурх, Гулистон бо вилояти Боткент ва Хистеварзу Овчиқалъача бо вилояти Лайлаки ин кишвар ҳамсарҳад аст. Ҳамзамон, як манфиати дигар низ вуҷуд дорад, ки Қирғизистон дар қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ қарор дорад ва аксари молу коло бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ ба ин ҷумҳурӣ ворид мешавад. Аз ин зовия, бозорҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон боиси боз ҳам арзонтару дастрас шудани маҳсулоти ниёзи мардум мегардад.

Гузашта аз ин, аз рўйи таҳлили иқтисодшиносон тибқи созишномаҳои байнидавлатии Қирғизистону Чин низ боҷҳои гумрукии ин ду кишвар хеле тарофаҳои паст дорад. Аз ин самт низ, метавон маҳсулоти истеҳсоли Чину Корея ва Ҷопонро ба бозорҳои сарҳадӣ ворид сохт, ки барои Тоҷикистон пайти хуби иқтисодӣ низ мешавад.

Ибтикори мондагору оғози дастфишониҳо

Соҳибназарон чунин ақида доранд, ки агар ин ибтикор байни Қирғизистону Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад, албатта дере нагузашта ин гуна бозорҳои миёнмарзии муштараки байни Ӯзбекистону Тоҷикистон низ ифтитоҳ мешаванд. Зеро, сиёсати бародаронаи кишвари Ӯзбекистон низ вақтҳои охир дарак медиҳад, ки хоҳон ва толиби иртиботи қавӣ бо Тоҷикистон аст. Аз ин рў, чунин иқдом ба дигар кишварҳо низ сирояти мусбат намуда, боиси арзонтар гаштани маҳсулот ба сокинон мегардад. Чунин фарзияҳои зикршударо аксари коршиносон дурнамо ва иқдоми башардўстона унвон мекунанд.

Коршиноси масоили ҷамъиятӣ Баҳром Файзуллоев, ки собиқаи зиёди корӣ дар баҳсҳои сарҳадӣ дорад, ин фикрро ҷонибдорӣ менамояд.

-Азбаски бархўрди мо аксаран дар ҳолатҳои баҳсҳо рўйи кор омадааст, як чизро аз сокинони ду ҷониб эҳсос мекунам, ки хоҳони ягон иқдоме мебошанд, то дўстиро аз нав барқарор кунанд. Гумон мекунам, роҳандозии бозорҳои миёнмарзӣ ба ин чиз мусоидат менамояд. Айнан бо чунин ният Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) Лоиҳаеро татбиқ карда истодааст, ки барои ривоҷи тиҷорати Тоҷикистону Қирғизистон нигаронида шудааст. Аз ҷумла, яке аз бахшҳои ин лоиҳа боз кардани бозорҳои миёнмарзӣ мебошад,-мегўяд коршинос Баҳром Файзуллоев.

Аз рўи гуфтаи мавсуф бармеояд, мушкилоте, ки алъон пешорўйи амалӣ шудани ин бахши лоиҳа қарор дорад, дақиқ набудани аломатҳои сарҳадии ду кишвар будааст. Аммо ба таъкиди коршиносони дигар бо вуҷуди мушкилоти номуайянии аломати сарҳадҳо дар сурати ба тавофуқ расидани ҷонибҳо созмони бозори миёнмарзӣ имкон доштааст.

Дар бобати бо кишвари Ӯзбекистон бошад, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки алъон мушкили раводиди ду кишвар (виза) боиси монеаи ин лоиҳа хоҳад буд. Аммо умедвории аксарият ба он нигаронида шудааст, ки бо Ӯзбекистон низ дар ояндаҳои наздик чунин идея ҳатман татбиқ хоҳад шуд.

Як нукта қобили зикр аст: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳар се давлат номгўи махсуси маҳсулоти дохилии худро доранд, ки ба ҷуз равуову ба бозорҳои ҳамдигар пешниҳод кардани он, дигар харидоре пайдо намешудааст. Аз ин хотир, бисёр хуб мешуд, ки дар пешорўйи мушкилоти глобалии иқтисоди ҷаҳонӣ риштаи рафоқату ҳамбастагӣ ҳарчӣ зудтар ба ҳамдигар дароз карда шавад.

«Шиноснома»-и дўстӣ

Имрўзҳо низ бо вуҷуди набудани бозори муштарак тоҷикону қирғизҳо байни ҳам дар сарҳадот бидуни мамониат равуо доранд. Ба виҷа, миёни сокинони ҷамоати Арқа ва Хистеварз, миёни Исфара ва Боткент, Овчиқалъача ва Лайлак иртиботи дўстона боқӣ мондааст. Молу маҳсулоти ду ҷониб дар фазои ҳамсоягии хуб харидаву фурўхта мешавад.

Хушбахт Сайфиддинов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз Боткент ва дар паҳнои ин вилоят маҳсулот оварда, бар ивазаш биринҷ бурда мефурўшад, муносибати мақомоти сарҳадии Қирғизистонро айни ҳол хуб арзёбӣ менамояд.

- Ман биринҷ мебарам, аз он ҷо моли зиндаи шохдор ва меваи хушк меорам. Гоҳ-гоҳ дўстони қирғизам низ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров овардани ягон намуди маҳсулотро хоҳиш мекунанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ягон бор ба монеае дучор нашудаам. Ҳарчанд ду-се сол қабл камтар муносибат ба сардӣ гароида буд, бо вуҷуди ин, худи дўстони қирғизистониам меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ниёзи бозори моро ба ман дастрас мекарданд. Ҳангоми рафтан ба Лайлак ягон бор ягон нафаре нисбати мо носазо нагуфтааст. Баръакс, онҳо низ мисли мо хоҳони иртиботи қавии дўстиву бародарӣ ва ҳамсоягианд. Ба ғайр аз ин, дўстони қирғизистониам низ борҳо ба бозорҳои мо меоянд, касе онҳоро дар бобати убури марз ғам надодааст, -мегўяд Хушбахт Сайфиддинов.

Вақте пурсидам, ки дар бозорҳои Лайлак вақте гаштугузор мекунад, аз ў шиноснома намепурсанд? Ҳамсўҳбатам хандиду гуфт:

- Он ҷо шиносномаи мо дўстӣ аст. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас коре надорад. Воқеан, миёни Тоҷикистону Қирғизистон раванди раводид вуҷуд надорад. Аз мусоҳибаҳо бармеояд, ки сокинони ҳарду ҷониб бидуни мамониат равуо доранд.

Зимни сўҳбат Баҳром Файзуллоев тавре иттилоъ дод, идеяи ифтитоҳи бозорҳои миёнмарзӣ ҳанўз соли 2012 пайдо шуда будааст. Аз рўйи гуфтаи мавсуф бармеояд, алъон БР СММ Лоиҳаи ҷадид, ки аз апрели соли равон оғоз шудааст, дар се минтақаи сарҳадӣ: Исфара-Боткент, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Лайлак ва Лахш-Чон-алай таҳкими равобити тиҷоратӣ ва аз ҷумла, боз шудани бозорҳои миёнмарзиро рўйи даст доштааст.

Тавре аз сўҳбатҳо аён гардид, ҳар мушкилеро роҳи ҳал ҳаст. Агар имрўз дар дохили кишвар сокинон шиква аз гаронии маҳсулоти ниёзи рўзгорашон мекунанд, коршиносон умедворанд, ки дар сатҳи ду давлати ҳамҷавор-Тоҷикистону Қирғизистон бо дар назардошти роҳҳои ҳалли он ба натиҷаҳои мусбат мерасанд.

Бо он, ки дар вилояти Суғд бозорҳои наздисарҳадӣ хеле зиёданд, дар ҳоли ҳозир барои коҳиш додани нархи маҳсулот ягон таъсири мусбат расонида наметавонанд. Фақат ин, ки тоҷирону сокинони ҷонибҳо интизори боз шудани бозорҳои миёнмарзиро интизоранд.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

2. Ташаббуси мубин

Замони муосир ва ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии кишвари соҳибистиқлоли мо ба арсаи рўзгори нав ибораи нав – «идеяи миллӣ»-ро ворид намуд. Аз ин лиҳоз, идеяи миллии тоҷикон ин сулҳ аст. Биноан, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси Шўрои ҷамъиятӣ – 27-уми январи соли 2017 хотиррасон намуданд: «Зимнан, ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди Истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад ва риояи он, хусусан, дар шароити кунунӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад».

Ифодаи «об ҳаёт аст!» бо гузашти солҳо дар рўзгори инсонӣ ҳар қадар қиммат, арзиш ва дараҷа мегирад, ки ба рўшноӣ бадал гардида, умеди зиндагӣ, сарсабзӣ, умеди амали орзуву ормонҳоро мебахшад ва гуфтаи «то реша дар об аст, умеди хуррамӣ, солимӣ ҳаст» - торафт маънои болиғ ба худ касб мекунад. Ҳамин тавр, об сарсабзӣ, ободӣ ва хуррамист. Дар ин радиф сулҳ низ ободонӣ, маъмур сохтан, хуррамиву солимиро мазмун ва маъно дораду таҷассумгари ободбум аст.

Ба ин маънӣ, иқдомҳои бунёдӣ, шоиставу башардўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба арҷ, арзиш ва қиммати ҳаётофарии об – ин неъмати ҷонбахш, дар сатҳи байналмилал эълом доштани «Соли 2003 – Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), барои амалӣ шудани орзуву ормонҳои тамоми мардуми олам, Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи ин ниҳод мувофиқат ва мутобиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд.

Мардуми дилогоҳи тоҷик ифтихор аз он доранд, ки Сарвари муаззами давлати тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромад намуда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилот – дастрасӣ ба оби тозаи нўшиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро ҷалб карданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар шаҳри Душанбе – дар Ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба рушди устувор ва вохўрӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳангоми боздид аз кишвари ба гуфтаи худи ў «намуна дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ» ба Тоҷикистони соҳибихтиёру сулҳбахш омада буд, изҳор кардааст: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Ташаббуси ҷадид ва пешниҳоди бунёдии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», (2018-2028) ин мазмун ва маънои башардўстонаро бозгўй буда, ташаббуси мубин, яъне муайян, возеҳ, соф ва равшану пок аст, шабоҳати оби тозаву шаффоф ва нуқрафом мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси умумибашар ҳамчун Сарвари хирадманд, инсонпарвар, адолатпарвар ва маҳбуб мавқеъ доранду шинохта шудаанд. Ба ин маънӣ дар асари пурарзиши «Ахлоқи Мўҳсинӣ» омада:

Адл нурест, к-аз ў мулк мунаввар гардад,

В-аз насимаш ҳама офоқ муаттар гардад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азму суботи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳосили Иҷлосияи беназири шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати комили миллӣ дар фазои беғубори осудагӣ ба кишвари ободбум, яъне сарзамини ободон, мулки маъмур, биҳиштосо мубаддал гардид. Пешоҳанг ва сабақомўз шуд кишвари тоҷикон. Сиёсати сулҳҷўёнааш воло, суботи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву хайрхоҳонааш дучандон гардида, комёбу саодатманд, муваффақу комёр шинохта шуд.

Ҳаёт мактаби бузурги тарбият асту вақт мизони ҳақиқат, санҷиш ва қиёс аст. Дар ин раванд сиёсати хирадмандонаву башардўстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари сулҳофари Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ ба ҷаҳониён намуна гардонидаанд. Биноан, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни боздид аз кўли Сарез, ки дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад, изҳори ақида кард: «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомўзад ва ба он пайравӣ намояд». Яъне Тоҷикистон дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ намуна аст!

Мавзўи ҷаҳонии об ниҳоят муҳим, воқеӣ ва ҳаётӣ буда, ки ба он Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса, аввалиндараҷа ва алоҳида зоҳир менамоянд. Ташаббуси Роҳбарияти олии кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор», (2018-2028) шаҳодат аз он, ки мо – тоҷикон мардуми ҳақиқатан ҳам назаркарда ҳастем. Саодат насиби мардуми мост, ки ватандоранд. Ватанро ҳифз кардан, нигоҳ доштан, рушду такомул бахшидан аз ҳар фарди худогоҳу бедордил заҳмату масъулият металабад, вазифадор менамояд, ниҳоят мо ўҳдадор ҳастем. Бояд дар ин ҷабҳа ҳама якдилу якқавла бошем, ҳамдил ва иродатманд худро нишон диҳем, ки ба қавли Мавлавии бузург «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст»…

Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ, дарозои биступанҷ соли баргузории Иҷлосияи маъруфтарини шонздаҳуми Шўрои Олӣ ва бист соли Ваҳдати булуғи миллӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ комёб гардиданд, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо бозгўи онҳост.

(Давом дорад)

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Читать далее