06 September 2017

Гургзода оқибат гург шавад…

Замоне дар мамлакате дуздӣ ба авҷи аъло мерасад ва ниҳоят бо супориши подшоҳи ҳамон давр дуздон ба даст меафтанд. Подшоҳ ба қатл расонидани онҳоро фармон медиҳад.

Дар ҳамон ҳолат чашми вазир ба ҷавоне меафтад ва аз подшоҳ илтимос мекунад, ки аз хуни ҷавон даргузарад. Ва ваъда медиҳад, ки ўро дар қатори фарзандҳояш тарбия хоҳад намуд. Подшоҳ розӣ мешавад ва ин ифодаро ба вазир хотирррасон мекунад: «Гургзода оқибат гург шавад, гарчӣ бо одамӣ бузург шавад». Рўзҳо, моҳҳо, солҳо сипарӣ мешаванд ва дузди ҷавон бо ҳамроҳии фарзандони вазир умр ба сар мебараду ва яке аз дўстдоштатарин дар байни фарзандон ба ҳисоб мерафт. Вазир бо камоли майл ба ҷавон боварии комил дошт ва оқибат масъулияти хазинаи подшоҳро бар дўши ў ниҳод. Дар яке аз шабҳо ҷавон аз хобаш мехезад ва сарҳои фарзандони вазирро аз тан ҷудо менамояд ва то қадри имкон аз хазина барои худ зару зевар мегирад ва хонаи вазирро тарк менамояд. Вазир аз ин огоҳ мегардад ва аз кори кардаи хеш пушаймон мешавад ва ба сухани подшоҳ гўш надоданаш худро маломат мекунад.

Овардани як манзараи болои аз он иборат аст, ки нохалаф, нокас дар ягон давр ба корҳои хуб даст намезанад ва ҳамеша пайгирӣ корҳои нохушу нохушоянд мегардад.

Боиси хурсандӣ ва сарфарозии замони имрўз аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо рў ба рушд ниҳода ва бештари мамлакатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро яке аз давлатҳои фарҳангиву маданӣ мешиносанд. Хушбахтона, террористону хоинони Ватан давраи бесарусомони бо сардории Халим Назарзода ошкор ва дастгир карда шуд. Марги ашхосе, ки қурбони амали разилонаи нохалафон гардиданд, дили на танхо хешу акраборо реш кардааст, балки садхо хазор шахрвандон аз марги онҳо ғам мехўранд. Нобакорон ҷисми онҳоро аз байн бурда бошанд ҳам, кори хуб ва номи неки онҳоро аз байн бурда натавонистанд.

С.Вайдуллозода,
дотсенти факултети филологияи тоҷики ДДХ

Читать далее

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Боиси хурсандист, ки соли равон пиру барнои мамлакат ҷашни ҳумоюни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи озодию соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, дар остонаи таҷлили яке аз санаҳои мубораки таърихи миллат - 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Истиқлолият чун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рӯзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд.

Читать далее

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем

Имрӯз ҳар як шаҳрванди солими аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд шукргузор аз неъмати бебаҳои Истиқлолият, оромию осудагӣ ва фазои созандаю бунёдкор бошад ва ҳатман бо кадом роҳ ва кадом мушкилиҳои сангин ба даст омадани ин вазъияти созгори ҳаёти ҷамъиятро фаромӯш насозад. Он роҳе, ки мову шумо барои ба даст овардани Истиқлолият тай намуд, хеле дурудароз ва пур аз муаммову саддҳои табииву сунъӣ буд. 

Ба халқи барӯманди тоҷик даст дод, ки зери партави сиёсати пешгирифтаи сарвари фозил, оқилу дурандеш ва ҳамзамон сиёсатмадори пурмаҳорат Эмомалӣ Раҳмон ин саҳифаи мушкили сиёсиро пасисар намояд. Имрӯз Тоҷикистони мо ба қатори яке аз мамлакатҳои соҳибистиклоле, ки нерӯи бузурги илмӣ, маданиву фарҳангӣ дорад, мубаддал гаштааст ва дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ пешравии назаррас ба чашм мерасад.

Аммо тазоди зиндагист, ки бархе наметавонанд шукуфоии кишварро бубинанд ва кӯшишҳое доранд, то теша ба решаи амну осудагии мо бизананд. Бо тӯҳматҳои ноҳақу далелҳои беасос майли дар байни мардум коштани тухми кинаву адоватро доранд ва иғвогариҳои ин қабил мардуми дур аз мафҳумҳои олии сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осоиштагӣ, хотирҷамъӣ боиси сарусадоҳои гуногун шуда истодааст.

Мо, омӯзгорон-таълимдиҳанда ва тарбиякунандагони насли наврас аз чунин зухуроти номатлуб бояд дар канор набошем, бе тафовут ва бетараф набошем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврасро дар асоси сиёсати созандаи пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукумат тарбия намоем. Онҳоро аз роҳҳои гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздорем ва ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Шоира Ҳакимова,
дотсенти кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти тоҷик

Читать далее

Ифротгароӣ ва омилҳои асосии пешгирии он

Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод намудаанд.

Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша карданд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш намоем, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Ғ.Б. Санавваров,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Терроризм ва экстремизм ҳамчун ҷараёни хатарнок чанд сол аст, ки ба ҳаёти давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда, зиндагии орому осудаи мардумро халалдор сохтааст.

Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии чанд тан аз ватанфурӯшону хоинони миллат- Муҳиддин Кабириву генерал ҳалим Назарзода ва сарпарасту хоҷагони хориҷии онҳо дар ҷомеаи аҳлу тифоқи мо тарсу ҳарос ба вуҷуд оварда, то як андоза мақсадҳои зишту нопоки худро амалӣ сохтанд.

Мардуми шарифи кишварамон аз наворҳои фаврии Маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионӣ шоҳиди сирру асрори кушторҳо ва амалиёти террористии ин гурӯҳҳои муташаккил гаштанд. Баъди тамошо ва таҳлили наворҳои фаврии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо ният доштанд, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ теша ба решаи миллати мо зада, бо ҷисман аз байн бурдани зиёиёну эҷодкорон ва ҳуқуқшиносону сиёсатмадорон ниятҳои нопоки худро амалӣ сохта, дар мамлакат давлати исломӣ барпо намоянд. Ин худобехабарон амиқ дарк карда буданд, ки пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи нав бо заҳмату кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, сиёсатмадорони дурандешу эҷодкорони навовар мустаҳкам гардида истодааст. Аз ин рӯ, онҳо хостанд бо ҷисман аз байн бурдани М.Осимӣ, Ю. Исҳоқӣ. М. Ғуломов, С. Кенҷаев, Сайф Раҳимов, О. Латифӣ ва дигарон  пояҳои давлатдории кишвари тозаистиқлоламонро сусту заиф гардонанд. Агарчи ба ин ашхоси бераҳму хуношом ҷисман аз байн бурдани бархе аз зиёиёну эҷодкорон ва сиёсатмадорон муяссар гардида бошад ҳам, вале шикастани иродаи мустаҳками роҳбарияти олии кишвар, пайравону шогирдон, ҳаммаслакони онҳо даст надод ва дар оянда низ даст нахоҳад дод.

Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинона ва илму адабу фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо сиёсатмадорону ҳуқуқшиносон ва зиёиёну эҷодкорон ғояву ақидаҳои ҷовидонаву пешқадамро дар курсиҳои парлумон, ниҳодҳои ҳукумат ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ тарғибу ташвиқ ва татбиқ намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз роҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравони ӯ, ки алъон   дар хориҷа фаъолият мебаранд, то ба ҳол кӯшиш доранд, ки сулҳу амниятро дар кишвари азизамон халалдор созанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна афроди хиёнаткору ҷиноятпешаро маҳкум намуда, ба онҳо шадидан нафрат доранд.

Ҳаром бод шири модар ба чунин ашхоси маслакгумкарда!

Ш.Раҳматов,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Офтобро бо доман пўшидан нашояд!

Дар дунё ягон масъала, ҳатто, хурдтарин кори хуб ва баде, ки дар кадом сатҳу доираи сурат нагирад, он ҳатман дер ва ё зуд ошкор мегардад. Баробари дигар корҳои бад дар дунё аз қатлу куштори инсон дида кори бадтар вуҷуд надорад. Чун инсон муқаддас, соҳибкаромат буда, дар байни дигар мавҷудоти рўи олам азизу мўътабар офарида шудааст, қатли инсон сарфи назар аз дину миллат, баромади иҷтимоӣ, мақому вазифааш кори ниҳоят зишту нангин ба шумор меравад. На танҳо куштани як нафари бегона, ҳатто, худкушӣ дар таълимоти дини Ислом манъ карда шудааст. Гузашта аз ин қатли шахсони соҳибфарҳанг, олимону донишмандон, ки ҳамчун чароғи ҷомеа ва пешоҳанг дониста мешаванд, рафтори хоинона душманона буда, барои нобуд намудани миллату давлат роҳандозӣ мегардад.

Наворҳое, ки тавассути телевизиони давлатӣ ва дигар шабакаҳои маҳаллӣ намоиш дода шуданд, шаҳодати гуфтаҳои болост. Афроди алоҳида ба мисли ҳоҷиҳалим Назарзода барои расидан ба манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ нақшаҳои бегонагонро роҳандозӣ намуда, дар ин давраи соҳибистиқлолӣ чӣ қадар ба ҷомеа зиён овардаанд. Махсусан қатли олимон, донишмандон ва сиёсатмадороне, ки ҷони худро барои пешравию ободии давлату миллати хеш дареғ накарда, пайваста заҳмату талош доранд, ба ҳар кишваре набошад, зарбаи бисёр сахт буда, миллатро заифу нотавон мегардонад.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ кишварҳои абарқудрати ҷаҳон кўшиш менамуданд, ки нуфузу таъсири худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон мустаҳкам намоянд ва дар оянда ба ҳадафу мақсадҳои сиёсиву геополитикии хеш муваффақ бигарданд. Онҳо дар ин роҳ аз ҳама имконияту роҳҳо фиребу найрангҳои сиёсӣ, тарғиби идеологияҳои сиёсӣ, қатлу куштор, низоъбарангезӣ истифода мекарданд. Чунин муносибат усулҳои муосир набуда, аз қадим мавриди истифода мебошад. Хосатан нобуд кардани олимону донишмандони як миллату ҷомеа, ки онҳо чун гурўҳи огоҳу бедор, ояндабину равшанфикри ҳастанд, имконияти тавонмандии он миллатро заиф намуда, руҳияи созандагиву бунёдкории онро нобуд менамояд.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи олимону донишмандон, омўзгорон, ки дар роҳнамоӣ ва пешрафти миллату давлат мақоми назаррас доранд, кори бисёр азиз ва муҳим мебошад. Танҳо он давлате пеш меравад, ки агар олимону донишмандон, равшанфикрону омўзгоронаш рисолати худро дуруст анҷом дода, дар иҷрои вазифаҳои асосии худ имконияту тавоноии лозима дошта бошанд. Нобудӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба ин гурўҳи равшанфикру равшанзамири ҷомеа, оқибат ба ояндаи давлат таъсири манфӣ расонида, миллатро ба нобудӣ мерасонад. Қатлу куштори донишмандон чун Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ва дигарон низ бо ҳамин мақсад ва барои барангехтани низоъ ва ноором кардани авзои ҷомеа сурат гирифтааст.

Агар душман як миллатро нобуд кардан хоҳад, олимону донишмандон ва фарҳангу забони онро аз байн мебаранд. Зеро, забон, фарҳангу анъанаи миллӣ ҳастии миллат буда, бо хомўш кардани чароғи маърифат метавон ба ҳама ҳадафу мақсадҳо, аз ҷумла, ғулому пойбанд кардани мардум, муяссар гардад. Бесабаб намегўянд, ки марги олим ин марги олам аст. Марги олимону донишмандони як миллат ин ба шикасту нобудии миллат оварда мерасонад. Пешравию муваффақияти давлат низ аз комёбӣ, маҳсулнокӣ ва дараҷаи рушди илму техника, сатҳу сифати маориф, меҳнату дастоварди олимон вобаста аст. Чи қадар имконияту шароити олимону донишмандон, омўзгорон беҳтару хубтар бошад, ҳамон қадар низ давлат рушд намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ обрўву эътибори бештар касб менамояд.

Шўҳрат Саидов,
раиси шўрои олимони ҷавони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее