07 September 2017

Бо нерӯи бунёдгарона – дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ муайян карда шуданд.

Бо пешниҳоди Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – Соли ҷавонон эълон ва пазируфта шуд. Омилҳо барои ин пешниҳоди муфид, хушбахтона, зиёданд. Зеро саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа зиёд буд ва ҳаст. Ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доштанду доранд.

Аҳамияти рушди илм ва маориф байни ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати давлат қарор дорад. Тавре аз нуктаҳои Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони Истиқлолият аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи интернет, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.

Муҳаққиқони ҷавон ба рисолати таърихии халқи худ ва имрўзи дурахшони он шукргузорӣ карда, дастовардҳои беназири халқи худро аз кӯшишу ғайрат, садоқату мардонагӣ, поктинатӣ, ватандўстиву меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мешуморанд. Бетардид Пешвои миллат наҷотбахшандаи воқеиву ростини халқу Ватани худ ҳастанд. Бо иродаву ҳамзабонӣ Ваҳдати миллиро миёни халқи тоҷик ва ҷавонон таҳким бахшида, барои сарҷамъии мардуми тоҷик хизматҳои беназир доранд ва ҷавонон ифтихори чунин Сарвари ваҳдатофару маърифатпарвар ва фидоии миллат доранд.

Падидаи дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аст, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. 

Воқеан, аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан тайғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамъият зиёд шудааст.

Ҷавонон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавонони номзадҳои илм, аспирантон магистрантон ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгирии олимони ҷавон, пайваста барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.

Тавре маълум аст, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат идрорпулии президентӣ барои ҷавонони болаёқат, таъсис дода шуда, теъдоди сазоворгаштагони он марҳила ба марҳила зиёд мегардад. Теъдоди зиёд гирандагони идрорпулиҳои президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳодати таваҷҷӯҳи хосаи ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонони собҳибистеъдод гардидааст. ҳушбахтона, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба гирифтани идрорпулии президентӣ мушарраф мегарданд.

Бо мақсади ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷўёну магистрантон ва аспирантон стипендияи Раиси вилоят таъсис дода шудааст.

Асосҳои рушди соҳаи илм ва маориф дар байни ҷавонон ҷойи махсуси худро дорад, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назарраси худ оварда расонидааст.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон, аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббуси созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Имрӯз, ҷавонон ҳастии хешро баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва халқи азизамон мебахшанд. Ҷавонон пайваста кӯшиш менамоянд, ки қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, вориси ҳақиқии ниёгони хеш гарданд. Он вазифаҳое, дастуру супоришҳоро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дода мешавад, бо тамоми ҳастӣ ва сарбаландона иҷро намоянд.

Ҳ.С. Бобоев,
С. В. Мамадов,
дотсентони кафедраи андоз
ва андозбандии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Кафили пирӯзӣ ва саодат

Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр шуд.

Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо бистушашсолагии  Истиқлолияти онро ҷашн мегирем. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Истиқлолият буд, ки Тоҷикистонро аксар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ва дорои фарҳанги бою ғанӣ то имрӯз мешиносанд ва ба Сарвараш эҳтироми хоса доранд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бисту шаш сол аст, ки хуршеди истиқлол бо нурҳои ҳаётбахши худ, дар осмони софи Тоҷикистон  нурафшонӣ мекунад. Дар солҳои аввали Истиқлолият Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печид, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва ҷомеаро бӯҳрони гарони сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Иқтидори истеҳсолӣ рӯ ба коҳиш оварда, хазинаи давлат холӣ монд ва хатари гуруснагӣ ба миён омад.

Бо ҷаҳду талош,  ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат аз вартаи ҷанги хонумонсуз баромад ва инчунин сохти конститутсионӣ барқарор гардида, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат таъмин гардид.

Истиқлолияти мо гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дорои марзу бум, расму оини ба худ хос ва фарҳанги бою ғанӣ буда, барои нигоҳдошти онҳо ҷаҳду талошҳои беандоза менамуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл  нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем, ки Парчами давлатиамон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, суруди миллиамон бошад  дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим бо садои баланд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Маҳз дар даврони Истиқлолият Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро ба души худ гирифтем. Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократии адолатпарвар басо бузург аст. Дар солҳои  аввали  ба даст овардани Истиқлолият то ба имрӯз ҳукумати мамлакат ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии худ меҳисобад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар муддати 26 соли Истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд иқтисодиёти милламон бо суръати кайҳонӣ рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум бо маротиб баланд гардида истодааст. Дар даврони Истиқлолият якчанд барномаи стратегӣ қабул ва роҳандозӣ шуда истодаанд, ки  барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла дастрасии аҳолии ҷаҳон бо  оби тоза, нақши муҳим бозида истодааст.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият ин ганҷинае бебаҳое мебошад, ки ҳамаи муваффақият аз он маншаъ иегиранд. Аз ин хотир ҳар як фарди тоҷику тоҷикситониро зарур аст, ки барои  нигоҳдории арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ саъу кӯшиш намояд,  барои  Ватан содиқона хизмат намуда Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз намояд. 

Муҳаммадсодиқ БОҚИЗОДА,
сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Самараи Истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди босуръати соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки «Яке аз масъалаҳои бисёр муҳум,  ин тарбияи кадрҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Кишварамон имрўз, алалхусус ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи геология ва коркарди маъдани сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад ».

Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар кори тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ ва рушди саноати кўҳӣ-металлургии кишварамон саҳми арзишманду назаррас дорад.

Донишгоҳи мазкур 3-уми майи соли 2006 дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 2016 даҳсолагии он таҷлил гашт.

Бахшида ба ҷашни 10-солагии ин донишкада китоби номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент М.Фозилов ва номзади илмҳои таърих, дотсент И.Абдуллоев Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон «Марҳилаҳои асосии таърихӣ» нашр гардид.

Дар соли аввали хониши 2006-2007 аввалин донишҷўён аз рўи 10 ихтисос бо шумораи 344 нафар ба факултаҳои корҳои кўҳӣ, металлургия ва энергомеханика қабул гардиданд.

Аз рўзҳои аввал дар донишкада ба масъалаи ташкили ҷараёни таълим, тарбия ва корҳои таълимию методӣ аҳамият дода шуда, корҳои зиёде иҷро гардид.

Бо мақсади мутамарказ намудани корҳои  илмию методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълимӣ аз лаҳзаи таъсисёбӣ шўъбаи таълим ва шўрои таълимӣ-методӣ ба фаъолият оғоз намуда, то ба имрўз пурсамар фаъолият дорад.

Дар Донишкада оид ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аҳамият дода мешавад. Бо ин мақсад дар Донишкада соли 2014 шўъбаи аспирантура таъсис ёфт. Алҳол ин ҷо 12 нафар аспирант таҳсил намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.

Ба ғайр аз ин бо роҳи унвонҷўӣ тайёр намудани кадрҳои унвондор  низ ба роҳ монда шудааст. Дар тўли даҳ соли фаъолияти донишкада 12 нафар устод дар мавзўъҳои гуногун рисолаҳои номзадиро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илм гардиданд.

Имрўз дар донишкада 41 нафар номзади илм-дотсентон ва 5 нафар доктори илм-профессорон фаъолият менамоянд.

Бояд зикр, кард ки дар донишкада ба масъалаи ташкили конфронсҳои илмӣ, намоиш – озмунҳо дар баробари раванди таълим аҳамияти лозими додашуда, корҳои зиёде иҷро шуданд.

Ихтирооти дотсент А.Қодиров - «Насоси автоматики гидравликӣ, таҷҳизоти фотометрии ДКМТ», ихтирооти профессор Х.Назаров – «Тарзи гирифтани уран аз тахтаҳои обдор», «Тарзи коркарди боқимондаҳои урани саноатӣ», ихтирооти дотсент О.Тўхтасинов «Сохтор барои ҳосил кардани йод аз пўсти чормағз» ва дигарон сазовори потент гардиданд, ки онҳо барои истеҳсолот аҳамияти муҳим доранд.

Донишкада бо бисёр донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷ ҳамкориҳои судманд доранд. Чунончӣ, бо донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Норвегия, Словения, Португалия, Ҷумҳурии халқии Чин ва Словения.

Чунончӣ, дар ин донишкада бо профессори донишгоҳи илмҳои табии Нарвегия Харта Ратнавира, мактаби байналмилалии Словения Петер Стегнер, ректори донишгоҳи нафти Ҷумҳурии халқии Чин Шан Хун Хун, директори кули иттиҳодияи Тетис – петролиуми ИМА Дэвид Робсон, роҳбари корхонаи омўзиши портовҳои радиатсионии Шветсария Эберл Хансҷонрч ва бисёр дигар олимону мутахассисони хориҷӣ вохӯриҳобаргузор гардиданд.

Бояд афзуд, ки бо мақсади боз ҳам васеъ ривоҷ додани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ бо Ҷумҳурии ҳалқии Чин соли 2015 дар назди Донишкадаи қўҳӣ – металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий таъсис дода шуд, ки он дар кори омўхтани забон ва фарҳангӣ чинӣ дар байни донишҷўёни тоҷик саҳми арзандаю назаррас хоҳад гузошт.

Соли хониши 2010-2011 хатми аввалини донишҷўён Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст. Дар ин сол 165 нафар донишҷў аз рўи ихтисосҳои корҳои кўҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои нафту газ, металлургияи ранга ва ғайра Донишкадаро хатм намуданд. Дар асоси мактуби Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 нафар хатмкунанда ба 17 корхонаи саноатӣ барои кор фиристонида шуданд.

Дар донишкада ба масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудан ва гузаронидани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аҳамияти хосса дода мешавад.

Донишкада бо корхонаи «Фулузоти нодири Ленинобод», ҶСК «Чароғ», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», ҶДММ «Петролеум Суғд», корхонаи алюминии тоҷик, комбинати «Такоб», ҶДММ «Элегант» ва даҳҳо корхонаҳои дигар ҳамкорӣ дорад ва дар 45 корҳонаи саноатӣ таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён гузаронида мешавад.

Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Имрўз дар ин донишкада аз рўи 17 ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд, ки шумораи умумии донишҷўён зиёда аз 3000 нафарро ташкил медиҳад.Б.Ризоев,

          Ф.Ҳомидов,
          д.и.т., профессорони Донишгоҳи давлатии
          ҳуқуқ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
         А.Одинаев,
Б.Алимов,
 н.и.т. дотсентони Донишгоҳи давлатии
         ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Конибодом: “Шоми ҷавонӣ” дар боғи Камол

Тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили сазовори «Соли ҷавонон» дар боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии ҷавонони шаҳри Конибодом таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои дастии ҷавонони шаҳри Конибодом ва ихтирооту навоварии он оғоз ёфт.

Сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода якҷоя бо намояндагони роҳбарияти шаҳрамон аз намоишгоҳ дидан карда, бо ҷавонон суҳбатҳо доир намуданд. Зимни мулоқот сардори Раёсат ба ҷавонони навҷӯву эҷодкор маслиҳату тавсияҳо дода, ба ҳамкорӣ бо ҷавонони дигар шаҳру навоҳӣ даъват кард.

Баъдан дар ҳамин мавзеи зебову дилрабо чорабинии бошукӯҳи аҳли санъати шаҳри Конибодом пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.

Дар баргузории чорабинӣ асосан ҳофизону ҳунармандони ҷавон ҷалб гардида, он дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт.

Суруду таронаҳои дилошӯби ҷавонӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон, қироати шеърҳо аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳр, саҳнаҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ ва ҳунари навозандагии санъаткорони шаҳр табъи мизбононро болида гардонд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ҷавонон дар боғи Шайх Камол сайр намуданд.

Пайгирӣ аз ин иқдом бешубҳа ба дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дарёфту рушди соҳибистеъдодҳои ҷавон мусоидат хоҳад намуд.

Парвина Абдуллоева

Читать далее

Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон

Бахшида ба эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  Каточков Виктор Михайлович, ноибректор оид ба муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи Ҷануби Урал, президенти фонди рушди иҷтмоӣ-иқтисодии  «ҳамкории Авруосиё», доктори илмҳои иқтисодӣ, Шишкина Ирина, баҳодеҳ ва таҳлилгар аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, Хуршеда Содиқова, танзимгари ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоӣ , Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, директори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ ширкат варзиданд.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҳамкории ҳасанаи ду кишвар дар ҳама самтҳо ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстии ин ду миллат нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои хеш, дар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, хосса забони русиро дар мадди аввал гузоранд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барои рушди омӯзиши забони русӣ ҳама шароитҳо муҳайё буда,  донишкада бо беш аз 50 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дорад. ҳоло наздики 12 устоди  донишка дар аспирантура ва доктрантураи ин кишвар таҳсили илм доранд. Гузашта аз ин, донишкада барандаи се лоиҳа гардид, ки мутобиқи он устодон ва шогирдон минбаъд метавонанд барои тақвияти дониш ва табодули таҷриба ба муассисаҳои олии хориҷӣ сафар намоянд. 

Каточков Виктор Михайлович зимни баромади хеш аз фаъолияти донишкада дар мавриди пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, пешрафти соҳаи технологияи иттилотӣ, сатҳи баланди донишазхудкунии донишҷӯён васф намуда, қайд кард, ки мо зимни роҳандозии лоиҳа дар беҳтарин муассисаҳои Осиё ва Аврупо будем ва чунин равияи таълимро, ки имрӯз донишкада пеш мебарад, кам дидем. 

Баромадкунандагон Шӯҳрат Ҷумъаев, аспиранти Донишгоҳи Ҷануби Урал,  Солиев Зоир Тоирович, номзади илмҳои педагогӣ, Бакаев Мирзоҳамид,   дотсентони ДПДТТ, Комил Раупов ва Шаҳноза Оқилҷонов, устодони ДПДТТ  дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт маърӯза намуданд.  

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар викторина дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи ҷаҳон»  доир шуда, донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Читать далее

Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

3. Ҳадафи мустақим дар рифоҳи зиндагӣ

Фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи муборизаҳои басо мураккаб, тезутунд ва хеле ҳассос оғоз ёфт. Дар ин раванд ифода ва ё чунонки мегўянд, воҷаи фарҳанги ҷомеадорӣ ба ҷараёни ҳаёт омезиш ёфт ва он корсоз бишуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ зикр шудааст. «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демок-ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Биноан, ташаббусҳои созандаи кишварамон бо тафаккури бунёдӣ ва ҳадафмандии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи умумиҷаҳонӣ касб карда, ҷонибдории афзуне гирифтаанд. Чунонки Сарвари давлат дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзўи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки он дар шаҳри Душанбе 12 июни соли 2017 ба вуқўъ пайваст, изҳор намуданд: «Кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рўи истифодаи манбаъҳои тавлиди «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014-2024-ро фаъолона ҷонибдорӣ намудааст».

Дар ҷараёни ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии сипаришудаи «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», бо ибтикори Тоҷикистон – бо иттифоқи оро – қатъномаро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», 2018-2028 қабул кард. Ҳамин талошҳои бунёдӣ дар масири рушди устувор мавқеи комил дорад.

Мардуми мо ваҳдатшиору ваҳдаткоранд, сулҳпарвару нусратшиоранд. Ба ҳамаи корҳои неку созанда бо дасту дили гарм, бо ақлу идроки расо муносибат мекунанд. Ба қавли Ҳаким Носири Хусрав:

Чу расми ҷаҳонӣ ҷаҳон беш бинӣ,

Ҳазар кун зи бадҳош агар пеш бинӣ!

амал намуда, кору пайкори хешро тақвият мебахшанд. Падидаи хеле ва хеле нодири миллӣ – Ваҳдати миллӣ, ки хоси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад, бо ном ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Мардуми мо имрўз бо ҳамин се рукни давлатдории навин: Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ ҷонпайванд буда, дар атрофи Пешвои миллати худ муттаҳиду меҳрпайванд ва садоқатманд ҳастанд. Мо аз Сарвари хирадманди давлати худ ифтихормандӣ дорем, баҳри афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосоямон Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста азму суботи миллӣ нишон доданд ва ин ҳадаф мунтазам хирадмандона амалӣ мегардад. Ин муаррифӣ дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудаанд, ки дар оинаи ҳаёти умумибашарӣ ҷилои миллӣ дорад.

Ҳамин боз як ташаббуси ҷадиди Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар Рўзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами бунёдӣ ва устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон мегардад. Барои миллати тоҷик ин таҳкимбахшии нуфузи Тоҷикистон ва обрўю манзалати Сарвари хирадманди давлати тоҷикон хеле ва хеле гуворост.

Зеро Тоҷикистони имрўза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифтааст, ки дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ва махсусан, миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик сабт шудаанд.

Мегўянд: Ваҳдату иттиҳод барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ вобастаи ин нерўи сарнавиштсоз мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолӣ шинохта шудааст.

Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи таърихӣ ва дар боғи ҳаёт сабзиш доштани Ваҳдати миллӣ меравад, зеҳну хотироти мо беихтиёр вориди таърихи на чандон дури кишвар, яъне аз бист то биступанҷу бистушашсолагӣ мегардад. Дар ин айём фарзанди худогоҳу покизасиришт – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ баромаданд, ки нидои қалбашон саршор аз ҳуввият буд – «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин сухани дил, ин нерўи зеҳнӣ ва ин ҷўши одамият ва ҳамияти ватандорӣ мардумро рўҳу тавони воқеӣ, умед ба ояндаи неку дурахшон, саодатмандӣ, шарафмандӣ бахшид. Биноан, Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ – дар сарнавишти мардуми тоҷик дар як радиф қарор гирифтаву ҳар сокини кишварро ўҳдадор менамоянд, ки ғояҳои онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, бояд баҳри рушду тараққиёти диёр ва осудаҳолии сокинони он содиқона кору пайкор намоем.

Ҳамин се рукни миллӣ асоси суботи ҷомеа ва рушди устувори кишварро дар фарогирии моҳият ва муҳимияти созандагӣ, муттаҳидсозӣ ташкил намуда, тақвияти комил бахшидаанд.

Даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои корсози Иҷлосияи тақдирсоз ва риштаҳои пурдошти Ваҳдати миллӣ иқдомҳои соф миллиро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин росто, бо ташаббуси бунёдии Пешвои миллат ду Қонуни аз ҷиҳати мазмун ва моҳият болиғи миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод ва қабул карда шудаанд, ки имрўз мавриди амал қарор гирифтаанд. Ҳар ду Қонун бешак, аз миллитарин, муҳимтарин ва мардумитарин Қонуне мебошанд, ки бо дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар, дар раванди муҳокима ва пешниҳодоти омма мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.

Халқи тоҷик соли равон бистсолагии Рўзи Ваҳдати миллиро бо фараҳу шодмонӣ, ифтихору саодатмандӣ таҷлил намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии Ватани азиз азму суботи тоза гирифт. Ва амалҳои ҷадидро ба пешвози ҷашнҳои бистушашсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва биступанҷсолагии Иҷлосияи таърихиву тақдирсози миллату давлати соҳибихтиёр роҳандозӣ менамояд.

Дар ин радиф дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир ҳадафмандона амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамин тавр, се рукни давлати навини тоҷикон – Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамрадиф мебошанд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни сохтмони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов шинос шуд.

Тавре маълумот дода шуд, фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “РС Барқарор” мебошад. Сохтмони қасри фарҳанг соли 2016 оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи феврали соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд. Қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Айни замон дар ин иншоот 35 нафар бинокор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии хушсифат ва омезиши нақшу нигори миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин ободониву сабзкории атрофи муассисаи фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Читать далее

“ПАРВОЗИ ОРЗУ”: Эҳдо ба кўдакони босаодат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид доштанд, ки тарбияи насли наврасро бояд аз кўдакистон оғоз намуд. Маҳз бо ин иқдоми Пешвои миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сўҳроб Маҳмудов кўдакистони замонавӣ дар арафаи ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Раиси вилоят бо буридани лентаи рамзӣ вориди бино шуда, аз утоқҳои кўдакистон дидан намуда, ба машғулият ва хушҳолии кўдакон мароқ зоҳир кард. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар 6 гурўҳ 150 кўдак фаро гирифта шуда, 22 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Читать далее

Вусъати ободкориҳо – аз файзу баракати Истиқлолият

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Сараввал, Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии кўчаи Фахрии деҳаи Рўмон шиносоӣ пайдо намуда, бо сокинони деҳот мулоқот кард. Абдураҳмон Қодирӣ сокинони Ҷамоатро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Читать далее