08 September 2017

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.

Читать далее

Сарчашмаи пирўзиҳо ва саодати миллат

Ҳангоми ҷашнгирии ҳар як санаи таърихӣ, одатан дастовардҳо ва мушкилоти мавҷударо таҳлил мекунанд ва аз ин хотир, мехостам ба баъзе дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии мамлакатамон таваҷҷўҳи хонандагони рўзномаро ҷалб намоям.

Ҷоизи зикр аст, ки баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ дар як қатор кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нооромиҳои шадиди сиёсӣ ба амал омада, Тоҷикистони офтобрўяи мо низ дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз ин муноқишаҳои сиёсӣ берун намонд.

Дар давраҳои барои мардуми мо хеле мудҳиш, як гурўҳ шахсони манфиатхоҳ бо ҳамроҳии хоҷагони хориҷиашон зери ниқоби демократия ва озодихоҳӣ давлати соҳибистиқлоли ҷавони моро ба даргириҳои сиёсию маҳалгароӣ рў ба рў карда, оташи ҷанги шаҳрвандиро дар қисми ҷануби кишвар барангехтанд, ки он боиси талафоти калони молӣ ва фавти ҳазорҳо нафар шахсони бегуноҳ гардид.

Хушбахтона, тавассути сиёсати хирадмандонаю дурандешона Сарвари тозаинтихоби давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мураккабу ҳассос тибқи қарори вакилони Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсати калон ворид гардида, зимоми роҳбарии давлати дар он марҳала хеле нооромро ба ўҳда гирифтанд.

Яке аз дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо давлатсозии миллӣ бо истифода аз мустақилияти сиёсӣ, эътибори ҷиддӣ додан нисбат ба барқароркунии арзишҳои фарҳангии миллӣ, нигоҳ доштани забон ва рушди анъанаҳои аҷдодӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ бо назардошти рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҳамаи ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо асосан аз соли 2000 оғоз карда, дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд. Натиҷаи сиёсати дурбинонаи Роҳбарияти кишвар буд, ки тўли солҳои охир дар саросари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ мунтазам вусъати тоза мегиранд.

Зина ба зина амалишавии се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ худ далели дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидани давлати тоҷикон мебошад.

Ботантана ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кўлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, барориши Пули миллӣ, дохил шудан ба СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) дар радифи давлатҳои дигар (Русия, Хитой, Ўзбекистон, Қирғизис-тон), қабулшавии ташаббуси таърихии Тоҷикистон дар татбиқи Амалиёти даҳсолаи «Об-барои ҳаёт», барои солҳои 2005-2015, кушода шудани нақби Анзоб, оғози сохтмони роҳи автомобилгарди ағбаи «Шар-Шар», ба кор даромадани НОБ-и «Сангтўда-1», ба истифодабарии хатти барқии «Ҷанубу Шимол», кушода шудани нақби «Шаҳристон» ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги Истиқлолият ба шумор мераванд.

Новобаста аз он, ки дар давраи начандон тўлонии ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуму иқтисодиёти кишвар зарарҳои ҷиддии молиявӣ расонида шуда буд, алҳол давлати мо ба нишондиҳандаҳои хеле назарраси рушди макроиқтисодӣ ноил гардида, Ҳукумати кишвар дар назди масъулини тамоми шохаҳои ҳокимияти иҷроия вазифаи амалигардонии ҳадафи дигари олии иҷтимоӣ -ноил шудан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакатро гузоштааст.

Дар ин раванд, барномаҳои махсуси ҳукуматӣ таҳия гардида, чуноне, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои мазкур тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки сохтмонҳои азими роҳу пулҳо, иншооти табобатию соҳаҳои маориф, фарҳангу варзиш ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар аз натиҷаҳои хуби фаъолияти иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ҳаллу фасли муаммоҳои иҷтимоӣ ва пешрафти корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалҳо соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва кулли сокинони мамлакат низ саҳми худро гузошта истодаанд, ки далели раднопазири Ваҳдати миллӣ мебошад.

Алҳол мо дар арафаи ҷашнҳои бузурги умумидавлатӣ - 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар як сокини давлати моро зарур аст, ки ба қадри тинҷию оромии мамлакат, дўстию рафоқат расида, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани ин равандҳо ва пояҳои давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша саҳмгузор бошем.

Зеро ҳаллу фасли тамоми муаммоҳои зиндагӣ танҳо тавассути оромии сиёсӣ, Ваҳдати комил, меҳнати аҳлона ва хирадмандию дурандешии ҳар як фарди ватандўст имконпазир аст. Бо чунин амалҳои содиқонаи хеш, мо метавонем кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гардонем ва бори дигар исбот намоем, ки ҳар яки мо ворисони арзандаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Синою Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва дигар алломаҳои миллати тоҷик ҳастем.

Карамулло Одилов,
Корманди шоистаи
 Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии
 молияи Иттиҳоди Шўравӣ ва
Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Читать далее

Гулкорӣ нишонаи зебоипарастӣ

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба гулҳо зиёд шудааст. Кишвари тоҷикон офтобрўя буда, дар ҳама фасли сол имконияти гулзору зебо гардониданро дорост. Бинобар он, ҳамасола гулҳои зиёд парвариш ва гўшаву канори вилоят кабудизор карда мешавад. Ҳатто, дар фасли сармо гулҳо шукуфону намуди зоҳирии кўчаву хиёбонҳо дилкашу рўҳафзо гардад.

Оид ба рафти шинонидани гулҳои зимистонӣ сардори қитъаи кабудизоркунии Сарраёсати ободонии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд Ғайбулло Тошматов гуфт, ки дар машварати омӯзишию амалӣ оид ба муаррифии навъҳои гуногуни гулҳои зимистонӣ дар қаламрави вилоят, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид, супориш шуда буд, ки то санаи 10-уми сентябр ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ шинонидани гулҳо ба анҷом расонида шавад. Бинобар ин айни замон мо асосан чор навъи гулкарам, навъҳои сенариум, тагес, виола ва календула, ки шумораашон аз панҷ то сад ҳазор дона аст, шинонида истодаем. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи гулшинонӣ 9 мутахассиси соҳаи гулпарварӣ ва 128 коргар дар 8 минтақа корро вусъат бахшида истодаанд. Дар муассиса гармхона мавҷуд аст, ки дар он намудҳои гуногуни гулҳои тирамоҳию зимистонӣ парвариш карда мешаванд, ки ин намуди гулҳо ба сардии фасли зимистон тобовар буда, то фасли баҳор шукуфон хоҳанд монд.

Дар кадом сатҳ қарор доштани маъракаи шинонидани гулҳоро барои фаҳмидан ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ омадем ва маълум гардид, ки аллакай аз санаи 31 август гулшинонӣ оғоз шуда, дар боғ тақрибан 40 ҳазор гулҳои зимистонӣ шинонида шудаанд.

- Парваридани гул кори саҳл нест ва барои ба таври бояду шояд шукуфону зебо гаштани он мисоли марди деҳқон арақи ҷабин рехтан лозим аст. Нигоҳубини нодурусти гул ба нобуд гаштани он боис мешавад. Бояд гуфт, ки гулҳо натанҳо дар фасли баҳору тобистон, балки дар давраи тирамоҳу зимистон низ парвариш карда мешаванд, - изҳор дошт зимни сўҳбат Абдусалом Шодибеков - муовини аввали омири кулл, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ.

- Пеш аз парвариши гул бояд тухми онҳоро дуруст нигоҳ карда, хокашро бо нуриҳои минералӣ ғанӣ гардонидан лозим аст, танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем гулҳои зебои рангорангро ба халқ пешкаш намоем,-гуфт ў.

Ҳамчунин ў иброз дошт, ки дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон гармхона мавҷуд аст, ки дар он ҷо гулҳои бешумори зимистонӣ парвариш карда мешаванд. Гармхонаи мазкур шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бўстон, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон, Истиқлолро бо гулҳои зимистонӣ таъмин мекунад.

Оид ба дар фасли сармо гулпўшу зебо гардонидани назди боғу гулгашт ва муассисаҳои мухталиф сокинон чунин изҳори ақида намуданд:

Нуринисо Раҳматова, сокини шаҳри Хуҷанд, мураббия:

- Шод аз он ҳастам, ки дар шаҳри Хуҷанд аллакай шинонидани гулҳои зебову рангоранги зимистона оғоз шудааст. Рўзи гузашта аз Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ гузар доштам ва дидам, ки занони гулпарвар гул шинонида истодаанд. Аз дидани ин манзара шод гаштам, зеро дар фасли тирамоҳу зимистон дар атроф гулҳоро дида, инсон худро бардаму солим ва аз зебогии онҳо зиндадилу некбахт эҳсос менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки диққату назари роҳбарият нисбат ба мо - мардуми кишвар басо баланд аст. Зеро зебову обод ва сарсабзу гулпўш кардани гўшаву канори кишвар аз фарҳангдўстиву меҳанпарастии эшон дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки гулпўш кардани вилоят ба фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост. Гулпўшу зебо нигоҳ доштани Ватани азизамон бояд мақсади асосии ҳар фарди соҳибдил бошад.

Ҳурибибӣ Каримова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибхоназан:

- Имрўз дар ноҳияи зебоманзари мо гулшинонӣ оғоз шудааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарони вилояту ноҳия барои сарсабзу зебо гаштани хиёбону мавзеъҳои диёр таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Гул худ нишонаи зебоиву нозукист ва дар фасли сармо дидани гулҳои шукуфта рўҳи инсонро болида ва қалбро шод мегардонад. Гумон дорам, ки дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарони вилояту ноҳия оид ба дар фасли сармо кабудизоркуниву гулшинонӣ ва зебову обод нигоҳ доштани кишвар давом хоҳад ёфт. Имрўз ба вилояти Суғд аз ҳар гўшаву канори ҷаҳон меҳмонон ва сайёҳон меоянд ва сарсабзу зебо будани диёрамон айни муддаост.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби кормандони қитъаи кабудизоркунии Сарраёсати ободонии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд давоми ҳафта дар маҳаллаҳои “Бофанда”, “Гули ҷаҳон”, кўчаву хиёбонҳо ва роҳҳои асосии шаҳри Хуҷанд беш аз 20 ҳазор гулҳои зимистонӣ шинонида шуданд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар робита ба фарорасии ҷашни 26-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Читать далее

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи роҳсозон

Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи роҳсозон таҷлил карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, роҳҳои автомобилгард яке аз воситаҳои асосии пайваст намудани манотиқи мухталифи кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин боис, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмон, таҷдид ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Самараи талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инфрасохтори нақлиёт сол аз сол беҳтар гардида, ҳамасола садҳо километр роҳҳо ва даҳҳо пулҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд.

Чи тавре, ки Сарвари кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватани таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст».

Маврид ба қайд аст, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Барномаи вилоятии «Соли роҳҳои обод» қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, ки дар доираи он ҳолати техникии зиёда аз 6,0 ҳазор км роҳи автомобилгарди вилоят беҳтар гардонида, 400 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Роҳсозони вилоят саъю кӯшиш доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои моддию зеҳнӣ роҳҳои автомобилгардро тамоми сол дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта, фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳа минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолиятро ба роҳ монда, санаи тақдирсози миллат 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ пешвоз мегиранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.

Ба кулли кормандони соҳа, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Читать далее

Мусоидат ба беҳдошти зиндагии мардум

Рўзи гузашта бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи матбуот ярмарка - фурўши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он деҳқонону кишоварзон аз шаҳру навоҳии вилоят маҳсули дастранҷи хешро ба фурўш бароварданд.

Бино ба маълумоти намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев дар ярмаркаи мазкур аксари шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Спитамен, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кўҳистони Мастчоҳ иштирок намуда, маҳсулоти кишоварзии хешро ба мардум бо нархҳои аз бозор 20 то 30 фоиз арзонтар пешниҳод намуданд. Дар маҷмўъ, беш аз 437 тонна маҳсулот ва 46 ҳазор дона тухм барои сокинони маркази вилоят пешкаш гардид.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода аз ҷараёни ярмарка – фурўши маҳсулот боздид ба амал оварда, ба масъулин таъкид дошт, ки бобати арзиш ва сифати молу маҳсулот назорат намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастуру супориши Роҳбарияти вилоят чунин ярмаркаҳо дар ҳар иду чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии ташкили ярмаркаҳо пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба пастравии арзиши маҳсулот ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Маъмурахон Самадова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее