09 September 2017

Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

Санаи 8 сентябри соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри бостонии Истаравшан бахшида ба ифтихори ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовинони Раиси вилоят, раисон ва муовинони раисони як қатор шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ, намояндагони муассисаҳои мухталифи иҷтимоӣ, ҷавонону наврасон ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.

Чорабинии мутантан бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тантанаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷашни муқаддаси миллиро ба кулли мардуми вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Истаравшан табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки бисту шаш сол муқаддам миллати кўҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид.

Читать далее

Тақдими мукофотҳои давлатӣ

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба пешқадамону фаъолони ҷомеа, кормандони соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят баргузор гардид. Мукофотҳои давлатиро Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар вазъияти мутантан тақдим намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мукофоти давлатӣ сарфарозшудагонро табрик намуда, ба онҳо дар амалӣ гаштани нақшаву ниятҳои нек, ҷиҳати боз ҳам ноил гардидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ, саҳмгузорӣ дар раванди созандагию ободкорӣ барору муваффақиятҳои тоза таманно намуданд.

Читать далее