13 September 2017

Фарҳанг ва истиқлоли миллӣ

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ,рӯй бар ин ганҷ неҳ

А.Рӯдакӣ

Бунёди ҷомеаи фарҳангӣ ҳамеша орзуву ормони инсонҳо буда шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбарии худ сиёсати солими фарҳангро пеш гирифтанд.Масалан, татбиқи фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистони ҷангзада далели равшану гуфтаҳо маҳсуб меёбад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки мо бояд фарҳангро на бо мафҳуми танги он, балки бо маънои томаш фарогир бошем. Яъне таҳти мафҳуми фарҳанг мо танҳо санъату  хизматрасонии фароғатиро дар назар  дошта бошем, зеро, бояд фарҳангро бо мафҳуми васеаш дар рӯзгори ҳаррӯзаи худ татбиқ намоем.

Маънои фарҳанг маҳдуд набуда, мо бояд дар ин ҷо чанд мафҳуми умдаи фарҳангро шарҳ диҳем. Дар луғатҳои маъруф фарҳанг ба маъноҳои дониш, адаб, илм, осори илмӣ ва адабии як қавм ё миллат, ҳамчунин ба маънои китоби луғат омадааст.

Мавриди зикр аст, ки   дар мамлакати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати оқилонаи иқтисодиро дар шароити бисёр ҳассос пеш гирифтанд ё худ фарҳанги баланди иқтисодиро манзури ҷомеа карданд. Танҳо як мисол кофист, ки тасдиқи гуфтаҳои боло бошад. Ин ба мардум тақсим кардани як миқдор замин (75 ҳазор га), ки ба истилоҳи ,,..заминҳои  президентӣ”ёд мешавад,  миллати моро дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ аз вартаи бенавоӣ наҷот бахшид. Дар натиҷаи ин иқдоми шоиста мушкилоти таъминоти мардум бо ғалла,равған,биринҷ ва дигар маҳсулоти талаботи ҳаррӯза ба дараҷае ҳалли худро ёфт. Оре, ин мисол далели равшани фарҳанги иқтисодӣ маҳсуб ёфта, аҳамияти таърихии онро имрӯз ҳаёт исбот кардааст.

Олими машҳури форсу  тоҷик Закариёи Розӣ дар фасли ,,Иқтибосу дарёфт ва масраф” дар китоби “Тибби рӯҳонӣ”-и худ роҷеъ ба фарҳанги иқтисодию иҷтимоӣ андешаҳои хеле арзишмандро иброз намуда, ӯ олимона иқрор мешавад, ки ,,Кӯшиши бисёри одамон барои таъмини зиндагии як нафар ва баръакс, кӯшиши як нафар барои зиндагии одамон зарурият пайдо мекунад”.

Дар замони истиқлолияти кишвар мо кӯшиши як нафар фарди сарсупурдаи миллат, ки пояҳои давлатдорӣ  ва ояндаи маҷудияти миллати тоҷикро аз нестӣ эмин дошта, ,,киштии белангару беҳадафи давлату миллат”- ро аз гирдоби фано саломат берун оварданд шоҳид шудем.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар ин радиф давлати мо яке аз давлати демократию дунявии ҳуқуқбунёд шинохта шудааст. Ифтихори миллӣ, ваҳдати миллӣ, шинохти арзишҳои  миллӣ баланд бардоштани манзалати инсон дар низоми ҷамъият, гиромидошти таърихи дирӯзу имрӯзи халқу миллат, тарбияи насли бомаърифат, ҳифзи суннату фазилатҳо, асолати миллӣ ва дигар аркони маънавиёт пойдеворе аст, ки бақои миллатро таҳким мебахшад. ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро ба шарофати Иҷлосияи наҷотбахши ҶVI шурӯъ кард, дар эҳёи фарҳанги маънавӣ, ё худ пеш бурдани сиёсати фарҳангӣ иқдоми шоиста гузошт.

Таҷлили як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ бо қарори созмони бонуфузи байналхалқии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун гаҳвораи фарҳанги арзишманд муаррифӣ намудааст.

Ҷаҳониён эътимод ҳосил карданд , ки миллати тоҷик ворисони ҳақиқии Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Розиву Сино,  Форобию Берунӣ, Носири Хусраву Аттор, Мавлавию Саъдӣ, ҳофизу Камол, Ҷомию Бедил, Аҳмади Донишу Айнӣ, Турсунзодаву, Бобоҷон Ғафуров ва дигар ситораҳои илму адаб мебошад.

Бахусус, ҳаким Фирдавсии ватанпараст бо ,,Шоҳнома”-и безаволаш таърихи гузаштагони моро умри тоза бахшид.

Дӯстиву душманӣ, некию бадӣ , сулҳу ҷанг, ғамхорию истисмор, ҳимояю ғорат ва даҳҳо дигар падидаҳои ба ҳам муқобилро ҷавонон бо Шоҳкитоби Фирдавсӣ муқоиса мекунанд ва ҳамеша дар ҳимояи деҳаи худ, ноҳияи худ, шаҳру кишвари худ чун қаҳрамонони мусбати ,,Шоҳнома” кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ин суханони оташини ватанхоҳонаи ҳаким Фирдавсӣ тақвиятбахши ғурури баланди миллӣ маҳсуб меёбад. Чунончӣ :

Зи баҳру бару буму пайванди хеш,

Зану кӯдаки хурду фарзанди хеш.

Ҳама сарбасар ба куштан диҳем,

            Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Шодравон Лоиқи зиндаёд аз муҷдаи сулҳ шодӣ карда, ба ваҷд омада чунин гуфта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Сулҳи деринтизори мо омад!

Қобили таваҷҷӯҳ  аст, ки имрӯз дар ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мамоликҳои ноором сабақ мегиранд. Мо ёдовар мешавем, ки Ваҳдат ва сиёсат яке аз рукунҳои тақдирсози миллат аст. Миллат ва давлате, ки дар он ваҳдат, ризоияти миллӣ тантана накунад, он миллат ба нестӣ ва давлат аз байн меравад.

Тавре ки  дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буданд:- ,,Миллати тоҷик, миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мову Шумо арзишҳои миллӣ, мероси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адаб ва ҳунари волои онро ба хотири расидан ба қадри истиқлол, ҳуввияти миллӣ,  худшиносӣ, давлату давлатдории навин пайваста омӯзишу татбиқро талқин намоем”

Мо тоҷикону тоҷикистониён  бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем ва  дар ободии ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, нагузорем, ки ин озодию оромӣ, ваҳдати сартосарии мо осебе бинад. Аз бадхоҳону душманони миллат бояд кишварамонро ҳифз намоем.

Ӯ. Умаралиева, сармутахассиси шӯъбаи
 тарбияи раёсати ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Читать далее

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ – омилиинкишофи ҷомеаи солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва тамаддунофар натанҳо бо қадршиносиву эҳтироми илму маърифат, балки бо ташаккул ва инкишофи анъанаву расму оинҳояш дар таърих ҳастии худро ҳифз намудааст.

Маълум аст, ки миллат бе расму оин ва ҷашну маросим буда наметавонад, бо гузашти давр дар замони соҳибистиқлол як қатор анъана ва ҷашну маросимҳо аз нав эҳё гардиданд. Баробари шукӯҳу зебоӣ ва мақбулияти зиёд доштани онҳо дар ҷомеа, рақобат дар анҷоми русум ва ҷашну маросимҳо аз тарафи мардум ба зиёдравӣ ва исрофи беҳуда оварда расонд. Гарчанд, ки анъанаҳо гуногун бошад ҳам, барои табақаҳои ҷомеа арзишу аҳамияти муҳими ҳаётӣ пайдо намуд.

 Боиси хушнудист, ки бо ибтикор ва сарварии Пешвои миллат ва ҳамрайии мардум санаи 11 июли соли 2007 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар баромади худ бо асоси далелҳо Пешвои миллат изҳор намуданд,ки харҷу масрафи зиёд дар ҷашну маъракаҳо оқибат ба вайроншавии оила, паст шудани сатҳи зиндагӣ оварда расониданаш мумкин аст. ҳатто дар асоси таълимоти исломӣ дуруст набудани онро зикр кардаанд. Бо амалишавии қонуни мазкур тӯли даҳ сол он барои мардуми кишвар аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо намуд. Дар ин давр тарзи гузаронидани ҷашну марсимҳо дар амал санҷида назару андешаҳо барои беҳтар намудан, зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ба вуҷуд омаданд. Ин аст, ки ин тағйиру илова барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шуданд, аз он ҷумла: роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ- оростани дастурхони маънавии хоксорона, дар доираи оила ва бе иштироки хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррар намудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шудан, дода шудани ҳуқуқ ба падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо кушодани суръатҳисобҳо, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд бо риояи тартиби муқарраршуда ва иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ гузаронидани хатнасури хайриявии оилаҳои камбизоат.

Хусусан тағйироти дар моддаи 10 Қонуни амалкунанда оид ба танзим даровардани тӯи домодию арӯсӣ меъёре пешбинӣ карда шудааст, ки бо маслиҳати тарафайн ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро баҳри беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф карда мешавад.

Танзим намудани марсими дафну азодорӣ мувофиқи пешниҳодҳо ҷамъи маросими мазкур бе забҳи чорво ва бе гусустани дастархон гузаронида шуда, тартиби гузаронида шудани он аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад, ки дар моддаи 11-ум Қонуни амалкунанда оварда шудааст.

Бо назардошти дархостҳои аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани маъракаи “ ҳоҷизиёрат” ва тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар моддаи 12-и қонуни мазкур тағйиротҳо пешниҳод карда шудааст.

Тағйироте, ки дар моддаи 14-и Қонун пешниҳод карда шудааст, тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим дароварда, дар ин модда масъул будани маъмурияти ҷои баргузории ҷашну маросим дар баробари соҳибони маърака нисбати вақти баргузорӣ, шумораи даъватшудагон мавқеи муҳимро ишғол намудааст.

Қобили зикр аст, ки таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба ворид намудани меъёрҳо оид ба манъи дар муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёт омадани сабақгирандагон пешниҳод карда шуда, ҳангоми риоя накардани ин меъёрҳо беҳуқуқи барқарор кардан, хориҷ намудани сабақгирандагон асос мегирад.

Ҳадаф аз қабули Қонуни мазкур ва мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, аҳли ҷамеаи кишвар яке аз рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, пайдо намудани раванди тоза дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии он, таъмини ҳифзи пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ равона карда шудаааст.

Мо аҳли ҷомеаи бонувони факултети геоэкология ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалӣ гардидани он саҳми худро мегузорем.

Ф.ОЧИЛОВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Читать далее

Қонуни танзим–баракот дар зиндагӣ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳияи  Деваштич ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» мулоқот бо сокинони ноҳия баргузор гардида истодааст.

Санаи 12 сентябри соли равон дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут ва Ваҳдат чунин як мулоқоти муҳим ва саривақтӣ доир гашт. Дар мулоқоти мазкур Зуфар Исмоилзода, Аҳмадҷон Қобилов  - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умрилло Меликов - сардори шўъбаи қонунгузории граҷданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухтор Фозилзода - ректори Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Умрилло Меликов - сардори шўъбаи қонунгузории граҷданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки қонуни мазкур баҳри пешбурд ва некӯаҳволии сокинони кишвар нигаронида шудааст. Аз замони қабули қонуни мазкур сатҳи зиндагии мардум басо беҳтар ва хубтар гардид.

Ба қонуни мазкур тағйироту иловаҳо ворид гардида, аз ҷониби сокинони кишвар ба хушҳолӣ қабул гардид, - илова намуд Умрилло Меликов.

Зуфар Исмоилзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш аз замони пеш аз қабули қонуни мазкур ёдовар гардида, қайд намуд, ки мардум бо сарфи маблағҳои калон  маърака мегузарониданд. Он солҳо бисёр ба сокинон мушкил буд. Ҳамаи инро Ҳукумати кишвар таҳлилу баррасӣ намуда, дар натиҷа қонуни мазкурро қабул намуд. Ин албатта, бо дастгири ва ҳамовозии сокинони кишвар рўйи кор омадааст.

Баргузори чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия дар назар дошта шудааст.

Истамҷонии НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Муассисоти тиббӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодаанд?

Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии имсола иҷрои қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» масъулин чӣ тадбирҳо андешидаанд? Баҳри маълумоти бештар гирифтан дар ин хусус ба беморхонаи ноҳиявии рақами 6-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадем.

Зимни азназаргузаронӣ ба назар мерасид, ки масъулини беморхона ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими имсола омодагии хуб дидаанд. Оинаҳои муассисаи мазкур пурра дуқабата шишабандӣ гардида, соли равон боми беморхона, ки чанд сол инҷониб рўи таъмирро надида буд, бо дастгирӣ ва маблағгузории буҷаи мақомоти маҳаллӣ таъмири куллӣ гузаронда шудааст. Боиси зикр аст, ки дар даромадгоҳи ҳамаи беморхонаро овезаи намоён, бо ҳарфҳои хоно қарор таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба девор бояд насб шавад, ки дар ин бора Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини вазифагузорӣ намуда буданд. Чунин овезаро мо дар даромагоҳи беморонаи мазкур дидем, ки бо ҳарфҳои хоно сабт шудааст.

Хуршедахон Самадова–сардухтури Беморхонаи ноҳиявии №6-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил изҳор дошт, ки баҳри иҷроиши қарори роҳбарияти вилоят, фармоиши Вазорати тандурустӣ дастуру супоришот чанд моҳ пеш ба мо дастрас гардида, тибқи дурнамо дар мавсими сармо 5 метри мукааб ҳезум ва 10 тонна ангишт захира гардидааст.

Корҳои омодагӣ дар ин самт аз моҳи майи соли равон оғоз гардида, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулини беморхонаи мазкур то аввали моҳи август пурра, яъне сад фоиз бо ангишт ва ҳезум таъмин аст.

Бино ба гуфти намояндаи Раёсати тандурустии вилоят Ҷаъфар Маматов тибқи замимаи қарори Раиси вилоят барои соҳаи тандурустӣ дар вилоят бояд 3513 тонна ангишт ва 1592 метри мукааб ҳезум захира гардад. Корҳои омодагӣ дар ин самт аз 10 майи соли равон оғоз гардида, тибқи маълумоти пешниҳодшуда ба санаи 5 сентябри соли ҷорӣ 3404 тонна ангишт ва 1325 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки ин мутаносибан 97 ва 88 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар муассисаҳои, тандурустии вилоят 249 адад генератори барқӣ мавҷуд буда, ба миқдори қариб 15 ҳазор литр, яъне 100 фисад бо захираи сўзишворӣ таъминанд. То ин давра аксари шаҳру навоҳии вилоят нақшаи захираи ангишт ва ҳезум ба пуррагӣ таъмин гардида, танҳо шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод ҳоло нақшаро ба иҷро нарасонидаанд.

Дар бобати сифати ангишт масъулин изҳор доштанд, ки ин масъала пурра таҳти назорати роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят қарор дошта, баъди иҷрои нақшаи захиракунӣ гурўҳи корӣ оид ба сифатнокии ангишти харидоришуда санад тартиб дода, хулосаи хешро пешниҳод менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад. Мутобиқи супориши Раиси вилоят бояд, ки то ба санаи 1 октябри соли равон тамоми муассисоти соҳаи тандурустӣ нақшаи захираи ангишт ва ҳезумро ба пуррагӣ ба иҷро расонанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Барои беҳбудии рўзгор

Дар маҷлисгоҳи Прокуратураи вилоят ба муносибати таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини якуми Покуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода маҷлиси кормандони мақомот баргузор гардид.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда тақозои замон буда, он дар сарфаю саришта кардани маблағи шаҳрвандон ва буҷети оилавӣ, роҳ надодан ба исрофкории беҳуда ва зиёдаравӣ ва дар маҷмўъ дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии шаҳрвандон ва ҷомеа мусоидат менамояд. Зиёда аз ин, маблағҳои сарфшударо волидайн метавонад бо фароҳам овардани шароити мувофиқ дар таълиму тарбияи фарзандон баҳри ба воя расидани инсони комил, маърифатнок ва бо ин васила саҳм гузоштан дар рушди нерўи инсонии кишвар сарф намоянд. Таъкид гардид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон» ба беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таҳкиму такмили ҳаёти ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамин тавр, ба қонуни мазкур 13 тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки бо ин роҳ он такмилу таҷдид ёфтааст. Аз ҷумла, бо илова гаштани моддаи 5,1 вазифаву ўҳдадориҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ , моддаи 14, 1 ўҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тўю маъракаҳо мушаххас карда шудааст.

Прокуратураи вилоят ба нақша гирифтааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиби қонуни мазкурро бо аҳолӣ ба роҳ монда ва назорати иҷрои якхела ва бечунучарои онро дар миқёси вилоят таъмин намояд.

 Ҳамзамон, дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ–Истиқлолияти давлатӣ қарор доштани сокинони ҷумҳурӣ, дастоварду ободкориҳои дар ин давра ба даст омада таъкид гашта, ба муносибати он кулли кормандони мақомоти Прокуратураро табику таҳният намуданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее