September 2017

29 September 2017

Исломи сиёсӣ ва оқибатҳои он

Тайи солҳои охир доир ба масъалаи исломи сиёсӣ дар матбуоти илмиву оммавӣ баҳсу мунозираҳо оғоз гардида, фикру андешаҳои мухталиф ҷой доранд.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд ки: “... имрӯз дар миёни ҷаҳони Ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гуё ифротгароӣ хоси табиати дини Ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз руи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад...”

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Одамон метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеҷ ҳолат ин баёнгари он нест, ки масъулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо паёравӣ мекунанд.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд. Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои вай диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддӣ доранд, чунки онҳо бавуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо аз динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурдан низ худдорӣ намекунанд.

Оид ба  исломи сиёсӣ ва исломи халқӣ сухан ронда, ёдрас кардем, ки набояд пайравони дини мубини исломро дар ҷудоӣ нишон дод. Зеро, ҳудуди ислом барои муттаҳид намудани қабилаҳои парокандаи араб ба арса омада буд, ки имрӯз ҳам дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ ин мақому манзалати худро набояд гум кунад.

Мафҳуми “исломи халқӣ” он муассисаҳое мебошанд, ки тафаккури динии аксари оммаро ташкил медиҳанд, яъне масҷидҳои панҷвақта, масҷидҳои ҷомеъ, шўрои уламо, мадрасаҳо ва ғайра, ки аксарияти мусулмонони Тоҷикистонро муттаҳид мекунанд.

Исломи халқӣ аз рӯи моҳияти худ ҳеҷ чизе бар  зидди тарзи дунявии зиндагӣ надорад. Мақсади асосии ин татбиқ кардани муносибати нек ба Ислом ва анъанаҳои исломӣ ва татбиқи аслии озодии виҷдон аст. Баъзе назариячиёни исломи сиёсӣ исломи халқиро асоси бесаводии динии омма, асоси муносибати бесаводона ба дин ҳисоб мекунанд. Ба ақидаи онҳо аз дастгоҳи имрӯзаи иҷтимоӣ бохабар будани муҳаққиқони исломи халқӣ боиси ақиб кашидани назарияи ислом мебошад ва ба пешрафти ҷомеа халал мерасонад, вале моҳиятан исломи халқӣ ё анъанавӣ ба инкишофи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мухолифат намекунад. Баръакс, он метавонад асоси ҳамкориро байни мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои динӣ муайян кунад.

Тарафдорони назарияи исломи сиёсӣ чунин меҳисобанд, ки маҳз исломи сиёсӣ қодир аст тамаддунҳоро бо ҳам наздик кунад ва гӯё аз ин сабаб сиёсатмадорони дунявишинос нисбат ба исломшиносӣ мусолиҳакор мебошанд. Баъзе муҳаққиқони соҳаи дин, исломи анъанавии мардуми Тоҷикистонро танқид карда, онро шахшуда меноманд. Яъне, ин ислом дар ҳадди охири асри ХХ боқӣ монд ва қобилияти онро надорад, ки дар замони имрӯза амал кунад. Ташвиши онҳо дар он аст, ки намояндагони исломи халқӣ ҷои худро ба ҷараёнҳои дунявӣ медиҳанд ва имконияти  ғоявии худро болотар аз ғояи дунявӣ гузоштанро аз даст медиханд. ҳакиқати ҳол ин аст, ки исломи халқӣ дар шароити Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ то қарни ХХ ба анъанаҳои миллӣ омезиш ёфт ва анъанаҳои амалии он нисбат ба анъанаҳои сиёсиӣ бартарӣ пайдо кард. Яъне, барои диндори анъанавӣ муҳим нест, ки ҳуқуқи вайро кӣ таъмин мекунад, намояндагони азҳоби динӣ ё дунявӣ. Муҳим он аст, ки чунин ҳуқуқро давлат таъмин мекунад:  яъне ҳеҷ кас ва иҷрои расму оини динӣ, тарбияи динӣ монеъ намешавад ва ҳеҷ кас  ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии ӯро дар иртибот  ба ҷаҳонбиниаш, яъне мансубияташ ба дин поймол нахоҳад кард. Аз ин рӯ, беҳтар мешавад, ки такя бо дини мардумии расмӣ, зеро вай даъвогари ҳокимият нест. Маҳз дар ҳамин асос бояд муколама бо исломи сиёсӣ сурат гирад.

Ҷаҳонбинии динӣ ва дунявиро ба сифати ду ҷаҳонбинии дар чорчӯбаи фарҳанги умумимиллӣ ҳамдигарро такмилдиҳанда ва дар як вақт амалкунанда шинохтан мумкин аст. Дар солҳои охир дар доираҳои илмиву сиёсӣ атрофи мафҳуми <<исломӣ сиёсӣ>>  баҳсҳои ҷиддие пеш омаданд. Омӯзиши таълимоти бунёдии ислом ба ҳайси дини ягона нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат он тамоми манбаъҳои фаъолияти башарӣ, аз ҷумла сиёсат ва фаъолияти иҷтимоиро фаро мегирад. Таълимоти сиёсиву ҳуқуқӣ қисми ҷудонашавандаи таълимоти исломӣ буда, баъзе аз меъёрҳои исломӣ фақат бо мавҷудият ва иродаи сохторҳои муайян амалӣ мегардиданд.

Тайи даҳсолаҳои охир дар давлатҳои дунявии ҷаҳонӣ ислом фаъолияти расмии дин фақат дар фазоӣ <<ғайрисиёсӣ>> ҷараён ёфт, дар зеҳнии  баргузидагони сиёсӣ, зиёиён, мардуми оддии мусулмон ва ҳатто руҳониёни исломӣ фаҳмиши ғайрисиёсии ислом шакл гирифт, ки дар он навъи фаҳмиш, ислом ба равандҳои амалии сиёсии ҷомеа муносибате надошт.

Лекин ба чунин фаҳмиши исломӣ ҳамеша дидгоҳи муқобил вуҷуд дошт, ки он ба моҳияти сиёсии ислом ва робитаи он бо сиёсат таъкид мешуд: ҳамин фаҳмиши ислом ба тадриҷ, <<исломи сиёсӣ>> ном гирифт.  ҳамин тавр, дар фарҳанги сиёсӣ истилоҳи нави сиёсиву динӣ  яъне, “исломи сиёсӣ” ҷой гирифт. Имруз мавҷудияти ин ду навъи фаҳмиши исломӣ як воқеияти реалӣ буда, тафовути байни онҳо на танҳо рӯзафзун аст, балки баъзан ин ду фаҳмиш дар муқобили якдигар қарор мегиранд, ки чунин  муносибат барои ҷомеаи мо хатарнок набуда наметавонад. Таркиби исломи сиёсии тоҷик ба ҳамагон маълум аст, ки дар зери ин истилоҳ нерӯҳои сиёсие дар назар дошта мешаванд, ки аз номи ислом амал менамоянд. Ҷомеаи моро зарур аст, ки:  

-Сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардошта шавад;

-Тайёр намудани кадрҳои саводнокиашон ҳаматарафа: динӣ ва ҳам дунявӣ бо мақсади дуруст тарбия намудани ҷавонон ва ташкили муколамаҳои маърифатӣ байни диншиносон ва илоҳиятшиносон; 

-Вусъат додани омӯзиши назария ва амалияи Қонун дар бораи “Озодии  виҷдон ва ташкилотҳои динӣ” ва ғайраҳо.

М.Ўлмасов,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия

Читать далее

Қонун « Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» тақозои рушди ҷомеа

Соли 10-ум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд. Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо барои гарон ба сари мардуми мо буд. Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос дар иҷро намудани маросимҳо ва маъракаҳо пойбанди таасубу истироб гардида, ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшави дигари олам ба назар намерасад. Бинобар ҳамин қабул гардидани қонун саривақтист.

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқи он ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Тавре дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.»

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани  захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти  Бонки миллии Тоҷикистон, соли сипаришуда пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо афзудааст.

Вобаста ба қабули қонуни мазкур, пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо онҳо ба амалишавии қонун мусоидат карда, дар баргузории маърака ва маросимҳо ба мардум сабукҳои зиёд  овард.

М.Исмоилова, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ
 ва фарҳангшиносӣ 

Читать далее

Ислом ба зоти поки худ надорад айбе

Имрўзҳо кўшишҳои давлатҳои абарқудрат баҳри тақсимоти ҷаҳон, дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосирро ба буҳрони вазнини сиёсӣ-иқтисодӣ, терроризм ва зиддиятҳои динӣ-мазҳабӣ гирифтор намудааст. Ин раванд махсусан дар ҷаҳони ислом бештар эҳсос мешавад.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализми (тундгароии) исломӣ ва терроризми трансмиллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Ин раванд аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат гирифта истодааст.

Давлатҳои абарқудрат ва исломӣ имрўзҳо тамоми кўшиши худро дар зери ниқоби ислом барои мақсадҳои ҷаҳонишавӣ истифода бурда, боиси хунрезиву хатарҳо гардиданд. Мисоли равшани он, ҷанг дар Ироқ, Яман, Сурия мебошад. Онҳо ба боварии халқ даромада, бо истифода аз ҷараёну мазҳабҳои гуногуни ислом мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразноки худ расанд. Ба ин мақсад, бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни исломиро созмон додаанд, ки ташкилоти террористии ДИИШ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

ДИИШ бо роҳи даҳшатафканӣ ва нест кардани давлатҳои миллӣ дар Шарқи Наздик сабабгори нест кардани садҳо ҳазор нафар ва ёдгориҳои фарҳангию таърихии инсоният дар Шарқи Наздик гардид. Ин созмони террористӣ бо роҳи таъсиррасонӣ ба тафаккур асосан одамони бесавод ва қишри осебпазири ҷомеа – ҷавононро ба созмонашон бештар ҷалб менамояд. Имрўзҳо ҷалб намудани ҷавонон ба ДИИШ масъалаест, ки тамоми таҳлилгарон, сохторҳои қудратӣ, сиёсатшиносон ва дар маҷмўъ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) чунин баён шудааст: «Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ў солим бимонанд». Ин гуфтаҳо аз он далолат медиҳад, ки ҳатто мусулмоне аз дасту забони мусулмоне набояд озор бинад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархўрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир баръало эҳсос мешавад.

Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактаби тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Харакатҳои тозазуҳури динӣ мусулмононро аз рўи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим намуда, метавонанд замина ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо гузоранд.

Ҳамин тавр, тарғиботчиёни ДИИШ бо истифода аз роҳҳои гуногун ҷавонони саргумзадаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафи худ ҷалб намуда, онҳоро ба коми марг мефиристанд.

Ҳоло мехоҳем оид ба  баъзе роҳҳои ба ин созмони террористӣ ҷалб намудани ҷавононро нишон диҳем:

  1. Дар байни аҳолӣ паҳн намудани таълимоти бегонаи дини ислом, аз ҷула таълимоти салафия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Русия.
  3. Сатҳи пасти саводнокӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд, фазои холии тафаккури бархе ҷавонон ба тарғиботчиёни ДИИШ имкон медиҳад, ки бо осонӣ тафаккури ин гуна ҷавононро аз нав коркард намоянд.

Бояд қайд намуд, ки вақтҳои охир ташкилоти террористӣ, ҳизбҳои исломӣ бо пуштибонии баъзе аз давлатҳои исломӣ, хусусан Ҷумҳурии Исломии Эрон низоъҳои мазҳабии байни сунниҳо ва шиаҳоро эҷод карда истодаанд. Аслан дар байни суннимазҳабу шиъамазҳаб на бояд ягон ихтилофе бошад. Зеро ин ду ҷараён дар ислом баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) аз асри VII инҷониб вуҷуд доранд. Аммо душманони ислом ва сулҳу субот барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, мехоҳанд байни ин мазҳабҳо низоъро эҷод намоянд.

Имрўзҳо ҳамин гуна хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд ва мусулмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ин дасисабозӣ нагардад, зеро ислом дини пок ва мукаммал аст. 

И. АБДУЛЛОЕВ,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ
А.САДРИДДИНОВ, 
сармутахассиси шуъбаи тарбияи ДКМТ

Читать далее

Либоси миллӣ-инъикосгари фарҳанги миллӣ

Фарҳанг нишонаи ҳастии миллат, бақои давлат, муайянкунандаи ахлоқу завқи эстетикии ҳар як шахс мебошад. Маҳз фарҳанг муаррифгари иқтидору тавоноӣ, инъикосгари дастоварду арзишҳои оини рўзгордории ин ё он миллату халқиятҳо маҳсуб меёбад. Хушбахтона, халқи тоҷик дорои фарҳанги волову ҳуввияти баланд ва забони гуворо мебошад. Хусусан, фарҳанги либос, ки аз ниёгонамон омадааст, зебову дилрабо, нотакрор ва бемисл мебошад. Вазифаи мо насли ҷавон имрўз идомадиҳии чунин анъанаи шоистаи таҳсин, эҳёи ному фарҳанги волои гузаштагонамон мебошад. Мо бояд дар баробари бо лафзи ширину равони Рўдакиву Фирдавсиву Хайёму Ҳофиз сухан гуфтан, муаррифгари маданияти зебои либоси ниёгони хеш бошем.

Дар ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, инқилоби босуръати илму техника, дар натиҷаи дастрасшавии шабакаи интернет ва дигар намуди ВАО ба мардум фарҳанги либоси миллии тоҷик аз ду тараф ба таҳдид дучор гардид. Аз як тараф, тақлидкунӣ ба тарзи либоспўшии мардуми Аврупо мебошад, ки ба паст задани шаъну шарафи миллӣ ва номи неки ниёгонамон оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, маданияти зебову нотакрори либоспўшии моро тақлиди мардум ба «либоси исломӣ» танг карда истодааст.

Раванди таҳоҷуми фарҳанги бегона дар заминаи тарғиби анъана ва урфу одатҳои бегона васеъ паҳн гашта истодааст. Мардум зери таъсири васоити ахбори омма ва зери фишори баъзе гурўҳҳо имрўз рў ба фарҳанги ғайр меоваранд, ки ин раванд боиси ташвиши давлату ҳукумат ва умуман, солимфикрони ҷомеа гардидааст. Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ равшанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либоси қавмҳои дигар бо тарғиботҳои «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Зеро, агар ба либоси миллӣ баҳои воқеи диҳем, маълум мегардад, ки барои ҳар як мусалмон комилан мувофиқ буда, ба нишондодҳои дини мубини Ислом зид нест. Ба назари мо таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз нокифоягии дониш вобаста аст. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, аммо дар фарҳанги исломӣ аслан либоси ягонае вуҷуд надорад. Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, ҳар миллат дар тамоми давраҳои зуҳур ва ташаккули ислом либоси миллии худро ба бар мекард ва дар ин самт ягон маҷбуркунӣ ба назар намерасид. Даст кашидан аз либоси миллӣ беҳурматӣ нисбат ба миллат аст.

Интихоби либос ба синну сол ва мавқеи ҷуғрофии маҳал низ вобаста аст, зеро дар манотиқи гарм пўшидани либосҳои ранги сиёҳ ба саломатӣ зарар дорад. Ё баръакс, дар ҷойҳои сард пўшидани либоси ранги сафед ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба тарзи зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад. Доштани иқлими мусоид моро дубора водор месозад, ки идомадиҳандаи либоси миллии ниёгонамон бошему бо сари баланд онро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоем.

Арзишҳои миллию давлатдорӣ арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъҳо ва ақидаҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Хусусан, дар замони муосир ин рисолат бояд ҳаматарафа иҷро гардад.

Тарбияи завқи эстетикии ҳар як шахс ҳанўз аз овони хурдӣ ҳангоми интихоби либос аз ҷониби волидайн ибтидо мегирад. Бинобар ин барои аз таҳоҷуми фарҳанги либоспўшии бегона эмин шудан бояд волидон саҳми бештар гузоранд. Тарғиботу ташвиқот тавассути ВАО, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, қабули қарору дастурҳои дахлдор аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар дар пешгирии ин раванд назорату раҳнамоӣ, интихобу тарбияи завқи эстетикӣ ва эҳтироми маданияти миллии волидон вобастагии калон дорад.

 Аз миллату аз давлати хеш ёд кунед,

 Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

 Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 Мардум бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки бегонапарастиву тақлидкорӣ пеш аз ҳама теша ба решаи фарҳанги волои тоҷик мезанад. Фарҳанг, ки коста шуд, пояҳои давлат ноустувор ва ниҳоят амнияти ҷамъият халалдор мегардад. Агар аз надоштани либоси миллӣ мардум ночор майл ба сўи тақлид мекарданд, боиси ташвиш ҳам набуд. Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, бо вуҷуди ғановати фарҳанги либоси миллӣ солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд.

Тадқиқоти сотсиологии соли 2015 нишон додааст, ки сабаби рӯ овардани занон ба либоси бегона мӯд пиндоштани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин, таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо ва дигар василаҳо мебошанд.

Фаромўш набояд кард, ки тарҳи либоси миллӣ, навъҳои матоъ, тарзҳои дўхтани он ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли асрҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ побарҷо хоҳад буд. Воқеан бо либоси зебои миллӣ зани тоҷик, чун олиҳаи ҳусн бемислу дилфиреб пеши назар ҳувайдо мегардад.

Хусусан, гулкориҳои моҳорона, куртачаканҳои чашмрабо, атласу адрасҳои пурҷило ва тоқиҳои беҳамтои бонуи тоҷик ҳамаро мафтун мегардонад, ки имрўз ҳам дар олам назир надорад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа ба эҳёи баъзе аз унсурҳои аз байн рафтаи аҷдодони мо мусоидат мекунад. Раванди ҷаҳонишавӣ албатта, манфиати бештар дорад, ки мо онро инкор намекунем, аммо ин маънои даст кашидан аз фарҳангу забони миллиро надорад. ҳолати мазкурро ба назар гирифта, зарур мешуморем, ки барои пешгирӣ кардан аз раванди густариши паҳншавии либосҳои бегона, бояд як ҳамоҳангие миёни тарроҳон, фарҳангшиносон, идеологҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин масъала мо бояд нозукбину дурандеш бошем, ки ҳам ҳамқадами замон ва ҳам номбардори ниёгонамон гардем. Хусусан, бо истифода аз дастовардҳои муди имрўза омезиши моҳиронаро ба роҳ монем, то ин ки ҷаҳониён бо дидани матоъи сифатноку назарфиреб, тарҳи дилрабову бонузеби либоси тоҷик ангушти ҳайрат газанд ва ба ин ҳунару фарҳанги волои либоси тоҷик тақлид кунанд.

 З.Комилова,
омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва
фарҳаншиносии ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шуд.

Читать далее

28 September 2017

«Тақдири кишвар чӣ мешуда бошад?»

Ин суоле буд, ки солҳои 90-ум мардум онро такрор мекарданд

Солҳои навадуми асри гузашта халқи азияткашидаи тоҷик бо душвориҳои замона рў ба рў гаштаву мардум ҷони худро ба каф гирифта, тақдири минбаъдаи миллатро интизорӣ мекашид. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос нафароне буданд, ки бо матонат талош варзида, барои ояндаи дурахшони миллат кору фаъолият доштанд. Дар ин бобат мусоҳибае доштем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобоева, ки андешаҳои худро иброз дошт.

- Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши басо муҳим дошта, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Дар давраҳои басо ҳассос андешаи мардум бобати нафаре, ки бояд дар оянда сарнавишти миллату давлати тоҷикро ба дўш мегирифт, гуногун буд. Падари шодравонам Домуллоҷон Бобоев, ки нисфи умри бобаракати хешро сарфи хизмат ба мардум кардаанду солҳои дароз ба ҳайси раиси колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинохта шудаанд, ҳар бегоҳ ба хона хеле хаставу лакот бармегаштанд. Бар замми ин, бемории фишорбаландӣ он касро азият медод. Ҳарфи нахустинашон баробари ба хона ворид гаштану меҳрубониҳои ҳамсари меҳрубонашонро эҳсос кардан «Тақдири минбаъдаи халқамон чӣ мешуда бошад-а?» буд. Гўё модар ба суоли он кас ҷавоби мушаххас медода бошанд, бо нигоҳи самимонаю меҳрубонона ҳамсари аз кор мондашудаашонро ба сари дастархон даъват мекарданд.

- Рўз бароямон вазнин гузашт, - мегуфтанд падар. - Имрўз чаҳор касро ба номзадӣ пешниҳод кардем, аммо ҳамагон рад карданд. Дар ин давраи басо пурталотум кӣ ҳам метавонад бори гарони давлатдориро ба дўш гирад? Ба гумонам ин масъала хеле тўл мекашад,- бо таассуф сар меҷунбониданд қиблагоҳӣ.

- Домуллоҷон Бобоев иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд магар?

- Бале. Тақдири минбаъдаи давлати тоҷикон раиси онвақтаи колхозро низ бетараф гузошта наметавонист. Ёд дорам, қиблагоҳӣ ширинии лимўдори пухтаи маро бениҳоят дўст медоштанд. Тановули он каме бошад ҳам он касро аз бемории фишорбаландӣ мераҳонид. Аммо ин навбат падар ба ширинии рўи дастархон гузошташуда нигоҳ ҳам накарданд. Ҳатто аз гулўяшон хўрок ҳам нагузашт.

«Қоиле, қоил! Ҳамин қадар бачаи таърифӣ-я. Лекин метарсам, ки увол нашавад», худ ба худ гап мезаданд он кас. Аҳли оила бо тааҷҷубу суоломез ба падар нигаристем. Падар андешаҳояшонро чунин иброз доштанд: «Имрўз Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов гуфтагӣ як ҷавон ба раиси Шўрои Олӣ шудан розигӣ дод. Чунон ҷавони таърифӣ, боодоб, боҷасорат, хушмуомила, ки мондан гиред. Ҷуръати ў ҳамаро қоил кард. Дар ҳоле, ки мардум нони хўрданӣ намеёбанд, вай ба бесарусомониҳои замона нигоҳ накарда, ояндаи чунин халқи азиму давлати бесаробонро ба дўш гирифт. Ба ҷуръаташ қоил шудан даркор», -мегуфтанд падар.

- Мардуми толор раиси Шўрои Олии навтаъинро чӣ гуна пазируфта бошанд?

-Ин суолро ман ҳам аз падар пурсон шуда будам. «Дар байни халқ миш-мишҳо зиёд шуданд. - «Ин ҷавон хатар ба ҷони худро қабул кард, на роҳбариро, мегуфтанд мардум», ҷавоб доданд он кас. Охир дар он давраи пурталотум ва кашмакашҳои сиёсӣ на ҳар кас чунин иқдом мекард.

Имрўз бо боварии том гуфта метавонам, ки агар инсон дорои ҷасорат бошаду бо тамоми ҳастӣ миллаташро дўст дошта, ба коре иқдом намояд, албатта ба он сазовор хоҳад шуд. Маҳз, ҷонфидоӣ, нотарсӣ ва шуҷоати раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрўз кишвар обод, мардумаш шод ҳастанду дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат сазовору арзанда ҳастанд.

Мусоҳиб
 Шоира САЛИМОВА

Читать далее

Дастгирии аҳли маориф рисолати нек аст!

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар қаламрави вилоят як қатор муассисаҳои таълимии ҷавобгў ба талаботи замон сохта, мавриди истифода қарор дода шуда истодааст, ки ин амр бевосита нишони эҳтиром ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф мебошад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд. Сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, таъмини шароити хуби меҳнатии омўзгорон ва беҳдошти аҳволи иҷтимоӣ аз он дарак медиҳад, ки эътибори пайвастаи Пешвои миллат ба ин самт хеле назаррас аст.

Барои бомуваффақият гузаронидани истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии кормандони соҳаи маориф тибқи барномаи махсус иқдоми шоистаеро амалӣ намуд. 5 июли соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2017” ба тасвиб расида буд. Тибқи банди дуюми Қарори мазкур барои солимгардонии кўдакону наврасон аз оилаи ниёзманд ва ятимон маблағи муайян ҷудо гардид. Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани истироҳати кўдакон бо ҷонибдории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ситоди тобистона таъсис дода шуд. Дар ҷараёни амалӣ гардонидани барномаи судманд сохторҳои марбута аз ҷониби Раиси вилоят дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Самараи ғамхориҳои саривақтии Раиси вилоят буд, ки нақшаи қабули мактаббачагон ба истироҳати тобистонаи кўдакону наврасон дар аксар лагерҳо барзиёд иҷро гардида, истироҳаткунандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят таътили тобистонаи худро дар сатҳи зарурӣ гузарониданд.

Бо пайгирӣ аз дастур ва супоришҳои маорифпарваронаи Раиси вилоят Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд аз ҳисоби худӣ дар лагери Маркази солимгардонии “Суғд” барои қабули кўдакону наврасон тамоми шароитро фароҳам сохт. Соли равон Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ошхона, хонаи даромадгоҳ, гирду атроф, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзи шиновариро аз таъмир бароварда, сафи қабули кўдакону наврасонро афзун сохт.

Мувофиқи нақшаи пешакии тарҳрезишуда мебоист 450 нафар ба истироҳат фаро гирифта шаванд, вале дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас маҷмўан дар чор баст зиёда аз 780 нафар кўдакону наврасон ҷалб гардиданд, ки аз онҳо 56 нафар ятим ва 468 нафар аз оилаҳои камбизоат буданд.

Бо мақсади қадрдонии заҳмати омўзгорону устодон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола барои барқарор намудани саломатии ин табақаи ҷамъият 100 адад роҳхат ҷудо карда мешавад. Ба ҷуз ин, дар заминаи ҳидоятҳои бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри дастгирии омўзгорони фаъол чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар саросари кишвар, хосатан, дар сатҳи вилоят баргузор намудани озмунҳои “Олими сол”, “Омўзгори сол”, “Мураббияи сол” бо шукўҳ ҷараён гирифта, дастовардҳои олимону омўзгорон пайваста қадр карда мешаванд. Бар замми ин, омўзгоре, ки шогирдаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст, бо маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз мегардад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд соли равон тасмим гирифт, ки 30 нафар омўзгоронро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба истироҳат ҷалб намояд. Умуман, дар вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои 1,4 фоизаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ зиёда аз ҳаштсад нафар омўзгор аз макотиби шаҳру ноҳияҳои вилоят ба табобату солимгардонӣ ҷалб карда шудаанд.

Имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо моро муваззаф месозад, ки рисолати хешро иҷро намуда, чун намояндаи иттифоқи касаба дар ҷомеа масъулиятшинос бошем, то ин ки соҳаи маориф ва сатҳи дониши хонандагону донишҷўён ҷавобгўи меъёрҳои замона гардад.

Мўсобек МИРОВАТОВ,
раиси Кумитаи иттифоқи
касабаи кормандони маориф ва
 илми вилояти Суғд

Читать далее

Фитнае, ки бо ҳамдастии бегонагон афрўхта шуд!…

Дар ҳошияи филми мустанад оид ба фоҷиаҳои Тоҷикистон

Дар филми мустанаде, ки аз ҷониби таҳлилгарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарпарастон ва ташаннуҷдиҳандагони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар таҳия ва пахш шуд, як нуктаи муҳим бамаврид таъкид шудааст, ки «ҷанги шаҳрвандии дохилии кишвари мо барои манфиатҳои дохиливу берунӣ майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона ба ҳисоб мерафт» ва дар ин раванди пурхатари миллаткуш ватандорони асилу дилбастаи миллат вобаста ба шароити мавҷуд талош карданд, ки оташи ҷанги бунёдсўзи миллат хомўш шавад.

Воқеан, тарроҳи аслии ҷанги ҳамватании Тоҷикистон «бегонагони бадхоҳ» буданд.

Дар филми пурдалели мустанад бисёре аз рухдодҳои ҳузнангези замони ҷанги шаҳрвандӣ, пиёдасозиҳои амалиёти нангини «душмани хонагӣ» дар амри амалӣ шудани майлу нияти ғосибонаи «хасми бурунӣ», дар маҷмуъ, зуҳуроти ҳангуфти сиёҳ бо ранги сафед ва равшан таҷассум ёфтаанд. Ҳадафи филмсозон боз намудани чашми насли имрўз ба асли моҳияти ҳаводиси фоҷиавии миллат аст, то аз он рухдоди сиёҳ ба андеша раванд.

Дар маркази диққати филми мазкур замоне таҷассум ёфтааст, ки дар перомуни он ҳазорҳо мардуми тоҷик қатл, хонабардўш, овора ва бечора шуданд. Гузашта аз ин, куштори рўҳиву ҷисмии шахсиятҳои бузургу тавонои миллат – сиёсатмадорон, олимон, адибон, рўзноманигорон рахнае азим ва фоҷиае муассир дар раванди сулҳу осоиши Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Дар асл аз байн бурдани нерўҳои пешбари миллат, амсоли Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Fуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Отахон Латифӣ, Ҷумъахон Ҳотамӣ, аз аҳли сиёсат ва ҳуқуқ Сафаралӣ Кенҷаев, Каримҷон Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Собирҷон Бегиҷонов, Нурулло Хайруллоев, ходими маъруфи дин Фатҳулло Шарипов нишонаи разолат ва ваҳшигарии қавмӣ аст, фикр мекунам, ки набояд дар ҷомеаи маънавиятсиришт ва фарҳангпарвар рух медод.

Мутаассифона, мо ин корро кардем ва ин «таҷриба»-ро пай гирифтем. Ин амри махуф сабаб гардид, ки генофонди миллӣ ва мағзҳои фарҳангӣ аз ночории айёми кулфатзо рў ба паҳну парешонӣ оварданд ва нерўҳои ақливу илмӣ ба ҷудоии ҳам афтоданд, пойтахти кишварро тарк карданд, мавҷи фавҷи муҳоҷирати дохиливу хориҷии аҳли донишу хирад афзуд. Аз ваҷҳи авзои нобасомон онон ҷуз рўй овардан ба ин амр дигар чора надоштанд.

Ин нукта бешубҳа, баёнгари ҳаводиси мудҳишу пуртаҳлука аст, ки ба сари кишвари мо омад, аҳли миллатро ба вартаи ташвишу нигаронӣ афканд. Хушбахтона, мо имрўз дар ҳоли осоиш қарор дорем ва он рўзи нобасомонро пушти сар партофтем. Имрўз мо, хушбахтона, ба башараи манфур ва адоватовари силоҳбадастони солҳои 90-уми асри гузашта рў ба рў нестем, чунон ки дидани шаклу андоми дилғашкунанда дар оинаи филми мазкур рўҳияи ҳар бинандаро хиҷил мегардонад. Талошҳои Пешвои миллат дар самти дарёфти зиндагии хуш ва осоишта, азму суботи амнияти миллӣ ва давлатии мо дар роҳи ба худ овардани мардум ва насли имрўз аз асли ҳаводиси фоҷиабори миллат дар сатҳи хеле назаррас қарор дорад. Фикр мекунам, зуҳуроти нерўҳои ҷанговаре амсоли Ҳалим Назарзода ва пайкорҳои тахрибкори ў ҳамеша моро ба ҳушдорӣ ва ҳушёрӣ меорад, то дар оянда ҷилави чунин пайкорҳо боз ҳам бештар гирифта шаванд.

Дар филм дар асоси далелу санади фаровон кўшиш ба харҷ рафтааст, ки нақши ҳарчӣ бештари номатлуби ҲНИТ ва Ҳалим Назарзода, ҳамчунин дастгириву пуштибонони моддии хориҷии онон хеле равшан ба намоиш ояд. Филми мазкур дар ин замина маводи хос ва муҳимеро ба ихтиёри насли имрўз фароҳам оварда, онҳоро аз решаҳои вуқўи ҳаводиси сиёсии Тоҷикистон огоҳ месозад, то чашми мо ба оянда боз бошад. Дар ин тарҳ бо сабабгорони аслии ҳодиса ошно мешавем. Аз перомуни филм симои ҳақиқии фарзандони шум ва саркардаи ҷанги қавмии тоҷик дар тарҳи диверсантҳои хориҷӣ равшану аниқ мешавад: Аз ҷумла, яке аз нафарони меҳварӣ Абдуқодир Абдуллоев – роҳбари гуруҳи ҷиноятпешагони муташаккил дар амри афтонидани қомати Тоҷикистон ва сиёҳ кардани чеҳраи кишвар мебошад, ки аз раванди суҳбаташ шахси таҳсилдида ва таълимгирифта буданаш ошкор аст, аммо, мутаассифона, донишу тавониаш сарфи иҷрои мақсаду нияти хоҷагони хориҷӣ шудааст.

Дигар аз тахрибкори фазои кишвари мо Тағоймурод Ашрапов – нафаре даркорӣ ва усулгаро барои хориҷиён аст. Ў ҳушдор медиҳад, ки аз соли 1995 ба таълими диверсионӣ ҷалб шуда, аз соли 1997 амалан ба сарнагун кардан ва аз байн бурдани қишри умдаи равшанфикрон, уламо, донишмандон, адибон ва рўзноманигорон камари ҳиммат баста ва ин амрро аз ҳадафҳои меҳварӣ дар роҳи устувор шудан миёни мақомоти мухолифин ба шумор меовард. Ў ба ин васила бо роҳбаронаш – ашхоси вайроновар ва зараррасони кишвар ҳамкорӣ кардааст. Ин паёмади нангин то чӣ андоза рўҳиёти нопоку ноустувори ин гуна тўдаи разолатро равшан собит мекунад. Ба ин маънӣ, дар филми мустанад фаъолияти хатарноки нафарони миллаткуш, амали итоаткори онон ба хоҷагони хориҷиву дохилиашон бо асноди фаровон таҷассум ёфта, ки бо рафтори ношоями ҷинояткорӣ номашонро бо ранги сиёҳ ба таърихи навини Тоҷикистон сабт кардаанд. Саймухриддин Қудратов низ аз нафарони дар мактаби диверсантони хориҷӣ таълим гирифтааст, ки дар қатли оми ашхоси хос кудурат ва дасти пурқудрате доштааст.

Кори меҳварии инҳо «шикор»-и аҳли зиё ва сиёсатмадорон, куштори шахсиятҳое аст, ки нуфузи ҳарчӣ бештареро дар ҷомеа соҳиб буданд ва мо онҳоро дар боло ном гирифтем. Онҳо бо қатли сиёсатмадори номвар ва ҳуқуқшиноси шуҳратманд, публитсисти шуълавар Сафаралӣ Кенҷаев хостаанд, ки нафрату адовати мардумро ба Ҳукумати феълии Тоҷикистон бештар ва бедор намоянд ва дар вусъати ин андешаи мардум, ки гўё «Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва фаъолияти сиёсии ў ба ҳукумати вақт халал мерасонид», «саҳм» гузоранд. Аммо воқеияти аслии сиёсати Тоҷикистон ва ошкор шудани уқдаи рўйдодҳои сиёсии он ҳақиқати раднопазири марги ин сиёсатмадорро собит сохт.

Ташаннуҷдиҳандагону иҷрокунандагони фоҷиаҳои гўшношуниди Тоҷикистон ниҳоят ба ин нуктаи заъфи худ пай бурдаанд, ки дар ин раҳ гумроҳ шуда ва аз моҳияти он хиёнатҳо ва саҳнасозиҳои сиёсии хориҷиён дар роҳи афтонидани Тоҷикистон огоҳ набудаанд, аз ин рў, имрўз акнун ба вуҷуди ҲНИТ ҳамчун ниҳоди аслии террористӣ, ба ҷойгоҳи ҳастии Ҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун шахсиятҳои ҷиноятпеша ва динфурўш бовар пайдо карданд ва акнун ҳарчанд дер шудааст, аз насли имрўз, ҷавонони ҳушманди миллат хоҳонанд, ки пайгири ин гуна роҳу равиши диверсантӣ, ифротравӣ ва ифротандешӣ нашаванд. Аслан, аз пушаймонӣ чӣ суд, ки ин гумроҳӣ ва нодонӣ як муддат ба сари миллат оби сард рехт, мо зомини хуни сарсупурдагону пешравони илму фарҳанг ва сиёсати кишвари Тоҷикистон шудем…

Дар ҳар сурат, пушаймонии як насли хирадгурези тоҷик барои мо, насли имрўзи тоҷик сабақи ҷиддӣ бояд бошад, то дар оянда дигар барои ба чунин ҳолати табоҳ ва вартаи ҳалокатбор рў ба рў нашудани Тоҷикистон ва тоҷикон роҳ надиҳем. Виҷдон ва номуси миллӣ барои мо аз ҳар чизи дигар бартар аст.

Субҳони Аъзамзод,
мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Fафуров,
 номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

Ҳаёти пурсамар дорем, шодем!

Даврони соҳибистиқлолӣ ба сар то сари кишвари азизамон, аз ҷумла Панҷакенти бостонӣ нишоту нумўи зиёде овард. Симои он пуробурангу зебо, дигаргун шуд. Дар ин айём ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида корам гаштанд, садҳо иншооти хурду калон бунёд ёфта, имрўз фаъолият мебаранд. Мардум тинҷу осуда, бо рўҳбаландии бунёдкоронаю созанда барои гул-гулшукуфии диёрамон сарбаландона меҳнат мекунанд. Чандин иншооти таълимию табобатӣ, саноатию кишоварзӣ симои Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлолият ба куллӣ дигаргун сохтаанд.

Мо имрўз дар кишвари соҳибистиқлол умр ба сар бурда, ба сўи ояндаи нек, худшиносӣ ва бузургдошти давлати худ қадамҳои устувор мегузорем.

Истиқлолияти давлатӣ гаронтарин ва арзишмандтарин дастоварди миллӣ мебошад, ки баъди ҳазорон соли давлатдории Сомониён Ватани моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу озоди миллӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ кард.

Албатта, ҳамаи бунёдкориҳо, комёбиҳо бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Чанд соли охир дар Панҷакент дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масалан, шумораи соҳибкорон хеле афзуд, роҳҳои маҳалла ва кўчаҳои шаҳр асфалтпўш шуданд, гирду атрофи кўчаҳо ба гулу гулзор табдил ёфтанд, садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардиданд. Мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Ёрӣ, Амондара аз ин ғамхориҳо бениҳоят шод шуданд.

Бо дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят чандин бинои мактабҳо ва беморхонаҳо сохта ба истифода шуданд, шумораи корхонаҳои ҳунармандӣ зиёд гардид, ки ҳоло дар онҳо садҳо занону духтарон фаъолият мебаранд.

Барои мардуми аз офати табиӣ зарардида манзилҳои ҳозиразамон сохта шуд.

Мо, пиру барно даст ба дуои нек бардошта ба роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят, бахусус ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саодати зиндагиро таманно менамоем.

Ўроқбой РАҲИМОВ,
 шаҳри Панҷакент

Читать далее

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Читать далее