September 2017

07 September 2017

Конибодом: “Шоми ҷавонӣ” дар боғи Камол

Тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили сазовори «Соли ҷавонон» дар боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии ҷавонони шаҳри Конибодом таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои дастии ҷавонони шаҳри Конибодом ва ихтирооту навоварии он оғоз ёфт.

Сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода якҷоя бо намояндагони роҳбарияти шаҳрамон аз намоишгоҳ дидан карда, бо ҷавонон суҳбатҳо доир намуданд. Зимни мулоқот сардори Раёсат ба ҷавонони навҷӯву эҷодкор маслиҳату тавсияҳо дода, ба ҳамкорӣ бо ҷавонони дигар шаҳру навоҳӣ даъват кард.

Баъдан дар ҳамин мавзеи зебову дилрабо чорабинии бошукӯҳи аҳли санъати шаҳри Конибодом пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.

Дар баргузории чорабинӣ асосан ҳофизону ҳунармандони ҷавон ҷалб гардида, он дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт.

Суруду таронаҳои дилошӯби ҷавонӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон, қироати шеърҳо аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳр, саҳнаҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ ва ҳунари навозандагии санъаткорони шаҳр табъи мизбононро болида гардонд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ҷавонон дар боғи Шайх Камол сайр намуданд.

Пайгирӣ аз ин иқдом бешубҳа ба дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дарёфту рушди соҳибистеъдодҳои ҷавон мусоидат хоҳад намуд.

Парвина Абдуллоева

Читать далее

Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон

Бахшида ба эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  Каточков Виктор Михайлович, ноибректор оид ба муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи Ҷануби Урал, президенти фонди рушди иҷтмоӣ-иқтисодии  «ҳамкории Авруосиё», доктори илмҳои иқтисодӣ, Шишкина Ирина, баҳодеҳ ва таҳлилгар аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, Хуршеда Содиқова, танзимгари ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоӣ , Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, директори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ ширкат варзиданд.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҳамкории ҳасанаи ду кишвар дар ҳама самтҳо ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстии ин ду миллат нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои хеш, дар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, хосса забони русиро дар мадди аввал гузоранд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барои рушди омӯзиши забони русӣ ҳама шароитҳо муҳайё буда,  донишкада бо беш аз 50 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дорад. ҳоло наздики 12 устоди  донишка дар аспирантура ва доктрантураи ин кишвар таҳсили илм доранд. Гузашта аз ин, донишкада барандаи се лоиҳа гардид, ки мутобиқи он устодон ва шогирдон минбаъд метавонанд барои тақвияти дониш ва табодули таҷриба ба муассисаҳои олии хориҷӣ сафар намоянд. 

Каточков Виктор Михайлович зимни баромади хеш аз фаъолияти донишкада дар мавриди пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, пешрафти соҳаи технологияи иттилотӣ, сатҳи баланди донишазхудкунии донишҷӯён васф намуда, қайд кард, ки мо зимни роҳандозии лоиҳа дар беҳтарин муассисаҳои Осиё ва Аврупо будем ва чунин равияи таълимро, ки имрӯз донишкада пеш мебарад, кам дидем. 

Баромадкунандагон Шӯҳрат Ҷумъаев, аспиранти Донишгоҳи Ҷануби Урал,  Солиев Зоир Тоирович, номзади илмҳои педагогӣ, Бакаев Мирзоҳамид,   дотсентони ДПДТТ, Комил Раупов ва Шаҳноза Оқилҷонов, устодони ДПДТТ  дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт маърӯза намуданд.  

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар викторина дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи ҷаҳон»  доир шуда, донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Читать далее

Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

3. Ҳадафи мустақим дар рифоҳи зиндагӣ

Фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи муборизаҳои басо мураккаб, тезутунд ва хеле ҳассос оғоз ёфт. Дар ин раванд ифода ва ё чунонки мегўянд, воҷаи фарҳанги ҷомеадорӣ ба ҷараёни ҳаёт омезиш ёфт ва он корсоз бишуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ зикр шудааст. «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демок-ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Биноан, ташаббусҳои созандаи кишварамон бо тафаккури бунёдӣ ва ҳадафмандии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи умумиҷаҳонӣ касб карда, ҷонибдории афзуне гирифтаанд. Чунонки Сарвари давлат дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзўи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки он дар шаҳри Душанбе 12 июни соли 2017 ба вуқўъ пайваст, изҳор намуданд: «Кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рўи истифодаи манбаъҳои тавлиди «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014-2024-ро фаъолона ҷонибдорӣ намудааст».

Дар ҷараёни ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии сипаришудаи «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», бо ибтикори Тоҷикистон – бо иттифоқи оро – қатъномаро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», 2018-2028 қабул кард. Ҳамин талошҳои бунёдӣ дар масири рушди устувор мавқеи комил дорад.

Мардуми мо ваҳдатшиору ваҳдаткоранд, сулҳпарвару нусратшиоранд. Ба ҳамаи корҳои неку созанда бо дасту дили гарм, бо ақлу идроки расо муносибат мекунанд. Ба қавли Ҳаким Носири Хусрав:

Чу расми ҷаҳонӣ ҷаҳон беш бинӣ,

Ҳазар кун зи бадҳош агар пеш бинӣ!

амал намуда, кору пайкори хешро тақвият мебахшанд. Падидаи хеле ва хеле нодири миллӣ – Ваҳдати миллӣ, ки хоси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад, бо ном ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Мардуми мо имрўз бо ҳамин се рукни давлатдории навин: Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ ҷонпайванд буда, дар атрофи Пешвои миллати худ муттаҳиду меҳрпайванд ва садоқатманд ҳастанд. Мо аз Сарвари хирадманди давлати худ ифтихормандӣ дорем, баҳри афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосоямон Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста азму суботи миллӣ нишон доданд ва ин ҳадаф мунтазам хирадмандона амалӣ мегардад. Ин муаррифӣ дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудаанд, ки дар оинаи ҳаёти умумибашарӣ ҷилои миллӣ дорад.

Ҳамин боз як ташаббуси ҷадиди Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар Рўзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами бунёдӣ ва устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон мегардад. Барои миллати тоҷик ин таҳкимбахшии нуфузи Тоҷикистон ва обрўю манзалати Сарвари хирадманди давлати тоҷикон хеле ва хеле гуворост.

Зеро Тоҷикистони имрўза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифтааст, ки дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ва махсусан, миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик сабт шудаанд.

Мегўянд: Ваҳдату иттиҳод барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ вобастаи ин нерўи сарнавиштсоз мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолӣ шинохта шудааст.

Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи таърихӣ ва дар боғи ҳаёт сабзиш доштани Ваҳдати миллӣ меравад, зеҳну хотироти мо беихтиёр вориди таърихи на чандон дури кишвар, яъне аз бист то биступанҷу бистушашсолагӣ мегардад. Дар ин айём фарзанди худогоҳу покизасиришт – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ баромаданд, ки нидои қалбашон саршор аз ҳуввият буд – «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин сухани дил, ин нерўи зеҳнӣ ва ин ҷўши одамият ва ҳамияти ватандорӣ мардумро рўҳу тавони воқеӣ, умед ба ояндаи неку дурахшон, саодатмандӣ, шарафмандӣ бахшид. Биноан, Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ – дар сарнавишти мардуми тоҷик дар як радиф қарор гирифтаву ҳар сокини кишварро ўҳдадор менамоянд, ки ғояҳои онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, бояд баҳри рушду тараққиёти диёр ва осудаҳолии сокинони он содиқона кору пайкор намоем.

Ҳамин се рукни миллӣ асоси суботи ҷомеа ва рушди устувори кишварро дар фарогирии моҳият ва муҳимияти созандагӣ, муттаҳидсозӣ ташкил намуда, тақвияти комил бахшидаанд.

Даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои корсози Иҷлосияи тақдирсоз ва риштаҳои пурдошти Ваҳдати миллӣ иқдомҳои соф миллиро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин росто, бо ташаббуси бунёдии Пешвои миллат ду Қонуни аз ҷиҳати мазмун ва моҳият болиғи миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод ва қабул карда шудаанд, ки имрўз мавриди амал қарор гирифтаанд. Ҳар ду Қонун бешак, аз миллитарин, муҳимтарин ва мардумитарин Қонуне мебошанд, ки бо дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар, дар раванди муҳокима ва пешниҳодоти омма мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд.

Халқи тоҷик соли равон бистсолагии Рўзи Ваҳдати миллиро бо фараҳу шодмонӣ, ифтихору саодатмандӣ таҷлил намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии Ватани азиз азму суботи тоза гирифт. Ва амалҳои ҷадидро ба пешвози ҷашнҳои бистушашсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва биступанҷсолагии Иҷлосияи таърихиву тақдирсози миллату давлати соҳибихтиёр роҳандозӣ менамояд.

Дар ин радиф дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир ҳадафмандона амалӣ гардида истодаанд.

Ҳамин тавр, се рукни давлати навини тоҷикон – Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Ваҳдати миллӣ дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамрадиф мебошанд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни сохтмони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов шинос шуд.

Тавре маълумот дода шуд, фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “РС Барқарор” мебошад. Сохтмони қасри фарҳанг соли 2016 оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи феврали соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд. Қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Айни замон дар ин иншоот 35 нафар бинокор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Ҳангоми шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии хушсифат ва омезиши нақшу нигори миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин ободониву сабзкории атрофи муассисаи фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Читать далее

“ПАРВОЗИ ОРЗУ”: Эҳдо ба кўдакони босаодат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид доштанд, ки тарбияи насли наврасро бояд аз кўдакистон оғоз намуд. Маҳз бо ин иқдоми Пешвои миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сўҳроб Маҳмудов кўдакистони замонавӣ дар арафаи ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Раиси вилоят бо буридани лентаи рамзӣ вориди бино шуда, аз утоқҳои кўдакистон дидан намуда, ба машғулият ва хушҳолии кўдакон мароқ зоҳир кард. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар 6 гурўҳ 150 кўдак фаро гирифта шуда, 22 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Читать далее

Вусъати ободкориҳо – аз файзу баракати Истиқлолият

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Сараввал, Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии кўчаи Фахрии деҳаи Рўмон шиносоӣ пайдо намуда, бо сокинони деҳот мулоқот кард. Абдураҳмон Қодирӣ сокинони Ҷамоатро бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Читать далее

06 September 2017

Гургзода оқибат гург шавад…

Замоне дар мамлакате дуздӣ ба авҷи аъло мерасад ва ниҳоят бо супориши подшоҳи ҳамон давр дуздон ба даст меафтанд. Подшоҳ ба қатл расонидани онҳоро фармон медиҳад.

Дар ҳамон ҳолат чашми вазир ба ҷавоне меафтад ва аз подшоҳ илтимос мекунад, ки аз хуни ҷавон даргузарад. Ва ваъда медиҳад, ки ўро дар қатори фарзандҳояш тарбия хоҳад намуд. Подшоҳ розӣ мешавад ва ин ифодаро ба вазир хотирррасон мекунад: «Гургзода оқибат гург шавад, гарчӣ бо одамӣ бузург шавад». Рўзҳо, моҳҳо, солҳо сипарӣ мешаванд ва дузди ҷавон бо ҳамроҳии фарзандони вазир умр ба сар мебараду ва яке аз дўстдоштатарин дар байни фарзандон ба ҳисоб мерафт. Вазир бо камоли майл ба ҷавон боварии комил дошт ва оқибат масъулияти хазинаи подшоҳро бар дўши ў ниҳод. Дар яке аз шабҳо ҷавон аз хобаш мехезад ва сарҳои фарзандони вазирро аз тан ҷудо менамояд ва то қадри имкон аз хазина барои худ зару зевар мегирад ва хонаи вазирро тарк менамояд. Вазир аз ин огоҳ мегардад ва аз кори кардаи хеш пушаймон мешавад ва ба сухани подшоҳ гўш надоданаш худро маломат мекунад.

Овардани як манзараи болои аз он иборат аст, ки нохалаф, нокас дар ягон давр ба корҳои хуб даст намезанад ва ҳамеша пайгирӣ корҳои нохушу нохушоянд мегардад.

Боиси хурсандӣ ва сарфарозии замони имрўз аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо рў ба рушд ниҳода ва бештари мамлакатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро яке аз давлатҳои фарҳангиву маданӣ мешиносанд. Хушбахтона, террористону хоинони Ватан давраи бесарусомони бо сардории Халим Назарзода ошкор ва дастгир карда шуд. Марги ашхосе, ки қурбони амали разилонаи нохалафон гардиданд, дили на танхо хешу акраборо реш кардааст, балки садхо хазор шахрвандон аз марги онҳо ғам мехўранд. Нобакорон ҷисми онҳоро аз байн бурда бошанд ҳам, кори хуб ва номи неки онҳоро аз байн бурда натавонистанд.

С.Вайдуллозода,
дотсенти факултети филологияи тоҷики ДДХ

Читать далее

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Ноҳияи Мухтори Синзиян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Боиси хурсандист, ки соли равон пиру барнои мамлакат ҷашни ҳумоюни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи озодию соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, дар остонаи таҷлили яке аз санаҳои мубораки таърихи миллат - 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Истиқлолият чун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рӯзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд.

Читать далее

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем

Имрӯз ҳар як шаҳрванди солими аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд шукргузор аз неъмати бебаҳои Истиқлолият, оромию осудагӣ ва фазои созандаю бунёдкор бошад ва ҳатман бо кадом роҳ ва кадом мушкилиҳои сангин ба даст омадани ин вазъияти созгори ҳаёти ҷамъиятро фаромӯш насозад. Он роҳе, ки мову шумо барои ба даст овардани Истиқлолият тай намуд, хеле дурудароз ва пур аз муаммову саддҳои табииву сунъӣ буд. 

Ба халқи барӯманди тоҷик даст дод, ки зери партави сиёсати пешгирифтаи сарвари фозил, оқилу дурандеш ва ҳамзамон сиёсатмадори пурмаҳорат Эмомалӣ Раҳмон ин саҳифаи мушкили сиёсиро пасисар намояд. Имрӯз Тоҷикистони мо ба қатори яке аз мамлакатҳои соҳибистиклоле, ки нерӯи бузурги илмӣ, маданиву фарҳангӣ дорад, мубаддал гаштааст ва дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ пешравии назаррас ба чашм мерасад.

Аммо тазоди зиндагист, ки бархе наметавонанд шукуфоии кишварро бубинанд ва кӯшишҳое доранд, то теша ба решаи амну осудагии мо бизананд. Бо тӯҳматҳои ноҳақу далелҳои беасос майли дар байни мардум коштани тухми кинаву адоватро доранд ва иғвогариҳои ин қабил мардуми дур аз мафҳумҳои олии сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осоиштагӣ, хотирҷамъӣ боиси сарусадоҳои гуногун шуда истодааст.

Мо, омӯзгорон-таълимдиҳанда ва тарбиякунандагони насли наврас аз чунин зухуроти номатлуб бояд дар канор набошем, бе тафовут ва бетараф набошем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврасро дар асоси сиёсати созандаи пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукумат тарбия намоем. Онҳоро аз роҳҳои гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздорем ва ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Шоира Ҳакимова,
дотсенти кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти тоҷик

Читать далее