September 2017

05 September 2017

Се рукни муҳими давлати навини тоҷикон

2. Ташаббуси мубин

Замони муосир ва ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандии кишвари соҳибистиқлоли мо ба арсаи рўзгори нав ибораи нав – «идеяи миллӣ»-ро ворид намуд. Аз ин лиҳоз, идеяи миллии тоҷикон ин сулҳ аст. Биноан, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси Шўрои ҷамъиятӣ – 27-уми январи соли 2017 хотиррасон намуданд: «Зимнан, ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди Истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад ва риояи он, хусусан, дар шароити кунунӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад».

Ифодаи «об ҳаёт аст!» бо гузашти солҳо дар рўзгори инсонӣ ҳар қадар қиммат, арзиш ва дараҷа мегирад, ки ба рўшноӣ бадал гардида, умеди зиндагӣ, сарсабзӣ, умеди амали орзуву ормонҳоро мебахшад ва гуфтаи «то реша дар об аст, умеди хуррамӣ, солимӣ ҳаст» - торафт маънои болиғ ба худ касб мекунад. Ҳамин тавр, об сарсабзӣ, ободӣ ва хуррамист. Дар ин радиф сулҳ низ ободонӣ, маъмур сохтан, хуррамиву солимиро мазмун ва маъно дораду таҷассумгари ободбум аст.

Ба ин маънӣ, иқдомҳои бунёдӣ, шоиставу башардўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба арҷ, арзиш ва қиммати ҳаётофарии об – ин неъмати ҷонбахш, дар сатҳи байналмилал эълом доштани «Соли 2003 – Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об – барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), барои амалӣ шудани орзуву ормонҳои тамоми мардуми олам, Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи ин ниҳод мувофиқат ва мутобиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд.

Мардуми дилогоҳи тоҷик ифтихор аз он доранд, ки Сарвари муаззами давлати тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об баромад намуда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилот – дастрасӣ ба оби тозаи нўшиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро ҷалб карданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар шаҳри Душанбе – дар Ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба рушди устувор ва вохўрӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳангоми боздид аз кишвари ба гуфтаи худи ў «намуна дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ» ба Тоҷикистони соҳибихтиёру сулҳбахш омада буд, изҳор кардааст: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Ташаббуси ҷадид ва пешниҳоди бунёдии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор», (2018-2028) ин мазмун ва маънои башардўстонаро бозгўй буда, ташаббуси мубин, яъне муайян, возеҳ, соф ва равшану пок аст, шабоҳати оби тозаву шаффоф ва нуқрафом мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси умумибашар ҳамчун Сарвари хирадманд, инсонпарвар, адолатпарвар ва маҳбуб мавқеъ доранду шинохта шудаанд. Ба ин маънӣ дар асари пурарзиши «Ахлоқи Мўҳсинӣ» омада:

Адл нурест, к-аз ў мулк мунаввар гардад,

В-аз насимаш ҳама офоқ муаттар гардад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азму суботи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳосили Иҷлосияи беназири шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати комили миллӣ дар фазои беғубори осудагӣ ба кишвари ободбум, яъне сарзамини ободон, мулки маъмур, биҳиштосо мубаддал гардид. Пешоҳанг ва сабақомўз шуд кишвари тоҷикон. Сиёсати сулҳҷўёнааш воло, суботи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву хайрхоҳонааш дучандон гардида, комёбу саодатманд, муваффақу комёр шинохта шуд.

Ҳаёт мактаби бузурги тарбият асту вақт мизони ҳақиқат, санҷиш ва қиёс аст. Дар ин раванд сиёсати хирадмандонаву башардўстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари сулҳофари Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ ба ҷаҳониён намуна гардонидаанд. Биноан, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни боздид аз кўли Сарез, ки дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад, изҳори ақида кард: «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомўзад ва ба он пайравӣ намояд». Яъне Тоҷикистон дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ намуна аст!

Мавзўи ҷаҳонии об ниҳоят муҳим, воқеӣ ва ҳаётӣ буда, ки ба он Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса, аввалиндараҷа ва алоҳида зоҳир менамоянд. Ташаббуси Роҳбарияти олии кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор», (2018-2028) шаҳодат аз он, ки мо – тоҷикон мардуми ҳақиқатан ҳам назаркарда ҳастем. Саодат насиби мардуми мост, ки ватандоранд. Ватанро ҳифз кардан, нигоҳ доштан, рушду такомул бахшидан аз ҳар фарди худогоҳу бедордил заҳмату масъулият металабад, вазифадор менамояд, ниҳоят мо ўҳдадор ҳастем. Бояд дар ин ҷабҳа ҳама якдилу якқавла бошем, ҳамдил ва иродатманд худро нишон диҳем, ки ба қавли Мавлавии бузург «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст»…

Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ, дарозои биступанҷ соли баргузории Иҷлосияи маъруфтарини шонздаҳуми Шўрои Олӣ ва бист соли Ваҳдати булуғи миллӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ комёб гардиданд, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо бозгўи онҳост.

(Давом дорад)

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 собиқадори матбуоти тоҷик

Читать далее

04 September 2017

6 сентябр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад

Ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд расонида мешавад, ки санаи 6 сентябри соли равон аз соати 7:00 дар шафати Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи матбуот ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Шумо метавонед маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоед.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Читать далее

Мақсад: Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ

Ҳамасола барои кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва онҳое, ки бо авиатсияи граҷданӣ сарукор доранд, моҳи сентябр ид болои ид аст, зеро дар остонаи солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурии азизамон ҳамчунин Рўзи авиатсия таҷлил мегардад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ин пеш аз ҳама, тибқи стратегияи миллӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад, ки он бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Бахусус, дар чанд соли охир бо сохтани нақбҳо ва роҳҳои автобилгарди ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ даст дод, ки аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ раҳоӣ ёбем.

Ҷоизи зикр аст, ки дар тўли ин солҳо алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба даҳҳо кишвари хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрўзҳо бо амалӣ гардонидани як қатор чораҷўиҳо ва корҳои ободонӣ боиси баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони кишвар ва хориҷи он, боз ҳам бештар қависозии равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мухталифи дуру наздик мегардад.

Дар доираи иди касбӣ - Рўзи авиатсия ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» баҳри инъикоси фаъолияти кунунии онҳо ташриф овардем.

Чуноне роҳбарияти ҷамъияти мазкур изҳор доштанд, бо мақсади дастгирии сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ аз моҳи марти соли 2016 то инҷониб дар фурудгоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва бунёдкорӣ ба иҷро расонида шудаанд. Шоҳиди он гаштем, ки то ба имрўз дар ҳудуди фурудгоҳ якчанд бинову иншоот мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда, фурудгоҳи Хуҷанд ба як макони ҷолибу зебо ва замонавӣ табдил ёфта истодааст. Натиҷаи меҳнати аҳлона ва дастаҷамъонаи кормандони фурудгоҳ буд, ки дар ҳудуди корхона дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулу буттаҳои зиёд шинонида шудаанд, ки манзараи фурудгоҳро ба як гўшаи сабзу хуррам мубаддал намудааст.

Мавриди зикр аст, ки таи қариб ду сол роҳбарии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» – ро инсони кордону корозмуд Қурбони Алимардон ба зимма дорад.

– Мо баҳри татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд, азму талош варзида, тадбирҳои нав андешида истодаем. Барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии корхона – баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии авиатсионӣ ва парвозҳо, мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба мақоми байналмилалӣ, талабот ва меъёрҳои ИКАО нақшаҳо, лоиҳаҳо ва тадбирҳои муҳим мусоидат менамоянд.

Дар Тоҷикистон ягона аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аст, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти парвозу фурудоӣ ҳам аз кунҷи 78° ва ҳам аз кунҷи 258° метавонад ба амал барорад.

 Дарозии хатти парвозу фурудоӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд аз як тараф 3200 м ва аз тарафи дигар 2900 метрро ташкил дода, паҳноии он 60 м ва бари кориаш 50 метрро ташкил медиҳад. Хатти парвозу фурудоии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дилхоҳ намуди тайёраҳо, аз ҷумла тайёраҳои калонҳаҷмро метавонад сарфи назар аз вазъи гуногуни обу ҳаво қабул ва гусел намояд.

Бояд гуфт, ки аз оғози соли 2016 бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъкунии роҳҳои гардишӣ ва ҳудуди перрони фурудгоҳ амалӣ шуда истодааст. Бино ба гуфти масъулин соли гузашта қисми якуми ҷануби перрон назди роҳи гардишии Делта пурра васеъ карда, дар айни замон корҳо оид ба васеъкунии қисми дуюми ҷануби перрон гардиши Чарли ва азнавсозии роҳи гардишии Браво амалӣ шуда истодаанд. Ҳадафи асосии ин корҳо, пеш аз ҳама таъмини бехатарии ҳаракати тайёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо мебошад.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи фурудоии DME дар фурудгоҳи Хуҷанд васлу насб карда, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин худ як падидаи муҳим дар фаъолияти имрўза ва рушди минбаъдаи фурудгоҳ ба ҳисоб меравад. Системаи мазкур барои фуруд овардани ҳавопаймоҳо аз масофаи наздик мусоидат намуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна шабеҳи худро надорад.

Барои таъмини фаъолияти системаи нави рўшанкунӣ ва огоҳкунии хатти парвози фурудгоҳ дар ҳудуди хадамоти аэродром як бинои алоҳида – зеристгоҳи махсуси бакорандозии системаи рўшноидиҳӣ сохта шудааст. Иншооти мазкур бо нерўю қувваи худи фурудгоҳ сохта шуда, дар дохили он таҷҳизоти ба корандозӣ ва таъминкунандаи фаъолияти мунтазами системаи рўшноидиҳӣ васлу насб гардидааст. Дастгоҳҳои таъмини рўшноидиҳӣ барои ҳар як самти алоҳидаи чароғҳо ҷудогона васл гардида, имконияти фаъолияту назорати осони чароғакҳоро муҳайё менамоянд.

 Ёдрас мешавем, ки барои васлу насби системаи нави рўшноидиҳӣ дар аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд қарзи БАТР ба маблағи умумии беш аз 1 миллиону 850 ҳазор доллари ИМА истифода шуда, дигар корҳои сохтмонӣ марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби воситаҳои худи фурудгоҳ таъмин мегардад.

- Бояд қайд кард, ки дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба баланд бардоштани мақоми занҳо, ки имрўз аз масъалаҳои марказии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аз ҷониби роҳбарияти корхона таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад, - зикр доштанд зимни сўҳбат ҷавондухтарони фурудгоҳ.

Аз гуфтаҳои онҳо бармеояд, ки бо дастгирии директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» соли гузашта музди меҳнати кормандон аз 30 то 60 фоиз баланд бардошта, ҷавондухтарони зиёд тавассути озмунҳо ба шўъбаву хадамотҳои гуногун ба кор қабул карда шуданд. Маҳз, бо кўшишу талошҳои пайвастаи роҳбари фурудгоҳ дар радифи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ як бино дар шафати толори вакилони расмӣ, ки солиёни зиёд бекор мехобид, таҷдиду муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ифтихори Соли ҷавонон тарабхонаи “Ҷавонон» номгузорӣ гардид. Дар назар аст, ки минбаъд тарабхонаи замонавии фурудгоҳ барои кормандон, мусофирони хатсайрҳо, меҳмонон ва шаҳрвандони кишвар бо сифати баланд хизмат мерасонад.

 Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2016 навсозии толори маҷлисгоҳи фурудгоҳ ба итмом расонида шуд. Бино, ки зиёда аз 40 сол инҷониб таъмири куллиро надида буд, пурра навсозӣ гардида, бо ҳама таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонида, он низ ба ифтихори Соли ҷавонон “Толори ҷавонон” номгузорӣ шуд. Дар толори мазкур то ба имрўз чорабиниҳои муҳими фурудгоҳ гузаронида мешаванд. Ин худ як таваҷҷўҳи хоса ва ғамхории беандозаи роҳбарияти корхона нисбат ба ҷавонони фурудгоҳ маҳсуб мешавад.

 Боиси қаноатмандист, ки кулли кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, азму суботи худро дар ин самт ривоҷ мебахшанд ва аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон сарбаландона баромада, дар ободонию шукуфонии кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.

Дар ояндаи наздик ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” боз ҳам рушд карда, барои қабулу гусели мусофирону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ бо сифати баланд хизмат хоҳад расонид.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи А. Саидови деҳаи Сафедтеппаи ноҳия ҳусни оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, масофаи роҳи мумфаршшаванда  1,2 километрро ташкил медиҳад ва он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид хоҳад шуд.

Читать далее

Машварати омӯзишию амалӣ оид ба муаррифии навъҳои гуногуни гулҳои зимистона

Дар қаламрави вилоят ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд.

Чун яке аз шартҳои зебову тамошобоб гардонидани маҳалли зист ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф мебошад, дирӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ машварати омӯзишию амалӣ оид ба муаррифии навъҳои гуногуни гулҳои зимистона ва тарзу усули истифодаи онҳо баргузор гардид.

Читать далее

Ифтитоҳи Мактаби хусусии “Акрам” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен

Санаи 1-уми сентябри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Зимни ин сафар Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими баистифодадиҳии Мактаби хусусии “Акрам” иштирок намуд. Мактаби хусусии “Акрам” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ҷойгир буда, он бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Олимҷон Юлдошев бунёд гардидааст. Бинои таълимӣ аз ду ошёна ва 12 синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ мешавад.

Читать далее

02 September 2017

Мулоқоти Пешвои миллат бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан

Дар шаҳри Пекин ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории Чин баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти саноати мамлакат иброз доштанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - Профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

Рӯзи 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷуёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Санаи 31 август, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нафту газ

Кормандони соҳаи нафту газ ҳамасола якшанбеи аввали моҳи сентябр иди касбии худро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаи нафту газро, ки иди касбии худро дар арафаи ҷашнҳои 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоянд, табрику муборакбод менамоям.

Дар замони муосир соҳаи нафту газ яке аз ҷабҳаҳои стратегиву манфиатноки иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар пешрафту инкишофи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истихроҷ ва коркарди нафту газро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидаанд.

Таваҷҷӯҳи доимиву афзояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рушди соҳаи нафту газ имкон медиҳад, ки солҳои наздик истихроҷи нафт зиёд гардида, барои афзоиши истеҳсоли гази табиӣ низ тадбирҳо андешида шаванд. Бо ин мақсад, ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозорҳо нигоҳ накарда, маблағгузории корҳои иктишофӣ – ҷустуҷӯӣ дар конҳои нафту газ сол аз сол торафт беҳтар мешавад.

Уме даст, ки солҳои наздик бо татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ истихроҷи нафту газ дар вилоят низ зиёд хоҳад шуд. Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа минбаъд низ дар рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди нафту газ саҳми арзанда мегузоранд.

Ба ҳамаи кормандони соҳаи нафту газ умри дароз, бахту саодат ва дар фаъолияти меҳнатиашон барору комёбиҳо таманно дорам.

Ид муборак, дӯстони азиз!

Читать далее