September 2017

27 September 2017

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

27 сентябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳо оид ба дин, танзими маърака ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони дахлдор иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Читать далее

Конибодом: обтаъминкунӣ беҳтар мегардад?

Чанд соли охир бинобар кўҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обгузар мардуми аксари минтақаҳои шаҳру навоҳии вилоят аз норасоиву танқисии оби нўшокӣ азият мекашиданд. Бо назардошти ин муаммо ва иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Соли 2017 – “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” эълон гардид.

Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идомаи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми пешсафиро ишғол менамояд. Дар раванди татбиқи дастрасии аҳолӣ ба оби нўшокӣ, бо маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Баҳри воқиф гардидан аз фаъолияти кунунии соҳаи обу ташноб, ҳолати таъминоти оби нўшокӣ, раванди иҷрои барномаи мазкур ба шаҳри Конибодом сафар намудем.

Масъулини соҳаро дар қади кўчаи асосии маркази шаҳр саргарми кор дарёфтем. Мурод Сатторов - сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр оид ба фаъолияти коргоҳ маълумот иброз намуд, ки хатҳои обтаъминкунӣ ҳанўз cолҳои 1960 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷаи истифодаи тўлонӣ фарсудаву 70 фисади он корношоям гаштааст.

Тибқи маълумотҳо оби нўшокӣ ба истеъмолкунандагон аз 16 чоҳи амудӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунанда бо воситаи насосҳои уфуқӣ то иншооти № 3 ва аз он ҷо ба муштариён интиқол дода мешавад, ки имрўз наздики 40 фоизи аҳолӣ бо оби нўшокӣ таъмин мебошанд.

-Дар аввали соли равон бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Лоиҳаи «Беҳтаргардонии таъминоти оби нўшокии шаҳри Конибодом» бо маблағи беш аз 4 миллион доллари амрикоӣ, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Рушд ва таҷдид маблағгузорӣ гардидааст, дар ин самт корҳо оғоз шуданд,- мегўяд Мурод Сатторов.

Дар рафти азназаргузаронӣ шоҳид гаштем, ки то имрўз як силсила корҳо ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди идораи қитъа ҳавзи тоза бо ғунҷоиши 1000 м3 барқарор ва 4 насоси уфуқӣ бо таҷҳизоти барқӣ васл намуда, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар мавзеи пойгоҳи обии «Пойменная» то пойгоҳи насоси № 2 қубури обгузар ба масофаи қариб 8 километр хобонида шуда, сохтмони пойгоҳи насосӣ идома дорад. Шоҳқубурҳои фарсудашудаи кўчаи ба номи Ленин бо қубури полиэтиленӣ ба масофаи беш аз 2 км иваз карда шуда, пойгоҳи насоси ташнобӣ пурра азнавсозӣ гардид.

Бояд зикр дошт, ки сокинони маҳаллаи «Ҷавонон»-и шаҳр чанд сол инҷониб аз танқисии обу корношоямии ташноб азият мекашиданд. Алҳол бино ба гуфти масъулин аз ҷониби ҶДММ «Оазис» дар 14 бинои баландошёнаи ин маҳал қубурҳои берунӣ ва дохилӣ иваз карда шуда, дар ҳар ҳуҷра ҳисобченкунакҳо васл карда шуда истодаанд.

- Тибқи лоиҳа барқарорсозии шоҳқубури кўчаи ба номи Садриддин Айнии маркази шаҳр корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчиёни корхонаи фаръии мо идома дошта, то имрўз ба миқдори зиёда аз 5 км шоҳқубур хобонида шудааст, - гуфт сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр Мурод Сатторов.

Бобати вазъи таъминоти оби нўшокӣ ва муаммоҳои соҳа бо чанде аз сокинон ҳамсуҳбат гардидем. Мардум аз ҷараёни корҳои азнавсозиву сохтмонҳои пойгоҳҳои обкашӣ хушнудии худро изҳор дошта, дар ҳаққи роҳбарияти вилояту масъулини соҳа дуои нек менамуданд.

- Солҳои зиёд аст, ки дар биноҳои баландошёнаи маҳаллаи мо бинобар фарсудашавии қубурҳо об намеомад. Хурду бузурги маҳалла обро ба ошёнаҳои болоӣ мекашониданд. Борҳо масъулин ваъда медоданд, ки ин муамморо ҳал хоҳанд кард, вале ҳайҳот… Имрўзҳо марҳала ба марҳала ин орзуи деринаи мо, сокинон амалӣ шуда истодааст, - иброз дошт яке аз сокини куҳансоли ин маҳалла.

Аз рўи гуфти масъулин то охири соли равон ин мавзеъ пурра бо оби нўшокӣ таъмин гардида, то моҳи марти соли 2018 лоиҳа пурра амалӣ мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар сурати пурра татбиқ гаштани ин барнома беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳри Конибодом ба таври шабонарўзӣ бо оби тозаи нўшокӣ дастрасӣ хоҳанд ёфт.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА
Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд

Читать далее

Дасти навозишу идомаи роҳи зиндагӣ

Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, ба идомаи роҳи зиндагии рангин оғўш кушодааст.

Дар олам чандин муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд acт, ки Модару Ватан дар ин радифанд. ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносии миллӣ ба он дараҷае аст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми Ватани аҷдодии худро хеле дўст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ, Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болоанд.

Имрўз низ шахсиятҳое ҳастанд, ки баҳри ҳимояи Ватани хеш ҷонбозиҳо кардаанд. Барои ҳимояи халқи худ шабу рўз адои хизмат намуда, ҳатто дар ҳавои сарди кўҳистон шабро рўз намудаанд.

Толиб Турсунов солиёни зиёд барои ҳимояи Ватани азизи хеш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, дар хоки Афғонистан хизмат намудаву шарафу номуси Ватани азизи хешро ҳимоя намудааст. Ў мегўяд, ҳангоми хизмат мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудем ва барои ҳимояи Ватан ба қафо нагаштем. Зеро, Ватан ба мо бовар намуда буд. ҳангоми аз Пули Хумрӣ (Қундуз) гузаронидани маҳсулоти гуногун то мавзеи Ҷалолобод байни гурўҳҳои ифротгаро задухўрд ба амал омад. Дар ин ҷанг зиёда аз 20 нафар ҷанговар ҷони худро фидо намуд. Дар ин лаҳзаҳо ақибнишинӣ накарда, ҳамла намудем ва маҳсулоти лозимаро барои ҷанговарон бурда расонидем. Ин ҳодиса тақрибан соли 1983 рух дода буд, - ёд меорад Толиб Турсунов.

- Кишвари мо имрўз дар фазои сулҳу субот ва амонӣ қарор дорад. ҳама ҷо ободу, ором аст. Шукронаи оромӣ ва сулҳу субот намуда, бояд ҳар як ҷавонмард баҳри ҳимояи марзу буми Ватани хеш хизмат намояд, -мегўяд Т.Турсунов.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро подполковники собиқадор Толиб Турсунов мактаби мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ медонад.

Номбурда пас аз хизмат муддате ба вазифаи котиби озоди комитети комсомолии омўзишгоҳи оморӣ, мудири шуъба, нозири шуъбаи кадрҳо ва баъдан дар ҳайати шахсии РКД-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Бо гузашти солҳо ў ҳамчун сардори шуъбаи «Муҳофиза», нозири калони минтақавӣ ва муовини сардори ШКД-и ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.

Имрўз ҳастанд ҷавонмардоне, ки хизмат ба Ватанро вазифаи худ дониста, ихтиёран баҳри ҳимояи он равона мешаванд. Ин аз ватандўстӣ ва хештаншиносии ҷавонон дарак медиҳад. ҳимояи Ватан баробари ҳимоя намудани Модар муқаддас аст.

Истамҷони Наҷмиддин,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Муаррифии Раёсат дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи Давлатии «Идораи роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» ҷаласаи  Муассисаи Давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд бо иштироки муовинони Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони ташкилоти нақлиётии вилоят баргузор гардид.

Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ҳозиринро бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи давлатии Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» шинос намуда қайд кард, ки мутобиқи моддаҳои 58,59,132-и Кодекси граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои он дар асосои худмаблағгузорӣ таъсис дода шудааст.

Оид ба  муайян кардани нархи роҳкирои мусофирон муовини Раиси шаҳри Конибодом қайд кард, ки то имрӯз дар шаҳр ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нархи роҳкирои як мусофир дар дохили шаҳру ноҳияи вилояти Суғд 1 сомонист. Ин нархро боз кӣ дида мебарояд? Агар нарх боло равад, кори ронандагони мошинаҳои шахсии мусофирбар авҷ мегирад. Онҳо метавонанд бо 1 сомонӣ дар дохили шаҳру ноҳияҳои худ бемамоният ба кирокашӣ машғул шаванд.

Сардори ҶДММ «Коваи Истаравшан» Салим Шарифов таклиф ба миён овард, ки ҳаҷми борхат камтар карда шавад.

Директории МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ Хидиров нисбат ба  рафти иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 –уми апрели соли 2017 таҳти рақами 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар корхона, ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳру ноҳияҳои вилоят сухан карда, даъват ба миён овард, ки нақлиёти мавҷударо барои зимистонгузаронӣ, ивази равғанҳои молиданӣ, чархҳои капронӣ ба чархҳои резинӣ, таъмини гармии дохили наклиёти мусофиркаш ва ғайраҳо ба инобат гирифта шавад.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олим Очилзода аз ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳолии халқ, муҳайё кардани имконияти муносиб барои соҳибкории соҳаи нақлиёт сухан карда қайд намуд, ки ташкил намудани МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» низ як иқдоми нек ба шумор меравад.

Сайфулло Махкамов

Читать далее

Беэътиборӣ ҷиҳати рушди санъат

Зилола Эгамзода - муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов: Ба мо мактуб биёред…

Маориф соҳаи афзалиятнок буда, ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои миллат наврасону ҷавононро ояндаи миллат шуморида, барои тарбияи насли наврас шароитҳои хуб фароҳам оварда, дастгирӣ мекунанд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳаи маориф 3 миллиарду 581,1 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки назар ба соли 2016 13,7 фоиз зиёд аст.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласа ва сафарҳои кории хеш ҷиҳати рушду таҳкими санъати миллӣ ва дастрас намудани асбобҳои мусиқӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки бояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарси санъати мусиқӣ омухта шавад.

Бино ба гуфти сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов дар маҷмўъ, дар макотиби шаҳру навоҳии вилоят 1260 асбоби мусиқӣ мавҷуд аст, ки 198 адади онро Раиси вилоят ба муассисаҳои таълимӣ тўҳфа кардааст.

Баробари дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи маориф то ҳол камбудиҳо ҷой доранд. Бо вазъи соҳаи маорифи ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен аз наздик ошно шуда, аз ҷумла ҳолати имрўзаи дарси санъати мусиқиро, ки дар мактабҳо омўхта мешаванд, мавриди омўзиш қарор додем.

Ранг бину ҳол пурс…

Вақте вориди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов гаштем, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зилола Эгамзода моро чун меҳмони нохонда пешвоз гирифт, ҳол он ки як рўз қабл аз идораи рўзнома занг зада, огоҳ карда будем. Хуллас, пас аз ҳолпурсӣ Зилола Эгамзода бо норозигӣ пурсид: «Ягон мактуб доред?».

- Не надорам, ман рўзноманигор ҳастам ва тибқи супориши роҳбарият барои инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф омадаам.

Гўё суханони маро сарфи назар карда бошад, ситезаомезона гуфт:

«Барои мо мактуби Раиси вилоят ва ё роҳбарияти корхонаатон лозим аст, бе мактуб ман бароятон иҷозати ба мактабу боғча рафтанро дода наметавонам».

 - Ба идораамон занг занед, - гўён таклиф пеш овардам ва пас аз ин Эгамзода камтар хомўш монд. Пас аз лаҳзаи таваққуф ў пурсид:

«Чанд пул аст?» Ба ҳайрат омадаму пурсидам:

«Чӣ чанд пул аст?».

Ў гуфт:

«Мақолаи менавиштаатон?»-саволомезона ба ман нигарист.

- Ман аз Шумо маблағ намегирам. Ҳадафи ман инъикоси холисонаи мавзўи пешниҳодшуда аст, - гуфтам дар ҷавоб.

Ҳарчанд мақсади ба ноҳия омаданамро фаҳмонидам, вале муҳтарама З.Эгамзода изҳор дошт, ки аксарият нафароне, ки худро ҳамчун рўзноманигор муаррифӣ мекунанд, барои маводи навиштаашон маблағ талаб доранд.

Дар як мактаб - ду асбоби мусиқӣ

Вақте вориди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми ноҳия шудем, чашмамон ба саги бадҳайбати дайдуе бархўрд, ки дар саҳни он гаштугузор дошт. Гирду атрофи мактаб бошад, партовҷоеро мемонд, зеро норўфтаву нообод, деворҳояш афтидаву тирезаҳо аз чанг пур буданд. Дар дабистон 480 нафар хонанда дар ду баст таҳсил дошта, омўзгори санъати мусиқӣ набуд. Ҳатто директори мактаб Гулноза Қаҳҳорова ба суоли «Дар мактаб чанд асбоби мусиқӣ ҳаст?» дасту по хўрда, ба ман чунон нигарист, ки гўё ягон суоли ғайриоддӣ дода бошам.

-Дар мактаб як ё ду асбоби мусиқӣ ҳаст. Яктоаш бошад, дар болои ҷевони ман гузошта шудааст, ки дар вақти дарс хонандагон аз он истифода мебаранд, -гуфт ў.

Сарвари мактаб шумораи асбобҳои мусиқӣ ва кадом намуд буданашонро ҳатто намедонист. Ў, ки бо забони тоҷикӣ базўр ҳарф мезад, шояд суоли маро нафаҳмида бошад. Намояндаи маорифи ноҳия Барно Рўзиева саволро бо забони ўзбекӣ фаҳмонид, вале ҳайҳот…

Дар мактаби таҳсилоти умумии №3-юми ноҳия 654 хонанда таҳсил мекунанд ва дар он низ дарси санъати мусиқиро омўзгори ғайриихтисос мегузаронад. Бино ба гуфти сарвар Гулсуной Бобоева дар мактаб танҳо ду асбоби мусиқӣ - доира ва рубоб ҳаст.

Хонандагони мактаби мазкурро пурсон шудам, ки оё дар дарси санъат асбобҳои мусиқӣ истифода мебаранд?

-Дар дарси санъати мусиқӣ мо шеърро аз худ карда, ба таври суруд замзама мекунем. Бароямон асбобҳои мусиқӣ дастрас нестанд. Аксар вақт ба ҷойи дарси санъати мусиқӣ дигар фан меомўзем, - мегўяд хонандае дар посух.

Як бому ду ҳаво…

Муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ бобати дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ҳарф зад. Ў гуфт, ки нисбат ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода истодаем, зеро насли наврас ва ҷавонон бояд ҳаматарафа илм андўзанд, соҳиби тахассус гарданд.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Мамадализода дар ноҳия 32 мактаби таҳсилоти умумӣ, як литсей ва ду мактаби хусусӣ мавҷуд буда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ синф ва омўзгори ин фан мусиқӣ фаъолият доранд. Танҳо дар даҳ мактаб омўзгори фанни мусиқӣ намерасад, ҳарчанд дарсро омўзгори ғайриихтисос омўзонад ҳам, хонандагон аз асбобҳои мусиқӣ истифода мекунанд, зеро ансамбли мусиқӣ фаъолият дорад. Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ 119 асбоби мусиқӣ мавҷуд буда, марҳала ба марҳала шумораашро зиёд мегардонанд.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи №№ 21,6,10 омўзгорони соҳибтахассус аз фанни санъати мусиқӣ таълим медиҳанду хонандагон озодона аз асбобҳои мусиқӣ истифода мебаранд ва маҳорати баланди навозандагӣ доранд. Дар таълимгоҳҳои мазкур шумораи асбобҳои мусиқӣ на кам аз 12-13 адад буда, намудҳои гуногун доранд.

Вақте вориди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-уми ба номи Комилҷон Эшалиеви Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия шудем, омўзгори санъати мусиқӣ Ғайбулло Ялоқов ба хонандагони синфи ҳафтум дарс мегуфт. Хонандагон бошанд, дар даст асбобҳои миллии мусиқӣ доштанд ва бо шавқ нозукиҳои ин касби мазкурро меомўхтанд.

Ҳарчанд масофаи байни ду ноҳия наздик бошад ҳам, фарқият байни онҳо аз замин то осмон аст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов дидаву дониста ба рушди санъати миллӣ хунукназарӣ менамоянд?! Ҳол он ки дар хусуси баланд бардоштани маҳорат ва татбиқ намудани санъату ҳунарҳои миллӣ дар макотиби вилоят борҳо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласаҳои кории хеш ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода буданд…

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Об василаи дўстӣ

 ё ҳалли як мушкилоти наздимарзӣ

«Ҷўи нав» ном гирифта буд, канале, ки соли 1936 дар шаҳри Исфара бунёд гардидааст ва он 227 гектар замини ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ, Сурх ва 50 гектар замини деҳаи Паски Ариқи Ҷумҳурии Қирғизистонро шодоб мегардонид.

Солҳои охир ҳолати ин канал аз обхезиҳои зиёд хеле хароб гардида, ҳамасола баробари фаро расидани фасли баҳор сатҳи об дар дарёи Исфара баланд шуда, сари ҷўи калонро бурида мерафт.

Ҳар сол дар мавсими кишту кор коргарони Идораи хоҷагии оби Исфара бо кўмаки сокинони ин минтақаҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ва мустаҳкамкунии ҷўйро мегузарониданд. Аммо то ба анҷом расонидани корҳои таъмиру тармим заминҳои кишт бе об монда, дар натиҷа ҳосилнокии майдон паст мегардид.

Тобистони соли 2016 бошад, дар натиҷаи обхезии зиёд дар дарёи Исфара 150 метр Канали Ҷўи нав ҳам осеб дида, корношоям гардид. Заминҳои кишти маҳаллаҳои Сари ҷар, Навобод, Фирдавсӣ, Солиев, Ҳоҷӣ Рауфи ҷамоатҳои деҳоти Сурх ва Чоркўҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Паски Ариқи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бе об монданд. Дар хоҷагии ба номи Муҳаммад Қодиров, ки ҳар сол аз 13 гектар замин сабзавоту дигар зироатҳо ва аз 18 гектар боғ ҳосили зиёд мегирифт, тўли ду моҳ бе об монд. Аҳолии минтақаи номбурда бо 12 тонна санге, ки аз домони кўҳ дастрас намуда буданд, соҳилро мустаҳкам карданд. Аммо бо чунин амалиёт, ки он борҳо такрор ёфта буд, муаммо ҳалли худро наёфт.

Ба гуфти сокинони ин маҳал ҳамин ҳодисаи нохуш боиси сар задани муноқишаи аҳолии маҳаллаҳои ҳамҷавор гардид. Сарвари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати Чоркўҳ Шавкат Қаюмов, ки аз мушкилии тақсимоти об воқиф буд, барои ҳалли муаммои мавҷуда дар назди ташкилот комиссияи махсус таъсис дод.

Бо мақсади барқарор сохтани канал ва хомўш намудани низои байни сокинон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара Созмони Милали Муттаҳид ҳам чораҷўӣ намуд. Пас аз баргузории маҷлиси дуҷониба намояндагони Тоҷикистон аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркўҳ, Ворух ҷониби Қирғизистон аз минтақаҳои Оқсой ва Самарқанд корҳои таъмирӣ гузарониданд. Дар масъалаи таъминот бо маблағ ва дастрасии таҷҳизоти техникӣ, ба монанди крану мошини боркаш бошад, тибқи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мадад расонид ва канал аз нав барқарор гардид.

Минбаъд ин мавзеъ зери назорат гирифта шуда, аз рўи муроҷиати бошандагони маҳаллаҳои ду давлат бонавбат заминҳои кишоварзӣ шодоб гардонида мешаванд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

26 September 2017

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳамзамон Намояндаи доимии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар
Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия)
таъин намудани Қаландар И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2017”

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2017” аз 20 сентябри соли 2017, №453 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли 2017 дар вилоят шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар асоси қарори мазкур барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ба талабот мутобиқ аст?


Оё имрўз тарзи хизматрасонии пешхизматҳои тарабхонаву қаҳвахонаҳо ба талаботи замон ҷавобгў аст? Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала аз чанд тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд дидан намудем. Аз ҷумла, қаҳвахонаҳои «Равшан», «Хушбахтӣ», «Висол», «Хони Хуҷанд», «Зайтун», «Баҳори Аҷам», «Адибон», тарабхонаҳои «Тоҷикистон», «Мирзоён», «Хуҷанд», «Меҳрангез», «Дидор», «Ҷавонӣ», «Нигор», «Фирдавс» ва ғайраҳо ҳамарўза ба мизоҷону меҳмонон хизмат мерасонад. Бояд гуфт, ки на ҳамаи ин тарабхонаву қаҳвахонаҳо тарзу сифати хизматрасониро хуб ба роҳ мондаанд.

Ранг бину ҳол пурс

Чун вориди ин гуна ҷойҳо мешавем, тарзи либоспўшиву муомилаи пешхизматҳо касро шод мегардонад, зеро ҳар яке дар вақти суҳбат даст пеши бар гирифта, фармоишро дар муддати кўтоҳ рўи миз мегузоранд.

Вале…

Ҳангоми пешкаш кардани таом аксарият сарпўш ва дар даст дастпўшак надоранд, ки ин амал хилофи гигиена буда, иштиҳо ва табъи мизоҷро хира месозад. Ҳангоми овардани таом пешхизмат дар даст варақу қалам дорад ва пас аз лаҳза бо таом меоянд. Шояд пеш аз овардани таом дастҳояшро шуста бошад, кӣ медонад?! Он тарафаш бароямон равшан нест.

Тибқи муқаррароти санитарӣ бояд кормандони чунин макон либоси ягона ба бар дошта бошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тарзи либоспўшии кормандони тарабхонаву қаҳвахонаҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Зеро, либоси ягона барои пешхизматҳо ба чашм намерасад.

Қаҳвахонаи «Зайтун» бештар диққати моро ба худ ҷалб кард, зеро, пешхизматон ба таври миллӣ сару либос пўшидаанду дар сар тоқиҳои миллӣ доранд. Тарзи ороиши қаҳвахона низ миллӣ буда, таваҷҷўҳи касро ба худ ҷалб мекунад.

Мизоҷон чӣ андеша доранд?

Мамлакатбону Қодирова - соҳибкорзан:

-Чанд рўз пеш шаби базми хонадоршавии ҷиянам Фирдавс дар тарабхонаи ба номи «Мирзоён» баргузор гашт. Ростӣ, ороиши дастархон ба дараҷаи баланд анҷом дода шуда буд. Таассуф-овараш он аст, ки пешхизмати тарабхона дар тан либоси ягона ва дар дасту сараш сарпўшу дастпўш надошт. Косаи хўрокро аз як тараф дошта ба назди мизоҷ мегузошт, ки қоидаҳои оддии хизматрасонии пешхизматиро, ки ин пеш аз ҳама муомилаи хуш аст, ба ҷо намеовард.

-Раънохон Ҳалимова-омўзгор:

-Ҳамроҳи ҳамкурсон ба қаҳвахонаи «Садбарг» барои хўроки нисфирўзӣ равон шудем. Моро ба ҳуҷра даъват намуданд. Мебоист дар даромадгоҳ ё ягон ҷой «ХУДХИЗМАТРАСОНӢ» навишта бошанд, аммо чунин навиштаҷот ба чашм нарасид. То назди мо омада фармоиш қабул кардани пешхизмат қариб ним соат гузашт. Овози баланди моро шунида, пешхизмат лабу лунҷашро инҷ карда (гўё ба хонааш рафта бошем), бо дили хоҳаму нохоҳам фармоишамонро қабул кард. Ба ҷойи зуд хўроки гармро овардан, боз ним соати дигар ғайб зад. Вақти хўрдани таоми нисфирўзӣ ба охир расидаасту аз пешхизмат дараке набуд.

- Равшани Меҳрубон – донишҷў:

-Дар рўзи ақди никоҳ арўсамро ба қаҳвахонаи «Равшан» таклиф кардам. Хушбахтона, пешхизматони қаҳвахона моро ба дараҷаи аъло хизматрасонӣ карданд. Азбаски, дар оила бо забони русӣ муошират мекунем, пешхизмат ҳам аз ин пай бурда, бо забони русӣ бо мо муошират кард.

Ҳадаф: баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ

Сўҳроб Ғаниев-мутахассис оид ба курсҳои соҳибкории Донишкадаи иқтисод, савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

- Ҳанўз соли 2010 курси омўзишии пешхизматиро ба роҳ мондем. Ҳадафи асосии ташкил кардани курси кўтоҳмуддати семоҳа баланд бардоштани сатҳи малака ва маданияти шаҳрвандон оид ба хизматрасонӣ мебошад. Дар курси омўзишии пешхизматӣ муддати се моҳ мутахассисони соҳибкасби дараҷаи баланд омода карда мешаванд. Дар давоми таҳсил ба донишҷўён тарзи ҷобаҷогузории зарфҳо ва лавозимоти рўйимизӣ, одоби муоширати баланди касбӣ, либоспўшӣ, пешвози меҳмонон ва амсоли ин омўзонида мешаванд. Ба хатмкунандагони курси семоҳа сертификат дода мешавад. Алҳол мо бо чанд тарабхонаву қаҳвахона шартнома дорем, ки тақрибан 80-90 фоизи хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

 Фирўза Қодирова-хатмкунандаи курси пешхизматӣ:

- Падару модар пас аз хатми мактаб маро ба шавҳар доданд. Соҳиби писарчаи дўстрўяк гаштам. Бо амри тақдир шавҳарам ба беморӣ гирифтор шуду аз олам даргузашт. Хусуру хушдоман аз хона бо фарзанди навзодам ронданд. Шароити оилавии модарам вазнин аст. Аз паси ҷустуҷўи кор гаштам. Барои пешхизмат шудан ба чанд қаҳвахонаю ошхона муроҷиат намудам. Чанд рўз дар як қаҳвахона кор кардам, вале аз чӣ бошад, ки бархе аз кормандонашон бо назари бад нигаристанд. Дар чорсўи зиндагӣ ҳайрон мондам. Вақте огоҳ гаш-там, ки курси тайёр кардани пешхизматҳо фаъолият мебарад, зуд шомил гашта, пас аз се моҳ сертификат гирифтам. Бо ҳуҷҷат маро зуд ба кор қабул карданд.

Касби пешхизматӣ - қадаме ба пеш!

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш бобати касбомўзии занону духтарон ҳарф мезананд. Аз ин рў, дар вилоят курсҳои гуногун барои занону духтарон рўи кор омаданд. Ин ҳама баҳри бо ҷойи кор таъмин намудан ва соҳибкасб гаштани занону духтарони хонашин нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маркази таълимии забонҳои хориҷӣ оид ба ташаккули малакаи соҳибкорони ҷавон аз рўи 19 намуд курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Марказ бо тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла 20 адад компютер, 3 адад таҷҳизоти чопӣ, 1 адад тахтаи электронӣ ва маводи таълимӣ таъмин аст. Боиси зикр аст, ки дар Донишкада парки техникӣ низ амал мекунад, ки дар он ҷо аз рўи талабот либоси пешхизматонро омода мекунанд. Алҳол ду намуд барои духтарҳо ва се намуд либоси пешхизматӣ барои писарҳо аз матоъҳои адрас, атлас ва беқасаб омода карда шудааст.

 Шаҳбонуи ОЛИМ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пурзўр намудани ҷавобгарии интизомӣ

Инак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо аз 28 августи соли равон амалӣ гашта истодаанд.

Пеш аз ҳама, масъалаи танзими расму оинҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ додани Роҳбари давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин масъала дар ҳақиқат бисёр муҳим мебошад. Ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои миллат ҳар фарди тоҷикро водор менамояд, ки бетараф набошад ва дар амалӣ кардани қонун ҳиссаи худро гузорад.

Таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба шаҳрвандон нишонаи сиёсати оқилонаи давлату ҳукумат мебошад. Пешвои миллат нисбати масъалаҳои доғ фикру андешаи худ ва мавқеи давлатро баён дошта, ҳамзамон, дархости шаҳрвандонро аз забони худи онҳо мешунаванд. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҷомеаро нафақат худашон, балки тамоми роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва масъулин ба таври ошкоро шунаванд. Дар баъзе маҳалҳо мардум аз дастрас набудани роҳбарони сохторҳои ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ё корхонаву ташкилотҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Вохўриҳои Пешвои миллат бо шаҳрвандон чунин роҳбаронро ҳушдор менамояд, ки дар корбарӣ ба Роҳбари давлат пайравӣ кунанд.

Ҳадафи асосии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз сарфаҳои бемаъниву нолозима боздоштани аҳолӣ ва бо ин васила дасткашӣ аз урфу одатҳои хурофотӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як оила аст. Бисёр расму оинҳо муддати садсолаҳо аз каҷфаҳмиҳои суннативу фарзҳои динӣ ва таъсиррасонии фарҳангу маданияти бегона дар шуури мардуми мо ҳамчун унсурҳои динӣ-фарҳангӣ сахт ҷойгир шуда мондаанд. Ҳарчанд баъди таҳияи қонун дар ин самт сокинони кишварамон ба дастовардҳои назаррасе ноил гашта, натиҷаҳои онро дарк карданд, вале якбора аз байн бурдани баъзе одату маросимҳои номатлуб дар тамоми қаламрави мамлакат имконнопазир аст. Бинобар ин, ворид намудани тағйироту иловаҳо имкон фароҳам овард, ки мардум дар чаҳорчўбаи Қонун амал намоянд.

Аз самараҳои қонуни танзим имрўз ҳама бархурдоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони мо мазмуну муҳтавои санадро дарк кардаанд ва давлату ҳукуматро дар ин ҷода дастгирӣ намуда, барои амалӣ гаштани нуктаҳои он ҳиссаи худро мегузоранд.

Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қонуни танзим оид ба липоспўшӣ, хусусан либоспўшии занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бегонапарастии занони моро маҳкум карда, хотиррасон намуданд, ки модарону духтарони мо бояд ба либоспўшии миллии гузаштагонамон пайравӣ дошта бошанд. Пешвои миллат аз тақлиди либоспўшии ғарбии ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон изҳори нигаронӣ карда, онҳоро падарона барои нигоҳ доштани шаъну шараф ва симои миллӣ даъват намуданд. Дар ҳақиқат, имрўз бисёре аз ҷавонон тариқи телевизион ва интернет либоспўшии ҷавонони мамлакатҳои Ғарбро дида, ба онҳо таассуб менамоянд, ки ба урфу одатҳои шарқиёнаи мо рост намеояд. Занони мо ҳамеша бо иффати баланд ва хоксорӣ машҳур ва намунаи дигарон буданд, ки инро бояд бонувони мо фаромўш накунанд.

Инчунин, бархе духтарону занон фарҳанги миллии либоспўширо зери по карда, аз они бегонаро тақлид менамоянд, ки ин ҳам таассубкорӣ маҳсуб мешавад. Ҳамаи ин аз маҳдудии ҷаҳони маънавии онон шаҳодат медиҳад.

Раҳматхоҷа АҲМАДОВ,
директори маркази
«Маърифат»-и Донишгоҳи
 давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Читать далее