September 2017

22 September 2017

Ҳанги Кабирӣ ва дурӯғи навбатии ӯ

12 сентябри соли 2017 дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ  (ҲНИТ) нишастеро баргузор кард, ки дар он аз вазъи зиндонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Дар ин нишаст раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, вакили мудофеъ аз Русия Дагир Хасавов, хабарнигори тоҷики муқими Аврупо Темур Қличаев ва боз якчанд  нафар фаъолони давлатӣ иштирок варзиданд. Муҳиддин Кабирӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, хост  ки  Тоҷикистонро беобруй гардонад.

Мутаассифона, дар ҷомеа чунин шахсоне ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамаро ба манфиати худ истифода баранд.Муҳиддин Кабирӣ танқид карда гуфт, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон бисёр  одамони бегуноҳ маҳбасӣ шудаанд ва ду келинашро дар Тоҷикистон зӯран нигоҳ медоранду ба воситаи онҳо ба ӯ фишор меоранд. Лекин Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, соҳиби фарҳангу тамаддун, таърихи қадима ва миллати инсондӯст. Пас, чӣ тавр Тоҷикистон бо ҳамаи ин хусусиятҳои хубаш метавонад чунин ноадолатиҳоро иҷро кунад? Бешак аз чӣ гуна инсон будани Муҳиддин Кабирӣ ва дурӯғ будани суханҳояш ҳама огоҳанд.Дар ҷомеаи муосир чунин шахсон бисёранд.

Ӯ мехоҳад Исломро барои мақсадҳои маккоронааш истифода барад. Вале мо Тоҷикистониён қобилияти хуби фарқ кардани одамони неку бадро дорем ва шукронаи сулҳу ободӣ ва ваҳдати миллӣ мекунем. Мо пайравони Пешвои муаззами миллат, ҷавонони ватандӯсти дар муҳити меҳру муҳаббат ташаккулёфта ҳастем ва кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ин мулки ободу ором  ҳеҷ гоҳ ҷангро набинад ва фирефтаи суханҳои дурӯғини ашхосони бефарҳанг нагардад.

Читать далее

Беарзишии Кабирӣ дар ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ 12 сентябри соли 2017 роҳбари ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дар конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дар ин конфронс Кабириро вакили дифоъ аз Россия Дагир Хасавов, хабарнигори муқими Аврупо Темур Қличев ва Алим Шерзамонов ҳамроҳӣ ва ва суханронӣ низ кардаанд. Стив Свердлов аз созмони Human Rights Watch ва як қазоқистонӣ низ иштирок намудаанд.

Аз хабарҳо бармеояд, ки Кабирӣ муболиға карда, шумораи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистонро 200 нафар гуфтааст. ҳол он ки наҳзатиҳои маҳбус на ашхоси сиёсӣ, балки террористу ҷинояткоранд. Барои ҳамаи инсонҳои солимақл кайҳо маълум аст, ки дар ҳама конфронсу нишастҳои созмонҳои байналмилалӣ наҳзатиҳо худ ва ҳамфикронашро таблиғу тарғиб ва ҳукуматро туҳмат менамоянд. То кай ин дурӯғпароканӣ идома меёбад, ба иродаву таҳаммули мардуми кишвар вобаста аст.

Аз навишти сомонаи хабарии Аkhbor.com бармеояд, ки бар хилофи эълонҳои пурсарусадои қабл аз ин нишаст, ки мегуфтанд, ҲНИТ дар Варшава маълумоти сенсатсиониеро дар бораи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ифшо хоҳад кард, кадом иттилои наву хеле баланде дар ин нишаст аз тарафи наҳзатиҳо садо надод. Ба ҷуз ин ки, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқ – Freedom Now ва Hogan lovells шикояти муовини зиндонии раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ ҳайитро дар 78 саҳифа ба гурӯҳи кории марбут ба ҳабсҳои худсаронаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ супурдаанд.

Барои мардуми ҷаҳон ва мардуми кишварҳои аврупоӣ ҳузури наҳзатиёни террорист ва проблемаҳои онҳо дигар зарур нест. Кас ҳайрон мешавад, ки бо қадом ақлу фаросат ҷонибдорони исломӣ иртиҷоӣ мехоҳанд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

 Аз рафти рӯзи дуюми ин конфронс маълум шуд, ки дигар наҳзатиҳо ва арзишҳои онҳо барои мардум ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳам муҳим нестанд, зеро мақсаду арзишҳои онҳо дар бештари ҳолат мухолифи фарҳангу маънавиёти инсонианд.

Дар ин нишасти ҳизби террористии ҲНИТ на намояндагони ҳайъати расмии Тоҷикистон ва на намояндагони расмии САҲА ширкат наварзида буданд. Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суоли ҳозирин гуфтааст, кадом мулоқоти расмие бо намояндагони САҳА дар ҷараёни ҳузураш дар Варшава барномарезӣ нашудааст. Дар ин ҷаласа ширкат накардани намояндагони расмии Тоҷикистон далели он аст, ки масъалаҳои ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва ҳаводоронаш дигар на барои мардуми Тоҷикистон ва на барои ҳукумати кишвар муҳим нестанд, зеро ҲНИТ дигар «ҷойи холӣ» дар сиёсату фарҳангу иҷтимоиёти кишвар мебошад.

 Чунин ба назар мерасад, ки ин нишаст мисли ба ном «эътироз»-и як рӯз пештар доиркардаи мухолифини тоҷик дар Варшава таваҷҷуҳи чандон зиёдеро ба худ ҷалб карда натавонист ва ними толори маҷлисгоҳ тақрибан холӣ буд.

Муҳиддин Кабирӣ дар баромадаш сабаби таваҷҷуҳи ками ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба сахт андармон будани ҷаҳон бо нуқоти доғе, ба мисли Сурияву Ховари Миёна, Украина ва Мянмар рабт дода гуфтааст, ки мушкилоти Тоҷикистон дар қиёс бо ин нуқоти доғ барои ҷаҳон зиёд муҳим наменамояд.

Албатта Кабирӣ ин ҷо дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе, ки доранд, барои на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои инсоният нодаркоранд. Беҳтар он аст, ки Кабирӣ ба конфронсҳо рафтану масъалаҳои шахсиву тиҷоратии худро бо сиёсат омехта кардан ва ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро бас кунад. Дигар мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул шудани ҲНИТ ва ҳаммаслаконашонро хуб медонанд.

Кабирӣ ва ҳаммаслақонаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистони осоишта мехоҳанд ҳамон бесару сомониҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро барқарор созанд, вале ман умеди зиёд дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин гапҳо ва ваъдаҳои дурӯғи Кабирӣ дода намешаванд ва боварии комил дорам, ки мардум ва давлат бар зидди чунин хоинони давлат мубориза мебаранд.

Ф. Миравотов,
ҷонишини мудири  шуъбаи
кор бо ҷавонон

Читать далее

Бо терроризм мубориза бояд бурд

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо - Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, пайравонаш аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои  ивазнашавандаанд.

Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи хатари ин гуна зуҳуроти сангини давр рӯз аз рӯз васеъ гардида, доираи фаъолияти чунин гурӯҳҳо сатҳи ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ аз рӯйи маълумоти “РИА Новости” зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дошта, намояндагони он қариб дар аксари кишварҳои олам фаъолияти пинҳонкорона мебаранд. Вале аксари аъзои он дар кишварҳои исломӣ, мисли Сурия ва Ироқ барои ба даст овардани ҳокимият мубориза бурда, ба кирдорҳои зишт даст мезананд.

Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

М. Fайбуллоева,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Бедору ҳушёру зирак бошем!

Имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Мардум сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани чунин роҳбар ифтихор мекунанд. Сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС, роҳҳову марказҳои фарҳанги-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонид. Ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост.

Баъди расидан ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ, 20 соли созандагиву бунёдкорӣ аз нав ба иғво андохтани мардум, ташкили ҳамоиш бо ба ҳам овардани рақибону бадхоҳону хоинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои руйирости ваҳдатшиканонаву ҷангҷўёнаи аъзоёни ҳизби террористии ҲНИТ-ро ифода мекунад. ҳадафҳои хунрезиву харобиовар доштани ҲНИТ имрӯз ошкор гардидааст, бинобар ин мардум набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардум бояд бедор, ҳушёру зирак бошанд ва ба доми хоинону бадхоҳони Ватани азизамон наафтанд.

Нигора Ҷӯраева, 
Зилола Комилова, 
омӯзгорони кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Читать далее

Кӣ ӯро дастгирӣ мекунад?

Тибқи ВАО маълум гардид, ки санаи 12 сентябри соли ҷорӣ роҳбари ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дар конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ намудааст.

Дар суханронии худ роҳбари ҳизби террористии ҲИТ Муҳиддин Кабирӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, худро ҳамчун шахси адолатхоҳ нишон додааст. Дар суханрониаш Кабирӣ иброз доштааст, ки гуё имрўз маҳбусони сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 200 нафар расидаанд. Дар асл ин наҳзатиҳои маҳбус ва худи Муҳиддин Кабирӣ ашхоси сиёсӣ набуда, балки ҷинояткор, террорист ва душмани ин халқу миллат мебошанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро хуб дар хотир доранд.  Саркардаи ин ҷанги хонумонсўзи бародаркуш аъзоёни ҲНИТ мебошанд, ки имрўз дар назди хоҷагони хориҷии худ аз «адолат»  сухан меронанд.

Онҳо орзу мекарданд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд. Кас ҳайрон мешавад, ки бо қадом ақлу фаросат чунин андеша меронанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

Аз рӯзи дуюми ин конфронс маълум шуд, ки дигар наҳзатиҳо ва арзишҳои онҳо барои мардум ва ташкилотҳои хориҷӣ муҳим нестанд, зеро мақсаду арзишҳои эшон дар бештарин ҳолат мухолифи фарҳангу маънавиёти инсонианд.

Ин суханрониҳои Кабирӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки  имзои Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами Миллат ва роҳбари мухолифин ханӯз санаи 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия - шаҳри Москва ба имзо расида буд. Онҳо бо аҳдшиканӣ ва маслиҳати хоҷагони хориҷӣ мехостанд фазои орому осудаи мамлакатро, ки бо ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои муаззам, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ноором созанд. Воқеаи душмани миллати тоҷик, аъзои фаъоли ҲНИТ Назарзода ҳалими Мирзо (ҳоҷӣ ҳалим), ки бевосита бо супориши Муҳиддин Кабирӣ бо як амали террористӣ мехост фазои осудаи мамлакатро ноором гардонад. Инчунин роҳбари ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар баромадаш сабаби таваҷҷуҳи ками ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсии Тоҷикистонро ба сахт андармон будани ҷаҳон бо нуқоти доғе, ба мисли Сурияву Ховари Миёна, Украина ва Мянма қайд карда гуфтааст, ки мушкилоти Тоҷикистон дар қиёс бо ин нуқоти доғ барои ҷаҳон зиёд муҳим наменамояд. Албатта Кабирӣ ин ҷо дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе барои на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки умуман барои инсоният нодаркоранд. Беҳтар он аст, ки Кабирӣ дар  конфронсҳо рафтану масъалаҳои шахсиву тиҷоратии худро бо сиёсат омехта кардан ва ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро қатъ карданд, зеро мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул шудани ҲНИТ ва ҳаммаслаконашонро хуб медонанд.

Кабирӣ шояд хуб донад, ки дар замони кунунӣ он касоне, ки дар кишварҳои арабии Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, ҳатто дар кишвари Афғонистон ба қатли мардуми осоишта машғул гашта, амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва боз иддао мекунанд, ки адлу адолатпешагӣ дар ин кишварҳо вуҷуд надорад, пайравони хаворич ҳастанд. Яке аз онҳо дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва пайравон (наҳзатиҳо)-и ӯ мебошанд.

Ман боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба  ин фитнангезиҳои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони он ҳеҷ гоҳ дода намешаванд ва нақшаҳои террористие, ки аз ҷониби ҲНИТ барои ғасби ҳокимият матраҳ гардида буд, фаромуш намекунанд 

Бояд гуфт, ки ин тоифаи хавориҷ ба Паёмбар (с) туҳмати беадолатӣ зада, ба асҳоби ӯ қатлу хунрезиро раво дидаанд. Пас чи гуна мумкин аст, чунин тоифа адолату садоқатро ба Пешвои Миллат раво бинанд.

Х.Исмоилов,
мутахассиси шуъбаи
кор бо ҷавонон

Читать далее

Исломи сиёсӣ ва оқибатҳои он

Чуноне, ки аз ВАО иттилоъ дорем бархе  давлатҳои ҷаҳонро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дода истодааст. Мардуми тамоми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрӯз фақат барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд.

Ба инсони оқил зарурати кунҷковие нест, ки ин ё он фарди ҷомеа дар кадом дин аст, дар кадом дине, ки набошад, кадом миллат ё наҷоде набошад, инсон якдигарро эҳтиром кунанд, зӯроварии ваҳшониятро ба ҳамдигарӣ нишон надиҳад ва ин ҳолатҳои ногувори зиддиинсониро  то ҳол дидан ҳам намехоҳад. Ягон дине дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварию, ваҳшонияту, гаравгонгарию инсонкушӣ даъват намояд.

Ҳр як дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тиниҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад. То якдигарро дӯст доранд, хиёнат ба ҳамдигар накунанд, муносибати некбинона бо якдигар дошта бошанд, шаҳодати дурӯғ надиҳанд, дуздӣ накунанд ва дигарҳо. Акнун ин чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш оварда истодааст, осудагии мардумро халалдор карда истодааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Мардум  сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани   чунин роҳбар ифтихор мекунанд. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС-у роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  корхонаву муассисаҳо  дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида,  ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи  давлату ҳукумат дучанд месозад.

Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост. Ман низ чун шаҳванди Тоҷикистон тарғибгари сиёсати давлатӣ буда, нисбати бадхоҳони давлат гуфтаниям, ки тинҷиву амонии мардуми шарафи Тоҷикистонро халалдор накунанд.

Мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми ватанамон мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон, аксари сокинони меҳанамон ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд.

Мо, зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем. Аммо пўшида нест, ки мақсади асосии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ,  ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки характери сиёсӣ дорад, қонунан манъ аст.

Агар аъзоёни ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, имрўз ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ҳушдор кардани ҷавонон дар радифи давлат корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебурданд, на баръакс. Мутаассифона, маҳз фаъолияти таргиботии ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гардида истодааст. Аммо ин гурўҳи ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Ин ҳодиса боиси паст гардидани обрӯву нуфузи ислом дар ҷаҳон мегардад. Ба ҳамаи ин гумроҳиҳои ҷавонон кӣ ҷавобгар аст, тақдири ояндаи миллату кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Танҳо дар натиҷаи дастаҷамъӣ, якдиливу якмаромӣ мо метавонем, пеши роҳи паҳншавии падидаҳои номатлубро гирифтем.

 Имрӯз ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон равшану фаҳмост, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф барои чӣ бештар ба нерӯи ҷавонон такя мекунад. Агар Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон соли 1997 ба имзо расида бошад, пас то имрӯз 20 сол сипарӣ мешавад, ки тифли яксолаи ҳамон сол имрӯз ҷавони 20 сола – субъекти муносибатҳои сиёсӣ гардид. Ҷавоне, ки даҳшати рӯзи ҷанги шаҳрвандиро надидаву эҳсос ҳам накардааст. Бинобар ин аз ҳисоби чунин ҷавонон ғанимат ва маккорона истифода бурдан, ман фикр мекунам, нишони пастии фитрати инсон ва бешарафист!

Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф аз меҳвари манфиатҳои миллӣ кайҳо берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ наздик шудаанд.  Ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре надорад. Имрӯз дар тамоми шабакаҳои интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.

Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум созанд.  Ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон ҷудо сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Ашки модарони фарзандгумкардагонро кӣ бармегардонад? Акнун чаро амалҳои террористӣ бо номи давлати исломӣ ин қадар модаронро сӯзу гудоз менамояд. Аз чунин амалҳои мудҳиши террористӣ тамоми фарзандони ҷаҳон бераҳму шафқатӣ меомӯзанд, на ин ки инсону инсонгароӣ. Баркамол тарбия ёфтани кӯдаконро  як идда гӯрӯҳҳои манфиатҷӯ ба аҳли башар халалдор намуда истодаанд. Оё он  шахсҳое, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд магар?

Ҷавонони замони истиқлолиятро ба сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ тарғибу ташвиқ намуда, орзу дорем, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад. Мо, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлати азизамон ҳастем.

Қурбонова Мусабеъхон,
омӯзгори кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 

Читать далее

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ин ҷаласаи сатҳи баланд ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шахсиятҳои воломақоми давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Читать далее

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка

Дар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намуданд.

Читать далее

21 September 2017

Гармхонаҳо ҷавобгўи талаботи сабзавотпарварӣ

Алҳол дар гармхонаҳо имконияти дар ҳама мавсими сол парвариш ва таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза мавҷуд мебошад, зеро, дар ин бобат таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле назаррас аст.

Зимни азназаргузаронии гармхонаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аён гашт, ки нўҳ моҳ қабл, яъне моҳи декабри соли 2016 сеяки гармхонаҳо мавриди истифода қарор нагирифта буданд. Аммо дере нагузашта, ин ҳолат ислоҳ гардида, алҳол гармхонаҳо аз ҷониби ҶДММ «Абдурашид» (соҳибкор Қаҳҳор Раҷабов) ва ПМК - 115 (Т. Шарифов) қариб ба пуррагӣ истифода шуда истодаанд.

Ба гуфти муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустам Абдуҷалилов имсол дар гармхонаҳои ноҳия 174 тонна маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки аз он 57 тонна помидор, 48 тонна бодиринг ва 69 тонна дигар намуди сабзавот мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 9 тонна зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия 143 гармхона дар масоҳати 13 гектар мавҷуд буда, майдони кишт 12 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешин 1 гектар зиёд аст. Алҳол, 114 гармхона ба истеҳсоли сабзавот ва кабудӣ машғул мебошанд.

Дар вилоят, 433 гармхона мавҷуд буда, 362 адади он фаъолияти босамар доранд. Аз онҳо 153 гармхонаи навъи хитоӣ мебошад, ки дар онҳо маҳсулоти помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, сирпиёз, кабудӣ, лимў кишт ва парвариш карда мешаванд.

Фаъолияти гармхонаҳо барои боз ҳам пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум, таъмини аҳолӣ бо сабзавот нигаронида шуда, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишоварзӣ ва талаботи замони муосир ба шумор меравад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Фаровонии об - афзунии ҳосил

Набудани оби полезӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара барои сокинони он дар баробари зарари молиявӣ расондан, инчунин ҳосилнокии меваю сабзавот ва дигар зироатҳоро паст карда, дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаро ба хушкӣ оварда расонида буд.

Бо мақсади аз нав барқарор кардани корҳои обёрӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо сокинони маҳаллаҳо оид ба масъалаи таъминот бо оби полезӣ якчанд мулоқот гузарониданд. Дар натиҷаи чорабиниҳо, ташкил намудани семинарҳо байни аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ муаммои норасоии оби полезӣ дар маҳаллаи Сомониён аз байн рафт.

Маҳаллаи Сомониён бо деҳаи Кўктоши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, солҳои пеш онҳо обро аз канали Тортгули давлати ҳамсоя истифода мебурданд. Мутаассифона, пас аз соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз сабаби он, ки минтақаи номбурда дар поёноб ҷойгир аст, ҳангоми киштукор дар масъалаи таъминот бо оби полезӣ ба мушкилиҳо дучор мегаштанд. Норасоии ин манбаи ҳаёт бисёр вақт сабаби баҳсу муноқишаҳои мардуми ду халқи ҳамсояи ҳамсарҳад мегашт.

Дар шаҳри Исфара бо ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар чорчўбаи лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ баҳри рушди устувор ва сулҳ” ба ин минтақа хатти алоҳидаи оби полезӣ гузаронида шуд.

Дар асоси лоиҳаи мазкур муҳлати иҷрои барнома чоруним моҳ муқаррар гардида буд. Дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва бо иқдоми Раиси вилоят оид ба “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ” эълон шудани соли 2017 ва дастгирии аҳолӣ, хосатан занону мардони ҷамоати Чоркўҳ дар давоми ду моҳ аз деҳаи Хоҷаи Аъло дар масофаи 1 километру600 метр ба маҳаллаи Сомониён оби полезӣ омад. Дар корҳои барқароркунӣ занҳои маҳалла низ саҳми худро гузоштанд. Дар ҷое, ки барои кофтани замин техника ба мушкилӣ дучор мегардид, бонувон бо қувваи дастони худ роҳ кушоданд.

Дар бобати шодоб гардидани замин ва пухта расидани ҳосили фаровон сокини маҳаллаи Сомониён Оҳиста Шарифова иброз медорад: Минбаъд мо метавонем аз дастранҷи бардоштаамон вазъи иқтисодии бозорро низ беҳтар гардонем.

Воқеан, аҳолии маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар пеш нақшаҳои дигарро низ тарҳрезӣ кардаанд. Ба наздикӣ дар ин ҷо бояд як майдончаи варзишӣ барои ҷавонони ин минтақа бо дастгирии намояндагони СММ сохта, ба истифода дода шавад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее