September 2017

19 September 2017

Гурӯҳҳои ифротгаро ва таъсири он ба амнияти Тоҷикистон

Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон дар шўрои Маҷлиси Миллӣ даъвати панҷум баромад намуда, диққати аҳли ҷамъиятро барои мубориза бар зидди хатари гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷоннок гаштани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ҷалб намуд.

Чанд омилҳое ҳастанд, ки барои пайдоиши  чунин гароишҳо замина ба вуҷуд овардаанд. Яке аз омили ин гуна инҳироф паст шудани сатҳи зиндагии мардум бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам будани ҷои корӣ мебошад. Дигар омиле, ки ба ин раванд таъсир мегузорад, фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти он аст, ки бо сиёсату идеологияи давлатдорӣ дахолат намуда, демократияи моро таҳриф ва дар зимни ин идеологияи худро тарғибу ташвиқ менамояд. Имрўз дар масҷидҳо як навъ афкори исломгароӣ тақвият гирифта, ҳиҷоб ва таассуби динӣ рў ба афзоиш аст.

Зимнан, тазаккур бояд дод, ки ташкилотҳои ифротгарои байналмилалии исломии «Толибон», «Ҳамос», «Давлати исломӣ» ба ин руҳияи мардум, хоса ҷавонон таъсир гузошта, ҷомеаи моро боз ҳам ҳассос менамоянд. Дар байни  гурӯҳҳои ифротгаро  «Ҷамоати Ансорулло», ки намояндаи ташкилоти байналмилалии «Ал-Қоида» дар Тоҷикистон аст, фаъол гардидааст. Ин гурӯҳ бо «Толибон» дар  Афғонистон ва равияи «Такфир»-и Покистон ҳамкорӣ дорад. Суди Олии Тоҷикистон соли 2012 «Ҷамоати Ансорулло»-ро  ташкилоти маъкардашуда эълон намуд. Аммо бо вуҷуди ин, дар назар доштан зарур аст, ки ин гурӯҳ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ором намебошанд ва дар ҷалби тоҷикону Тоҷикистон ба кашмакашҳои мамолики исломӣ, минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳон пайваста дар кўшишанд.

Дар  чунин марҳилаи ҳассосе, ки мо қарор дорем, гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро аз масоили доғи рўз буда, Сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ аз паҳншавии ин падидаи хатарнок намуда, даъват ба амал оварда истодаанд, ки пеши ин роҳи номатлуб гирифта шавад. Ҷавонони мо бояд хуб дарк намоянд, ки роҳи тараққиёти ояндаи давлати мо дар  дасти мост.  Пас, биёед, ҷавонони Тоҷикистон,  бояд нисбати тақдири Ватан ва ояндаи худ саҳлангору бепарво набошем, пеши роҳи хатари нооромӣ ва парокандагиро бигирем!  Аз воқеоти Ироқ, Сурия, Яман, Шарқи Наздик барои худ хулоса барорем, бошуурии сиёсии худро нишон дода, нагузорем, ки ба эҳсосот дода шуда, Тоҷикистон ба коми ҷангу хунрезӣ кашида шавад ва дар дасти давлатҳои абарқудрат, ва гурӯҳҳои ифротгаро бозича гардад.  

Меҳринисо Очилова,
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ,
факултети Забонҳои шарқ, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

«Хуҷанд» «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии марказии даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо ҳузури беш аз 2000 тамошобин барпо гардид. Ду голи мизбононро капитани даста Манучеҳр Аҳмадов ва як голи дигарро Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расонданд. Ду голи меҳмононро Комрон Турсунов ва Шодибек Ғаффоров ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Хуҷанд», ки дар ҳамин ҳол бо 30 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифтааст, муборизаро барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот бо рақиби аслиаш — КМВА «Помир»-и Душанбе идома медиҳад. Ёдовар мешавем, ки дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир шуда, нисбат ба дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ду бозӣ бештар анҷом додаст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад

Санаи 23-юми сентябри соли равон, соати 17:00 дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» натиҷагирӣ, унвони навбатии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 15 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд. Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин бори сеюм аст, ки ҳамасола санаи 24 сентябр чун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкориҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисёрҷониба натиҷагирӣ карда, барои ба сатҳу сифати беҳтар расондани он омодагию ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ

Дирӯз дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.

Читать далее

18 September 2017

Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон

Дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри аз ҷониби ҷавонони ҳизбӣ сазовор таҷлил намудани 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон» роҳандозӣ гардида,  алҳол идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар партави амалишавии иқдоми зикршуда аз ҷониби фаъолони Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич ба сокинони ноҳия табрикоти ташкилот ва маводи тарғиботӣ бо аксҳои инъикоскунандаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон паҳн гардида, ҳамагон хурсандии худро аз амалигардии чунин иқдом ба Сарвари муаззами Тоҷикистони азиз баён дошта истодаанд.

Месазад қайд намуд, ки маҳз талошҳо ва диққати махсуси Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлоли давлати тоҷикон дар даврони шукуфоӣ ва сулҳу амонӣ умр ба сар бурда, таҳти ҳимоя ва ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат қарор доранд. Барои инкишофи зеҳниву ҷисмонии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ барои мақсадҳои зикршуда дар тамоми гӯшаю канори кишварамон беш аз пеш дар равнақанд.

Аз ин хотир, мо ҷавононро мебояд, ки баҳри ҷавоби арзанда додан ба чунин ғамхориву дастгириҳо пайваста дониш андӯзем, дастовардҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро ҳифз ва густариш диҳем, худшиносу худогоҳ буда, ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллии хеш арҷ гузорем ва идомадиҳандаи бунёдкориҳову созандагони фардои миллату давлат бошем.

Сарвар САИДОВ, роҳбари НТҶҶ
«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Нишасти навбатии маҳфили “Ганҷи сухан”

Нишасти 154-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи забон дар  толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  баргузор гардид.

Дар он бештар аз 200 нафар устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули маҳфил номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Нахуст ӯ  оид ба ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, муҳимияти ин санади мардумиро таъкид кард. ӯ гуфт ин санади муҳим аз он шаҳодат медиҳад, киАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари андешаи ободиву осудагии мардум моро ба сӯи маънавиёт раҳнамоӣ менамоянд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Манзура Шамсиева салому паёми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонида, оид ба мақоми забони тоҷикӣ ва сиёсати забонӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард. Баъдан дар мавзӯи “ Иҷлосияи 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сароғози саодату ободии Ватан муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба тарбия Мӯъминҷон Шамсиддинов суханронӣ намуда,  арзиши таърихии ин воқеаи сиёсиро тазаккур дод.

Аз ҷониби масъули маҳфили “Ганҷи Сухан” китобҳои тозанашр, ки давоми ду моҳи охир рӯи чопро дидаанд муаррифӣ шуданд. Аз ҷумла китоби “Пешвои миллат  ва сиёсати забон”, ки бо теъдоди 500 дона интишор шудааст ва бештар аз 20 адад китоби адабиву таърихӣ, фарҳангиву тахассусӣ муаррифӣ шуд.

Дар мавзӯи “Пешвои миллат ва таҳқиқи таърихи забони миллат. Андешаҳо дар перомуни китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” Забони миллат –ҳастии миллат”, Мӯсоҷон Олимҷонов, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ  баромад карда, муҳимтарин нуктаҳои ин асари пурарзишро баён намуд. Боиси зикр аст, ки ин китоб саҳифаи тозаро дар забоншиносии тоҷик ифтитоҳ бахшида, ба баҳси  муаммоҳои  зиёди масъалаҳои илми филология  нуктаи таммат гузошт.

Дар бахши  Минбари адиб бо мавзӯи  “Адабиёт ва ҷомеа” Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳҳиддин Хоҷазод суханронӣ карда, дар бораи ҳунар ва истеъдод, ҳамчунин муносибати хонанда ба китоб изҳори назар кард. Муаллиф аз он изҳори сипосмандӣ намуд, ки бахшида ба 80-солагии муаллиф роҳбарияти вилоят тасмим гирифтаанд осори нависандаро мукаммал нашр намоянд.

Баъдан таҳти мавзӯи “Нақши  Рӯдакӣ дар  густариши маснависароии тоҷик” маърӯзаи илмии адабиётшинос Шарифҷон Тоҷибоев шунида шуд. Монтаҷи адабии  “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” аз ҷониби  донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик таъсирбахш буд.

Дар поён ба маърӯзачиён ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ- китобҳои арзишманди таърихиву илмӣ эҳдо гардид.

Читать далее

Мубориза бо терроризм -тақозои зиндагӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш қайд намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Оқибати терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рўбарў гаштааст. Ин зуҳурот ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеъгӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрўз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба амнияти давлатҳо дорад, оқибат он зарари иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ ба бар меорад.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиётҳои террористӣ, зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кўдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин, зарарҳои калони моддӣ расонидашуда арзёбӣ мешавад.

 Мақсади терроризм ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шудааст.

Fояи таҷовузкорона ҳамчун ғояи терроризм аз маҷмўи ақида ва шиорҳое, ки асоси фаъолияти террористиро ташкил медиҳанд, иборат буда, мақсади он ҷалб намудани одамон ба фаъолияти террористӣ мебошад.

Дар айни замон террористон барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз афзалиятҳои ғояҳои исломӣ истифода намуда, ташвиқу тарғиби барномарезишудаи худсохтро ба мақсадҳои ғаразнокашон истифода менамоянд. ҳол он, ки дини мубини Ислом хостори ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот буда, ба ҳеҷ ваҷҳ хушунат ва ҷангу кушторро қабул надорад.

Омилҳои ташаккулдиҳандаи гуруҳҳои ифротгароии муосир, пеш аз ҳама ин набудани саводу маърифати дурусти динӣ, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмоннишин арзёбӣ мешавад.

Чунин гуруҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерўи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд. Пас мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт мебошад.

А. ИНОЯТОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҳасрат аз хобгоҳҳои хизматӣ ва шикоят аз хонаҳои иҷоравӣ

Бидуни ранҷиш бояд қабул кард, ки воқеан мутахассисони ҷавони имрўза тақрибан 80 фисад дар хонаҳои иҷоравӣ зист доранд. Тасаввур кунед: агар пули иҷораро диҳад, барои гузаронидани рўзгор маблағ надорад ва ё бо маоши якмоҳа масрафоти оилавиашро харидорӣ намояд, ба иҷора пулаш намемонад ва соҳиби хона ўро ба гуфте «бадарға» мекунад.

Маҳз, ин пешомад мўҷиби тарки касб намудани эшон мешавад, ки дар ин сурат як мутахассисро аз даст медиҳем. Дар ҳолати дар вазифа боқӣ монданашон низ эҳтимоли ба хотири захира кардани пул барои харидани хонаи истиқоматӣ даст ба ришвахорӣ заданашон вуҷуд дорад. Дар ҳар ду гуфтори болоӣ метавон ба натиҷа расид, ки набудани хонаи истиқоматӣ муаммои рақами яки имрўз аст. Бо он ки солҳои охир қатор-қатор хонаҳои баландошёна сохта ба истифода дода шуда истодаанд...

Онҳое, ки иҷоранишинанд...

Як эҳсоси аҷибе дар тамоми онҳое, ки дар хонаҳои иҷоравӣ мезиянд, мушоҳида кардам. Гўё аз бонк қарздор бошанд, ҳар сари моҳ андак дар хиҷолат, телефонҳояшонро тарсидаву ларзида мебардонад. Яқин, ки соҳиби хона телефон мекунад ва пули иҷораро бояд супорад. Зимнан, дар сар фикри он, ки ба фарзандонам чизе бояд бихарам ва ё пули хонаи иҷораро бидиҳам.

Аз ин лаҳзаи риққатовареро надидаам. Аз бонк қарздор бошӣ ва ё дар хонаи иҷорае зиндагӣ намоӣ, ҳар ду ҳолат як эҳсос дорад.

Аз воқеият гурехтан наметавон!

Дар аксари ҷойи собиқ хобгоҳҳои донишҷўёну мутахассисон имрўзҳо биноҳои баландошёнаи нимсохт ба чашм мерасанд. Маълум, ки корчаллоне дастбакор шудаву аз пайи сохтани бинои хонаи чандошёна қарор дорад.

Тиҷорати сохтмони хонаҳои баландошёна он чунон рўз то рўз афзудааст, ба назар мерасад, ки гўё соҳибкорон ягон ҷои таги чашм кардаашон намондааст. Гарчанде, рўз то рўз зиёд шудани хонаҳои баланди истиқоматӣ дар чор атрофу акнофи шаҳр ҳусни онро дучанд месозанд, аммо воқеият ин аст, ки дар аксари биноҳо соҳибони аслӣ кам зиндагӣ мекунанд.

Фаразан, барои исботи ин ақида метавон шабонгоҳ ба таги хонаҳои баландошёна рафт. Дилхоҳ дарро кўбед, кам касоне ёфт мешаванд, ки соҳибони аслӣ бошанд, аксарият иҷоранишинанд. Ё метавон бо як дид шабона мушоҳида намуд, ки аксарияти чароғи хонаҳо хомўш аст. Аз онҳое, ки дами даромадгоҳ (подъезд) истодаанд, бо як савол муроҷиат кардан кофист, ки фалон хона аз они кист? Дар посух метавон ба натиҷа расид, ки аксарият хонаҳояшонро ба хотири банд кардани пул харида мондаанд. Баъзан ҳолат низ вуҷуд дорад, ки раиси комитети маҳалла соҳиби онро намешиносад ва ҳатто ҳамсоягон низ намедонанд, ки хона ба кӣ тааллуқ дорад. Аз ин бармеояд, ки кӣ зори хонаву кӣ безори он аст.

Иттифоқҳои касаба: номи оливу кисаи холӣ

Агар ба солҳои пешин назар кунем, як шаҳри Хуҷанд дорои даҳҳо хонаҳои хизматӣ буд, ки дар он ниёзмандон аз ҷониби корхонаву муассисаҳо муваққатан соҳиби хонаи хизматӣ мешуданд. Дере нагузашта, боз аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, ба ин гуна ашхос квартираҳо тақдим мешуд. Хонаи хизматии холишударо ба нафари нави ниёзманд медоданд, ки дар натиҷа истилоҳи «хонаи иҷоравӣ» тақрибан вуҷуд надошт. Кормандони заводу фабрика, муассисаҳои таълимӣ, мақомотҳои иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон умуман мушкили кофтани хонаи иҷораро дар сар надоштанд. Зеро, комиҷроияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ ҳар як соҳибтахассусро бо хонаҳои хизматӣ таъмин ва тадриҷан соҳиби хонаҳои шахсӣ мегардонид.

Файзулло Атохоҷаев, Аълочӣ ва собиқадори матбуот, дорандаи медали «Хизмати шоиста» тарзи бандубасти тақсими хонаҳои истиқоматӣ ва хизматиро барои хизматчиёни давлатӣ дар замони пештар хуб арзёбӣ мекунад.

-Дар як гаштугузор метавон ҳанўз ҷойи хобгоҳҳои умумӣ ва хизматиро бо ангушт ҳисоб намуд. Аз ҷумла, дар шафати факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду хонаи хизматӣ, дар микроноҳияи 31, дар маҳаллаҳои 27 ва 28-ум хонаҳои хизматӣ арзи вуҷуд мекарданд, ки имрўз моликияти шахсӣ шудаанд. Хобгоҳҳои умумии Донишкадаи политехникӣ (дар рў ба рўи меҳмонхонаи «Эҳсон»), хобгоҳи донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаҳои 20 ва 13-ум дарҳояшон солҳои шўравӣ ба рўйи омўзгорону мутахассисон ва донишҷўён боз буд ва хушбахтона, имрўз низ дари боз доранд,-мегўяд Файзулло Атохоҷаев.

Воқеият дорад, ки хобгоҳҳои Донишкадаи политехникӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо гузашти солҳо низ ҳанўз побарҷоанд ва чун пештар хидмат менамоянд.

- Ба ҷуз ин, ҳар як комбинату фабрика дар мувозинати худ хонаҳои махсусе дошт, ки мутахассисони аз дуру наздик омадаро бо он таъмин менамуд. ҳеҷ кас иҷораи хонаро фикр намекард. Аз рўйи гуфтаи шоҳидони ҳол нархи дандоншикани иҷораи хонаҳо барои мутахаcсисони ҷавон имрўзҳо муаммои рақами як маҳсуб мешавад, ки ин падида 30 сол қабл умуман вуҷуд надошт. Қаблан истилоҳи хонаи иҷоравӣ хеле кам буд. Зеро, агар касе хонае аз бинои баландошёнаро гирифта, дар он иҷорашине қабул мекард, комитети назорати халқӣ, ки бо истилоҳи пешина «народный контроль» мегуфтанд, таноби ин гуна афродро мекашид,-мегўяд мавсуф.

Ба ҷуз ин, барои ҷалби мутахассисон аз дигар кишварҳо ба фабрикаву заводҳо ва комбинатҳои калони истеҳсолӣ махсус хонаҳои хизматӣ пешниҳод мешуд. Барои мисол, аз шаҳри Ивановои Федератсияи Русия мутахассисон омада, дар комбинати Абрешими шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурданд, бидуни мамониат соҳиби хонаҳои хизматӣ ва дертар соҳиби хонаҳои шахсӣ мешуданд.

Дар ин кор, албатта, ташаббуси Иттифоқҳои мустақили касаба хеле бузург буд. Тақрибан тамоми коргоҳҳо иттифоқи касабаи худро дошт ва масъалаҳои доир ба таъмини хонаҳо ва ё хонаҳои хизматиро ҳал карда метавонист. Хусусан, ташкилотҳои сохтмонӣ дорои сохторҳои маишиву маданӣ, истиқомативу дигар зерсохторҳои худ буданд, ки аксари кормандони чунин ташкилотҳо аз ҳисоби он соҳиби хона мегаштанд.

Аммо имрўз чӣ? Аз ҳамаи он нишонаҳо на пайеву на ҳайдаре. Иттифоқи касаба бошад, имрўзҳо кумитаи тадорукоти ҷашнҳои зодрўзиву ёдбудӣ шудаасту халос, дигар ҳеҷ.

Дарди бадро давои бад!

Соҳибназарон рўз то рўз зиёд шудани хонаҳои иҷоравиро камоли беназоратӣ меноманд. Мусоҳибон ҷонибдори онанд, бо вуҷуди он ки бештари моликияти давлатӣ ба моликияти шахсӣ мубаддал шудааст, мисли пештар хонаҳои хизматӣ, хобгоҳҳои умумии мутахассисон ва ниёзмандон барқарор карда шавад.

Мадинаи 35-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ки бо ду фарзандаш аз шавҳараш ҷудо шудааст, қариб 15 сол аст, ки дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.

Рустам (ном иваз карда шудааст) як мутахассиси 37-солаи дигар мегўяд, 17 сол инҷониб иҷоранишин аст.

-Имрўз вазъи муҳоҷирони Русия низ хеле бадтар шудааст, маҷбурам, ки бо ихтисоси интихобкардаам дар Ватан кор кунам. Аммо тўли 17 сол дар хонаи иҷора зистанам, маро боз водор мекунад, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирам,-мегўяд Рустам.

Мухбира ҳошимоваи 26-сола, сокини шаҳри Хуҷанд низ аз нархи хонаҳои иҷора қаноатманд нест, аз ин хотир, маҷбур бо хусуру хушдоман ва як авсуну додаршўяш ва фарзандони онҳо, ки дар маҷмуъ 9 нафарро ташкил медиҳанд, дар як хонаи тангу камшароит зиндагӣ намояд.

- Мехоҳам, ки хонаҳо ва ё хобгоҳҳои умумии оилавӣ бошад, ки мо мутахассисони ҷавон бо он таъмин гардем. Шароити иқтисодӣ надорем, ки хона харида, яке аз мо ҳадди ақалл бароем. Вагарна, рўз то рўз шароит танг шуда истодааст, дар як ошхона ва як ташнобу ҳоҷатхона тўли 8 сол тоқат карда зиндагӣ кардан, аз одам сабри оҳанин талаб мекунад, - мегўяд, Мухбира.

Соҳибназарон чунин мешуморанд, вақти он аст, ки хонаҳои ба хотири иҷора харидаи баъзе корчаллонҳо бояд ошкор шавад. Инчунин, пешниҳод мекунанд, ки бо ҷалби кормандони андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор саршумори хонаҳои иҷоравӣ дақиқ ва ба феҳрасти ягона дароварда шуда, то мисли дигар корхонаҳои соҳибкорони инфиродӣ андозбандии баланд роҳандозӣ карда шавад.

-Дар ин сурат авҷи баландшавии нархи хонаҳои иҷоравӣ шояд андак коҳиш ёфта, ё комилан шояд барҳам хўрад, -мегўяд Абдурауф Шарипов, нафақахўр, сокини деҳаи Сартўқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Таъсири хонаҳои иҷоравӣ ба ҳоли меҳмонхонаҳо

Дар пасманзари гуфтаҳои болоӣ имрўзҳо ҳамагон шоҳидем, ки аксари меҳмонхонаҳо пули андозро ҳар моҳ тақрибан ғун карда наметавонанд. Боз ба гуфти мақоли халқӣ «шўрбо ба сари хонаҳои иҷоравӣ» омада мерезад.

Як нафар масъули яке аз меҳмонхонаҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ варзид, мегўяд, ки квартираҳои иҷоравӣ боиси кам шудани теъдоди муштариёни меҳмонхонаҳо шудааст.

- Имрўз ҳатто аз ҳисоби квартираҳо корчаллонҳои зиёде хонаҳои дорои сифати хизматрасонии «люкс» ва «полулюкс» созмон додаанд, ки ба меҳмонон хизмати иҷораи шабонарўзӣ (посуточная аренда) пешниҳод кардаанд. Дар ин ҳол, муштарии меҳмонхонаҳо кам ва ҳатто баъзе аз онҳо комилан муфлис шуда, боиси заъфи пардохти андоз дар ҳузури мақомоти андозситонӣ шудаанд,-мегўяд мавсуф.

Суоли бомантиқе ба миён меояд, ки дар ин сурат вақте муштариёни меҳмонхонаҳо аз ҳисоби квартира-меҳмонхонаҳо кам мешавад, кӣ бояд боиси пур шудани буҷети давлатӣ шавад? Албатта, тадбири андозбандӣ кардани хонаҳои иҷоравӣ бояд ҷуброни заъфи пардохт нашудани андози меҳмонхонаҳо бошад. Вагарна, бо чунин бебандуборӣ аз ним зиёди ҳар як биноҳои баланди истиқоматӣ ба хонаи иҷоравӣ табдил шудааст.

Далели гуфтаҳои болоӣ дар ҳар дарахту симчўб, истгоҳу витраҷи мағозаҳо ва дигар ҷойҳо эълонҳои зиёдеро метавон дид, ки бо забони русиву тоҷикӣ пешниҳоди иҷораи хонаҳои шабонарўзӣ часпонида шудааст. ҳатто дар қуттии партовҳо низ «Сдаю квартиру» ё «Ба иҷора медиҳам»-ро метавон дид.

Орзу дар нимароҳ аст…

Бо он ки камбудиҳои дар боло ишорашуда ҳама рўзу ҳама соат гиребонгири мо аст, аммо аксари мусоҳибон, бахусус мутахассисони ҷавон ҳангоми омода намудани ин матлаб бо як овоз иброз доштанд, ки шояд ин навишта боиси дубора эҳё шудани хонаҳои хизматӣ ва ё хобгоҳҳои умумии оилавӣ шавад. Аксарият орзуяшон ҳанўз дар нимароҳ аст, ки мисли солҳои пештар соҳиби хонаи истиқоматӣ мешаванду аз пулсупории хонаҳои иҷоравии 12-15-сола озод мегарданд. Зеро, мутахассисонеро низ ҳангоми сўҳбат вохўрдем, ки расо 18-19 сол инҷониб дар иҷора мезистаанд...

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее