September 2017

18 September 2017

Оғўши гарми Истиқлолият

Соҳибистеъдодию эҷодкорӣ, ки неъмати Офаридгор аст, на ба ҳар кас муносиб меафтад, чун насиб кард, бахти инсон мебошад. Ин гуна инсонҳо дар навбати худ сарвати бебаҳои кишваранд.

Чун аз ин нукта ба воқеияти имрўз назар кунем, наврасону ҷавонони шоистаи даврони Истиқлолият ифтихор аз ваҳдату ягонагӣ, ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз карда, шукри онро бояд намоянд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи камолот барояшон афзалиятҳо муқаррар гардидаву аз бисёр имтиёзҳо бархурдоранд.

Яке аз далелҳои муътамади ин росто бо ибтикору дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар урдугоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар таътили тобистона барои як гуруҳ наврасону ҷавонони боистеъдоди вилоят баргузор шудани маҳфили омўзишию амалии “Рўзноманигорони наврас” мисол шуда метавонад.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили “Рўзноманигорони наврас” бо иқдоми идораи рўзномаи наврасону ҷавонон “Ворисони Суғд” дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят бори дуввум доир карда шуд. Имсол ҳам дар ин маҳфили эҷодӣ 20 нафар наврасону ҷавонони хушистеъдоди шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар роҳи эҷоду таҳқиқ қадамҳои нахуст мегузоранду муаллифони фаъоли нашрияҳои бачагона мебошанд, иштирок намуданд. Онҳо ба маҳфил тариқи озмун ҷалб гардида, дар ин маврид онҳое, ки аз оилаҳои эҳтиёҷманд ҳастанду истеъдоди ҷолиби эҷодкорӣ доранд, бартарӣ доштанд.

Яке аз онҳо навқалами наврас аз ноҳияи Ашт Тайибаи Қодир аст, ки ҳамагӣ дувоздаҳ сол дошта бошад ҳам, аллакай дар эҷоди назм қадамҳои умедбахш мегузорад.

Навқалами дигар Абдусамад Самадов аз ноҳияи Айнӣ аст. Дар синфи даҳум таҳсил мекунад, баробари эҷод ба омўзишу таҳқиқи мероси адабии ниёгон шавқу рағбат дорад.

Ба андешаи иштирокчии маҳфил аз литсеи рақами 3-и деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара Асриддин Фахриев ҷустуҷўю эҷодкорӣ дар ҳама риштаҳои илму фарҳанг вазифаи ҳар фарди ватандўст мебошад, то бо донишу малакаи худ ба Ватан хизмат карда тавонад.

- Маҳфил бароямон хеле муфиду манфиатовар гузашт. Баробари устодон аз ҳамдигар низ омўхтем, шинос шудем, аз гўшаю канори вилоят дўстон пайдо кардем. Ба кормандони урдугоҳ ташаккур гуфтаниам, ки ба мо меҳрубониашонро дареғ надоштанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ як гурўҳи ин наврасони эҷодкорро ба ҳузур пазируфта, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд, ки барои аҳли маҳфил гуворову хотирмон буд.

Дар интиҳо ба иштирокчиёни маҳфил Шаҳодатнома тақдим гардид.

Муслима РАҲИМОВА,
сармуҳаррири нашрияи
“Ворисони Суғд”

Читать далее

Рушди ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Дар толори КВД «Кохи матбуот» бо ташаббуси филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи «Баланд бардоштани мавқеи фаъолияти ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ дар вилояти Суғд» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Он бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори нахуст рўи кор омада, дар он ТҶ «Гурдофарид», ФТҶ «Дафтари озоди шаҳрвандӣ», ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» ва ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон» ва журналистон аз расонаҳои хабарӣ ва электронӣ ширкат варзиданд.

Нахуст намояндагони чор ташкилоти ҷамъиятӣ - роҳбари ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ» дар шаҳри Душанбе Дилрабо Самадова, роҳбари ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон» Ирода Бобоҷонова, мушовири ТҶ «Гурдофарид» Розия Ҷарқинзода ва муовини роҳбари ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова дар бораи фаъолияти ташкилотҳои номбурда, самти асосии фаъолияти эшон, бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ рўй овардани онон, мусоидат намудан ба беҳтар шудани шароити зисти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ва дастгирии намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа андешаи хешро баён карданд.

Сипас, байни рўзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо, пайвастани риштаи дўстӣ бо аҳолии давлатҳои наздисарҳадӣ, дастгирии занон ва ҷавонон, баргардонидани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва омўзондани табақаҳои ниёзманди ҷомеа барои навиштани лоиҳа баҳри гирифтани грантҳои Президенти мамлакат ва Раиси вилоят саволу ҷавоб доир гардид. Ҳамчунин, журналистон баҳри беҳбудии кори ташкилотҳои ҷамъиятӣ чанд пешниҳоди хешро баён доштанд. Таъкид шуд, ки чунин нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар се моҳ як маротиба баргузор хоҳад шуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

16 September 2017

Ба хотири беҳбудии ҳаёт

Тибқи нақша вохӯриҳои намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони аз шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар Қасри фарҳанги ноҳия мулоқоти судманд бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов, ректори Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯъмин Шарифзода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова ва дигар намояндагони мақомотҳои қудративу сохторҳои мухталиф бо сокинон доир шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов зимни баромад гуфт, ки ду Қонуни миллии мо - яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишварҳои ҳамсоя мавриди омӯзиш қарор дорад.

А.Қобилов хосатан дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андешаҳои худро иброз дошта, ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Бояд зикр дошт, ки чунин мулоқотҳо дар аксари шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардида, мардум ба хушнудӣ бобати ин тағйиру иловаҳо ҳарф заданд.

М.Самадова,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Роҳ ба сӯи таҳаввулоти фарҳанги миллӣ

Дар шаҳри Истиқлол вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода Иноят, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ, корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Мансурӣ, корманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдуманнон Дадобойзода бо сокинон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар маҳаллаҳои Табошари кӯҳна, Меҳнатобод, дар толори Литсейи касбӣ - техникӣ ва Қасри фарҳанги шаҳр баҳри фаҳмонидани тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид.

Нахуст Оқилзода Нурулло Иноят оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар давоми солҳои соҳибихтиёрӣ суханронӣ намуд. Инчунин, оид ба тағйиру иловаҳо, ки ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардидаанд, муфассал суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки бояд дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Намояндагони касбу кори мухталиф аз саривақтӣ будани ин тағйиру иловаҳо баҳри пешгирии исрофкориву зиёдаравӣ, манъи ташкили баъзе маъракаҳои исрофталаб суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, оид ба тағйиру иловаҳо, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими ҳаракат дар роҳ ва дигар уҳдадориҳо ворид гардидаанд, ҳарф заданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Раҳоӣ аз худнамоӣ

Дар маҷлисгоҳи САҲШ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба шарҳи нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода –ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Ҷаббор Ахмедов, Шералӣ Ризоён - сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода - муовини якуми Раиси вилоят ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба тағйироти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моҳияти он маълумоти муфассал дод.

Ӯ гуфт, ки ҳар яки мо бояд таблиғгари қонун бошем ва барои дуруст фаҳмонидан қонуни мазкур кӯшиш намоем.

Доир ба фаъолияти комиссияҳо Маҳмадалӣ Ватанзода изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки пеш аз ҳама дар қонун як қатор тағйиротҳое ворид карда шудааст, ки он ба салоҳияти комиссияҳои маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд. Имрӯз фаъолияти комиссияҳо мувофиқи матлаб нест. Чунки дар бисёр идораву ташкилотҳо комиссияҳо ба ном вуҷуд доранду халос. Сабаб он аст, ки дар қонуни амалкунанда салоҳияти комиссияҳо мушаххас нишон дода нашуда буд. Аз ин рӯ, онҳо намедонистанд, ки бо чӣ корҳо машғул шаванд. Дар моддаи 5-и қонуни мазкур ба таври мушаххас вазифаҳои асосии онҳо нишон дода шудааст.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.

Дар бобати маъракаи хонадоршавӣ афзуд, ки падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд, ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро баҳри беҳтар гардондани зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Баъзе нафарон муқаррароти қонунгузориро доир ба оши тӯй нодуруст фаҳмидаанд, ки гӯё оши тӯй манъ шудааст. Ин ақида нодуруст аст ва баргузоршавии онро ба ихтиёри соҳибони маърака вогузор кардаанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Меҳвари рӯзгор

Баҳри ба мардум фаҳмонидани нуктаҳо ва моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуруҳи вакилони парлумони мамлакат таҳти сарварии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва намояндагони дигар сохторҳо бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода тайи чанд рӯз бо сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд.

Дар мулоқоти ҷамъбастӣ, ки дар толори Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки бештар аз панҷсад нафар сокинон аз ҳаҷдаҳ маҳаллаҳои шаҳр барпо гардид, вакилон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба мардум нуктаҳои тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо фаҳмонида, дар бобати тарзи баргузор намудани маросими азодорӣ ва дигар маъракаҳоро шарҳ доданд. Ҳамчунин, дар ҷамъомад масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, ба хондану донишандӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Мулоқоту вохӯриҳо дар ҳамаи чаҳордаҳ Ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, аз ҷумла Саразм, Сӯҷина, Шинг, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Вору, Амондара ва дигар ҷойҳо бо иштироки васеи сокинон баргузор гашта, мардум ворид гардидани тағйироту иловаҳоро ба қонуни танзим якдилона дастгирӣ намуданд.

Ба ҳайати гуруҳи корӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар, Олим Салимзода, Абдуҳалим Fаффоров, ҳамчунин, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адибон шомил буданд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

15 September 2017

Ҳадаф: риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон

Санаи 15 сентябри соли 2017 дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд вохӯрии иттилоотӣ оид ба Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла масъулини татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамзамон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Раёсатҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки тибқи қонунгузорӣ вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳом вайрон шудаи онҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон  ва ғайраҳо иборат мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Ӯҳдадории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон. Ҷой ва нақши Шарҳи универсалии даврӣ ва Шўро оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар низоми «Ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода дар мавзӯи «Нақшаи миллии амалҳо оид ба Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017 – 2020», сардори шӯъбаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Нурализода роҷеъ ба масъалаи «Тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020», профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов дар бораи «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ» ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа Ҷаъфарбек Юлдошев оид ба «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ» маърӯза намуданд.

Вохӯрии иттилоотӣ бо муҳокимаи масъалаҳои мавриди тавваҷҷуҳ ва таклифу пешниҳоди иштирокдорон анҷом ёфт.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд» 

 

 

Читать далее

Оғози ҷаласаи 15-уми байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Санаи 14 сентябри соли 2017 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуданд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои бештар шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шуд.

Читать далее

Рисолати ватандорӣ хоси ҷавонон бошад!

Насли ҷавон нерўи бузурги ҳар як давлату ҷомеа ба шумор мераванд, зеро онҳо табақаи мустаҳакам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.

Дар шароити муосири инкишофи давлати соҳибистиқлоламон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда мешавад, ки аз бар кардани мероси илмию фарҳангии гузаштагон ба фаъолияти ҷавонон сабақ мебахшанд, пару боли муқтадир барои парвоз ато мекунанд. ҳамчунин, ба таври мушаххас мегўянд: Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бояд тамоми ҷавонони мо бодиққат хонанд, гузашта ва имрўзаи халқи худро донанд, то ки ояндаро ба худ дуруст тасаввур намоянд. Онҳо бояд хабар дошта бошанд, ки Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барин фарзандони сарсупурдаи миллатамон барои зинда кардани таърихи фарҳанги халқи худ бо чӣ азобҳо, туҳматҳо ва мушкилоти дигар рўбарў шуда буданд. Вале онҳо аз ҳеҷ чиз натарсиданд, зеро нангу номуси ватандориашон аз манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ хеле боло буд». Бо ибораи дигар бигўем, Президенти мамлакат ҳаёт ва осори илмию адабии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро ба насли ҷавон ҳамчун дорулфунуни ватандорӣ, ифтихори миллӣ, давлатдорӣ, халқпарварӣ ва башардўстӣ тавсия мекунанд.

Б.Алимов,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Мақсад: Муҳайё намудани ҳаёти шоиста

Дар толори Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мулоқоти гуруҳи корӣ бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо раисони комиссияҳои доимии шаҳру навоҳии вилояти Суғд, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, мудирони бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳа дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз моҳияту нуктаҳои муҳими тағйирот ҳарф зад.

Аз баромади Маҳмадалӣ Ватанзода бармеояд, ки соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси хеш лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳоро пешниҳод намуда буданд.

- Ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пешгирии зиёдаравӣ ва коҳиш додани сатҳи нодории мардум равона карда шудааст, - иброз дошт мавсуф.

Ҳамчунин доири масъалаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки ба он тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст, маълумот дода шуда, зикр гардид, ки риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзўр гардонида, шахсони алоҳида барои вайрон намудани қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее