03 October 2017

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Читать далее

Муждаи зафар

Аз 17 то 27-уми сентябр дар Ҷумҳурии Туркманистон, шаҳри Ашхобод мусобиқаи бонуфуз – Бозиҳои V Осиё дар иншооти пўшида ва ҳунарҳои рамзӣ бо иштироки варзишгарон аз 62 давлат доир гашт.

Варзишгарони Муассисаи давлатии варзишиии мактаби «Зарафшон» -и ноҳияи Ҷаббор Расулов таи шаш моҳ машқу тамринҳои дастаҷамъона гузаронида, ба ин мусобиқа бо омодагии ҳамаҷониба омаданд омаданд. Варзишгарони  МДМВ «Зарафшон» бо роҳбари директори ҳамин муассиса Шоҳин Гулов ба натиҷаҳои хеле хуб ноил гаштанд.

Ғиёсиддин Раҷабзода, Эгамназар Каримзода, Беҳрўз Гулмуҳаммадзода, Ибодулло Алибердизода ва Муҳаммад Миров ба гирифтани медалҳои нуқра сазовор гаштанд. Хуршед Шарифов соҳиби ду медали биринҷӣ, Миров Муҳаммад соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд. Меҳрзод  Сўфиев, Фаридун Қурбонов, Оятулло Хоҷаев, Фурқат Қаландаров, Эркинбек Абдунабиев, Алибердизода Ибодулло ва Худоёр Раҷабзода низ ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Варзишгарони  муассиса дар маҷмўъ соҳиби панҷ медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гашта, ба ифтихорашон Суруди миллии мо садо дод ва Парчами ҷумҳурии азизамон боло бардошта шуд. «Дар оянда низ кўшиш менамоем, ки бо дастовардҳои хуби худ шўҳрати Тоҷикистонро дар олами варзиш боз ҳам баландтар бардорем» - гуфт Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозир-дастурдиҳандаи МДМВ «Зарафшон» Сўҳроб Неъматов.

Қурбон ҚУРБОНОВ,
рӯзноманигор

Читать далее

Вазъ беҳбудӣ металабад

Ҷаласаи навбатии муовини Сарвазири кишвар ва Раиси вилоят бо намояндагони фаъоли вилоят якчанд масоили ҳалталаби соҳаи кишоварзиро ошкор намуд. Барои аз наздик ошно шудан бо ин масъалаҳои мубрам мо ба ноҳияи Зафаробод сафар намудем.

Барои огоҳ гардидан аз вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сардори раёсати кишоварзии ноҳия Қурбон Шодиев ҳамсуҳбат шудем.

Тибқи иттилои мавсуф дар ноҳияи Зафаробод дар майдони 12433 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, айни ҳол мавсими ҷамъоварии ҳосил бо маром рафта истодааст. Имсол кишти тухми пахта нисбат ба соли гузашта 3108 гектар зиёд мебошад.

Дар ноҳия 3800 адад хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, 3180 адади он ба кишти тухмии пахта сару кор дорад. Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки имсол ҳудуди 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Мутобиқи маълумот то санаи 25 сентябри соли 2017 дар ҷамоатҳои пахтакори ноҳия 15979 нафар саҳмдор буда, чиниши пахта дар як рӯз 558 тоннаро ташкил медиҳад ва то кунун нақшаи чиниши пахта 42,3 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Пахтакорони ноҳияро зарур аст, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, ҳарчӣ бештар саҳмдоронро ба чиниши пахта ҷалб намоянд, зеро вазъ дар ин самт беҳбудӣ металабад.

Улуғбек Махфирализода,
Истамҷон Наҷмиддин,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Тўҳфа ба кўдакон

Рўзи омўзгорон  барои маорифчиёни ноҳияи Деваштич фаромушношуданӣ  гардид, зеро дар  назди кўдакистони аввали маркази ноҳия бинои иловагӣ  барои 90 ҷой мавриди истифода қарор гирифта ва он  барои ташкили  боз се гўруҳи дигар  шароит фароҳам овард.

Бино бо дастгирии  Раиси вилоят  Абдураҳмон Кодирӣ ва  роҳбарияти ноҳия, инчунин  кўмаки шахсони саховатманд, аз ҷумла корхонаи «ҳаҷмис», кумитаи падару модарон ба тариқи ҳашар сохта шуд. Маблағи лоиҳавии бино бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буда, бино бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин бино бо системаи гармидиҳӣ  марказонида шуда, то имрўз  дар кўдакистон 450 нафар гулғунчаҳои боғи истиқлол тарбия гирифта истодаанд.

Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода дар тантанаи ба истифодасупории бино ба ташаббускорони бунёди бинои иловагӣ  изҳори миннатдорӣ намуд ва қайд кард, ки ин нахустин ташаббус дар бобати бунёди қўдакистон  тариқи ҳашар мебошад. Ва имрўз дар ноҳия 7 кўдакистон бо фарогирии  наздик 1,5 ҳазор нафар кўдак  амал менамояд. Дар деҳаҳои Далёну Меҳробод, Хуштоири Мухлон, Лолазору Ғазантарак ба тариқи ҳашар бунёди толорҳои  варзишию синфхонаҳои иловагӣ  ва  кўдакистонхо ҷараён дорад, ки аз вазифагузориҳои Сарвари мамлакат, Пешвои миллат,мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Бинокорони  ҶДММ «Гулдаст» бо Ифтихорномаю тўҳфаҳои  роҳбарияти ноҳия сарфароз гардиданд. Аз номи кумитаи падару модарон Муҳаббат Муродова  барои дастгирӣ  ба шахсони боҳиммат дар кори сохтмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Эгамназар  СОҲИБНАЗАРОВ

Читать далее

Пули мошингузар ифтитоҳ ёфт

Дер боз сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ интизори бунёди пули замонавӣ буданд, зеро пуле, ки дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ сохта шуда буд, фарсудаву дар ҳолати корношоям қарор дошт. Мардум хавфу хатарро эҳсос мекарданд, ки рӯзе кўпрук аз истифода баромада, ба садама дучор мешавад. Дархости мардуми ҷамоатро раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода ба инобат гирифта, барои бунёди пули замонавӣ ба шахсони масъул супориши мушаххас дод.

Хушбахтона бо маблағгузории Муассисаи давлатии сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони пули болои дарёи мавзеи Махшевади Ҷамоати деҳоти Фондарё аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ватан», ки роҳбариашро Шербутта Садриқулзода ба уҳда дорад, сохта, ба истифода дода шуд.

Дарозии он 22 метр, бараш 4,5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее