04 October 2017

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забон

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо ҳар сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Зеро забон ҳамчун воситаи муътамади омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муассир дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Хеле рамзист, ки имсол ин ҷашн ба таҷлили яке аз санаҳои фархундаи таърихи миллат – 25 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Читать далее

Ҳамкорӣ баҳри рушд

Бо мақсади шиносоии намояндагони ВАО бо фаъолияти яке аз муштариёни бонуфузи ширкати «Мегафон –Тоҷикистон» Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» аз тарафи шикрати мазкур бизнес-экспедитсия доир карда шуд.

Маълум карда шуд, ки дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» истеҳсоли 1 млн. 600 ҳазор м2 қолин дар як сол амалӣ карда мешавад.

Таҷҳизонидани коргоҳ бо дастгоҳҳои нави ҷумҳуриҳои Белгия ва Германия имконият додааст, ки истеҳсолот бо технологияҳои навин, аз ҷумла бо компютер ва интернет ба назорат гирфита шуда, камбудиҳои техникӣ саривақт ошкор ва ислоҳ карда шаванд.

Бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба 4 миллион. метри  мураббаъ қолин талабот дошта, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» 40 фоизи маҳсулоти бозори кишварро таъмин менамояд. Аз тарафи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» тӯли нуҳ моҳи соли ҷорӣ инчунин ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаҷми 40 ҳазор метр қолинҳои гуногуннавъ содирот шудааст.

Зимни саёҳати тиҷоратӣ қайд гардид, ки ширкати «Мегафон- Тоҷикистон», ҳамаи корҳои таъминоти бо алоқа ва интернетро барои ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба уҳда гирифта, корхонаро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд. Намояндаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» аз ҳамкорӣ ба ширкати «Мегафон –Тоҷикистон» изҳори сипосмандӣ намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ ҳамкории онҳо густариш хоҳад ёфт.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар сафи ғолибон

Се паҳлавони тоҷик - донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ маҳорати баланд нишон дода, дар қатори ғолибони ин мусобиқаи бонуфуз  мақом гирифтанд. Ба шарофати зафармандии онон се карат  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид.

Дар рақобати паҳлавонон оид ба гўштингирии  камарбандӣ Оятулло Хоҷаев - донишҷўи курси 3-юми факултети баҳисобгирӣ ва андоз, Фаридун Қурбонов - донишҷўи курси 1-уми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва Эркинбек Абдунабиев донишҷўи курси панҷуми  факултети ҳуқуқшиносӣ хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Шоистаи қайд аст, ки барои ба даст овардани ғалаба дар ин навъи варзиш намояндагони 54 кишвари қитъаи  Осиё сабқат намуданд. 

Читать далее

Туризм нигаронкунанда боқӣ монд

Соҳаи туризм дар замони муосир аз лиҳози даромади иқтисодӣ барои кишварҳои пешрафта дуввумин манбаъ ҳисоб мешавад. Аммо дар тафаккури мо ҳатман бояд «пиёзро мефурўшаму аз он даромад пайдо мекунам» мисли қолаби шахшуда ҷойгир шудааст. Ҳол он ки олами тиҷорати пешрафта исбот намудааст, ки ба ҷуз картошкаву пиёзфурўшӣ боз роҳҳои модерни дигари даромади саршори замони муосир вуҷуд дорад.

Солона аз ҳисоби сайёҳии сатҳи ҷаҳонӣ 1,4 триллион доллари ИМА дар гардиш аст, ки ҳар давлате тавонист аз ин маблағи ҳангуфт баҳраёб мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳон даромади соҳаи туризм ҷои панҷумро баъд аз даромади нафт ишғол менамояд ва дар баъзе кишварҳои мутараққӣ бошад, дар ҷои аввал меистад.

Аврупоӣ барои дидани Аврупо намеояд!

Аз рўйи маълумоти дақиқу расмӣ минтақаи аслии сайёҳон асосан Аврупои Ғарбӣ ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 70 фисади олами туризмро дар бар мегирад. Дар ин ҷо албатта кишварҳои Итолиё, Фаронса, Испониё ҷои аввалро ишғол менамоянд. Аз ҳама нуктаи аҷиб: давлати Исроил, ки дар масоҳат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хурд ва аз ҷиҳати нуфузи аҳолӣ қариб ҳамтарози кишвари мост, дар соҳаи туризм рушдкардатарин давлат ба ҳисоб рафта, тибқи иттилои дарёфтӣ даромади ин кишвар аз туризм дар соли 2015 ҳудуди 4 миллиард долларро дар бар гирифтааст.

Пешрафти бидуни таваққуф ва сония ба сонияи асри 21 тақозо мекунад, ки ба ҳар соҳа аз назари бизнес нигаристан боке надорад. Зеро, чунин тақозои замон пешомадеро дар рў ба рўи мо мувоҷеҳ сохтааст, ки тиҷоратро аз тиҷорат бояд шиносем ва аз ин фурсати муносиб самаранок истифода барем. Тиҷорат на ин ки ҳатман дар бозор чизеро арзонтар харидорӣ намоему гаронтар фурўшем ва аз он фоида ба даст орем. Имрўз диду назар ба илми тиҷорат комилан шакли нав гирифта, даромадҳои ҳангуфти ғайримунтазираро ба буҷет ворид мекунад.

Яке аз ин даромадҳои саршор рушди соҳаи туризм ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мебошад, ки борҳо дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидҳои саривақтӣ намудаанд. Мутаассифона, то ба ҳол ин соҳа рушднокарда ва нигаронкунанда боқӣ мондааст, ки коршиносон иллати онро дар набудани мутахассисҳои менеҷерӣ ва маркетинги соҳаи туризм унвон менамоянд.

Ба таъкиди иқтисодшиносон роҳҳои зиёди ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон вуҷуд дорад. Онҳоро бештар манзараҳои афсункор, хона-музею гулгаштҳо, деҳаҳои дурдасту кўҳсорони зебо ва дигар аҷоиботи кишвари мо метавонад ба худ кашад. Аммо барои пешбурди ин амалкард мутахассисҳои воқеии менеҷер ва маркетологи соҳаи туризм хеле кам ва ҳатто ангуштшумор аст. Барои тамошои маконҳои туристӣ асосан рўзона сайёҳон вақташонро мегузаронанд. Аммо масъалаи шабгузаронӣ, шабнишинӣ, ки яке аз барномаи тафреҳии сайёҳон ба шумор мераваду дар он меҳмонхонаҳо нақши асосиро мебозанд, чун пештар ҳамчун саволи нокушода боқӣ мемонад.

Як чизи ақибмондаи мо дар он аст, ки меҳмонхонаҳоямон дар тақлиди аврупоӣ сохта шудаанд ва ягон аҷобату нуктаи мароқбарангезӣ барои сайёҳонро надоранд. Ҳол он ки ҳар як сайёҳ ба кишвари бегонае агар равад, мехоҳад фазову муҳити миллии макони навро барои худаш кашф намояд. На ин ки аз Аврупо ояду ҳамосаи Аврупоро дар он бубинад. Хеле мехоҳад булъаҷабии Шарқ ва маконҳои мафтункунандаи шарқиёнаро бубинад. Мехоҳад дар ҳар қадамаш буйи ниёкони миллии тоҷикӣ ба машоми аврупоиаш расад. Зеро, аслан ташрифи сайёҳи хориҷие ба кишвари мо ба ҷуз гирифтани ангезаи шарқиёнаи мо дигар чизе нест.

Рекламаи шарқиёнаву тоҷикона куҷост?

Дар суҳбат бо бисёр сайёҳон метавон ба натиҷа расид, ки онҳо аз якрангии муҳити кишвари худашон дилгир шудаанд ва мехоҳанд, ки дар саёҳат олами дигарро бо муҳиту фазои дигар кашф намоянд. Бинобар ин, меҳмонхона, ки яке аз рукнҳои асосии рушди туризм аст, бо якчанд пурсишҳое метавон онҳоро бо ду по дар лангидан дид:

Оё меҳмонхонаҳои мо воқеан ба талаботи ҷаҳони муосири туристӣ ҷавобгўянд? Аслан меҳмонҳо дар меҳмонхонаҳои мо чиро дидану мушоҳида кардан мехоҳанд? Оё нафаре, ки аз Ғарб омадааст, дар меҳмонхонаҳо аҷоиботи шарқиро дидан намехоҳад?

Ин якчанд суолҳое мебошанд, ки роҳнамои менеҷерон ва маркетологҳои соҳаи сайёҳӣ бояд бошад. Ба ин суолҳо посух ҷустан ва онро дар амал татбиқ намудан худ аз худ метавонад боиси пешрафти соҳаи туризм шавад. Вагарна, агар ягон тоҷикистоние ба Аврупо равад, мехоҳад аз таърихи он, муҳиту урфу одати қадимаи он шинос шавад.

Тасаввур кунед, агар мо ҳам ба сифати сайёҳ дар Аврупо ҳамин ҷомаву тоқиву хару аробаи миллиамонро бубинем, ҳеҷ аҷобате бароямон намемонад. Ба дил мегўем: «Аз он ки харҷи даҳчанд карда ин ҷо омадам, магар беҳтар набуд, ки ҳамин расму оини тоҷикиамро бо сарфи садчанд арзонтар дар деҳаву кўҳистонҳоямон бубинам?».

Айнан бо чунин орзуву ормонҳо сайёҳони хориҷӣ низ ба кишвари мо ташриф меоранд ва мутаассифона, интизордории баръаксро мебинанд, ки аз сатҳи хеле пасти менеҷменти соҳаи сайёҳиамон дарак медиҳад ва ин боис мегардад, ки торафт муштариёни хориҷӣ кам мешаванд.

Дар кишварҳои тропикӣ дидани шутуру палангу гўрхару зарофа ва савор шудан ба фил чӣ қадар лаззат дорад. Охир ин гуна табиати зинда як ҷузъи муҳими кишварҳои минтақаи мазкур аст, пас чаро мо аз эпоси Хоҷа Насриддину хари донои ў, ҳазорхонаҳои Шаҳрзоду Шаҳриёри «Ҳазору як шаб», аз нигораҳову гуфторҳову нақшу нигори Чойхонаҳои Мушфиқиву Дилкушо, қолини паррону ҷомаву дастори тоҷикӣ ва дигарҳо, ки куллан намунаҳои барҷастаи тоҷиконаву шарқиёнаи мо аст, на дар меҳмонхонаҳоямон дорем, на дар ҷойҳои махсусе, ки сайёҳон он ҷо саёҳат кунанд.

Рўзноманигор Ҷовиди Аштӣ вазъи имрўзаи меҳмонхонаҳоро дар Тоҷикистон барои меҳмонҳои хориҷӣ ғайриқаноатбахш меҳисобад.

-Мо дар ҳамосаи таърихиамон милёнҳо экспонатҳои зиндаву ҷовид дорем, ки хориҷиён онҳоро дидан мехоҳанд. Масалан, хару ароба ва Ҳазрати Мушфиқӣ. Чаро дар даромадгоҳҳои меҳмонхонаҳоямон хару аробаи бо нақшу нигори миллӣ ва Ҳазрати Мушфиқӣ бо зарофати латифу аҷибаш меҳмононро пешвоз намегирад? Чаро меҳмононро бо чунин «фойтуни миллӣ» ба шаҳр давр намезанонанд? Ин шояд як андоза соддаранг ва хандаовар намояд, аммо дар асл муҳиту фазои тоҷиконаи мо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад, на он мўдҳои «шортики бермуд»-у биноҳои сохти аврупоишакл,-мегўяд мавсуф.

Аз рўи гуфтаи коршинсон бармеояд, ки дар меҳмонхонаҳои мо бигзор сервировкаи замонавӣ омехтаи маданияти аврупоӣ бошад, то ин ки хориҷиён аз он бардошти аҷибе бо худ бигиранд ва дар ватани хеш аз аҷобати кишвари мо ба ҳамдигар гўянду нақл кунанд ва реклама созанд. Зеро, исбот шудааст, ки рекламаи шифоҳӣ бартарияти зиёд дорад ва низ боиси ҳарчӣ зиёдтар шудани сафи туристон барои оянда мусоидат менамояд. Инчунин таъкид медоранд, ки нақшу нигор ва намову шакли меҳмонхонаҳо ва саҳни он бигзор бўй ва нашъаи таърихи шарқии моро диҳад.

Аз мубоҳисаи аксари ҳамсуҳбатон метавон натиҷа гирифт, ки маҳз нозукиҳои болоиро менеҷерони соҳаи туризм дар кишвари мо ба инобат намегиранд. Дар суҳбат меҳмонони хориҷӣ низ иброз медоранд, ки дар кишвари шарқиёнаи мо танҳо эъҷозу зебогии шарқиёнаро орзу мекунанд. Аммо мо ҳанўз аз тақлид даст накашидаем, ки накашидаем ва гумон дорем, ки гўё бо нақшу нигору намову хидматрасонии аврупоӣ метавон таваҷҷуҳи онҳоро барангезем.

Ширкатҳои туристӣ: фақат омодасозии виза?

Имрўз ҳар сари қадам ширкатҳои туристиро бо эълону навиштаҷоти чашмрас дидан мумкин. Кас гумон мекунад, ки агар ҳар сари қадам чунин ширкатҳо дошта бошем, ояндаи туризми мо гулгулшукуфон аст. Аммо ҳайҳот!

Тавре аз мушоҳидаҳо аён шуд, ширкатҳои мустақар дар шаҳри Хуҷанд ва паҳнои он дар ивази маблағ танҳо барои омодасозии виза кор мекардаанду халос. Агар дар бораи ҷалби сайёҳони хориҷӣ суол кунед, «не акоҷон, мо танҳо барои тоҷиконе, ки ба хориҷа мераванд, виза омода мекунему халос» мегўянд.

Ин нукта бори дигар исбот менамояд, ки ҳанўз мо аз кўчаи менеҷерӣ ва маркетинги сайёҳӣ як қадам ҳам убур накардаем. Ҳол он ки яке самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани некўаҳволӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ин рушди соҳаи туризм аст.

Дар суҳбат бо соҳибкорону сармоягузорони ИМА Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хеш ин нуктаро борҳо ишора кардаанд, то сайёҳони он сўи уқёнус ва соҳибкоронаш ба кишвари мо мароқ зоҳир намоянд. Мутаассифона, ин ҳоле, ки менеҷерони туризми мо доранд, тамоми интизориҳои моро зери суол мегузорад. Ин ки чанд нафаре дорем, ки забони англисиро хуб медонанду озодона гап зада метавонанд, мазмуни онро надорад, ки онҳо менеҷерҳои соҳаи туризманд.

Табиати афсункори кишвари мо метавонад, ба ҷуз рушди соҳаҳои комплекси саноативу агарарӣ бо пешрафти туризм рўй ба тараққӣ орад. Ин нуктаро борҳо иқтисодшиносон низ таъкид намудаанд. Яъне, забони ин намуди бизнесро бояд омўхту ба ҷаҳони мутамаддин ҳамгому ҳаммаром бояд шуд, на ин ки шефтаи тақлиди кўр-кўрона гашт.

Бояд коре кард, вагарна…

Пас метавон хулоса намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта якчанд қадамҳое пешорўйи мо меистад, ки бояд онҳоро бартараф намуд.

Аввал ин ки, тарбия намудани менеҷерони воқеии сайёҳӣ, ки забони тиҷоратро ба хубӣ донанд. Дуввум, эстетикҳое заруранд, ки бояд донанд, ки сайёҳони аврупоӣ ва дигар мамолик аз кишвари шарқиёнаи мо чӣ ва чиро дидан мехоҳанд? Саввум, билфосила тағйири шаклу намуди меҳмонхонаҳои аврупоишакламон ба модели шарқиёна. Ва ахиран, созмон додани сомонаҳое, ки ҳамарўза зебоиҳои кишвари моро реклама намоянд ва ташкили роликҳои рекламавие, ки дар сомонаҳои хориҷӣ бояд шабу рўз гардиш хўранд, ки барои ҷалби сайёҳон мусоидат намояд.

Вагарна, дар сурати билъакс боз ҳамонем, ки ҳамон боқӣ мемонем.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Кошонаи илм ва роҳнамои саодат

Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омўзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем.

 Эмомалӣ Раҳмон

Мактаб ибтидои ҳар фатҳу зафар барои наврасон ва ҷавонон баҳри дарёфти шоҳроҳи касб ва идомаи илму дониш аст. Омўзгорону устодон кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин даргоҳи муқаддас барои булбулакони боғи дониш баҳри парвози баландашон, баҳри дарёфти шоҳроҳи илм ва азбаркунии соҳаҳои мухталиф чун зина, чун пайроҳае бошад.

Дар муассисаҳои таълимӣ шароити донишандўзӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти техникии муосир сол аз сол рушд ёфта, омўзгорон низ барои тақвияти дониши муҳассилин саъю кўшиш намуда истодаанд. Дар ин бобат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориву суханрониҳояшон нисбат ба соҳаи маориф, бунёди мактабҳои замонавӣ, дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ, беҳтар кардани сифати таълиму тарбия таъкид менамоянд. Чунин ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф буд, ки муваффақияти толибилмон дар соли хониши 2016 – 2017 хеле хуб гардида, аксари хатмкардагони дабистонҳо донишҷўи макотиби олии ҷумҳурӣ ва берун аз он гардиданд.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят дар ин бобат хабар доданд, соли равон аз 34721 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 17181 нафар ба унвони донишҷў шарафёб гардиданд, ки 49,5 фоизро дар бар мегирад. Аз инҳо 15120 нафар тариқи Маркази тестӣ, 1668 нафар ба донишгоҳҳои ИДМ, 89 нафар ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷи дур ва 304 нафар тариқи квотаи президентӣ донишҷў шуданд. Ба остонаи мактаб бошад, 62876 нафар наврас нахустин маротиба қадам гузошт.

Сол аз сол беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аст, ки толибилмон дар озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳои байналхалқии сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат варзида, бо ғолибияти хеш Парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоянд. Яке аз чунин мактаби намунавӣ дар сатҳи вилоят ва берун аз он Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки чанде пеш дар машварати августии соли равон танҳо аз муассисаи таълимии номбурда 16 нафар хонанда барои ғолибият дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, байналмилалии фосилавӣ, ҷумҳуриявӣ, озмунҳои фаннӣ ва ғайра мукофотпулӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро соҳиб гардиданд ва чунин иқдоми шоистаро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз меҳнати сидқидилонаи омўзгорони дабистон донистанд.

11 медали тилло, 24 нуқра ва 29 биринҷӣ

Давоми соли хониши 2016-2017 толибилмони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалии фосилавӣ, шаҳрӣ, озмунҳои техникони ҷавон ва варзишӣ соҳиби 11 медали тилло, 24 нуқра ва 29 биринҷӣ гардиданд.

Барои огоҳӣ ёфтан аз сирри муваффақияти эшон, тарзи омўзиши фанҳо ва омўзгорон ҷониби ин боргоҳи илму маърифат равон шудем.

Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2015-ум инҷониб фаъолият дорад, ки то ин дам бо номи литсейи туркӣ-тоҷикӣ амал мекард. Соли хониши имсола низ хонандагон тариқи имтиҳон аз синфи ҳафтум қабул гардида бошанд ҳам, аммо бо хоҳиши волидон нахустин маротиба ба синфи якум пас аз санҷиши дониши довталабон 22 нафар қабул гардида, алҳол 343 нафар хонанда дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил намуда истодааст.

Донишомўзӣ бо ду равия ва ду забон

Фарқияти литсейи мазкур аз дигар дабистонҳо дар чист? Аввалан, таҳсил дар ин дабистон бо ду забон - фанҳои гуманитарӣ бо забони давлатӣ ва фанҳои дақиқ бо забони англисӣ сурат мегирад. Донишандўзӣ дар ду равия – табиӣ ва риёзӣ буда, дар баробари ҳамин он толибилме, ки нисбат ба ягон фан, масалан, илми ҳуқуқ лаёқат дошта бошад, бештар ба ҳамин соҳа ҷалб карда мешавад.

 44 нафар хатмкунанда ва 44 нафар донишҷў

Дар соли хониши 2016-2017-ум 44 нафар синфи 11-умро хатм карда, аз ин 43 фоизашон ба макотиби олии Федератсияи Русия, ИМА, Хитой, Олмон ва Албания баҳри омўзиши соҳаҳои тиб, молия, ҳуқуқи байналмилалӣ равона гардида, боқимондаҳо дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Тавре сарвари литсей Тоҳир Рўзибоев изҳор медорад, дар ин боргоҳи илм толибилмон тариқи имтиҳон, на танҳо аз шаҳру навоҳии вилоят, балки аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ қабул гардидаанд. Дар назди дабистон хобгоҳ низ ҳаст, ки бо хоҳиши волидайн толибилмон маскун шудаанд. Хобгоҳ низ реҷаи худро дорад. Пас аз ба итмом расидани дарс ва тановули хўроки шом давоми ду - дуюним соат толибилмон ҳамроҳи мураббиён вазифаи хонагии хешро тайёр мекунанд.

Робитаи мактаб бо волидайн

- Мураббиёни мо соҳиби маълумоти олӣ буда, аксарият хатмкардагони ҳамин дабистонанд. Аз ҷониби омўзгорони ҷавон дар як ҳафта ду маротиба маҳфилҳои фаннӣ ташкил шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд дар он ширкат варзанд, - қайд кард сарвари муассисаи таълимӣ Т. Рўзибоев.

Аз баргузории маҳфилҳо истифода бурда, хонандагон на танҳо аз рўи барномаи тарҳрезигардида, инчунин ба саволҳои хеш ҷавоб гирифта метавонанд. Робитаи мактаб бо волидайн хуб ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи аввали таҳсил мураббиён, роҳбарони синф ва омўзгорон аз рўи имконият дар як ҳафта ду маротиба ба хонаҳои хонандагон рафта, аз шароити зист ва волидайни эшон огоҳ мегарданд. Чунин усул ба ҳукми анъана даромада, он имкон медиҳад, ки устодони боргоҳи илм ҳамаҷониба аз ҳоли дастпарваронашон воқиф бошанд.

Қадршиносӣ аз ҷониби Раиси вилоят

Дар ин дабистон аз 32 нафар омўзгор 25 нафар ҷавонон буда, аксарият дарсҳоро бо забони хориҷӣ мегузаронанд. Боиси сарфарозист, ки хонандагони дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва озмунҳо ҷойҳои намоёнро сазоворгардида ва омўзгорон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои молиявӣ сарфароз гардидаанд. Дар соли хониши 2016 – 2017 - ум 16 нафар толибилм ва шаш нафар омўзгор аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ қардшиносӣ карда шуданд.

- Чунин эътибор аз ҷониби Раиси вилоят фаъолияти моро таккони ҷиддӣ бахшид, - мегўяд Тоҳир Рўзибоев, – ва чунин иқдом моро вазифадор месозад, ки боз ҳам бештару беҳтар меҳнат кунем. Имсол шумораи муаллимони хонандагонашон ба олимпиада ва озмунҳо ширкатварзида аз ду нафар ба шаш нафар расиданд.

Ғолибият дар Руминия

 - Бештар ба он такя мекунем, ки нисбат ба назариявӣ корҳои амалӣ хуб ба роҳ монда шаванд. Хонандагони мо аз соли 2010-ум инҷониб дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва озмунҳо бештар иштирок мекунанд. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки толибилмони мо на танҳо ба пойтахт, инчунин ба давлатҳои Федератсияи Русия, Руминия, Тайван, Малайзия, Қазоқистон, ИМА, Фаронса ва Қирғизистон сафар мекунанд ва дар байнашон бори дуюм даъватшудагон низ ҳастанд. Масалан, ду нафар ба олимпиадае, ки дар Руминия доир гардид, ҷойи дуюм, дар Қазоқистон 5 нафар ҷойи сеюм ва 9 нафар дар Малайзия сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуда, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Имрўз толибилмон Мавзуна Заробиддинзода, Сомон Султонов, Хуршедҷон Миршарабов, Дилдорахон Ҳикматуллоева, Довар Сатторов, Баҳром Муродов, Муҳаммадзоҳир Ҳидоятов, Усмонҷон Набиев, Эҳромҷон Асроров, Анвар Абдуллозода, Абўбакр Юнусов, Ардашер Ҳоҷибоев ва даҳҳо дигарон парчамбардорони литсей мебошанд.

Парчамбардорони литсей

Дар Литсей омўзгори собиқадор Зайнура Шокирова, омўзгорони ҷавон Саидзода Ҳикматулло аз фанни риёзӣ, Дилрабохон Пирмаева аз фанни физика, Дилафрўзхон Туронова аз фанни риёзӣ, Маъмурбек Савонқулов аз фанни технологияи иттилоотӣ ва омўзгори турк Эмраҳ Чамуров аз фанни химия бо забони англисӣ сабақ медиҳанд. Ҳар як нафар омўзгори дабистон кўшиш ба харҷ медиҳад, ки толибилмон дониши хубу аъло дошта бошанд ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву берун аз он иштирок намоянд. Масалан, соли хониши 2016-2017 - ум 65 нафар толибилм дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, байналмилалии фосилавӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва озмунҳои “Техникони ҷавон” ва варзишӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ гардида, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтанд, ки дар чунин муваффақияти толибилмон саҳми омўзгорон Наргиза Иброҳимова, Хуршед Мамадҷонов, Баҳром Мироҷиддинов, Гулнора Нодирова, Турсуной Бобоқулова, Зиёратшоҳ Пиров, Юлдуз Қаробоева ва дигарон хеле назаррас аст.

Чанд андеша

Баҳри беҳтар кардани сифати таълиму тарбия сарвари литсей Тоҳир Рўзибоев изҳор дошт, ки дар муассисаҳои таълимӣ хонандагони болаёқат зиёданд, танҳо онҳоро тариқи имтиҳон санҷида, интихоб кардан лозим аст. Баҳри тақвияти фаъолияти хеш муаллимони муассисаи таълимӣ омодаанд, ки бо омўзгорони дигар мактабҳои ҳудуди вилоят ва берун аз он таҷриба иваз намоянд.

Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ шароити таълиму тарбия хеле беҳтар гардидааст, ки мо ҳоло дар мисоли як мактаб овардем. Дар соли хониши имсола ҳам дар вилоят чандин биноҳои таълимии дорои шароити муосир ва майдонҳои варзишиву ҳуҷраҳои ҳунаромўзӣ пешкаши толибилмон гардонида шудааст, ки ҳамаи ин аз ғамхорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дарак медиҳад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
суратгир Инъомҷон РАБИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Рукни ҳастии миллат

22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом, пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиноси мо равона гашта, аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд.

Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 1995, №662 «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ёфт.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 1997, №459 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид ва баъдан дар таҳрири нав санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ гардид.

Бо мурури замон, бо дарназардошти он ки аз қабули Қонуни зикргардида бист сол сипарӣ гардид ва зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ва инак, ҳар сол мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» санаи 5-уми октябр ҳамчун Рўзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2008 бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардида, ин иқдоми накў хеле саривақтӣ ва нишонаи ғамхории беназир буда, боз як далели арҷгузории фарҳанги миллӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки имрўз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диёри соҳибистиқлоли мо рўз то рўз ободу зеботар мегардад ва аз ин рў мавқеи байналхалқии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барўмандтарин муқаддасоти миллати мост ва онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем.

Гулшан ЭШБОЕВА,
 омўзгори Литсейи №1,
шаҳри Бўстон

Читать далее

«Хуҷанд» дастаи «Барқчӣ»-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод

Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар аввалин вохӯрии даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисорро шикаст дод.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид ва бо ҳисоби 2:0 бар нафъи  дастаи «Хуҷанд» хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии байни  дастаҳои  футболи   «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» 4 октябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбад ва бо ғолиби ҷуфти «Истиқлол» — КМВА «Помир» вомехӯрад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее