05 October 2017

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Читать далее

Дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфта буд.

Хотиррасон менамоем, ки бозии ҷавобӣ 4  октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шогирдони Мубин Эргашев дар ин дидор бар муқобили дастаи «Хуҷанд» рақобати шадид нишон дода, натиҷаи умумии ду бозиро 2:2 намуданд. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расониданд. Тақдири бозӣ дар дақиқаҳои иловагии пас аз бозӣ ҳал гардид. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба бозӣ баргашта, фишорро бар бозингарони ҷавони дастаи «Барқчӣ» афзоиш доданд ва ҳисоби бозии ҷавобиро баробар намуданд. Дилшод Бозоров ва Шоҳрух Раҷаматов, ки аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон омаданд, ҳисоби бозиро 2:2 намуданд.

Ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Хуҷанд» дар бозиҳои рафту баргашт бо натиҷаи умумии 4:2 ғолиб омада, ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад. Ин даста дар финал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бозӣ хоҳад кард.

www.khovar.tj

Читать далее

Муҳити илмӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ

Моҳи сентябри соли 2014 бо қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Муассисаи давлатии маркази илмии Камоли Хуҷандӣ таъсис ёфт. Имрўз муассиса дар якчанд самт фаъолият дошта, асосан ба таҳқиқи рўзгору осор, хусусиятҳои шеър ва муаррифии Камоли Хуҷандӣ машғул аст.

Ба гуфти муовини маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматзод ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти марказ ин анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили мубрами адабиёт, таърихи миллати тоҷик буда, ҷабҳаи аслии он ба ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва ҳамзамон намояндагони илму адаби тоҷик нигаронида шудааст. Аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки таҳия ва нашри осори суханварону донишмандони тоҷик, инчунин гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилаливу ҷумҳуриву вилоятӣ оид ба масъалаҳои муҳими илмӣ ба дўши маркази мазкур буда, дар ин ҷода ҳамзамон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла, муҳаққиқони асили адабиёт ва таъриху ҷомеашиносӣ ва ба роҳ мондани фаслнома маҷалла ва рўзнома иборат аст.

То имрўз 21 номгўи китоб аз ҷониби муассиса нашр шудааст. Аввалин китоб «Муқаддимаи камолшиносӣ» буда, дар он тарҷумаҳои шеъри Камоли Хуҷандӣ дар панҷ забон бори аввал бо ибтикори устод Фахриддин Насриддинов бо номи «Армуғони аҳли дил» бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, урдуӣ, ўзбекӣ ва тоҷикӣ нашр шуда, инчунин «Иксири саодат», Баргузидаи адабиёт, мисраҳо ва пораҳои пандомезу ҳикматбори Камоли Хуҷандӣ бо ибтикор ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Кодирӣ нашр гардида, ба дасти алоқамандон расидааст,-мегўяд зимни суҳбат Б. Раҳматзод.

Ҳудуди ҳафтод фисади китобҳои нашргардидаи муассиса бори аввал ба ҳуруфи кириллик нашр шуда, аксарияти китобҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳим ва дасти аввали илмӣ ҳисоб мешаванд. Инчунин дар китобҳои интишоршуда шоирони классикеро метавон вохўрд, ки то ин дам ному насаби эшон ба ҳаводорони аҳли сухан нодир ва ҳатто ноошно будааст.

Масалан, дар китоби Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ аз зиндагинома ва кароматҳои эшон маълумоти аҷиб фароҳам омада, дар бораи тамоми мазорҳо ва маълумоти этнографии шаҳри Хуҷанд иттилооти зиёд нашр шудааст.

Хубӣ ва осонфаҳмии китобҳои нашршуда аз он иборат аст, ки он тавзеҳот дошта, тамоми калимаҳои мушкили адабӣ бо забони соддаю фаҳмо дар ҳошия оварда шудааст. Дар муассиса асосан муҳаққиқони ҷавон фаъолият дошта, барои хонданбоб ва талаби замон гардонидани китобҳо заҳмати зиёде доранд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Забони модарӣ - асоси маънавият

Забон ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ бо ҷомеа пайванди қавӣ дорад. Чун василаи мубодилаи афкор хидмат менамояд, тавассути он инсонҳо кору пайкори хешро пеш мебаранд.

Ҳар дигаргунӣ ва таҳаввулоте, ки дар ҳаёти ҷомеа ба вуқуъ мепайвандад, дар забон инъикоси хешро меёбад. Дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба забон роҳ ёфта, тавассути он таркиби луғавии забон ғанӣ мегардад. Омўзиши дурусти забон аз муҳити хонаводагӣ оғоз мегардад. Олими шинохта Муҳаммадҷон Шакурӣ навиштааст: «Забони модарӣ оғози ҳама оғозҳост, асоси маънавият, маданияти ҳақиқии ботинӣ, худшиносии иҷтимоиву ахлоқии шахс аст».

Таърих ва сарнавишти ҳар як халқ дар забони вай таҷассум мегардад. Халқе, ки дорои фарҳанги бою рангин аст, пас забони ў низ ба ҳамон андоза бузургу нотакрор мебошад. Бузургони илму адаб дар ҳама давру замон бо офаридаҳои нотакрори хеш асолати забони тоҷикиро нигоҳ дошта, дар устувории он хидмати арзандаеро ба ҷо овардаанд. Халқ меросбари бузург ва бонии ин забону фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонсози мо аст.

Бузургворе фармудааст: «Азимтарин сарвати халқ забони ўст. ҳазорон сол дар сухан хазинаи бешумори андешаву таҷрибаи одамизод гирд мешавад ва зиндаву ҷовид мемонад». Ба ин хотир, маҳз ҳофизаи таърихии мардуми мо буд, ки дурдонаҳои нотакрори назму наср то қарнҳои мо омада расиданд. Ин забон моро ба гузаштаи дури мардуми мо пайванд медорад, ки онҳо ҳанўз аз ҳазорсолаҳои пеш аз милод то замони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офарида, тариқи фарҳанги гуфторӣ аз насл ба насл интиқол гардидаанд.

Забон дар таърих ба ҳайси нигоҳдоранда, ҳимоятгар ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун маҳсуб ёфта, дар ҳифозати асолати миллӣ нақши муассир мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин овардаанд:

«Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Забон занҷирест, ки имрўзу дирўзи моро бо фардо мепайвандад, то саду садсолаҳои дигар ҷовид бимонем».

Забони тоҷикӣ ҳанўз 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатиро соҳиб гашта буд.

Тўли 20 сол Қонуни мазкур рисолати хешро назди ҷомеа иҷро намуд. ҳодисаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар саҳфаи таърих боқӣ монд. Ин имкон дод, ки забони модарии мо, ки забони шеъри оламгир буд, аз нав эҳё гардид, бар маснади олии худ нишаст.

Гузашти солҳо ва пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ зарурати қабули қонуни навро пеш овард. Тибқи он 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба тасвиб расидани Қонуни нав моро водор месозад, ки забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод намоем. ҳамеша ва пайваста дар андешаи покиза ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, ҳама гуна ғалатгўиву ғалатнависиро роҳ надиҳем.

Дар замони давлатдории навини тоҷикон баҳри рушди забон ҳамчун яке аз арзишҳои бузурги маънавии миллат корҳои назаррасе ба сомон расидаанд. Забон ва рушди он ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи Барномаи рушди забони давлатӣ, таъсиси рўзномаи «Ганҷи забон» аз иқдомҳои шоистаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бузургдошти ин рукни асосии давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Даврони навин саҳифаи рўшане дар тамоми таърихи ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад, чунки дар ин давра ғамхорӣ нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ бештар зоҳир гардидааст. Рисолати мо поку бегазанд ва бо тамоми ҳастӣ эмин нигоҳ доштани ин дастоварди бузурги меҳан – забони ноби тоҷикӣ мебошад. Мо чун меросбарони ин ганҷи бебаҳо дар эҳёи асолати бузург ва беинтиҳои он кафил буда, бояд тамоми нерў ва донишу истеъдоди хешро масраф намоем. Дурдонаҳои нотакрори хазоини адабу шеъри тоҷикиро барои муштариён бозгў намуда, дар тарбияи ҷомеаи солиму созандагии диёр саҳмгузор бошем.

 Манзура Шамсиева,
мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят

Читать далее

Тантанаи Рўзи забон дар ноҳияи Айнӣ

Ба шарофати Истиқлолият мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа боло рафта, эҳтирому бузургдошти он боз ҳам бештару беҳтар мегардад. Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрўз забони тоҷикӣ ба шарофати иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳаду танинандоз мегардад.

Ҳамасола дар мамлакат 5 октябр чун Иди забони тоҷикӣ дар сатҳи баланд ва бошукўҳу хотирмон таҷлил шуда, дар доираи пазироии он дар ҳамаи гўшаву канори кишвар озмунҳои гуногун доир мешаванд. Соли равон низ ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баҳри пояндагӣ ва устувории забони тоҷикӣ чун забони миллати тоҷик бо ташаббуси нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ озмуни ҷумҳуриявӣ созмон дода шуд.

Дар он адибону олимон, муаррихон ва дигар мутахассисони касбу кори гуногун ширкат варзида аз ташаккули забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва доир ба хизматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ ҷиҳати мақому манзалати забони тоҷикӣ, нақши он дар давлатдории тоҷикон, рушди минтақавии фарҳанг дар Осиёи Миёна фикру мулоҳизаҳои худро дар шакли мақола ироа доштанд.

Ба хотири натиҷабардорӣ аз озмун дар ноҳияи Айнӣ бо ширкати васеи меҳмонон-адибон, олимон, рўзноманигорон, ходимони илм, ки аз Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент ташриф оварда буданд, як ҳамоиши басо рангину самимӣ доир гашта, хеле таассуротангез ҷараён гирифт.

Қабл аз шуруи ҳамоиши Иди забон ширкаткунандагони чорабинӣ субҳи барвақт ба деҳаи Зоосун рафта, аз мақбара ва хона-осорхонаи намояндаи адабиёти классикии тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, оне, ки бо осори хеш нерўмандӣ ва муассирии забони тоҷикиро ба дўстдорони назм нишон додааст, дидан намуда, муддате бо қироати байтҳои нотакрору ҳамзамон ғанӣ аз фаъолияти мондагори Туғрал ёд карданд. Набераи шоир, ки имрўз офтоби умраш ба наздики 80 расидааст, Муаттари Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ меҳмононро дар ҳавлии бобоӣ истиқбол гирифт, аз чунин арҷгузории аҳли ҷомеа ва давлати Тоҷикистон арзи сипос кард.

- Хизматҳои шоирро дар инкишофи забони ноби тоҷикӣ бо офаридани беҳтарин ғазалҳои дилошўбу фарогири маонии васеи рўзгори инсон Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ таъкид дошта, баҳри хозирин намунаҳо қироат намуд, ки тақвияти соҳибистеъдодии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ буд.

Дарду аламҳои инсоният, адлу инсоф ва ишқи пок меҳвари асосии эҷодиёти шоир буд,- иброз дошт публитсист, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Раҷабалӣ Қудратов, - боз солҳо хоҳанд гузашт, аммо шеъри Туғрал бо забони тоҷикӣ беҳтар садо дода, дар қалби дўстдорони шеъру адаб манзил хоҳанд гирифт, - илова намуд мавсуф.

Баъдан дар маркази шаҳраки ноҳия, ки номи устод Айниро дорад, маросими ифтитоҳи гўшаи гулгашт бо таҷдиди пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар он меҳмонону сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Минбаъд пайкараи устод Айнӣ ба сокинони ноҳияву меҳмонон дар мавқеъгирӣ ба таври намоён падидор мегардад. Ин гўшаи гулободро сабзаву себаргаҳо ва гулҳои рангоранги тару тоза, ҳамчунин навиштаҳо дар девори гирдогирди мавзеъ аз таъриху ташаккули ноҳияи Айнӣ зеб мебахшад.

 - Ба чунин мақом расидани забони тоҷикиву дар ҳар хонадони мо садо додани он аз талошу такопўйҳо, ҷонфидоиву ҷонбозиҳои пайвастаи устод Садриддин Айнӣ иртибот мегирад. Бо навиштани даҳҳо мақолаву китобҳои худ, хосатан «Намунаи адабиёти тоҷик» устод ба аҳли ҷомеа собит месозад, ки миллате бо номи тоҷик буду ҳаст ва таърихи ташаккули худро дораду чун дигар халқҳои ҷаҳон зистану давлат доштан ва ҳуқуқи эҷод карданро дорад, - иброз дошт Мурод Муродӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

- Чун сухан аз мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа меравад, ҳатман мо аз устод Садриддин Айнӣ ёд меорем, талошҳои беохираш, ки забони тоҷикӣ то ба имрўз расаду боиси ифтихор бошад. Қатори садҳо дигар забони халқҳои дунё аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад,- мегўяд Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Барномаи махсуси идонаи мусиқӣ-адабӣ ва ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии бахшида ба Иди забон ва гиромидошти хидматҳои арзандаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар Кохи фарҳанги маркази ноҳия идомаи мантиқии чорабиниҳо маҳсуб меёфт, ки дар сатҳи баланд пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Нахуст раиси ноҳия Неъматулло Раҳматзода аҳли толор, ба виҷа меҳмонон, адибонро аз гўшаву канори кишвар хайрамақдам гуфта, аз ташаббуси неки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» хотиррасон кард.

- Чорабинии мазкур бешубҳа, дар арҷгузории забони давлатӣ-забони тоҷикӣ нақши муассир хоҳад гузошт,- гуфт раиси ноҳия,- зеро эҳтиром, гиромидошт ба ҳар халқу миллат маҳз аз забони ў оғоз меёбад. Беваҷҳ, забонро пояи миллат нагуфтаанд. Аз мақоми замони муосири забони давлатӣ ҳарф зада, мо ҳатман талошҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид месозем. Зеро, Пешвои муаззами тоҷикон чун намуна дар ҳар маърака: чӣ дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар сатҳи байналхалқӣ бо забони тоҷикӣ сухан мегўянд. Ба шарофати Президенти мамлакат ҷаҳониён имрўз донистанд, ки тоҷикону Тоҷикистон соҳиби таърихи қадима ҳастанд.

Ҳайати таҳририяи нашрияи расмии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» дар асоси мутолиа, таҳлилу баррасии ҳаматарафаи зиёда аз 100 мақолаи ба озмун ирсолшуда, 50-тоашро мавриди чоп қарор дода, дар ин замина ғолибонро низ муайян кард ва ба таври тантанавӣ зери мавҷи кафкўбиҳои бардавоми аҳли толор онҳоро бо Ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ, армуғонҳо қадршиносӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар озмун беҳтарин адибони кишвар-Шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иштирок дошта, бо мақолаҳои мондагори хеш аз марҳалаҳои пасисаркардаи забони тоҷикӣ, хизматҳои воқеан ҳам қаҳрамононаи устод Айнӣ ёдовар шудаанд. Маҷмуаи мақолаҳо интизорӣ меравад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар шакли китоб чоп ва ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Сармуҳаррири нашрияи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода арзи сипоси ҳайати таҳририяи рўзномаро ҷиҳати дастгирӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ба кулли он нафароне, ки фаъолона бо самари хомаи худ дар озмун иштирок карданд, расонид. Мавсуф таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмун қабл аз ҳама арҷгузорӣ ба забони модарӣ-давлатӣ ва гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки баҳри инкишофи забон ва мақому манзалати он талош варзидаанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее