06 October 2017

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ

Дар робита ба зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ҷашни зодрӯзи Шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба Шумо беҳтарин таманниётро орзумандам.

Читать далее

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

Дирӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Читать далее

Пешвои миллат ва ҷавонон

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаи марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукумат дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70 фоизи аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату Ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад.

Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 26 соли Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки имрўз ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкид намудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад.

Дар ҷомеаи имрӯза   дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ  мавқеи  ҷавонон  хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад  ба хубӣ таъмин созад.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона  дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад,  ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда,  афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри  ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.  Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар  пайваста талош меварзанд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд.  Ҷавонони  мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандузии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Агар соли 1991 70 ҳазор нафар машғули таҳисл буданд, пас имрӯзҳо он ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст, ки аз азми қавӣ ва тамоюли устувори маърифатии ҷавонон дарак медиҳад.

Ҳамасола сафи ҷавонон – хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи ҷавонони то синни 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ ҳудуди 50 фоизро ташкил намуда, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда азми фаъолият доранд.

Ҷавонони имрӯз ба ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи зиёд доранд. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони кишвар аз натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо чандин маротиба Парчами давлатӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон партафишон гардид.

Маҷрои пешгирифтаи Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон метавонад ҷомеаро бо назардошти сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавии он дар шароити ҷомеаи муосир устувор гардонад, имкониятҳои рушдёбии онро таҳким бахшад ва захираи инсонӣ ва зеҳнии давлат ва ҷомеаро поянда нигоҳ дорад.

Аз ин рӯ, соли 2017-ро метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солгарди ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгарди фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид.

Мувофиқан, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ва шароиту имкониятҳои фароҳамгашта мо – ҷавононро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ (аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ) кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат бандем ва пайваста созанда ва бунёдкор бошем.

Мавзуна ОҚИЛОВА,
устоди кафедраи 
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров
Читать далее

РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

…Агар хоҳӣ ҳамеша навдаи наврустае аз пояи худ

Аз буни пояндаҳои худ ба гардун сар ба сар

                                                                       бо сарзаминат тан ба тан бошӣ,

Миёни решапайвандон, миёни ҳамдилону ҳамравонону ҷигарбандон

ҳамеша бо сари болои худ аз ҷавҳари воло.

Агар дар домани меҳан ва ё дур аз ватан бошӣ

ҳазорон шеваи шевои ширинат

Ба монанди ҳазорово

ҳама зеру бами овои деринат

Забони модарӣ бошад,

Забони меҳрубони модарӣ бошад.

Забони тоҷикӣ, ки дар дунё аз ҳама гўшнавозу забони мусиқӣ шинохта шудааст, қарнҳост дар дили донишмандони бузург ҷой гирифта, бархе аз онон ин забонро омўхта, маҳз бо ҳамин забон эҷод кардаанд. Ба туфайли хизматҳои бузургмардони миллат, аз асри Х инҷониб, тозагӣ, равонии забон нигоҳ дошта шуд, ки ин омил байни забони халқҳои мухталифи олам ангуштшумор аст.

Баъди даҳ аср, маротибаи дуввум, соли 1989 забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ рўйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад. Ба виҷа, айёми соҳибистиқлолии мамлакат, дар ҷодаи инкишофу такомул ва тарвиҷу равнақи забони тоҷикӣ, шароити мусоид фароҳам овард. Донишмандони забоншиноси тоҷик муваззаф шуданд, ки барои беҳдошти алифбо ва имлои  забони тоҷикӣ тағйироти мантиқӣ ворид гардад. Оид ба ин масоил дар пешгуфтори асари гаронбаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» чунин таъкид рафтааст: «Забон аз печидагӯӣ ва саҷъбофии муншиёна, ки мероси асрҳои охир буд, раҳоӣ ёфт. Усулҳои наву замонавии таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид, як зумра муҳаққиқону мутахассисон дар ин ришта тарбия ёфта, заминаҳои бунёди илми забоншиносии муосири тоҷик гузошта шуд, вале ҳамзамон ба хотири "демократикунонӣ" забони тоҷикӣ бисёр воҷагони асилу ноби худро аз даст дод. Ба ҷойи онҳо калима ва истилоҳоти бамавриду бемаврид аз забонҳои гуногун ва ё калимаҳои носуфтаву худсохта, луғатҳои омиёна, қолабҳои калимасозию ибораороии бегона ва сабку услубҳои тақлидӣ ба забони мо ворид гардид».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ тамоми ҳуҷҷатнигориҳо дар худуди мамлакат маҳз бо ҳамин забон сурат гирифта, аз истифодабарандагон талаб карда шуд, ки ба покизагии он эътибори хоса диҳанд. Забоншиносон бо  мутахассисони соҳоти мухталиф якҷоя фарҳангҳои тафсирӣ ё луғоти соҳавию касбӣ тартиб дода, барои истифода пешкаш карданд. Доир ба тарҷумаи баъзе аз воҷаҳои байналмилалӣ, ки унвони ягон ашёи истеҳсоли хориҷ аст калима, таркибу ибораҳои нисбатан (аз ҷиҳати маъно)ба он наздик бозёфт шуда истодааст.

Дар ин ду даҳсолаи охир, он забони муоширот, ки мардум бо забони омехтаи русӣ ҳарф мезаданд, пурра аз байн рафт. Дар муассисаю коргоҳҳои миқёси ҷумҳурӣ муштариён забони адабиро истифода ме- баранд.

Барои ҳуҷҷатнигории босаводона, барои инкишофи нутқи хаттию шифоҳии донишҷўён, ки мутахассисони ояндаи  ҳаёти ҷамъиятианд, дар донишгоҳҳо, дар раванди таълим фанни ҳатмии забони тоҷикӣ омўхта мешавад. Дар қатори дигар муаллимони донишгоҳҳо, омўзгорони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ оид ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ мақолаҳои илмӣ менависанд, дастурҳои таълимию методӣ таълиф менамоянд ва дар роҳи гиромидашти забони тоҷикӣ сиёсати хирадмандонаи ҳукумати Ҷумхуриро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Барҳақ, сарвари давлатамон дар ҷаласаи ифтихорӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон  чун шири модар муқаддас мебошад».

А.Каримов,
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее

Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад.

Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои  он  дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. ҳоло терроризм яке аз  масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Воқеаҳои мудҳиши ҷумҳуриҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ҳодисаҳои нангини шаҳрҳои Ню-Йорк, Париҷ, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Волгоград мардуми озодфикру равшанзамири ҷаҳонро ба мубориза бар зидди терроризм муттаҳид сохт. Ин масъала борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардааст. Мавзўи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рўз аз рўз бо дастгирии давлатҳои абарқудрат ҳодисаҳои террактӣ бештар гардидаанд.

Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаю канори олам ва садҳо таркишу ҳазорон қурбонии он ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти давлатиро гум карда, ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши тамоми ҷаҳониён гардид. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризе дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холи нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти динро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рўзноманигорон ва хизматчиёни давлатӣ, ки роҷеъ ба таърихӣ Ислом маълумоти аниқ надоранд, дар бораи дини мубини Ислом суханони носанҷида мегўянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ва ё он кишвар халал ворид мекунад. Ислом ба даҳшатафканӣ ҳеҷ муносибат надорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва дўшмани Худову бандагони ўст ин гуна нирўҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳон фарҳангӣ волои Исломро пиёда месозанд».

Бояд дар назар дошт, ки дар солҳои баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон ҳам дар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурўҳҳо ва созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамоянд, ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо (дар майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ», ки ҳар ду майдон ҳам аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд) ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парлумон, ғасби биноҳои ҳукуматӣ як амри муқаррарӣ шуда буд.

Камтаҷрибагии нерўҳои сиёсӣ ва давлати навистиқлол якҷо бо омилҳои дигари дохилию берунӣ ба амалҳои ифротӣ ва ниҳоят ба террору ҷанги дохилӣ сабаб гардид. Он солҳо як қатор шахсиятҳои бузурги сатҳи давлатиро  бо амалҳои террористӣ нобуд карданд.

Солҳои охир низ созмонҳое зиёд пайдо гардидаанд, ки бо истифодаи шиорҳои динӣ ва аз номи дин даст ба ифротгароӣ, экстремизм ва ниҳоят ба террор намудани ин ё он давлат, ҷомеаи муайян машғул мешаванд. Барои ҳамин имрўз пеш аз ҳама бо ҷавонон бештар кор бояд кард, то онҳо огоҳ бошанд, ки бештар ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҳои сиёсиву идеологӣ дошта, на барои манфиати мардум, балки бо фиреб додани аҳолӣ аз паи амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мебошанд.

Чуноне дар боло ишора рафт, таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсу-сан терроризм, бисёр мушкиласт, зеро мафҳуми худи терроризм он қадар маълум ва мушахас нест. Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зўроварӣ ва хушунатаст. ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зўроварӣ (ба фикри онҳо зўроварии ҳақ ва ногузир) аст.

Бояд иқрор шуд, ки имрўз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастҷамона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои зуҳурёбии он мебошад.

Ф. Ҳомидов,
профессори ДДҲБСТ 

Читать далее

Хиёнат ғазаби Худо аст

Шукри Худо ва шукронаи тинҷию оромии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои амну амон саодатмандона ҳаёт ба сар мебарем, ватанамон рӯз аз рӯз обод мегардад.

Ҳамеша инсон бояд бо мафкураи солим ва зиндагӣ намояд вагарна гирудорҳои ҳаёт онҳое, ки дар давоми умр даст ба фитна, ҷиноят ва маъсият мезананд, дили нопок доранд рӯзе ошкор мекунад ва симои нопоки онҳо байни мардум зоҳир мешавад.

Баъди тамошои филми мустанад оид ба хиёнатҳои собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тариқи телевизионҳо намоиш дода шуд, ҳамчун як ходими дин хостам фикри худро баён кунам, зеро, кирдорҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад, дар ин ҳолат бетарафӣ бешарафӣ аст.

Дар ин филми мустанад ҳадафҳои ҳизби наҳзати хиёнаткор аз ҷониби аъзоёни ҳизб монанди Абдуқодир Абдуллоев (Рустами Норакӣ), Тағоймурод Ашрапов ва дигарон фош карда шуд. Вақто ки Абдуқодир Абдуллоев воқеъаҳои даҳшатангезро бо нишондод ва амри роҳбарони ҳНИТ бо ба забон овардани шахсиятҳои маъруфи миллат, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба қатл расонида шудаанд, маро ба ҳайрат гузошт ва гуфтам: Наход ҳамин мусулмонӣ бошад! Оё онҳо аз Худо натарсиданд? Оё ояти Қуръон, ки дар сураи Нисо ояти 93 мегӯяд:

 “Ва ҳар, ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дузах аст, дар он ҷо ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифта аст ва ӯро лаънат карда аст ва азоби бузург барои ӯ омода сохта аст.” Онҳо  аз ин оят бехабар ҳастанд?

Чандин нафарро ба қатл расонидем, чанд ҷойро таркондем ҳамааш бо супориши наҳзатиён ва роҳбарии ҳоҷӣ ҳалим Назарзода бо маблағгузории Эрон мегӯяд.

Аслан, аз номи дин истифода карда ғаразҳои сиёсиро пиёда кардан кори нек нест. Ба марг расонидани Муҳаммад Осимӣ барин олими саршиноси тоҷик ва ё дигар бузургон, ки дар филм зикрашон рафт, таассуфовар аст. Зеро, мағзҳои беҳтарини миллатро аз байн бурданд. Агар онҳо зинда мебуданд, аз фикру илми онон мардуми зиёде манфиат мегирифтанд.

Ба қатл расонидани олим баробари ба марг расонидани миллат аст. Он коре ки наҳзатиён бо сарпарастии Эрон дар солҳои навадуми асри бист содир кардаанд, афвнопазир ва кирдори на бародарона, балки душманона аст. Ин бераҳмӣ, сӯиистифода аз дин, хиёнат ба миллати худ, итоати хоҷагони хориҷӣ, барангехтани низоъ ҳамааш барои дигар кардани сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистон, нобуд кардани фарҳанг, мазҳаб ва дар охир аз байн бурдани миллати  тоҷик будааст.

Нафароне, ки дар филм бо таассуф пушаймонии худро баён мекарданд, ё мегуфтанд, ки мо иштибоҳ кардем, надонистем, ки ҳизби Наҳзати Исломӣ бо роҳбарии Эрон моро гумроҳ мекунад, ба фикри банда онҳо хуб медонистанд, ба таркишу қатли инсонҳои бегуноҳ  даст заданд, гуфти хоҷагони худро ба ҷо оварданд, аммо натавонистанд, ки ба давлати қонунӣ заррае халал ворид кунанд, ё ваҳдати мардуми Тоҷикистонро нуқсондор кунанд.

Ман ҳамчун як ходими дин чандин маротиба дар ҷодаи аҳзоби динӣ фикри худро баён намудаам ва имрӯз низ мегӯям: Ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад, сиёсикунонии Ислом ба зарари дини мо, мазҳаби мо, миллату халқи мо мебошад.

Мо бояд шукронаи давлату давлатдории тоҷикона, ободию озодии ин айёмро кунем, нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи тарғиботи бегона шаванд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, 
 сархатиби масҷиди ҷомеъи 
марказии Шайх Маслиҳатдин, 
номзади улуми суханшиносӣ  

Читать далее

Поёни фитна ва дасиса харобкорист

Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст.

Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёсӣ заифтарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳи худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Набардҳое, ки имрӯз дар мамлакати Ироқ ва Сурия доир шуда истодааст шаҳодати гуфтаҳои болоиянд. Касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонад. Аз як сӯ аҳолии осоишта аз ин ҷанги бемаънӣ хисороти калони моддиву маънавӣ мебинанд. Аз сӯи дигар ҷони ҳазорон размандагон, ки худ намедонанд бо кадом мақсад вориди ҷанг шуданд,  қурбони ин фирефтаю дасисаҳо гардида истодаанд. Барои инсоне, ки ақлу шуур дорад ин нобасомониҳо бояд дарси ибрат шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин маврид қайд карда буданд : «..Ҷаҳонишавӣ  чун дар ҳама ҷо барои асолат  ва ҳуввияти миллӣ , арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ , симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ  эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ  ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо  намуд».

Имрӯз аслиҳаи асосии абарқудратҳо ташкили ғояҳои носоз дар зеҳну шуури ҷавонони навроҳи зиндагист, ҳамзабон ин гурӯҳҳо бо истифода аз дину эҳсос  ва мазҳаб мехоҳанд дар симои мусулмон мусулмони дигарро душман созанд. Яъне,  мазҳабгароиву ба гурӯҳҳо ҷудо шуданҳо, ки тайи чанд сад соли охир заифии мусулмонон аст, калиди асосии ҷангу хунрезиҳо гашта истодааст. Маҳз ҳамин омил аст, ки имрӯз муносибати Эрон бо давлатҳои арабӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Агар зиёиёин, соҳибназарон ва рӯшанфикрон дар ин самт андешаи ҷиддӣ накунанд, ҳоли сокинон чӣ мешавад, тақдир медонад.  

Коршиносони масоили сиёсии олам мазҳабгароиро хатари бузургтар аз экстремизиму терроризм медонанд, ки воқеан ҳам дуруст аст. Зеро экстремисти террорист бо як мақсад – нест кардани ҳадафи худ кор бубарад, пас пайравону тарафдорони ин ё  он мазҳаб  хостгори нест кардан ё ба ҷониби худ моил намудани қавм ё миллатанд, ки  воқеан ҳам ҷои андеша аст. 

Яке аз «сиёсати ҳадафманд»-и ҳизби ба ном наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1991 таъсис ёфта, дубора соли 1999 аз ҷониби Вазорати адлия сабти ном шуда буд, маҳз таблиғу ташвиқи ғояҳои ҷараёни мазҳаби шиа дар Тоҷикистон буд. Мубаллиғони  ин ҳизб, ки аз мактаби бузурги сиёсатмадорӣ ва адабиёти Эрон огоҳ буданд, мехостанд арзишҳои миллии мо-адабиёт, фарҳанг, таърих, нангу ор ва номуси миллии моро ба адабиёту фарҳанги бегона иваз карда, бо ҳамин номи Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон пок созанд. Ин парда замоне аз рӯи чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб бардошта шуд, ки худи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки маркази таблиғи шиапарастии ҷаҳон маҳсуб меёбад, онҳоро паноҳандагӣ дода, дар сатҳи давлат ва ҳукумат пазироӣ карданд ва ба конференсияи исломӣ расман даъват намуданд. ҳол он ки ҷониби Тоҷикистон, як қатор ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби экстремистиву террористӣ эълон доштаанд. Аммо ҷониби Эрон ин ҳамаро нодида гирифт, муносибатҳои ҳазорсоларо, ки моро дӯст менамуд, пушти по зад.  Ба Кабирӣ -шахси аввали ҳизб имкон доданд, то «дарди дил» кунад. Аз ҳадафҳои иҷронашудаи «судмандаш» нақл кунад. Гузашта аз ин онҳо аз созмонҳои бонуфузи олам даъват ба амал оварданд, ки ба «нақзи ҳуқуқҳояшон» дар Тоҷикистон истодагарӣ намояд.

Мусоҳибаи рӯзноманигор Шарифи ҳамдампур бо Шамс Азизов,  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд» худ парда аз чандин амалҳои номатлуби ин ҳизб, ки пуштибони аслиаш Эрон аст, бардошт. Дар посух ба саволҳои хабарнигор номбурда такя ба далелу аснод исбот кардааст, ки ҲНИТ натанҳо мубаллиғи асосии шиапарастӣ дар кишвар, ҳамчунин барангезандаи ҷанги дубораи шаҳрвандӣ будааст. Роҳбарони ин ҳизб дар минтақаҳо барои силоҳноккунии гурӯҳи муташаккила саҳм гузоштаанд. Пас саволе ба миён меояд, ки силоҳу маблағҳои ҳангуфт, ки ба ҳоҷиҳалим Назарзода зимни баргузории амалиётҳо ба зархаридон маблағ дод, аз кадом ҳисоб буд?  Худ маълум, ки ҳизб бозичаи дасти Эрон буд.

Агар ин хел намебуд, чаро онҳо тавассути ҳизби таъсисдодаашон-ҳизби наҳзати Ислом дар байни мардуми мо тухми низову нифоқ ва бадбинӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба таъриху анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ мекоштанд. Бо амали Назарзода мехостанд заъифии ин давлату миллатро нишон диҳанд, бигӯянд, ки оромиву осудагии мардумро ин ҳукумат кафолат дода наметавонад. Аммо тирашон хок хӯрд, як идда аз ин ваҳшиёни ташнаи хун ҷони худро аз даст доданд, қисми дигар мисли шағолони тарсӯ ва нобакор ба лонаи худ –Эрон фирор карданд ва баъди ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ орому осуда ва бо карру фар нафас мекашанд.

 Мардуми тоҷик ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсонии онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷазои мардум то имрӯз касе раҳо наёфтааст. Гарчанде, қотилону саркардагонашон муддатҳо аз ҷазои қонун фирор мекарданд, оқибат гирифтор шуданд, онҳоро ҷазои аз ҳама вазнин – нафрату лаънати мардум интизор аст.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Ху
ҷанд

Читать далее

Истиқлолияти ва рушди сиёсати забони давлатӣ

Забон барои инсон ва ҷомеа неъмати бебаҳоест, ки ҳамеша, дар ҳар куҷо барои соҳибу соҳибонаш хизмат мекунад. Он беҳтарин воситаи муошират эътироф гардидааст ва бо вуҷуди ин қадар пеш рафтани илму техника ва тамаддуни инсонӣ  ягон воситаи дигаре наметавонад онро иваз намояд, баръакс ҳар қадар ҷомеа рушд ёбад, ҷойгоҳи он болотар  мешавад.

Забони тоҷикӣ ҳам, ки яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи дунё маҳсуб меёбад, дар масири мавҷудиёяти худ рушду инқирози зиёдеро паси сар кардааст. Навтарин марҳалаи рушди забони тоҷикӣ бо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расид ва он бо номи шахсияте вобастагӣ дорад, ки ба маънои томаш ҷоннисори Халқу Ватани азизу маҳбубаш аст. Чунин ҷоннисорона хизмат карданро ў дар нахустин лаҳзаҳои ба сари қудрат омаданаш чун шиори фаъолияти хеш эълом дошта буд. Ўро ном Эмомалӣ Раҳмон буда, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, эътироф шудааст.

Президенти муҳтарами Тоҷикистон барои арҷгузории забони модарӣ, забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ дар тамоми фаъолияти серҷабҳааш натанҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои мақсадноку мушаххас меандешад, балки дар маркази диққати ҳамешагиаш қарор додааст ва он самарҳои хуб ҳам дода истодааст. Дар паёми табрикотиаш бахшида ба Рўзи забон 21-уми июли соли 2009  Президенти арҷманди кишвар  баробари ёдрас шудани мубрамтарин қазияҳои сиёсати давлатии забон (хусусан ҳамчун забони давлатӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардидани он, ба забони илм табдил додани забни тоҷикӣ ва ғ.) пешниҳод карда буд, ки ба хотири такони нав бахшидан ба фаъолияти сохторои илмӣ, идорӣ ва махсусан Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳо  ва Комиссияи татбиқи забони назди ҳукумат дар масъалаи танзими истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмӣ, фаъолияти коргузорӣ, ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забони давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, риояи ҳатмии Қонуни забон аз ҷониби тамоми афроди ҷомеа имрўз зарурати таъсиси як сохтори мустақил пеш омадааст. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки чунин сохтор дар шакли Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

5-уми октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами 553 ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октбяри соли 2009, №11 ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин Протокол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди сиёсати забони давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 июли соли 1989,  №152) таҷдиди назар карда шавад. Ба ҳамин хотир 5-уми октябри соли 2009, №553 Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

31 октябри  соли 2009 Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарореро “Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”  иборат аз 8 банд ба  тасвиб расонд.

18 - ноябри соли 2009 доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Д. Саймиддинов раиси Кумита таъин гардид.

Дар муддати як моҳ сохтори дастгоҳ ва низомномаи Кумита таҳия гардида ба баррасии ҳукумат манзур шуда, 8-уми январи соли 2010 тасдиқ гардид ва Кумита чун мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ба пешбурди сиёсати давлат оид ба забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ шурўъ кард. 

 Баробари таъсисёбии Кумита дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2009, №11 ба талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии мақомоти дахлдор ба вазорату идораҳо супориш дода шуд.

Мутобиқи банди 23-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид гардиданд, ки ин иқдом дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият хеле муҳим арзёбӣ шуд.

Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади густариши раванди татбиқи Қонуни мазкур ва тақвият бахшидани фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 2 маротиба мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. Суханронии Президенти муҳтарами кишвар, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) дастури барномавие буд, ки заминаи мусоидро барои татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон дар марҳилаи нав фароҳам овард.

Зарурати таҳия ва қабули Барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи ин Барнома муваззаф сохта буданд. Бояд қайд намуд, ки Барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст.

 Барнома пеш аз ҳама барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Барои расидан ба ҳадафҳои Барнома Сарвари давлат дар мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатӣ 4-уми октябри соли 2012 дар назди вазорату идораҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки онҳо дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот дақиқ ифода ёфтаанд.

Иҷрокунандагони Барнома Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо,ташкилотҳо,  муассисаҳои марбута, таълимгоҳҳо, паҷўҳишгоҳҳо, ниҳодҳои қонунбарор, васоити ахбор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардида буданд.

Кумитаи забон ва истилоҳот ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ вазъи татбиқи онро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳое, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба анҷом расидаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал медиҳад.

Мутобиқи қисми 4 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки то имрўз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомўзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Мутобиқи қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгў ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 22 июли соли 2003 ба муносибати Рўзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Сарвари давлат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Бо пайгирӣ аз татбиқи ин ҳадаф барои  таҳияи  лоиҳаи  нав    8 январи соли 2010, №21 дар ҳайати забоншиносон Д.Саймиддинов (раис), С.Назарзода, Б.Камолиддинов, ҳ.Маҷидов, Ғ.Ҷўраев, Ш.Исмоилов, М.Султонов, Ф.Зикриёев, О.Маҳмадҷонов, Ш.Кабиров ва К.Донаева (котиб) гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гурўҳи корӣ қоидаҳову муқаррароти имлоро тибқи меъёрҳои илмию таърихӣ  омода намуда, лоиҳаи онро  пас аз баррасии ниҳоӣ  бо дарназардошти хулосаи вазоратҳо ва кумитаҳои марбута ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва он  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ гардид.

Дар қоидаҳои нави имло ҳарфҳо мутобиқи алифбои кириллӣ гузошта шуда, ҳарфҳои тоҷикии дар асоси алифбои кириллӣ навишташуда баъд аз асосҳарфи (истилоҳи мост) русиаш ҷой дода шуд. Тартиб ва меъёри имлои садонокҳо дар тафовут аз имлои пешина бар асоси раванди илмӣ ва таърихӣ таҳияву тасниф ёфта, қоидаҳои навишташон дар бандҳову зербандҳои алоҳида танзим ва ҷойи корбасташон ба тартиби нав оварда шуд.

Имлои ҳамсадоҳо мисли навишти чанд ҳарфи ҳамсадо дар байни виҷагиҳояшон дар гардидаанд.

Навишти ҳамсадоҳои ташдиддор (мушаддад) дар калимаҳои арабӣ, дар  қолабҳои маъмули воҷасозӣ дар асоси тартибу қолабҳои мавҷуда таҳия ва такмил дода шуд.

Бо риояи қоидаҳо ва меъёрҳои адабии оиҷи забони тоҷикӣ банду зербандҳои нав илова карда шуда, намунаи мисолҳо, аз ҷумла номи мақомоту ниҳодҳои давлатию ҳукуматӣ, рамзҳои давлатӣ, муассисаю ташкилот, мансабҳои олӣ ва ғайра мутобиқи талоботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ муқаррар карда шуданд.

Мундариҷа ва сохтори “Қоидаҳо” низ таҳриру такмил диданд. Албатта ҳуҷҷати мазкур намунавӣ набуда, як қатор норасоиву номўхтаҳо дошта, бисёр масъалаҳоро ҳал карда натавонист, вале бо вуҷуди ин таҳияи чунин як роҳнамо дар илми имлошиносии тоҷик қадаме ба пеш аст.  Яке аз супоришоти Президенти мамлакат ба иҷро расид.

Кумита бо амри Сарвари давлат аз 14-уми июни соли 2013, №АП2268 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия ва барои чоп омода намуд, ки имрўз китоби мазкур он дар тарзи навишти дурусти бисёр калимаҳо кўмак мерасонад.

Сиёсати донистани чандин забон, ки имрўз аз ҷониби Сарвари давлати мо аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди солими шахсият ва ҷомеа ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. Дар масоили омўзиши забонҳо дар партави ин сиёсат мо дастовардҳои хуберо дар кишвари хеш мушоҳида мекунем. ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолият ба маротиб бештар буда ва дар ҷумҳурӣ барои омўзиши забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар Суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рўзи забон (22 июли соли 2008) таъкид шуда буд, ин омўзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ ва ё забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти муҳтарами кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи виҷагиҳои он омўхта шавад. Чунин омўзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад.

Дар моддаи 4Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ” дар мавриди забонҳои дигар чунин омадааст:

1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои  бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад».

Хушбахтона,  мо бо боварии комил  таъкид месозем, ки дар тамоми гўшаю канори кишвари маҳбубамон кулли намояндагони халқияту миллатҳои дигар забони модариашонро озодонаву бемалол истифода мебаранд. ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ба ғайр аз забони тоҷикӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ, ўзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва ғғайра ё нашрияҳои алоҳида ё саҳифаҳои махсус интишор мешаванд, ки ин ҳам аз талабони он қонун аст.

Оид ба инкишофи забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ дар Паҷўҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ тадқиқотҳои густурдае дар амаланд.

Бояд тазаккур дод, ки Кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи граҷданӣ ва сиёсӣ, Санади машварати Копенгаген, Тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, Тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Кумита бо Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар самти татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забонҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Соли 2011 дар Кумита ду мулоқот бо намояндагии дафтари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон аз ҷумла, мулоқоти ҷудогона бо Комиссари Олии ин Созмон оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Кнут Воллебек баргузор гардид, ки ин мулоқот ба масъалаҳои тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид буданд.

Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори ҳайати мушовара аз 28 марти соли 2011, №3/1 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шўрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурўҳ ва 20 бахш иборат аст.

Дар тўли 6  соли фаъолияти худ Кумитаибештар аз 100 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 10  луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва  номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода, истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва  конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилоти ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрўз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон»

( 2010), мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон – Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ» (2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18 сентябри соли 2012), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1 октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврали соли 2014),  мизи мудаввар ба ифтихори Чашни байналмилалии Наврўз (18 марти соли 2014)  баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст. 

Мувофиқи маълумоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 то 1-уми августи соли 2016 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба хотири татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар кишвар номи 1 вилоят, 3 шаҳр, 19 ноҳия, 13 шаҳрак, 78 деҳот ва 767 деҳа тағийр дода шудааст.

Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2013, №3 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  масъалаи тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишинро қаблан бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа намуда, баъдан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Бояд гуфт, ки номҳои таърихӣ барои ҳифзи асолати таърихии мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шароити кунунӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Баъди соҳибистиқлолии кишвар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия бо 41 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 30 маркази фарҳангӣ, дар Украина бо 2 ташкилот, дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо 2 ташкилоти ҷамъиятӣ ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо 7 маркази фарҳангӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Дар Федератсияи Россия зимни ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва  Ташкилоти ҷамъиятии дўстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петербург рўзномаи ҳармоҳаи «Хуросон» ба забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси хонандагон мегардад.

Ҳамчунин, Хадамот ҳамкориро бо Созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рўдакӣ ба роҳ мондааст. Бо ибтикори созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рўдакӣ  рўзномаи “Ала-Тоо” таъсис дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират рўзномаи “Муҳоҷир” ба забони давлатӣ нашр карда мешавад, ки як қисми он дар қаламрави Федератсияи Россия ба воситаи намояндагӣ миёни тоҷикон паҳн карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Рўзи забони давлатӣ ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худогоҳию худшиносӣ таҷлил мегардад.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (4 октябри соли 2012) бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони насли ҷавони кишвар сурат гирифт, чорабинии муҳимтарини соли 2012 дар самти ҳимоя ва рушду такомули забони давлатӣ маҳсуб гардид. Дар мулоқот Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо маърўзаи пурмуҳтаво суханронӣ ва дурнамои густариши забони давлатиро муайян намуд.

Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад кард.

Баҳри рушду густариши забон дар кишвар ва берун аз он 10-уми сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши забон ва истилоҳот ба имзо расид.

Мутобиқи банди 3-и қисми 3-и Ёддошт ва мувофиқи банди 60-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили воҷагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, паҷўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шўрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аввал аст, ки дар ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили воҷагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ дар соҳаҳои тахассусӣ конференсияи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки муаллифони мақола низ ширкати фаъол ва гузориш доштанд. Дар конференсия зиёда аз 150 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рўзноманигорон иштирок намуданд.

Дар ҳоли ҳозир  15 ҷилди «ҳазорвоҷаҳо» дар риштаҳои пизишкӣ, заминшиносӣ, физика, химия, равоншиносӣ, улуми инсонӣ, улуми низомӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ ва ғайра аз чоп баромадаанд. Ду ҷилди дигари ин силсила дар дасти чоп аст. Забоншиносони эронӣ изҳори умедворӣ карданд, ки хуб мешуд агар дар оянда ҳамзабонони тоҷику афғониашон дар ин масъала онҳоро дастгирӣ намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ битавонанд воҷаномаҳоеро дар риштаҳои мухталифи илм, сиёсат, иқтисодиёт таҳия бинамоянд, ки истеъмол ва истифодаи онҳо дар муҳити илмӣ-фарҳангӣ ва адабии ин се кишвар баробар қобили қабул бошанд.

 Дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IV ва VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ  берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016, №1 9-уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷии ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва паҷўҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, ҷамъиятҳо, аъзои  Шўрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ доир ба масъалаи мазкур бори дуввум чунин конференсия дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 120 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рўзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» рисолату мақоми таърихии забони тоҷикиро дар  соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон ба назар гирифта, баҳри рушду густариши он дар муносибатҳои байналмилалӣ чунин тавсия намуд:

     1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, паҷўҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳамкориҳоро дар самти густариши омўзиши ин забон мустаҳкам намуда, татбиқи чунин масъалаҳоро ҷиддӣ ба роҳ монад:

- дар ҳамкорӣ бо Анҷумани форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» ва  сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таъсис додани Марказҳои омўзиши забони тоҷикӣ;

- дар санадҳои меъёрии пешбинишавандаи марбут ба сиёсати забон ворид намудани масъалаҳои рушди ҳамкориҳо ҷиҳати хуб ба роҳ мондани омўзиши забони тоҷикӣ дар кишварҳои бурунмарзӣ;

- омода намудани мутахассисони соҳавии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ ва забоншиносии компютерӣ;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани китоби забони тоҷикӣ аз рўйи дараҷаҳои омўзиш;

  -  дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намудани омўзиши забони тоҷикӣ ва донистани ҳатмии он барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ.

2) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳавзаҳои илмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин, дигар донишгоҳу донишкадаҳо, паҷўҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ бо ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, паҷўҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намояд:

-таҳкими мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ;

- рушду тавсеа додани ҳудуди истифодаи забони тоҷикӣ бо дарназардошти тоҷикони берун аз марзи кишвар;

- татбиқи усулҳои таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ;

-  таҳкими вазъи забони тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷӣ (аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ);

- таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудан ба масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавии тоҷик, масоили воҷагузинӣ ва истилоҳот;

- шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти илмии шуъбаҳои тоҷикшиносӣ дар факултетҳои шарқшиносии мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ;

- таъсис ва густариши бахшҳои тоҷикшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо,  новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омўзиши забони тоҷикӣ.

3) Дар сатҳи байнидавлатӣ ҳаллу фасл намудани масоили миллӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити озодона истифода бурдан аз забони миллӣ дар кишварҳои ҳамсоя.

4) Таҳияи маҷаллаи байналмилалии «Садои асрҳо» дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути он тарғибу ташвиқ намудани таъриху тамаддун ва ташаккули забони тоҷикӣ - форсӣ - дарӣ дар ҳавзаи форсизабонони ҷаҳон.

5) Дар Марказҳои фарҳангӣ тавсеа додани  омўзиши забони тоҷикӣ дар баробари дигар забонҳо.

6) Бо мақсади густариши забони тоҷикӣ вусъат додани таблиғи синамо, мусиқӣ ва ВАО-и миллӣ ҳамчун муаррифгари забону  фарҳанг.

7) Ба нақша гирифтани Анҷумани илмии байналмилалии забоншиносии тоҷик бо ҷалби олимону донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ дар соли 2017.

8) Бо забони меъёри адабии тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ мондани ташвиқ ва таблиғи адабиёти бачагона, фолклор ва филмҳои тасвирии тоҷикӣ.

9) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, донишгоҳҳои ҳиндустон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо дар самти омўзиши забони тоҷикӣ-форсӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешад.

10) Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сабти сабки ҳиндӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси маънавии халқи тоҷик дар ЮНЕСКО.

11) Тавсияномаи мазкур бо дарназардошти пешниҳоду таклифҳои иштирокдорони конференсия ба муассисаҳои дахлдори ватанӣ ва хориҷӣ барои иҷро ирсол карда шавад.

Кумита дар асоси нақшаи чорабиниҳои хеш аз 26-уми июни соли 2014, №3/3 озмуни «Беҳтарин тарғибгари забон»-ро, ки қаблан бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз эълон карда буд, рўзи 16-уми марти соли 2016 дар толори «Конуни забон»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намоиши китобҳо ва маҷлиси тантанавӣ ҷамъбаст намуд.

Дар озмун раиси Кумита, аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, паҷўҳишгоҳҳои илмии кишвар, роҳбарони маҳфили «Посдорон ва дўстдорони забон», мақомоти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ташкилоту муассисаҳо, Мактаби байналмилалии президентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маросими ҷамъбасти озмунро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз бузургиву таърихи дурударози забони тоҷикӣ ва ҳамчун забони давлатдорӣ садсолаҳо арзи ҳастӣ карда омадани он дар Шарқи мутамаддин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки имрўз ин забон дар кишвари мо мақоми давлатӣ дораду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду густариши он чораҳои зарурӣ меандешад.

Қайд гардид, ки озмун ба хотири арҷгузорӣ, пос доштан ва тарғиби забони давлатӣ дар ҷомеа созмон дода шуда, ҳадафи он аз миёни наврасону ҷавонон дарёфтани ровиёну наттоқони беҳтарин ва дар ин самт саҳмгузор будани ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, тибқи қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 28 феврали соли 2014, №2/1 Оинномаи рўзномаи «Ганҷи забон» тасдиқ гардид, ки имрўз рўзномаи мазкур манзури хонандагонаш гардидааст.

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27-уми июли соли 2016, № 325 “Феҳристи номҳои миллӣ” (номҳои писарона ва духтарона) тасдиқ гардид, ки он мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шудааст.

ҳадаф аз таҳияи “Феҳристи номҳои миллӣ”эҳёи арзишҳои миллӣ ва  сарватҳои бебаҳои  таъриху фарҳанги миллии тоҷикӣ тавассути забони миллӣ  инчунин, номгузории суннатии  тоҷикӣ мебошад, ки 3500 номро дар бар мегирад ва  минбаъд номҳои тозаэҷоде, ки  дар Феҳристи номҳои миллӣ  ва Фарҳанги номҳои миллӣ  ворид наградидаанд, дар асоси хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳҶТ мавриди истифода қарор дода мешаванд ва тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳҶТ пешниҳод мешаванд.

Дар айни замон дар баррасии Кумита қариб 40 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, номи бештар аз 90 номи ҷуғрофӣ,  унвони муассисаву ташкилот ва идораҳо, фаъолияти  марказҳои хизматрасонии давлатию хусусӣ, таълимгоҳҳо,  фарҳангу луғатномаҳо ва истилоҳоти алоҳидаи соҳавӣ, матбааву матбуот, муроҷиати шаҳвандон ва ғайра қарор дорад, ки ин ҳама таҳти сарварӣ ва бо супоришоту таъиноти Асосгузори сулҳу ваҳдат -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти забони давлатӣ сурат мегирад. 

Т.Шокиров,
пофессори ДДҲБСТ

Читать далее

Муборизаҳо барои шиамазҳабгардонидани Тоҷикистон

Талошҳои ба мазҳаби ташаййеъ ҷалб намудани мардуми Осиёи Миёна таърихи тўлонӣ дорад ва он ҳанўз дар замони Сомониён бо паҳн намудани қарматия ба вуҷуд омада буд.

Мубаллиғони мазҳаби шиа дар ҳар давру замон мекўшиданд, ки ин мазҳаб дар байни суннимазҳабони Мовароуннаҳр – Осиёи Миёна роиҷ бошад. Агар муборизаҳои аҳли шиа ва суннимазҳабонро дар минтақаи Осиёи Миёна ба таври комил таҳлил карданӣ шавем, талаб мекунад, ки асари алоҳидаи калонҳаҷме ба вуҷуд ояд.

Аммо мухтасаран агар бигирем, дар замони ҳукмронии Сафавиён дар асри понздаҳи мелодӣ муборизаи сахт байни сунниён ва шиамазҳабон ба вуҷуд омад. ҳангоми муборизаҳои сахт бо супориши ҳокимони шиамазҳаби Сафавӣ қабри Абдурраҳмони Ҷомиро оташ заданд ва дар санги мазори ў ҷои нуқтаи ҳарфи ҷимро тағйир дода, «Ҷомӣ»-ро ба «Хомӣ» табдил доданд.

Муборизаҳо барои ба даст овардани ҳудуди Мовароуннаҳр ва паҳн гардонидани мазҳаби шиа дар замони подшоҳи Эрон – Нодиршоҳи Афшор дар асри 18 мелодӣ низ хеле рушду равнақ ёфт. Сарсулолаи хонадони манғитҳои Бухоро Муҳаммадраҳимхон дар дарбори шоҳи Эрон тарбият гирифт ва ҳокимияти худро бо дастгирии Нодиршоҳ ва лашкариёни қизилбошия, ки мубаллиғони шиа буданд, устувор кард. Дар давраи манғитҳо қозикалони Бухоро як муддат аз олимони шиамазҳаб буд.

Пас аз пошхўрии Иттифоқи Шўравӣ, ки ҷумҳуриҳои собиқи он истиқлол ба даст оварданд, дар ин ҳудуд таблиғоти мазҳаби шиа рў ба рушд ниҳод.

Маъмулан, дар замони ҳозира маркази ҷаҳонии мазҳаби шиа дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Дар ин кишвар садҳо марказҳои таблиғотӣ ба монанди ташкилоти бонуфузи Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт амал мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи он таблиғу ташвиқи мазҳаби шиа мебошад. Баъди пошхўрии Иттифоқи Шўравӣ марказҳои таблиғотӣ ба паҳнкунии китобҳо бо забонҳои роиҷи Осиёи Марказӣ – тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайраҳо шурўъ карданд. Дар Озарбойҷон, ки аслан қисме аз аҳолияш таърихан пайрави мазҳаби шиа буданд, адабиёти бешумори диниро интиқол доданд.

Дар баробари ин дастгоҳҳои таблиғотии дигар ба монанди сомонаҳои интертет, рўзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои моҳворавии телевизион, шабакаҳои мухталифи радио фаъолият мебаранд. Миқдори муайяни маблағҳо барои кори тарғибу ташвиқ ҷудо мегардад.

Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз якчанд ҷиҳат шимамазҳаб гардидани мусулмонони Тоҷикистон аҳамиятнок аст. Инро дар ду мисол дида мебароем.

Якум. Бино бар ҳадисҳои аҳли ташаййеъ мардуми Хуросон пеш аз омадани ҳазрати Имом Маҳдӣ (имоми охирон, ки дар ғоре пинҳон аст) бо бардоштани парчами сиёҳ ва ё сурх ба пешвози ў мебароянд. Дар асри ҳафт-ҳашти мелодӣ Хуросон гуфта на танҳо вилояти ҳозираи Хуросони Эрон, балки як қисми Афғонистони кунунӣ ва як қисми Тоҷикистони кунуниро мефаҳмиданд. Бино бар ин мубаллиғони шиамазҳаб эътиқод доранд, ки мардуми Тоҷикистон низ ба он ҳадис шомил мегарданд ва бояд ба пешвози Имоми охируззамон бароянд. Бино бар андешаи онҳо суннимазҳаб будани ин минтақа кори дуруст нест.

Дигар ҳадиси маъруфе ҳам ҳаст, ки мутобиқи он пайғамбарамон Муҳаммад, алайҳиссалом, гуфтаанд, ки имон ва дар варианти дигар илм агар дар Сурайё бошад ҳам мардуми Форс онро ба даст меоранд. Тарғибгарони мазҳаби шиа бо шарҳи нодурусти ин ҳадис иддао доранд, ки имонашон ва илмашонро пайғамбар васф кардаанд ва набояд, ки дигар ҳамзабононашон пайрави мазҳабҳои дигар бошанд.

Дар чунин ҳолат тундравӣ ва тундгароӣ ҳам ба ин таблиғот роҳ ёфтааст. Агар дар маҷмўъ назар кунем, Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо барои шиа гардонидани Тоҷикистон, балки барои густариш додани ташаййеъ дар Афғонистон ҳам кўшишҳо дорад.

Ба андешаи мо сабаби асосӣ ва баҳона ва ё худ идеологияи ҷалби Тоҷикистон ва ҳам баъзе ноҳияҳои Афғонистон ба пайравӣ аз мазҳаби шиа дар ҳамин ҳадисҳо пинҳон аст.

Дуввум, риояи васиятҳои сиёсии Имом Хумайнӣ мебошад. Маъмулан Руҳуллоҳ Мўсавии Хумайнӣ  роҳбари Инқилоби исломӣ дар кишвари Эрон буд ва бо роҳбарии ў ҳукумати подшоҳӣ дар ин кишвар сарнагун гашт ва ҷумҳурии исломӣ арзи ҳастӣ кард.

Ба нашр расонидани китобҳои тарғиботӣ ва ҳамчун қаҳрамон нишон додани роҳбарони мухолифини Тоҷикистон як воқеаи маъмулии тарғиботӣ гардид. Дар ин самт солҳои навадум чанд асар рўи чопро дида буданд.

Мутобиқи васиятҳои сиёсии Имом Хумайнӣ кишварҳои олам ба ду қисм ҷудо мешаванд: золим ва мазлум. Тибқи васият мардуми Эрон, донишмандону гўяндагон ва аҳли ҳунари ин кишвар вазифадор гаштаанд, ки ба кишварҳои мазлум ёрмандӣ кунанд. Дар солҳои навадуми асри бист, бино бар тавсияи Имом Хумайнӣ Тоҷикистон кишвари мазлум – зулмдида ба шумор мерафт. Барои пиёда кардани ҳадафҳои худ ин кишвар кўшишҳои фаровонро харҷ кард. Кўшиш намуд, ки ба таври худ кишвари моро аз зулми коммунистон озод кунад.

Дастгирии аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои динӣ ба манфиати ҳукумати кунунии Эрон аст. Тайёр кардани мубаллиғон, парвариш кардани мутахассисони ҳарбӣ ба хотири амалӣ гардонидани ҷиҳод ва ё инқилоби исломӣ яке аз барномаҳои кории ин давлат аст. Бо дарназардошти ин ду назария гуфтан мумкин аст, ки барои амалӣ кардани он ҳукумати Эрон таҳти сарварии Кумитаи инқилобӣ ҳамаи корҳоро ба сомон мерасонад.

Дар доираи корҳои таблиғотӣ ва ба хотири афзалият доштани сохти исломӣ олимон, донишмандон ва донишҷўён ҳам ҷалб мегарданд.

Дар солҳои охир ба ғайр аз он ки таблиғоти шиа дар Тоҷикистон гузаронида шавад, инчунин таблиғоти ваҳҳобиёни нав – салафиён ҳам амалӣ гардид. Манфиати сиёсӣ ва геополитики Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба ҳам муқобил қарор гирифтанд. Шукрона, ки салафигарӣ ва таблиғоти шиа дар кишварамон боздошта шуд. Агар пеши роҳи ин гирифта намешуд, эҳтимолияти сар задании ҷанги мазҳабӣ ба амал меомад. Дар ин ҳолат Эрон шахсони мутамоил ба шиаҳо ва Арабистони Саудӣ салафиҳоро ҷонибдорӣ мекард, ки дар натиҷа мардуми одӣ ранҷу азият мекашид.

Фарз кардем, ки Тоҷикистон тамоми муносибатҳоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъ мекунад. Дар ин ҳолат ҳам ин кишвар сиёсати тарғиботияшро идома медиҳад ва ин барои ҳукуматдорони Эрон як вазифаи сиёсӣ ба шумор меравад.

Барои пешгирии роҳи тарғиботи шиамазҳабон рўҳониёни Тоҷикистон гўиё мубориза мебаранд. Аммо муборизаи онҳо танҳо бо роҳи амри маъруфу вазъ гуфтан аст. Дар сурате ки барои тарғиботи мазҳабӣ аз ҷониби Эрон маблағҳо ва сармояи номаҳдуд сарф мегарданд.

Олимони равшанфикри Эрон кам нестанд ва ба хусус донишгоҳиёни ин кишвар сиёсати кунунии кишварашонро танқид мекунанд. Дар девори хонаҳои кўчаҳои канори шаҳр шиорҳое чун «марг ба вилояти фақеҳ» навишта шудааст. Дар Эрон ҳамаи умури давлатиро ба хусус масъалаҳои муносибат бо кишварҳои хориҷиро Роҳбари Инқилоби исломӣ – Хоманаӣ идора мекунад, ки ў қоиммақоми Имом Хумайнӣ дониста мешавад. ҳукумати ў бо ибораи «вилояти фақеҳ» фаҳмида мешавад.

Агар ба таври воқеӣ бинем, масъалаҳои ҳалношуда доир ба умури мазҳабӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле зиёд аст. Масъалаҳои марбут ба муносибати шиамазҳабону сунниён, масъалаҳои рўй овардани ҷавонони шиамазҳаб ба дини насронӣ, зиёдшавии пайравони шайтонпарастӣ ва ғайраву ҳоказо сари ҳар қадам хуруҷ карда меистад, аммо сиёсатмадорони ин кишвар боз дар талоши онанд, ки мазҳаби худашонро дар кишварҳои хориҷа низ таблиғ кунанд. Ба иборате гиребони худашонро бўй намекунанду дар дигар кишварҳо худашонро ҳомии дин вонамуд мекунанд. 

Читать далее

Қабули қонун натиҷаи назаррас бояд дод…

Яке аз дастовардҳои 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам соли 2007 ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд.

Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошт, расму оинҳои аз байн рафта, ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъқид кардаанд, ки  «…то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Дар ҳақиқат бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки Қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи  ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Бо қабули Қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.

Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз якмиллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.

Бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маърака ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму ойинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад. 

Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани некўаҳволии мардуми тоҷик ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҳар як оила, 11 август лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»- ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намуд.

Тағйиру иловаҳо ба  қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия гаштааст, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст ва татбиқу риояи талаботи он аз ҳар яки мо вобаста аст. Таклифҳои мушаххас вобаста ба маросими азодорӣ, хонадоршавии ҷавонон, муайян намудани вақти баргузории маъракаҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вобаста ба мавсими сол, пурра аз байн бурдани баъзе расму оинҳои ба мардуми мо бегона, манъи забҳи чорво дар оши чил ва оши сол, кам кардани хароҷоти тую маъракаҳо, таҳия ва татбиқи ҷазоба баъзе шахсоне, ки бандҳои алоҳидаи қонунро риоя намекунанд, пешниҳод гардид.

Пешвои миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дубора таъкид доштанд, ки: «Яке аз сабабҳои қабули Қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг,  бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд».

Бо  амалӣ гардидани қонун дар сатҳи хонаводаи ҳар як сокини кишвар бо камхарҷ гузаронидани маъракаҳову пасандоз намудани маблағҳои зарурӣ,  ба ҷавонон ба ҳалли бисёр мушкилоти рӯзгор, аз ҷумла, фароҳам овардани шароит барои таҳсилу забономӯзӣ, машғул ва комёб шудан ба дастовардҳои илмиву варзишӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, дохил шудан ба бонуфузтарин муассисаҳои оливу касбии дохил ва хориҷи кишвар, фароҳам овардини шароити хубу саъодатманди рӯзгору истироҳат ва дастгириву саховат ба ниёзмандон ноил мегардем.

Дар татбиқи қонуни мазкур тамоми шаҳрвандон, аз ҷумла аъзои комиссияҳои доимию ҷамъятӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон,  омўзгорон, ҷавонон худро дар канор нагирифта, баҳри амалисозии талаботи қонуни миллӣ, ки манбаи ахлоқию тарбиявӣ дошта, барои баланд бардоштани сатҳи шароити муносиби зиндагии мардум равона  гардидааст, саҳмгузор бошем.

М.Шокирова,
устоди ДДҲБСТ 

Читать далее