09 October 2017

Ҷамъбасти озмуни «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон»

Дар толори гимназияи 1-и шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бо иштироки сардори нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон Сулҳия Алимзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва дигар масъулон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон тадбирҳои назаррас андешида шуда истодааст. Бахусус бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷалби ҷавонони бомаърифат ва масъулиятшинос ба фаъолият дар сохторҳои Кумитаи андоз ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардидани онҳо намунаи равшани гуфтаҳои болост.

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти андозсупорӣ байни аҳолӣ, ташаккулёбии тафаккури насли наврас ва ҷавонон, дар ин самт рушду инкишофи истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон»  дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Дар даври шаҳриии озмуни мазкур аз рӯи 3 шарт, аз ҷумла иншо дар мавзӯи «Андоз аз нигоҳи кӯдакон», расмкашӣ ва шеър дар васфи андоз зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, маҳсули эҷоди худро муаррифӣ намуданд.

Дар интиҳо ба ғолибону иштирокдорон сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

“Атласу адраси Суғд - 2017”

Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Соли ҷавонон ва 25 – солагии Иҷлосияи ХVl Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ноҳиявии «Атласу адраси Суғд-2017» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем» баргузор гардид. Фестивали мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гузаронида шуд.

Мақсади ин фестивал тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, касбомўзӣ, рушди меҳнати хонагӣ, тарғиби сарулибоси аз матои табиӣ бофташуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, тарғиби фарҳанги либоспўшии аҷдодӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспўшии миллӣ, зебоипарастӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ мебошад. Дар фестивал ҳама намуди либосҳое, ки бо тарзу намуди ба худ хос аз матои атласу адрас бофта шуда буданд, намоиш дода шуд. Либосҳои обу ранги тобишҳои гуногундошта бо тахайюлоти бою рангини тарроҳон бо истифодаи асбобҳои ороишӣ, аз қабили марҷон, дастпона, гўшвор, сарсўзан, ҳунарҳои гулдўзии дастӣ ва либосҳои хоси минтақаҳои гуногуни ватани азизамон, ки аз ваҳдати миллӣ паёми нек медод, ба тамошобинон хеле писанд омад.

Фестивал рўҳияи идона дошта, иштирокдорон аз рўи шартҳои «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси кўдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ» ва «Беҳтарин либоси идона» ҳунарнамоӣ карданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия Марҳабо Сатторова, Зулола Эргашева, Машҳура Саъдиева ва гурўҳи рақсии «Таманно» бо суруду рақсҳои дилнишини худ табъи ҳозиринро шод намуданд.

Ғолибонро аз номи раиси ноҳия Комил Салимзода муовини раиси ноҳия Зулола Анварӣ бо диплом ва мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Қурбон ҚУРБОНОВ,
Рўзноманигор

Читать далее

Суғд: Гусели мутантани 1800 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

Санаи 7 октябри соли 2017 гурӯҳи калони даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ баргузор шуд. Аз субҳи барвақт даъватшавандагон дар назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” сарҷамъ омаданд ва сипас ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо руҳияи болида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ то майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев роҳпайпоӣ намуданд.

Читать далее

Гулбоғи Камол-як гўшаи биҳиштӣ

Банда рўзе дар боғи Камоли Хуҷандӣ сайругашт доштам, ки ногаҳон чашмам ба пирамарде бархўрд. Солхўрда ба наберагонаш аз таърихи ин боғ нақл мекарду онҳо бо шавқ гўш меандохтанд. Хостам ба суҳбати онҳо шарик гардам. Он нафар худро усто-Абдурауф Шарифзода аз деҳаи Чорсўи Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ намуд. Ў иброз дошт:

-Солҳои ҷавонӣ ҳамроҳи оилаам ҳар иду айём барои дилхушӣ ва истироҳат ба ин боғ меомадем. Аз азнавсозӣ ва беҳбудии ин боғ шунида будам, вале аз сабаби нотоб будани вазъи саломатиам баъди чандин сол аввалин бор бо ҳамроҳи наберагонам ташриф овардам. Боварам намеояд, - гуфт усто Абдурауф.

Воқеан, наздик як аср мешавад, ки ин макон ҳамчун ҷои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон шинохта шуда буд. Хушбахтона, баъди таҷдиди комил, ки соли 2015 аз нав ба истифода дода шуд, симои боғ шакли дигар гирифт ва имрўз аллакай ҳатто аз хориҷа меҳмонон барои дидани ин боғи ҳайратангез меоянд.

Як бону, ки худро Марям Ғаниева, сокини шаҳри Исфара муаррифӣ намуд, мегўяд, ки таърифи боғро аз ҳамсоягон шунида шефта шудааст.

-Ҳамсоягонам, ки борҳо аз ман пеш ин ҷо омада буданд, васфи зебогии боғи Камолро ба ман гуфтанд. Аз ғайб истода, ростӣ шефта шудам. Инак, бо чашми худам дида, боварам намеояд. То ин дараҷа зебо буданашро интизор набудам. Аз интизории ман даҳчанд маротиба зебо шудааст. Аз омаданам пушаймон нестам, беҳтарин ҷои истироҳатист, - мегўяд бону Марям.

Воқеият дорад, ки ороиши нотакрори боғ, сангфаршу гулҳо, шилдирроси оби равони намои ҷўйи Раззоқ дар васати боғ ва шаршараву пешайвони кандакориву кошинкорӣ ва дигар гўшаҳои ҳайратангезаш ҳар нафарро водор месозад, ки баъди ташрифи нахустинаш бори дигар ба ин ҷо ояд.

Бесабаб нест, ки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми шинонидани ниҳол ва гулҳои мавсимӣ дар фасли баҳори ҳамин сол раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоятро махсус ба боғ таклиф намуда, аз ҳусни он тавсиф кард ва даъват ба амал овард, ки чунин эстетикаи маконҳои истироҳатиро дар шаҳру ноҳияашон ҷорӣ ва теъдодашонро зиёд намоянд.

Ба виҷа, сарҳавз ва шинонидани сиёҳбед, ки анъанаи қадимаи тоҷикон аст, бесабаб дар пиромуни хона-музейи Хоҷа Камол қомат наафрохтааст. Дар аҳди қадим сиёҳбедро ба он хотир мешинониданд, ки заҳи заминро мекашад, сояаш шифобахш буда, ҳатто баргҳои сиёҳбедро чой карда нўшиданро тибби қадими тоҷик барои оромиши асаб ва фишорбаландӣ тавсия медиҳад. Намои дигари токшинонӣ, ки як усули хос дорад, дар ҳавлии рамзии Хоҷа Камол ҷой гирифтааст. Ин бозгўи аз қадим ангурпарвар будани мардуми моро нишон медиҳад ва имрўз аллакай самараи онро меҳмонон чашида истодаанд.

Аз ҳама чизи аҷиб ва файласуфона дар сохти шаршара як нуктаест, ки бояд зикраш равад. Дар сохтмони намои шаршараи кўҳистон сангҳои кўҳи Мевағул дар ҳолати табиӣ оварда шудааст. Ин рамз ва мазмуни он аст, ки аз он сў ба ин сўйи дарё овардан ва ороиш додани шаршара пойдорӣ, дўстӣ, меҳру муҳаббати тамоми сокинон ва ҳамбастагии табиат ба инсон аст.

Таваҷҷуҳи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба нашъунамо ва парвариши гулҳои нодир ва ороишӣ хеле лоиқи таҳсин аст. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо Хуҷанд ба худ унвони «Шаҳри гулҳо»-ро гирифтааст. Бахусус, гулкарам, ки хеле ба сардӣ, беобӣ ва дигар осебҳои табиӣ тобовар аст, имрўзҳо роҳравҳои боғро оро медиҳанд.

Меҳмонони бадахшонӣ, ки дар Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд бештар аз ин макон дидан намуданд, ки воқеан барои онҳо низ мароқангез буд.

Азалбегим Давлатқадамова-сокини ноҳияи Рўшон боғи Камолро зеботарин гўшаи дунё номид.

-Вақте ин ҷо омадам, ростӣ гумон кардам, ки ба биҳишт омадаам. Ин гуна назирро дар ягон ҷой надида будам, - гуфта буд Азалбегим. Зўҳро Шошоева, кадбону аз ноҳияи Ванҷ, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» низ боғи Хоҷа Камолро як гўшаи биҳишт дар рўйи Замин номида буд.

Ногуфта намонад, ки соли равон боғи Хоҷа Камол дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин боғ муаррифӣ гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее