10 October 2017

Барқияҳои тасаллият аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба даргузашти Нуриддин Раҳмон-бародари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои тасаллият ворид гардиданд.

Дар Паёми тасаллияти Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳомадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,,,

Бо андуҳи гарон вафоти бародари гиромиатон Нуриддин Раҳмонро (Худо раҳматаш кунад) қабул намудам.

Читать далее

Фарҳанги тоҷиконро ба бонувони қирғиз меомӯзанд

Айдин Абдикаллак: -Дар деҳаи Оқсой мо сехи дӯзандагӣ надорем. Хурсандам, ки ҳамсолонам аз Тоҷикистон моро ба чунин маҳфил даъват карданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мастер-класс оид ба зардӯзӣ баргузор гардид. Дар он натанҳо ҷавондухтарони ҷамоат, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон иштирок карданд.

-Имрӯз дар баробари матоъҳои атласу адрас  гулдӯзию зардӯзӣ низ дар мӯд аст,-мегӯяд Таҳзира Тешаева, аъзои гурӯҳи тамосии ҷамоат.-Аз ин сабаб, ҳангоми қабули нақша-чорабинии муштарак баргузории омӯзишро оид ба зардӯзӣ пешниҳод намудем. Ба ҳамин восита, дар баробари эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мустаҳкамии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷавонони Қирғизистон, мо мехоҳем онҳоро бо фарҳанги тоҷикон шинос намоем.    

ҳангоми сӯҳбат бо аксари иштирокчиёни мастер-класс маълум гардид, ки онҳо дар оянда мехоҳанд малака ва маҳорати андӯхтаашонро ба дигарон низ омӯзонанд. Аз ҷумла, Айдин мехоҳад дар оянда бо дастгирии омӯзгоронаш маҳфили дӯзандагиро барои духтарони деҳаи Оқсой ташкил намояд. Таҳзира бошад, гуфт, ки дар сехи атлас ва адрасбофӣ ба ғайр аз гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва мӯҳрабофиро низ ба роҳ хоҳанд монд.

Хушҳолкунанда он буд, ки ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мақсади асосии иштирок дар чорабинии муштаракро пеш аз ҳама, дар дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз доштанд.

Мавҷуда Саидалиева, зани моҳир аз Ҷамоати деҳоти Лаккон буда, солҳост, ки ба дӯхтани зардӯзӣ машғул аст ва имрӯз бонувони ҳамсоякишварро ҳунари аҷдодӣ  меомӯзонад. 

-Агар шавқу ҳавас бошад, ба зудӣ аз худ мекунанд. Аз ин ҳунар даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.

Мастер-класс оид ба зардӯзӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни он дархост карданд, ки минбаъд онҳоро бештар ба чорабиниҳои ҳунаромӯзӣ даъват намоянд. 

Зебоҷон ҚУРБОНОВА

Читать далее

Чеҳраҳо ва суханони меҳрбор

Дар суҳбат бо хабарнигори «Ҳақиқати Суғд» даъватшавандагон бо рўҳияи баланд, ифтихор аз давлату миллати хеш омодагии худро барои хизмати Модар - Ватан баён доштанд.

Далер Охунов - даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ хатмкардаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

- Бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан раҳсипор шуданиам, зеро кишвари азизамро дўст медорам. Мо бояд ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро “Нерўи пешбарандаи ҷомеа” мегўянд, сазовор бошем. Нагузорем, ки осудагиву оромии давлати моро касе халалдор созад. Ман аз он ифтихор дорам, ки имрўз дар қатори ихтиёриён, ки ба сафи Артиши миллӣ равонаанд, қарор дорам. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо карда, ба назди падару модари худ бармегардам.

Дилмурод Мирзоев – донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Ватандорӣ шарафи бузург буда, ҳимояи он муқаддастарин амал барои ҷавонмардон мебошад. Ман имрўз ба чеҳраи шукуфон ва симои наваскарон бо ҳавас нигариста ният дорам, ки баъди хатми донишгоҳ ба хизмати Ватан рафта, қарзи фарзандии хешро адо намоям. Маҳз, мардонагию ҷасорати кулли ҷавонмардон боис гардид, ки имрўз дар Тоҷикистони азизамон осоиштагӣ ҳукмрон аст.

Фирдавс Ҳоҷиев - сарбози қаторӣ:

- Ҳифзи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як фарди тоҷик ба ҳисоб меравад. Ман аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихор мекунам ва боварии комил дорам, ки ихтиёриёни шуҷои Ватан марзу буми кишварро сарбаландона ҳимоя хоҳанд кард.

Алиҷон Абдуллоев - даъватшаванда аз ноҳияи Зафаробод:

- Ватан барои ҳар як шахс азизу муқаддас аст. Ҳимояи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши худ иқдом гирифтам, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоям ва Ватани азизам - Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намоям. Ваъда медиҳам, ки сарбаландона хизмат намуда, бо одобу ахлоқи намунавӣ ва бо сари баланд содиқона кишвари худро ҳимоя намоям.

- Падари даъватшаванда Давлатшоҳ Саидов - сокини ноҳияи Мастчоҳ.

- Имрўз хурсандии волидон, ки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда истодаанд, ҳадду канор надорад. Мо фахр аз он дорем, ки фарзандони мо дар фазои ором ба воя расида, лоиқи хизмат ба Ватан гардидаанд, - гуфт. - Хурсанд аз он ҳастам, ки фарзандам Муҳаммадшоҳ Саидов бо хоҳиши худ ба хизмат рафта истодааст.

Азиз Ҷўрабоев - сокини ноҳияи Спитамен:

- Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд. Имрўз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайёст. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки аз хидмат саркашӣ накарда, баҳри дифои Ватан-Модар омода бошанд…

Муҳовараи Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

«БЕҲТАРИН МУКОФОТ ЭҲТИРОМИ ХАЛҚ АСТ»

– мегўяд рўзноманигор ва адиб Бобоҷон Икромов, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд

Муаррифӣ

Бобоҷон ИКРОМОВ 10 октябри соли 1957 таваллуд шуда, баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 25-и деҳаи Чоркўҳи ноҳияи Исфара, соли 1973 ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид.

Аз соли 1978 ба сифати муҳаррири хурд дар телевизиони Тоҷикистон ба кор шурўъ карда, дар муддати 18 соли фаъолияти эҷодӣ ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор», сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ, барномаҳои сиёсӣ, директори идораи барномаҳои телевизиони Тоҷикистон, ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1995 ба сифати мушовири раиси Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» дар шаҳри Маскав адои вазифа кард.

Дар ин давра вазифаи муовини аввали раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт. Аз соли 2001 то охири соли 2016, яъне то қатъи фаъолияти ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Варорўд», сармуҳаррири он буд.

Бобоҷон Икромов хатмкардаи Мактаби олии сиёсии шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия аст. Соли 2004 ғолиби озмуни эҷодии байналмилалии «Русский мир» дар байни журналистони кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҷумҳурии назди Балтик эътироф шуда, соли 2008 барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Зеҳни миллат» («Интеллект наӣии») дар риштаи журналистика гардид. Соли 2004 «Варорўд» таҳти сарварии ў ба гирифтани ҷоизаи ҷумҳуриявии Иттифоқи ҷурна- листони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.

Китобҳои «Ашки сўзон», «Хотираҳои офтобӣ», «Ҷаҳон тан асту Тоҷикистон ҷон» (коркарди адабӣ), «Ситораҳо ҳам гиря мекунанд» («И звездқ плачут»), «Биҳишт бо дўст накўст» (мураттиб ва муҳаррири масъул), «Шаҳри ханда», «Хайём ва Путин», «Шамъи дар нимашаб фурўзон гашта», «Хандаборон», «Армони модар» ба қалами ў тааллуқ доранд. Муаллифи филми мустанади «Касби ман – муаллим» ва спектаклҳои телевизионии «Армони модар», «Дидор» ва «Ашки сўзон» мебошад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд ва 5 набера аст.

хушбахтона, бо устод Бобоҷон Икромов солҳои тўлонӣ ҳамроҳ дар як ҳафтанома фаъолият бурда, аз сабақҳои аввалини он кас баҳраманд гардидаву аз мактаби бузурги устод таҷрибаҳои зиёд гирифтаам. Инсони хеле дилсофу хушчақчақ ва беназиранд. Ҳар боре, ки вохўрем, бо ибораи «бачам», ки табииву самимона садо медиҳад, табъи ҳар нафарро болида месозад. Фориғ аз кор устод соатҳо дар бораи лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ нақлҳои аҷиб мекарданд. Аммо ин рўзҳо, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, хостам бо устод дар мавриди баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ва нақши радиову телевизон суҳбат кунам.

–Ба андешаи Шумо сабабу омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чиҳо буданд?

–Насими сиёсати бозсозии горбачёвӣ охири солҳои ҳаштодуми қарни бист дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд. Ошкорбаёнӣ ва демократия барин падидаҳои замони бозсозӣ фазои сиёсии кишварро тағйир доданд. Дар Тоҷикистон ҳизбҳои нави сиёсӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ ба фаъолият шуруъ намуда, ҷойгоҳи Ҳизби коммунистро танг ва нуфузашро коста гардониданд. Бахусус, баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол, мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аълояш расид. Ҳарчанд 9-уми сентябри соли 1991 парлумони кишвар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард, вале ҳамоно муборизаҳо идома ёфтанд. Баъди он ки Қаҳҳор Маҳкамов аз ҷониби парлумони Тоҷикистон нахустин президенти мамлакат интихоб гардид, бо пойкўбии депутатҳои Шўрои Олӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ҳаракатҳои мардумии Тоҷикистон дар кишвар маъракаи умумихалқӣ оид ба интихоби президент гузаронида шуд ва Раҳмон Набиев аввалин президенте буд, ки аз ҷониби мардум ба ин мақом интихоб гардид. Вале ин тадбир низ боиси муътадилии вазъияти сиёсии кишвар нашуд. Ана дар ҳамон лаҳзаи ҳассос, яъне моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори депутатҳо, рўшанфикрон ва ҷонибдорони ҳокимияти қонунӣ Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

–Устод, Шумо ҳамон вақт дар куҷо ва бо чӣ кор машғул будед?

–То 5-уми майи соли 1992 шодравон профессор Атахон Сайфуллоев раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буданд ва ман ба ҳайси муовини раис оид ба телевизион иҷрои вазифа мекардам.

–Даъвати иҷлосияи ХVI ба хотири чӣ буд ва чаро маҳз дар Хуҷанд, дар Қасри Арбоб баргузор гардид?

–Депутатҳое, ки ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ буданд, ба ин табаддулот, яъне, таъсиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки таҳти таҳдиду фишор ташкил гардид, розӣ нашуда, эътироз баён карданд. Мақсади ягона – барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ буд. Бинобар ин, як гурўҳи депутатҳо ташаббус нишон дода гуфтанд, ки Иҷлосияро бояд баргузор намоем, зеро кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дорад. Вале дар он солҳо имконияти дар пойтахт баргузор кардани Иҷлосия набуд. Аз ин сабаб, бо пешниҳоду машварати депутатҳо ва шахсони бонуфузи Тоҷикистон Иҷлосия дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Ба ин ҷо аз тамоми манотиқи кишвар депутатҳо ҷамъ омаданд. Баъди баргузории он ва интихоби Раиси Шўрои Олӣ ҳама дар якҷоягӣ зери Парчам қасам хўрданд, ки мо як Ватан дорем ва ба хотири ояндаи нек ҳама бояд муттаҳид бошем. Раиси навинтихобшудаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҷони ман фидои ҳамин Ватану миллат аст. Бояд ба хотири якпорчагии Тоҷикистон ва ягонагии мардуми азияткашидаи кишвар ҳукумати қонуниро таъсис диҳем.

Хушбахтона, буданд нафароне, ки ҷонашонро дареғ надошта, пешниҳоди Сарвари давлатро пазируфтанд ва вазифаҳои пурмасъулияти давлатиро ба уҳда гирифтанд. Ҳамон рўзҳо бо пешниҳоди Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон депутатҳои Иҷлосия маро раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ интихоб карданд.

–Устод, воқеан оғози кор душвор буд. Вале он рўзҳо ҳама интизори оғози барномаҳои телевизионӣ буданд. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо ба Шумо чӣ тавр муяссар шуд, ки фаъолияти радио ва телевизиони Тоҷикистонро роҳандозӣ кунед?

–Бале, воқеан дар замони ҷанг ба фаъолияти эҷодӣ шуруъ кардан дар баробари ҷонфидоӣ масъулиятро тақозо дошт ва инро мо хуб дарк мекардем. Бинобар ин, бо пешниҳоди Саидамир Зуҳуров мо бо ҳамроҳии кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва сарбозони дивизияи 201-ум ба студияи телевизион раҳсипор шуда, баъди минарўбӣ вориди коргоҳ гардидем. Ногаҳон занги телефон баланд шуд. Гўширо бардошта, садои устод Мазҳабшо Муҳаббатшоевро шунидам. Ба он кас силоҳбадастон таҳдид доштанд. Вале бо кўмаки саривақтии сардори Раёсати зиддииктишофии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Фарҳод Маҳкамов устодро ҳам ба студияи телевизион оварданд. Соат чори бегаҳ буд, ки боз занги телефон баланд шуд. Зани ношиносе салом доду худро муаррифӣ кард: ман Мунаввара Мирхолова ҳастам, агар зарур бошад, ба Шумо кўмак намоям. Ман гуфтам: чаро не, дар ҷустуҷўи корманд ҳастам ва пурсидам, ки чӣ кор карда метавонед? Диктор шуда метавонам, ҷавоб дод ў. Кормандони амнияти миллӣ ўро низ бо зиреҳпўш ба студияи телевизион оварданд. Баъд ман матни баромади дикторро навиштам ва устод Муҳаббатшоев онро таҳрир намуданд. Ҳамин тавр, Мунаввара Мирхолова аввалин дикторе буд, ки баъди шикасти ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз телевизиони тоҷик садо баланд кард ва ин садоро мо дар як вақт тариқи радиои Тоҷикистон низ пахш кардем, ки муҳтавояш чунин буд: «Ассалому алайкум, тамошобинон ва шунавандагони азиз. Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард…». Бояд иқрор шуд, ки ин садоро он рўзҳо миллионҳо сокинони кишвар интизор буданд ва баъди баромади Мунаввара Мирхолова онҳо аз бори гарони парешониву ноумедӣ раҳо шуданд.

–Яъне, аз ҳамон рўз эътиборан дар кишвар ҳукумати қонунӣ барқарор шуд?

–Бале, ҳукумати конститутсионӣ бо вуҷуди хатарҳои зиёд ва сарусадоҳои беасос ба фаъолият шуруъ намуд. Онҳое, ки даъво доштанд, ин ҳукумат умри се-чоррўза дорад, иштибоҳи ҷиддӣ карданд. Ҳукумати қонунӣ бо сарварии ҷавонмарди далеру кордон Эмомалӣ Раҳмон пайваста фаъолият карда, дар таъмини сулҳи саросарии кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамон - Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт. Таҳкурсие, ки дар он солҳо давлат ва Ҳукумат барои пойдории Тоҷикистон эҷод карда буд, хеле мустаҳкам ва қавӣ аст. Исботи ин андешаҳоро мо дар кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азияткашидаи тоҷик мебинем, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аз ҷониби мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардида, дар ҳоли рушду пешравӣ аст.

–Бо ин қадар корнамоиҳо боз Шумо хоксоред, устод. Ягон унвон доред?

–На. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ман супориши Сардори давлатро иҷро кардам ва хушбахтиам дар он аст, ки дар қатори дигарон андаке бошад ҳам, дар барпо шудани ҳокимияти конститутсионӣ саҳмгирам. Яъне, эҳтироми мардум беҳтарин мукофоти зиндагии ман аст. Гузашта аз ин, ифтихор аз он дорам, ки касби рўзноманигориро пеша намуда, рисолати таърихии худро иҷро кардаам.

Суҳбатнигор
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз тапидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда доштанд.

Читать далее

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд соҳиби ҷойи аввал шуд

Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Tashkent 2017», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло шуд.

Варзишгари тоҷик дар рақобатҳо бар Достон Мелиев (Ӯзбекистон) Яҳё Имомов (Ӯзбекистон) ва Дилшод Чориев (Ӯзбекистон) ғолиб омад ва бо медали тиллои ин мусобиқаи байналмилалӣ сазовор шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо дар ин мусобиқа, ки рӯзи гузашта ба анҷом расид, беш аз 180 гуштигирон иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее