11 October 2017

Бирав, дилеро дарёб!

Падару модарон сарманшаи зиндагии моанд, ба ин хотир ба эшон некӣ ва нигоҳубин дар айёми пирӣ қарзи фарзандист. Аммо ин қарзи воҷибро на ҳамаи фарзандон ба ҷо меоваранд. Бархе волидон ташнаи дидори оилаи худ ва фарзандону наберагонанд. Дар рўзгор падару модаронеро вохўрдан мумкин, ки аз навозиши фарзандон бебаҳраанд. Ҳатто мушоҳидаҳо исбот намудаанд, ки баъзе фарзандони нохалаф волидайни худро аз хона маҳрум кардаанд.

ҳолатҳое низ ҳастанд, ки дар айёми пирӣ касе нест, ки дасти ин афтодагони тақдирро гирад. Шукронаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити имрўз касе аз чунин пирон худро дар як канор мондаву бетаваҷҷуҳу бенавозиш эҳсос намекунанд.

Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо оғўши худро ба чунин ашхос кушодааст ва нафаре аз онҳо худро ятиму бекас ҳис намекунад.

Зуҳуров Абдулазиз Ҳомидович, директори маркази минтақавии хизматрасони иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд тавре дар суҳбат мегўяд, дар марказ 53 нафар пиронсолон зиндагӣ менамоянд, ки аз онҳо 33 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Барои пирсолон ҳама намуди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ аз тарафи кормандони Марказ шабонарўз бо пуррагӣ ба роҳ монда шудааст. Аксари пирсолони ин Марказро сокинони шаҳру навоҳии вилоят ташкил медиҳанд

Дар Марказ аз рўи воҳиди корӣ табибон ва се нафар ҳамшира бо навбат хизмат мерасонанд. Аз таҳлили фаъолияти нуҳмоҳа бармеояд, баъзе нафароне, ки солҳои тўлонӣ гирифтори бемории вазнинанд, мавриди назорати ҳамешагии пизишкон қарор доранд.

Синну соли бошандагони маркази мазкур аз 60 то 97-сола мебошад. Бояд зикр дошт, қисмату тақдири аксарияти онон бо ҳамдигар тавофут ва шабоҳати зиёд дорад. Масалан, аксарияти бошандагон русзабон буда, баъди пош хўрдани Иттифоқи Шўравӣ фарзандонашон тарки Ватан намудаанд, онҳо то он даме, ки ба нафақа баромаданд, манзили зист ва ҷои кори муайян доштанд. Баъди ба дами пирӣ расидан, манзилашонро фурўхтанд. Нафақае, ки то ин дам мегирифтанд, барои зиндагиашон басандагӣ накард.

-Маҳз ин омилҳо буданд, ки бо дархости хеш ба Маркази мо меоянд, -мегўяд зимни суҳбат Абдулазиз Зуҳуров.

Сарпарасти доимии Марказро имрўз ҶДММ «Ҷавонӣ» ва Раёсати минтақавии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба уҳда дорад.

 -Имрўз таъкидҳои якчандкаратаву ҳамаҷонибаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки маъюбону бекасу бенавоҳоро дастгирӣ намоем. Маркази мо бо шуъбаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру вилоят ҳамкории зич дорад. Новобаста аз он ки Марказ сарпараст дорад, боз соҳибкорону саховатмандони зиёде омада, муроҷиат мекунанд, ки барои пирони барҷомондаву бекасу кўй дасти мадад дароз намоянд, -илова намуд Абдулазиз Зуҳуров.

Як дидорбинӣ аз ин Марказ дили касро ба риққат меоварад. Зеро зиёрати ин даргоҳ аз зиёрати Каъба кам нест. Аз ин рў, бузургони мо мегўянд, ки «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб».

Бисёр хуб мебуд, дар ин рўзҳои зебои фасли зарнисори тирамоҳ ҳар як саховатманду савобҷў ба ин макон қадам ранҷа намояд ва дуои ин пирони рўзгордидаву барҷомондаро бигирад.

Шаҳноза Ҳомидова,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БО РОҲИ ПЕШВО РАВОНЕМ!

Муҳаббати ҷўшони ба Ватани азизам доштаам қалби пиронсолонаамро пурҳарораттар намудаасту меваҳои шаҳдбори музаффариятҳои замони Истиқлол-сулҳу ваҳдати миллӣ, тинҷию оромии диёрамон, ки маҳз бо шарофати заҳматҳои арзандаи Пешвои маҳбуби кишвар, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардид, умри бобаракату босамарамро қуввату дармон бахшидааст. Ана ҳамин давлати ноёби замони пиронсолиам сабабгор аст, ки ҳар лаҳзаи умри боқимондаам дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат дуои хайр намоям. Дуои бо нияти пок аз мағз-мағзи қалби инсон ҷўшзада, албатта иҷобат хоҳад шуд.

Аслан, насли ҷавони имрўза ватандориву меҳанпарастиро маҳз аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавонии насли наврасро гул-гул шукуфониданд, омўхтаанд. Ин аст, ки зимни сафарҳои корӣ Пешвои миллатро насли ҷавони мамлакат бо таронахониву сурудҳои миллӣ ва суханони пурмеҳр истиқбол мегиранду насли куҳансол, мўйсафедони рўзгордида бо рўҳбаландиҳо эшонро гусел менамоянд. Магар ҳамин лаҳзаҳои ибратбахши қабулу гусели Сардори давлат аз тарафи мардуми кишвар, пиру барнои диёри куҳантамаддуни Тоҷикистон ситоиши меҳрбори ватандории ҳар як тоҷикистонӣ, ки банда яке аз онҳост, нест?!

Вақте эҷодкорон бо асарҳои арзишманди худ симои ҳақиқии Сарвари миллатро нишон медиҳанд, рўзноманигорон бо нигоштаҳои худ заҳмату заковати Пешвои миллатро ситоиш мекунанд, меҳри ватандории Сарвари давлат дар вуҷудам лабрез мегардад.

Лаҳзае ҳаргиз аз ёдам намеравад: бо афсарон вохўрдам ва ҳолпурсӣ намудаму ононро дуо кардам.

- Дуоятон қабул, бобо, вале мо ҳама як Модар, як Ватан дорем, ки номи он Тоҷикистон аст ва баҳри он омодаем, ки ҳар як ваҷаб хоки сарзамини худро бо баҳои ҷон ҳимоятгар бошем, -гуфтанд онон. Аз ин суханон аз таҳти дил шод гаштам, ба ватандўстии ҷавонони шуҷои Ватан аҳсант хондам.

Нағз мефаҳмам ва бо сабру таҳаммулкориҳо хулосаҳои зиндагӣ баровардаам. Кўрнамакони замона бо ҳар роҳ ризқу рўзии ҳаром ёфтанианд. Меваи шаҳдбори зиндагиам-сабр зиндагии пиронсолаамро боз ҳам зеботару нуронитар гардонидааст. Охир, бесабаб ҳам нагуфтаанд, ки поёни шаби сияҳ сафед аст.

Ана ҳамин сафедиро Пешвои миллат, ки роҳбалади якумринаи зиндагии бомароми мардуми сарзаминамон донистаам, бахшидаанд. Дар кадом маҳфиле бошам, қалби ман ҳидоятгари он гардидааст, ки аз адолатпешагиву фазилати баланди Пешвои миллатамон, аз бунёдкориҳояшон сухан гўям. Ана ҳамин меҳри муқаддаси ватандориам асту онро ганҷинаи арзандаи зиндагиам медонам.

Пас, мардуми диёрамро мегўям, ки бо муттаҳид гардидан дар атрофи Пешвои миллати худ шоҳроҳи зиндагии минбаъдаамон, бахусус насли ҷавони кишварро ҳамеша рангин ва Ватанамонро обод созем.

Абдуғаффор FОИБНАЗАРОВ,
собиқадори меҳнат,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини
79-солаи деҳаи Ворухи Исфара

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Дирӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сарвари Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби марги бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён дошт.

Читать далее

Маҳсулоти беш аз 50 ширкату корхонаҳои саноатии вилояти Суғд низ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешавад

Беш аз 120 ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар  нахустин намоишгоҳи саноатӣ, ки  11-13 октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон -шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори дигар минтақаҳои мамлакат беш аз 50 ширкату корхонаҳои саноатии вилояти Суғд низ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ,  сайёҳӣ,  фармасевтӣ, маориф, табъу нашр,  саноати сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, армуғон, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ғаффорзода Нигорахон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардид

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 октябри соли 2017, №481 ва розигии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардид.

Ғаффорзода Нигорахон соли 1979 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, соли 2012 Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ва соли 2017 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ-дипломат, муҳандис – энергетик хатм намудааст. Мавсуф унвонҷӯйи Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Ғаффорзода Нигорахон солҳои гуногун дар вазифаҳои иқтисодчии ҶСШК “Конибодом”, ҷонишини директори ширкати барқӣ-техникии ҶДММ "Ғаффор Алиев”-и шаҳри Конибодом, сарвари маркази иҷтимоӣ-реинтегратсионӣ барои занҳои эҳтиёҷманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, мутахассиси сектори давлатӣ оид ба метрологияи Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Конибодом, директори ширкати барқӣ-техникии ҶДММ "Ғаффор Алиев”-и шаҳри Конибодом кор кардааст. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аз соли 2016 то инҷониб дар мансаби мудири шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият бурдааст.

Ғаффорзода Нигорахон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее