12 October 2017

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Қабл аз ҳама, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.

Читать далее

Ҷамъоварии дастранҷи деҳқон

То санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 72 ҳазору 606 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 76,4 фоизи дурнамо баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12139 тонна зиёд аст.

Тавре, ки намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, алҳол дар вилоят маъракаи чиниши пахта муташаккилона идома дошта, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов 97,5, Конибодом 87,6, Спитамен 84,5, Ашт 84, Бобоҷон Ғафуров 82, Зафаробод 69,5 ва Мастчоҳ 58,8 фоиз дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар ҷараёни босуръат ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон саҳми ҳашарчиён басо назаррас буда, ҳамарўза беш аз 4930 нафар дар майдонҳои пахтазор меҳнат менамоянд. Корхонаҳои коркарди пахтатозакунии шаҳру навоҳии вилоят низ дар як рўз 2088 тонна (2,2 фоиз), аз аввали мавсим ба миқдори 72 ҳазору 606 тонна (76,4 фоиз) пахта қабул намуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазору 467 тонна, яъне 12 тонна зиёд аст.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Конибодом гулистон мешавад

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонӣ ва шинонидани гулҳои мавсимӣ бомаром идома доранд.

Дар ин самт корхонаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Конибодом ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад. Имрўзҳо 66 нафар кормандони муассиса барои шинонидани гулҳои мавсимӣ дар хиёбон ва майдонҳои асосии шаҳр пурмаҳсул фаъолият мебаранд. Ҳамасола кўчаҳои Ленин, Камоли Хуҷандӣ ва даромадгоҳи шаҳр ба масоҳати 20000 метри мураббаъ кабудизор ва гулкорӣ мешаванд. Дар шаҳр аллакай 3000 бех гули мавсимии карамгул шинонида шудааст.

Бояд зикр дошт, ки ободонию гулкорӣ натанҳо дар маркази шаҳр, балки дар аксарияти ҷамоату деҳот низ ба назар мерасад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи соҳибкорон

Соҳибкорони гиромӣ!

Таҷлили Рўзи соҳибкорон дар вилоят дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои назарраси меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус соҳибкорон, ки ба сўи ояндаи нек қадамҳои боэътимод мегузоранд, қайд карда мешавад.

Читать далее

Санаҳои 12-15 октябр дар ду мавзеи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад

Ҳамдиёрони азиз!

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Меҳргон санаҳои 12-15 октябри соли 2017, соати 07-00 дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Марҳамат ба ярмарка!

Читать далее

Иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Молдова Игор Додон, Президенти Россия Владимир Путин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков иштирок карданд.

Читать далее